.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Минтақа

Шумо дар Минтақа

Диловар Олимов кист ва чаро ба ҷинояти мудҳиш даст зад?

Сен 06, 2017 Хонданд: 1036
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Ҳодисаҳои ҷангу ҷанҷол дар судҳо ва норозиён аз қарору ҳалномаҳои содирнамудаи судяҳо маъмулианд ва зиёд ба мушоҳида мерасанд, вале сӯиқасд, расонидани зарари вазнин ҷисмонӣ ё куштани судя аз ҷониби як нафари норозӣ аз ҳалнома ҳодисаи камназир аст, бахусус агар вобаста ба парвандаи оилавӣ барои рӯёнидани алимент бошад.

Ҳодисае, ки мехоҳем дар борааш нависем, на ба парвандаи ҷиноятӣ, балки ба парвандаи оилавӣ барои рӯёнидани алимент рабт дорад, ки бо шикояти зани дуюм аз болои шавҳар дар Суди ноҳияи Панҷ рӯзи 31-уми август, як рӯз қабл аз Иди Қурбон мавриди баррасӣ қарор дошт ва оқибат бо ҷароҳат бардоштани раисикунандаи мурофиа Раҳимзода Давлатманд, раиси Суди ноҳияи Панҷ анҷомид.

Диловар Олимов дар оилаи 6-нафара, ки иборат аз 4 писар ва 2 духтар мебошад, фарзанди калонӣ аст ва 25-уми феврали соли 1979 дар посёлкаи «Ҷудзавод»-и ҷамоати шаҳраки Панҷи ноҳияи Панҷ таваллуд шудааст. Ӯ соли 1995 баъди хатми синфи 9-и мактаби миёнаи рақами 21 ба Коллеҷи ҳарбии суворовӣ дар шаҳри Душанбе дохил мешавад. Пас аз хатми ин коллеҷ аз соли 1997 таҳсилро дар Академияи олии ҳарбии Русия дар шаҳри Подолский идома додааст. Соли 2001-ум вақте ки дар курси чоруми ин таълимгоҳ таҳсил мекард, бо иттиҳоми авбошӣ ба 6 соли зиндон маҳкум мешавад. (Наздиконаш ба ин назаранд, ки ин айб нисбати Диловар сохта аст ва бо туҳмат 6 соли ҳаёташро ҳайф карданд). Пас аз маҳбас Диловар Олимов таҳсилро дар Русия идома надода, моҳи январи соли 2007 ба Тоҷикистон бармегардад. Баъди бозгашт моҳи майи ҳамон сол ӯ бо Розия Рӯзиева, духтаре, ки як сол аз ӯ хурд буд ва ҳанӯз замони мактабхонӣ якдигарро дӯст медоштанд ва тӯли солҳои дар маҳбас будани Диловар Розия ӯро содиқона интизор будааст, тӯйи арӯсӣ барпо карда, оила бунёд мекунанд. Аз ин ақди никоҳ онҳо соҳиби се фарзанди дӯстрӯяк - Фирдавсҷон, Мошариф ва Ёсинҷон мегарданд.

Мо бо Розия дар хонаи падараш, акаи Қурбони автобусчӣ ҳамсуҳбат шудем. Акаи Қурбон тӯли беш аз 20 сол аст, ки бо автобуси тамғаи «ЛАЗ»-аш дар хизмати мардуми ноҳия буда, ҳафтае як маротиба молу колои дӯкондоронро аз бозори «Корвон»-и Душанбе ба ноҳия мекашонад. Ӯ бо ҳамсари раҳматиаш соҳиби чор духтаранд, ки се нафари онҳоро оиладор кардааст. Акаи Қурбон бори гарони зиндагиро танҳо мекашад, тақдир онҳоро ақаллан соҳиби писаре ҳам накардааст, ки дастёри падар шавад…

Розия бо се фарзанд дар хонаи падар аст, вале на ба он хотир, ки пас аз ҷинояту боздошти Диловар қаҳр кардаву аз хонаи падари шавҳараш (онҳо хонаи алоҳида надоштанд) ба хонаи падари худаш, акаи Қурбон баргардад, балки Розия бо шавҳараш Диловар аллакай як сол боз дар хонаи падараш зиндагӣ мекунанд.

