.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Минтақа

Деҳаи Каҷровут дар минтақаи Калининободи ноҳияи Деваштич ҷойгир аст. Деҳаи на он қадар калон. Масалан, мактаби деҳа ҳамагӣ 270 нафар хонанда дорад. Мардумаш асосан ба кишоварзӣ ва чорводорӣ машғуланд. Аммо аз сабаби он, ки ҳам замини кишоварзиву ҳам обии полезӣ кам аст, дар заминҳои обии ташнаи об асосан ғалладонагиҳо кишт мекунанд. 

Набудани шуғли доимӣ 60-70%-и ҷавонони ин деҳаро ба муҳоҷират бурдааст. Ин ҷавонон тӯли чанд муддат ба деҳа меоянд. Ҷавонон вақтҳои холигии худро асосан бо бозии футбол мегузаронанд. Дар деҳа ҳамагӣ як майдони варзишӣ ҳаст, ки он дар баландии теппае дар назди мактаби кӯҳнаи деҳа, ки соли 1965 бунёд шудааст, воқеъ аст. Он замон ҳам мактаб ва ҳам ҳамин варзишгоҳро тариқи ҳашар сохтаанд. Қариб 50 сол боз ин варзишгоҳ ҳам ҷойи дарсҳои варзишии мактабиён ҳасту ҳам варзишгоҳи ҳамаи ҷавонони деҳа. То 3-4 сол пеш дар мавсими баҳору тобистон дар ин варзишгоҳ бозӣ кардан ҳам намешуд. Зеро ин ҷо юнучқазор буд ва ду-се маротиба дарав мекарданд. Дар ин мавсим ҷавонону наврасон дар ду мавзеи деҳа, ки он ҷойҳоро Лаби ҳавз ва Санқалоқ (Санглох) меноманд, варзишгоҳҳои муваққатӣ сохта ба ҳар гуна бозиҳои миллӣ ва футбол машғул мешуданд. Лаби ҳавзу Санқалоқ ҳамчун участкаи наздиҳавлигӣ ба мардум тақсим шуд. Ахиран, дар деҳа дигар ҷойе барои сарҷамъӣ ва ба варзиш машғул шудани ҷавонон боқӣ намонд, ба ҷуз ҳамин варзишгоҳе, ки назди мактаби кӯҳна дар болои баландие ҷойгир аст. Дар аввали баҳору тирамоҳ мавсими боронгарӣ ин ҷо лойқаву лағжонак ва дар зимистон пур-пури барф мешавад. Дар тобистон бошад, пур аз хоктӯдаву гарду чангу тӯпаланг. Аммо обу лойу барфу борон ҷавонону дигар иштиёқмандони варзишро аз омадан ба инҷо боз намедорад. Зеро, дигар ҷойи рафтан нест!
Соли 2012 бо талоши зиёди директори мактаб П. Собиров ва дастгирии мақомот сохтмони 6 синфхонаи иловагӣ оғоз ёфт. Соли 2013 бинои нави мактаб бо харҷи 1 млн 200 ҳазор сомонӣ бунёд шуд. Ин бино яке аз аввалин бинои замонавии дуошёна бо маркази ягонаи гармидиҳанда дар минтақа мебошад. Пиру барно аз сохтани ин бино хурсанд. Дар назди ҳамин бинои мактаб, ки дар мавзеи Санқалоқ (Санглох) сохта шудааст, ҳамворие ҳаст, ки замоне ин ҷойро ҷавонону наврасон ҳамчун варзишгоҳи мавсимӣ истифода мекарданд. Айни ҳол ин ҷо барои сохтани як варзишгоҳи хеле олиҷаноб бисёр мувофиқ аст. Барои бунёди варзишгоҳ дар ин ҷой фақат як монеа ҳаст - мақомоти дахлдор замини ин ҷойро "зери боғот" ва "обӣ" гӯён, иҷозат намедиҳанд, ки ин замин барои сохтмони варзишгоҳ ҷудо шавад. Дуруст аст, ки қонунҳои амалкунанда иҷозат намедиҳанд, ки дар заминҳои обиву зери боғот ягон иншоот сохта шавад. Аммо, дар ин замин на боғ ҳасту на об! Замоне боғи сарсабзу ободе буд. Вале имрӯз дар ин ҷой ҳамагӣ як дарахти бед боқӣ мондаасту халос. Ин замин қариб ҳар сол бекор хоб аст. Азбаски об нест ва ҳосили хуб намедиҳад, касе ин ҷоро кишт намекунад. Замини фонди давлатӣ ҳисобида мешавад. "Мо бори аввал бо мақсади бунёди як мактаб бо варзишгоҳу толорҳои варзишӣ ба мақомот муроҷиат кардем. Зеро дар ҳақиқат деҳа ба як мактаби замонавӣ бо тамоми шароитҳо эҳтиёҷ дошт ва дорад. Баъди муроҷиату даводави зиёд барои сохтмони бинои мактаб замин ҷудо шуд ва 6 синфхонаи иловагӣ бунёд гардид. Бо маблағҳои грантӣ. Ба ҳар касе, ки дар сохтмони бинои иловагӣ моро дастгирӣ кард, раҳмат. Аз соли 2009 боз мо талош дорем, то барои сохтмони варзишгоҳ ҳам замин ҷудо шавад, аммо намешавад. Ҷавонон қариб ҳар рӯз дар кӯчаҳо. Дар муҳоҷират будаҳо телефонӣ аз ман мепурсанд, ки «муаллим, масъалаи стадион чӣ шуд?». Умеди зиёд доранд ин ҷавонҳо",- мегӯяд директори мактаб П. Собиров.
