.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Минтақа

Ҷайҳун: Портовгоҳҳои бесоҳиб

Нояб 10, 2018
Хонданд: 200
Ҷайҳун: Портовгоҳҳои бесоҳиб

Дар маркази ноҳияи  Ҷайҳун канори роҳ ва паҳлуи ҷӯйи обгузар, ки сокинони зиёд аз оби он истифода мебаранд,  2 партовгоҳи азиме мавҷуд аст, ки ба гуфти бошандагони ноҳия ин партовгоҳҳо аз соли 2003 инҷониб тоза намешаванд ва бӯи ғализи онҳо ба хонаҳои сокинон паҳн шудааст.

Зимни як сафари корӣ дар маркази маъмурии ноҳияи Ҷайҳун мушоҳида кардем, ки дар ҷойи номуайян ду партовгоҳ мавҷуд аст ва дарозии яке аз ин партовгоҳҳо наздик ба 500 метр буда, баландиаш 3 метрро ташкил медод, вале масъалаи нигаронкунанда дар паҳлӯи ҷӯйи обгузар ҷойгир будани он аст.  Партовгоҳи дигар сад метр дарозӣ дошт, ки дар назди биноҳои истиқоматӣ  ва шафати роҳи мошингард  ҷойгир мебошад. Аз зиёд будани партовҳо сокинон аз роҳ ба мушкилӣ мегузаранд.

Писарбачае, ки дар акс мебинед, дар суҳбат ба мо гуфт: «Ҳар рӯз аз ин роҳ гузашта, ба мактаб меравам, аз бӯи ғализи ин партовҳо бемор шудам. Нав сиҳат шудам ва ба мактаб меравам. Роҳи муассисаи мо ҳамин аст ва мо маҷбурем, ҳамарӯза аз ҳамин роҳ истифода барем».

 Ба ин монанд, Сафаргул - истиқомткунандаи ин ноҳия, ки дар лаби об ба шустани косаву табақ машғул буд, афзуд, ки: «Аз соли 2003 ман дар ин ҷо истиқомат мекунам ва аз ҳамон сол ин партовгоҳ то ҳол тоза нашудааст. Ин партовгоҳ кариб 1 км дарозь дорад. Аз тамоми шабакаҳо омада навор гирифта рафтанд, мо хурсанд шудем, ки тоза мекунанд, аммо вазъият аз ин ҳам бадтар шуд. Масъулин бояд ин партовгоҳро тоза кунанд, то сиҳатии мо - сокинони гирду атроф ба таври комил таъмин шавад. Аз ҳамин обе, ки аз паҳлуи партобгоҳ мегузарад, мо истифода мекунем, дар баробар бӯйи ғализ доштанаш ҳар гуна ҳашароту магасҳо моро нороҳат мекунанд”.  

Шумораи чунин партовбгоҳҳои номуайян дар ноҳияи Ҷайҳун зиёд аст ва аз бинои ҳукумати ноҳия дар  масофаи на он қадар дур қарор доранд. Чаро роҳбарияти ноҳия ва масъулини идораҳои дахлдор ба тозагии маркази ноҳия таваҷҷӯҳ надоранд? Ин суоли матраҳест, ки посух мехоҳад.     

 Раҳмоналӣ Додархӯҷаев, 

хабарнигори махсуси «Фараж» 

дар минтақаи Бохтар

Хонданд 200

Ванҷи мо – ганҷи мо

Окт 27, 2018
Хонданд: 337
Ванҷи мо – ганҷи мо

Ноҳияи Ванҷ яке аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон буда, воқеъ дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ноҳияи Ванҷ 29 майи соли 1933 ташкил ёфтааст. Ба ҳолати 1январи соли 2018 аҳолии ноҳия 36 ҳазору 416 нафарро дар бар мегирад. Ноҳияи Ванҷ шаш ҷамоати деҳот ва як ҷамоати шаҳрак дорад.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Рохарв аст, ки 171 км шимолтар аз шаҳри Хоруғ дар канораи резишгоҳи рӯди Рохарв дар Ванҷоб ҷойгир шудааст. 

