.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Минтақа

Шумо дар Минтақа

ҚИССАИ ОШИ ПАЛАВИ БАЛОИ ҶОН

Янв 13, 2018 Диданд: 380
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Атрофи ҳодисаи нохуши даҳшатовар, ки дар арафаи Соли нав дар шаҳри Хуxанд рух дод овозаҳои зиёд паҳн шуданд. Шунавандагон ҳодисаро ба таври худ шарҳ медоданд, бисёриҳо гумон мекарданд, ки ошхӯрон аз шароби худсохти пастсифат заҳролудшуда ҳалок гаштанд, аммо ин овозаҳо беасос баромаданд, зеро дар байни ошхӯрон нафароне буданд, ки шароб наменӯшиданд.

Дар иду айём гаштаку оши ҳарифона пухтан байни мардуми мо анъана шудааст, ҳамкорон, шарикдарсон, ҳамсояю, хешу табор оши палав мепазанду якҷоя истеъмол менамоянд, вале заҳролуд шудани ошхӯронро калонсолон солҳои зиёд нашунидаанд. Маълум мешавад, ки дар таҳхона, анбор, чойхона ва дигар ҷойҳои ба талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ набуда, хӯрок пухтану истеъмол намудан бехавф набудааст.
Сабаб чӣ бошад, ки чор нафар сокини шаҳри Хуҷанд аз палави истеъмол кардаашон фавтиданд. Тибқи иттилоъи мақомоти марбута шаҳрвандон Абдуҷаббор Норматов, Бахтиёр Мирбобоев, Маъруф Алиев, Носир Тоҳиров, Комил Баҳриддинов, Равшан Муъминов, Ҳотам Раҷабов ва Комил Зокиров дар назди бинои 5, микроноҳияи 19- и шаҳри Хуҷанд тақрибан соати 12-и 30 - юми декабри соли 2017 оши палави ҳарифона ташкил намуда, онро якҷоя истеъмол менамоянд. Ҳамзамон аз он палав ба ҳамсари Абдуҷаббор Норматов - Муборак Норматова як коса ош мефиристанд, ки охирон аз он таом каме истеъмол менамояд. Баъди шаш соати истеъмоли палав шаҳрвандон Абдуҷаббор Норматов ва Муборак Норматова дар вуҷудашон нороҳатиро эҳсос менамоянд ва то соати 22 ба худмуолиҷа машғул мешаванд. Баъд мошини «Ёрии таъҷилии тиббӣ»-ро даъват менамоянд. Онҳоро дар беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд бистарӣ мекунанд ва табибон меъдаи беморонро мешӯянд.
Тақрибан соати 23-55 тариқи ёрии таъҷилии тиббӣ боз як бемор бо нишонаҳои дилбеҳузурӣ, паст шудани фишори хун, сарчархзанӣ, қайъкунӣ ба беморхонаи номбурда оварда шуд, ки Бахтиёр Муртазоев, сокини шаҳри Хуҷанд, микроноҳияи 19, хонаи 3, ҳуҷраи 24 низ аз ин оши ҳарифона истеъмол намудааст.
Тибқи иттилоъи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд аз натиҷаи муоинаи духтурон бармеояд, ки дар ҳар се бемор кабудшавии нохунҳо ва гирди лабу забон дида мешавад. Аз сабаби набудани дарунравӣ, тафси бадан, қайъкунии зиёд ташхиси заҳролудшавӣ аз ғизои манбааш сироятӣ инкор карда шуд. Дар натиҷаи муоинаи эпидемологӣ муайян шуд, ки дар оши ҳарифона ҳашт нафар иштирок дошта, фавран боз ду нафар - Равшан Муъминов ва Ҳотам Раҷабов дар шуъбаи гемодиализии беморхонаи №1-и шаҳри Хуҷанд бистарӣ карда шуданд.
Аз тарафи Маркази экспертизаи судӣ- тиббии вилояти Суғд муайян карда шуд, ки дар оши ҳарифонаи номбурдагон ба ҷойи намаки ошӣ нитрати натрий истифода шудааст.
Мутаассифона, шаҳрванд Маъруф Алиев дар маркази дилшиносӣ ва шаҳрвандон Носир Тоҳиров, Комил Баҳриддинов ва Комил Зокиров дар хонаҳои истиқоматии худ фавтиданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба аҳли оила ва пайвандони марҳумон изҳори ҳамдардии амиқ баён намуда, ба эшон сабри ҷамил ва пуртоқатиро хостааст.
Бинобар ин, сару садоҳое амсоли он, ки гӯё фавтидагон аз арақ ва дигар намуди машрубот заҳролуд гардидаанд, комилан ғалат буда, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳолати чӣ гуна роҳ ёфтани нитрати натрийро ба оши ҳарифона маълум намуда истодаанд.
