.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Минтақа

Шумо дар Минтақа

Спитамен: Диёре, ки ёди таърихи миллат дорад…

Авг 18, 2018 Хонданд: 334
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Ноҳияи Спитамен 29 сентябри 1926 ҳамчун ноҳияи Нов дар округи Хуҷанд дар ҶШС  Тоҷикистон таъсис ёфтаааст. Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 21 ноябри соли 2003, таҳти №460 ба хотири гиромидошти Қаҳрамони халқи тоҷик Спитамен, ноҳияи Нов – Спитамен номгузорӣ гардид. Аз 25 феврали соли 2016 марди фарҳангиву кордон Акрам Сулаймонзода раиси ноҳияи Спитамен мебошад. Ободиҳои ахири ноҳияи замоне машҳури Нов (имрӯз Спитамен) маҳз таҳти роҳбарии ин марди фидоӣ сурат мегирад. 

Гуфтан ба маврид аст, ки Спитаман (порсии бостон: Spitamana, 370 то милод-328 то милод) шахси таърихӣ, сипаҳсолори суғдӣ ва раҳбари шӯриши суғдиён ва балхиён бар Искандар (Александр) дар соли 329 то милод буд. Таҳти раҳбарии Спитамен ва ёрии сакоҳо ин шӯришро яке аз муҳимтарин корзор дар ҷанг бо юнониён кард. Аммо сардорони сакоҳо бар Спитамен хиёнат карданд ва ӯро аз тарси Искандар дар соли 328 то милод куштанд. Аммо шӯриш ҳамчунон то соли 327 то милод идома ёфт. Духтари Спитамен-Апама- ҳамсари Селевк I Никатор, яке аз сипаҳсолорони Искандар ва бунёдгузори дудмони Селевкӣ, буд. Ноҳияи Спитамен яке аз минтақаҳои куҳанбунёд ва таърихии сарзамини тоҷикон буда, номи деҳаи калонтарини ноҳия-Куркатро қисме аз таърихнигорон бо номи Куруши Кабир ва истеҳкоми мудофиавии ӯ – Курушкада вобаста медонанд, ки имрӯз собиқ ҷамоати деҳоти Куркат номи Курушро дорад. Таърихнигорони юноние, ки Искандари Мақдуниро дар кишваркушоиҳои ӯ ҳамроҳӣ мекарданд, доир ба муҳорибаи шадид ва мудофиаи қалъаи Киропол, яъне Курушкада аз ҷониби сокинони шаҳр ва корнамоиву фидокориҳои бесобиқаи сарлашкари тавоно Спитамен ёдоварӣ намуда, сифатҳои наҷиби ватандӯстӣ ва истиқлолхоҳии мардуми ин марзу бумро зикр кардаанд.

Ноҳияи Спитамен-дар ҳудуди вилояти Суғд ва дар шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад. Маркази ноҳия шаҳраки Нов (Навкат) буда, 28 км ҷанубу ғарбтар аз шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Ноҳияи Спитамен дар масоҳати 355,7 км2 дар водии Фарғона қарор дорад. Дар шимол бо ноҳияи Масчо, дар шарқ бо ноҳияи Ҷ.Расулов, дар ғарб бо ноҳияи Деваштич ва шимолу ғарб бо ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ҳамсоя ва дар ҷануб бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон, дар шимол бо шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳаммарз аст. Маркази маъмурии ноҳия ҷамоати шаҳраки Нов (Навкат) ба шумор рафта, ҳамчунин дар ноҳия ҷамоатҳои деҳоти Турсун Ӯлҷабоев (собиқ Нов), Тағояк, Куруш (собиқ Куркат), Сарбанд (собиқ Қӯштегирмон), Истиқлол (собиқ Оқтеппа) ва Хуррамзамин (собиқ Фармонқӯрғон) мавҷуданд.

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 01январи соли 2018 шумораи умумии аҳолии ноҳияи Спитамен 137 ҳазору 12 нафарро ташкил медиҳад. 

Осорхонаи ноҳияи Спитамен

Айни ҳол дар ноҳия як осорхонаи ноҳиявии «Курушкада» фаъолият мебарад, ки дар осорхонаи мазкур зиёда аз 1790 адад ашё ва экспонатҳои таърихию фарҳангӣ маҳфуз дошта мешавад. 

