.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Минтақа

Некӣ бимонад ҷовидон!

Фев 24, 2018
Хонданд: 220

Истиқлолият бузургтарин ормон ва муқаддастарин дастоварди мардуми тоҷик аст, ки зери роҳбарии Пешвои миллат, президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад ва торафт нашъунамо ёфта, дар инкишоф аст.
Қобили зикр аст, ки дар ҳар гӯшаю канори мамлакати биҳиштосоямон Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон ҳамовозии гарму ҷушон оварда, баҳри иҷроиши он кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.
Чанде қабл бо сафари корӣ ба Панҷакенти бостонӣ ворид гардидам. Сарварии шаҳрро яке аз фарзандони содиқи миллат, иҷрокунандаи дастуру супоришҳои Президент, марди ҳалиму хоксор, қадрдону кордон Ислом Зиёзода ба уҳда дорад. Дар васфи номбурда суханҳои нек гуфта, ёрию дастгирии ӯро мардум ҳамеша ҳис мекунанд.
Шаҳри Панҷакент дар ҳамсоягӣ бо шаҳри Самарқанд ҷойгир шуда, торафт ободу зебо гардида истодааст. Диққати бинандаро мавзеъҳои таърихии он ба худ ҷалб мекунанд. Зери роҳбарии раиси шаҳр омӯзиши Паёми Пешвои миллат дар ҳамаи деҳоти ноҳия ба роҳ монда шудааст. Ба хотири «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» нақша - чорабиниҳои махсус тартиб дода шудааст. Симои шаҳр ва деҳоти он ба куллӣ тағйир ёфта, дараҷаи зист ва некуаҳволии мардум хело пеш рафтааст. Баҳри бо мардум аз наздик ошно гаштан, ҳар ҳафта рӯзи шанбе рӯзи қабули шаҳрвандон гузаронида мешавад, ки дар он ҳоҷатмандон иштирок карда, фикру мулоҳиза, дархост ва пешниҳодҳои худро ба раиси шаҳр изҳор менамоянд. Хушбахтона, мо дар рӯзе ба МИҲД-и шаҳр ворид шудем, ки қабули шаҳрвандон амалӣ мегашт. Ҳамаи масъулони ташкилотҳои лозимаро раиси шаҳр дар толори махсус гирд оварда, ҳоҷатмандонро қабул мекард. Рафти қабулро хеле назорат карда, ҳис намудам, ки дар ҳақиқат тартиботи махсус ҷой дошта, арзи мардум пурсида мешавад ва ба онҳо ҷавобҳои қаноатбахш дода мешудааст. Инро аз қаноатмандии ҳоҷатмандон ҳис карда, бори дигар ба масъулони соҳа, хусусан раиси шаҳр аҳсан хондам. Ҳоҷатмандон пешакӣ аз тарафи масъулон ба қайд гирифта шуда, мақсадашон дар варақаи махсус навишта мешуд. Сипас, ба қабули раиси шаҳр ҳозир мешуданд, фикрашонро баён намуда, ҷавоби қаноатбахш мегирифтанд.
Ҳангоми вориди толори вохӯрӣ гаштан шоҳиди он шудам, ки раиси шаҳр Ислом Зиёзода бо ниёзмандон чи тавр самимӣ суҳбат мекард. Ба масъулин баҳри иҷроиши дархосту иҷроиши ҳоҷатмандон супоришҳо дода мешуд. Модаре изҳор дошт, ки саробони оилааш маҷруҳ асту ба ӯ ёрии тиббӣ зозим аст. Дарҳол ба сардухтури Беморхонаи марказии шаҳр, ки дар онҷо ҳузур дошт, супориш дода шуд, то ба маҷруҳи номбурда ёрии тиббии ройгон расонида шавад. Модар изҳори қаноатмандӣ намуда, аз гул-гулшукуфоии ватани азиз ҳарф зада, дар васфи Президенти мамлакат суханҳои нек гуфт. Ҳамаи ҳоҷатмандон бо табъи болида аз вохӯрӣ бо раис қаноатбахш мебаромаданд.
Баҳри амалӣ гардидани нуктаҳои Паёми Президент ва дастуру супоришҳое, ки аз он бармеоянд, ба раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода комёбиҳо орзу намуда, умед дорем, ки дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Панҷакенти бостонӣ ва мавзеъҳои сайёҳии он корҳои назаррас ба сомон расонида шаванду деҳаҳои он боз ҳам обод гарданд ва дараҷаи некӯаҳволии мардумаш боло равад.
Ҷамолиддини ҶАЛОЛИЁН,
шаҳри Паҷакент

