.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Минтақа

Шумо дар Минтақа

Дар Суғд бо сил мубориза мебаранд

Сен 02, 2017 Диданд: 413
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Тавре ҳамагон медонанд, бемории сил сироятӣ буда, аз шахси бемор ба одами солим бо роҳи ҳавоӣ мегузарад. Ин беморӣ ва шакли мутобиқгаштаи он (ШМС) аз насл ба насл, бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ва бо шири модар намегузарад. Нишонаҳои он сулфаи давомнокиаш ду ҳафта ва ё зиёдтар аз он, камшавии иштиҳо ва вазни бадани бемор, арақкунии шабона, нафастангӣ, баландшавии дурударози ҳарорати бадан (37-37,5), хасташавию бемадорӣ ва дарди қафаси сина мебошанд.

Тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҳар сол беш аз 10 миллион одам дар саросари ҷаҳон гирифтори бемории сил мегарданд. Ҳарчанд бемории сил табобатшаванда аст, аммо то ҳанӯз ҳамасола дар дунё қариб ду миллион нафар аз ин беморӣ мефавтанд. Паст будани сатҳи огоҳии аҳли ҷомеа оид ба бемории сил яке аз сабабҳои паҳншавии ин беморӣ ба шумор меравад.
Соли 3-юм аст, ки ташкилоти USAID дар Тоҷикистон тариқи Барномаи мубориза бар зидди бемории сил фаъолият мебарад. Ба кори ин барнома доираи васеи рӯзноманигорони расонаҳои кишвар ҷалб гардида, имконияту тақвияти инъикоси масоили марбут ба бемории сил бо ҷалби коршиносони байналмиллалӣ оид ба масоили ВАО омӯзонида мешавад. Дар ин гуна омӯзишҳо рӯзноманигорон тарзи дурусту касбии пешкаши маводҳоро оид ба бемории сил аз худ менамоянд, ки ин барои паст кардани сатҳи доғгузорӣ (стигма) нисбат ба нафарони аз ин беморӣ осебдида ва аз байн бурдани андешаҳои манфӣ вобаста ба гирифторони сил мусоидат менамояд. Ин аст, ки ҳафтаи гузашта як гуруҳи 25-нафара иборат аз рӯзноманигорони расонаҳои гуногуни кишвар ба сафари 3-рӯза ба вилоятҳои Суғд раҳсипор гардиданд.
Насрулло Рамазонов, мушовири барномаи ЮСАИД оид ба кор бо ҷомеа ва ВАО қабл аз сафари омӯзишии журналистон гуфт, мақсади сафар шиносоӣ бо таҷрибаи зиддисилии вилояти Суғд мебошад.
Дар рӯзи аввал гуруҳи журналистон аз бинои нави дуошёнаи беморхонаи вилоятии бемориҳои сили “Деҳмой” дидан намуданд. Ин бемористон, ки чанд соли охир дар ҳолати номусоид ва таъмирталаб қарор дошт, имсол бо ташаббус ва дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ ба бинои замонавӣ ва тозаву озода мубаддал гардонида шудааст. Феълан дар ин макон барои 200 нафар беморон катҳо мавҷуданд, ки гирифторон бистарӣ гардида, пурра ба табобати ройгон фаро гирифта мешаванд. Дар як қитъаи хурди замин гармхона бино шудааст, ки таъмини беморон дар фасли зимистон бо сабзавот, аз қабили кабудиҳои тару тоза, пиёзу гашниз ва укроб дар назар гирифта шудааст. Айни замон кабудиҳо дар замини берун аз гармхона хуб сабзидаанд.
Тавре дирекори Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар вилояти Суғд Мадаминов Даврон Ҷабборович дар суҳбат бо рӯзноманигорон қайд намуд, беморхонаи вилоятии бемориҳои сил - “Деҳмой” соли 1970, ҳанӯз замони шӯравӣ сохта ба истифода дода шуда буд, ки то як соли пеш ягон маротиба рӯи таъмири капиталиро надида буд.
- Бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ беморхона аз таъмири куллӣ бароварда шуд ва инчунин бо таҷҳизоти наву замонавии таҳлиливу ташхисӣ ҷиҳозонида шудааст. Яке аз таҷҳизоти замонавие, ки дар ин марказ барои таҳлилу ташхиси балғам ва дарёфти саривақтии беморони сил кӯмак мерасонад, ин GeneXpert ном дорад. Бо истифода аз ин таҷҳизот ба таври комил ва дақиқ муайян карда мешавад, ки шахс ба бемории сил гирифтор аст ё не,-гуфт директори марказ.
Мадаминов вобаста ба кӯмаки молӣ, таъминоти доруворӣ ва маводи хӯрокворӣ қайд намуд, ки имсол дар муқоиса бо соли 2016 ин кӯмакҳо ду маротиба афзудааст. Инчунин, аз ҷониби як шахси хайрхоҳ солҳои тӯлонӣ аст, ки дар як ҳафта панҷ рӯз беморон бо оши палав таъмин карда мешаванд.
