.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Минтақа

Шаҳри Сарбанд яке аз шаҳрҳои зебоманзар ва рушдкардаи кишвари азизамон маҳсуб меёбад. Дар ин диёри зархез мардумонаш бо заҳматпеша будан ва ҳувияти баланди миллӣ ном баровардаанд. Тинҷию амонӣ, рушди бомароми соҳаҳои иҷтимоӣ ва интихоби роҳи дурусту сиёсати созандаи ҳукумати мамлакатамон бо шарофати сиёсати хирадмандона ва пойдори сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссарамон шудааст. Ҳамин аст, ки тақрибан ҳар рӯзи ҳаёти мардуми шарифи мамлакат ба ид табдил ёфта, замоне фаро расидааст, ки орзую хоҳишҳояшон бе мамониат ва бе душворӣ ҷомаи амал мепӯшад.

Соли 2017 барои мардуми шарифи кишварамон соли навигариҳо ва созандагиҳо буда, барои пешрафту ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистони барои ҳамаамон азиз замони мусоид фароҳам омадааст.
Ҳукумати мамлакат аз аввали таъсисёбиаш то кунун ҷиҳати қадрдонӣ ва ҷовидона гардондани номи шахсиятҳои барҷаста, маъруф ва барои миллату давлат хизматҳои арзанда баанҷомрасонда иқдоми наҷиберо роҳандозӣ намудааст, ки шоистаи таҳсин мебошад. Чунончи, кӯчаю гулгашт, муассисаю корхонаҳо, шаҳру ноҳия, мавзеъҳои таърихиро бо номи чунин шахсиятҳо мегузоранд ва бо ин васила хизмату саҳми барои рушди ҳаёти ҷомеа, имрӯзу фардои мамлакат гузоштаи онҳо қадрдонӣ ва абадӣ гардонда мешавад. Бо ин васила ҳисси ифтихор, дилгармӣ ва нигоҳи нек ба ояндаи босаодат дар ботини мардум, алалхусус ҷавонону наврасон бедор карда мешавад. Дар вобастагӣ ба ин вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Сарбанд барои гиромидошти хотираи неки фарзандони содиқи Ватан Давлатҷон Гиёев, Содиқҷон Каримов ва Аброр Зоҳир бо қарори якҷояи хеш литсейҳои давлатии рақами 1 ва 2-и шаҳр ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-ро бо исми онҳо номгузорӣ намуданд.
Ду ҷавони диловар Давлатҷон Гиёев ва Содиқҷон Каримов чанд сол муқаддам зимни адои хизмати Модар - Ватан дар деҳаи Камароби ноҳияи Рашт бо гуруҳи террористон, ки қасди ноором кардани авзои ҷомеаро доштанд, рӯ ба рӯ омада, барои пойдории Истиқлолият ва оромиву осудагии ҳаммилатони худ сина сипар намуданд. Ин рӯзе буд, ки бадхоҳон муқовимати сахти диловарони ватанро бо чашми сар диданд. Ин рӯзест, ки ҳамеша ҳамчун муборизаи беамони фарзандони баору номуси тоҷик ба муқобили бадхоҳони миллат дар хотираҳо сахт нақш бастааст. Ин ду ҷавон дар дил орзую мақсадҳои зиёди наҷиб доштанд, аммо бадхоҳони миллат ин орзую ормонҳои онҳоро бо тири заҳрогини худ дар нимароҳ монданд.
Имомов Аброр Зоҳирович (тахаллуси адабиаш Аброр Зоҳир) 15-уми январи соли 1965 дар деҳаи Боҳтурободи Ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шаҳри Сарбанд ба дунё омадааст. Фаъолияти кориашро соли 1982 ба ҳайси мусаҳҳеҳи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» сар карда, соли 1984 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1989 ба итмом расонда ва ҳамон сол дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Хатлон» ба фаъолият шуруъ мекунад. Сипас дар Кумитаи комсомолии вилоят, ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», Иттиҳодияи ҷумҳуриявии кино ва видеои «Тоҷиккино» ба ҳайси сардори раёсат кор ва фаъолият кардааст. Аз соли 1998 то соли 2000 сармуҳаррири ҳафтаномаи «Ҷаҳони паём», солҳои 2000 - 2004 директори телевизиони Тоҷикистон, солҳои 2004 - 2005 директори киностудияи «Тоҷикфилм», солҳои 2005 - 2007 сармутахассиси шуъбаи иттилоотӣ - таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2007 - 2012 директори китобхонаи марказии шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ ва аз соли 2012 то соли 2015 директори Муассисаи давлатии «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ»-и шаҳри Душанбе шуда, кору фаъолият намудааст. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви Иттифоқи киноматографистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии матбуоти Тоҷикистон мебошад. Аброр Зоҳир муаллифи даҳҳо китоб, аз ҷумла 30 роман, 20 повест, очерку ҳикояҳои зиёд ва филмномаву намоишномаҳои телевизионӣ ва театрӣ мебошад. Романҳои серхонандаи ӯ «Майдон», «Душанбе», «Рақс дар сояи девори оҳанин», «Шикасти зулмот», «Муҷассамаи ишқ», «Васвасаи дунё», «Мунтасир», «Бозгашт», «Арсаи набарди гургон», «Нӯхтаи нафс», «Ёри ғор», «Мотами гурбаи сиёҳ», «Дар ҷустуҷӯи инсон», «Дунёи бесомон», «Ибни Лодан», «Дар ҷилди одам», «Охирин сайди сайёд», «Коммунист», «Муқовимат», «Хокпайванд» ва монанди ин буда, инчунин куҳи дастхатҳои номатбуъ дорад.
Аброр Зоҳир яке аз адибони сермаҳсул ва рангинхаёли замони соҳибистиқлолии тоҷик буда, умдатан, ба мавзуҳои номакшуф, ҷолиб ва мубрам дахл намудааст. Дар асарҳо асосан ба дунёи ботинии персонажҳо дахл мекунад ва бо тобишҳои гуногун онро ба риштаи тасвир мекашад. Ӯ дар нигориш ба сабки асарофарии адибони амрикои лотинӣ майл мекунад ва ба масоили глобалӣ дахл намуда, ба он аз дидгоҳу манофеи миллӣ нигариста, моҳиятан руҳи миллиро ба риштаи тасвир мекашад. Асарҳои номбурда таҷассумгари руҳия ва маънавиёти миллати тоҷик буда, аз ғаразҳои шахсию гуруҳӣ орӣ мебошанд.
Қайд кардан зарур аст, ки ӯ яке аз ташаббускорони таъсиси яке аз муассисаҳои бонуфузу муҳими пойтахт - Муассисаи давлатии «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ»-и шаҳри Душанбе ба шумор мерафт ва аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ то ба фаъолияти бонизом гузаштани он ва то рӯзи вафот сарварии ин муассисаро ба зимма дошт. Соли 2013 дар назди Муассисаи давлатии «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ»-и Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе маҷаллаи илмӣ - оммавӣ ва бадеӣ - публисистии «Душанбе»-ро таъсис дода, аз нахустин сармуҳарирони он буд. Ин маҷалла ҳамчун минбари эҷодкорони пойтахт маъруфият пайдо кардааст ва то кунун ба табъ мерасад.
Ҳаёт ва эҷодиёти ӯ дар қомусҳои (энсиклопедияҳои) гуногун сабт шудааст, алалхусус дар «Қомуси миллии Тоҷик», ҷилди 1, «Қомуси адабиёт ва санъати тоҷик», «Донишномаи телевизион ва радиои Тоҷикистон», китоби «Таърихи Боҳтуробод» сайтҳои соҳавии интернетӣ, хусусан «Википедия - донишномаи озод» сабт гардида, доир ба эҷодиёту ҳаёташ (мазмуну муҳтавои асарҳояш) тақризу тафсирҳои зиёде дар матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд.
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Сарбанд бо ин ташаббуси наҷиби худ баҳри гиромидошти фарзандони номбардори диёр ва бо ин васила ҷиҳати татбиқ ва идомаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат саҳми арзанда гузоштанд. Масъалаи ба номи Аброр Зоҳир гузоштани мактаби миёнаи №4-и шаҳри Сарбанд чанде пеш дар расонаҳои хабарии мамлакат ба таври густурда инъикос ва ташвиқ шуда буд. Ҳамовозӣ аз тарафи яке аз воситаҳои иттилоотрасони бонуфузи кишвар - «Ҷумҳурият» сабаб шуд, то ин пешниҳодро маҷлиси вакилони халқи шаҳри Сарбанд ва Маҷлиси вакилони вилояти Хатлон баррасӣ ва тасдиқ намоянд.