Хонданд 220

Таври маълум, дараи Ромит, ки яке аз минтақаҳои асосии сайёҳии Тоҷикистон аст, бо зебоиҳову манзараҳои нотакрори худ аллакай сайёҳону меҳмонон ва шаҳрвандони бешумори кишварро мафтун кардааст.
Яке аз мавзеъҳои машҳури ин минтақа «Мамнуъгоҳи Ромит» ба шумор меравад, ки дар масофаи 80 км аз шаҳри Душанбе ва 50 км аз маркази шаҳри Ваҳдат ҷойгир буда, масоҳати он 16100 гектарро ташкил медиҳад. Роҳ ба сӯи ин мамнуъгоҳ сайргоҳи аҷибу ҳақиқиро мемонад. Ҳоло дар ҳар ду тарафи ин роҳ истироҳатгоҳҳои зиёде бунёд шудаанд, ки диққати касро ба худ ҷалб месозанд. Гӯё табиат дар мамнуъгоҳ тамоми шоҳкориҳоро ба вуҷуд оварда бошад. Боду ҳавои форам, обҳои зулол ба кас илҳоми тоза мебахшанд.
Ин мамнуъгоҳ тибқи Барномаи давлатии рушди ҳудуди табиии махсус муҳофизатшаванда ба нақша гирифта шудааст. Сайёҳон имконият пайдо мекунанд, ки манзараҳои беҳтарини мамнуъгоҳ, ёдгориҳои табиӣ ва дигар мавзеъҳоро бемамониат тамошо карда, аз захираҳои табиии он оқилона истифода баранд.
Дар ҳудуди мамнуъгоҳ, дар натиҷаи кофтукови бостоншиносӣ, ёдгориҳои таърихии Қалъаи Посбонҳо дар деҳаи Хушон, Қалъаи Ҳисорак дар деҳаи Коху ва Қарияи калони Шаҳидон дар даромадгоҳи мамнуъгоҳ маълум карда шудаанд, ки онҳо ба асрҳои 10-12 рост меоянд. Печҳои оҳанобкунӣ ва асбобҳои аз оҳан тайёркардашуда, ки дар инҷо ёфт шудаанд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар дохили Қалъа ғайр аз тайёр намудани асбобу анҷомҳои муҳофизатӣ ба омода намудани асбобу олоти зиндагӣ низ машғул мешудаанд.
Набототи мамнуъгоҳ
Олами набототи мамнуъгоҳ хеле бою рангин буда, то имрӯз пурра омӯхта нашудааст. Тибқи маълумотҳо, гуногунии олами набототи мамнуъгоҳи «Ромит» 1503 намудро дар бар мегирад, ки аз он 292 намуд обсабзҳо, 193 намуд замбурӯғҳо, 41 намуд ушнашаклҳо, 127 намуд замбурӯғмонандҳо ва 845 намудро растаниҳои гуногун ташкил медиҳанд.
Олами ҳайвонот
Олами ҳайвоноти қаторкуҳи Ҳисор, ки «Мамнуъгоҳи Ромит» дар ҳамин минтақа ҷойгир шудааст, ба қисмати ҷуғрофии зоологии Бухорои шарқӣ мансуб буда, дар он қисме аз намудҳои олами ҳайвоноти ҳудудҳои Тёншони ғарбӣ низ ворид гаштаанд.
Вобаста ба шароитҳои зисти олами ҳайвонот ҳудуди мамнуъгоҳи Ромит ба 3 минтақа тақсим мешавад (даштҳои куҳӣ, ҷангалзорҳо ва баландкуҳҳо), ки аз ҳамдигар бо хусусиятҳои ба худ хос фарқ мекунанд. Дар мамнуъгоҳ 3 намуди моҳӣ мавҷуд аст: ширмоҳӣ, гулмоҳӣ, лақамоҳӣ.
Хазандаҳо
Дар ҳудуди мамнуъгоҳ 17 намуди хазандагон, аз ҷумла морҳои гурза, сипарисарон, мори фишор ва ғайра мавҷуданд. Аз ҳама камёфттарин мори кубро, кӯрмор ва афъӣ ба шумор мераванд.
Парандагон
Дар мамнуъгоҳ 134 паранда мавҷуд аст, ки 80 намуди онҳо парандаҳои муқимӣ буда, боқимонда дар фаслҳои муайян ба ин минтақа меоянд. Дар мамнуъгоҳ парандаҳои асосӣ, ба монанди кабк, бедона, бургут, мурғи ҳумо, говкафтар, сангодавак, товусаки биҳиштӣ ва ғайраҳо зиндагӣ мекунанд. Аз олами парандагон 18 намуд ба Китоби Сурхи Тоҷикистон ва 1 намуд - эзорсурхак ба китоби сурх дохил карда шудааст.
Захираи об дар дарёҳои Сардаи миёна ва Сорво имконият медиҳад, ки дар онҳо шуғли варзиши обӣ ва моҳидорӣ бо меъёрҳои муайян ташкил карда шавад.
Роҳ аз шаҳри Душанбе ба сӯи «Мамнуъгоҳи Ромит» тамоми сол кушода аст ва ба сайёҳон имкон медиҳад, ки бемамониат дар тамоми фаслҳо аз мамнуъгоҳ дидан намоянд.
Канаск - макони гулу гиёҳ
Ин ҷо метавон аз мавзеи дигари тамошобоб - Канаск ёдоварӣ намуд. Майдони умумии мавзеи Канаск 40 ҳазор гектарро ташкил медиҳад ва иқлими он басо салқин ва табиаташ зебову назаррабост. Заминҳояш дар ду фасли сол - баҳору тобистон сабзпӯшанд. Канаск дар қисми шимолу шарқии шаҳри Ваҳдат дар баландии 2300-2500 метр аз сатҳи баҳр, дар масофаи 100 километр дурӣ аз маркази шаҳр ҷойгир мебошад. Ин мавзеъ бо гиёҳҳои шифобахш, рӯди обаш сарду мусаффо ва чашмаи оби гарм барои истифодабарандагон, алалхусус чорвопарварон ва занбӯриасалпарварон, ки моҳҳои зиёд муқими ин ҷо мегарданд, басо созгор аст. Ҳамчунин, ин мавзеъ барои парвариши картошкаи тухмӣ, ки аз барангезандаҳои касалию зараррасонҳо озод аст, мутобиқ мебошад. Фаровонии гулу гиёҳҳои шифобахшу шароити хуби экологии мавзеи Канаск барои парвариши занбӯри асал ва истеҳсоли асали аълосифат басо мусоид аст. Ин минтақаи биҳиштосо бо табиати зебову нотакрор барои рушди соҳаи туризм низ созгор мебошад.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми ноябри соли 2016 Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии ёрирасони Канаск” таъсис дода шуда, аз моҳи апрели соли 2017 майдони умумии 40 ҳазор гектар заминҳои мавзеи Канаски деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат ба тавозуни корхона гузаронида шуд.
Имкониятҳо
Рушди соҳаи сайёҳӣ бо дарназардошти мавҷудияти ҷойҳои истироҳатӣ ва таърихӣ дар шаҳр имконияти хеле васеъ дорад. Дар дараи Ромит оби шифобахши «Зайрон», «Мамнуъгоҳи Ромит», 60 иншооти истироҳатӣ, таълимӣ, фарҳангӣ ва истеҳсолӣ мавҷуд аст. Инчунин, 200 хонаи истироҳатӣ (дача) барои рушди соҳаи сайёҳӣ имконият фароҳам меоранд.
Дар ин замина, ободкориҳои дараи Ромит аз нав эҳё шуда, 36 адад истироҳатгоҳ, 10 адад лагерҳои мактабӣ, 4 адад боғҳои таҷрибавӣ ва истироҳатӣ, корҳои иктишофӣ-геологӣ, заводи гулмоҳипарварӣ, оби шифобахши «Зайрон», базаи туристӣ, «Мамнуъгоҳи Ромит» ба фаъолият оғоз намуда, барқарорсозии дигар истироҳатгоҳҳову табобатгоҳҳо идома дорад.
Дар баробари ин, осоишгоҳи Тангаӣ барои табобат кӯдаконро қабул карда истодааст. Дар деҳаҳои Явроз ва Ромит стансияҳои мавҷқабулкунии телевизиони марказӣ ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, барқарор шудани алоқаи телефонӣ байни шаҳру маркази деҳоти Ромит амалӣ гардид.
Оби шифобахши «Зайрон» барои табобати касалиҳои дарди миёну пой, буғумҳо шифобахш буда, дар як шабонарӯз то 200 мизоҷонро барои табобат қабул менамояд.
Инчунин, дар шаҳр оби шифобахши «Оби шӯр» мавҷуд аст, ки мардум барои табобати касалиҳои дарди буғум ва сутунмуҳра ба ин ҷо меоянд.
Дар истироҳатгоҳҳои кӯдакону наврасони «Ҳамсафар», «Булбулакон», «Афсонаи куҳӣ», «Садбарг», «Мағов», «Явроз», «Роҳи оҳан», «Кишоварз» ва ғайраҳо қариб ҳар сол 3800 нафар кӯдакону наврасон истироҳат мекунанд.
Бахтиёр АЛИМОВ