Ноҳияи Ванҷ бо масоҳати 4430,5 км² дар миёни қаторкуҳҳои Дарвоз ва Язгулом воқеъ аст. Дар шимол бо ноҳияи Тавилдара, дар шарқ бо ноҳияи Мурғоб, дар ҷануб бо ноҳияи Рӯшон, дар ғарб бо ноҳияи Дарвоз ва дар ҷануб бо ноҳияи Моимаии вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз мебошад.

Аз шимолу шарқи ноҳияи Ванҷ ба ҷанубу ғарби он рӯдҳои Ванҷ ва Язғулом гузар мекунанд, ки ба рӯди Панҷ мерезанд.

Ҳудуди ин ноҳия ду водии нисбатан васеи Бадахшонро дар бар мегирад, ки дар миёни қаторкуҳҳои Дарвозу Рӯшон ҷойгир шудаанд. Яке аз ин водиҳо дараи рӯди Ванҷ аст ки беш аз 150 км дарозо дошта аз пиряхҳои Хирсону Абдуқаҳҳор оғоз мегирад. Дигар водӣ дараи рӯди Язгулом аст, ки дар миёни қаторкуҳҳои Язгулому Рӯшон ҷой гирифта аст. Баландии водӣ аз сатҳи дарё аз 1500 то 5000 метр мебошад.

Аз 19 ноябри соли 2013 Давлатбибӣ Раҷабова дар мансаби раиси ноҳияи Ванҷ кор мекунад.

 

НОМҲОИ ҶАМОАТ ВА РУСТОҲОИ ВАНҶ

Ноҳияи Ванҷ 6 ҷамоати деҳот ва 1ҷамоати шаҳрак дорад, аз ҷумла ҷамоати деҳоти ба номи Маҳмадулло Абдуллоев (рустоҳо: Бичхарв, Бодалд, Ускроғ, Роғ, Дашти Роғ, Пайшамбеобод, Убари Даргов, Рохарв, Гушхун, Ғумаяк, Бовуд, Одешт, Ҷангали Зуго), Водхуд (рустоҳо: Пшихарв, Даштак, Лугад, Бунига, Узбай, Лахш, Баравн, Баравни Таг, Баравни Тор, Ваҳдат, Вравз), Ҷовидон (рустоҳо: Бунай, Рав, Ҷовидон, Потов, Арнавад, Убго), Техарв (рустоҳо: Гич, Садвадг, Сед, Шаврӯ, Техарв, Чихох, Удоб, Равгада), Рованд (рустоҳо: Ширговад, Ғиҷоваст, Мудехарв, Вишхарвак, Старғ, Ғӯмас, Мурғутга, Рованд, Гармчашма, Ван-Ван, Сунгад, Поймазор) ва Язгулом (рустоҳо: Мотравн, Вишхарв, Будун, Шавуд, Андарбаг, Жамаг). 

 

ЗАБОНИ МУОШИРАТИ МАРДУМИ ВАНҶ

Мардуми Ванҷ бо гӯиши ванҷии забони тоҷикӣ сухан мегӯянд, вале дар водии Язғулом бо забони язғуломӣ. Дар гӯиши ванҷӣ вожаҳои забони паҳлавӣ ва порсии қадим ва вижагиҳои забони порсии садаҳои IX- XIV ҳамчунон пойдоранд ва то кунун, вожаҳои ноби забони тоҷикӣ вирди забони мардуми ин сарзамин аст, ки ин ганҷро аз дурдасти таърих то имрӯз зинда ҳифз кардаанд.

 

ВАНҶ ДАР АҲДИ ПЕШИН

Ванҷ таърихи чандинҳазорсола дорад, ки осори таърихии он то ҳол пойбарҷоянд, аммо касе аз донишмандони таърих ва бостоншиносони тоҷик ба пажуҳиши ҷиддии ин ганҷинаи таърих домани ҳиммат барназада аст. Сағонаҳо ва дахмаҳои Ванҷ худ як далели ошкори таърихи чандҳазорсолаи ин куҳанбуманд.

Бино бар сарчашмаҳои таърихӣ, дар асрҳои миёна, Ванҷ се ниҳиштаи маъдани оҳансанг дошт. Ҳанӯз дар оғози асри XX истихроҷи оҳан ва гудохтани он ва оҳангарӣ яке аз пешаҳои асосии мардуми маҳаллии Ванҷ буд, ки бо ин пеша, манотиқи муҷовирро бо оҳан, асбоби кишоварзӣ ва корду шамшер ва дигар аслиҳа таъмин мекарданд.

