.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Минтақа

Мастчоҳ: Зиндагӣ ранги дигар мегирад!

Авг 12, 2017
Диданд: 491

Аз ҳосили бесобиқаи тарбуз то пирӯзиҳои беназири Комроншоҳи Устопириён

Ноҳияи Мастчоҳ яке аз ноҳияҳои пешрафтаи кишоварзии кишвар аст, ки бо ҳосили фаровон, бахусус картошка машҳур гардидааст. Сокинони меҳнатқарину ободкори ноҳия бо сарафрозию шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати одилонаву инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурсамар кору фаъолият намуда, дар давоми нимсолаи якуми соли 2017 зери роҳбарии бевоситаи раиси ноҳия Ғайрат Азиззода ба натиҷаҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардиданд.
Дар нимсолаи якуми соли 2017 воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоту муассисаҳои марбута баҳри иҷрои амалии 73 барнома, 7 консепсия, 6 стратегияи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардида чораҷӯӣ намудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ ду маротиба иҷлосияҳо - иҷлосияи нӯҳум ва даҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардидааст, ки дар онҳо 9 масъала, аз он ҷумла рафти татбиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мастчоҳ барои солҳои 2016-2020», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018» дар ноҳияи Мастчоҳ мавриди баррасии ҳамаҷонибаи вакилон қарор дода шуда, вобаста ба ин қарорҳои дахлдор ба тасвиб расидаанд. Вакилон инчунин дар иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия масъалаи тасдиқи Нақшаи генералии шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳро ҳамаҷониба муҳокима намуда, оид ба ин масъалаи ҳаётан муҳими ноҳия қарори дахлдор қабул кардаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ иҷроиши нақшаи андозҳо бе назардошти андози иҷтимоӣ 120,2 фоиз таъмин гашта, ба ҷойи 27 млн 617 ҳазор сомонии дар нақша пешбинишуда амалан 33 млн 185 ҳазор сомонӣ маблағи андозҳо ворид карда шудааст, ки нисбати нақша 5 млн 568 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Ин дар ҳоле аст, ки иҷро кардани нақшаи андоз дар аксар шаҳру ноҳияҳо ба як мушкили печида, - бо назардошти вазъи сангини бӯҳрони иқтисодӣ ба мушкили печида бадал гардидааст. Нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 118,6 фоиз таъмин гашта, ба ҷойи 37 млн 686 ҳазор сомонӣ 44 млн 696 ҳазор сомонӣ маблағи андозҳо ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати нақша 7 млн 10 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия ба андозаи 117 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 24 млн 574 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардида, нисбати нақшаи пешбинишуда 3 млн 575 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Дар нимсолаи якуми соли равон аз тарафи биржаи молу мулки вилояти Суғд 1 адад амволи давлатии ноҳия ба маблағи 119 ҳазору 332 сомонӣ фурӯхта шудааст. Дар ноҳия 2 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодаанд, аз ҷумла лоиҳаи беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ ба маблағи 385,8 ҳазор доллари ИМА ва лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот 452 доллари ИМА. Лоиҳаҳои мазкур ба маблағи умумии 386252 доллари ИМА маврид татбиқ қарор доранд.
Дар ноҳия 4 корхонаи сохтмонӣ фаъолият мебаранд, ки дар онҳо 136 нафар сохтмончиён кор мекунанд. Ташкилотҳои сохтмонӣ дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 7 млн 988,5 ҳазор сомонӣ корҳои пудратиро иҷро намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24 млн 121,2 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Инчунин, дар ин давра ҳаҷми корҳои бинокорию васлгарӣ 2 млн 565,5 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1 млн 560,7 ҳазор сомонӣ кам аст. Умуман, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 8 млн 141,2 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст, ки 25 фоизи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил медиҳад.
Дар нимсолаи аввали соли 2017 дар секторҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони 20211 гектар кишти зироатҳо, аз ҷумла 2286 гектар зироатҳои ғалладонагӣ, 4005 гектар зироатҳои равғандор, 10233 гектар пахта, 146 гектар сабзавот, 13 гектар картошка, 2173 гектар полезӣ, 1353 гектар зироатҳои хӯроки чорво гузаронида шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ аз тараф хоҷагиҳои деҳқонии оилавию инфиродӣ ва аҳолӣ ба миқдори 1087,2 тонна гӯшт, 9288,8 тонна шир, 5918 ҳазор дона тухм, 79 тонна пашм, 2,6 тонна пилла, 8 тонна асал истеҳсол ва ба фурӯш бароварда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2016 афзоиши маҳсулот аз 101 то 150 фоизро ташкил медиҳад.
Дар давоми нимсолаи аввали соли 2017 дар ноҳия, мувофиқи маълумоти оморӣ, корхонаҳои саноатӣ ба миқдори 46 млн 607,2 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудаанд, ки дар муқоиса ба хамин давраи соли гузашта 11 млн 788,3 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 133,9 фоизро дар бар мегирад. Дар ин давра ба аҳолӣ ба маблағи 1 млн 817 ҳазор сомонӣ қувваи барқ фурӯхта шуда, пардохти он 1 млн 947 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки 107,2 фоизи барқи истифодашударо дар бар мегирад. Пардохти умумии ҳаққи барқи истифодашуда аз ҷониби ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия бо назардошти идораи хоҷагии оби ноҳия ба 65,6 фоиз баробар шудааст. Яке аз камбудиҳои соҳа - ин нарасидани равғани трансформатор, нарасидани сутунҳои оҳану бетонӣ мебошад. Муаммои асосии ин соҳа пардохт накардани ҳаққи хизматрасонӣ аз ҷониби идораи хоҷагии оби ноҳия мебошад, ки то ин дам қарзи он ба миқдори 12 млн 892 ҳазору 571 сомонӣ баробар гаштааст.
Дар ноҳия 3 адад мусассисаҳои нақлиётӣ фаъолият доранд, ки аз онҳо 1 адад муассисаи нақлиётии боркашон ва 2 адад муассисаи нақлиётии мусофиркашон мебошад. Дар ин давра аз ҷониби муассисаҳои нақлиётӣ 495,6 ҳазор тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ кашонида шудааст, ки 102,8 фоизи соли гузаштаро дар бар мегирад. Ҳаҷми умумии кашонидани мусофирон 19,7 ҳазор нафарро ташкил дода, нисбати соли гузашта 80 фоизи ҳамин давраи солаи гузаштаро ташкил медиҳад.
Дар нимсолаи аввали соли 2017 барои таъмин ва нигоҳдории роҳҳо ба миқдори 46271 сомонӣ корҳои таъмири роҳҳо иҷро гардидаанд, ки 103 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Дар ин давра бо дастгирӣ ва маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии дастгоҳи Президенти мамлакат 2,7 км роҳи мошингарди Бӯстон - Азизобод бо асфалти гарм пурра таъмиру азнавсозӣ гардида, ҷараёни кор дар ин самт идома дорад.
