.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Минтақа

Шумо дар Минтақа

Панҷакент: Дастури раис кай иҷро мешуда бошад?

Окт 07, 2017 Диданд: 607
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Агарчи аз охирон дастури раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода оид ба таҳияи хати сайр ва партовгоҳ дар охирон нишасти матбуотӣ се моҳ сипарӣ мешавад, вале ин дастур то кунун ба иҷро нарасидааст. 

Иҷро нашудани супориши раиси шаҳр боиси нигаронии сокинони маҳаллаи Навбунёд гардидааст. Онҳо мегӯянд, агарчи қариб 20 сол мешавад, ки дар ин маҳалла ҳудуди 500 хоҷагӣ умр ба сар мебаранд, вале на хатисайр мавҷуд асту на партовгоҳ. Аз ин хотир, онҳо маҷбуранд ҳар субҳ то ба масири асосии шаҳр ҳудуди 1,5-2 км роҳро пиёда тай намоянд ва баъд аз он тавассути хатсайрҳои кӯчаи асосӣ паси кори хеш раванд. Ҳамчунин, онҳо бинобар набудани партовгоҳ дар маркази маҳалла маҷбур будаанд, ки ҳамарӯза масофаи беш аз 2 километрро тай намуда, партовҳояшонро дар партовгоҳи ягонаи назди биноҳои баландошёна оварда партоянд.
Як тан аз сокинони ин маҳалла, ки нахост номаш ифшо шавад, мегӯяд, беш аз 10 сол аст, ки дар ин маҳалла иморат сохтаву зиндагӣ мекунад.- Ман як чизро намефаҳмам,- мегӯяд ӯ,- вақте ки ба мо ин заминҳои наздиҳавлигиро тақсим карда доданд, барои бунёди роҳ, хати оби нӯшокӣ, барқ ва ташкили хати сайри мошинҳои мусофиркашон аз мо маблағҳои ҳангуфт гирифтанд ва мутасаддиёни кумитаи заминсозӣ ва ҳамчунин идораҳои вежае, ки ин заминҳои наздиҳавлигиро ба нақша гирифтаву онро гӯё тахту ҳамвор намудаанд, ваъда карда буданд, ки дар кӯтоҳтарин муддат тамоми коммуникатсияҳои дар боло номбаршударо дар ин маҳалла ташкил менамоянд. Аз ин ваъдаҳо ҳудуди 20 сол ҳам сипарӣ шуд. Мо бошандагон худамон аз сари нав маблағ ҷамъ кардаву хати барқу обу роҳро ташкил намудем. Дар ин муддат се раиси ҳукумат бадал шуданд. Ҳар кадоме, вақте муроҷиат мекардем, мегуфтанд, ки «дар кӯтоҳтарин муддат ин пешниҳодҳои шумо оид ба партовгоҳ, хати сайр ва гузоштани трансформатори баландшиддат ба иҷро мерасад». Баъд ба дастандаркорону муовинони хеш супоришҳо медоданд. Онҳо дастҳо пеши бар дар китобчаҳояшон ин гуфтаҳои раисони шаҳрро навишта мегирифтанду «хуб, иҷро мекунем» мегуфтанд. Чун ба берун мерафтанду китобчаашонро мепӯшиданд, ин гуфтаҳо ҳам дар дохили ин китобча моҳҳову солҳо боқӣ мемонду ба иҷро намерасид.
Ба гуфтаи сокинон, чунин будааст рафтори масъулону роҳбарон нисбати мушкилоти мардум.
Ахиран раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода замоне, ки аз ҷониби рӯзноманигорон роҷеъ ба ин мушкилоти сокинони ин маҳалла ва арзи онҳо дар нишасти матбуотӣ ёдовар шуд, ба муовини аввали хеш М. Сафарзода ва масъулони дигар супориш дод, ки дар муҳлати як ҳафта ин мушкилотро дида баромада, ҳаллу фасл намоянд. Ҷаноби Сафарзода баъди як ҳафтаи сипаришуда дар нишасти матбуотие, ки бо кормандони соҳаи саноату хадамот баргузор гардид ва рӯзноманигорон чун оид ба ҳалли ин дастури раис, ки чаро иҷро нашуд, пурсон шуданд, гуфт, ки «бинобар набудани ҷой барои партовгоҳ, бигзор мардуми ин маҳалла дар он партовгоҳе, ки то ба имрӯз партов мерезанд, оварда рехтан гиранд». Ба қавли ӯ, 2 км чандон масофаи зиёд нест ва барои мардум ин масофа «ҳеҷ душворие пеш намеорад». Ба гуфтаи ин ҷаноб, гӯё замоне, ки ӯ дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд ифои вазифа менамудааст, мардуми онҷо то ба масофаи беш аз 3 км партовҳояшонро оварда мерехтаанд ва барои онҳо ин амал ҳеҷ мушкиле надоштааст. Нисбати хати сайр бошад, оқои Сафарзода гуфт, ки шахсан худаш машғул мешаваду хати сайрро ташкил менамояд. Ӯ мушаххасан нагуфт, ки кай ин корро амалӣ мекунаду хати сайр ташкил мешавад. Чунин буд муносибати муовини аввал нисбати супориши раиси шаҳр ва ҳалли мушкилоти мардум.
Ба гуфтаи сокинони маҳалла, ин мушкилот зиёда аз 10 сол аст, ки идома дораду касе то ба имрӯз онро ҳаллу фасл намекунад. Мо вақте ин арзи мардумро дар мақола навишта мекардем, ба хулосае омадем, ки шояд баъди хондани ин мавод роҳбарони шаҳри Панҷакенту кормандони масъул ин мушкили мардумро ҳаллу фасл намоянд?! Ё нишасти матбуотии дигарро мунтазир мешаванд, ки рӯзноманигорон боз аз мушкилот ёдовар шаванд?

Бибиҷон АШӮРОВА, Панҷакент,
махсус барои «Фараж»

Тағйироти охир Шанбе, 07 Октябр 2017 10:45
Хонданд 607
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.