Неъмати РАҲМАТ,
сокини шаҳри Душанбе 

Хонданд 440

Гулистони афсонавӣ

Окт 14, 2017
Диданд: 390

Кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Гулистон дар давраи ҳисоботӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллӣ баҳри сазовор дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи Барномаҳои милливу соҳавӣ, Стратегияҳо, Нақшаҳои миллӣ, таъмиру барқарорсозии муассисаҳои тандурустӣ, тарғиби доимии ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ бештар фаъолият намудаанд.

Аҳолии шаҳри Гулистон ҳамагӣ 44 ҳазору 700 нафар буда, аз ин теъдод 21900 нафар мардҳо, 22800 нафар занҳо мебошанд. Дар шаҳр 7 адад маркази саломатӣ, 3 адад бунгоҳи саломатӣ ва Маркази ташхисию табобатии ба номи Закариёи Розӣ ба шаҳрвандон хизмати тиббӣ мерасонанд.
Бо ибтикори раиси вилояти Суғд соли 2016 «Соли фарди солим» эълон гардидааст. Вобаста ба ин қарори раиси вилояти Суғд №553 аз санаи 23-юми декабри соли 2015 дар бораи Барномаи вилоятии «Соли 2016 - Соли фарди солим», қарори раиси шаҳри Гулистон таҳти №08 аз санаи 18-уми январи соли 2016 дар бораи Барномаи шаҳрии «Соли 2016 - Соли фарди солим» ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳои амалигардонии ин барнома таҳия ва тасдиқ карда шудааст.
Давоми соли гузашта ва нуҳмоҳаи соли ҷорӣ баҳри таъмир ва таҷдиди марказҳои саломатӣ (КАТС) корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст. Аз ҷумла, маркази саломатии шаҳр пурра аз таъмири косметикӣ бароварда шуда, ҳудудҳои он аз ҳисоби маблағҳои ҷудонамудаи ҳукумати маҳаллӣ пурра сафолпӯш карда шудаанд. Таъмири маркази саломатии шаҳраки Навгарзан пурра ба итмом расонида шудааст. Бо ин мақсад аз буҷаи шаҳр беш аз 300 ҳазор сомонӣ харҷ карда шудааст. Дар Маркази саломатии шаҳраки Консой бо хароҷоти беш аз 120 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру таҷдид ва ободонӣ оғоз карда шудааст.
Давоми соли 2016 барои муассисаҳои КАТС-и шаҳри Гулистон ба маблағи беш аз 148 ҳазору 775 сомонӣ таҷҳизоти табобатӣ ва профилактикӣ харидорӣ карда шудааст, ки аз он аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ ба маблағи 52 ҳазору 512 сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ харидорӣ карда шудааст. Дар нуҳмоҳаи соли 2017 бошад, ба маблағи 11 ҳазору 770 сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ харидорӣ карда шудааст. Аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ бошад, ба маблағи 33 ҳазору 150 сомонӣ дастгоҳи портативии ташхиси рентгенӣ, тамғаи DLх120 харидорӣ карда шуда, иловатан боз ба маблағи 8 ҳазору 85 сомонӣ се адад яхдонҳои махсус харидорӣ карда шудааст. Аз ҳисоби ҶСП «Апреловка» ба маблағи 4240 сомонӣ барои Маркази саломатии Консой таҷҳизоти тиббӣ харидорӣ карда шудааст. Инчунин, аз тарафи ҶДММ «Равшан» ҳамаи кормандони Маркази саломатии Консой бо сарулибоси махсуси тиббӣ таъмин карда шудаанд.
Ҳоло дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Гулистон 47 нафар табиб ва 124 нафар кормандони миёнаи тиб барои аҳолии 45 ҳазору 600-нафараи шаҳри Гулистон хизмати тиббӣ мерасонанд. Барои навхонадорон, ки барои ташхиси тиббӣ ба марказҳои саломатӣ муроҷиат менамоянд, хизмати тиббии ройгон расонида мешавад.
Сол аз сол малака ва дараҷанокии кормандони соҳаи тандурустӣ дар муассисаҳои тахассусӣ баланд бардошта мешавад. Ҳоло нишондиҳандаи тахассусии табибон беш аз 75% ва кормандони миёнаи тиб зиёда аз 72%-ро ташкил медиҳад. Давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 3 нафар табиб ва 11 нафар кормандони миёнаи тиб аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаштаанд.
