.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Минтақа

Шумо дар Минтақа

Айнӣ: Куҳистони муъҷизаофар

Сен 08, 2018 Хонданд: 338
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Айнӣ: Куҳистони муъҷизаофар

Ноҳияи Айнӣ 23 ноябри соли 1930 ташкил ёфтааст. Ноҳияи Айнӣ дар водии Зарафшон ҷойгир буда, дар шимол бо вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон, ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд, дар шимолу шарқ бо ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ), дар шарқ бо ноҳияи Масчои Куҳӣ ва Рашт, дар ғарб бо шаҳри Панҷакент ва дар ҷануб бо шаҳру ноҳияҳои Шаҳринав, Ҳисор, Варзоб, Ваҳдат ва дар ҷанубу ғарб бо вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон ҳаммарз аст. 

Маркази ноҳия - шаҳраки Айнӣ буда, беш аз 12.000 аҳолӣ дорад. Шаҳраки Айнӣ дар 177 км. ҷанубтари Хуҷанд ва 140 км. шимолтари шаҳри Душанбе қарор гирифтааст. Аҳолии ноҳия соли 2015 - 76 ҳазору 900 нафарро ташкил медод. Дар ноҳияи Айнӣ ҷамоатҳои деҳоти Айнӣ, Анзоб, Дар-Дар, Зарафшон, Рарз, Урметан, Фондарё ва Шамтуч мавҷуд аст.

Аз 3 январи соли 2013 Неъматулло Раҳматуллозода дар мансаби раиси ноҳияи Айнӣ кор мекунад.

 

Фалғар

То миёнаҳои асри XIX дар ҳудуди ноҳия бекигарии Фалғари аморати Бухоро амал мекард. Баъди тақсимоти миллӣ-маҳаллӣ дар Осиёи Миёна ва таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Фалғар 23.11.1930 ба ҳайси ноҳияи мустақил ба округи Панҷакент шомил ва аз октябри соли 1939 ноҳияи Фалғар ба ҳайати вилояти навтаъсиси Ленинобод ҳамроҳ карда шуд. Соли 1978 бошад бо қарори Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон н.Фалғар ба н.Айнӣ тағйири ном кард. 

 

Табиати дилфиребу зебои ноҳияи Айнӣ

 

Фон

Фон (Куҳҳои Фон), куҳсорест дар байни қаторкуҳҳои Зарафшону Ҳисор, дар ҳудуди ноҳияҳои Панҷакенту Айнӣ. Аз водии дарёҳои Арчамайдону Киштӯд (дар ғарб) то водии дарёҳои Искандару Фон (дар шарқ) ба масофаи 45-50 км тӯл кашидааст. Куҳҳо асосан аз оҳаксанг, варақсанг, алевролит ва регсанг таркиб ёфтаанд, ки синнашон ба давраҳои силуру девон мансубанд.

Табиати дилфиреб, хосса шаху кухсорон ва кӯлу дарёчаҳои шӯхи ноҳияи Айниро наметавон бе истифодаи такрор ба такрор аз вожаҳои «беназир» ва «беҳамто» тавсиф кард. Куҳҳои ноҳияи Айнӣ дар баробари дигар навоҳии Тоҷикистон макони канданиҳои фоиданоки кишвар аст. Аксар сарватҳои зеризаминиро метавон аз ин макон дарёфт кард.

Мавзеи кӯли Аловуддин ҳамчун марвориди беназир дар иҳотаи куҳҳои Фон, маҳалли дилписанди сайёҳон аз саросари ҷаҳон аст. Дар ин мавзеъ қуллаҳои баланди Чимтарға (5489 метр), Бодхона (5138 метр), Чапдара (5050 метр) ва ғайра ҷойгир аст. Ҳамаи ин макони Афсонавӣ дар водии Зарафшон-ноҳияи Айнӣ қарор дорад. Ҳар як хоҳишманд хоҳ сайёҳи дохилӣ бошад ё хориҷӣ бо харҷи маблағи кам метавонад, ба дидани ин маконҳои афсонавӣ, назаррабо ва дилфиреб мушарраф гардад. Дар мавзеи куҳҳои Фон бошишгоҳ барои сайёҳон амал мекунад, ки хоҳишмандони варзиши куҳнавардӣ метавонанд аз он истифода баранд.