Дар ноҳия 46 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 38 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 6 муассисаи таҳсилоти асосии умумӣ ва 2 литсей фаъолият намуда, дар онҳо 1650 омӯзгорон фаъолият намуда, 22158 нафар хонандагон (10514 нафар духтарон) ба таҳсил фарогир гаштаанд. Давоми нимсолаи аввали соли равон аз 1205 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таъсилоти миёнаи умумӣ 872 нафар онҳо ё худ 72,3 фоиз аз қайди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштаанд.
Дар соҳаи фарҳанги ноҳия 1 Қасри фарҳанг ва Филармонияи халқӣ, 1 хонаи фарҳанги шаҳрак, 4 хонаи фарҳанги деҳот, 2 клуб, 18 китобхонаи оммавӣ, 1 мактаби мусиқии бачагонаи санъат ва боғи фарҳангу истироҳат амал мекунанд, ки дар онҳо 131 нафар, аз ҷумла 27 нафар бо таҳсилоти олии тахассусӣ, 15 нафар бо таҳсилоти олии умумӣ, 50 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсус ва 39 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ кор мекунанд.
Дар давраи ҳисоботӣ 1496 таваллуд ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 242 адад кам аст. Аҳолии ноҳия дар нимсолаи якум 121192 нафарро ташкил додааст, ки аз ин шумора кӯдакони то 17-сола 43272, наврасони то 18-сола 10219, занҳои қобили таваллуд 31352, кӯдакони то 5-сола 15412, шахсони аз 60-сола боло 6407 нафар мебошанд. Шумораи умумии занҳо дар ноҳия 58900 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 135 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мебаранд, аз ҷумла 23 нафар хизматчиёни давлатӣ, 2 нафар раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 3 нафар вакили ноҳиявӣ, 19 нафар вакилони ҷамоатҳо, 190 нафар сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд. Дар мактаби захираи кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 25 нафар ҷавондухтарони лаёқатманд ба қайд гирифта шудаанд. Имрӯз дар ноҳия 22 маркази омӯзиши адрасбофӣ, 3 нуқтаи қолинбофии дастӣ, 4 нуқтаи кешбофӣ ташкил карда шудааст, ки занону духтарони ноҳия дар ин марказҳо маҳорату малакаи касбиашонро такмил дода истодаанд. Дар нимсолаи аввал духтарони ноҳия наздики 6900 метр атлас, адрас, бодомча, беқасаб ва карбос истеҳсол намудаанд.
Дар нимсолаи аввали соли 2017 ба шӯъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳия 2668 нафар шаҳрвандон муроҷиат намудаанд, ки аз онҳо 1061 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Ба 2009 нафари онҳо мақоми бекорӣ дода шуда, 448 нафар бо ҷои корӣ таъмин гардида, ба 142 нафар кӯмакпулӣ дода шудааст.
Бахшида ба Соли 2017 - Соли ҷавонон чорабиниҳо ба миқдори 224 адад бо фарогирии беш аз 24788 нафар ҷавонон доир карда шудаанд. Махсусан, баргузории аксияи умуминоҳиявии «Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат» беш аз 32718 нафар ҷавононро баҳри татбиқи ғояҳои инсонпарваронаву ватандӯстонаи Сарвари муаззами миллат муттаҳид намудааст. Дар нимсолаи 2017 варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои сатҳи вилоятиву ҷумхуриявӣ ва байналмилалӣ аз рӯи намудхои варзиш дар мусобиқаҳо ширкат варзида, 517 медал гирифтаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ шумораи умумии нафақахӯрон 8668 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2016-ум 396 нафар зиёд мебошад. Аз ин теъдод 5740 нафарашон нафақаи синнусолӣ, 956 нафарашон нафақаи маъюбӣ, 455 нафарашон нафақаи бесаробонӣ, 1517 нафарашон нафақаи иҷтимоӣ иҷтимоӣ мегиранд.
Мувофиқи ҳисоботи бахши хадамоти муҳоҷират дар ноҳия алҳол 7180 нафар сокинони ноҳия дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд, ки аз ин шумора 6944 нафарашонро мардон, 472 нафарро занону духтарон ташкил мекунанд. Дар нимсолаи аввал 2265 нафар муҳоҷирон ба шуғл ва таҳсил фаро гирифта шудааанд.
Дар арафаи иди байналмилалии Наврӯз аз ҷониби Пешвои миллат ба 21 нафар ятимони кулл сарулибоси идона ва ба маблағи 21 000 сомонӣ ба ҳар яке 1000 сомонӣ кӯмаки яквақта расонида шудааст. Дар ин давра бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, хоса раиси вилоят, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ба 6 нафар собиқадорони соҳа кӯмаки яквақтаи пулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ, ба хар кадоме 500 сомонӣ дастрас гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкор Ниёзов Н. ва мусоидати бахши оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ тӯйи хайриявии 4 ҷуфт навхонадорон ва хатнасури 20 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат гузаронида шудааст. Дар ин давра бо ҷалби соҳибкорон ва аҳолӣ ба ятимони кулл ва шахсони яккаву танҳо 14000 сомонӣ ва инчунин дар иди Рӯзи модар аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 150 халта орд кӯмак карда шудааст. Инчунин, дар арафаи таҷлили дигар иду ҷашнвораҳо ба 400 нафар аз оилаҳои камбизоат ва маъюбон 40 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои хайриявӣ расонида шудааст.
Мувофиқи маълумотҳои мавҷуда, алҳол дар ҳудуди ноҳия фарогирии мавҷҳои шабакаҳои телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, аз ҷумла шабакаҳои ТВТ - 96,49%, ТВС - 94,94 %, ТВҶ - 90,54%, ТВБ - 67-80%, радиоҳои Тоҷикистон - 95-15%, Овози тоҷик - 68,63%, Садои Душанбе - 70,71% ва ТВ «Суғд» 85%-ро ташкил медиҳад.
Дар нимсолаи якуми соли 2017 ба унвони раиси ноҳия 215 адад мактубҳо аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, 229 адад аз мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии вилояти Суғд ва ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва 542 адад аз ташкилоту муассисаҳои ноҳия ворид гардиданд. Инчунин, 1649 нафар сокинони ноҳия бо аризаҳои хаттии худ, ки аз ин 34 нафар ба унвони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 78 нафар ба унвони раиси вилояти Суғд ва ба унвони раиси ноҳия 1437 нафар муроҷиат намудаанд. Аз шумораи умумии муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон 1491 адад баррасӣ гардида, 58 адади он тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бори муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» мавриди омӯзиш қарор дорад.
Хулоса, бо вуҷуди таъсири бемисли буҳрони иқтисоди ҷаҳонӣ ноҳияи Мастчоҳ таҳти роҳбарии раиси ноҳия Ғайрат Азиззода нақши сазоворе дар рушди вилояту ҷумҳурӣ мегузорад. Агар ки то солҳои наздик Мастчоҳ бо картошкаи худ дар ҳудуди ҷумҳурию берун аз он маъруф буд, соли охир ҳосили бемисли тарбуз ва пирӯзиҳои пайиҳами ҷаҳонпаҳлавон Комроншоҳи Устопириён номи ноҳияро вирди забонҳо гардонид.
«ФАРАЖ»

