.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Минтақа

Шумо дар Минтақа

Шаҳритӯс: аз Хоҷа Машҳад то Хоҷа Дурбод

Сен 29, 2018 Хонданд: 176
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Шаҳритӯс: аз Хоҷа Машҳад то Хоҷа Дурбод

Ноҳияи Шаҳритӯc соли 1930 ташкил шудааст. Масоҳати ноҳия 1500 км. квадратӣ буда, ба 1-уми январи соли 2018 дар ноҳия 123,8 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Зичии аҳолӣ дар 1 км кв. 82,5 нафар мебошад. Иқлими ноҳия хушк буда, ҳарорат дар тобистон то +48 С 0 дараҷа гарм ва дар зимистон -10 С 0 дараҷа хунук мешавад.

Ноҳияи Шаҳритӯc бо ноҳияи Қубодиёну Носири Хисрав ҳамсоя ва дар ҷанубу ғарб бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ӯзбекистон ҳаммарз мебошад.

Ин ноҳия 29 августи соли 1930 дар бахше аз вилояти Сталинобод дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта ва 7 январи соли 1944 бахше аз вилояти Қӯрғонтеппа шуд.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Шаҳритӯс аст, ки дар канори рӯди Кофарниҳон, шохоби рости рӯди Панҷ ҷойгир шудааст. 

Масофа аз маркази ноҳия то шаҳри Душанбе 182 км, то шаҳри Бохтар 112 км аст.

Дар ноҳия 5 ҷамоати деҳот, 1 ҷамоати  шаҳрак (ҷамоати шаҳраки Шаҳритӯс ва ҷамоати деҳоти Обшорон, Пахтаобод, Талбак Садриддинов, Худойназар Холматов ва Ҷӯра Назаров), 9 корхонаи саноатӣ, аз он ҷумла 4 корхонаи хурди саноатӣ, 1 ташкилоти сохтмонӣ, 2 муассисаи нақлиётӣ, ҷамъияти «Матлубот», корхонаи коммуналӣ ва 2114 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) фаъолият менамояд.

Дар ноҳияи Шаҳритӯс 26517 нафар хонанда дар 54 мактаби маълумоти умумӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 1610 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд. 

Хизматрасонии тиббиро дар ноҳия 132 нафар табибон ва 450 нафар мутахассисони миёнаи тиббӣ ба уҳда доранд. Дар ноҳия муолиҷахонаҳои тиббӣ 6 адад, ва шумораи доягон 110 нафар буда, шумораи катҳои беморхонаҳо 450 адад мебошад. Ба аҳолӣ дар ноҳия 34 адад бунгоҳхои тиббӣ ва дар деҳот 10 адад ва 12 адад муассисаҳои ёрии аввалияи тиббии санитарӣ фаъолият менамоянд.

Муассисаҳои маданӣ-маърифатии шуъбаи фарҳангии ноҳия хизмат  мерасонад, аз он ҷумла: 1 қасри фарҳанг, 13 китобхона, фонди умумии китобхонаҳо - 86043 нусха, муассисаи фарҳангӣ-13, 1 мактаби мусиқӣ, 5 адад клубҳо. 

Дар ноҳия 8172 нафар нафақагирон зиндагӣ менамоянд.

Аз соли 2017 Оймаҳмадзода Рамазон Алихон ба ҳайси раиси ноҳияи Шаҳритӯс кор мекунад.

 

Шаҳритӯс дар аҳди қадим

Ниёгони маҳал дар дараи рӯди Кофарниҳон аз нимаи дувуми ҳазораи I пеш аз милод маскун буда ва шабакаи густардаи обёрӣ падид оварда будаанд. Киштзори каронаи рости ин рӯдро ҷӯйе обёрӣ мекардааст, ки саргаҳаш 18 км шимолтар аз шаҳраки Қубодиён ҷой дошта аст. Як ҷӯи дигар киштзори каронаи чапи рӯдро обёрӣ мекардааст. Дар сарзамини Шаҳритӯс осори бисёре аз гаҳи бостон ва садаҳои миёна бозмонда аст. Аз осори садаҳои миёна дар ин сарзамин ёдгориҳои Хоҷа Машҳад (асрҳои XI-XII), Мақбараи Хоҷа Дурбод (асрҳои XI- XII), ёдгории таърихӣ - табии Чилучорчашма ва Тиллоҳалоҷӣ аст. Сарзамини кунунии ноҳияи Шаҳритӯс дар садаҳои миёна бахше аз Қубодиён ва вилояти торихии Хутталон буд. Пас аз инқилоби Бухоро (соли 1920) ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар соли 1924 Шаҳритӯс бахше аз вилояти Сталинобод ва дертар вилояти Қӯрғонтеппа гардид.