 

Фондарё

Фондарё - яке аз дарёҳои Тоҷикистон, ки шохоби тарафи чапи дарёи Зарафшон аст, 24 километр дарозӣ, масоҳати ҳавзаи ҷоришавӣ 3230 км², ва хуруҷи об - 62,6 м³/с. мебошад.

58 дарсади оби худро аз ҳисоби шохоби асосиаш, дарёи Яғноб, ки аз пиряхҳои қаторкуҳи Зарафшон об шуда меояд, ва 30 дарсадаш аз Искандардарё, ки аввали худро аз Искандаркӯл мегирад, ба Фондарьё мерезад.

Ин дарё дар назди шаҳраки Зарафшон - дарёи Яғноб бо Искандардарё якҷоя шуда, Фондарё ном мегирад ва 2 километр то шаҳраки Айнӣ норасида бо дарёи Зарафшон якҷоя мешаванд.

Дарозии Фондарё бо дарёи Яғноб, ҳамагӣ 140 километрро ташкил медиҳад. Бо хати дарё, роҳи автомобилгарди Душанбе - Самарқанд - Тошканд мегузарад.

 

Искандаркӯл 

Искандаркӯл - яке кӯлҳои зебои Тоҷикистон мебошад. Искандаркӯл дар баландии 2195-2200 метр (аз сатҳи баҳр) мавқеъ дорад: аз 86-72 метр жарфӣ, 3,2 км дарозӣ, 1,5 км паҳноӣ ва 14,5 км доира дорад. Гармии об + 11,5 то +180, зимистон ях мекунад.

Пайдоиш ва ташаккулёбии Искандаркӯлро коршиносони соҳаи геология дар рӯй додани ҷараёнҳои дохилии замин, мавҷҳои палеосейсмикии 8-9 балла, зарбаҳои зеризаминӣ (таркишҳо) ва экзогенӣ лағжиш (ярч) ва селу селравиҳо, фурӯғалтҳо аз ҳисоби боришоти аз меъёр зиёд, обҳои зеризаминӣ, ки дар давру замонҳои гузаштаи геологӣ ҷой доштанд ба атроф паҳн гардида чун «оташ ба бензин» сабаби асосӣ мебошад, медонанд.

 

Искандаркӯл: ривоят ва ҳақиқат

Дар табиати хушманзараи водии Зарафшон (Айнӣ, Масчо, Панҷакент) гӯшаҳое дучор меояд, ки офаридаҳои ғайримуқаррарӣ дошта дар бахшашон васф намуда, ривояту афсонаҳо эҷод кардаанд.

Искандаркӯлро аксарият бо ному насаби истилогари юнонӣ Александри Мақдунӣ (Искандари Мақдунӣ 356 356 п.м.-323 п.м.) вобаста мекунанд, ки соли 329 п.м. Осиёи Миёнаро забт кардааст.

Искандаркӯл якчанд номгӯйи дигар дошта дар рисолаи Ибни Фариғунӣ ё «Ҳудуд-ул-олам» (с.ваф. 893, муаллифаш номаълум) (Фалғар, Парғар)-ро Бутамони Миёна номида, Искандаркӯли имрӯзаро Дарёжа чун андаруни вай нишон додаст. Дар миёнаҳои асри XVIII дар асари «Нақшаи роҳи обӣ», «Харитаи генералии империяи Русия» (1776) ва «Харитаи Осиё» (с.1795) К.Ф.Бутёнов муҳандис-афсари рус Искандаркӯлро чун «Таран» (дар амалиётҳои ҳарбӣ ва вазъияти муҳосира) акс кардаст. Ин номгӯй ба ҳақиқат рост намеояд, чунки дар забони суғдӣ «искӣ» маънои баландӣ, «дар» - маҳалла, макону дараро мефаҳмонад. Искандаркӯл ҳам, дар баландии 2195-2200 метр (аз сатҳи баҳр) мавқеъ дорад, онро дар қадим кӯли «искотар» ё «искодар» меномиданд. Дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон деҳаҳои Искодар, Дардар, Искондарак, Исковати водии Зарафшон, Вискроғ, Виҷиск, Искад, Ванҷ, Искадари Кӯлоб, Сикати Боло, Сикати Пойини Вахё, Искандараки ш.Душанбе дар баландиҳо ҷойгиранд ва аз эҳтимол дур нест, ки нимҷазираи Скандинавия аз истилоҳи суғдӣ шояд «куҳҳои баланд»-ро мефаҳмонад.