Додситонии шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ки ташхиси тиббиву додгоҳӣ маълум кардааст: Чаҳор нафар дар микроноҳияи 19 - и шаҳри Хуҷанд бар асари заҳролудшавӣ аз нитрати натрий ҷон бохта, панҷ нафари дигар дар бемористон бистарӣ ҳастанд.
Додситонӣ тавассути телевизионҳои маҳаллӣ ба сокинони Хуҷанд хушдор дод, ки вақти истифодаи намак эҳтиёт бошанд. Ба гуфтаи додситонӣ ин афрод нитрати натрийро ба ҷойи намаки ошӣ дар пухтани палав истифода бурдаанд ва боқимондаи он дар як зарфи хурд дар ҷойи ҳодиса дарёфт шудааст. Дар таркиби ҷасадҳои фавтидагон миқдори кушандаи нитрати натрий ошкор шудааст.
Заҳролудшавии одамон аз нитрати натрий ибтидои солҳои 2000-ум дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Ғафуров низ иттифоқ афтода буд ва он замон чор нафар ба ҳалокат расида буданд.
Нитрати натрий (NaNO3) як моддаи кимиёии ба намаки ош монанд аст, ки онро одатан дар корхонаҳои коркарди гӯшт ба ҳайси рангбахш ва барои 100 кг гӯшт ҳамагӣ 7 грамм ва барои орд ҳамагӣ 5 грамм ба кор мебаранд. Ин модда ба нону гӯшт ранги сурхи равшан мебахшад.
Вале ин моддаи марговарро кӣ ба маҳфили солинавии ҳамсояҳо оварда, ба ҷойи намаки ош дар пухтани палав истифода кардааст ҳанӯз маълум нест. Ошпаз Комил Зокирови 67-сола аз заҳролудшавӣ фавтидааст. Ҳамсояҳои зиндамондаи ӯ гуфтаанд, ки баъди намакзанӣ ҳам ош бенамак буд, аз ин рӯ хоҳиш карданд бори дигар ба он «намак» андозад.
Ҳоло фарзияи аслӣ надониста ба палав андохтани «нитрати натрий» мебошад. Гумон меравад, ки ба ҷойи намаки ош кадоме ин моддаи кимиёвиро ба ошхона овардааст. Додситонии Хуҷанд нисбат ба ин ҳодиса тибқи моддаи 108, қисми 2-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз беэҳтиётӣ ба марг расондан) парванда боз карда, тафтиши онро пеш мебарад.
Муборак Норматова дар маҳфили палавхӯрӣ иштирок надошт, вале аз палави заҳролуд як коса фиристоданд, ки ӯ аз он каме истеъмол кардааст. Наберааш Ҷаъфари 8-сола ҳарчанд палав нахӯрдааст, вале ӯро барои санҷиш ба беморхона бурдаанд.
Аз гуфтаи табибони бемористони шаҳри Хуҷанд, танҳо 6 нафар аз заҳролудшудагон дар шуъбаи гемодеализ бистарӣ ҳастанд ва ҳоли онҳо баъди табобат беҳтар аст.
Писари Комил Бадриддинов гуфт, ки падараш ба маҳфили навбатии оши палави ҳарифона рафта буд ва хабари маргаш расид.
Акбар Шарипов, сухангӯи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд 2-юми январи соли 2018 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи ҳодисаи заҳролудшавии одамон гуфт, ки рӯзи 30-юми декабр ҳамсояҳо ба пешвози соли нав дастархони идона оростанд, ки бо фоҷиа анҷом ёфт.
Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, ки қурбониён мунтазам бо ҳам нишастҳо доштанд. Ба гуфтаи вай, ҷасади фавтидагон 31-уми декабр ба хок супурда шудаанд.
Тафтиши ин қазия идома дорад. Гумон меравад, ки аз куҷо ва чӣ тавр ба деги оши ҳарифона пайдо шудани нитрати натрийро муфаттишу таҷзиягарон аниқ менамоянд, вале чизи дигарро қайд кардан мехоҳем, ки ошпазӣ кори масъул аст ва кафкирбадаст чун духтуру ронанда бояд эҳтиёт шавад, ҳушёриро аз даст надиҳад. Оши палав таоми тоҷикӣ буда, таърихи беш аз ҳазорсола дорад ва дар ягон давру замон барои хушранг шудани он нитрати натрий ва ягон моддаи заҳролуди кимиёвиро ҳамроҳ намекарданд.

Ромиши Фирдавс

Тағйироти охир Шанбе, 13 Январ 2018 15:01
Хонданд 380
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.