.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Минтақа

Шумо дар Минтақа

Басманда

Янв 27, 2018 Диданд: 624
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

“Ёлаҳои сабзи Басманда, деҳаи кӯдакиям пеши назарам меояд. Деҳае, ки бо ҷумла ормонҳои кӯдакӣ бароям ба ҳукми танҳо хотира боқӣ монда, аз он ки ман зуд-зуд намеравам, аз он ки он саҳнаҳои зинда дар хотираи кӯдакии ман дигар худ нақши хотирааанд...”

Бобоҷони Шафеъ

Дар саргаҳи чашмаи ҳаёт, дар доманаи куҳҳои осонбӯс ва дар як кунҷи Тоҷикистон ҷойгир аст ин деҳаи номдор бо номи Басманда. Аз кӯдакӣ мехостам маънии номи деҳаро фаҳмам, ки чаро маҳз Басманда аст, аммо то ҳол маънии аслии онро дарк накардаам. Деҳаи Басманда воқеъ дар ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ)-и суғдзамин ва дар бузургӣ миёни деҳоти ноҳия дар ҷойи якум қарор дорад. Ҳамсоядеҳаҳояш Қаълаи дӯст, Дархон, Угук ва Шикорчӣ мебошанд, ки ин рустоҳо низ таърихи қадима доранд. Аҳолии деҳот мардуми меҳнатдӯсту меҳанпарваранд ва шояд, аз ҳамин сабаб бошад, ки тарки зодгоҳро дар ин даҳсолаҳои зиёд намехоҳанд. Мардум ҷумла ҳама ба деҳқонӣ машғуланд ва пешаи эшон картошкапарварӣ аст, ки картошкаи Басмандаро қариб дар тамоми бозорҳои кишвар дастрас кардан имкон дорад.

Зери куҳи сарсафеде деҳаи Басаманда ҳаст,
Мардумаш толеъбаланду меҳнаташ арзанда аст.

Ин диёри куҳанбунёд чандин родмардонро тавлид кардаву дар оғуши сабзини худ парваридааст. Родмардони деҳа дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои ҳифзи ватану модар бар зидди фашистон мубориза бурдаанд. Аз як деҳаи кӯчаки он давр 121 нафар ҷавонмардон ба ҷабҳаи ҷанг сафабар шуда буданд, ки аз онҳо қисми зиёдашон барнагаштанд ва то ҳол хотираҳояшон дар рӯйи аксҳои гирифтаашон боқӣ аст.
Ҷумла ҳама пиру барнои деҳа имрӯз дар пешравии кишвари азиз саҳми худро дареғ намедоранд. Дигар ҳоло толибилмони деҳа барои ба таҳсил рафтан ба маркази вилоят ё ҷумҳурӣ тарсону ларзон аз хона, ба умеди зинда баргардам, намебароянд. Онҳо бо ақлу заковати худ, ки тайи ёздаҳ сол аз омӯзгорони варзидаи деҳа омӯхтааанд, барои таҳсил ба дохил ва хориҷи кишвар мераванд. Заҳмати устодони деҳа, ки ҳатто бист сол пеш ба усули таҳсили мактаби куҳнаи устод Айнӣ монандӣ дошт он тавр нест ва хонандагон дар чор мактаби замонавии ноҳия ба таҳсил машғуланд. Маҳз меҳнати устодони ин диёр аст, ки имрӯз қариб дар ҳар як донишгоҳу донишкадаҳои кишвар аз ин диёр даҳҳову садҳо донишҷӯ таҳсили илм мекунанд. Кадрҳои баландихтисоси барӯманди деҳаи Басманда имрӯз камари ҳимат баста, барои пешравии кишвар дар қатори дигар ҳамдиёрон саҳми худро мегузоранд. Яке аз он барӯмандони деҳа раиси ноҳияи Деваштич Рустам Ҷӯразода мебошад, ки зода ва таҳсилкардаи мактаби деҳаи Басманда аст. Эшон тайи чанд соли роҳбарии хеш дар ноҳия, ба бисёр камбудиҳову норасоиҳои диёр нуқта гузошта, барои пешравиҳои минбаъдаи он дар якҷоягӣ бо мардуми диёр кӯшишҳои созандаро идома дода истодаанд.
Мушкилоти асосии деҳа ҳоло танҳо кам будани заминҳои корам ва дастрас кардани замини назди ҳавлигӣ мебошад, ки ин масъала низ дар вақтҳои кӯтоҳтарин шояд ҳалли худро ёбад. Дигар ҳама шароит барои зист дар ин диёр муҳайё аст ва ҳар касе ба меҳмонӣ ба ин мавзеъ ташриф орад? моил ба рафтан аз ин деҳа намекунад.

Нуралӣ КАРИМ

Тағйироти охир Шанбе, 27 Январ 2018 12:48
Хонданд 624
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.