Гарчанде «искодар» ва «искотар» бо истилоҳи «таран» мафҳуми гуногун дошта бошад ҳам, мавқеъ ва маҳаллаи баландро ифода мекунанд. Вожаҳои «искодар» ва «искотар» ҳамрешаанд ва шаклҳои тағйирёфтаи Искандар маҳсуб меёбанд. Оид ба ин масъала ховаршинос Василий Владимирович Бартолд ба хулосае омадаст, ки Искандаркӯл дар интиҳои асри XVII номи ҳозираашро гирифтааст. Ҳамин тавр, бо мурури вақт ва таҳаввул ёфтани истилоҳоти қадимаи суғдӣ, топонимҳо аз «қӯл» ба кӯл, аз «искотар» ба Искандар ва дар охир ба истилоҳи таҳрирёфтаи Искандаркӯл гузаштааст, ки ба ҳақиқат рост меояд.

 

Фарҳанг

Дар ноҳияи Айнӣ зиёда аз 70 муассисаи фарҳангӣ ва таърихи амал мекунанд, аз ҷумла: 1 адад Қасри фарҳанг, 1 адад осорхона, 1 адад Маҷмаи таърихию фарҳангии Нақибхони Туғрали Аҳрорӣ, 3 адад хонаҳои фарҳанг, 36 адад китобхона, 26 адад клубҳо, 2 адад мактаби мусиқӣ ва 2 адад толори кино.

 

Нақлиёт

Дарозии умумии роҳҳои ноҳияи Айнӣ, ки аҳамияти ҷумҳуриявӣ дорад зиёда аз 160,5 километрро ташкил медиҳад. Аз ҳудуди ноҳия тавассути шоҳроҳи Айнӣ-Хуҷанд ва Душанбе-Айнӣ-Панҷакент-Самарқанд ба шимоли Тоҷикистон ва вилояти Самарқанд рафтан имкон дорад. Соли 2015 бо сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ роҳи Айнӣ-Панҷакент-Самарқанд аз таъмири капиталӣ бароварда шуд. Дар ноҳияи Айнӣ нақлиёт воситаи асосии ҳамлу нақли одамон ва бор маҳсуб меёбад. Ноҳияи Айнӣ фурудгоҳи хурд низ дорад, ки тавассути он бо чархболу ҳавопаймоҳои хурдҳаҷм мусофирону борро интиқол додан мумкин аст.

 

Саноат ва энергетика

Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Айнӣ 8-то мебошад, аз ҷумла:              

КМ «Анзоб», Шахта «Фон-Яғ ноб», ҶДММ «Талко Ресурс», ҶДММ «Зеробод», ҶДММ «Мустафо 2013», ҶДММ «Ширкати металлурги Анзоб», ҶДММ «Шамтуч» ва ҶДММ «Комбинати Металлургии тоҷик».                                                            

Шумораи коргарону хизматчиёни корхонаҳои номбаршуда 13779 нафарро ташкил медиҳад.

 

Туғрали ширинсухан  

Муҳаммад Нақибхон ибни Бобохони Аҳрорӣ, мулаққаб ба Туғрал яке   аз суханварони бомаҳорати охири асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ ба шумор меравад. Ӯ шоири табиатан ба худ хосе буда, ҳаёти хеле аҷиб ба   сар бурдааст.

Ӯ аз авлодони охирини Хоҷа Аҳрори асри ХIV будааст, ки дар номи    падари ӯ мақсади «Аҳрорӣ» ишора ба ҳамон силсилаи авлодӣ мебошад. Туғрал дар оилаи Бобохон дар деҳаи Зосуни Фалғар таваллуд ёфтааст. Таваллудаш 26 марти соли 1865 мебошад. Овони кӯдакӣ ва наврасии Нақибхон дар ватанаш Фалғар бевосита дар саробонии падар ва баъдҳо бародарони ӯ Мансурхон, Тӯрахон, Акобирхон ва Ҳамзахон гузаштааст. Таҳсили эшон дар Самарқанд ва Бухоро гузаштааст.                        