Хонданд 493

Ноҳияи Рӯдакӣ 17-уми сентябри соли 1927 таъсис ёфта, дар самти ҷануби Тоҷикистон, дар водии Ҳисор ҷой гирифтааст. Номи аввалаи ноҳия Лақай - Тоҷик буд. 21-уми январи соли 1935 ба ноҳияи Кӯктош табдил дода шуду ба ҳайати вилояти Ҳисор ва пасон соли 1939 ба ҳайати вилояти Сталинобод шомил гардида, дар таъриху имрӯзи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳифаҳои зиёде ворид сохта, байни навоҳии водӣ мавқеи хосро ишғол кардааст.

Доманакуҳҳои сабзу хуррам, дарёҳо, майдонҳои васеи киштзор дар ҳамсоягӣ бо вилояти Хатлон, шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Варзоб ва дар марзи водии зарнисори Ҳисор ҷой гирифтану атрофи пойтахти мамлакати азиз - шаҳри Душанберо иҳота намуда, дар шафати кишвари ҳамфарҳанги Ӯзбекистон будан барои зисти мардуми диёр шароити мусоид фароҳам овардааст.
Мавзеъҳои нотакрори ҳавзаи Кофарниҳон, шаршараи Мағмуруд, чашмаҳои Шуриён, обу боғҳои «Бибихурум» ва мавзеи “Гулзор”, ҷангалзорҳои атрофи ғори «Чилтан», «Нови паҳн»-и қаторкуҳҳои Ғозималик, бӯстонсаройҳои Сарикиштии пойину боло, ангури ҷавси Роҳатӣ, меваҳои Рангон, сабзавоти Қуштеппа, гӯсфандҳои зоти тоҷикии Эсанбой, аспҳои зоти тоҷикии хоҷагии «Асппарвар»-и Султонобод, гармхонаю гулҳои Қуштеппа ва Чимтеппа низ ба ифтихороти мардуми ноҳия мансубанд.
Сарчашмаҳои таърихию бостоншиносӣ шаҳодат медиҳанд, ки аксари минтақаҳои ноҳия, мисоли Масҷиди Мавлоно Яъқуби Чархӣ, Теппаи Самарқанд, Чоргултеппа, Тоҷхон, Бачамазорсой, Масҷиди сангӣ, Қарияи Камар, Кӯктош, Чортеппа, Мортеппа, Шайнак, Кампирқалъа, Эсанбой, Хоҷабулбулон, Қалъаи Кофарниҳон, Хоҷа бехоб ва «Намозгаҳ» мавҷудияти ҳазорсолаҳо ва таърихи бою қадима доранд.
Осори таърихии Чоргултеппа ҳамчун сукунатгоҳи одамони асрҳои 9-12-и мелодӣ муаррифӣ шудааст. Ёдгориҳои таърихии деҳаҳои «Олӣ совет» ва «Болшевик» осори мадании асрҳои 11-12 буда, ҳавзаи осорҳои таърихии Бачамазорсой ҳудуди деҳаҳои атрофи Масҷиди Сангиро дар бар гирифта, бозёфтҳои таърихӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки одамон аз аҳди Кушониён то замони истилои араб дар ин ҷо зиндагӣ мекардаанд.
Аз тадқиқотҳои илмии Масҷиди Сангӣ бармеояд, ки дар ин маъбад якчанд тамаддун - буддоӣ, зардуштӣ ва исломӣ маҳфуз аст. Комплекси археологии Стаханов, ки номи қадимаю аслиаш Санги Кабуд аст, шаҳодат ба макони зист будани ин мавзеъ ва густариши феодализм дар асрҳои 6-8 аст. Бузургтарин осори таърихии он даврон санги мазори ин деҳа аст, ки ҳоло бо номи Санги Кабуд вуҷуд дорад.
Тибқи маълумотҳое, ки аз китобҳои «Бобурнома»-и Заҳириддин Бобур, «Шарафномаи шоҳӣ»-и Ҳофизи Таниш, «Зафарнома»-и Шаофиддини Яздӣ, «Матлаъ-ус-саъдайн» ва «Маҷолис-ус-баҳрайн» бармеоянд, асрҳои 14-18 диёри мо дар аҳди сулолаҳои Шайбониён, Аштархонӣ ва Манғитиҳо қарор доштааст.
Ноҳияи имрӯзаи Рӯдакӣ то аввалҳои асри 20 ба амлокдориҳои Кӯктош, Султонобод, Шуриён ва тамоми тарафи рости дарёи Кофарниҳонаш ба ҳайати амлокдории Душанбе дохил шуда, дар аҳди бекигарии Ҳисори тобеи Бухоро қарор дошт.
Ноҳияи Рӯдакӣ дар тобеияти водии Ҳисор таърихи куҳан ва тӯлоние дораду то имрӯз осорҳои он маҳфуз ҳастанд. Ба 1-уми январи соли 2015 дар ҳудуди ноҳия мувофиқ ба омори бахши фарҳанг 36 ёдгориҳои гуногуни таъриху фарҳанг ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла дар ҳудуди деҳоти Чортеппа 9 ёдгорӣ, дар Чоргултеппа 5, дар деҳоти Сарикиштӣ ва Гулистон 4-тогӣ, дар деҳоти Зайнабобод, Чимтеппа ва Россия 2-тогӣ, дар деҳоти Лоҳур, Эсанбой ва Роҳатӣ яктогӣ ёдгориҳои таъриху фарҳанг ба қайд гирифта шудаанд.