Бо дарназардошти аҳамият ва зарурати ташаккули сиёсати ҷавонон Ҳукумати кишвар як қатор қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонун "Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон"-ро қабул намудааст. Пешвои миллат борҳо таъкид менамоянд, ки «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд». Мавқеи фаъоли ҷавононро дар рушди кишвар ба инобат гирифта, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон намуданд. Инчунин, ҳамасола дар кишвар санаи 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонон таҷлил мешавад. Дар ҳар як чорабиниву вохӯриҳо Сарвари кишвар аз нерӯи ояндасоз будани ҷавонон ёдовар шуда, доим талаб менамоянд, ки ҷавнонро дастгирӣ кунем, дар тарбияи хуб гирифтану солиму босаводу донанда шуданашон тамоми чораҳоро андешем.
Аз «Соли ҷавонон» эълон шудани соли ҷорӣ ҷавонони ин деҳа низ мисли тамоми ҷавонони Тоҷикистон хурсанд шуданд, дар бисёр корҳои ободонии деҳаву маҳалла саҳм гузоштанд ва умед доранд, ки ба зудӣ барои онҳо як маҷмааи варзишӣ ё ақаллан як варзишгоҳ бунëд мешавад. Ҳатто, ҷавонон омода ҳастанд баробари ҷудо шудани замин барои сохтмони варзишгоҳ, худашон ҳам то ҳадди иқтидорашон барои сохтмон саҳмгузорӣ кунанд.
Яке аз ҷавонони фаъол ва иштиёқманди варзиши деҳа Азимҷон Азизов ҳангоми сӯҳбат хеле умедворона чунин гуфт: "Ҷавонони деҳа аз соле, ки сохтани мактаби нав сар шуд, умед доранд, ки маҷмааи варзишие бо шароити хуб сохта шавад. Охир, дар деҳа ҳамагӣ як варзишгоҳ дар назди мактаби кӯҳна ҳасту халос. Дар он ҷой ҳам ҳамеша бо варзиш машғул шуда намешавад. Гоҳ лойу гоҳ хоктӯдаву чангу ғубор. Шароите нест, ки он ҷойро алафзор кунем. Зеро зуд хушкида, хоктӯда мешавад. Аз беобӣ! Бар замми ин, майдон майдаву дар баландист. Гоҳо ҳангоми бозии футбол, агар ягон нафар сахттар зарба занад, тӯб то 400 - 500 метр ба поён мефарояд. Умуман, шароити хуб нест. Ҷавонон бесаброна интизори бунёди варзишгоҳи нав мебошанд. Ҳатто 2-3 сол пеш як қисми ҷавонони муҳоҷири деҳа барои амалишавии ин орзуяшон як миқдор маблағ ҳам ҷамъ кардаанд. Қисми дигар гуфтанд, ки «сохтани майдони варзишии нав сар шавад, мо ҳам кӯмак мекунем». Вале азбаски замин ҷудо карда нашуд, ин корҳо ҳамту монд. Ман пеш аз ба Россия омаданам бо директори мактаб муаллим Собиров сӯҳбат кардам, гуфтанд, ки худо хоҳад, рӯзҳои наздик заминро медиҳанд. Майдони варзишии нав сохта мешавад. Мо ҳамаи ҷавонон умед дорем ва бовар мекунем, ки мақомот моро дастгирӣ мекунанд. Чунки, инро Пешвои миллати мо, мӯҳтарам президенти мо мохоҳанд. Сарвари кишвар борҳо мегӯянд, ки ҷавононро ҳамеша дастгирӣ бояд кард. Мо ҷавонони Каҷровут ҳам дар «Соли ҷавонон» умед дорем, ки ба муроди ҷавониамон бирасем".
Варзиш гарави саломатист. Пас, барои ба варзиш машғул шудан шароит лозим. Ин ҷавонон ҳам ба шароити хуб эҳтиёҷ доранд. Умедворем, ки барои ҷавонон, барои ояндагони миллат замин ҷудо шудаву бунёди майдони варзишӣ онҳоро шод, сарҷамъ ва дӯсту муттаҳид месозад.