Хонданд 491

Ноҳияи Рӯдакӣ яке аз калонтарин ноҳияҳои тобеи марказ буда, аз 30 ҷамоати деҳот иборат аст. Соҳаи тандурустии ноҳия 1 беморхонаи марказӣ, 3 маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил, 30 маркази саломатии деҳотро дар бар мегирад.

Табиби оилавӣ пизишкест, ки аз давраи пайдо шудани кӯдак дар батни модар то таваллуд ва пиронсолии шахс ба ӯ дар ҳама самт хизмати тиббӣ мерасонад. Аз ин рӯ, табиби оилавӣ бояд аз ҳама нозукиҳои касби духтурӣ огаҳӣ дошта бошад. Яъне вай бояд пизишки гӯш, чашм, духтури занона, духтури узвҳои даруна ва дигар самтҳо бошад.
Дар КАТС-и ноҳияи Рӯдакӣ 300 нафар духтурони соҳиби маълумоти олӣ ва 150 нафар ҳамшираҳои тиббӣ хизмат мерасонанд, ки аксари онҳо духтурони оилавӣ мебошанд. Табибони оилавӣ дар ҳамкорӣ бо табибони ихтисоси маҳдуд фаъолият мекунанд. Айни замон дар КАТС-и ноҳияи Рӯдакӣ 30 маркази саломатии деҳот фаъолият доранд. КАТС бо таҷҳизоти нави тиббӣ таъмин аст, ба мисли таҷҳизоти ташхиси бемориҳо - дастгоҳи ултрасадо, рентген, ташхиси лабараторӣ. Воқеан, гузаштан ба системаи нави ҷаҳонӣ, яъне тиби оилавӣ ба манфиати кор мебошад, зеро мардум дар ин сурат танҳо ба як духтур муроҷиат мекунанд, ки ин корро осон мекунад.
Яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ, ки аз «Стратегияи миллии солимии аҳолии ҶТ барои солҳои 2010-2020» бармеояд, ин такмилдиҳии кӯмаки аввалияи тиббии сифатан нав дар асоси тиби оилавӣ мебошад. Ин намуди хадамоти тибӣ аз як тараф давутози як муштариро ба назди табибони гуногун бартараф кунад, аз сӯйи дигар, харҷи кам дорад.
Яке аз калонтарин марказҳ дар ноҳияи Рӯдакӣ Маркази саломатии деҳоти «Саркиштии поён» мебошад. Дар он 15 духтури оилавӣ, 40 ҳамшираи оилавӣ ва 4 бародари тиб фаъолият мекунанд. Дар маркази саломатӣ 6 бунгоҳ, 1 маркази рӯзонаи табобатӣ ва 1 маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил фаъоланду кормандон новобаста аз гармову сармо дар пайи ҳифзи саломатии мардум мебошанд.
Ба гуфти сартабиби Маркази саломатии деҳоти «Саркиштии поён» Табаров Фирӯз, «дар Тоҷикистон барномаҳои гуногуни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амал мекунанд, ки онҳо ҳама барои баланд бардоштани маърифати тибии мардум равона шудаанд. Мутахассисон ва табибон вазифадоранд, ки иҷрои барномаҳоро назорат кунанд. Махсусан барномаи «Ташаккули тарзи ҳаёти солим ва робитаи духтурони оилавӣ бо мардум» зери назорати ҷиддӣ қарор дорад».

Манижа НАЗАРОВА,
табиби оилавӣ

Хонданд 482

Шаҳри Истаравшан дар қисми ғарбии вилояти Суғд ҷойгир буда, дар он зиёда аз 257055 нафар аҳолӣ зиндагонӣ мекунанд. Аз ин шумора 67300 нафар занҳои қобили таваллуд буда, 102464 нафар кӯдакону наврасони то 17-солаанд. Нафарони боқимонда шахсони куҳансолу миёнасол мебошанд.

