.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Минтақа

Шумо дар Минтақа

Даҳкатсой - Даҳанасой: Саргаҳи оби ҳаёт

Янв 06, 2018 Хонданд: 420
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Дар миёнҷои сойоби деҳаи Хишекат қарор дорем. Вақте боло менигарӣ, зери осмони софу беғубор табиати афсонавӣ умр ба сар дорад. Баландиҳои шағалини варақбаста, рахнаҳои девораш аҷибу ғариб, шохобчаҳояш зери поят равон, ду ҷӯйоби калон аз ду ҷониб, яке аз баландии деҳаи Росровут, дигаре аз баландии деҳаи Метк ба поён оромона, вале босуръат дар сойҷойи деҳи Хишекат ба ҳам мепайванданд, гӯё ду дӯст ба истикболи хамдигар шитоб доранд. Ин саргаҳи пайвандгариро мардум Дуобӣ ном додаанд.

Бале, об муъҷизаи офаридаи табиат аст. Мусаллам аст, ки масъалаҳои норасоии об, афзоиши аҳолӣ, рушди нобаробари минтақахо ва дигар мушкилоти обӣ дар тамоми ҷаҳон назаррас аст. Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари хирадмандаш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар ҷаҳон иродаи сиёсии худро нишон дода, тӯли ду даҳсолаи охир ба сифати ташаббускори асосии чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ дар соҳаи об баромад мекунанд. Дар ҳамин радиф, мардуми диёр низ бо дарки он, ки масъалаи дастрасӣ ба об яке аз омилҳои муҳими ташаккули ҳаёти инсонӣ маҳсуб меёбад, дар амри расидан ба ҳадафҳои таъминоти об мусоидат менамояд. Зеро сокинони ноҳия, бахусус қисмати поёнии ноҳия, ки дар тобеияти ҷамоатҳои шаҳраки Ғончию ҷамоатҳои деҳоти Ғазантарак, Яхтан ва қисман ҷамоати деҳоти Муҷун мебошад, аз танқисии об азият доранд.
Лоиҳае, ки бо ташаббуси раиси вилояти Суғд А. Қодирӣ ҷонибдорӣ гашта буд ва дар ҳангоми сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба диёри зебоманзари мо 16-уми ноябри соли 2015 ба оғози кашидани хати оби Даҳкатсой - Даҳанасой нақши дасти мубораки хешро гузоштанд. Мардуми ноҳия аз ин иқдом шукргузорӣ намуда, умед аз он доранд, ки дар муддати кӯтоҳ заминҳои ташналаби онҳо аз об баҳравар гашта, соҳаи кишоварзӣ рӯ ба инкишоф меорад ва дар натиҷа дастовардҳои ноҳияро дар дигар соҳаҳо низ дастгирӣ хоҳад кард. Зеро, манбаи обтаъминкунии заминҳои кишоварзии ноҳия обанбори Даҳанасой аст, ки солҳои 70-уми асри гузашта бунёд гашта буд ва ҳаҷми ғунҷоишаш 42 млн метри мукааб аст. Агар ҳоло 8-10 млн метри мукааб об захира карда шавад, баъди барқарор гардидан ва омадани оби Даҳкатсой ба зиёда аз 22 млн метри мукааб мерасад. Азбаски ноҳияи Деваштич ноҳияи аграрӣ ба ҳисоб меравад, соҳаи кишоварзӣ дар пешбурди иқтисодиёт нақши муҳим мебозад, ҳамагӣ заминҳои корам дар миқёси ноҳия 36 448 га буда, аз он 32,3 %-ашро замини обӣ ташкил медиҳад. Заминҳои обӣ асосан барои кишти картошкаву сабзавот, маҳсулоти полезиву меваҳо истифода мешавад. Барои бо об таъмин намудани заминҳои корам иқтидори Даҳанасой кифоя нест. Дар шафати хати обгузари Даҳкатсой - Даҳанасой заминҳои зиёди корами лалмӣ мавҷуд аст, ки ҳангоми амалӣ гаштани лоиҳаи мазкур дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дигаргуниҳои иқтисодӣ ба назар хоҳад расид.
Дар қисмати болооби хати навбунёди обгузар деҳаҳои Даҳкат, Хишекат, Офтобрӯя, Росровут ҷойгир шудаанд, ки то ба имрӯз дигар имконияти васеъ кардани маҳали аҳолинишинро надоранд. Дар сурати бунёд ёфтани хати обгузари Даҳкатсой-Даҳанасой имконияти дар майдонҳои мавҷудаи заминҳои деҳаҳои номбурда бунёди маҳалҳои аҳолинишини нав ба миён меояд ва боиси ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ шуда метавонад. Ҳамчунин дар қисмати поёнии ноҳия, ки наздики 50 000 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, имконияти бо оби нӯшокӣ таъмин шуданро доранд. Боиси зикр аст, таҳлилҳо аз он далолат мекунанд, ки хароҷоти барои ин сохтмон равонагардида дар муддати кӯтоҳ бозпас гардонида мешавад.
Айни ҳол масъулини сохтмонро дар ҷараёни кор вохӯрда, шоҳид гаштем, ки тавассути тракторҳо қубурҳо хобонида шуда истодаанд. Кор то андозае ба анҷом наздик аст. Мардуми ноҳия аз итмоми ин хати об ҳадафҳои зиёдеро интизор аст.