 

Номгузории Шаҳритӯс

Бино бар ривояте, Шаҳритӯсро паҳлавони ҳамосӣ ва бостонӣ Тӯс писари Нӯзар бунёд гузошта аст.

 

Хоҷа Машҳад нишонае аз ниёгони тамаддунофари тоҷикон

Асрҳои 9-10 даврони тиллоии тамаддуну фарҳанги миллати мо ба ҳисоб меравад. Таърих гувоҳ аст, ки маҳз ба шарофати сулолаи Сомониён бахусус бо роҳбарии марди ботадбиру шуҷоатпешаю бохирад Шоҳ Исмоили Сомонӣ давлати паҳновару муқтадири тоҷикон арзи ҳастӣ намуда, баробари инкишофи иқтисодиёту ривоҷи савдо бо мамолики хориҷӣ барои илму фарҳанги тоҷик низ заминаи мусоид муҳайё гардид.

Дар он айём мадрасаҳо аз бузургтарин макони илм ба ҳисоб рафта, барои табияву таълим ва ба ҳадди камолот расонидани гузаштагони мо мусоидат менамуданд. Тибқи нишондоди китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва сарчашмаҳои дигари таърихӣ меъморону бинокорони асрҳои 9-11 санъати меъмории суғдиҳо ва бохтариҳоро бо санъати меъмории марказҳои хилофат омезиш дода, биноҳои бошукуҳ месохтанд. Ба шаҳодати муаррих Наршахӣ нахустин мадраса дар Бухоро пайдо шуда, дар солҳои 937-938 аз сӯхтор нобуд шудааст. Дар аҳди Сомониён дар Самарқанд 17 мадраса амал мекардааст.

Мадрасаҳо дар асрҳои 9-10 ва қарнҳои минбаъда маркази воқеию асосии таълим ба ҳисоб рафта, баробари таълими илмҳои динӣ, мантиқ, калом, баён, забони арабӣ, таърих, илми тиб, ҳикмат, риёзиёт (математика), ситорашиносӣ табииёту фалсафа ҳам омӯзонида мешуданд.

Аз мутолиаи маъхазҳои мавҷуда бармеояд, ки мадрасаю ёдгориҳои меъморӣ дар шаҳракҳои музофот низ сохтаю мавриди истифода қарор дода мешуданд. Дар сохтмони ин гуна биноҳо ҳунармандону деҳқонон бе музд маҷбурӣ кор фармуда мешуданд. Чунончи, дар вилояти Хутталиён, ки марказаш Ҳулбук буд, 20 мадраса мавҷуд будааст. Тибқи маълумоти ЭСТ (ҷ.4) ва ЭАСТ (ҷ.2) алҳол ёдгориҳои меъмории асрҳои 11-12 бештар дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзодаву Исфара, Шаҳритӯcу Ашт мавҷуд буда, ҳифзу нигоҳдории онҳоро Вазорати фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад. Онҳо ёдгории зиндаю нишони гӯёи халқи фарҳангофару тамаддунсози тоҷиканд.

Мадрасаи Хоҷа Машҳад ва сайри таърихии он

Хоҷа Машҳад аз ниёгон ёдгори ҷовидон,

Шуҳрату шон, номи неку обрӯйи тоҷикон.

«Мадрасаи Хоҷа Машҳад ҳамчун мадрасаи калонтарини Осиёи Миёна аҳамияти таърихӣ дорад ва аз маркази илму маданият будани Қубодиёни қадим шаҳодат медиҳад».- нигоштааст шарқшинос, муаррих ва бостоншиноси маъруфи рус Алесандр Маркович Беленитский дар «Мавзолей у селения Саят» ном матлабаш. Дар воқеъ чун ба мадрасаи Хоҷа Машҳад аз наздик ошноӣ пайдо мекунед, аз ҳунари волои ниёгони гулдасту мумтозамон дар дил эҳсоси ифтихор  менамоед. Бино ба қайду таъкиди муҳаққиқон доир ба ин ёдгории беназири таърихӣ то асри 19 ягон маъхази хаттӣ пайдо нашудааст.