Ҳоло системаи тандурустии шаҳри Истаравшан яке аз беҳтаринҳо дар мамлакат шинохта шуда, он дорои беморхонаи марказӣ, 3 беморхонаи минтақавӣ ё рақамӣ, 3 маркази байниноҳиявӣ, аз қабили дилшиносӣ, урологӣ ва осебшиносӣ, ки барои ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Масчоҳ, Шаҳристон, Зафаробод, Деваштич, Спитамен ва шаҳри Истаравшан хизмати тиббӣ мерасонанд, иборат буда, иловатан 3 адад стансияҳои табобатӣ, 15 маркази саломатӣ, 30 бунгоҳи тиббӣ, маркази саломатии репродуктивӣ, маркази стоматологӣ, беморхонаи бемориҳои сироятӣ, маркази ВНМО, маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил, 13 муассисаи табобативу хусусӣ ва 5 осоишгоҳи табобатӣ дар хизмати мардум қарор доранд.
Шароити хизматрасонии муассисаҳои табобатии шаҳри Истаравшан давоми ду соли охир дар сатҳи мусбат қарор дошта, имрӯз аз 317 нафар табибон, ки дар системаи госпиталӣ фаъолият доранд, 246 нафарашон, ки 75 фоизро ташкил медиҳад, духтурони дараҷаи олӣ, якум ва дуюм буда, аз 1199 нафар кормандони миёна ва хурди тиббӣ 642 нафарашон кормандони миёнаи дараҷадор ба ҳисоб мераванд, ки ин беш аз 48 фоизи кормандонро ташкил менамоянд. Маҳз кордонӣ ва масъулияти баланди сардухтури Беморхонаи марказӣ Обидов Фарҳод Сатторович имкон додааст, ки аз моҳи июли соли 2016 сар карда, аз масофаи 1,7 км оби полезӣ бо қубурҳои полиэтилении қутраш 150 ба таври доимӣ ба ҳудудҳои маъмурии беморхона оби полезӣ оварда шуда, имрӯз мавзеи беморхонаи марказӣ ба як гулистони афсонавӣ табдил ёфтааст. Инчунин, бо ташаббуси сардухтури беморхона Обидов Фарҳод ва бо дастгирии бевоситаи раиси шаҳри Истаравшан Иноятзода Баҳром дар наздиктарин мӯҳлат оби ошомиданӣ ба утоқҳои корӣ ва ташхисгоҳҳову кулли ҳуҷраҳои табобатӣ низ васл карда мешавад, ки ин як рӯйдоди нодир дар системаи тандурустии шаҳри Истаравшан ба шумор хоҳад рафт.
Яке аз самтҳои фаъолтарини системаи тандурустии шаҳри Истаравшан - ин се маркази байниноҳиявӣ мебошад, ки ба мардуми минтақа хизмат мерасонанд. Аз ин миён шӯъбаи осебшиносиро метавон махсус номбар кард, ки он дар баробари системаи сан-авиатсияи вилоятӣ махсус барои мардумони осебдида, бахусус аз садамаҳо дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ аз минтақаи Айнӣ сар карда то ноҳияи Спитамен хизмати сифатноки осебшиносиро мерасонад. Ин марказ бо технологияи муосири тиббӣ ҷиҳозонида шуда, аз ҷиҳати касбият ва ҷарроҳону табибон яке аз беҳтаринҳо дар мамлакат шинохта мешавад, ки дар кӯтоҳтарин муддат ба дилхоҳ шахси ба садама дучоргардида ёрии беҳтарини тиббиро мерасонад.
Яке аз самтҳои дигари афзалиятноки фаъолияти системаи тандурустии шаҳри Истаравшан - ин нигаҳдории саломатии модару кӯдак буда, дар соли 2016-ум 7033 таваллуд ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 89 нафар ё 1,3 фоиз дар хона таваллуд кардаанд. 26 нафар, ки 0,3 фоизро ташкил медиҳад, занҳои ҳомиладори шаҳрӣ буда, 26 нафарашон занҳои деҳоти дурдаст мебошанд, ки дар вақташ аз сабаби дурии роҳ ва гармову сармо ба шӯъбаҳои таваллуд муроҷиат накардаанд. Аз ҷамъи таваллуд дар нимсолаи аввали соли 2017 ҳамагӣ 0,4 фоизаш дар хона таваллуд кардаанд, ки ин нишондиҳанда яке аз беҳтаринҳо дар мамлакат ба шумор меравад.
Системаи госпиталии шаҳри Истаравшан дорои 961 кати табобатӣ буда, дар соли 2016-ум 26276 нафар бемор табобат гирифтаанд, ки аз он 11804 нафар ё ин ки 47 фоиз беморон пурра табобатро ройгон гирифтаанд. Маблағи табобати онҳо беш аз 2 млн 700 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Яъне, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан қариб ки пурра табобати ройгони 47 фоиз аҳолии камизоат ва аз дигар шаҳру ноҳияҳо воридгаштаро пардохт намудааст.
Шӯъбаи урологӣ, ки байниноҳияви мебошад, дорои 40 кати табобатӣ буда, давоми соли 2016-ум 680 нафар ва нимсолаи аввали соли 2017 беш аз 402 нафар беморон дар он табобат гирифтаанд. Дар ин шӯъба дар соли 2016-ум 91 адад ва дар нимсолаи аввали соли 2017-ум 63 адад ҷарроҳии таъҷилӣ гузаронида шудаст.
