.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Минтақа

Шумо дар Минтақа

Кӯшониён: cарзамине, ки ёд аз ниёгон меорад

Окт 06, 2018 Хонданд: 121
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Кӯшониён: cарзамине, ки ёд аз ниёгон меорад

Ноҳияи Кӯшониён (Бохтари пешин) 16 ноябри соли 1980 ташкил шудааст. Масоҳати ноҳия 556 км2 квадратӣ буда, ба 1 январи соли 2018 дар ноҳия 236 ҳазору 215 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Зичии аҳолӣ дар 1км2 424 нафарро ташкил медиҳад. Масофа аз маркази ноҳия то шаҳри Душанбе 110 км, то шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи пешин) 8 км, то истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Бохтар 30 км аст. Дар ноҳия 5 ҷамоти деҳот, 3 ҷамоати шаҳрак, 31 корхонаи саноатӣ, ва 10 ташкилоти сохтмонӣ, нақлиётӣ, ҷамъияти матлубот, корхонаи коммуналӣ, 5 хоҷагии давлатӣ, ва 2010 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) амал мекунанд. 

Ноҳияи Кӯшониён дар қисмати шимолӣ бо ноҳияи Вахш, дар қисмати шарқӣ бо шаҳри Леваканд, дар қисмати ҷанубӣ бо ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дар қисмати ғарбӣ бо шаҳри Бохтар ҳамсарҳад мебошад. 

Аз моҳи марти соли 2014 Ҷаббори Ғаффор дар мансаби раиси ноҳияи Кӯшониён кор мекунад.

 

Ноҳияи Кӯшониён дар аҳди пешин

Ноҳияи Кӯшониён аз соли 1937 то соли 1959 ноҳияи Октябри собиқ вилояти Қӯрғонтеппа, аз соли 1959 то 6-уми январи соли 1965 шаҳраки Октябри ноҳияи Қӯрғонтеппа, то 17-уми октябри соли 1980 шаҳраки Октябри ноҳияи Вахш, то 12-уми марти соли 1992 ноҳияи Коммунистӣ буд. Бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бузургдошти арзишҳои миллӣ ва поси мероси таърихӣ аз 12-уми марти соли 1992 ноҳияи Коммунистӣ номи Бохтарро гирифт. Аз моҳи феврали соли 2018 номи ноҳияи Бохтар ба Кӯшониён ва шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар иваз карда шуданд. 

Ҳудудҳои ноҳияи Кӯшониёни кунунӣ тайи асрҳои миёна ва минбаъд аслан тобеи Хатлон ва ҳокимони Қубодиён буда, таърихан дар ҳудуди шаҳрҳои қадимии Вахш, Леваканд ва Ҳаловард мавқеъ доштааст. Истахрӣ дар «Мамолик-ул-масолик» ҳудудҳои шаҳрҳои Ҳаловарду Леваканд ва дигар деҳоту шаҳракҳои атрофи онро дар фосилаи думанзилии канораи рӯди Вахшоб қаламдод кардааст. Муаллифи «Ҳудуд-ул-олам» навиштааст, ки минтақаи Вахш ва деҳоти атрофи он паҳновару ободон ва пурфайз буда, Ҳаловард мавзеи бо кишту варз ва хушҳаво, Леваканд макони гӯсфандони ваҳшӣ будааст. Дар замони Ғуриён ин минтақа аз тобеоти давлати мазкур буд. Минтақаи Кӯшониён ва деҳоти атрофи он бар асари ихтилофу ҳангомаҳои таърихӣ ва давлатдориҳои минбаъда зери тобеияти ҳокимони Хатлон, Вахш ва Қубодиён қарор доштанд ва дертар дар аҳди давлатдории Манғитиён ба ҳудудҳои Аморати Бухоро дохил гаштанд. Баъди обёрии заминҳои водии Вахш ва ривоҷёбии пахтакорӣ дар аҳди Шӯравӣ сарзамини Кӯшониён хеле обод шуда, ба макони парвариши пахтаи маҳиннах ва истеҳсолу коркарди он табдил ёфт.

 

Сайри ноҳияи Кӯшониён

Агар аз истгоҳи шаҳри Бохтар ба шоҳроҳи «Бохтар-Исмоили Сомонӣ-Вахш» раҳсипор гардед, роҳи мумфарши васеъ ва аз ду канори он пахтазорон, ҳавливу боғоти сердарахту сабзу хуррам боби тамошост. Пас аз ҳафт-ҳашт километр ба шаҳраки Исмоили Сомонӣ мерасед.

Барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонӣ 3 меҳмонхона бо номҳои «Сайёҳ», «Ватан» ва «Бохтариён» шабонарӯз омодаи хидматанд. Ҳамчунин, тарабхонаву ошхона ва марказҳои тафреҳӣ бо хидматрасонии муносиби худ барои меҳмонону сайёҳон нигаронида шудаанд.