Ҷойҳои истироҳатию табобатии Спитамен

Дар ноҳияи Спитамен ду истироҳатгоҳи ташхисию табобатӣ, аз ҷумла истироҳатгоҳи ташхисию табобатии «Ҷоми ҷаҳон» дар ҷамоати деҳоти Сарбанд ва истироҳатгоҳи «Абдумалик» дар ҷамоати деҳоти Истиқлол фаъолият менамояд. Ин ду табобатгоҳ тибқи талаботҳои ҳозиразамон сохта шуда, пурра бо техникаҳо ва воситаҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар табобатгоҳи мазкур тамоми имкониятҳо барои истироҳат ва табобат мавҷуд буда, духтурон ва мутахассисони пуртаҷриба фаъолият менамоянд.

Ёдгории таърихии “Қалъаи Ширин” 

Ёдгории таърихии «Қалъахона» дар деҳаи Озариёни ҷамоати деҳоти Тағояк ҷойгир буда, қалъаи мазкур аз тарафи Аштархониён амири Бухоро хамчун қалъа-посбонгоҳ асри 17 сохта шудааст, ки то имрӯз баъзе аз қисматҳои он дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳия Спитамен ҳамчун ёдгории таърихӣ ҳифз шудааст. 

Зиёратгоҳи «Лангар»

Дар ноҳия зиёратгоҳи «Лангар-ота» мавҷуд мебошад. Ёдгории таърихии «Лангар-ота» дар ҳудуди деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен, вилояти Суғд, дар дохили қабристони деҳа воқеъ аст. Мақбараи Лангар-ота ёдгории таърихиест, ки аҳамияти ҷумҳуриявӣ дорад. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ ҳар сол зиёда аз 150 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон ва зиёда аз 20 ҳазор нафар сайёҳони ҷумҳуриҳои ҳамсоя, алалхусус Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз зиёратгоҳи «Лангар-ота» дидан намуда, зиёрат мекунанд.

Дӯстии абадии халқҳои тоҷику ӯзбек

Дар радифи халқҳои дигар халқи ӯзбек яке аз халқҳое ба ҳисоб меравад, ки аз қадим то имрӯз бо халқи тоҷик дар ҳамсоягӣ ва дар як минтақа умр ба сар мебарад. Дӯстӣ ва ҳамкории халқҳои тоҷик ва ӯзбек таърихи деринае дорад. Асрҳост, ки ин халқҳо гоҳо дар як ҳудуди давлатӣ, гоҳо дар ҳамсоягӣ умр ба сар бурда, гармию сардиҳои ҳаётро бо ҳам дидаанд. Дар маҷмӯаи матни хатҳои суғдӣ ҳуҷҷатҳое ба назар мерасанд, ки дар хусуси ба муқобили истилогарони араб паҳлӯ ба паҳлӯ истода мубориза бурдани халқҳои Осиёи Миёна, махсусан халқҳои тоҷику ӯзбек маълумоти пурбаҳое медиҳанд. Чунончи, дар ҳуҷҷати А-14 маҷмӯаи матнҳои куҳи Муғ, ки дар он архиви ҳукмрони Панҷакент Деваштич гирд оварда шудааст, дар қатори ҳуҷҷатҳои хоҷагӣ, мактубҳои Деваштич ба ҳокимони вилоятҳои дигар, мактубу ахбороти сарварони дигар давлатҳо бо сафиронашон ба Деваштич дида мешавад. Деваштич дар чоряки якуми асри VI ба муқобили арабҳои ғоратгар мубориза бурданӣ шуда, намояндаи худ Фатуфаронро ба вилояти Чоч (ҳозира Тошкент) мефиристонанд, ки ӯ ба ҳокими Чоч подшоҳи Фарғона ва ҳукмрони Канд (ҳозира Конибодом) дар хусуси дар ин мубориза ӯро дастгирӣ карданашон маслиҳат кунанд. Фатуфарон ба Чоч меояд, ҳокими он ҷо ба ҳамкорӣ розӣ мешавад. Вай мактуби Деваштичро ба подшоҳи Фарғона, ки намояндаашон он вақт дар Чоч будааст, медиҳад. Азбаски роҳи бозгашти Фатуфарн ба воситаи Уструшан  (ҳозира Истаравшан) буд, ба он тараф равона мешавад, аммо дар роҳ хабардор мешавад, ки Уструшанро арабҳо ишғол кардаанд, бинобар ин ноилоҷ ба Чоч бармегардад. Ва аз он ҷо, ҳамаи ҳолу аҳволро ба Деваштич хабар дода, баъд ба Канд меравад. Ҳуҷҷати мазкур роҷеъ ба дӯстию ҳамкории халқҳои Осиёи Миёна ва алоқаи мустаҳками ҳукмронони вилоятҳои Панҷакент, Чоч, Канд ва Фарғона маълумоте муҳиме медиҳад. 