Донишманди тоҷик Гулшанӣ дар китобаш «Таърихи ҳумоюн», ки соли 1328-и ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 1910 мелодӣ навишта аст, дар бораи диёри Ванҷ мегӯяд: «Қасабаи Ванҷ ба тарафи шарқии Дарвоз, ба таҳти ақабаи Боми Дунё воқеъ аст ва дар он ҷониб манбаи дарёи Омӯя ва Ҷайҳун ва онро Чашмаи Панҷ мегӯянд, аз қуллаи шомихи куҳи Боми Дунё набаъон менамоянд. Аз андак масофат, панҷ чашма ба як ҷо ҷамъ мешавад ва ғарбан ҷараён менамояд ва онро чашмаи Панҷ мегӯянд ва он қасабаро Ванҷ меноманд, ки он муҳаррафи Панҷ аст. Оби аввали наҳри Ҷайҳун ҳамин аст».

Ванҷ аз замони Сомониён то соли 1877 ҳукумате мустақил дошта ва фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд.

Соли 1878 амири Бухоро ба Дарвоз лашкар кашид ва ба Дарвоз муставлӣ шуд ва Дарвозро бекигарӣ ва Қалъи Хумбро қароргоҳи урдуи манғитиён гардонд. Дарвоз тайи солҳои 1878-1920 яке аз бекигариҳои Бухоро буд ва бек дар Қалъаи Хумб менишаст ва мир хонда мешуд. Бо вуҷуди ин ҳама, Ванҷ зоҳиран дар итоати бекигарӣ буд, вале истиқлолияти худро нигаҳ дошт ва пои шуми сипоҳи манғитиён ба Ванҷзамин нарасид.

Соли 1895 бекигарии Дарвоз ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид ва канораи рост ба Аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.

Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон Дарвоз бахше аз вилояти Ғарм гардид, ки то соли 1929 вуҷуд дошт. Вилояти Ғарм дар он сол ба округ табдил дода шуд. Соли 1931 округи Ғарм барҳам дода шуд ва сарзамини он тобеъи ҷумҳурӣ шуд. Солҳои 1931- 1936 сарзамини Ғармро ба ноҳияҳо бахш карданд ва 29 маи соли 1933 Ванҷ аз Дарвоз ҷудо ва яке аз навоҳии Ғарм шуд. Соли 1938 округи Ғарм дубора бунёд ва соли 1939 вилояти Ғарм гашт, ки то соли 1955 барҷой буд. Дар он сол бахши ғармии вилоят дубора зери фармони ҷумҳурӣ ва бахши ванҷии он бо номи ноҳияи Ванҷ ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дода шуданд. 

Ноҳияи Ванҷ ҳамчун воҳиди маъмурӣ дар бахше аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 маи соли 1933 таъсис ёфтааст.

 

НАҚШАИ КУЛЛИ МАРКАЗИ НОҲИЯ

Давлатбибӣ Раҷабова, раиси ноҳияи Ванҷ дар суҳбат бо мо изҳор дошт, ки нақшаи кулли маркази ноҳия барои 30 соли оянда тасдиқ гардида, барои ба низом даровардани сохтмону меъморӣ ва ободу зеботар гардондани маркази ноҳия иқдоми муҳим мебошад. 

- Аз соли 2015 сар карда, тибқи лоиҳаи мукаммали банақшагирӣ марказ тақсимбандӣ шуда, дар ин ҷо маҷмӯи манзилҳои истиқоматии бисёрошёна, марказҳои тиҷоратию хизматрасонӣ, биноҳои маъмурӣ, фарҳангӣ ва таъйиноти саноатӣ қомат меафрозанд. Аз таҳияи нақша якчанд сол гузашта бошад ҳам, аксар аз иншооти мавриди назар аллакай сохта ба истифода дода шуданд ва симои маркази ноҳия бо маблағгузории давлат ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ торафт ба шаҳри замонавӣ монанд мешавад.