Шӯъбаи осебшиносӣ, ки дорои 40 кати табобатӣ мебошад, дар соли 2016 ба 970 бемор хизмати тиббии госпиталӣ расонидааст, ки аз он 163 бемор аз дигар шаҳру ноҳияҳо мебошанд. Дар ин шӯъба 272 ҷарроҳӣ гузаронида шудаст, ки аз он 206 ҷарроҳӣ таъҷилӣ мебошанд. Дараҷанокии табибони ин шӯъба баландтарин буда, 100 фоизро ташкил менамояд.
Яке аз бахшҳои басо муҳими соҳаи тандурустӣ бахши ёрии таъҷилӣ мебошад, ки дар соли 2016-ум 11 ҳазору 651 даъват ба қайд гирифта шудааст. Дар ин шӯъба 77 нафар кормандон фаъолият мебаранд, ки 24 нафарашон ронандагон мебошанд.
Яке аз марказҳои байни мардум мақбулу машҳур маркази дилшиносӣ мебошад. Давоми соли 2016 дар ин марказ 1481 нафар бистарӣ гардидаанд, ки аз он 40,6 фоизашон беморони вазнин будаанд. Дараҷанокии табибон 60 фоиз, дараҷанокии кормандони тиб 100 фоизро ташкил медиҳад.
Маркази стоматологӣ яке аз беҳтаринҳо дар шаҳри Истаравшан буда, давоми соли 2016-ум 8272 нафар беморон қабул карда шудаанд. Дараҷанокии табибон дар ин муассиса беш аз 70 фоизро ташкил намуда, давоми соли 2016-ум 290 амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст. Ба 68 нафар беморон, аз ҷумла 5 нафар маъюби Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони имтиёздор табобати ройгон гузаронида шудааст.
Ин нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки соҳаи тандурустии шаҳри Истаравшан яке аз беҳтаринҳо ба шумор рафта, роҳбарияти Беморхонаи марказӣ дар як вақт аз болои фаъолияти муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва бахшҳои табобати хусусӣ низ назорати қатъӣ мебарад. Чунки аз рӯйи салоҳият назорати соҳаи тандурустӣ дар шаҳру ноҳияҳо бар зиммаи сардухтури Беморхонаи марказӣ гузошта шудааст.
Аз рӯйи суханони сокини шаҳри Истаравшан Акбар Маърупов маълум гашт, ки «соҳаи тандурустии шаҳри Истаравшан, ки аз чанд сулолаи табибони худодод иборат мебошад, иқтидори табобати пурраи дилхоҳ бемориро дошта, имрӯз мардум вақти қимати худ ва маблағҳои калонро сарфа намуда, дар худи беморхонаҳои шаҳри Истаравшан табобат мегиранд. Бигзор собиқ сардухтурон хафа нашаванд, кассе мисли Обидов Фарҳод, ки падарашон Обидов Абдусаттор 39 сол мудири шӯъбаи бемориҳои сироятӣ шуда фаъолият карданду модарашон низ корманди соҳаи тандурустӣ буду гузашта аз ин, имрӯз дар оилаи онҳо аз Фарҳод Абдусатторович сар карда то келину фарзандон 23 нафарашон кормандони соҳаи тандурустианд, ягон нафар барои мардуми Истаравшани бостониву соҳаи тандурустии кишвар хизмати арзанда накардааст. Як худи ба гулистони афсонавӣ табдил додани Беморхонаи марказӣ ва таъмиру таҷдиди кулли беморхона, аз ҷумла болопӯшҳояшон ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин намудани беморхонаҳо дар ин шароити вазнини бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ хизмати арзанда аст. Кулли мардуми Истаравшан ба ин марди шариф, ки худ ҷарроҳи беҳтарин низ ҳастанд, барои хизматҳояшон арҷ мегузоранд».
Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Ином ном шахс, ки аз деҳаи Қалъаи калон мебошад, «барои мо - мардуми Истаравшан Фарҳод Абдусатторович яке аз меҳнатдӯсттарин ва вофодортарин нафар мебошанд. Яъне, ин нафар ҳам ба қасами Гипократу ҳам ба қасами ба номи Пешвои муаззами миллат додаашон содиқ буда, равияҳои нави табобативу роҳбариро дар асоси супоришҳои роҳбари давлат дар маҳали дурдаст амалӣ менамоянд, ки офарин ба он кас!».
Дар сӯҳбат бо мо сардухтури Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан Обидов Фарҳод иброз намуд, ки «маҳз бо дастгирии бевоситаи доҳии тоҷикони ҷаҳон, Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз барои ҷарроҳию иваз намудани узвҳо, ки дар гузашта мо онро дар хоб медидему орзую ормонамон буд, мардум аз дигар кишварҳо ба Тоҷикистони азизи мо меоянд. Мо табибон муваззафем, ки барои дастгириҳои доимии соҳаи тандурустӣ ба Пешвои муаззами худ вафодор бошему ба ӯ арҷ гузорем».