Дар асоси қарори раиси вилояти Суғд таҳти №4 аз санаи 09.01.2017 ва раиси шаҳри Гулистон №38 аз санаи 14.02.2017 «Дар бораи таъмини кӯдакони синни то 3-сола ва кӯдакони маъюби синни то 18-сола» қарори махсус ба тасвиб расонида шудааст, ки тибқи ин қарор барои ҳар як кӯдаки то 3-сола ва маъюбон маблағи 70 ҳазор сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.
Тибқи қарори раиси вилояти Суғд таҳти №3 аз санаи 09.01.2017 ва қарори дахлдори раиси шаҳри Гулистон №39 аз санаи 14.02.2017 тамоми иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Гулистон пурра ройгон табобат карда мешаванд. Ҳоло дар шаҳри Гулистон 41 нафар чунин шахсон зиндагонӣ менамоянд, ки онҳо пурра таҳти назорати табибон қарор доранд.
Ҳифзи саломатии модару кӯдак самти афзалиятноки фаъолияти соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Яке аз роҳҳои паст намудани беморшавӣ ва фавти кӯдакон - ин пешгирии бемориҳо бо роҳи эмкунӣ мебошад, ки тамоми кӯдакони навзод мувофиқ ба тақвими эмкунӣ эм карда шудаанд.
Дар давоми нуҳмоҳаи соли ҷорӣ дар шаҳри Гулистон 622 нафар навзодон зинда таваллуд шудаанд, ки дар байни онҳо ягон кӯдаки нуқсонҳои модарзодӣ дошта ба қайд гирифта нашудааст. Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар шаҳр 871 нафар занҳои ҳомила ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳамаи онҳо таҳти назорати комили табибон то давраи таваллуд фаро гирифта шудаанд.
Аз рӯи суханони Бибиҷон ном сокини шаҳри Гулистон, «соҳаи тандурустии шаҳри Гулистон дар даврони соҳибистиқлолӣ басо рушду нумуъ намуда, махсусан дар ду соли охир, баъди таъини Матлубахон Аминзода ба вазифаи раиси шаҳри Гулистон корҳои ободониву таъмиру таҷдиди соҳаи тандурустии шаҳр дар асоси супоришу дастурҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам ҷоннок карда шуд. Имрӯз муассисаҳои тандурустии шаҳр дар асоси дастгирии бевоситаи раиси шаҳр ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар муҳтарам Олимзода Насим Хоҷа бо дастгоҳу таҷҳизоти сатҳи пешқадами ҷаҳонӣ таъмин карда шуда, баҳри пешрафти соҳа махсусан хизмати мененҷери КАТС Мадаминова Гулшан Кимовна, ки худ дастпарвари соҳаи тандурустии шаҳри Қайроққуманд, басо калон мебошад. Ҳоло ҳудудҳои кулли муассисаҳои тандурустии шаҳри Гулистон ба як гулистони афсонавӣ табдил дода шуда, дар тамоми муассисаҳо, ҳатто дар ҳар як ошёна гӯшаҳои гиёҳдармонии ройгон бо супориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ташкил карда шудааст, ки ин боиси миннатдории мардум гардидааст».
Мадаминова Гулшан Кимовна, мененҷери КАТС-и шаҳри Гулистон мегӯяд, ки «ман фикр мекунам, дар таърихи миллати тоҷику давлатдории тоҷикон касе ба мисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллату давлат хизмат накардааст. Як худи дар муддати босо кӯтоҳ сохта ба истифода додани маҷмааи табобатии «Истиқлол», пурра таъмиру таҷдид намудан ва азнавсозии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон дар шаҳраки Шифокорон, ба истифода додани беморхонаи клиникии ноҳияи Данғара, сохта ба истифода додани Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт, сохта ба истифода додани Маркази саломатии ноҳияи Рӯдакӣ, таъмир ва таҷдиди Осоишгоҳи Зумрад дар шаҳри Исфара, пурра ба истифода дода шудани осоишгоҳи Баҳористон, кушода шудани Бемористони Ибни Сино дар шаҳри Душанбе ва боз чандин иншооти хурду калони соҳаи тандурурстӣ аз хизматҳои арзандаи Пешвои миллат ва доҳии тоҷикони ҷаҳонанд, ки бояд ҳар яки мо аз ин ифтихор кунем. Имрӯз барои мардуми шаҳри Гулистон ва соҳаи тандурустии шаҳри Гулистон раиси шаҳр Матлубахон Аминзода низ хизматҳои худро арзонӣ доштаанд. Мо, кормандони соҳа низ дар ин раванд барои халқу Ватан хизмат хоҳем намуд».