Бунëдҷон ПӮЛОДӢ

Хонданд 866

Яке аз ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки дар он сатҳи хизматрасонии соҳаи тандурустӣ ба дараҷаи хуб ба роҳ монда шудааст, ноҳияи Ёвон мебошад. Имрӯз дар ин ноҳия 96 муассисаи соҳаи тандурустӣ фаъолият доранд.
Сохтори госпиталии ноҳияи Ёвон дорои 740 кат буда, аз ин 620 кат ба беморхонаи марказии ноҳия, ки аз 22 шӯъба иборат мебошад, 80 кат ба беморхонаҳои рақамӣ ё минтақавӣ, 40 кат ба марказҳои махсусгардонидашуда, аз ҷумла ба маркази бемориҳои пӯсту зӯҳравӣ 15 кат, 25 кат ба маркази зидди бемориҳои сил ва маркази бемориҳои рӯҳӣ ва наркологӣ рост меояд. Дар ноҳия 25 маркази саломатии деҳот, 49 бунгоҳи саломатӣ, 7 нуқтаи тиббӣ ва маркази назорати санитарию эпидемиологӣ фаъолият мекунанд.
Аҳолии ноҳия 228 826 нафарро ташкил менамояд, ки ба онҳо 182 нафар духтурони маълумоти олидор, ки 80%-ашон дорои дараҷанокии тиббӣ мебошанд ва 831 нафар кормандонаи миёнаи тиб, ки 90%-ашон дорои дараҷанокии тиббиянд, хизмат мерасонанд.
Давоми нимсолаи аввали соли 2017 ба 11308 нафар бемор ба маблағи 348 569 сомонӣ хизмати ройгони тиббӣ расонида шудааст. Дар ноҳия 2035 маъюбон зиндагӣ мекунанд, ки аз ин кӯдакони то 18-сола 470 нафар мебошанд ва давоми нимсолаи соли ҷорӣ 57 нафар солим гардонида шудаанд. Дар ноҳия 10 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 9 нафар иштирокчиёни садамаи Чернобил зиндагӣ мекунанд, ки ҳамаи онҳо аз хизмати хуби тиббӣ бархӯрдор мебошанд.
Бо мақсади пешгирӣ ва табобати саривақтии беморон бо ташаббуси МИҲД-и ноҳия дар чор ҷамоати деҳот корвони саломатӣ гузаронида шуд, ки дар ҷараёни он ба маблағи 4000 сомонӣ доруворӣ тақсим карда шуда, 12 нафар беморони ниёзманд ба таври ройгон ҷарроҳӣ карда шуданд. Дар моҳи апрел бошад, аз тарафи Раёсати тандурустии вилоят корвони саломатӣ дар ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав гузаронида шуд, ки ба 350 нафар беморон хизмати тиббии ройгон расонида шуда, ба 4 нафар беморони вазнин барои муолиҷа роҳхати ройгон дода шуд.
Бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмири бинои комплекси нотамоми беморхонаи марказӣ маблағи 30 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуд, ки аллакай 6,2 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд ва корҳои сохтмонӣ бо суръати тамом идома дорад. Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 5 маркази саломатии деҳот бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки барои харидории таҷҳизоти тиббӣ ва мошинҳои ёрии таъҷилӣ иловатан боз 400 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Дар асоси супориши бевоситаи Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии раиси ноҳияи Ёвон аз ҳисоби буҷаи маҳал ба маблағи 162 689 сомонӣ дастгоҳи ултрасадо харидорӣ карда шудааст. Ба ғайр аз ин, ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ маркази солимии репродуктивӣ аз таъмири капиталӣ бароварда шудааст.
Давоми 7 моҳи аввали соли 2017 дар ноҳия 3645 навзод таваллуд шудаанд. Аз ин шумора 48 нафар навзод дар хона таваллуд шудаанд, ки ин 1,3%-и ҷамъи умумии навтаваллудшудагонро ташкил медиҳад. Дар соли 2016, бошад ин рақам 119 нафарро ташкил намуд, ки ин 2,9 %-ро ташкил медиҳад.
Аз рӯи суханони сартабиби беморхонаи марказӣ Халилов Бурҳониддин Ғуломович, «соҳаи тандурустии ноҳияи Ёвон дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ басо хисороти сангин дида буд. Маҳз тавассути дастгирии бевоситаи Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо дар муддати басо кӯтоҳ системаи тандурустиро аз нав эҳё намуда, иловатан даҳҳо муассисаи тандурустӣ сохтем, ки барои дастгирии бевосита аз Пешвои муаззами миллат ва ҳукумати ноҳия басо миннатдорем».