- Як сол қабл модарам вафот кард ва падарам бо хоҳари хурдиам дар хона танҳо монд. Азбаски ду хоҳари дигарам дар ноҳияҳои дигар ба шавҳар баромадаанд, ман маҷбур шудам, ки бо хусуру хушдоманам маслиҳат карда, бо шавҳарам ба ин ҷо биёем ва падару хоҳарамро ҳамроҳӣ кунем,- мегӯяд Розия.

Ҳамсари Диловар мегӯяд, шавҳараш пас аз чор соли зиндагии якҷоя ба доми Ҷамила ном духтаре, ки аз ӯ 4 сол хурдтар (таваллудаш 1983) аст ва дар яке аз ошхонаҳои ноҳия бо модараш пешхизмат шуда кор мекунад, меафтад ва ҳамин хел бо ҳам унс мегиранд. Диловар барои Ҷамила дар маркази ноҳия ҳуҷра ба иҷора мегирад. Розия мегӯяд, ӯ аз ин кор 6 моҳ пас огоҳ гашт, вале аллакай дер шуда буд… Ҷамила ҳамл дошт.

- Ман дигар чӣ кор мекардам? Ба тақдир тан додам ва ҳамин тавр зиндагиамонро давом медодем. Ҳарчанд дар ин бора қаблан бо Диловар баҳсҳо доштем, вале ӯ мегуфт, ки намедонад ин кор чӣ хел рух додааст. Ман ба хотири 3 фарзандамон зиндагиамро вайрон накардам. Диловарро бо ҳама номардиаш дӯст медорам. Ӯ аз зани дуюмаш - Ҷамила ду писар дорад,- афзуд Розия.

Судя модару зани Диловарро дашном додааст?

Рӯзи 3-юми сентябр, 3 рӯз пас аз фоҷеа аз ин хонавода хабар гирифтем ва хостем аз ҷузъиёти бештари қазия огоҳӣ пайдо намоем. Аҳли оиларо дар ҳолати шок дарёфтем. Модараш ва бародарон ҳеҷ бовар намекарданд, ки Диловар ба чунин як ҷинояти мудҳиш даст зада бошад.

Ба гуфтаи модараш, «Диловар фарзанди калонии оила аст. Ҳарчанд характераш каме тез ҳам бошад, вале ӯ бесабаб касеро озор намедод. Нисбати ноадолатиҳо тоқат надошт. Дар ҳақи худ ва наздикон таҳқирро намебардошт. Писарамро, ки дар Русия бо туҳмат суд карда буданд, тоқати дашному туҳмату таҳқирро надошт».

Наздикони Диловар бар он назаранд, ки судя ӯро дар рафти мурофиа ба номи модару занаш ҳақорат додааст ва ӯ ба ин таҳқир тоқат накарда, дар сари қаҳр утоқи судяро тарк кардааст.

- Овозаҳоро шунидем, ки раиси суд ӯро дар рафти мурофиа аз модару зан ҳақорат кардааст. Магар судя ба ин ҳақ дорад? Агар писари ман дар мурофиа ягон гап зада бошад, ё занашро дашном дода бошад, судя бояд ӯро ҷарима мекард ва ё мурофиаро ба рӯзи дигар мегузошт. Наход судя чунин бемасъулият бошад? Акнун намедонем чӣ кор кунем, сари калобаамонро гум кардем, то ҳол адвокат ҳам нагирифтем,- гуфт модари Диловар.

Нафароне, ки Диловарро мешиносанд, мегӯянд, дар ҳақиқат ӯ феъли тез дошт, зуд асабӣ мешуд, дар ҳама «разборҳо»-е, ки аз нофаҳмӣ миёни рафиқон мешуд, иштирок дошт ва кӯшиш мекард онро бо мусолиҳа анҷом диҳад, вале як айб дошт, кам-кам шароб менӯшид.

Прокурори ноҳияи Панҷ Холиқзода дар суҳбат бо мо ҳолати ҷой доштани дашномро аз ҷониби судя рад карда, гуфт, ин ҷиноят маҳз пас аз нӯшидани нӯшокии спиртӣ ба вуқуъ омадааст ва ҳолати рух додани онро шарҳ дод.