Ванҷ сарзамини дорои имконияти бузурги табиӣ ва иқтисодӣ мебошад. Аммо сарвати асосии минтақа мардуми ҳунарманду меҳнатқарин ва меҳмоннавозаш ҳастанд. Ванҷро ҳамчунин сарзамини ҳунар меноманд. Ин макон бо шоирони оташинсухан, сарояндагону ромишгарони хушадо, оҳангарону чӯбтарошони босалиқа шуҳратёр аст. Молу маҳсулоти дастони ҳунаррези устоҳои чӯбкору оҳангарони мо, бо шумули гаҳвораҳои хушранг, табақу чумча, дару тирезаҳои сохтаи онҳо серхаридоранд. Бонувон дар дӯзандагӣ ва нонпазиву қаннодӣ чирадастанд. Ҳунар дар баробари муошират беҳтарин муаррифгари фарҳанги мардум аст ва мақомот ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ медиҳад, - изҳор дошт Давлатбибӣ Раҷабова.

 

МАРМАРИ ВАНҶ

Мармари Ванҷ шуҳрати ҷаҳонӣ дошта, коркарди он дар замони шӯравӣ оғоз гардида буд. Айни ҳол дар кони Даштак як ширкати ватанӣ фаъол аст, ки тахтасанг истеҳсол менамояд. Мармари Даштак сарфи бештар мехоҳад, вале маҳсулоти он сахту мустаҳкам ва абадист. Барои ҳамин ҳам дар пайкарасозӣ аз ин мармар истифода мекунанд. Захираи калонтарини дигари мармар дар маҳали Пойи Мазор мавҷуд аст. Мармари ин ҷо ранги сафеди барфӣ ва ҷигарӣ дошта, мулоим ва коркардаш осону талабот ба он дар бозор хеле зиёд мебошад. Дар ин ҷо ҳамчунин кони маъдани нодири никел бо захираи бештар аз як миллион тонна мавҷуд мебошад, ки ҳанӯз дастнохӯрда боқист. 

 

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ванҷ

Барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ дар қаламрави ноҳияи Ванҷ 4 меҳмонхона шабонарӯз омодаи хидматанд. Ҳамчунин тарабхонаву ошхона ва марказҳои тафреҳӣ бо хидматрасонии муносиби худ барои меҳмонону сайёҳон нигаронида шудаанд.

Дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ 8 мавзеъи таърихию фарҳангӣ, 9 мавзеъи зиёратӣ, 6 мавзеъи сайёҳӣ-экологӣ, 1 дӯкони молу маҳсулоти сйёҳӣ, 120 чашмаҳо, 5 чашмаи шифобахш, 4 тарабхона, 19 нуқтаҳои хӯроки умум, 9 нуқтаи хизматрасонии сарироҳӣ, 6 истгоҳи нақлиёт ва дучарха, 1 маркази интернетӣ, 10 нуқтаи хизматрасонии бонкӣ, 1 иншооти сайёҳии «Ванҷи боло», 1 ширкати сайёҳӣ, 1 фурудгоҳи минтақавӣ, 2 дармонгоҳ, 23 бунгоҳҳои тиббӣ ва пиряхи Федченко мавҷуд аст.

Бо эълон шудани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор дар ин самт дар ноҳияи Ванҷ рангу ҷилои дигар гирифт. Дар ноҳияи Ванҷ мардону занони ҳунарманди зиёде кору фаъолият доранд.

Айни ҳол дар ноҳия 3 сехи дӯзандагӣ фаъолият доранд, ки имсол онҳо барои толибилмони муассисаҳои таълимии ноҳия сару либоси мактабӣ омода намуданд. Ҳоло дар ноҳия 4 нафар занон ба тоқидӯзӣ машғул буда, барои фурӯш баровардани молҳояшон бо корхонаи «Рухом» ҳамкорӣ карда истодаанд.

Аз ҳисоби 5 нафар занони хонашин ва соҳибкор, ки мақсади ташкил намудани сехҳо ва ҳунарҳои мардумиро доранд, 5 лоиҳа тартиб дода шуда ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани грантҳои Президентӣ пешниҳод гардидаанд, ки то ба имрӯз аз ин лоиҳаҳо дутояш дастгирӣ ёфтанд. Барномаи дӯзандагии «Ҳангома» ва барномаи коркарди шир дар ҷамоати деҳоти ба номи Маҳмадулло Абдуллоев.

