.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Минтақа

Босимбой Гадоев сокини ҷамоати Тоғояки ноҳияи Спитамен буда, соли шашум аст, ки дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор дорад. Ин мард ҳамагӣ 34 сол дошта, аз соли 2010 рӯ ба муҳоҷират овада, пас аз як соли дар Русия қарор доштан ба намозхонӣ шуруъ кардааст.

Ба гуфти хоҳари Босимбой, замоне, ки бародар оиладор шуд, ҳамсараш на намозхон буд ва на сатрбанд, аммо охирҳои соли 2010 Гадоев ҳамсарашро барои сатр гирифтан ва намоз хондан маҷбур кардааст.
- Бародарам дар оила ягона такягоҳ ва пушту паноҳи падару модар буд, вале аз соли 2011 аз ӯ на ном асту на нишон. Баъди се соли интизорӣ ва бемориҳои пай дар пай аз фироқи фарзанд аввал модарам, баъдан хоҳарбузургам ва ниҳоят, соле қабл падарам фавтиданд. Ҳар кадоме пеш аз марг ҳамагӣ як сухан доштанд: «Кош Босимбой пайдо шуда меомаду бо хотири ҷамъ мемурдем...»,- бо гиря нақл мекунад Мафтуна Гадоева, хоҳари кенҷагии Босимбой Гадоев.

Бесаводии динӣ
- 17 сол аст, ки дар ин масҷид вазифаи имомиро бар дӯш дорам. Ростӣ, солҳои 2010-2011 вазъият, яъне ба ҳизбу ҳаракатҳои мухталиф пайвастани ҷавонон хеле ташвишовар буд. Шукрона, ки имрӯз корҳои пешгирикунӣ ва фаҳмондадиҳии кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони маҳаллаву ҷамоатҳо ҷоннок аст ва сафи ҷавонон ва умуман сокинони ба ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ майлдошта кам ба назар мерасад. Омор ва мушоҳидаҳо нишон дода истодааст, ки солҳои охир шумораи ҷавонони роҳгум ба маротиб кам шудааст,- мегӯяд Узоқов Ҳусанбой, имомхатиби масҷиди панҷвақтаи “Имомҳусейн”-и ҷамоати деҳоти Тағояк.
- Ба масҷиди мо аксаран насли калонсол ва миёнасол меоянд, ҷавонон намозашонро дар хона мехонанд. Гоҳо рӯзҳои ҷумъа меоянду халос. Мо ҳар намози ҷумъа аввалан дар бораи моҳияти асосии оятҳои қуръонӣ ва мақсади асосии ин китоби муқаддас таъкидҳо мекунем. Зеро имрӯз бархе аз ҷавонони роҳгумзада динро нодуруст омӯхта, бо тафаккури танги динӣ ҳам ҳаёти худро зери хавф мемонанду ҳам ҳаёти оилаашонро. Аз ин рӯ, яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз пайвастан ба ҳизбу ҳаркатҳои динӣ-экстремистӣ огоҳии дурусти динӣ ва баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ аст,-меафзояд ӯ.

