.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Минтақа

Шумо дар Минтақа

Рашт: Чанд соли охир фавти модару кӯдак ба қайд гирифта нашудааст

Окт 07, 2017 Диданд: 345
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Муассисаҳои тандурустии ноҳияи Рашт самти асосии фаъолияти кории худро оид ба хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии ноҳия тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати ҶТ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба роҳ монда, аз рӯи нақша-чорабиниҳои мавҷуда фаъолият карда истодааст. Тибқи нақшаи моҳи январи соли равон дар ҷаласаи Шӯрои тиббии Беморхонаи марказӣ, нақшаи ҷаласаҳои шӯрои тиббии Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт, Шӯроҳои ҳамоҳангсозии татбиқи барномаҳои миллӣ, маҷлисҳои машваратӣ, комиссияҳо, аз ҷумла комиссияи таҳлили марганҷомӣ, комиссияи машварати тиббӣ тасдиқ карда шудаанд.
Дар ноҳия 6 адад муассисаҳои госпиталӣ фаъолият доранд, ки дорои 366 кат мебошанд. Аз он ҷумла, беморхонаи марказии ноҳия - 1 адад, дорои 226 кат, беморхонаи минтақавӣ - 4 адад, дорои 85 кат, беморхонаи байниноҳиявии бемориҳои руҳӣ воқеъ дар шаҳраки Навобод дорои 60 кат.
Ноҳияи Рашт дар маркази минтақаи Раштонзамин ҷойгир буда, муассисаҳои тандурустии он чун муассисаҳои минтақавӣ ба мардуми панҷ ноҳия ва шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Ғарм-Лахш-Қирғизистон хизмати тиббӣ мерасонанд. Давоми соли 2016 шумораи умумии беморон, ки дар муассисаҳои статсионарӣ табобат гирифтаанд, 4968 нафарро ташкил менамояд, ки ин рақам дар 9-моҳаи соли 2017-ум 3653 нафарро ташкил менамояд. Аз он агар дар соли 2016-ум 3965 нафар дар беморхонаи марказии ноҳия табобат гирифта бошанд, ин рақм дар нӯҳмоҳаи соли 2017-ум 3096 нафарро ташкил менамояд. Сатҳи таваллуд дар 12 моҳи соли 2016-ум 3446 навзодро ташкил менамояд, ки ин рақам дар 9 моҳи соли 2017-ум 2205 таваллуди навзодонро дар бар мегирад. Сол аз сол дар ноҳияи Рашт таваллуди хонагӣ кам шуда, шумораи онҳое, ки таваллудро дар системаи статсионарӣ авло медонанд, зиёд шуда истодааст. Агар дар соли 2016 таваллуди беморхонагӣ нисбат ба соли 2015-ум 5% зиёд шуда бошад, ин рақам дар 9-моҳаи соли 2017-ум 7,7% зиёд шудааст, ки ин аз хизмати арзандаи системаи тандурустии ноҳияи Рашт гувоҳӣ медиҳад. Аз ҷумла, нисбат ба солҳои гузашта таваллудкунӣ 9% зиёд шудааст. Баҳри ҳимояи модару кӯдак дар системаи тандурустии ноҳияи Рашт зиёд корҳо ба сомон расонида шудааст. Аз ҷумла, қатъ кардани таваллуди пеш аз муҳлат ва ё пешгирии таваллудҳои бармаҳал яке аз корҳои асосӣ ба шумор меравад.
Бо мақсади пешгирии бемории кӯдакон рӯзҳои 15-26-уми майи соли ҷорӣ байни кӯдакони синни 1-9-сола рӯзҳои миллии эмгузаронӣ бар зидди бемории сурхча ва гулафшон гузаронида шудааст, ки 99,2%-и кӯдакон эмгузаронӣ карда шудаанд.
Давоми соли 2016-ум 2434 маротиба автомашинаҳои ёрии таъҷилии системаи тандурустии ноҳияи Рашт барои ёрӣ даъват карда шудаанд, ки аз он 31 дафъа барои ёрӣ расонидан ба садамаҳои нақлиётӣ, 17 дафъа барои овардани шахсони заҳролудшуда ва 2320 дафъа барои ёрӣ расонидан ба дигар беморон даъват карда шудаанд. Ин рақам дар 9-моҳаи соли ҷорӣ 1323 даъват ба қайд гирифта шудааст, ки ба 1323 нафар шахсон ёрии таъҷилии тиббӣ расонида шудааст. Аз он 18 дафъа барои ёрӣ расонидан ба садамаҳои роҳу нақлиётӣ, 8 дафъа барои шахсони заҳролудшуда ва 1251 дафъа ба дигар беморон хизмати таъҷилӣ - тиббӣ расонида шудааст. Бадбахтона, ҳоло ҳам автомашинаҳои ёрии таъҷилӣ барои овардани шахсони машруботнӯшида даъват карда мешаванд, ки соли 2016-ум 98 нафар ва дар 9-моҳаи соли ҷорӣ ба 46 нафар шахсони дар ҳолати мастӣ қарордошта хизмати хуби тиббӣ расонида шудааст.
Яке аз самтҳои фаъолияти асосии системаи тандурустӣ - ин ташхис мебошад. Давоми соли 2016 дар шуъбаи озмоишгоҳи клиникӣ ва функсионалӣ 39768 нафар аз ташхис гузаштаанд, ки аз онҳо дар озмоишгоҳҳои клиникӣ 32442 нафар, акси ренгенӣ - 811 нафар, ҳуҷраи ултрасадо - 6908 нафар ва ҳуҷраи даруннигорӣ - 122 нафар аз ташхис гузаронида шудаанд. Ин рақамҳо дар 9-моҳаи соли 2017-ум 59820 нафарро ташкил менамояд, ки аз он дар озмоишгоҳҳои клиникӣ 49320 нафар, акси ренгенӣ - 893 нафар, ҳуҷраҳои ултрасадо - 9513 нафар ва ҳуҷраи даруннигорӣ 263 нафарро ташкил менамояд, ки ин аз хизмати арзанда ва хушсифати кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Рашт гувоҳӣ медиҳад.