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ,
Душанбе-Суғд-Душанбе

ШАРҲИ МО:
Мадаминова Гулшан Кимовна соли 1964 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 1982 мактаби миёнаи №52-и шаҳри Душанберо хатм намуда, худи ҳамон сол ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино дохил шуда, онро соли 1989 бо ихтисоси духтури кӯдакона хатм намудааст. Солҳои 1989-1994 дар поликлиникаи №10-и шаҳри Душанбе ҳамчун духтури кӯдакона фаъолияти корӣ намудааст. Солҳои 1994-2010 дар Маркази саломатии шаҳри Гулистон духтури бемориҳои кӯдакона буд. Солҳои 2010-2012 табиби оилавии Маркази саломатии шаҳри Гулистон, солҳои 2012-2016 муовини мененҷер оид ба табобат, аз моҳи ноябри соли 2016 ин ҷониб мененҷери КАТС-и шаҳри Гулистон мебошад. Духтури дараҷаи олӣ, модари ду фарзанд.

Хонданд 390

«Тамохуш» хоб дид: Раис меояд!

Окт 14, 2017
Диданд: 1663

Ба таваҷҷуҳи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мегӯянд: Дар даврони шӯравӣ Амрико ҳанӯз намедонист Тоҷикистон дар кадом қитъаи олам қарор дорад. Вале медонист: Дар ин кишвар шаҳре бо номи Исфара мавҷуд аст, ки корхонаи гидрометаллургӣ дорад ва он ба тавлиди филизҳои нодири аҳамияти раҳбурдидошта машғул мебошад. Ин маълумот, мусалламан, тавассути Раёсати марказии истихборотии Амрико дастрасашон гардида буд.

Боз мегӯянд: Он корхонаи замоне шумораи аввали Тоҷикистон, рӯзҳои сангинтарини хешро аз сар мегузаронад. Дар моварои будан ва набудан, яъне дар ҳолати сакарот қарор дорад. Агар бихоҳанд, ки ин пайкари азимҷусса зинда монад, бояд билотаъхир нисбаташ чораву тадбири ҷиддӣ бияндешанд. Вагарна, танҳо ҷисму пайкари беҷону фарсуда мемонаду бас. Муқтадиртарин корхонаи замоне №1-и Иттиҳоди Шӯравӣ ба як анбори филизот табдил хоҳад ёфт.

Раис дар Душанбе! Корхона дар Исфара!
Нахуст хостем бо раҳбарияти корхонаи гидрометаллургии «Тамохуш» ва коргаронаш мулоқот намоем, то бубинем, ки онҳо чӣ ҳол доранду дар ин авохир ба чӣ дастовардҳо ноил шудаанд. Вале посбони корхона гуфт, ки раис нестанду маълум нест кай пайдо мешаванд!
- Дар куҷо ҳастанд, то мо он касро суроғ карда пайдо бикунем?,- пурсидем аз ӯ.
- Ман ӯро худам беш аз шаш моҳ шуд надидаам,- посух дод посбон.- Он кас аксари вақт дар Душанбе мешаванд.
- Пас, Шумо метавонед шумораи телефонии ҳамроҳи раисро бидиҳед, то мо бо он кас дар тамос шавем?
- Раис ба мо рақами телефонии дастияшонро намегӯянд…
- Пас бо кӣ суҳбат кунем? Муовин, сармуҳандис, сартехнолог, сардори сех ва умуман, ягон роҳбар ҳаст?
- Не, ҳеҷ як нафари номбаркардаатон нест. Чунки ба истиснои як сехе, ки чанде пеш ба кор даромаду дар он ҳудуди 35-37 нафар кор мекунанд, дигар ҳамаи шуъбаҳои корхона аз кор мондаанд.
Нахостем дигар гапро ба дарозо кашем ва роҳ сӯйи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара пеш гирифтем.