Нахустин маротиба соли 1894 узви Ситод ё худ Штаби генералии Русияи подшоҳӣ, афсари рус Лиментак дар ёддоштҳо ё худ ҳисоботи иктишофиаш нисбати бекигариҳои Бухоро қайд намудааст, ки дар деҳаи Сайёд ёдгории қадимии хуштарҳе мавҷуд аст, ки барои сокинони атрофаш ҳамчун оромгоҳ ва масҷид хизмат мекунад.

Ёдгории таърихии Хоҷа Машҳад аз нимаи дуюми асри гузашта, аниқтараш аз он айёме, ки фарзанди фарзонаи миллат Бобоҷон Ғафуров ҳамчун роҳбари ҷумҳурӣ ба фаъолият шуруъ кард, мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт.  

 

Имрӯзу фардои мадрасаи Хоҷа Машҳад

Давлатмардони кишвар бо фарорасии сулҳу суббот дар кишвар аз сари нав ба соҳаи фарҳанг таваҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Нахуст  чорабиниҳои бузурги фарҳангию илмию адабиро ба нақша гирифта, барои баргузории онҳо дар қатори ҳамватанони соҳибном шахсиятҳои шинохтаю маъруф ва масъулони давлату созмонҳон бонуфузу ҳамсудро ҳам ҷалб карданд. Чунончи дар тантанаи ҷашни 1000-солагии шоир ва мутафаккири бузурги халқи тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳайати вижае ширкат варзида, ҳамзамон аз ҷониби сафорати ҶИЭ дар Тоҷикистон барои таъмиру тармими мадрасаи Хоҷа Машҳад ба маблағи 5 ҳазор доллар маблағи грантӣ пешкаш гардид.

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз соли 2005 то соли 2009 дар асоси ду лоиҳа барои таъмиру ободонии мадрасаи Хоҷа Машҳад 116370 доллари амрикоӣ маблағ ҷудо кардааст. Маблағи мазкур барои тоза кардани 5 км заҳбури обпарто ҷиҳати паст кардани обҳои зеризаминии атрофи мақбара, бо таҳпояи бетонӣ мустаҳкам кардани таҳкурсии мадраса, кӯчонидани қабрҳои баъдина аз масҷиди мадраса ба бинои шафати он , ҷалби устоҳо ва сохтани хумдонҳои хиштпазӣ, харидории маводи сӯхт, истеҳсоли хишти қадима, тармими пурраи мадраса бо он хиштҳо ва амсоли ин масраф шудааст. Сафири вақти ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 июли соли 2010 зимни қабули ботантанаи ёдгории таърихии Хоҷа Машҳад изҳор доштааст, ки минбаъд ҳам ҷиҳати тармиму эҳёи осори ниёгон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба мадад мерасонад. 

Бешубҳа, ободу маъмур ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтани чунин ёдгории фарҳангӣ имкон медиҳад, ки нафарони зиёд шуғли доимӣ пайдо карда, барои тарғибу муаррифии мероси нодири ниёгон саҳми боарзиш гузоранд. Илова ба ин амали мазкур ба рушди соҳаи саёҳат дар минтақа ва ҷумҳурӣ мусоидат намуда, буҷаи ноҳия ғанӣ гардида, бешак шароити зиндагию рӯзгори ҳамдиёрон рӯ ба беҳбудӣ меорад.

 

Мақбараи Хоҷа Дурбод

Мақбараи Хоҷа Дурбод дар ҳудуди деҳаи Хоҷа Дурбоди ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритӯс ҷойгир аст. Иморати он аз хишти пухта сохта шудааст. Асоси иморат мураббаъ буда, намоҳои на чандон баланди он бо усули тоқдартоқ ва нижвон зиннат ёфтааст. Ин тарзи ороиш (аз хиштҳои майдаи 22х22 сантиметрӣ чида шуда), намунаи нодир аст. Дар болои асос ҳашттарки се тарафаш даричадор устувор аст, ки хиштҳояш андармиён ба таври амудиву уфуқӣ чида шудаанд. Бандубасташ ғайриоддист. Бо вуҷуди аз берун мураббаъ будани асосаш девори дохили он ҳаштпаҳлуст ва ин шакл дар санъати меъмории Осиёи Миёна ҳамто надорад.