Ба гуфтаи дирекори Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар вилояти Суғд, сол то сол адади катҳо барои беморони сил дар вилоят кам гардида истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки шумори беморон коҳиш меёбад. Агар соли 2012 дар беморхонаи “Деҳмой” 220 кат мавҷуд бошад, соли 2017 он ба 200 кат расидааст, ки нишони пастравии сатҳи беморшавӣ дар сатҳи вилоят мебошад.
Тибқи маълумот, дар вилоят 119 воҳиди кории мутахассисони силшинос мавҷуд аст, вале айни замон 68 нафар фаъолият мебаранд. Ба гуфтаи Мадаминов, “ҳарчанд камбуди табибони силшинос вуҷуд дошта бошад ҳам, вале кам ба мушоҳида мерасад, зеро тибқи фармоиш ба як армияи калони кӯмаки аввалияи санитарию тиббӣ вобаста карда шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо мо фаъолият мебаранд”.
Баҳри татбиқи пурраи барномаи зиддисилӣ дар вилоят ҳамагӣ 20 миллиону 335 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Ин маблағгузорӣ дар соли 2010 агар 1 миллиону 17 ҳазор сомонӣ бошад, соли 2016 он ба 7 миллиону 107 ҳазор сомонӣ расонида шудааст.
Рӯзноманигорон инчунин дар рӯзҳои баъдӣ аз марказҳои саломатии ноҳияи Деваштич, шаҳри Гулистон ва шаҳри Хуҷанд аз наздик дидан намуда, бо табибони силшинос суҳбат оростанд.
Директори Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сили ноҳияи Деваштич Сайфиддин Муллобобоев гуфт, ки ноҳияи онҳо ба барномаи ДОТС соли 2007-ум дохил шудааст. Солҳои аввал шумори беморон зиёд буданд, вале бо сабаби дарёфту табобати саривақтӣ алҳол хеле кам гаштаанд.
Мушкили асосии соҳаи сил дар ноҳияи Деваштич ин кам будану аллакай дар синни нафақа будани мутахассисони силшинос мебошад. Бо вуҷуди норасоии кадрӣ, табибон кӯшиш доранд, то беморонро дарёфту ба табобат фаро гиранд.
- Соли 2016-ум 50 нафар бемор ва соли 2017 бошад, ҳамагӣ 20 бемор дарёфт карда шуд, ки ин нишони сол то сол кам гардидани теъдоди беморони сил дар ноҳия мебошад. Аҳолии ноҳияи Деваштич 161 542 нафарро дар бар мегирад, ки танҳо 3 нафар табиби силшинос фаъолият мебаранд. Ин дар ҳолест, ки барои 30 000 нафар аҳолӣ дар Тоҷикистон як нафар табиб рост меояд,- мегӯяд Муллобобоев.
Норасоии кадрҳои ҷавони силшинос натанҳо дар вилояти Суғд, балки дар тамоми вилояту навоҳии Тоҷикистон дида мешавад. Коршиносон бар он назаранд, ки кам будани маоши табибон, бахусус силшиносон ин соҳаро ба мушкил мувоҷеҳ намудааст. Ин аст, ки табибони оянда дар интихоби касб бештар ба самтҳои даромадноки соҳа такя мекунанд.
Боиси хурсандист, ки дар Маркази саломатии шаҳри Гулистон бо ягона табиби силшиноси ҷавон рӯ ба рӯ гардидем, ки барои аҳолии 45-ҳазорнафараи шаҳр хизмат мерасонад.
Ораз Мирзовалиев ДДТТ-ро соли 2013 хатм кардааст ва давоми як сол тибқи фармон омӯзиши интернатураро ба охир расонида, ҳамчун табиби силшинос тахассус гирифтааст. Ӯ мегӯяд, пас аз ба кор омадан ба шаҳри Гулистон, дере нагузашта тибқи фармони вазири мудофиа ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар даъват шуд ва давоми 24 моҳ ҳамчун табиб-афсар хизмати Модар-Ватанро адо намудааст.
Боиси дастгирист, ки ин табиби ҷавон новобаста аз он, ки дур аз зодгоҳ дар масофаи 70 км кору фаъолият мекунад, оиладор аст ва бо сабаби дурии роҳ ҳафтае 2 маротиба ба дидори наздикону арӯси чашминтизораш мераваду халос.
Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишварро зарур аст, ки барои омода намудани табибони ҷавони силшинос диққати ҷиддӣ диҳанд ва имтиёзҳоеро, ҳамчун таъмин намудан бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва ё хонаи истиқоматӣ пешкаш намоянд, то ҷавонон монанди Ораз Мирзовалиев ҳавасманд гардида, барои халқу миллати тоҷик хизмати содиқонаву софдилона намоянд.

Шамсулло ФОЗИЛОВ, «ФАРАЖ»

Тағйироти охир Шанбе, 02 Сентябр 2017 13:10
Хонданд 413
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.