Дар ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ 3 корхонаи табақтарошӣ ва 3 адад корхонаи оҳангарӣ (табар, теша, дос, корд, фона, бел ва ғайраҳо) мавҷуд аст, ки маҳсули дасти онҳо талабгорони зиёд доранд ва дар ҳамаи чорабиниҳо ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Инчунин дар ҷамоати деҳоти Техарв низ оиди рушд додани ҳунари устоҳои маҳаллӣ корхонаи оҳангарӣ 2 адад, чӯбтарошӣ 3 адад фаъолият карда истодаанд, ки маҳсули дасти онҳо дар тамоми чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба намоиш гузошта мешавад.

Бо мақсади дастгирии молиявии ҳунармандон рӯйхат иборат аз 46 нафар тартиб дода шуда, барои гирифтани қарзҳои имтиёзнок ба БДА «Амонатбонк» пешниҳод карда шудааст.

Хонданд 337
Ғами донишҷӯёни ваҳдатиро кӣ мехӯрад?

Муддатҳои мадидест, дар қади роҳи мошингарди назди Маркази савдои “Садбарг” тӯдаи одамонро мебинем, ки чизеро ё касеро интизоранд. Ман ҳам борҳо ин ҳолро мушоҳида кардаам ва билохира хостам аз эшон сабабашро пурсон шавам. Чун ба онҳо наздик шудам, пеш аз ман як нақлиёти мусофирбари рақами 33 гузашту ба истилоҳ “кондуктор”-аш дари мошинро кушода, ҷониби одамони онҷо истодаву раҳгузар  хитоб кард, ки “Ака, 33 намерай?”. Як ҷавоне, ки мисли ман донишҷӯ менамуд, ба саволи “кондуктор” чунин ҷавоб гуфт: “Не брат, 33 неву неки Ваҳдат рафтанӣ бошӣ, клиенто бисёрай”. 

Ман дарҳол фаҳмидам, ки ин мусофирон сокинони шаҳри Ваҳдат буда, мунтазири наклиёт ҳастанд. Ман бо он ҷавон ҳамсӯҳбат шудам. Ӯ гуфт: “4 сол мешавад, ки ҳар рӯз бо ҳамин роҳ рафта меоям, аммо имсол бо чашми худ мебинам, ки шумораи донишҷӯён аз шаҳри Ваҳдат зиёд шудаанд. Зеро ҳар сол мо ба ин ҳолат дучор намешудем. Солҳои пеш мо озодона меомадем, ба мошин нишаста мерафтем, аммо имрӯз бошад, ба микроавтобусҳо одамони ростистодаро низ савор мекунанду боз касеро, ки имкони саворшавӣ пайдо накардааст, масхара мекунанд, ки “Ака, Ваҳдат мерӣ, биё, 2 ҷои шиштай”. 

Ҳинни суҳбат бо ин ҷавон ногаҳон як микроавтобуси дигар омаду ҳамаи раҳинтизорон ба сӯяш давиданд. Дар ин ҳолат худамро дар ҷои бибиям ҳис кардам... Бибиям мегуфт, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ вақте навбати нонтақсимкунӣ мерасид, ҳама медавиданд ва ҳатто бо ҳам хархашаву тую ман мекарданд, имрӯз навбатпоӣ дар нақлиёти мусофирбар ҳамин гуна серғавғо шудааст.

Набудани нақлиёт боиси беманфиат сарф кардани вақти донишҷӯ мегардад. Чун агар онҳо дар басти аввал таҳсил кунанду тақрибан соати 13:00 аз дарс бароянд, ҳоли донишҷӯёне, ки дар басти дуввум мехонанду соати 18:00 аз дарс мебароянд, чӣ мешавад? Ҳанӯз, ки рӯзҳои сарду кӯтоҳи зимистон дар пеш ҳастанд, масъулинро мебояд чораи ин мушкилро пайдо намоянд.

Сунатулло Курбонов, донишҷӯи соли 3-и гурӯҳи “Журналистикаи байналхалқӣ” -и ДМТ.

Хонданд 306
Нуробод: хуррамзамини нури хуршед

Ноҳияи Нуробод 19 январи соли 1936 таъсис ёфта, то соли 1991 Комсомолобод ном дошт. Баъдан ноҳияи Дарбанд ва бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 2003 таҳти № 390 номи Нурободро гирифт. Маркази ноҳияи Нуробод шаҳраки Дарбанд мебошад.