Таърих дар муборизаҳои шадид ба муқобили истилогарони хориҷӣ ва аҳли зулму ситам якҷоя ва якдилона амал намудани халқҳои ин сарзаминро борҳо қайд кардааст.

Бояд гуфт, ки равобити адабии ин халқҳо пеш аз ҳама дар адабиёти даҳонакии онҳо ба вуҷуд омадааст. Дар эҷодиёти даҳонакии ин халқҳо бисёр достон, афсона, тарона, зарбулмасал ва латифаҳое ҳастанд, ки аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ва образҳояшон бо ҳам хеле наздик ва муштараканд. Чунончи, образи Рустам ҳамчун ҳимоякунандаю паҳлавони наҷиб, образи манфии Заҳҳоки морон, ҷодугар кампири Мастон ва дигар қаҳрамонони афсонавӣ дар байни халқҳои Осиёи Миёна ва махсусан халқҳои тоҷику ӯзбек аз қадим маъруфу машҳур аст.

Аҳамияти сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 9-10 марти соли ҷорӣ сурат гирифт, барои ноҳияи Спитамен таъсири мусбии калон расонид. Бо ташаббуси бевоситаи Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ кушода шуданд, ки ин боиси боз ҳам мустаҳкам шудани муносибатҳо гардид. Ин аст, ки дар чорабинии Наврӯзии ноҳияи Спитамен ҳокими шаҳри Бекобод Файзуллоев Ҷаъфар Ҷаруллоевич ва дар чорабинии Наврӯзии шаҳри Бекобод раиси ноҳияи Спитамен Сулаймонзода Акрам Раҳим иштирок намуданд. Албатта ин иқдом дар оянда низ амалӣ хоҳад шуд. Қайд намудан ба маврид аст, ки санаи 01 марти соли равон гузаргоҳи наздисарҳадии «Ҳаштияк», ки ноҳияи Спитаменро бо шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон пайваст менамояд, бо иштироки бевоситаи намояндагони ҳар ду ҷониб мавриди кушодашавӣ қрор гирифт, ки то ҳол мардуми ноҳияи Спитамен ва дигар шаҳру ноҳияҳо бемамоният ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуда истодаанд.  

Усто Муллоҳодӣ ва Аслиддин Рофиевҳо

Дар деҳаи Янгиободи ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен мардони ҳунарманд ва хушкор хеле зиёданд. Онҳо бо ҳунари худ хизмати мардуми деҳа ва берун аз онро ба ҷо оварда, баъзеашон чун устои моҳир шинохта шуданд.

Ҳанӯз солҳои Шӯравӣ шодравон усто Мирзодавлат Рофиев ҳамчун устои моҳири дуредгарӣ ва наққошӣ дар ноҳия ном бароварда буд. Бо меҳнати ҳалол фарзандони худро ба воя расонида, ҳунари худро ба онҳо мерос гузошт. 

Ба гуфти фарзандон падарашон дар деҳаи Деҳҳавзи ноҳияи Куҳистони Масчо дар оилаи устои чирадаст Муллорофеъ ба дунё омада, баъдан пас аз солҳои 50-уми асри гузашта ба ноҳияи Нов, имрӯза Спитамен муҳоҷир гардида, ба мардум хизмати шоён намудааст. Имрӯзҳо фарзандони Муллоҳодӣ ва Аслиддин ва наберагону шогирдонаш давомдиҳандаи кори эшон мебошанд.

Мӯйсафедони деҳа аз ин марди поктинат ва нексиришт бо некӣ ёд мекунанд. Мегӯянд, ки гузаштагони ин оила ҳама ҳунарманд буданд ва дар бунёди тамоми хонаҳои мардуми деҳа саҳми худро гузоштаанд. Бобокалонашон Муллорофеъ низ усто гузашта ин ҳунарро ба фарзандаш Мирзодавлат омӯхтааст. Ғайр аз ин фарзандони ин оила ҳама инсонҳои ботамкин ва хушсухан мебошанд. Кореро ки ба зиммашон гирифтанд аз таҳти дил меҳнат карда, мекӯшанд, ки онро босифат анҷом диҳанд.

Чун фарзандони ин пири ҳунарманд аз ҳунари волои дуредагрӣ, сохтани дару тиреза, кат, биноҳои баландошёна, чамбаракҳои оҳанин ва дигар ҳунарҳо огоҳ мебошанд, мизоҷонашон моҳҳо навбат мепоянд, ки барои сохтмони хона ва дару тиреза ин устоҳоро киро намуда бошанд.