- Олимов рӯзи 31-уми август, дар мурофиа дар ҳузури судя занаш - Ҷамиларо барои он ки ӯ барои рӯёнидани алимент ӯро ба суд додааст, дашномҳои қабеҳ медиҳад ва кӯшиши задан мекунад, вале судя Раҳимзода ба амалҳои ӯ монеъ шуда, ба ҷояш мешинонад. Пас аз баровардани қарор дар бораи рӯёнидани алимент дар ҳаҷми 250 сомонӣ барои ду фарзандаш Диловар норозиёна занашро дашном дода, аз утоқи судя берун мешавад. Сипас ба ҷои кораш - ошхонаи «Насим» рафта, 400 грам арақ менӯшад ва табарчаи як тарафаш болғамонандро, ки барои қимма кардани гӯшт ва дигараш дам дорад, гирифта ба пушташ пинҳон мекунад ва ба идораи суд меравад. Ҳангоме, ки ӯ ба утоқ медарояд, судя аз рӯи парвандаи дигари оилавӣ дар машваратхона будааст. Касе аз ҳамкорон даромадани ӯро пай намебаранд. Ӯ бо шаст ба судя ҳамла карда, табарро аз пушташ мекашад ва ба он нигоҳ накарда, ки дами табар аст ё пушти он, ба сари судя мезанад. Аз зарбаи сахти аввал, ки ба қисмати пешонӣ, болои абрӯи рост мерасад, сари судя хуншор мегардад ва мувозинаташро аз даст дода, ба боли креслояш меафтад. Ӯ се зарби дигари табарро бо боло кардани дастонаш, ки онҳо низ ба қисмати сар равона карда шуда буданд, бозмедорад. Бо сабаби чапдаст будани гумонбаршуда, зарбаҳои табар бо дасти чап расонида мешаванд ва бо дасти рост чанд зарбаи дигар ба манаҳи судя мезанад. Дар ҳамин ҳол кормандон огоҳ шуда, ворид мешаванд, вале касе ҷуръати доштани ӯро намекунад. Ҷинояткор оромона аз идораи суд баромада меравад. Ин ҳодиса тахминан соатҳои 15-и рӯзи 31-уми сентябр рух медиҳад ва соати 23-и ҳамон рӯз аз ҷониби кормадони ШВКД-и ноҳия аз хонаи як рафиқаш дастгир мешавад,- гуфт прокурори ноҳияи Панҷ Холиқзода.

Овозаҳое низ ҳастанд, ки гумонбаршуда пас аз боздошт мавриди шиканҷа ва латукӯб қарор гирифтааст, вале Холиқзода ин ҳолатро қатъиян рад кард ва гуфт, ки Диловар Олимов шахсан аз адвокат даст кашидааст.

Дар утоқи раиси суд чӣ гузашт?

Воқеан, дар утоқи раиси суд чӣ гузашт, ки Диловар Олимовро ба ин ҷинояти мудҳиш таҳрик дод? Наход ӯ ин қадар аз ҷони худ сер шуда буд, ки фикри падару модар, бародарон ва 5 фарзандашро (аз ду зан) накард? Барои муайян кардани он, ки дар дохили утоқи раиси суд чӣ гузашт, сараввал хостем аз худи раиси Суди ноҳияи Панҷ Раҳимзода Давлатманд пурсон шавем ва нимарӯзии 3-юми сентябр роҳи беморхонаи марказии ноҳияро пеш гирифтем, вале сардухтур Нурмаҳмад Умронов гуфт, ки субҳи имрӯз Раҳимзода барои ташхису табобати иловагӣ ба шаҳри Душанбе рафтааст. Зангҳои телефонии мо ба раиси суд беҷавоб монданд.

Пас аз ҷустуҷӯ ва пурсупоси зиёд ба мо муяссар гашт, то хонаи зани дуюми Диловар Олимовро пайдо кунем ва бо Ҷамила, зани Диловар суҳбат дошта бошем.

Холаи Кулфат, модари Ҷамила моро нағз пешвоз гирифт. Аз вазъи оилавии онҳо маълум буд, ки зиндагии миёнаҳол доранд ва бо чор духтару як писар (писараш дар Русия будааст) аз шавҳар замони ҷанги шаҳрвандӣ маҳрум мондааст. Шуғли ӯ пешхизматист ва дар яке аз ошхонаҳои бозор кор мекунад, музди ночизе ба даст меорад, ки базӯр ба рӯзгор мерасад. Духтаронаш ҳама бекоранд.