Дархости мо ба назар гирифта намешавад…
Муовини раиси шаҳри Исфара Умарзода Собит Идрис узр овард, ки мушкил дар иҷроиши андоз пеш омадааст ва барои чанд дақиқа барои суҳбат вақт ҷудо кардааст. Вай иқрор шуд, ки худ парвардаи ҳамон корхона, яъне заводи гидрометаллургӣ аст ва аҳволи кунунии он ӯро низ мусалламан ба ташвиш овардааст.
- Дар он ҳоло коргоҳи хурде бо номи «Шифобахш» фаъолият мекунад, ки ба истеҳсоли хокаи қӯрғошим машғул аст,- иброз дошт муовини раиси шаҳр.- Шумораи коргаронаш ҳудуди 50-60 нафар аст. Дар нуҳ моҳи соли равон корхона ба маблағи 4 миллиону 25 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст. Вале таъсис ва фаъолияти корхона ҳеҷ рабте ба фаъолият ва ташаббуси раиси корхона Турдибек Ҷонмуҳаммадзода надорад. Корхонаи мазкур бо саъю талошҳои раҳбарияти шаҳр ва соҳибкор Рустам Бозоров фаъол шудааст. Корхона дорои иқтидори бузурги техникиву кадрӣ буд ва бояд он дубора ба кор дароварда шавад. Замоне, ки ман он ҷо кор мекардам, ҳудуди 1100 нафар дар чаҳор баст кор мекарданд.
- Чӣ пешниҳоде барои дубора фаъол намудани корхона доред?,- мепурсем аз Собит Умарзода.
- Дар даврони шӯравӣ ба корхона аз давлатҳои гуногун маводи хом ворид, коркард ва ба хориҷи кишвар содирот мешуд. Баробари барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҳама робитаҳо қатъ гардиданд. Зарурати ҷустуҷӯи роҳҳои нави фаъол кардани корхона пеш омадааст. Зарур аст, ки раҳбари корхона иваз шавад. Мо борҳо дар назди вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи аз кор барканор кардани раиси корхона Турдибек Ҷонмуҳаммадзодаро дар миён гузошта, ҳама мақомоти дигари болоии ҷумҳуриро огоҳ кардаем. Вале бо кадом сабаби барои мо номаълум, ин масъала ҳал намегардад…

Ин чӣ худ корхонаест?
Хостем бо яке аз собиқ кормандони корхонаи мазкур, номзади илми кимиё Қутбиддин Эшонов суҳбате биёроем ва бипурсем, ки ин корхона худ чӣ корхонаест? Ӯ иброз дошт, ки Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Тамохуш - ЗГМИ» соли 1994 бар асоси саҳомӣ гардонидан дар заминаи заводи гидрометаллургии Исфара ташкил ёфтааст. Барои таъсис ёфтани корхонаи мазкур кашфи захираҳои кони маъдани селентини Лаккон ва мавзеи Ганҷак сабаб гардидаанд. Соли 1948 дар заминаи корхонаи ҳамонвақтаи Идораи кони Лаккон нахустин маҳсулоти корхона - нитрат ва карбонати стронсий истеҳсол шудааст. Баъдтар дар ин ҷо истеҳсоли дигар намакҳои стронсий (хромат, сулфат, фосфат), металҳои стронсий ва барий, гидриди литий сурат гирифт, ки то солҳои 70-уми асри ХХ дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин самт ягона корхонаи истеҳсолӣ ба шумор мерафт. Тараққиёти соҳаҳои мухталифи илму техника, хусусан саноати электронӣ, таҳқиқи фарогири коинот ва зарурияти бо ашёи хоми ватанӣ таъмин намудани онҳо ба пешрафти завод мусоидат намуданд. Ба роҳ мондани истеҳсоли амомогидриди литий (ҷузъи сӯзишвории ракетаҳои кайҳонии байниқитъавӣ), пайвастагиҳои висмут, ванадий, рений ва ҳафтоксиди тозаи он, хӯлаҳои стронсий, люминофорҳо дар асоси пайвастагиҳои металҳои нодир, ҷудо кардани платинаи тоза аз таркиби катализаторҳои истифодашуда ва ривоҷ додану баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсолии пайвастагиҳои стронсий ба солҳои 70-80-уми асри гузашта рост меояд. Бо мақсади нигоҳ доштани самт ва сатҳи истеҳсолӣ солҳои 90-ум корхона коркарди гидрометаллургии консентратҳои тиллову нуқрадори кони Консой ва Комбинати маъдани тиллои тоҷикро ба роҳ монда, хӯлаи «доре» истеҳсол намуд. Мутахассисони завод барномаи «Сурмаи Тоҷикистон»-ро таҳия намуда, аз рӯйи он коркарди консентрати комбинати маъдантозакунии «Анзоб»-ро ба роҳ монданд. Сурмаи тозаи металӣ ба фурӯш баромад. Истеҳсоли нитрати қӯрғошим ва кронҳои қурғошимӣ низ яке аз самтҳои пешрафтаи истеҳсолот қарор гирифтанд. Барои эҳтиёҷи мардум истеҳсоли молҳои истеъмолӣ, аз қабили опали сунъӣ, рангҳои молиданӣ, маснуоти кулолӣ низ ба роҳ монда шуданд. Корхона аз 7 коргоҳи асосӣ ва 7 коргоҳи ёрирасон иборат ва дорои инфраструктураи муҳандисии худ буд. Бо хати роҳи оҳан пайваст аст. Хоҷагиҳои ёрирасони кишоварзӣ (дар мавзеъҳои Чорқишлоқ ва Матпарӣ), кӯдакистон, истироҳатгоҳи мактабиён ва комплекси варзишию табобатӣ ба кормандон хизмат мерасониданд. Дар пешрафти иҷтимоиёти шаҳри Исфара тавассути бунёди хонаҳои истиқоматӣ ва иштирок дар таъмиру тармими муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ҳисса мегузошт.
- Чӣ кор бояд кард, ки чунин як корхонаи бузург ба қавле ба як куҳи оҳанпора табдил наёбад?
- Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ корхона бояд ба истеҳсоли дигар навъ маҳсулот рӯй меовард. Зеро ҳар он маҳсулоте, ки дар он давр истеҳсол мешуд, ба пуррагӣ содирот мешуд ва дар дохили кишвар зарурате ба он набуд. Масалан, стронсий фақат ба хориҷ мерафт ва дар хориҷ низ талабот ба он кам буд. Талаботи яксолаи ҷаҳон ба стронсий ҳудуди 100 ҳазор тонна буд. Мо кӯшиш кардем, ки дар он замон дар баробари дигар маҳсулоти содиршаванда истеҳсоли тилло, сурмаи металӣ, содаи калсийдорро ба роҳ монем. Баъдан кони сурмаро хориҷиҳо хариданд ва корхона натавонист ашёи хоми сурмаи ватаниро барои коркард ба даст орад. Ҳоло низ дер нашудааст. Як қисм мутахассисон ҳоло низ дар ватананд. Зеро баъд аз 5-6 сол барои ба кор андохтани корхона раҳбарият маҷбур хоҳад шуд, ки аз хориҷи кишвар мутахассисҳо даъват кунад. Бояд талаботи бозори ҷаҳониро омӯхт, ки ба чӣ чиз ниёз ҳаст. Ҳоло ҷаҳони мутамаддин ба истеҳсол ва истифодаи васеи батареяҳои офтобӣ рӯй овардааст. Дар он пайвастагиҳои кремний, силисий, ки дар таркиби рег мавҷуд аст, истифода мешавад. Рег бошад, дар кишвари мо фаровон аст. Барои пешрафти истеҳсолот олимони ватанӣ, кимиёдонҳо ва физикҳоро аз Академияи илмҳо ҷалб бояд кард.