Қадимтарин ёдгориҳо «Теппаи Мавлоно» дар деҳоти Гулистон ва Кампир-теппаю харобаҳои шаҳри қадимаи Кампирқалъа дар деҳоти Чортеппа аз давраҳои асрҳои 1 ва 2-и пеш аз милод то замони мо маҳфуз мондаанд.
Бо мақсади гирдоварӣ, омӯзиш ва ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои ҷузъии таъриху фарҳанг, маҳз бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия соли 2007 дар шаҳраки Сомониён - маркази маъмурии ноҳияи Рӯдакӣ Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ бо номи шоири халқӣ Абдукарим Қурбонов кушода шуд, ки имрӯз дорои зиёда аз 1000 нигораҳои таърихӣ-кишваршиносӣ мебошад. Дар байни ин экспонатҳо хуми калони ба асрҳои то милод тааллуқдошта ва кӯзачаи кулолии аз қабристони деҳаи Шайнаки Чинор (аз тарафи омӯзгор Одинаев Сулаймон) ёфтшуда аз ҳама қадимтарин ба ҳисоб мераванд.
Воқеаҳои зиёд ва асосиро ноҳияи Рӯдакӣ дар марҳилаи барпошавӣ ва ҷараёни давлатдории Ҳукумати Шӯроҳо аз сар гузаронидааст, ки чунин будааст: 2-юми сентябри соли 1920 аморати Бухоро сарнагун шуд. Амир ба Душанбе фирор кард. Муҳлати дар Душанбе иқомат кардани Амир, дарбориён ва муҳофизонаш барои зиёд кардани лашкар ба сафарбарии сарбозон аз ҳисоби мардуми таҳҷоӣ, захираи хӯрока ва ғизои аспон машғул буданд. Дар ҷараёни ин амалҳо ба бетартибиҳо, тороҷи молу мулк ва азобу шиканҷаи халқ даст заданд. Мардум аз ноилоҷӣ ба куҳу пуштаҳо фирор мекард. Дар ин ҷараён аз ҳама бештар аҳолии деҳаҳои Ҷӯйбодом, Чортут, Чортеппа ва Шоҳмансур зарар диданд. Норозигии халқ авҷ гирифт. Дар ҳама ҷо аз амлокдор то авбош ҳукми худро раво дониста, ба ҳалқи бечора ситам мекарданд.
Ин ҳангом бо мақсади маҳв сохтани амири фирорӣ ва қувваҳои ситамгари вай, аз зулму асорат раҳо додани халқи бечора Ҷумҳурии халқӣ-шӯравии Бухоро отрядҳои ҳарбӣ таъсис дода, ба амалиётҳои ҷангӣ оғоз намуд ва Амиру дастаҳои ҳамроҳи ӯро маҷбур карданд, ки Душанберо монда ба сӯи Афғонистон фирор намоянд. Барпонамоии ҳокимияти шӯроҳо оғоз гардида, дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шакли Комитетҳои инқилобӣ ҷараён гирифт. Ноҳия яке аз минтақаҳои ноорому пурошуб буд. Қисме аз аҳолӣ ҳокимияти навро напазируфтанд. Ва маҳз онҳо асоси қувваҳои зиддиҳукуматӣ гардида, босмачигариро ташкил ва сафҳои онро зиёд намуданд.
Гирумони замона қувваҳои бо ҳам мухолифи сиёсиро ба вуҷуд овард. Гуруҳҳои сиёсӣ сарварони худро пайдо карданд. Зодаи Кӯктош бо номи Иброҳимбек дастаҳои босамачиҳо ва қувваҳои зидди ҳукумати навро сарварӣ карда, хусусан вазъи сиёсии мавзеҳои Лоҳур ва Эсанбойро ноором гардонд.
Халқи ба сохти нав майлкарда дар дастаҳои худихтиёриён муттаҳид гардиданд. Дастаҳои калтакдорони сурх бо сардории Юлдош Командир, Қувандиқ Тошев, Қарахон Сардоров, Муқим Султонов, занҳои ҷасур Зайнаббибӣ Қурбонова ва Хадича Раҳматова дар маҳви босмачигарӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ саҳм гузоштаанд. Соли 1931 бо пурра маҳв шудани дастаи калонтарин ва дастгир шудани Иброҳимбек ҳаракати босмачигарӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ хотима ёфта, зиндагӣ маҷрои бунёдкорона гирифт.
Соли 1927 дар баробари таъсиси ноҳия бо номи Лақай-Тоҷик, тадбирҳои таҳкими сохти нав андешида шуда, ҳамзамон ба деҳқонон қитъаҳои замин тақсим карда шуд, кооператсияҳои истеъмолӣ ва рафоқатгариҳо ташкил карда шуданд. Коллективизатсияи хоҷагиҳо чараён гирифт. Барои аз худ кардани заминҳои бекорхобида шабакаҳои обёрии Кӯктош, Навобод, Кампирқалъа ва Чортут бунёд гардиданд. Соли 1928 ислоҳоти замину об ба пуррагӣ ба охир расид.