Тағояк: 9 нафар дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ
- Аз соли 2010 то имрӯз аз ҷамоати мо 9 оила беному нишон гум шудааст ва нисбати ҳамаи онҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, дар кофтукови расмӣ қарор доранд. Вазъияти ҳамаи ин хонаводаҳо ба мо маълум, ҳамаи онҳо расман бекор буданд ва дар ҷамоат ба корҳои деҳқонӣ машғул мешуданд. Маҳз аз сабаби бекорӣ рӯ ба муҳоҷират оварда буданд. Бахусус 9 оилае, ки дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор доранд, ҳама аввал ба Русия рафта, баъдан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои хатарнок пайвастаанд. Оилаи Босимбой Гадоев низ яке аз оилаҳои осебпазир дар ҷамоат ба ҳисоб меравад, ки 6 сол боз ҳоли ташвишовар дорад. Илова бар он, ки Босимбой - ягона ноновари оила бедарак аст, оилаи онҳо бисёр шароити танги иқтисодӣ дошта, ба кӯмаки моддӣ ниёз доранд. Албатта, аз ҷониби раиси ҷамоат кӯмаки яквақта расонида шуда истодааст, аммо ин барои зиндагии шоистаи онҳо кофӣ нест,- гуфт дар суҳбат ба мо муовини ҷамоати Тағояк Шуҳрат Бердиёров.
- Босимбой аслан ҷавони бад набуд. Аз замоне, ки мешиносамаш, ба корҳои деҳқонӣ машғул буд. Ба ягон неку бад кор надошт ва то ин дам ба қавле ягон “нарушение” накарда буд. Дар ватан ба деҳқонӣ ва дар муҳоҷират ба корҳои сохтмон машғул буду нони ҳалол меёфт. Аммо баъди равуои зиёд ба мулки рус тағйир ёфту оилаашро сарсон кард. Модару падари пири ӯ дар фироқи ягона писарашон ҳарду ҳам бемор шуда фавтиданд. Хоҳарбузургаш низ мусибати ба сари хонаводаи падар омадаро бардошта натавониста, ғӯрамарг шуд. Илова бар ин, ду фарзанди ноболиғаш ятим ва овора шуданд. Азбаски шароити иқтисодии ин оила танг аст, мо аз ҷамоат ба қадри имкон ёрии моддӣ мерасонем, вале кӯмаки яквақтаи мо наметавонад вазъи зиндагии онҳоро хуб гардонад. Айни ҳол нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад,- афзуд Бердиёров.

Масъулин чӣ мегӯянд?
Дар хусуси пайвастани сокинони минтақаи Суғд ба ҳизбу ҳаркатҳои мухталифи террористӣ - экстремистӣ, бахусус онҳое, ки дар кофтукови ҷиноӣ қарор доранд, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон гуфт: «Аз 1188 нафар ҷинояткорони кофтуковшаванда 297 (аз соли 2010 то соли 2017) нафар дастгир ва аз 194 нафар шахсони беному нишон гумшуда 129 нафар дарёфт карда шуданд. Аз ин теъдод 18 нафар, аз ҷумла 4 нафар ҷинояткорони барои содир кардани ҷиноятҳои раванди террористӣ-экстремистӣ ҷустуҷӯшаванда аз хориҷи кишвар баргашта, ихтиёран ба шуъбаҳои вазорат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳозир шудаанд.

Яке аз ноҳияҳои осебпазир…
Имрӯз дар вилояти Суғд шаҳрҳои Исфара, Истаравшан ва ноҳияи Спитамен маҳалҳои осебпазир аз ҷиҳати пайвастшавӣ ба гуруҳҳои ифродӣ арзёбӣ мешаванд.
Ба гуфти раиси Суди ноҳияи Спитамен Лоиқшо Зикирзода, ин ноҳия аз ҷиҳати осебпазирӣ дар ҷойи сеюм қарор дорад, яъне баъд аз шаҳрҳои Исфараву Истаравшан.
- Соли 2016 судяҳои ноҳияи Спитамен 6 парвандаро нисбати 7 нафар барои пайвастан ба гуруҳҳои ифротӣ мавриди баррасӣ қарор додаанд. Аз ин теъдод 2 нафарашон дар ҷангҳои мусаллаҳонаи давлатҳои исломӣ иштирок кардаанд ва ҳардуи онҳо ҳангоми бозгашт аз ҷониби кормандони ниҳодҳои қудратии Русия ва Тоҷикистон боздошт шудаанд. Дар шаш моҳи соли 2017 бошад, парвандаҳои се сокини ҷамоати Куруши ноҳия, ки бо моддаи 307 ва 187-и КҶ ҶТ боз шуда буд, мавриди баррасӣ қарор гирифт ва айни ҳол ҳар се адои ҷазо мекунанд,- афзуд ӯ.
Дар бобати нафарони ҷустуҷӯшаванда танҳо баъди дастгир шуданашон метавон маълумоти кофӣ дод, зеро ҳар кадоме аз онҳо бо ҷурмҳои гуногун ва муҳлатҳои гунонун дар ҷустуҷӯ ҳастанд, аз ҷумла шаҳрванд Гадоев Босимбой.
Ин аст тақдири талхи як ҷавони раҳгумзада - Гадоев Босимбой ва вазъи зиндагии ӯ. Имрӯз худ бедарак, волидонаш зери хоки сард, ду кӯдакаш ятим ва дигар аъзои оилааш ғамгину мазлум ва сархам. Ин “сархамӣ”-ро хоҳари Босимбой чунин шарҳ дод:
- Баъди бедарак шудани бародарам низдикону пайвандонамон ба қавле “рӯ гардондаанд”. Борҳо бо гӯши худ шунидам, ки яке ба дигаре мегуфт: “Бо инҳо рафтуомад накунед, ки шумо низ дар бало намонед. Барои муносибати хешутаборӣ як рӯз не як рӯз пурсуҷӯ мекунанд...”. Ҳамсояҳо низ чун пештара муносибати гарм надоранд ва ин ҳама “болои сӯхта намакоб аст”...