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ
Душанбе-Истаравшан-Душанбе

МАЪЛУМОТНОМА:
Обидов Фарҳод Абдусатторович соли 1965 дар деҳаи Якатоли шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст. Соли 1971 ба мактаби рақами 1-и ба номи Горкий дохил шуда, соли 1981 онро бо баҳои аъло хатм намудааст. Соли 1981 ба Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 1987 онро хатм намуда, як сол интернатураи ҳамин донишгоҳро хонда, соли 1988 ба ҳайси мудири шӯъбаи хунгузаронии Беморхонаи марказӣ фаъолият намуда, дар як вақт то соли 1991 ҳамчун табиби шӯъбаи ҷарроҳӣ низ фаъолият намудааст. Соли 2003 ҷарроҳ ва баъдан, то моҳи апрели соли 2012 вазифаи мудири шӯъбаи калонсолонро ба ӯҳда дошт. Аз соли 2012 то соли 2016 ҳамчун табиби ҷарроҳ дар шӯъбаи ҷарроҳӣ фаъолият намуда, аз моҳи июли соли 2016 сардухтури Беморхонаи марказӣ мебошад. Духтури дараҷаи олӣ, соҳиби панҷ фарзанд ва оиладори намунавӣ мебошад.

Хонданд 441

Таърих борҳо собит намудааст, ки нодида гирифтану поймол намудани ҳуқуқи инсон аз ҷониби мақомдорони давлатӣ дар маҳал, бесалоҳиятӣ ва бемасъулиятии мансабдорон нисбати иҷрои вазифаи хизматӣ боиси нобоварии мардум ба давлату ҳукумат ва билохира сабабгори заволи давлату миллат мегардад. Яке аз омилҳои аз байн рафтани давлати абарқдратӣ шӯравӣ маҳз нодида гирифтани арзу шикояти мардум, нодида гирифтани нобасомониҳои иҷтимоӣ дар маҳалҳо гардид. Беадолатию хунукназарӣ нисбат ба ҳалли қазияҳои мардуми оддиро дар замони шӯравӣ нисбат ба падарам ва дар замони соҳибистиқлолӣ нисбат ба худ дидам.