Деҳқонон Гулов Оймуҳаммад, Раҷабов Зайд, Ашуров Теша, Шарифов Солӣ, Маҷидов Малик, Ятимов Мирзо, Ёров Юсуф, Назаров Холназар, Саидов Усмон, Мирзоев Абдулазиз ва Ташрифов Маҳрам аввалин хоҷагии коллективиро дар ҳудуди ноҳия дар деҳаи Тегирмии ҷамоати Шоҳмансур, ҳозира деҳаи Якуми майи ҷамоати деҳоти Қуштеппа таъсис дода, ба умеди беҳбуд ёфтани ҳаёти нав ба он «Рӯшноӣ» ном ниҳоданд. Дар асоси рафоқатгариҳо батадриҷ ва бонизом силсилаи хоҷагиҳои коллективӣ таъсис ёфта, ин шакли хоҷагидорӣ инкишоф дода шуд.
Ҳаминро бояд ёдовар шуд, ки оғози ҳар гуна кори нав амали осон набуда, балки машаққатҳои зиёдеро талаб мекунад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, номи аввалин роҳбарони бахшҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла раисони хоҷагиҳо, ки дар мактаби махсусе нахондаву аз касе таҷриба наандӯхта, корро аз рӯи фаҳмиши хеш пеш мебурданд, дар ёдҳо мондааст. Ва натиҷаи меҳнати фидокоронаи онҳо буд, ки ҳукумати шӯроҳо мунтазам пеш мерафту инкишоф меёфт.
Авзои ҷомеаи навбунёд аз роҳбарони хоҷагиҳо матонату кордонии зиёдеро тақозо мекард. Фаъолияти ҳар кадоме аз онҳо баробари як достон аст. Гулбойраис аз Хоҷабулбулон, Шовмар Мусоев, Абдураҳим Қосимов, Муталиб Ҳайдаров, Раҳмон Эшқӯзиев, Саъдулло Музаффаров, Сайфиддин Азимов, Муҳиддин Зокиров, Убайдулло Саидов, Раҳмон Алимардонов, Рӯзиқул Пиримқулов, Худойқул Каримов, Абдулло Саидов ва бисёр дигар сарсупурдагони ҳокимияти халқӣ дар барпокунӣ ва ривоҷи сохти ҷамъиятии хоҷагидории ноҳия саҳм доранд.
Солҳои сиюм давраи пешрафти иқтисодиёти ноҳия буд. Дар ин давра ноҳия дар сафи ноҳияҳои пешқадами пахтакори ҷумҳурӣ ҷой гирифт. Ҷамоатҳои Зайнабобод, Оққурғон ва Гулистон асосан ба пахтакорӣ машғул шуданд. Дар ноҳияи Рӯдакӣ нисбати дигар ноҳияҳо бештар пахта кишт шуда ва табиист, ки зиёдтар ҳосил ғундошта мешуд. Дар ин давра коллективонии хоҷаги қишлоқ бо муввафақият идома ёфта, ноҳия ба дастовардҳои назаррас ноил шуд.
Январи соли 1935 ноҳияи Лақай-Тоҷик барҳам хӯрда, дар асоси он ноҳияҳои Кӯктош, Султонобод ва Эсанбой таъсис дода шуданд. Шаҳраки имрӯзаи Сомониён ба маркази маъмурии ноҳияи Кӯктош табдил дода шуд. Колхозҳои шакли нав бо номи «Карл Маркс», «Пахтакор», «Болшевик», «Сталин», «Энгелс», «Киров», «Стаханов» ва «1-уми Май» дар деҳаҳои Чоргултеппа, Кӯктоши куҳна ва Қарияи камар таъсис ёфтанд.
Аввалин колхозҳои миллионер ва раисони номдор пайдо шуданд. Хоҷагии ба номи Сталин (раисаш Шаҳобиддин Замонов), ба номи Киров (раисаш Латипов), ба номи Карл Маркс (раисаш Чориқулов) аз қабили чунин хоҷагиҳои овозадор буданд.
Солҳои чилум идомаи ҷаҳду ҷадал барои бунёдкориҳо гардид. Заминҳои корам бештар доман кушоданд. Техникаи хоҷагии қишлоқ мушкилкушои деҳқон гардид. Аввалин механизаторони таҳҷоӣ паси чамбараки тракторҳо нишастанд. Коркарди замин дар асоси илмӣ ба роҳ монда шуд, агрономҳо, муҳандисон, муаллимон ва табибони дорои маълумоти махсус ба кор ҷалб гардиданд. Нахустин номварони меҳнат бо номи стахановчиён шухрат ёфтанд. Мактаб, беморхона, биноҳои маъмурӣ ва бисёр иншооти дигар сохта ба истифода дода шуданд. Симои ноҳия куллан тағйир ёфт.
Аммо ин корнамоию бунёдкориҳоро Ҷанги дуюми ҷаҳон халалдор сохт. Зарурати ба силоҳи ҷанг иваз кардани асбобҳои меҳнат ба миён омад. Ҷавонмардон ба ҷанг мерафтанд. Кор ба дӯши занону наврасон афтод. Онҳо баҳри бо озуқа ва либосу аслиҳа таъмин кардани фронт зарбдорона меҳнат мекарданд. «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба» шиори ҳамдиёрони мо гашта буд. Ташкилотчиёни фронти ақибгоҳ аз ноҳияи Рӯдакӣ Содиқов, Замонов, Латипов ва Юлдош-командир бо кордонию ташкилотчигӣ ном бароварда буданд. Масалан звеноҳои Холиқ Латипов, Бобоев, Ҳалима Сулаймонова, Самӣ Шоимардонов аз ҳар гектар то 115-сентнерӣ пахта рӯёнданд. Аҳолии ноҳия баҳри таъмини ғалаба мардонавор меҳнат мекарданд. Занон анҷомҳои зебу зиннати худро ба Фонди ҷанг супориданд. Хатича Раҳматова аз ноҳия ба фронт озуқа, сарулибоси гарм ва лавозимоти ҷанг бурд. Мардуми диёр дар мамлакати паҳновар ташаббускори бо аспҳои ҷангӣ таъмин намудани қӯшунҳои савораи армияи сурх гардиданд. Ташаббускори асосии ин иқдом Юлдош Соҳибназаров яке аз аввалинҳо шуда аспи худро барои ҷанг супорид.
