.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Минтақа

Шумо дар Минтақа

Гадоев гум шуду оилааш пароканда

Сен 23, 2017 Диданд: 606
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Босимбой Гадоев сокини ҷамоати Тоғояки ноҳияи Спитамен буда, соли шашум аст, ки дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор дорад. Ин мард ҳамагӣ 34 сол дошта, аз соли 2010 рӯ ба муҳоҷират овада, пас аз як соли дар Русия қарор доштан ба намозхонӣ шуруъ кардааст.

Ба гуфти хоҳари Босимбой, замоне, ки бародар оиладор шуд, ҳамсараш на намозхон буд ва на сатрбанд, аммо охирҳои соли 2010 Гадоев ҳамсарашро барои сатр гирифтан ва намоз хондан маҷбур кардааст.
- Бародарам дар оила ягона такягоҳ ва пушту паноҳи падару модар буд, вале аз соли 2011 аз ӯ на ном асту на нишон. Баъди се соли интизорӣ ва бемориҳои пай дар пай аз фироқи фарзанд аввал модарам, баъдан хоҳарбузургам ва ниҳоят, соле қабл падарам фавтиданд. Ҳар кадоме пеш аз марг ҳамагӣ як сухан доштанд: «Кош Босимбой пайдо шуда меомаду бо хотири ҷамъ мемурдем...»,- бо гиря нақл мекунад Мафтуна Гадоева, хоҳари кенҷагии Босимбой Гадоев.

Бесаводии динӣ
- 17 сол аст, ки дар ин масҷид вазифаи имомиро бар дӯш дорам. Ростӣ, солҳои 2010-2011 вазъият, яъне ба ҳизбу ҳаракатҳои мухталиф пайвастани ҷавонон хеле ташвишовар буд. Шукрона, ки имрӯз корҳои пешгирикунӣ ва фаҳмондадиҳии кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони маҳаллаву ҷамоатҳо ҷоннок аст ва сафи ҷавонон ва умуман сокинони ба ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ майлдошта кам ба назар мерасад. Омор ва мушоҳидаҳо нишон дода истодааст, ки солҳои охир шумораи ҷавонони роҳгум ба маротиб кам шудааст,- мегӯяд Узоқов Ҳусанбой, имомхатиби масҷиди панҷвақтаи “Имомҳусейн”-и ҷамоати деҳоти Тағояк.
- Ба масҷиди мо аксаран насли калонсол ва миёнасол меоянд, ҷавонон намозашонро дар хона мехонанд. Гоҳо рӯзҳои ҷумъа меоянду халос. Мо ҳар намози ҷумъа аввалан дар бораи моҳияти асосии оятҳои қуръонӣ ва мақсади асосии ин китоби муқаддас таъкидҳо мекунем. Зеро имрӯз бархе аз ҷавонони роҳгумзада динро нодуруст омӯхта, бо тафаккури танги динӣ ҳам ҳаёти худро зери хавф мемонанду ҳам ҳаёти оилаашонро. Аз ин рӯ, яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз пайвастан ба ҳизбу ҳаркатҳои динӣ-экстремистӣ огоҳии дурусти динӣ ва баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ аст,-меафзояд ӯ.

Тағояк: 9 нафар дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ
- Аз соли 2010 то имрӯз аз ҷамоати мо 9 оила беному нишон гум шудааст ва нисбати ҳамаи онҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, дар кофтукови расмӣ қарор доранд. Вазъияти ҳамаи ин хонаводаҳо ба мо маълум, ҳамаи онҳо расман бекор буданд ва дар ҷамоат ба корҳои деҳқонӣ машғул мешуданд. Маҳз аз сабаби бекорӣ рӯ ба муҳоҷират оварда буданд. Бахусус 9 оилае, ки дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор доранд, ҳама аввал ба Русия рафта, баъдан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои хатарнок пайвастаанд. Оилаи Босимбой Гадоев низ яке аз оилаҳои осебпазир дар ҷамоат ба ҳисоб меравад, ки 6 сол боз ҳоли ташвишовар дорад. Илова бар он, ки Босимбой - ягона ноновари оила бедарак аст, оилаи онҳо бисёр шароити танги иқтисодӣ дошта, ба кӯмаки моддӣ ниёз доранд. Албатта, аз ҷониби раиси ҷамоат кӯмаки яквақта расонида шуда истодааст, аммо ин барои зиндагии шоистаи онҳо кофӣ нест,- гуфт дар суҳбат ба мо муовини ҷамоати Тағояк Шуҳрат Бердиёров.
- Босимбой аслан ҷавони бад набуд. Аз замоне, ки мешиносамаш, ба корҳои деҳқонӣ машғул буд. Ба ягон неку бад кор надошт ва то ин дам ба қавле ягон “нарушение” накарда буд. Дар ватан ба деҳқонӣ ва дар муҳоҷират ба корҳои сохтмон машғул буду нони ҳалол меёфт. Аммо баъди равуои зиёд ба мулки рус тағйир ёфту оилаашро сарсон кард. Модару падари пири ӯ дар фироқи ягона писарашон ҳарду ҳам бемор шуда фавтиданд. Хоҳарбузургаш низ мусибати ба сари хонаводаи падар омадаро бардошта натавониста, ғӯрамарг шуд. Илова бар ин, ду фарзанди ноболиғаш ятим ва овора шуданд. Азбаски шароити иқтисодии ин оила танг аст, мо аз ҷамоат ба қадри имкон ёрии моддӣ мерасонем, вале кӯмаки яквақтаи мо наметавонад вазъи зиндагии онҳоро хуб гардонад. Айни ҳол нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад,- афзуд Бердиёров.