- Мегӯянд, ки ном 50 фоизи тақдири одамро ҳал мекунад. Вақте ман аз модарам таваллуд шудам, падарам вафот кардааст ва бибиам маро Кулфат ном мондааст. Хусурам пас аз вафоти шавҳарам мегуфт, ки туро бояд Кулфат ном намемонданд. Дар ҳақиқат зиндагии пур аз кулфат дорам. 32-сола будам, ки шавҳарамро дар ҷанги шаҳрвандӣ куштанд. Он замон фарзанди калониам Ҷамила синфи 3 буд. Ҳамин хел 5 фарзанди кӯчакро бо азоби алим калон кардам, вале то ҳанӯз роҳати фарзандро надидам,- гуфт ӯ.

Ҷамила, ҳамсари дуюми Диловар, ки бо ду писари 5-солаву дусола мехост аз шавҳар ҷудо шуда, алимент гирад, гуфт, шавҳараш ӯро фиреб дода, ба занӣ гирифтааст.

- Диловар гуфта буд, ки аз занаш ҷудо шудааст ва мехоҳад оилаи нав бунёд кунад, вале чанд моҳ пас аз никоҳи мусулмониамон фаҳмидам, ки ӯ занашро ҷавоб надодааст,- гуфт Ҷамила.

Ба гуфтаи Ҷамила, дар утоқ ӯ бо шавҳараш ва судя будаанд. Диловар чун ҳарвақта аз модару падар дашному ҳақораташ додааст, ки аз ӯ алимент талаб кардааст ва аз ҷояш хеста, қоғазҳоро ба сараш ҳаво додааст. Судя аз ӯ хостааст, ки ба рафти мурофиа эҳтиром гузорад ва аз китфонаш дошта, ӯро ба ҷояш шинондааст. Диловар аз ин амали судя ба хашм омадааст, ки ӯро ба ҷояш шинонидааст.

- Судя ягон маротиба ӯро дашном накард, баръакс, вақте ман гуфтам, ки дигар бо Диловар зиндагӣ намекунам, судя ба тарафи ман гашта, «ту хап кун, бар падарат лаънат. Барои чӣ ба шавҳарат гапи безеб мезанӣ?» гуфт. Диловар пай дар пай маро дашном медод, вале судя ӯро ором карда, ҳафт маротиба «ором бош, ором бош» гуфт. Пас аз он, ки Диловар ба сари судя дод зад, ӯ дарро нишон дода, «баро, рав» гуфт ва саломатиаш бад шуд. Диловар хеста, аз дар берун шуд, дигар ӯро надидам,- гуфт Ҷамила.

Шоҳидон мегӯянд, вақте ки Диловар аз утоқи суд берун шуд, дар саҳни идораи суд бо қаҳр ин тарафу он тараф қадам мезад ва такрор ба такрор мегуфт: «Барои ин гапат ҷавоб мегӯӣ!!!» (ишора ба раиси суд).

Розия Рӯзиева, зани якуми Олимов, ки се фарзанд дорад, мегӯяд, Диловар аввалҳо ором буд ва як соли охир кам-кам ба шаробнӯшӣ майл кард, вале ягон бор дар хона дашному ҳақорат намекард, шаб меомад ва ором мехобид: «Ӯро чӣ коре кард, Ҷамила кард!».

Розия гуфт, рӯзи чоруми сентябр дар шуъбаи милисаи ноҳия бо шавҳараш мулоқот доштааст. Шавҳараш гуфтааст, ки судя ӯро ба номи зану модараш дашном кард ва ӯ хостааст судяро барои ин амалаш ҷазо диҳад, вале қасди куштан надоштааст.

Прокуратураи ноҳияи Панҷ бо моддаҳои 356, 32 ва 104 Кодекси ҷиноятии ҶТ алайҳи Диловар Олимов парванда оғоз намудааст, вале тафтишотро Прокуратураи вилояти Хатлон ба зимма гирифтааст.

Шамсулло ФОЗИЛОВ, «Фараж»

Тағйироти охир Чоршанбе, 06 Сентябр 2017 09:19
Хонданд 1036
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.