Бешубҳа, таърих ибратомӯз аст. Мо набояд бо комёбиҳои гузаштаи халқи худ фақат ифтихор намоем. Аз гузашта ибрат ҳам бояд гирифт. Дар солҳои ҷанг мардуми ноҳия бо юғу испор ва белу каланд заҳмат мекашиданд. Чун ҳозира техникаҳои приқтидор надоштанд. Бо вуҷуди ҳамаи ин, мо тавонистем ҳам фронт ва ҳам ақибгоҳро бо хӯрока ва аслиҳа таъмин намоем. Бо таври ҳашар ҷамъ намудани маблағ ва ба фронт фиристодани колоннаи танкҳо аз Тоҷикистон, ки саҳми ҳамдиёрони мо низ дар он калон аст, мисоли беҳамтои якдилию якмаромии халқҳост.
Яке аз омилҳои асосии пирӯзӣ дар ҷанг бе ҳеҷ шаку шубҳа ягонагии ҷанговарон ва заҳматкашон, интизоми оҳанини афсарону сарбозон ва садоқати беинтиҳои онҳо ба ватан буд. Дар фронтҳои гуногуни ҷанг аз ноҳияи Рӯдакӣ 3454 нафар ҷанговарон бо душман даст ба гиребон буданд. Ҷонфидоии наслҳои бузурги мо дар давраи ҷанги дуюми ҷаҳон мисоли олии ватандӯстӣ, ваҳдати халқҳо, озодихоҳӣ ва шуҷоату мардонагист, ки барои наслҳои ҷавон бояд дарси ибрат ва сабақи ҷовидона бошад.
Солҳои 50-ум колхозҳои ноҳия ба хоҷагиҳои бисёрсоҳа табдил ёфтанд. Баробари пахта, пила, сабзавот, боғу токпарварӣ, чорво ва парандапарварӣ васеъ ба роҳ монда шуд. Сохтмони муассисаҳои иҷтимоӣ, қасру хонаҳои маданият, театру чойхонаҳо, клубу кинотеатрҳо, мактабу бемористонҳо ва манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон авҷ гирифт.
Соли 1960 ноҳияи Варзоб ба ҳайати ноҳияи Кӯктош дохил гардида, ба он номи Ленин дода мешавад.
Солҳои ҳафтодум дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ноҳия тағйиротҳои куллӣ ба амал омад. Ҳукумати Шӯравӣ дар ин давра як қатор ислоҳоту чорабиниҳои муҳими иқтисодӣ гузаронд, ки ҳадаф аз онҳо баланд бардоштани иқтисодиёти мамлакат буд. Баҳри амалӣ гардидани ин нақшаҳо азхудкунии даштҳои Лоҳур, Мирзочул, Роҳатӣ, заминҳои хоҷагии «Пойгаҳи минтақавии озмоиши мошинҳои Тоҷикистон» ва таллу теппаҳои водии Эсанбой оғоз шуда, солҳои минбаъда ба беҳбуди кору рӯзгори халқ ва иқтидори иқтисодии ноҳия мусоидат намуд.
Солҳои 80-уми асри бист барои мардуми ноҳия давраи авҷи инкишофи ҷомеа, пешравии илму фарҳанг, тараққиёти саноату техника, арзонию фаровонӣ ва осудагию осоиштагӣ ба шумор меравад.
Дар охири асри бист, аниқтараш соли 1991 миллати куҳанбунёди тоҷик соҳиби давлати комилан миллӣ шуд.
Соли 1991 ноҳияи Варзоб аз ҳайати ноҳияи Ленин ҷудо карда шуда, сипас, 21-уми ноябри соли 2003 бо Қарори Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№462) ба хотири гиромидошти хотираи неки сардафтари адабиёти классики тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ноҳия номи Рӯдакӣ дода шуд.
Давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар мардуми меҳнатқарин ва сарбаланди ноҳияи Рӯдакӣ чун як ҷузъи чудонопазири ҷомеаи кишвар, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як тану як ҷон шуда, баҳри таҳкими сулҳу рушди ҷомеа ва боз ҳам ободтар намудани кишвар меҳнату талошҳо доранд. Инак, чун соли 2018 аз ҷониби Президенти кишвар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шуд, бо боварӣ метавон гуфт, ки мардуми сарбаланду ҳунарманди ноҳияи Рӯдакӣ баҳри дастгирӣ намудани ин тасмими олӣ саҳми беназир хоҳанд гузошт.