Масъулин чӣ мегӯянд?
Дар хусуси пайвастани сокинони минтақаи Суғд ба ҳизбу ҳаркатҳои мухталифи террористӣ - экстремистӣ, бахусус онҳое, ки дар кофтукови ҷиноӣ қарор доранд, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон гуфт: «Аз 1188 нафар ҷинояткорони кофтуковшаванда 297 (аз соли 2010 то соли 2017) нафар дастгир ва аз 194 нафар шахсони беному нишон гумшуда 129 нафар дарёфт карда шуданд. Аз ин теъдод 18 нафар, аз ҷумла 4 нафар ҷинояткорони барои содир кардани ҷиноятҳои раванди террористӣ-экстремистӣ ҷустуҷӯшаванда аз хориҷи кишвар баргашта, ихтиёран ба шуъбаҳои вазорат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳозир шудаанд.

Яке аз ноҳияҳои осебпазир…
Имрӯз дар вилояти Суғд шаҳрҳои Исфара, Истаравшан ва ноҳияи Спитамен маҳалҳои осебпазир аз ҷиҳати пайвастшавӣ ба гуруҳҳои ифродӣ арзёбӣ мешаванд.
Ба гуфти раиси Суди ноҳияи Спитамен Лоиқшо Зикирзода, ин ноҳия аз ҷиҳати осебпазирӣ дар ҷойи сеюм қарор дорад, яъне баъд аз шаҳрҳои Исфараву Истаравшан.
- Соли 2016 судяҳои ноҳияи Спитамен 6 парвандаро нисбати 7 нафар барои пайвастан ба гуруҳҳои ифротӣ мавриди баррасӣ қарор додаанд. Аз ин теъдод 2 нафарашон дар ҷангҳои мусаллаҳонаи давлатҳои исломӣ иштирок кардаанд ва ҳардуи онҳо ҳангоми бозгашт аз ҷониби кормандони ниҳодҳои қудратии Русия ва Тоҷикистон боздошт шудаанд. Дар шаш моҳи соли 2017 бошад, парвандаҳои се сокини ҷамоати Куруши ноҳия, ки бо моддаи 307 ва 187-и КҶ ҶТ боз шуда буд, мавриди баррасӣ қарор гирифт ва айни ҳол ҳар се адои ҷазо мекунанд,- афзуд ӯ.
Дар бобати нафарони ҷустуҷӯшаванда танҳо баъди дастгир шуданашон метавон маълумоти кофӣ дод, зеро ҳар кадоме аз онҳо бо ҷурмҳои гуногун ва муҳлатҳои гунонун дар ҷустуҷӯ ҳастанд, аз ҷумла шаҳрванд Гадоев Босимбой.
Ин аст тақдири талхи як ҷавони раҳгумзада - Гадоев Босимбой ва вазъи зиндагии ӯ. Имрӯз худ бедарак, волидонаш зери хоки сард, ду кӯдакаш ятим ва дигар аъзои оилааш ғамгину мазлум ва сархам. Ин “сархамӣ”-ро хоҳари Босимбой чунин шарҳ дод:
- Баъди бедарак шудани бародарам низдикону пайвандонамон ба қавле “рӯ гардондаанд”. Борҳо бо гӯши худ шунидам, ки яке ба дигаре мегуфт: “Бо инҳо рафтуомад накунед, ки шумо низ дар бало намонед. Барои муносибати хешутаборӣ як рӯз не як рӯз пурсуҷӯ мекунанд...”. Ҳамсояҳо низ чун пештара муносибати гарм надоранд ва ин ҳама “болои сӯхта намакоб аст”...

Фарзона МУРОДӢ

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.

Тағйироти охир Шанбе, 23 Сентябр 2017 14:29
Хонданд 606
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.