Фарзона МУРОДӢ

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.

Хонданд 636

Дар қисмати шимолии шаҳри Душанбе дараи Варзоб ҷойгир шудааст, ки бо табиати зебо, куҳҳои осмонбӯс, обҳои мусаффо ва шифобахшаш диққати сокинони оламро ба худ ҷалб намудааст. Дараи Варзоб тобеи ноҳияи Варзоб буда, ба ноҳияҳои тобеи марказ дохил мешавад. Азбаски шоҳроҳи умумиҷаҳонӣ аз ин дара мегузарад, ҳар соату дақиқа мусофиронро зарурати бо табибони ин ноҳия рӯ ба рӯ шудан пеш меояд. Аз ин ҷост, ки роҳбарони ноҳия тартиби кори табибон, мавзеъҳои табобатӣ ва бемористонҳоро ҳамеша зери назорат гирифта, баҳри боз ҳам хубтару беҳтар хизмат расонидан корҳои шоёнро амалӣ намуда истодаанд.

Хизмати холисона, муомилаи нек, муносибати хуб, рафтори дилсӯзонаи табибони Беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб, ки дар шафати шоҳроҳ ҷойгир аст, қобили қайд мебошад. Сарварии беморхонаро табиби ҳозиқ, роҳбари дилсӯз, ҳамрози табибони ҷавон ва ба аҳли назар мушфиқу ғамхор Шамъигул Раҷабова ба уҳда дорад. Номбурда соли панҷум аст, ки сарварии бемористонро ба уҳда дорад ва дар байни кормандони табобатгоҳ бо муомилаи хубу дониши расо, инчунин фаъолияти хуб дар корҳои ҷамъиятӣ ном баровардааст. Бемористон барои қабули беморон ҳамеша омода буда, шабонарӯзӣ бригадаи махсус бо мошинҳои ёрии таъҷилӣ навбатдорӣ мекунанд. Азбаски дар шоҳроҳ садамаҳои нақлиётӣ хеле зиёд аст, мудом табибони ин мавзеъ омодаи хизматанд.
Чанде қабл пас аз садамаи нақлиётие, ки мусофирони аз он зарардида дар бемористон бистарӣ буданд, ба ин даргоҳ рӯй овардем. Муносибати дилсӯзонаи табибон, чолокиву кордонии онҳоро дида, дар ҳайрат афтодем. Вақте муносибати кормандони беморхона Ашӯрова Муслима ва Назаралиева Бибираҷабро нисбати шахси дар садама ҳалокшуда мушоҳида намудем, ба онҳо садҳо аҳсант хондем. Чунки бо як ҷасуриву чолокӣ ва дилсӯзӣ нисбат ба касби худ дар як муддати кӯтоҳ шахси ҳалокгардидаро барои фиристодан ба манзилаш омода карданд. Онҳо беозорона ҷойҳои дар садама осебдидаи бадани ҷасадро бо об тоза мекарданд. Дар ин шаби мудҳиш табибони ҷавони беморхона Бобоев Дӯстмурод (осебшинос), Усмонов Нурулло (мудири шуъба) ва Юсупов Элназар (бародари шафқат) шабонарӯзӣ беморонро нигоҳубин намуданд.
Меҳнати шоиста ва дасти шифокори кормандони беҳтарини беморхона, аз ҷумла табиби ҷарроҳ, муовини сардухтур Солиҳов Амриддин қобили қайд мебошад. Номбурда бо дониши пухта ва ақли расояш аксар корҳои ҷарроҳиро дар бемористон иҷро карда, дар дилу дидаи беморон ҷой гирифтааст. Хизмати шоёни бародарони шафқат Ҳалимов Абдуҷаббор, Шарипов Фарҳод, Гулов Муҳаммадюсуф низ шоистаи таҳсин мебошад. Дар бемористон ҳама аҳлона аз пайи коранд. Табибон Ҳабибов Олимҷон, Қаландаров Эргаш, Нозимова Нуқра ва мудири дорухона Раҳмонов саъю кӯшиш доранд, ки баҳри табобати беморон боз ҳам беҳтару хубтар хизматрасонӣ намоянд.
Вохӯрии навбатии мо бо сардухтури беморхона Раҷабова Шамъигул ба рӯзи табибон мувофиқ омада буд, ки дар ин рӯз табибони беморхона ва кулли табибони оламро табрик гуфта, ба табибони беморхонаи Варзоб тани сиҳат, хотири ҷамъ ва дасти шифокорро аз Худованд умед кардем. Ҳикмати халқии “Сухани нарми шифокор - беҳтрин дору барои бемор” дар инҷо пурра риоя карда мешавад, чунки беморони аз беморхона баромада ҳамеша шифокорони худро ёд мекунанд ва ба дидорбинӣ меоянд. Хушбахтона, дар ин рӯз муовини раиси ноҳия Қосимзода Моҳтоб низ ба суҳбати мо ҳамроҳ буданд. Аз ҷумла қайд намуданд, ки Беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб таҳти сарварии Раҷабова Шамъигул дар тамоми чорабиниҳои ноҳиявӣ иштирок намуда, ҷойи аввалро ишғол мекунад. Ҳукумати ноҳия аз корбарии он кас розӣ буда, баҳри боз ҳам дар сатҳи баланд хизмат расонидан ва бемористонро дар ҷумҳурӣ машҳур гардонидан умеди калон доранд.
Ягона орзуи табибон ин аст, ки баҳри ба истифода додани ҳуҷраҳои таъмиршудаи бемористон ҳукумати ноҳия таваҷҷуҳ зоҳир намояд.

Ҷамолиддин ҶАЛОЛЗОДА,
Душанбе - Варзоб - Душанбе

Хонданд 536

 