Усто Аслиддин фарзанди хурдии ин хонадон дар суҳбат ба мо иброз дошт, ки ин ҳунарро аз шодравон падараш омӯхтааст. 

«-Аз хурдсолӣ назди падарам меистодам ва ба ин касб дил додам. Ҳамаи нозукиҳоро аз падарам ва баъдан аз бародари калониам усто Муллоҳодӣ омӯхтам. Соли гузашта бо дастгирии раиси ноҳия соҳиби замин гардидам ва камар бастаам, ки дар деҳаи навбунёди минтақаи Андарсой як устохонаи дуредгарӣ бунёд намуда, шогирдонро тарбия намоям. Ҳамчунин дар ин устохона барои мардум дару тиреза ва дигар намуди ҳунарҳои кандакориро сохта пешкаш менамоям. Шукронаи замони тинҷу осуда дорам, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари биҳиштиамон тамоми шароитҳо барои кору зиндагӣ муҳайё мебошанд. Фақат моро мебояд, ки ин ҳама неъматҳои Худододро азиз дорем, тараннумгари ваҳдат, сулҳ, дустӣ бошем».  

Бонувони ҳунарманди Спитамен 

Ноҳияи Спитамен ноҳияи наздисарҳадӣ маҳсуб ёфта бо ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҳаммарз мебошад. Дар ноҳия зиёда аз 130 ҳазор аҳолӣ дӯстона зиндагӣ дошта, мардум аксаран бо кишту кор, чорводорӣ ва боғдориву ҳунармандӣ машғул мебошанд. Ҳамчунин дар ноҳия ҳунармандон хеле зиёданд. Аз ҷумлаи ҳунармандон бонувон низ ҳастанд, ки ба ҳунарҳои қадимӣ аз қабили сабадбофӣ, сандуқсозӣ, гаҳворасозӣ, зардӯзӣ, тоқидӯзӣ, адрасу атласбофӣ, ҷомадӯзӣ ва ғайра ҳунарҳо рӯзгор пеш мебаранд. 

Бинобар иттилои мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен Азиза Валиҷонова дар ноҳия 78 бонувони ҳунарманд ба қайд гирифта шудаанд, ки дар баргузории чорабиниҳои гуногун даъват гардида, аз ҷониби роҳбарияти ҳукумат бар онҳо пайваста мададу ғамхориҳо зоҳир карда мешавад. 

Бонуи ҳунарманд Муҳаббат Юлдошева дар маркази ноҳия, ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоев истиқомат мекунад ва дар ноҳия ягона бонуест, ки ба ҳунари сандуқсозӣ нони ҳалол пайдо карда, фарзандонро ба камол мерасонад. Ба гуфти ин бону ҳунарро ӯ бо тақозои ҳаёт аз шавҳараш Миряҳё омӯхтааст:

«Ман аслан дӯзанда ҳастам. Вақте ба ин оила арӯс шуда омадам, шавҳарам ба ин касб машғул буданд. Ман он касро мадад мекардам. Вале бо сабаби беморӣ шавҳарам дигар натавонистанд, ки ин ҳунарро давом диҳанд ва ин ҳунарро ба ман омӯзониданд ва инак зиёда аз 20 сол боз аз қафои ин ҳунар зиндагӣ пеш мебарам.»

Муҳаббатапа дар давоми суҳбаташ нақл карда, ки дар оилаи марди ҳунарманд ба дунё омадааст. Падараш Мазбут дуредгар буданд, ва ин касб авлодӣ мебошад. Шояд ҳамин сабаб гардида бошад, ки ин зани заҳматкаш ин ҳунарро бо тезӣ аз худ намудааст.

Дар идомаи суҳбати гарм Муҳаббат-апа аз он изҳори шодмонӣ намуд, ки бо талошу заҳмат ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунармандон аз пардохти ҳамаи намуди андозҳо озод карда шуданд ва ин қарори Пешвои миллат онҳоро дилгарм намуда, кӯшиш доранд, ки зиёдтар маҳсули дастони худро ба фурӯш бароранд.

Муҳаббат-апа чор фарзанди худро аз даромади ин касбаш хӯронидаву пӯшонида ва тӯю маъракаҳо анҷом додаст. Айни ҳол ҳамроҳаш се нафар шогирдонаш ба омӯхтани ин касб камари ҳиммат баста, ӯро мадад мекунанд.

Саид САИДОВ

Хонданд 334
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.