Роҳбари корхона бояд мутахассиси соҳа бошад!
Барои дарёфти маълумоти бештар бо раҳбари собиқи корхона, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, собиқ муовини Сарвазири кишвар Холисхон Темурҷонов суҳбат оростем. Вай иброз дошт, ки фаъолияти кориашро соли 1965 баъди хатми Донишгоҳи ба номи Менделееви шаҳри Маскав аз корхонаи кимиёи Исфара шуруъ карда, то соли 1975 ҳама зинаҳои камолоти коргариро тай намудааст. Дар ин муддат 8 сол сардори сех буд. Соли 1975 бо роҳи интиқолёбӣ ба заводи металлургии Исфара ба кор гузаштааст. Охири ҳамон сол сармуҳандис таъин гардида, то соли 1978 дар ин вазифа кор кардааст. Моҳи июни соли 1978 директор таъин шуд. Он сол 1200 нафар кор мекард. Солҳои 80-ум то 1900 нафар кадрҳои маҳаллӣ кор мекарданд. То соли 1989 корхона 69 навъ маҳсулот истеҳсол мекард. Баъдан ба корҳои раҳбарӣ гузашт. Дар Исфара, Табошар, Хуҷанд, Душанбе дар вазифаҳои раҳбарикунанда буд. Дубора соли 2002 раҳбарияти корхонаро бар уҳда гирифт ва баъди ду сол, пас аз анҷом ёфтани муҳлати шартнома аз кор рафт. Дар ин ду сол 700 нафарро ба кор қабул карда, ҳама сехҳоро фаъол намудааст.
- Вақте ман омадам, завод 1 миллиону 450 ҳазор доллар қарз дошт. Аз худи Бонки миллӣ 800 ҳазор доллар қарз дошт. Ҳама қарзҳоро пардохтем,- иброз дошт Холисхон Темурҷонов.
- Ҳоло корхонае, ки Шумо чандин сол сарвараш будед, то ҷое дарёфтем, дар вазъи ногувор қарор дорад. Мегӯянд, ки аз ину он мақомот қарзҳои ҳангуфт дорад. Ба фикри Шумо, чӣ бояд кард?
- Барои раҳбарии ин корхона шахси мутахассис лозим аст. Агар худи директор мутахассис набошад, кори корхона пеш намеравад. То ҷое медонам, директори ҳозира асосан ба ҷустуҷӯи инвестор, яъне маблағгузор машғул аст. Шояд одами хуб бошад, дар хариду фурӯш моҳир бошад. Вале мутахассиси соҳа нест. Дар ин корхона ҳама гуна потенсиалҳо, яъне нерӯю иқтидор мавҷуд аст. Таҷҳизоте, ки дар он насб шудааст, ҳама нодир мебошанд. Ҳама аз филизи «нержавейка» - зангназананда сохта шудаанд. Вале бекор мондани корхона сабаби аз байн рафтани кадрҳо шуд. Акнун барои дубора ба пой рост намудани корхона як қувваи бузурге лозим аст, ки мақсадаш аз нав зинда кардани корхона бошад. Бояд дар андешаи худаш набошад. Майлу хоҳиши кор кардан дошта бошад.
- Оё имкон дорад, ки корхона самти фаъолияташро дигар намояд?
- Ҳама чиз имконпазир аст. Корхона пештар маҳсулоти хешро ба Япония, Германия, Амрико (тавассути дигарон) ва дигар кишварҳо содирот мекард. Ҳоло низ харидор пайдо кардан мумкин аст. Танҳо сазовори боварии ҳамкор бояд шуд. Дар миён фиреб ва ягон гапи дурӯғ набояд бошад. Роҳбар ҳаққи гапро бояд бигӯяд ва он чиро, ки шуданист, ваъда диҳад. Маблағгузорон пулро медиҳанд ва сари вақт иҷро кардани шартнома, яъне фиристодани маҳсулотро талаб мекунанд. Агар ваъдахилофӣ кардед, ҷаримабандӣ мекунанд. Оқибат боз муфлис мешавед. Дар шароити бозор як фикри худро набояд кард. Замоне дар анборҳо ба маблағи 800 ҳазор доллар маҳсулоти тайёр мехобид. Харидорон омаданд. Вале чизе нахариданд. Гуфтам, ки сабаб чист, чаро аз харидорӣ даст кашидед? Гуфтанд, ки дар фалон ҷо айни ҳамин чиз 200 доллар арзонтар аст. Ҳисобу китоб кардаму гуфтам, ки бигиреду баред. Дигар, ғами коргарро бояд хӯрд. Вай бояд серу хотираш ҷамъ бошад.