Ноҳияи Фархор дар қисми ҷанубии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир буда, дар он беш аз 160 ҳазор нафар зиндагӣ менамоянд. Ба сокинон 57 муассисаи табобатӣ хизмати тиббӣ мерасонанд, ки аз онҳо 26-тояш марказҳои саломатии деҳот, 26 бунгоҳи тиббии деҳотӣ ва 5 маркази махсусгардонидашудаи табобатию профлактикӣ мебошанд.
Ҳамасола бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо маблағҳои шахсони саховатманду соҳибкорон иловатан дар ноҳия чандин муассисаҳои табобатию профилактикӣ сохта ба истифода дода мешавад. Аз ҷумла, чунин як бунгоҳи саломатӣ бо маблағи беш аз 45 ҳазор сомонӣ дар деҳаи Меҳровар, ҷамоати деҳоти Ватани ин ноҳияи дурдаст дар соли ҷорӣ сохта ба истифода дода шуд.
Шуруъ аз 1.01.2015 баҳри боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолияти марказҳои саломатии деҳот то имрӯз ба муассисаҳои кӯмаки аввалияву санитарии ноҳияи Фархор аз тарафи Бонки умумиҷаҳонӣ як миллиону се саду шасту панҷ ҳазору панҷсаду наваду чор сомонӣ маблағҳо хароҷот карда шуда, муассисаҳои табобатии деҳот бо доруҳои ёрии аввалияи тиббӣ, ҳуҷҷатгузориҳо, маводҳои хоҷагидории мизу курсиҳои нав ва сарулибоси тиббии нав таъмин карда шудаанд.
Давоми 10 соли охир тамоми муассисаҳои табобатию профилактикӣ, аз ҷумла, бунгоҳҳои тиббии деҳот аз манзилҳои истиқоматии хусусӣ, мактабҳо ва вагонҳою дигар иншоот пурра бароварда шуда, ҳамаи онҳо бо биноҳои алоҳидаи мутобиқ ба стандартҳои табобатӣ таъмин карда шудаанд.
Нигоҳубини модару кӯдак, кӯдакони камвазн, эмгузаронӣ, нигоҳубини занҳои ҳомиладор то таваллуд ва баъди таваллуд, беморони гирифтори фишорбаландӣ ва диабети қанд дар сатҳи баланд қарор дорад. Дар асоси пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва дастгирии бевоситаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тибқи як қарордод иловатан дар ноҳия 4 маркази саломатии деҳот сохта мешавад. Аллакай корҳои сохтмонӣ дар марказҳои саломатии «Ватан», Навободи ҷамоати деҳоти Дарқа, Арча ва маркази саломатии Ғайрат бо суръати баланд идома дорад.
Бо дастгирии бевоситаи раиси ноҳияи Фархор Вализода Сулаймон корҳои лоиҳакашӣ барои сохтмони маркази саломатӣ дар деҳаи Қизилсӯ ба анҷом расида, сохтмони он рӯзҳои наздик оғоз карда мешавад.
Давоми нимсолаи аввали соли 2017 аз рӯи ҳисоботҳои оморӣ дар ноҳия 38 ҳазор занҳои қобили таваллуд ба қайд гирифта шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ 2400 тифлакон таваллуд шудаанд, ки аз он таваллуди хонагӣ 59 кӯдакро ташкил менамояд.
Баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифат ва дониши занон ҷиҳати истифодаи дурусти воситаҳои конрасептивӣ, риояи гигиенаи шахсӣ ва проблемаҳои вобаста ба солимии занони қобили таваллуд аз тарафи маркази саломатии ноҳия дар ҳайати 8 табиби маълумоти олидор дар ҳамаи деҳаҳои дурдасти ноҳия гуруҳи сайёри тиббӣ оид ба муоинаи пурраи занҳои ҳомиладор ва дигар бемориҳо гузаронида. Дар як вақт бо супориши бевоситаи сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон муҳтарам Маллазода Сайдулло Ҳасан корвони саломатӣ бо иштироки 20 нафар мутахассисони гуногуни тиббӣ дар ҷамоати деҳоти Зафар ташхис ва муоинаи 1200 нафар беморон ва ниёзмандонро ташкил намуданд.