Аз рӯи суханони Абдураззоқ ном сокини деҳаи Шаҳринави ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт, «дар чанд соли пешин минтақаи Рашт маркази даргириҳои гуруҳҳои мусаллаҳи мухолифин бо ҳукумати конститутсионӣ буд. Гуруҳҳои мусаллаҳи мухолифин қариб ки пурра системаи тандурустиро талаву ғорат намуда, тамоми амволи табобатӣ ва беморхонаҳоро вайрону валангор намуда буданд ва табиби бечора барои онҳо заррае қадру қимат надошт. Ин буд, ки қисми зиёди табибон минтақаро тарк намуда, ба дигар минтақаҳо ва дигар давлатҳо рафтанд. Маҳз дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаб гардид, ки кулли системаи тандурустӣ аз нав барқарор карда шуда, гузашта аз ин, даҳҳо муассисаҳои нави табобативу профилактикӣ ва омӯзишгоҳи беҳтарини тиббӣ на ин ки дар минтақа, балки берун аз он ҳам дар Раштонзамин сохта ба истифода дода шавад. Ин як қадами устувор дар сатҳи боз ҳам бештару хубтар хизмати тиббӣ расонидан ба мардум шуд».
Дар ноҳия шуъбаи таълимии маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тиби оилавӣ фаъолият дорад, ки то имрӯз 183 нафарро ҳамчун мутахассисони тиби оилавӣ тайёр намудааст. Аз онҳо 12 нафарашон табибон ва 172 нафарашон кормандони миёнаи тиб мебошанд.
Имрӯз дар муассисаҳои тандурустии ноҳия 546 нафар кормандони тиббӣ фаъолият доранд. Аз онҳо 134 нафарашон духтурони маълумоти олидор мебошанд, ки занҳо 30 нафарро ташкил менамоянд. Аз шумораи умумии духтурон 33 нафар духтурони дараҷаи олӣ, 20 нафар дараҷаи 1 ва 18 нафар дараҷаи 2-ро доро мебошанд. Кормандони миёнаи тиб, ки 412 нафарро ташкил менамоянд, аз он 49 нафар дараҷаи олӣ, 66 нафар дараҷаи 1 ва 102 нафар дараҷаи 2-и тахассусиро доро мебошанд, ки ин дар шароити куҳистон яке аз бехтарин нишондодҳо ба шумор меравад.
Баҳри пешгирии бемориҳои паразитӣ тибқи супориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба 24990 нафар кӯдакон ҳаби албендазол 400 ройгон тақсим карда шудааст, ки 99,6 фоизи нақшаро ташкил менамояд. Аз тарафи мутахассисони маркази тропикӣ дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббии санитарӣ ва беморхонаҳои ноҳия тибқи нақшаи корӣ 14 маротиба сафарҳои санҷишӣ гузаронида шуда, оид ба назорати миллӣ, огаҳӣ, пешгӯии хурӯҷи беморӣ, ташхиси пешакӣ, табобати саривақтӣ, мубориза бар зидди паҳнкунандагони бемории вараҷа ва паразитҳо суҳбатҳо ва мизҳои мудаввар гузаронида шудааст. Дар ноҳия давоми соли 2016-ум 7 маротиба маҷлисҳои шӯрои тиббии ноҳиявӣ гузаронида шудааст, ки ин рақам дар 9 моҳи соли ҷорӣ низ 7 ҷаласаҳо ва маҷлисҳои Шӯрои тиббии ноҳияро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт Солиҳов Алимаҳмад, «мардуми Раштонзамин аз Пешвои муаззами худ барои сулҳу салоҳ ва амнияти минтақа басо сипосгузоранд. Маҳз оромӣ ва суботу корҳои бунёдкорӣ ва созандагии доҳии тоҷикони ҷаҳон сабаб гардид, ки имрӯз сатҳи хизматрасонии соҳаи тандурустии ноҳияи Рашт то ба он дараҷае боло рафт, ки онро мо дар гузашта дар хоб орзу мекардем. Имрӯз дилхоҳ бемор дар худи муассисаҳои тандурустии ноҳияи Рашт табобати хушсифат гирифта, гузашта аз он, бо потенсиали кадрии худ мо дигар беморони шаҳру навоҳии минтақаро низ ба табобат фаро гирифтаем. Дар ин самт метавон хизмати арзандаи кормандони шуъбаи таваллудхонаи Беморхонаи марказиро номбар кард. Давоми чанд соли охир дар мо фавти модару кӯдак ба қайд гирифта нашудааст. Ман ҳамчун табиб ва ҳамчун роҳбар миннатдории худро ба Пешвои муаззами миллат, доҳии тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар муҳтарам Олимзода Насим Хоҷа ва ба раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Лоиқзода Қаноатшоҳ барои ёрии арзандаашон иброз намуда, онҳоро бовар мекунонам, ки мо кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Раштонзамин омодаи хизмати доимӣ ба мардумем ва чун ворисони Синои бузург ба қасами худ содиқ мемонем».