Нуробод - дар қисми шарқии ҷумҳурӣ ҷойгир шудааст. Масоҳати ноҳия 0,9 ҳазор км2 буда,  95,1 фоизашро куҳҳо фаро гирифтаанд. Ноҳияро аз тарафи шимолу ғарб куҳҳои Қаротегин ва аз тарафи шарқу ҷануб куҳҳои Дарвоз иҳота намудаанд.

Ноҳияи Нуробод дар тарафи шимол ба ноҳияи Ваҳдат, аз ҷануб ба ноҳияи Сангвору Муъминобод ҳаммарз мебошад. Масофа аз шаҳри Душанбе то шаҳраки Дарбанд 153 км-ро дар бар мегирад.

Аз қисмати шарқу шимол дарёи Сурхоб ва аз қисми шарқу ҷануби ноҳия дарёи Хингоб ҷорӣ гардида, дар омезиш бо ҳам дарёи пуртуғёни Вахш оғоз мебахшанд.

Шуғли асосии аҳолии ноҳия кишоварзӣ, чорводорӣ, занбурпарварӣ  ва боғдорӣ мебошад.

Шумораи умумии аҳолии ноҳия 76 ҳазору 664 нафар, аз ҷумла: мардон – 38 030 нафар (49,6 %) ва занон – 38 634  нафар (50,4 %)-ро ташкил медиҳад.

Дар ҳудуди ноҳия 1 ҷамоати шаҳрак, 6 ҷамоати деҳот ва 114 деҳа мавҷуд аст. Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Нуробод инҳоянд: Дарбанд, ҷамоати деҳоти Иззатулло Ҳалимов, Комсолобод, Муҷихарф, Сафедчашма, Хумдон ва Ҳакимӣ.

Аз моҳи апрели соли 2015 Дӯстзода Ҳасан Тағдир дар вазифаи раиси ноҳияи Нуробод кор мекунад. 

 

САЙРЕ БА ТАЪРИХИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Нуробод – як гӯшаи кишвари офтобию биҳиштосои Тоҷикистони азиз  таърихи худро дорад. Харобаҳои меросмондаи шаҳри бостонии Дарбанд, ки муаррихон таърихи онро беш аз 2200 сол медонанд, мавҷудияти қалъаҳои Имлоқу Ҷамҳур, Кофирқалъа ва чинори ҳазорсолаи Пунбачӣ аз таърихи тулонӣ доштани ин сарзамин гувоҳӣ медиҳанд. Вожаи «Дарбанд» маънои бандарро дошта, ин шаҳр дарвозае буд миёни ду водӣ: Қаротегин ва Дарвоз. Дарбандшаҳр маркази тиҷоратӣ, косибию ҳунармандӣ ва илму фарҳанг буд. Роҳи машҳури абрешим аз ин шаҳр мегузашт ва сокинонаш бо дигар минтақаҳо равобити қавию густурдаи иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангӣ доштанд. 

Ба қавли олими шинохта Юсуфшоҳ Ёқубов дар асрҳои 2-1 пеш аз милод дар водии Рашт шаҳру деҳаҳои кишоварзон пайдо мешаванд. Ковишҳои археологӣ ва тадқиқотҳо дар харобаи шаҳри Дарбанд, Қалъаҳои Писараку Духтарак, Ботурхон ба он далолат менамоянд, ки дар замони Кӯшониён (асрҳои 2-1 пеш аз милод) дар водӣ шаҳрҳо пайдо шуда буданд. Якчанд кӯшкҳо ва марказҳои фарҳангӣ ва маъмурӣ дар шаҳрҳои Дарбанд, Ғурканд (Ғарм), Диж (Ҳоит) ва Лахш амал менамуданд. Дар асрҳои 7-8 тамоми водӣ ба як шоҳигарӣ муттаҳид мешавад ва шоҳони вай унвони «деҳгони Рашт»-ро доштанд. Ҳангоми ҳуҷуми арабҳо шоҳи ин кишвар ба подшоҳи кишвари Чин нома навишта аз вай хоҳиш кардааст, ки дар мубориза ба зидди арабҳои истилогар мадад фиристад.