80 нафари бознишастаи интизор нишаста
Ба Исфарамарз сафари хидматӣ анҷом додани моро шунида, бисёр собиқ кормандони Корхонаи металлургии Исфара аз ҳар сӯ муроҷиат ва изҳори суҳбат кардан менамуданд. Маълум буд, ки вазъи кунунии корхона онҳоро сахт мушавваш ва нигарон кардааст. Яке аз онҳо собиқадори кор Дадахон Ҷабборов буд.
- Ман аз соли 1974 ҳамчун коргари одӣ, аппаратчӣ шуда, ба коргоҳи рақами 3 ба кор даромадам,- ба суҳбат оғоз бахшид коргари ботаҷриба.- То соли 2006 кор кардам ва ҳамон сол ба нафақа баромадам. То истиқлолият ҳамаи коргоҳҳои корхона ва муассисаҳои марбут ба он кор мекарданд. Баъдан, бинобар камтаваҷҷуҳии роҳбарони сатҳҳои гуногун коргоҳҳои корхона сол аз сол яке паси дигар рӯ ба харобшавӣ оварданд. Ҳоло, то ҷое медонам, як коргоҳи хурдакак ба истеҳсоли намаки қӯрғошим машғул аст. Дар корхона ҳудуди 30 нафар кор мекунанд.
- Чӣ кор бояд кард?
- Ҳоло низ дер нашудааст. Чанд муддат аз ин пеш собиқ роҳбари мо Абдуҷаббор Катаев бо Зинин ном як нафар сармоягузори рус ба Исфара омаданд. Мо барин бознишастаҳоро ҷамъ карданд. Ба ман пешниҳод карданд, ки ҳама бознишастаҳои дигарро ҷамъ намуда, коргоҳи №1-ро фаъол месозем. Дар навбати аввал 500 нафар, дар семоҳаи дувум 200 нафари дигарро ба кор қабул мекунем. Музди меҳнаташонро дар ҳаҷми 1500 сомонӣ медиҳем. Баъдан қарор буд, ки коргаронро вобаста ба дараҷанокии ихтисосашон ба кор мегиранд. Аризаи коргаронро бо нусхаи шиносномаашон гирифтанду гуфтанд: «Душанбе меравем ва баргашта баъди як моҳ корро шуруъ мекунем!». Вале онҳо рафтанду дигар барнагаштанд.
- Шунидем, ки бинобар аз кор мондани корхона коргарон наметавонанд нафақаи худро бигиранд. Ин дуруст аст?
- Ҳоло ман 266 сомонӣ нафақа мегирам. Ба ҳаминаш ҳам шукр мекунам, ки мегирам. Вале 80 нафар коргарони корхона ба нафақа баромадаанд, аммо ду сол мешавад онро гирифта наметавонанд. Ҳамаи онҳо оила доранд, ки онҳоро пӯшондану хӯрондан лозим аст. Сабаб дар он аст, ки корхона кор намекунад ва аз ин рӯ, ба фонди нафақа андоз супорида наметавонад. Онҳо аз ҳукумати шаҳру вилоят то ба Дастгоҳи иҷроияи Президент муроҷиат кардаанд, вале бенатиҷа аст. Раиси корхона шояд одами хуб бошад. Вале аз чӣ сабаб аст, ки кораш пеш намеравад. То роҳбар таъин шудани вай корхона ба ҳар ҳол кор мекард.