Ҷавонии падарам ба солҳои пурошӯби сиюми асри гузашта, дар даврае, ки қатлу куштор дар саросари шуравӣ ба сиёсати давлатӣ табдил ёфта буд, гузаштааст. Оилаи моро дар Хоруғ хешовандони Шириншоҳ Шоҳтемур гуфта, чун даҳҳо оилаҳои бегуноҳ аз Помир ба вилояти Ӯш бадарға намуданд. Падарам он солҳо дар шаҳри Ӯш дар корхонаи бофандагӣ кор мекард ва сураташ ҳамчун коргари фаъол як гӯшаи тахтаи фахрии корхонаро зеб медод. Баъдан бегуноҳии падару модарам собит гашту оилаи мо ба шаҳри Хоруғ кӯчид. Падарам аввал дар колхоз бригадир, баъдан дар «Помирторг» мудири мағозаю мудири анбори молнигаҳдорӣ шуда кор кард. Соли 1962 дар «Помирторг» 24 нафарро равонаи зиндон карданд, гарчанде гунаҳкор як ду нафар буданд. Падарам дар қатори он 24 нафар буданд. Баъди бозгашт аз маҳбас падарам як нафар коркуни маошгир дар оила буд ва нисфи маошашро ҳам «иск» гуфта, боз медоштанду бо 60 сӯм бори як оиларо бардоштан душвор буд. Бо хоҳиши падарам дар маҳаллаи Ниводак дар доманакуҳ барояш замин ҷудо карданд ва мо ки он солҳо мактабхон будем ҳамроҳи падар дар он доманакуҳ боғи пурдарахти мевадорро бунёд намудем ва барои ин меҳнати заҳматталаб аз колхоз як тин музди меҳнат ҳам барои падарам раво надиданд. Ниводак аз маҳалли зисти мо дар масофаи 5 километр дур қарор дошт. Мо ҳамроҳи падар саҳар ба он ҷо пиёда мерафтему бегоҳ бар мегаштам. Кори мо ба баъзе мақомдорон нохушоянд буд ва онҳо мардуми деҳаро зидди мо ба по хезонданд ва баъзе кӯрдилон ниҳолҳое, ки мо рӯзона мешинондем, шабона мешикастанду нобуд мекарданд. Чанд маротиба оғили моро оташ заданд. Хар сол аз ин боғи дар доманакуҳ қарор дошта, ба миқдори зиёд меваю, қариб 20 тонна алафи хушк месупурдем, аммо ҳаққи моро намедоданд. Ин кор то солҳои 70-уми асри гузашта давом кард. Падарам ба хотири он ки шикояташро обкому облисполкоми он вақта ҳал накарданд, маҷбур гашт ба котиби аввали Партияи коммунистии Тоҷикистон Қаҳор Маҳкамов ва баъдан Раҳмон Набиев муроҷиат намоянд, лекин ягон натиҷае ҳосил нашуд. Падарам ба шаҳри Маскав рафта, ба Кумитаи Марказии КПСС, Шӯрои Вазирони СССР, Суди Олии СССР, Прокуратураи генералӣ, рӯзномаи «Известия», маҷаллаҳои «Сельская жизнь», «По правам человека» муроҷиат намуд, аммо аризаҳояш аз он ҷо ба нафароне фиристода мешуданд, ки аз онҳо шикоят мекардем ва онҳо ҳамчун намояндагони ҳукумати марказӣ арзу шикояти падарамро насанҷида, ба боло ҷавобҳои бардурӯғ менавиштанд. Оқибат соли 1985 боғро ғайриқонунӣ аз мо кашида гирифтанд. Мо 11 нафар аҳли оила ба қабулгоҳи Рахмон Набиев рафтем, моро қабул накард. 6 нафари мо маҷбур шудем ба Маскав равем. Нусхаи 36 аризаи шикоятиро, ки падарам ба мақомотҳои маҳаллию марказии давлатӣ бо забони тоҷикӣ навишта буданд, дар мавзолей болои мурдаи Ленин партофтем. Одамони дар навбатбуда ба таҳлука афтоданд, тарсиданд, ки мо маводи тарканда болои ҷасади доҳиашон партофтем. Пурсиданд, ба кадом хотир ба ин кор даст задем. Мо тамоми қиссаи даводави хешро ба идораҳои «адолатпарвару халқпарвар» нақл кардем. Барои ин кор як рӯз дар СИЗО моро нигоҳ доштанд. Апаву хоҳарони мо ҳам он рӯзҳо ҳамроҳи мо дар Маскав буданд. Онҳо дар тан либоси миллӣ доштанд ва дар майдони сурх ҳама ба мо бо ҳайрат нигоҳ мекарданд. Баъдан мо ба Душанбе баргаштем ва дар ин ҷо котиби дуюми КМ ПК Тоҷикистон Пётр Лучинский ва Раиси назорати халқии Тоҷикистон Карташов моро қабул карданд ва ваъда доданд, ки баъди 1-2 моҳ ҳаққи меҳнатамонро мегирем. Баъди бозгашт ба Хоруғ бо супориши раиси комиҷроияи вилоят Евгений Тургунов боғ ба мо баргардонда шуд.
Ин ҳарфҳоро ба ин хотир дар ин мактубам овардам, ки имрӯз ҳам дар шаҳри Хоруғ мақомоти шаҳрдорӣ ва қонуну тартибот байни мардум аз волоияти қонун ҳарф мезананд, аммо амалан коре намекунанд. Он ободие, ки дар вилояту шаҳри Хоруғ аст, ин заҳмату хизмати Пешвои миллат, Презденти мардумпарвари мо Эмомалӣ Раҳмон аст. Шаҳрдорони пешину имрӯза фақат аз минбарҳо гапфурӯшӣ мекунанд. Дар асл бошад, онҳо кӯчактарин масъаларо ҳал карда наметавонанд ва мардум маҷбур мешавад ба мақомоти болоӣ ва пеш аз ҳама ба Президенти мамлакат муроҷиат намоянд. Вақте дар шаҳри Хоруғ хусусигардонии моликияти давлатӣ шуруъ гашт, касе чизе мехост, ғайриқонунӣ аз худ мекард ва ба ин шаҳрдорони вақту мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳам мусоидат мекарданд. Роҳе, ки солҳои сол дар маҳаллаи Шошхоруғ ба тарафи хонаи мо мерафт, бо