Аз ҳудуди ноҳия роҳи оҳани Тирмиз-Бохтар мегузарад. Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бохтар дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён воқеъ аст.

Тайи солҳои охир дар ноҳияи Кӯшониён корҳои бунёдкориву созандагӣ вусъати тоза гирифта, дар ноҳия то инҷониб 10 адад мактабҳои нави замонавӣ, 2 адад муассисаи томактабӣ сохта ба истифода дода шуда, сохтмон ва барқарорсозии 21 адад мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва асосӣ, 28 адад бунгоҳҳои тиббӣ, 10 адад марказҳои саломатӣ, 2 адад кохи фарҳангӣ, 21 адад корхонаҳои саноатӣ, 7 адад биноҳои маъмурӣ, 3 адад бонкҳои тиҷоратӣ, 1 адад майдони варзишӣ, 1 адад варзишгоҳи марказии ноҳия, 6 адад толорҳои варзишӣ, 65 адад нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва гази моеъ, 10 адад тарабхонаҳои замонавӣ, 3 адад меҳмонхонаҳо, зиёда аз 200 адад марказу мағозаҳои фурӯши маҳсулот ва дар маҷмуъ 380 иншоотҳои иҷтимоиву хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуда, инчунин то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 36 деҳаву маҳалҳои ҳудуди ноҳия дар маҷмуъ сохтмони 82 адад корхонаҳо ва коргоҳҳои хурду калони саноатӣ, биною иншоотҳои хизматию маишӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ноҳияи Кӯшониён 63 муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ, 1 муассисаи таълимии давлатии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат», 1 Гимназияи давлатии №3, 1 Мактаб-интернати ғайридавлатӣ барои кӯдакони ятиму бепарастори хазинаи хайрияи байналмилалии кӯдакон-«Озодӣ» ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мебошанд. Дар ноҳия беморхонаи марказӣ, беморхонаи №1,2 ва чор беморхонаҳои минтақавӣ, ки дар онҳо 80 нафар табибон, ва 357 нафар мутахассисони миёнаи тиб хизматрасонии тиббиро ба уҳда доранд.

Савияи донишандӯзии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия сол аз сол баланд гардида, танҳо дар соли равон хонандагони ноҳия дар олимпиадаҳои вилоятӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби 16 медали тилло, 14 медали нуқра, 47 медали биринҷӣ ва дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби 3 медали тилло, 4 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ гаштанд. Дар ноҳияи Кӯшониён 81 ҳазору 482 нафар ҷавонони аз синни 14 то 30 сола зиндагӣ мекунанд. Баҳри ҳифзи саломатии онҳо ва рушди варзиш дар ноҳия як варзишгоҳи марказӣ, 6 адад толорҳои варзишӣ мавҷуд мебошад, ки дар онҳо 38 нафар мураббӣ бо 820 нафар хонандагон ба тамрин машғул мебошанд. Варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштироки фаъолона намуда, дар маҷмуъ сазовори 46 медали тилло, 33 медали нуқра ва 38 медали биринҷӣ гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 медали тилло, 10 нуқра ва 8 медали биринҷӣ зиёд аст.

 

Замину обу хоки Кӯшониён

Ҳудуди ноҳия, асосан, дар водии Вахш ҷойгир буда, сатҳаш ҳамвор ва иборат аз пуштаву адирҳост. Дар пастиву доманакуҳҳо набототи биёбонию нимбиёбонӣ, дар баландиҳои зиёда аз 800 метр рустаниҳои даштӣ мерӯянд. Дар соҳилҳои рӯди Вахш аҳёнан тӯғайзор ба назар мерасад.

Ноҳияи Кӯшониён аз сатҳи баҳр дар баландии 400-1200 метр ҷойгир шудааст. Иқлимаш хушки субтропикӣ. Ҳарорати миёнаи июл 24-300С, январ 0-10С. Боришоти солона 250-300 мм. Дарёи асосиаш Вахш. Хоки ҳудуди ноҳия, асосан, хокистарранги равшан, хокистарранги муқаррарӣ ва марғзорист.

Ноҳияи Кӯшониён аслан ноҳияи кишоварзӣ буда, соҳаи муҳими хоҷагидории онро пахтакорӣ, махсусан, навъҳои маҳиннах, ташкил медиҳад. Ҳамчунин, ғаллакорӣ (гандум, ҷав, ҷуворимакка, шолӣ ва ғайра), боғу токпарварӣ, сабзавоткорӣ, лимупарварӣ, кишти зироатҳои хӯроки чорво, пилапарварӣ, занбӯрпарварӣ, чорводорию парандапарварӣ тараққӣ кардаанд. Заминҳо, асосан, аз дарёи Вахш обёрӣ мешаванд.