Муҳаммадии САЛИМ,

мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси ноҳияи Рӯдакӣ

Хонданд 587

Собиқ имомхатиби деҳаи Далёни Боло дар ноҳияи Деваштич ба гумони пайрави ба гуруҳи мамнуи “салафия” боздошт шудааст.

М. А. номи мустаоршудаи собиқ имомхатиби масҷиди деҳаи Далёни Боло аст, ки чанде пеш ба гумони пайравӣ аз гуруҳи мамнуи “салафия” боздошт шудааст. Ба думболи боздошти вай, ҳафт сокини дигари ин деҳаи ноҳияи Деваштич низ гумонбарони пайрави ҷараёни “салафия” дониста шуда, боздошт шудаанд. Боздошти сокинони ин деҳаро дар ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳия тасдиқ мекунанд.
Масъулони ҷамоати Далёни Боло мегӯянд, сокиноне, ки ба думболи М. А., имомхатиби пешини масҷид боздошт шудаанд, умдатан ҷавонон ба шумор рафта, баъзеи онҳо ба ҳисоби писари худи собиқ имомхатиб, донишҷӯёни донишгоҳҳои кишвар будаанд.
Мавлон Ризоев, муовини раиси ҷамоати Далёни Боло дар суҳбат ба мо гуфт, ки боздошти сокинон чанде қабл аз сӯи маъмурони бахши шашуми Раёсати мубориза бо ҷиноёти муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ва кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳия сурат гирифтааст: “Ростӣ ҷузъиёти боздошти М. А. ва ҳафт сокини дигари ҷамоат барои мо маълум нест. Мо ҳамин қадар медонем, ки М. А.-ро гӯё барои нигоҳ доштани китобу адабиёти таблиғкунандаи характери ифротгароӣ дошта дастгир кардаанд. Онҳое, ки ҳамроҳ бо имомхатиби пешин боздошт шудаанд, гӯё ба куҳ баромада, ҳамроҳ бо ӯ маслиҳат карда бошанд”.
Ин аввалин мавриди боздошти сокинони рустои дурдасти ноҳияи Деваштич ба гумони пайравӣ аз гуруҳҳои ифротгароӣ ба ҳисоб меравад. Гуфта мешавад, то ин вақт аз ҳодисаҳои боздошти ҳеҷ сокини ин ноҳияи куҳистонии шимоли кишвар ба гумони шомилшавӣ ба гуруҳҳои мамнуъ ва ё иртиҷоӣ хабарҳо ба нашр нарасидаанд.
Ҳазрат Муртазоев, раиси кумитаи маҳаллаи Далёни Боло мегӯяд, ки М. А. ду сол пеш имомхатиби масҷиди деҳа буд ва солҳои охир кам кам ба деҳқонӣ машғул буд: “М. А. ҳамсояи ман буд. Салому алекаш нағз буд. Ду сол пеш имомхатиб буд. Як рӯз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ман занг зада гуфтанд, ки ҳамроҳ ба хонаи домулло меравем. Мо ба хонааш рафтем, ки дар хона ҳамсари М. А. буд. Ба ӯ фаҳмониданд, ки бояд китобҳои шавҳаратонро тафтиш кунем. Дар ҷевони хона китобҳои зиёде буд. Ростӣ касе аз мо сарфаҳми он китобҳоро нарафт, чун онҳо бо хати арабӣ чоп шуда буданд. Ҳамроҳ як домулло ҳам буд, то китобҳоро аз назар гузаронад. Ҳафтод дарсади китобҳоро як сӯ гузоштанд, ки китобҳои Қуръон буданд. Дар қатори онҳо брашураҳо ҳам буд. Шаст - ҳафтод донаи онҳоро ба дигар тараф гузоштанд. Баъдан ҳамин брашураҳоро кормандони ҳифзи ҳуқуқ гирифтанду бо худ бурданд. Дигар барои мо маълум нест, ки он китобҳо чи мазмуну муҳтаво доштанд”.
Ноҳияи Деваштич аз шумори навоҳии орому ғайриосебпазири шимоли кишвар аз лиҳози ифротгароӣ ба шумор меравад.
Ҳангоме, ки мо ба ҷамоати Далёни Боло ба ноҳияи Деваштич сафар кардем, мардум машғули кору бори рустоӣ, умдатан молдориву зироаткорӣ буданд. Онҳо аслан дар бораи ифротгароӣ тасаввурот надоранд, чун мушоҳида мешуд, ки кору бори хонаву саҳро ҳамеша онҳоро машғул медорад ва қариб ки вақти холӣ аз ин ҳамаро надоранд.
Иддае дигар мегуфтанд, ки мутаассифона ҷавонон аз ноогоҳиву беиттилоӣ ба доми гуруҳҳои мамнуъ меафтанд.
Мираҳмад Ҳоҷиназаров, имомхатиби масҷиди Далёни Боло мегӯяд, муҳоҷирати меҳнатӣ баъзе ҷавонони рустоиро ба доми гуруҳҳое мебарад, ки ҳадафи чунин гуруҳҳо софу рост нест, балки онҳо тарғибкунандаи ғояҳои ифротгароианд: “Имрӯз қисми бештари ҷавонони мо дар муҳоҷирати корӣ дар шаҳрҳои Русия қарор доранд. Мутаассифона дар шароити муҳоҷират онҳо осебпазиранд. Зеро дар шаҳрҳои Русия аъзои фаъоли гуруҳҳои ифротгаро амал мекунанд ва вазифаи онҳо зиёд кардани ҳамсафони худ мебошад. Ворид шудани ҷавонони тоҷик дар ҳалқаи чунин гуруҳҳо, онҳоро гумроҳ мекунад”.