Туғрал дар солҳои камолоти эчоди, аксар вакти худро дар Самарканд дар яке аз ҳуҷраҳои мадрасаи Тиллокории ин шаҳр гузаронида аз рӯзи аввали таҳсилаш сар карда то соли 1914 истиқоматгоҳи ӯ будааст. Аммо дар ин мобайн ба зодгоҳи худ рафту омад карданро низ тарк накардааст.     

Ҳамнишинону ошноёни шоир ва нақлу ривоятҳои мардум хислатҳои    аҷибу воҷиби ӯро қисса мекунанд. 

Туғрал аз соли 1919 ба хидмати Ҳукумати Шӯроӣ даромада, раиси комитети обу замини кенти Фалғар шуда кор мекард. 

Ҳамроҳи аскарони инқилобӣ ба муқобили босмачиён мубориза мебурд.   Ин шоири бориксанҷ дар натиҷаи туҳмати аксуламал 28 июни соли 1919   дар мавзеи Боги Шамоли зодгоҳаш дар соҳили дарёи Зарафшон ба қатл  расонида мешавад.

Дар давоми солиёни зиёд шоирон ба Бедил  пайравӣ кардаанд. Лек Туғрал ягона касест, ки дар пайравии ин нобиғаи бузург на кӯр-кӯрона,   балки мақсаднок шеъри дилчасп эҷод намудааст. 

Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ шабеҳи шохоби пурталотуме ба маҷрои     умумии адабиёти охири асри Х1Х ва аввалхои асри ХХ дарпайваста, бо   ҳунари волои сухангустарӣ ва хислатҳои ҳамидаи инсониаш диққати   аҳли илму адаби замонаро то кунун ба худ кашидааст    .

Барҳақ аст, ки вай чун шоири ширинкалом дар байни мардум шуҳрати   беандоза дошта, нақши худро дар адабиёти бойи классикиамон ҳамчун донишманд, нависанда, хаттот шоири ба дилу дидаи мардум наздик гузоштааст. Туғрал каси маърифатпарвару илмдӯст, олиҳиммату қаноатпеша накӯкирдору мулоҳизакор қавихотиру ҳозирҷавоб буд. Беҳуда нест, ки то имрӯз ашъори дилангезу руҳпарвари Туғрал шарики ғаму шодии мардуми тоҷик гардида, сазовори этибору интишори дӯстдорони каломи мавзун аст.

Нақибхон соҳиби қудрати баланду суханофаринӣ ва устоди комили   насри бадеъ буд. Вай марди пешқадами замон, аз хурофотпарастиву   миллатгароӣ худро канор мекашид. Офаридаҳояш ҷаззобу дилкаш ва   равону пурмазмунанд. ӯ захираву нозукиҳои забони ҳазорсолаи модарии худ- форсии тоҷикиро ба дараҷаи воло медонист. Бо хондани эҷодиёти ӯ, шакарин ва ширингуфтории лаҳни ин шоири нозукбаёнро ҳар яке мо бо осонӣ эҳсос мекунем.

 

Саид САИДОВ

Тағйироти охир Шанбе, 08 Сентябр 2018 10:54
Хонданд 338
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

1 Назар

  • ИСКАНДАР Паём аз ИСКАНДАР Якшанбе, 09 Сентябр 2018 18:16

    САЛОМ ХАФТАНОМАИ БОНУФУЗИ ФАРАЖ МАН МУХЛИСИ АШАДИИ ХАФТАНОМАИ ФАРАЖ ХАСТАМ АЗ ШУМО ЭХТИРОМОНА ХОХИШ МЕКУНАМ КИ АЗ ВАЗЪ КАРТОШКАПАРВАРИ ДАР НОХИЯИ АЙНИ ЧАМОАТИ ДЕХОТИИ РАРЗ БА МО ГУЗОРИШЕ ОМОДА КУНЕД ТО БИДОНЕМ ВАЗЪИ КАРТОШКАПАРВАРОНИ ИН ЧО ЧИ ГУНА АСТ ХАЙР САЛОМАТ БОШЕД

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.