Муҳити фарҳангӣ ва ҳавзаҳои илмию адабӣ дар ин сарзамин як зумра суханварону адибон ва донишмандону ҳунармандонро ба камол расонид.  Фарзандони соҳибдевону мутаффакирони ин диёр Эшони Шоҳӣ ва Шайх Абулҳайи Муҷихарфӣ доди суханро додаву дар маҷлису маҳфилҳои мардуми куҳистон шаъми маърифату ирфонро фурӯзон медоштанд ва бо осори арзишманди худ ганҷинаи бебаҳои адабиёти безаволи моро ганӣ гардониданд.

Бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азиз, тавассути дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёду барқарорсозии Дарбанди бостон низ аҳамияти хоса дода шуд.

Тули даврони соҳибистиқлолӣ бо шарофати ваҳдату якдилӣ ва сулҳу суботи саросари кишвар шаҳраки Дарбанд аз як мавзеи харобазор ба яке аз шаҳракҳои замонавӣ бо бинову иншоотҳои зебояш табдил ёфт. Аз соли 2009 инҷониб маркази маъмурии ноҳия ба ин шаҳраки зебои Дарбанд кӯчонида шуд.

Имрӯз ин зебошаҳр дар ҳоли шукуфоӣ қарор дошта, рӯз то рӯз симои худро зебову муҳташам намуда истодааст.

 

ОБУ ХОК ВА ТАБИАТИ ЗЕБОИ НУРОБОД

Нуробод як гӯшаи ободу зебо, пурнакҳату ботароват, файзхезу файзрез ва файзбори Тоҷикистон аст. 

Ҳар нафаре, ки ба ин қадамҷои бузургон, макони зисти соликону орифон, сайргоҳи ошиқон, Дарбанди бостон, боре ҳам қадам гузорад, вуҷудашро ҳаяҷони ширину нотакрор фаро мегирад. Ифтихор менамояд, аз гузаштагони некному бо нангу ор, ватанхоҳу ватандорони асил, ифтихор аз шоҳ Ҷамшеду Фаридун, (аз қотилони Заҳҳоки одамхор), ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ.

Табиати Нуробод дилфиребу нозанину афсӯнгар аст.

Боду ҳавои тоза, гулу гиёҳҳои шифобахш, обҳои софу зулол ва куҳҳои бародарвор паҳлӯи ҳам истодаву сарбафалаккашида дорад Нуробод. Дар дили куҳҳои ин диёри биҳиштосо ҳазорҳо ганҷу асрор маҳфӯзанд.

Аз бағалу доманаи куҳхо чашмаву ҷӯйҳои шуху беқарор ҷорианд. Обҳои мусаффову давобахш дорад, ин гӯшаи куҳистони тоҷик…

Чашмаи «Воғланг» - ин чашма дар тарафи офтобнишини деҳаи Сияҳгулаки ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ ҷойгир буда, яке аз чашмаҳои серобтарин ва мусаффо ба ҳисоб меравад. Чашмаи «Воғланг» дар мавзеи дилрабое ҷойгир аст, ки макони зиёратгоҳи аҳли тақво ва бинанда гардида, тамошою шинои моҳиён ва нӯшидани як каф оби хунуки он ба кас ҳаловат мебахшад. Аз қадимулайём то ба имрӯз чашмаи Воғланг ҷойи муқаддас ҳисобида шуда, зиёраткунандагони он бо талаби орзую амали нек вориди он мешаванд.

Дар қаламрави ноҳияи Нуробод мувофиқи нишондоди Кумитаи ҳифзи табиат 1500 чашмаҳои зулолу шифобахши хурду калон мавҷуд ҳастанд, ки қисми аз инҳо чун чашмаи Воғланг машҳур буда, зиёратгоҳи мардуми ноҳия ва берун аз он гардидаанд. Аз қабили чашмаи Ҳазрати Султон дар деҳаи Яхч, чашмаи Кавгакон дар деҳаи Дегаӣ, чашмаи Ёнур дар деҳаи Ёнур.

Аз қаламрави ноҳияи Нуробод ду рӯди бузург: - Сурхоб ва Хингоб мегузаранд, ки саргаҳи дарёи Вахш аз мавзеи деҳаи Сарипули ин ноҳия ибтидо мегирад, яъне сароғози Вахши овозадор ноҳияи зебоманзари Нуробод маҳсуб меёбад. Ҳамин тавр, дар ноҳия рӯдҳои начандон бузурги Муҷихарф, Ҳакимӣ, Луғуроб, Зуманак, Дегаӣ, дашти Гургон ва Роғун арзи ҳастӣ доранд.

