.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Минтақа

Шумо дар Минтақа

Як рӯз дар Қалъаи Ҳисор

Янв 27, 2018 Диданд: 409
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Қалъаи Ҳисор аз қабили қалъаҳое мебошад, ки таърихи беш аз 3-ҳазорсола дорад. Масоҳати умумии қалъа 16 гектар буда, бо се дарвоза тарҳрезӣ шудааст. Дарвозаи Арк, дарвозаи ғарбӣ ва дарвозаи даромадгоҳ. Дар дохили қалъа даҳ дӯкони фурӯши молҳои қадимаи ҳунармандон, Уштурхона, Арк-қасри ҳоким, Масҷиди қалъа, Амфитеатр, Чашмаи аскархона (ҳавз), Суҳбатгоҳ, Чойхона ва дӯкончаҳои “тезтайёр”-у карусел, ҳойката, ҷойи аспсаворӣ ва дигар ҷойҳои дилхушӣ мавҷуд аст.

Як рӯзи ман дар қалъаи Ҳисори шодмон
Аз сабабе, ки рӯз сард буд, гумон доштам дар ин мавзеъ ҳеҷ касро намебинам, шояд сайёҳону тамошобинон ҳам имрӯз наомада бошанд. Аммо не, фикрам ғалат баромад. Аз роҳи ғарбии қалъа, ки аз тарафи чап мадрасаи наву аз тарафи рост мадрасаи куҳна қомат афрохта буд, қалъа намудор шуд. Садои ғулғуладори карнаю дафу доира ба гӯш мерасид. Ана, аллакай ман мебинам, ки одамони зиёде омадаанд. Майдаҳои барф бо як ҳаракати суст ба замин меомад ва чанд лаҳза баъд шиддат гирифт. Ба ин сардии ҳаво нигоҳ накарда, бисёри навхонадорон бо як ҳисси пур аз муҳаббати ошиқона гаштугузор мекарданд. Рӯз рӯзи бад набуд. Аммо каме сард буд. Чанд лаҳза ба атроф нигоҳ кардам, гуруҳ-гуруҳ одамони ба ҷашни тӯйи намедонам кадом наздиконашон омада, мерақсиданду меболиданд, хунуки ба онҳо ғалаба карда наметавонист. Аз мушоҳидаҳои ман, дар ин рӯзи сардӣ 10-12 тӯйи арӯсию домодӣ дар ҳамин макон гузашта истода буд. Дарбонҳои Қалъаи Ҳисор барои ворид шудани мошини арӯсӣ “чанд сомоние, ки тиед” мегӯянд, аммо барои даромадани домоду арӯс ва ҳампаҳлуҳояшон ҳамагӣ 20 сомонӣ талаб мекунанд.
Хуб, қисса кӯтоҳ, мо ба болои қалъа баромадем. Дар назди даромадгоҳи Аркӣ як зану як мард ларзида меистоданд. Барои даромадани ҳар як шахс ду сомонӣ талаб мекарданд. Мо ҳам аз мисли дигарон ду сомонӣ дода, барои тасдиқи ғайриқонунӣ набудан ба мо чек пешниҳод карданд. Чун ҳаво сард буд, ҳамаи дӯконҳои даруни қалъа қариб ки фаъол набуданд. Ба дӯконе даромадем, ки нақшу нигорҳои қадима, мусаввараҳои таърихӣ, маҳсули рассомони дохилиро ба маърази фурӯшу тамошо гузошта буданд. Нурулло, савдогари яке аз дӯконҳо дар суҳбат ба мо афзуданд, ки бештар таваҷҷуҳи харидорону сайёҳони хориҷӣ зиёд асту аз дохил ками дар кам: “Акнун рӯзҳо хунук шудааст, хориҷиҳо ҳам якто - дуто дар вақти субҳгоҳ омада буданд, тамом. Чи тавре, ки дар гармиҳо гуруҳ-гуруҳ меомаданд, он хел нест. Хайр, шукр мекунем”.
Як дӯконча, лекин асарҳое дар он ҷо мавҷуд аст, ки таърихи беш аз бистасра доранд. Намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки мизоҷони дохилӣ ангуштшуморанд, таваҷҷуҳ ба таърихи гузаштаи худ надоранд.
Дар суҳбат бо мо дӯкондор чунин гуфт: “Мо кӯшиш мекунем, ки диққати муштариёни ватаниро, завқи онҳоро ба мусаввараҳову асарҳои машҳури рассомони кишварамон бедор кунем. Як асари офаридаи рассом, ки акси қалъаро аз пушташ тасвир кардааст, 400 сомонӣ меистад, ки тақрибан ба андозаи 30 - 28 см аст. Дӯкони мо нисбат ба дӯконҳои шаҳри Душанбе арзонтар аст, то ҳар нафаре шавқу завқи ин гуна расмҳоро дорад, дастрас карда тавонад. Мо мизоҷони худиро ҷалбу ҳавасманд мекунем, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки мардуми тоҷик фарҳанги худро фаромӯш накунанд”.
Бубин, хонандаи азиз, мо аз фарҳанги худ бегонаем, худи мо таваҷҷуҳ ба маҳсули эҷодиёти худ надорем. Баъзе нафарон ба тамошо медароянду мебароянд, фақат як ибора - “хай, кашидиян-дия” садо медиҳад.