Бо дастгирии бевоситаи Раёсати тандурустии вилоят баҳри расидани ёрии саривақтии тиббӣ ба кӯдакони бемори то 5-сола давоми нимсолаи соли ҷорӣ ба маблағи 1123 сомонӣ маводҳои доруӣ дастрас гардида, 52 нуқтаи табобатии регидратсионӣ барои 75 кат ташкил карда шудааст, ки аз он ҳисоб 256 нафар кӯдакон табобати хушсифат гирифтаанд.
Дар назди маркази саломатии ноҳия маркази «Тибби оилавӣ» фаъолият менамояд, ки дар он 5 табиби маълумоти олидор, 16 ҳамшираи тиби оилавӣ, 1 духтури дандонпизишк ва 12 ҳамшираи хурди тиб фаъолияти корӣ доранд.
Дар маркази стоматологии ноҳия давоми нимсолаи авали соли 2017-ум 6200 нафар беморон қабул карда шудаанд, ки аз он 870 нафарашон кӯдакон мебошанд.
Дар ноҳия 525 нафар кӯдакони маъюб дар қайди диспансерӣ мебошанд, ки дар асоси супориши маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши дахлдори вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таҳти рақами №21 дар ноҳия комиссияи тиббии машваратии ноҳия ташкил карда шудааст, ки давоми нимсолаи авали соли 2017 бо 112 нафар кӯдакони маъюб корҳои табобатию солимгардонӣ гузаронида шудааст.
Бо мақсади омода намудани ҷавонон ба сафҳои қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар комиссияи даъватии ҳарбии ноҳия шароити зарурии корию ташхисӣ ба вуҷуд оварда шуда, дар ин ҷо дастгоҳҳои фавқуссадо, сабти барқии дил ва воситаҳои таҳлилию ташхисӣ муҳайё карда шудааст. Аз тарафи маркази саломатии ноҳиявӣ дар ин комиссия 8 духтури маълумоти олидор, 3 корманди миёнаи тиб ва таҳлилгару кормандони техникӣ таъмин карда шудаанд.
Шумораи умумии кормандони муассисаи кӯмаки аввалияи ноҳияи Фархор 697 кормандро ташкил менамояд, ки аз онҳо 104 нафарашон духтурони маълумоти олидор буда, 464 нафари дигарашонро кормандони миёнаи тиб ташкил менамоянд. Боқӣ 130 нафари дигар кормандони техникӣ мебошанд. Давоми нимсолаи аввали соли 2017 аз тарафи муассисаҳои КАТС ба 145 ҳазору 791 нафар хизмати тиббӣ расонида шудааст, ки аз он ба 93 ҳазору 882 нафар дар маркази тиббии ноҳиявӣ хизмати тиббии хушсифат расонида шудааст.
Давоми шашмоҳаи аввали соли 2017 барои бунёди оила 3142 нафар ба маркази саломатии ноҳияи Фархор муроҷиат намудаанд. Давоми нимсолаи аввали соли 2017-ум 4886 дафъа автомашинаҳои ёрии таъҷилии марказҳои саломатии деҳот барои бурдани беморон даъват карда шудаанд.
Ба гуфтаи мененҷери КАТС-и ноҳияи Фархор Исоев Фарҳод, «барои соҳаи тандурустии ноҳияи Фархор, ки яке аз ноҳияҳои дурдасттарин ба шумор меравад, давоми даҳ соли охир имтиёзҳои зиёд аз тарафи ҳукумати кишвар муҳайё карда шудааст. Имрӯз мутахассисони соҳаи тандурустии ноҳияи Фархор дар асоси дастуру пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодаанд ба таври доимӣ ба мардум хизмати тиббӣ расонида, сазовори боварӣ бошанд».