Ба ғайр аз рӯдҳои бузургу рӯдчаҳо дар ноҳия кӯлҳои таърихии Самсолиқ, Истон, Ҳазрати Шоҳ, Сари ҷар ва Ҷавчӣ ҷойгиранд. Аз онҳо кӯли Ҷавчӣ бузургтарин буда, масоҳаташ даҳҳо гектарро ташкил медиҳад ва аз сатҳи баҳр дар масофаи 2700 метр ҷойгир мебошад. Ҳамаи кӯлҳои номбаршуда, обҳои ширини истеъмолӣ доранд ва аксари заминҳои хоҷагидорӣ дар ҷамоатҳои деҳоти ба номи Иззатулло Ҳалимов, Хумдон аз оби ин кулҳо шодоб мегарданд.

Дар ноҳия захираҳои (конҳои) зеризаминии коркарднашуда, аз қабили, кони намаки деҳаи Роғун, кони санги мармари деҳаи Муҷихарф, конҳои ангишсанги деҳаҳои Чепак ва Яхч, кони оҳани деҳаи Шашволон ва кони Сурби куҳи Манор мавҷуданд.

Намаки кони деҳаи Роғуни ҷамоати деҳоти ба номи Иззатулло Ҳалимов дар саросари кишвар беҳтарин кони намак маҳсуб ёфта, аз намаки болаззати он аз замонҳои хело қадим то имрӯз мардумони Масчо, Лахш, Рашт, Тоҷикобод, Обигарму Нуробод истифода мекарданд ва имрӯз низ қисми аз мардуми ин ноҳияҳо аз ин ганҷ истифода доранд. Азбаски намаки ин кон хеле болаззат аст, аҳолии ноҳияи Нуробод аз намаки ин кон бо асбобҳои махсус шаклҳои ҳархела сохта, барои истеъмоли хӯрокҳои миллии қурутобу шакароб то бозорҳои водии Рашт онро бурда мефурӯшанд.

Дар ҳудуди ноҳия қалъаву ёдгориҳои таърихии кашфнашуда хеле бисёранд, ки метавонанд дар ояндаи наздик ин диёрро ба ҳайси як мавзеи хуби сайёҳиву ҷаҳонгардӣ муаррифӣ намоянд. Дар наздикии шаҳри Дарбанд мавҷуд будани харобаҳои қалъаҳои Имлоқу Ҷумҳур исботи қадима будани ин диёри сарсабз мебошад.

 

ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ НУРОБОД

Дар ҳудуди ноҳияи Нуробод чунин ёдгориҳои фарҳангӣ ва таърихи-динӣ мавҷуд аст:

Дар ҷамоати деҳоти Комсомолобод:

- мазори Ҳазрати Ҳамза,

- мазори Ҳати Бибӣ,

- қалъаи Кофир,

- чиллахонаи Лангар,

- чашмаи Кабгакон,

- шаршараи Лангар,

Дар ҷамоати деҳоти Хумдон:

- қалъаи Имлоқ,

- мазори Эшон ҳоҷӣ Ғиёсиддин,

Дар ҷамоати деҳоти ба номи Иззатулло Ҳалимов

- қалъаи Ҷумҳур,

- ғори Деви сафед,

- мақбараи ҳазрати Султон,

- мазори хоча Абдоли Валӣ,

- кони намаки хоҷаи Роғун.

Дар ҷамоати деҳоти Муҷихарф:

- мақбараи Домулло Икром,

- мақбараи Эшон Шоҳӣ,

- чиллахонаи Эшони Шоҳӣ,

- кони санги мармар,

Дар ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ:

- мақбараи Шамсидини Хоҷа,

- ҳавзи моҳии Сияҳгулак,

Дар ҷамоати деҳоти Сафедчашма:

- дараи Уқобон,

- чашмаи Алибақо,

- кӯли Самсолиқ,

Дар шаҳраки Дарбанд:

- қалъаи Дарбанд.

 

“Самак”

Хонданд 230

Хабари-рӯз

Календар

« Декабрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.