Хонандаи азиз! Агар худ боре ба сари ин кори бузург қадам ранҷа намуда, бо дидаи хеш назар афканӣ, туро эҳсосе фаро мегирад, ки аминам, рӯи арш менигариву беадад шукргузорӣ менамоӣ, беадад ташаккур мегӯӣ ба қудрату тавоноии роҳбаре, ки ин кори хеле мушкилу бузургро тавассути дастгирии Сарвари муаззам ба уҳдаи хеш гирифт. Шояд ин лаҳза болотару волотар дарк месозӣ, ки роҳбари вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ то чӣ андоза қодир аст, ки ба забони табиат гуфтугӯ намуда, ғамхори халқи хеш аст. Роҳбаре, ки барои сохтмони ин иншооти азиму мушкил беш аз 64 миллион сомониро ба сокинони беш аз 164-ҳазорнафараи ноҳияи Деваштич ҳиммат намуд, то ҳаёти мардумаш рӯи обу замон барояд ва ҷавонмардону ҷавонзанонаш ҳаёти муҳоҷириро сарфи назар созанд.
Сафари кории мо ба дигар сохтмони ноҳия идома ёфт. Алҳақ, сохтмони беҳтарин - ин сохтмони роҳ аст. Вақте роҳ ҳамвору равон аст, сафар кардан ҳам орзуи ҳаррӯзаат мегардад.
Бояд қайд намуд, ки дар мувозинаи Муассисаи давлатии назорати роҳҳои автомобилгарди ноҳия 13,8 км роҳҳои байналмилалӣ, 22 км роҳҳои ҷумҳуриявӣ, 197,6 км роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта ва 636,2 км роҳҳои байни хоҷагиҳо, ҳамагӣ 869,6 км роҳҳо мавҷуд буда, ҳолати роҳҳои мазкур дар зери назорати доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад.
Тазаккур бояд дод, ки бинобар маҳдуд будани имкониятҳои молиявӣ, ки ноҳияи субвенсионӣ аст, роҳи байни Ғончӣ-Муҷун-минтақаи Исмоили Сомонӣ ба масофаи 10 км, ки маблағи иҷрои кори мазкур 8,5 миллион сомониро ташкил медиҳад, бо дастгирии раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ мумфарш кунонида шуда истодааст. Аз ин рӯ, ободшавии роҳро дида, бори дигар аз сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлату ҳукумат шукргузорӣ мекунӣ. Маҳз роҳ вақти моро ғанимат, мушкили моро осон мекунад, моро ба дуриҳои дур мебарад.
Биёед, доири як сохтмони дигаре, ки тӯли 27 сол бо сабабҳои гунонгун мавқуф гузошта шуда буд, ҳарф мезанем.
Ҳанӯз соли 1991 сохтмони таваллудхонаи маркази ноҳия оғоз ёфта, то соли 1995 идома ёфт. Бинобар норасоии маблағ то соли 2014 сохтмон муваққатан боздошта шуда буд. Ҳангоми сафари корӣ раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз сохтмони бинои нотамоми абгоргашта дидан намуд. Маҳз таваҷҷуҳи бевоситаи раиси вилоят буд, ки дар шаҳраки Ғончӣ сохтмони таваллудхона аз нав ба роҳ монда шуд. Барои сохтмони бинои тиббӣ аз соли 2014 то соли 2017-ум 2813 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Масоҳати бинои таваллудхона 3 712 метри мураббаъ буда, аз 39 утоки табобатӣ иборат аст ва барои 100 нафар ҷои хоб муҳайё мегардад. Тибқи нақша ошхона, ҳавз барои об, системаи гармидиҳии марказонидашуда, дар атрофи бино боғ барои истироҳату сайругашти беморон бунёд намуда истодаанд. Ҳамчунин, 11 нафар соҳибкор барои кушодани мағозаҳои хӯрокворӣ омодагӣ доранд.
Имрӯзҳо мардуми ноҳия гузаштаро бо ободиҳои замони муосир дар тарозуи шоҳидият бармекашанду қаноатмандии хешро изҳор медоранд. Дар халқ аз қадим ин гуна иқдомро «кори савоб» меноманд. Баъди бунёди чунин сохтмонҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як хишти тараққиёт гузошта мешавад, боз кохе дар дилҳо бо номи Сипоси шукргузорӣ барафрохта хоҳад шуд.
Тамоми аҳолии ноҳияи Деваштич аз дастгирии беандозаву ғамхории беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон, аз ҳисси баланди инсонпарварии раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ хеле мамнун буда, барои чунин ғамхориҳо шоду сарафрозанд. Сарафроз аз он, ки раиси вилоят дар пайравии Сарвари муаззам дар ташаккули ҷомеа ҷонбозиҳо доранд. Ва қаблан барои дарки дарди дили мардуми Деваштич ва дастгирии аҳолӣ сипоси самимии мардумро изҳор менамоем!
Хонандаи азиз! Ин ҳарфи муфассал аст аз сохтмонҳои номгирифта, агар рӯзе рӯи кор оеду бо дидаи басират шоҳидаш гардед, дасти дуо бардоред, то замона тинҷу обод, Сарвараш сарбаланд бод!

Маҳбуба ҶАМОЛОВА,
ноҳияи Деваштич

Тағйироти охир Шанбе, 06 Январ 2018 16:13
Хонданд 420
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.