Далёни Боло калонтарин деҳаи ҷамоати ҳамноми худ дар ноҳияи Деваштич ба ҳисоб меравад, ки ҳоло беш аз ҳашт ҳазор аҳолӣ дорад. Деҳқониву чорводорӣ муҳимтарин василаест, ки мардуми ин деҳаро машғул медорад, то рӯзии худро аз ин ҳисоб ба даст оранд. Аммо солҳои охир камбуди об ба хушкшавии зироат боис гардидааст ва бештари мардумро аз ин шуғли рустоии ба қавле бобоии худ нохушбин сохтааст. Ба ин далел ҳоло аксар сокинон барои дарёфти кору рӯзии худу хонавода роҳи муҳоҷирати меҳнатиро пеш гирифтаанд. Бар пояи маълумотҳои расмӣ, ҳоло беш аз 1500 нафар сокини ин деҳа дар муҳоҷирати корӣ ба сар мебаранд, ки ин ба ҳисоби миёна қариб дунафарӣ аз ҳисоби ҳар хонавода рост меояд.
Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ роҷеъ ба боздошти сокинони Далёни Боло иттилоъ ироа намекунанд. Вале манбаъҳои огоҳ аз боздошти ин сокинони рустои Далёни Боло мегӯянд, нисбати М. А. ва ҳафт сокини боздоштаи ин деҳаи ноҳияи Деваштич тибқи моддаҳои 307 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҳоло дар марҳилаи фиристодан ба додгоҳ аст.
Масъулони ҷамоат мегӯянд, ки М. А. ибтидо дар мадрасаи ба номи Шайх Маслиҳатддини шаҳри Хуҷанд таҳсил карда ва тибқи роҳҳат, мадрасаи шаҳри Мадинаи Арабистони Саудиро соли 1998 хатм намудааст. Баъди чанд соли бозгашт аз хатми мадрасаи шаҳри Мадина имоми масҷиди деҳаи Далёни Боло интихоб шуда ва то ду соли пеш имомхатиб будааст.
Боздошти ин имомхатиби собиқи деҳаи Далёни Боло дар ҳолест, ки чанде пеш расонаҳо аз боздошти Илҳомиддин Абдуллоев, имоми масҷиди шаҳраки Чорухдаррони ноҳияи Б. Ғафуров ва чор намозгузори ин масҷид иттилоъ доданд, ки дасгир шудани онҳо дар ибтидои моҳи сентябр сурат гирифтааст. Ин имомхатиб ва чор намозгузори масҷид ба гумони пайравӣ аз ҷараёни мамнуи “Салафия” дасгир карда шуда ва дар тавқифгоҳи тафтишотӣ нигоҳдорӣ мешаванд.
Солҳои охир боздошт ва ба маҳкама кашидани сокинон барои пайравӣ аз ҷараёни “Салафия” бештар ба назар мерасад. Тибқи иттилои Додгоҳи вилояти Суғд, танҳо дар тӯли шаш моҳи аввали соли 2017-ум 87 адад парвандаҳои ҷиноятии хусусияти террористиву экстеримистӣ дошта ва ҳамчунин салафиятгароӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ворид шуда ва 77 ҳукм нисбати 128 ашхос содир шудааст. Бахтиёр Оқилзода, раиси Суди вилояти Суғд дар нишасти матбуотии ҷамбасти натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи судҳои вилояти Суғд гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли 2017 танҳо тибқи моддаҳои 307, иловаи 3 ва 307, иловаи 4 (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва (Ташкили таълим ё гуруҳи таълимии хусусмяти динии экстремистидошта)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 53 ҳукм бароварда шудаст, ки назар ба як соли гузашта бештар будааст.
Баъзе коршиносон дар заминаи боздошти пайравони ин ҷараён ба тавонмандиҳои сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ таъкид мекунанд. Аммо бархеи соҳибназарон мегӯянд, хуб мебуд, агар шеваи мубориза бо ин ҷараёнҳо дигар шавад, зеро аз боздошт ва ба маҳкама кашидани онҳо ин раванд ба ҷои он ки коҳиш ёбад, баръакс бештар ба назар мерасад.
Додгоҳи Олии Тоҷикистон соли 2009 фаъолияти ҷараёни “Салафия”-ро мамнуъ хонд. Дар соли 2014 бо қарори дигар Додгоҳи Олӣ “Салафия”-ро ҳаркати эктремистӣ эълон кард. Тайи ду-се соли охир даҳҳо нафар сокинони кишвар ба ҳисоби имомхатибон бо гумони пайравӣ ба ин ҷараёни мамнуъ боздошт ва маҳкум ба зиндон шудаанд.

Қамари АҲРОР, “SugdNews”

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст. 

Хонданд 592

Хабари-рӯз

Календар

« Январ 2019 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.