Дар девори дигар паҳлуҳо (ба ғайр аз он ки даромадгоҳ гузоштаанд) тоқчаҳои росткунҷаи на чандон чуқур ҷой дода шудаанд, ки заминашон бо ранги сурх гулпарто гардидааст.

Мақбараи Хоҷа Дурбод аз дигар ёдгориҳо ба шарафаҳои ғайриодии худ фарқ мекунад. Аз тарафи шимол пештоқи калоне гузоштанд, ки қисми зиёди наморо ишғол кардааст. Бурҷҳои он бо тоқчаҳои ороишӣ зиннат ёфтаанд. Як қисми гунбазаш хароб шудааст. Мақбараи Хоҷа Дурбод хеле зебост.

Истифодаи усулҳои меъмории ғайриоддӣ, ки хусусиятҳои хоси санъати бинокории маҳаллиро инъикос кардааст, қимати таърихиву бадеии онро зиёд намудааст.

 

Мақбараи Хоҷа Сарбоз

Мақбараи Хоҷа Сарбоз ёдгории меъмории асрҳои 11-12 деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритӯс ҷойгир аст. Ба типи мақбараҳои мутамарказ мансуб аст. Асоси Мақбараи Хоҷа Сарбоз мураккаб буда, пойдевораш похсагӣ мебошад ва худаш аз хишти хом сохта шудааст. Байни намоҳои он бо тоқҳои росткунҷаи на чандон чуқур оро ёфтаанд. Дар болои асос ҳашттарки ҳар паҳлуяш даричадор барқарор аст.

Гунбази мақбара хароб гаштааст. Диаметри он 7,5 м. яке аз калонтарин гунбазҳои аз хишти хом сохташудаи Осиёи Миёна мебошад. Аз тарафи шимол даромадгоҳи оддӣ дорад. Дохили бино аз ҳисоби равоқ тоқҳои хурд васеъ шудааст. Қисми болоии тоқҳо бо шакли ғайриоддии зинамонанд, ки дар боло торафт тангтар мешавад, фарқ мекунад.

Мақбараи Хоҷа Сарбоз бо вуҷуди пурра маҳфуз намонданаш ганҷинаи нодири таърихӣ ва бадеии санъати меъморӣ ба шумор меравад. Умед аст, ки дар ояндаи наздик он дар шакли аввалааш барқарор мешавад.

 

Мақбараи Тилло Ҳаллоҷӣ

Мақбараи Тилло Ҳаллоҷӣ ёдгории меъмории асрҳои 11-12 дар деҳаи Айвоҷи ноҳияи Шаҳритӯс мебошад. Аз хишти хом сохта шудааст. Андозааш аз берун 10,5 метр, аз дурун 6,9 метр мебошад. Мақбараи Тилло Ҳаллоҷӣ аз рӯи сохт маъбадҳои оташпарастони пешазисломии Осиёи Миёна - «Чортоқ»-ро ба хотир меорад. Фарқаш дар ҳамин аст, ки Мақбараи Тилло Ҳаллоҷӣ танҳо аз се тараф даромадгоҳ дорад ва тарафи чорум (шимолӣ) гарчанде дар шакли даромадгоҳ бошад ҳам, дар асл маҳкам аст.

Сохти даромадгоҳҳо хеле ҷолиб буда, мувофиқи усули меъмории асрҳои 11-12 сохта шудаанд: тоқҳои пайконии зебо дар тоқҳои росткунҷаи чуқур ҷойгир шудаанд (бо усули тоқ дар тоқ).

Асоси бино чоркунҷа буда, дар болои ҳашттарк (чор тарки дигар аз ҳисоби чор тоқи болои кунҷҳои девори асосӣ ба вуҷуд омадаанд) барқарор аст. Гунбази мақбара хароб гаштааст. Мақбараи Тилло Ҳаллоҷӣ аз намунаҳои нодири бинои қадимаи аз хишти хом сохта шуда аст.

Хонданд 176
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Декабрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.