сохтмони тарабхонаи «Помир» аз байн рафт. Худамон роҳро байни ин тарабхона ва идораи ҳарбикунонидаи «СМУРЧ», ки дар тобеияти иттиҳодияи истеҳсолии алоқаи вилоят қарор дошт, сохтем. То соли 2012 ин роҳро истифода мебурдем. Баъдтар Сафар Мулкамонов, ки то он солҳо сардори «Телеком»-и вилоят буд, гӯё он ҳудудро харидорӣ карда, дар ивази 2 ҳазор сомонӣ ба Музаффар Давлатшоев фурӯхтааст. Агар қонунан онро мефурӯхтанд, шояд садҳо ҳазор сомонӣ ба буҷети давлат ворид мешуд. Магар қитаъаи 300 бар 300 метр, ки дар он ҷо анбору гаражу ҳаммому ҳавз ва ғайра сохта шудааст, ҳамагӣ 2000 сомонӣ нарх дорад. Ба суди шаҳри Хоруғ дар ин бора навиштем, ба хотири он ки роҳи тарафи хонаи моро ҳам аз худ карданд. Дар авфномаи М.Давлатшоев навишта шудааст, ки вай ҳуқуқи дар 14х14 метр сохтани хонаро дорад. Лекин вай 100 бар 150 метр заминро аз худ кардааст. Прокуратураи вилоят қарор баровард, ки замин воқеан ҳам худсарона ишғол карда шудааст ва роҳи тарафи хонаи мо, нафақат хонаи ман, балки ҳамсояҳо ҳам. Хукумати шаҳр ҳам дар ин бора қарор баровард. Аммо суди шаҳри Хоруғ, раиси онвақтааш Раҳмон Соқизода, ки баъдан курсии раиси суди вилоятро соҳиб гашт, қарорҳои прокуратураи вилоят ва раиси шаҳро хилофи қонун донист. Вақте Прокурори генералии вақти ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода ба шаҳри Хоруғ омад, ду маротиба дар ин хусус ба ӯ муроҷиат намудам, аммо вай гуфт, ки ин масъала дар ваколати шаҳрдорист. Ба намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Ализода ҳам муроҷиат кардам, ягон натиҷае нашуд. Баъдан ман ба муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев муроҷиат намудам. Прокурори вилоят М.Наботов дар асоси муроҷиати вакили халқ тафтишот гузаронд ва шикояти моро қонунӣ ҳисоб кард ва дар ин бора қарор баровард. (Мактуби прокуратура, кумитаи идораи замин ва меъмории шаҳри Хоруғ ва қарори раиси шаҳри Хоруғ замима карда мешаванд.)
Соли гузашта, вақте ки Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хоруғ ташриф оварданд, ман ба раиси шаҳр муроҷиат намудам, то дар мулоқот ба ман иҷозат диҳанд, то ба Президент арзи хешро баён намоям. Муовини раиси вилоят Тоҷиддин Назришоев маро ба назди вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бурд ва вай гуфт, ки ин масъаларо санҷида мебарояд. Ман чанд маротиба ба телефонии боварии вазир муроҷиат намудам, аммо бо ҳар баҳона маро пайваст накарданд, чанд бор ба қабули сардори Раёсати корҳои дохилии вилоят рафтам, аммо маро қабул накарданд. 15-20 маротиба дар қабули раиси вилоят ва шаҳр будам, ваъда медиҳанд, ки масъаларо баррасӣ карда ҳал мекунанд, аммо ягон натиҷа нест. Соли 2012 вақте Презденти муҳтарами мо, ки ҳақиқатан ҳам ғамхори мардум аст, ба Хоруғ омад, ман назди микрафон омадам, хостам дарди диламро баён намоям, аммо «ғамхорони мардум», масъулони навбатдори назди микрофон, кормандони масъули дастгоҳи раиси вилоят маро сухан гуфтан намонданд. Ман ҳазорҳо бор аз Пешвои миллат сипосгузорам. Вақте хонаи хоҳарам зери сел монд, Ҷаноби Олӣ худашон калиди хонаи нави сеҳуҷрадорро ба ӯ супорид.
Кошкӣ ҳамаи роҳбарони мансабдори мо чун Пешвои миллат ғамхори миллату халқ мешуданд. Агар роҳбарони шаҳру вилоят қазияи роҳро, ки борҳо ба онҳо муроҷиат намудам, ҳал мекарданд, писарамро, ки ба худкушӣ даст зада буд аз даст намедодам. Агар роҳ мебуд мошини ёрии таъҷилӣ сари вақт назди хонаамон меомад, фарзандамро наҷот додан мумкин буд.
Натиҷаи беадолатӣ, бесалоҳиятӣ, бемасъулиятии ҷунин роҳбарон аст, ки Хоруғ ба як гӯшаи ҷиноятии кишвари ободамон мубаддал шудааст. Хукумати марказӣ бо супориши Роҳбари давлат дар ин ҷо ободкорӣ мекунаду бо айби роҳбарони бесалоҳияти шаҳрдорию мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳри бо маблағу заҳмати зиёд ободгашта боз хароб мегардад. Маҳз ба ин хотир мо хоҳони онем, ки сари мансаб бояд одамони кордону донишманд, воқеан ҳам ғамхори мардум ва созандаю ободкунанда омада кор кунанд. Ман аз мансабдорони маҳаллӣ вазифа не, маблағ не, фақат як чизро хоҳонам, масъалаи роҳро, ки ғайриқонунӣ сӯи хонаи ману ҳамсояҳоямро бастаанд, дар доираи қонун ҳал намоянд.

Мавлодод ИМОМДОДОВ, сокини шаҳри Хоруғ

Хонданд 900

Хабари рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Минбари сардабир

  • занакГАП

    Ҳама аз дард менолад, вале ҳар кас ба таври худ,…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.