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ШАРҲИ МО:
Халилов Бурҳониддин Ғуломович 17-уми майи соли 1965 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Соли 1982 мактаби ба номи В. И. Ленини ноҳияро хатм намуда, то моҳи июни соли 1983 дар корхонаи сохтмонии №27-и ноҳияи Ёвон ҳамчун коргар кор кардааст. Соли 1983 ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1989 бо ихтисоси духтури муолиҷавӣ онро хатм намудааст. Солҳои 1989-90 барои гузаштани интернатура дар Беморхонаи марказии шаҳри Норак кор карда, солҳои 1990-91 дар шӯъбаи терапевтии Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон фаъолият намудааст. Соли 1992 курси шикастабандӣ ва ортопедиро хатм намуда, ҳамчун духтури шикастабанд дар Маркази саломатии ноҳияи Ёвон фаъолият намудааст. Дар вазифаҳои мудири шӯъбаи шикастабандии беморхонаи марказӣ, ҷонишини сардухтур оид ба ВКК, сардухтури беморхонаи марказӣ ва аз моҳи июли соли 2015 ба ҳайси сартабиби беморхонаи марказӣ фаъолияти корӣ дорад. Роҳбар ва оиладори намунавӣ, падари 3 фарзанд.

Хонданд 392

Моҳи июл сафаре ба диёри зебоманзари Панҷакент, аз ҷумла ба зодгоҳи оламушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, деҳаи Панҷрӯд доштам. Бо наздик шудан ба деҳаи Зери Ҳисор дар минтақае бо номи «Чилдухтарон» шоҳиди обкандае шудем, ки соли гузашта дар натиҷаи омадани сел кӯпруки он комилан хароб шуда, ба коми дарё рафта буд. Агарчи аз харобаҳои зиёде, ки соли гузашта дар ин мавзеъ ба амал омада буд, фақат ҷои ҳамин кӯпрук боқӣ монда буд, вале набудани кӯпрук ҳусни роҳро коста мекард. 