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ


МАЪЛУМОТИ МО:
Исоев Фарҳод Чиллахонович 28.04.1972 дар оилаи хизматчии давлатӣ таваллуд шудааст. Соли 1989 мактаби миёнаи №8-и деҳаи Арчаи ҷамоати деҳоти Деҳқонариқро хатм намуда, худи ҳамон сол ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба ном А. Сино дохил шуда, онро соли 1996 бо ихтисоси духтури ҷарроҳ хатм намудааст. Аз соли 1996 то соли 1999 дар Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ духтури ҷарроҳ шуда кор кардааст. Солҳои 1999-2001 дар Маркази саломатии №9-и шаҳри Душанбе ҳамчун муовини сардухтур фаъолияти корӣ дошт. Солҳои 2001-2005 дар Беморхонаи марказии ноҳияи Фархор ҷарроҳи кӯдакона, солҳои 2005-2010 дар Беморхонаи марказии ноҳияи Фархор муовини сардухтур оид ба табобат, аз соли 2010 инҷониб мененҷери КАТС-и ноҳияи Фархор аст. Ташкилотчӣ ва духтури дараҷаи олӣ, Аълочии тандурустии Тоҷикистон, роҳбар ва оиладори намунавӣ, падари шаш фарзанд, ки ду нафарашон низ табиби касбӣ мебошанд.