Саиди Ҳайдар, МТЖТ,
Душанбе-Рашт-Душанбе

ШАРҲИ МО:
Солиҳов Алимаҳмад Маҳмадович 19-уми сентябри соли 1962 дар шаҳраки Навободи ноҳияи Ғарм таваллуд шудааст. Соли 1969 ба мактаби миёнаи №8 рафта, онро соли 1979 бо баҳои аъло хатм намудааст. Солҳои 1979-1985 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Сино таҳсил намуда, онро бо ихтисоси духтури бемориҳои қалб хатм намудааст. Солҳои 1985-86 интернатура дар беморхонаи клиникии №2-и шаҳри Душанбе, солҳои 1986-88 духтури минтақавӣ дар поликлиникаи марказии ноҳияи Ғарм, солҳои 1988-89 духтури бемориҳои қалб дар поликлиникаи марказӣ, солҳои 1989-91 мудири шуъбаи реаниматсия дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ғарм, солҳои 1991-93 муовини сардухтури ноҳия оид ба комиссияи машваратии тиббӣ, солҳои 1993-2015 сартабиби Беморхонаи минтақавии шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт, аз моҳи апрели соли 2015 то ин ҷониб сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт. Аълочии тандурустии ҶТ, дорандаи медали «Шафқат», духтури дараҷаи олӣ, роҳбар ва оиладори намунавӣ, падари 6 фарзанд, ки аз онҳо 2 нафарашон табибанд.

Тағйироти охир Шанбе, 07 Октябр 2017 10:52
Хонданд 345
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.