Бо гузаштан аз минтақаи мазкур тасмим гирифтам, ки барои муайян намудани сабабҳои то ҳол бунёд нашудани кӯпрук дар ин минтақа ба сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобили ноҳияи Панҷакент Фахриддин Мӯминов муроҷиат намоям. Эшон иброз доштанд, ки «то ба имрӯз аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди кӯпруки «Чилдухтарон» маблағе ҷудо нашудааст. Бинобар ин, мо бо ташаббуси худ аз тарафи идораи роҳсозӣ баландтар аз ҷои кӯпрук қубур хобонида, сойро қумфарш кардем ва дар он бехатарӣ ва ҳаракати мунтазами нақлиётро таъмин намудем».
Бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз соли гузашта мо дар ҳафтаномаи «Фараж» мушкилоти мазкурро матраҳ намуда, навишта будем, ки сабаби асосии каме тӯл кашидани бунёди кӯпрук дар мавзеи «Чилдухтарон» дар он аст, ки аз Институти лоиҳакашӣ намоянда даъват карда шуда буд, то аз он дидан карда, бунёди кӯпрукеро дар ин мавзеъ ба нақша гирад. Намояндагони Институти лоиҳакашӣ ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз як сол пеш ба ин минтақа ташриф оварда, тасмим гирифта буданд, ки лоиҳаи кӯпруки сатҳи замонавиеро тартиб дода, ба Вазорати нақлиёт пешниҳод намоянд. Дар Институти лоиҳакашӣ ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамон вақт дар сӯҳбат бо мухбири «Фараж» тасдиқ карда буданд, ки аз тарафи онҳо лоиҳаи кӯпруки 15-метра барои ин минтақа тартиб дода шуда, ба Вазорати нақлиёт пешниҳод шудааст ва дар сурати пуштибонӣ ёфтан, ҳатман сохта мешавад. Вале бадбахтона, инак дарёфтем, ки лоиҳаи мазкур аз тарафи Вазорати нақлиёт тасдиқ нашудааст ва алъон барои бунёди кӯпрук дар ин минтақа танҳо умед ба худи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобили ноҳияи Панҷакент, раисони ҷамоати Рӯдакӣ ва Ворӯ боқӣ мондааст.
Раиси ҷамоати Рӯдакӣ дар сӯҳбат бо мо тасдиқ кард, ки онҳо бо сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобили ноҳияи Панҷакент Фахриддин Мӯминов ба мувофиқа расидаанд ва дар бунёди пойгоҳҳои кӯпрук кӯмак хоҳанд кард. Дар сӯҳбат Фахриддин Мӯминов низ тасдиқ кард, ки «мо дар якҷоягӣ бо раисони ҷамоати Рӯдакӣ ва Ворӯ сохтани ин кӯпрукро ба зимма гирифтаем ва дар сурати бунёди пойгоҳҳои кӯпрук плитаҳои болои он аз тарафи идораи роҳсозӣ таъмин хоҳад шуд».
Бояд зикр кард, ки роҳи мазкур на танҳо аҳамияти маҳаллӣ, балки аҳамияти умумиҷумҳуриявӣ дошта, ҳар сол ҳазорҳо сайёҳон аз ин роҳ мегузаранд ва ба зиёрати зодгоҳи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиву минтақаҳои сайёҳии Кӯли Калон, Кӯли Зиёрат, қаторкӯҳҳои Фон, Қуллаи Чимтарға ва даҳҳо мавзеъҳои дигар меоянд. Чаро лоиҳаи мазкурро Вазорати нақлиёт дастгирӣ накардааст ва чаро аз тарафи раиси вилояти Суғд дар бунёди ин кӯпрук ҳеҷ маблағгузорие сурат нагирифтааст, саволест беҷавоб.
Шоҳидон нақл мекунанд, ки аз аввали баҳори имсол низ борону сел роҳҳои зиёдеро вайрон карда, муассисаи роҳсозии шаҳри Панҷакент барои барқарор намудани он талошҳои зиёдеро анҷом додааст. Бахусус фаъолияти он дар деҳаи Амондара хеле хуб эҳсос мешаваду мардум дар сӯҳбат бо мо аз ин идора хеле миннатдорӣ карданд, вале оё бе маблағгузории бузург аз тарафи вилоят ва бе дастгирии Вазорати нақлиёт ҳамаи роҳҳоро барқарор намудан имконпазир аст? Ҳаргиз!
Бояд зикр кард, ки ноҳияи Панҷакент аз минтақаҳои дурдастест, ки таъмир ва азнавсозии роҳҳояш маблағгузориҳои зиёдеро талаб мекунанд ва бе дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани роҳҳо басо мушкил аст. Вақте Вазорати нақлиёт ақаллан лоиҳаи кӯпруки хурдакакеро дастгирӣ намекунад, пас чӣ гуна умед ба маблағгузориҳои бузург кунем?