 

«Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар Кӯшониён

Бо эълон шудани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор дар ин самт дар ноҳия рангу ҷилои дигар гирифт. Дар ноҳияи Кӯшониён мардону занони ҳунарманди зиёде кору фаъолият доранд. Алҳол мо дар бораи як зани ҳунарманд, ки берун аз ноҳияву ҷумҳурӣ шуҳрат пайдо кардааст, қисса хоҳем кард.  

Тозагул Самадова дар ноҳияи Кӯшониён ба ҳайси роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Наҷиба» кору фаъолият дорад. Мавсуф ин ташкилотро соли 1993 бунёд намудааст. Созмони ҷамъиятии «Наҷиба» соли 1998 курсҳои омӯзишии дӯзандагиву бофандагӣ, қолинбофӣ ва пухтани хӯрокҳои миллиро ба роҳ монд. Ҳар сол дар ин маркази ҳунар дар ҳамкорӣ бо шуъбаи шуғли аҳолии ноҳияи Кӯшониён 3 курси омӯзишӣ барои ҷавондухтарону бонувон роҳандозӣ мегардад. Дар ин марказ ба ғайр аз Тозагул Самадова 3 омӯзгори дигар ба таълиму тарбияи духтарон машғул мебошанд. Ҳар сол ин даргоҳро 90 нафар ҷавондухтарону бонувон хатм мекунанд. Дар тӯли фаъолити ин боргоҳи ҳунар зиёда аз 1000 ҷавондухтарону бонувон онро бо муваффақият хатм намуданд.

Тозагул Самадова мегӯяд аз омӯзгор то раиси ҷамоат шуда кор кардам, аммо обрӯро аз ҳунармандӣ ба даст овардам.

Тозагул Самадова қариб дар ҳамаи озмуну намоишгоҳҳои сатҳи ноҳиявиву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, борҳо сазовори ҷойи якум ва ифтихорӣ гардидааст. Мавсуф аз соли 2004 сар карда, дар озмуну намоишгоҳҳои байналмилалӣ низ ширкат меварзад. Ин зани меҳнатдӯсту оқила то имрӯз бо маҳсули дасти муъҷизаофараш дар 11 давлати ҷаҳон, аз қабили Полша, Лубнон, Чин, Эрон, Туркия, Арабистони Саудӣ, Аморати муттаҳидаи араб, Русия, Туркманистон, Қазоқистон ва Арманистон ширкат варзида, Тоҷикистонро дар сатҳи шоиста муаррифӣ кардааст. 

Тозагул Самадова гирандаи гранти президентӣ ва раиси вилояти Хатлон мебошад, ки бо ҳамаи ин дастовардҳояш қаноат накарда, дар оянда азм дорад, ки корхонаашро васеъ карда, ба духти сару либоси мактабӣ бо нархи арзону дастрас даст ба кор шавад. Айни ҳол, ташкилоти ҷамъиятии ӯ нисбат ба дигар корхонаҳои дӯзандагӣ либосҳои мактабиро бо арзиши аз 60 то 150 сомонӣ пешниҳод намудааст, ки он ҳам пурра аз маътои пахтагӣ иборат буда, сифаташ низ хуб аст.

Ин боргоҳи ҳунар макони дӯстдоштаи сайёҳони дохиливу хориҷӣ низ гаштааст, ки дар он сайёҳон дар як вақт метавонанд хӯрокҳои миллиро тановул намоянд, ё маҳсули дасти ҳунармандони ин боргоҳи ҳунарро тамошо кунанд ва агар ин ё он маҳсули ҳунармандон писандашон омад метавонанд онро барои худ харидорӣ намоянд.  

 

Фарҳанг

Ноҳия шуъбаи фарҳанг, 1 адад Боғи фарҳангӣ-истироҳатӣ, 1 адад Филармонияи халқӣ, 31 китобхона (дорои 129 ҳазору 376 нусха китоб), 1 мактаби мусиқӣ, 8 кохи фарҳанг ва гуруҳи хидматрасонии ҳунарии назди шуъбаи фарҳанг дорад. Дар умум дар бахшҳои гуногуни соҳаи фарҳанги ноҳияи Кӯшониён 168 коргар кор мекунанд.

Рӯзномаи ноҳиявӣ- «Кӯшониён» (аз соли 1931 нашр мешавад). Ин нашрия қаблан «Байрақи дӯстӣ ва дар солҳои истиқлолият «Бохтар» ном дошт. Алҳол сардабирии нашрияи «Кӯшониён»-ро Фарҳод Маҳмудов бар дӯш дорад.

 

Бибигул ИЗЗАТУЛЛОЗОДА,

Замира НИЁЗОВА

Тағйироти охир Шанбе, 06 Октябр 2018 11:56
Хонданд 121
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Декабрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.