Суханони дӯкондор каме моро дигар карду дар берун боз садои дафу карнай, рақсу бозии хурду калон дар атрофи навхонадорон сурат мегирифт. Сардии ҳавои берун моро зуд ба дӯкони дигар дохил карду назарам ба қатори китобҳо афтод. Зане дар дохил нишаста бо сардии ҳаво даст ба гиребон буд. Китобҳои зиёди ҷамъомада диққати ҳар як фарди бохираду боақлро ҷалб мекард. Мо аз дӯкондор хоҳиши акс гирифтани китобҳоро кардем, аммо розӣ нашуда, сабабашро ҳам нагуфт. Шояд ягон ҳикмате бошад, нафҳмидем. Дар ин дӯконча китобҳои адибону мутафаккирони бузург мавҷуд буд. Аз қабили “Куллиёт”-и А. Лоҳутӣ, “Хамса”-и Н. Ганҷавӣ, “Маснавии Маънавӣ”-и Мавлоно Ҷ. Балхӣ, “Шоҳчанор”-и Б. Раҳимзода, “Шоҳнома”-и А. Фирдавсӣ ва чандин китобҳои гуногун, китобчаҳои кӯдакона пешкаши мизоҷони баландзавқ гашта буд. Аммо як чиз намерасид - “таваҷҷуҳи одамон ба китоб”.
Ба берун рафтам. Диққати маро дӯкони дигар чун оҳанрабо ба худ мекашид, ки одамони зиёде даромадаву баромада истода буданд. Мо ҳам қафо намонда, ба дӯкон даромадем. Ана акнун дарк кардам, ки таваҷҷуҳи мову ҷавонони мо ба чӣ будааст. Дӯкони овезаҳову гарданбандҳо, ангуштарину дастмояҳои аз сангҳои шифобахши истеҳсоли ватанӣ. Ин гуна чизҳо муштариёни зиёд доштааст. Аксари мизоҷонро ҷавондухтарон ташкил медиҳанд.
Гулдӯзиҳои қадима, тоқиҳо, пироҳанҳои арӯсии қадима, рӯймолҳо, чойнику пиёлаҳо, табақҳои сафолӣ, кӯзаву кӯзачаҳои давраҳои пешин, ки замони муосир аз сари нав ҳунармандони мо зинда карда меофаранд ва дигар молҳои қадимаро мо дар дӯкони холаи Лайло вохӯрдем: “Ман тӯли дувуним сол аст, ки ба ин кор машғулам. Ин ҳама гулдӯзиҳову куртаҳои арӯсии қадимаро одамоне, ки аз ҳамин маҳалҳои гирду атрофанд, ба мо меоранд. Мо молҳои онҳоро мехарем ва дар болояш якчӣ - нимчӣ монда, мефурӯшем. Муштариёни мо бештар хориҷиҳо ҳастанд, ҳамон ҳам коҳиш ёфта истодааст. Аз дохил бошад, нисбат ба хориҷиҳо камтар аст. Табақҳову чойнику пиёлаҳо бошад, истеҳсоли мардуми шаҳри Турсунзодаанд, ки хеле сифати баланд доранд”.
Ин зани тоҷик мегӯяд, ки ғайр аз инҳо боз ба омода кардани ҷузвдонҳои гулдӯзӣ машғул аст, ки пешкаши ҷавондухтарону бонувон гардидааст. Дар дӯкони бону Лайло тоқиҳои ҳисорӣ, кӯлобӣ, ӯзбекӣ, лақайӣ, қазоқию қирғизиро дастрас кардан басо осон аст, ки аксари онҳо маҳсули дасти ин зани фарҳангдӯстанд. Тоқиҳо аз 30 сомонӣ то 60 сомонӣ арзиш доранд, ки аз дигар мағозаҳо арзонтар мебошад.
Бале, дӯстони азиз, беҳтарин молу маҳсулоти қадимаву ҳозираро шумо метавонед аз дӯконҳои ҳунармандии қалъаи Ҳисори бостон ба осонӣ дастрас кунед. Дар болои қалъа майдони кушоду ҳамворе мавҷуд аст, ки бархе тавонистаанд ба хизматрасонӣ машғул шуда, ҳам диққати сайёҳонро ҷалб намоянд ва ҳам фоидае ба даст оранд. Аз тарафи рост майдончаи аспронӣ вуҷуд дорад, ки ба тамошобинону сайёҳон хизмат мерасонад.
Дар ин замон мо бо як гуруҳ варзишгарони риштаи варзиши “ҷюҷитсо”-и ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрдем, ки ба сайри ин мавзеъ омада, аспсаворӣ мекарданд. Аҷибаш он буд, хонандаи азиз, ки бонувони тоҷик, ҷавондухтарони тоҷик наҳаросида, ҷасурона аспронӣ мекарданд. Ин воқеият аст, ки бонуи тоҷик аз замони қадим ҷасуру нотарс буд, чун Гурдофариду Таҳмина. Аз ин аст, ки аспронӣ ҳам кори саҳл нест, на танҳо барои зан, балки барои мард низ мушкил аст. Музди хизмати аспдорон барои як нафар аспи сафеди калон 10 сомонӣ ва аспи зарду сиёҳи миёнаҷуса бошад, 5 сомонӣ аст. Дар тарафи чапи майдон Амфитеатру ҳавз ҷойгир аст, ки чорабиниҳову консертҳо гузаронида мешаванд. Дар замони шоҳигарии қадим, ки дар болои қалъа қасри ҳоким вуҷуд дошт, айни замон тақрибан 30 фоизи ана ҳамон иморати Қасри Ҳокимро аз нав бунёд карда истодаанд, ки тибқи нақшаи пешакӣ, моҳи сентябр соли 2018 кушода ва ба истифода дода мешавад.
Мо аз Ҳисори шодмон бо як ҷаҳони нав, таассуроти олӣ ва таъби хуш баргаштем.

Шуҳратҷон АЛИМАРДОНОВ

Тағйироти охир Шанбе, 27 Январ 2018 13:02
Хонданд 409
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.