Холиқи МУҲАММАДНАЗАР,
Душанбе-Панҷакент-Душанбе

 

Хонданд 758

«Истироҳат»-и пашшаҳо дар Обигарм

Авг 26, 2017
Диданд: 558

Ҳар гоҳ, ки аз назди бозори марказии шаҳраки Обигарми шаҳри Роғун мегузарам, ба димоғам бӯи ғализ меояд. Дар шафати бозор мағозаҳои хӯрока ҷойгиранд. Ҳангоми гузаштан аз тарафи рости мағозаҳо ғарами ахлотпораву партовҳоро мушоҳида кардам, ки аз беназоратии бахши муҳофизати муҳити зист ва духтурони санитарӣ-эпидемиологии шаҳр пашшаҳо «бозор» барпо кардаанд. Бинанда гумон мекунад, ки пашшаҳо ба «бизнес» машғуланд…

Диққати маро «бозори пашшаҳо» ба худ ҷалб карду ба мағозаи хӯрокворӣ рафтам. Бинам, болои маводи хӯрока пашшаҳо «сайругашт» доранд. Пашшаҳо аз «бозорашон» микробҳо, бемориҳои сирояткунандапр ҳамроҳ гирифта, ба бозору роҳравҳо гулгаштҳо, чойхонаву ошхонаҳо мебаранд.
Ҳар вақте ҳарорати ҳаво гармтар шавад, пашшаҳо барои халос шудан аз гармӣ ба ошхонаву чойхона ва мағозаҳои хӯрокворӣ сар мехалонанд. Ба тозагии бозори марказии шаҳрак соҳибони мағозаҳо, ошхонаву чойхонаҳо аҳамият намедиҳанд. Онҳо ахлотпораҳоро дар шафати бозор мепартоянд. Роҳгузарон мегӯянд, ки барои тоза кардани гирду атрофи бозор бояд қуттиҳои партовгирӣ гузоранд, то ба тозагии бозор ва роҳрави пиёдагардон монеа эҷод нашавад. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба ҳама маълум аст, пайдоиши бемориҳои сироятӣ аз микробҳои воридкардаи пашшаҳо, партову ахлотпораҳо сарчашма мегирад.
Дар маркази шаҳрак ду ошхона-чойхона дар хизмати мардум қарор доштанд. Аммо соҳибони онҳо бо сабаби гарон будани андоз дарҳои худро баставу меҳмонони ба ин ҷо омада аз баста шудани ошхона-чойхонаҳо изҳори норозигӣ мекунанд.
Дар ҷамоати деҳоти Қадиоби шаҳри Роғун ошхона-чойхона дар хизмати мардум қарор дорад. Рӯзи ба ин ҷо омаданамон ду нафар ошпазу пешхизмат ба мардум бе хилъати корӣ хизмат мерасонданд, ки ба мақсад муофиқ набуд. Онҳо аз ташхиси духтурон нагузашта, дафтарчаи санитарӣ надоранд, ки нигаронкунанда аст. Ҳамчунин, гирду атрофи ошхона ба талаботи санитарӣ-эпидемиологӣ ҷавобгӯй нест. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар инҷо назорати духтурони санитарӣ-эпидемиологӣ дида намешавад.

Ҳокими САФАР, рӯзноманигор

Хонданд 558

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.