Хонданд 456

Диёро, арҷмандо, дӯстдоро…

Сен 23, 2017
Хонданд: 645

Маҳфили эҷодии шоира Меҳринисо дар Панҷакент

Диёро, арҷмандо, дӯстдоро,
Зи ҷамъи меҳрубонон ёдгоро.
Бинозам бо кафи оби зулолат,
Бимонам сар ба поят куҳсоро.
Чанд рӯз боз, ки шоира Меҳринисо ба ҳайси узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гуруҳи кории Ҳукумати мамлакат ба тарғибу тафсири Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар зодгоҳаш қарор дошт, Панҷакент гӯё духтари зебою азиз ва соҳибистеъдоду соҳибдевони худро ба оғӯш мегирифт ва ба пои ӯ гулафшонӣ мекард.
Хушбахтона, баъди ним аср, ки Меҳринисо пас аз хатми мактаби миёна ба нияти таҳсил ба донишгоҳ аз Панҷакент ба Душанбе раҳсипор шуд, баъдан дар Пажуҳишгоҳи шарқшиносӣ, муассисаҳои таълимии пойтахт, Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ, Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо мамолики хориҷӣ ифои вазифа намуд ва то инҷониб даҳҳо номгӯй китобҳои ашъораш ба табъ расид ва чун шоираи закитабъ дар Тоҷикистон ном баровард, бори нахуст маҳфили эҷодиаш дар Панҷакент, дар зодгоҳи азизаш баргузор шуд.
Воқеан, ба андешаи адабиётшиносон, ашъори Меҳринисо аз адабиёти ғании классикии форсӣ-тоҷикӣ, ашъори ноби шуарои номвари форсигӯи имрӯз сарчашма гирифта, аз шеъраш самимияташ ҳувайдост. Дар ҳар мавзуъ, ки Меҳринисо шеър гуфтааст, самимӣ, шоирона ва занона гуфтааст, ки ин на ба ҳар шоир, хоса шоира даст медиҳад.
Меҳринисо шеър мехонду ҳозирин гӯшу ҳуш буданд. Ватан, модар, муҳаббат ба диёр, ба ин обу хок, ишқи пок - ҳама самимӣ ва шоирона аз забони Меҳринисо садо медоданд.
Хушбоду ҳаво Модар-Ватан аст,
Инъоми Худо Модар-Ватан аст.
Хуш бод бинову каҳгили девораш,
Хоку гили мо Модар-Ватан аст.
Шояд ин равонию фасеҳӣ ва самимияти ашъори Меҳринисо боис шуда, ки ба беш аз ҳазор сурудаҳои ӯ бастакорону ҳофизон оҳанг бастаанд.
Ин шоми меҳрро метавон маҳфили ширу шакар ҳам номид.
Санъаткорони Панҷакент даҳҳо сурудҳоро бар ашъори Меҳринисо дар ин маҳфил тараннум карданд.
Ин ҷо мехоҳем паҳлуи дигари эҷодиёти Меҳринисоро қайд намоем. Меҳринисо чун духтари меҳрубон ҳамеша аз зодгоҳи азизаш ёд намуда, аз ин обу хок ифтихор мекунад. Бубинед, шоира меҳри худро ба зодгоҳ чигуна ифода карда:
Куҳандиёрам, Панҷакент,
Кавну таборам, Панҷакент.
Баъд аз Худову модарам,
Парвардгорам, Панҷакент.
Воқеан, ин шеър аз забони шоира бо меҳру ихлоси самимӣ садо дод ва бо мавҷи кафкӯбиҳои ҳамдиёрон пазироӣ шуд.
Меҳринисо бо ҳамин гуна самимияту меҳр дар васфи Ватани азизамон - Тоҷикистон, сулҳу салоҳ, ободиҳои он низ зиёд шеъру тарона офаридааст.
Тоҷикистон,
Ман намозамро ба номат мегузорам, тоҷикӣ,
Ифтихорам тоҷикӣ, дору мадорам тоҷикӣ.
Ин ғазали машҳури шоираро ҳамроҳи ӯ аҳли толор низ тараннум кард.
Намекашад моро қадам,
Ба ҷовидона, то Ирам.
Ба беҳтарин сару садо,
Салом, боз омадам.
Ин шеър ва манзумаи «Қайнар» аз таърихи ғановатманд ва имрӯзи фирӯзи Панҷакент - ин куҳандиёри Ватан ҳикоят мекунад.
Муовини раиси шаҳр Зайнура Азимӣ чун барги сабз ва хотира аз нахустин маҳфили шеъри шоира дар Панҷакенте, ки самимона дӯсташ медорад ва васф мекунад, туҳфаи ҳамдиёронро тақдим намуд.

Т. СОЛЕҲЗОДА,
Х. ФОЗИЛОВ,
Панҷакент

Хонданд 645

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.