Вазир чаро тасмиме намегирад?
Яке аз шахсоне, ки 35 соли умри бобаракати хешро сарфи пешрафту музаффариятҳои корхона кардааст, собиқ сартехнологи он Абдуқаҳҳор Раҳимов мебошад. Вай гуфт:
- Ман 35 сол дар корхонаи металлургии Исфара дар зинаҳои гуногун, аз коргари қаторӣ то сартехнолог кор кардам. Бароям сухан гуфтан дар бораи корхонаи мазкур дарднок ва аламовар аст. Корхона тайи солҳои 1974-1986 дубора, дар ҳудуди 90 дар сад бозсозӣ гардид. Он таҷҳизоти навтарини насбгардида ҳамагӣ чор сол кор кард. Ҳар хиште, ки дар ин давра гузошта шуд, ман шоҳидаш будам. То тавонистам, дар кори бозсозӣ ва таҷдиди сохтмони он саҳм гузоштам. Вале замоне расид, ки аз он корхонаи идеалӣ фақат ном монд. Аз соли 2006 то моҳи сентябри соли 2009 кӯшиш кардам, ки корхонаро қисман бошад ҳам, фаъол кунам. Собиқ ҳамкоронро ҷамъ кардам. Сехеро, ки аз даврони шӯравӣ мушкил дошт, ба иҷора гирифтем. Дар давоми шаш моҳ истеҳсолотро ба роҳ монда, маҳсулот баровардем. Онро ба Голландияву Белгия фиристодем. Хулосаи коршиносӣ, муҷаввиз барои таҷҳизот, патент гирифтем. Вале бо ин ҳама кори мо қатъ гардид. Раҳбарият нав шуд. Ӯро пайдо кардан як мушкил аст. Ман ҳайрон аз он ҳастам, ки чӣ тавр раиси як корхонаи бузург дар шаш-ҳафт моҳ як бор ба кор меомадаст?! Дар мавриди фаъолияти корхонаҳои саноатии давлатӣ вазир ҷавобгӯ ва масъул аст. Оё вазир медониста бошад, ки корхонаи гидрометаллургии Исфара дар чӣ ҳолат қарор дорад? Охир, вай ҳуқуқи соҳибмулкӣ дорад! Давлат ба ӯ ин моликиятро бовар кардааст. Корхонаеро бовар кардааст, ки то охири солҳои 80-ум дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ягона ва беҳамто буд.
- Ҳоло чӣ кор бояд кард?
- Дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди саноати куҳкорӣ равона гардад. Муовини вақти раиси вилоят Абдураҳим Расулов аввали солҳои 2000-ум дар назди ҳукумати вилояти Суғд шӯрои машваратие ташкил карда буд, ки вазифаи асосии он таҳлили захираҳои саноатии вилоят ва ташкил кардани кооператсияи корхонаҳо буд. Яъне, бояд мушаххас шавад, ки кадом корхона то кадом марҳила як корро мекунад ва корхонаи дигар онро давом медиҳад, то мо маҳсулоти худро то ба шакли ниҳоӣ бирасонем. Корхонаи гидрометаллургиро барои коркарди ҳама гуна ҷинсҳои куҳӣ омода кардан мумкин аст. Таҷҳозоти ин корхона аз ҳар нигоҳ ҳаргиз куҳна нахоҳад шуд. Зеро он аз филизи қиматбаҳои титан бо риояи ҳама гуна қоидахои бехатарии фаннию технологӣ сохта шудааст. Ба касе иҷозат набояд дод, то ягон қисме аз он таҷҳизотро бифурӯшанд. Имрӯз ба як сӯм фирӯхта, фардо маҷбур мешаванд онро ба як миллион доллар бихаранд. Дар маҷмуъ агар бигирем, ҳар корхона ба худ мушкили асосӣ дорад. Барои яке менеҷмент, барои дигаре ақлу зеҳни муҳандисӣ, барои савум корчаллонҳо мушкили аввал ба шумор мераванд. Вале барои корхонаҳои бузурге чун заводи гидрометаллургии Исфара будани раҳбари мутахассис авлавият ва шарти аввалин аст. Вай бояд сиёсати қавии молиявӣ ва тими ҳирфавие дошта бошад, ки аз уҳдаи ҳама гуна коркард ва ҷорӣ кардани технологияҳои навин баромада тавонад. Маҳсулоташ доимо дар бозори дохиливу хориҷӣ харидор дошта бошад!

Ҳарфе аз забони раҳбарони кунунӣ шунида нашуд…
Кӯшишҳои мо дар роҳи пайдо кардан, суҳбат намудан ва шунидани дарди дили сармуҳандиси корхонаи гидрометаллургии Исфара Идрисхон Саидов низ бенатиҷа анҷом ёфт. Вақте шумораи телефони ҳамроҳи ӯро мечидем, аз он сӯ хабар меомад, ки «бубахшед, ба рақами гирифтаи шумо хизмат расонида намешавад!».
Дар ин ҳол, якчанд суол посух меҳоҳанд: Оё корхона аз бонкҳои кишвар ва сармоягузорони хориҷӣ қарз гирифтааст? Агар ҳа, он чӣ қадар аст ва барои пардохти он чӣ чораҳо андешида мешавад? Алҳол қарзи корхона дар назди мақомоти андоз, обу барқ, коргарон чӣ қадар аст? Оё раҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нав аз мушкили печ дар печи корхонаи «Тамохуш» - Заводи гидрометаллургии Исфара хабар доранд? Агар хабар дошта бошанд, пас барои ислоҳи вазъ чӣ чораҳо андешидаанд ё андешиданианд? «Тамохуш» раисашро хоб мебинад. Оё раис низ «Тамохуш»-ро хоб медида бошад?!

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

P. S. Бино бар гуфти ҳолдонҳо, он, ки чӣ гуна Турдибек Ҷонмуҳаммадзодаи иқтисодчӣ (хатмкардаи факултаи иқтисодии Университети давлатии Тоҷикистон, соли 1993) ва аз ҷодаи металлургия умуман гузар накарда баъд аз хатми фаъолияти менеҷериаш дар ООО «Холбрук»-и Москва соли 2004 яку якбора муовини директори генералии яке аз азимтарин корхонаҳои аҳамияти стратегидоштаи шимоли Тоҷикистон - ҶСШК «Тамохуш - заводи гидрометаллургии Исфара» ва соли 2007 директори генералии ҶСШК «Тамохуш - ЗГМИ» таъин гардид, мавзуи қиссаи дигарест! Ва ҳам, дардномаи садҳо нафар мутахассисони варзидаву кормандони кордону бе ҷойи кор мондаю парешону муҳоҷиргаштаи корхона, таърихчаи хусусигардонии бинои истиқоматии сохтмонаш нотамом мондаи корхона аз ҷониби як корчаллони маҳаллӣ, ки бешак, бидуни ризоият ва мусоидати роҳбарияти заводи фалаҷгардидаистода сурат нагирифтааст, инчунин, аз эътибор соқитнамоии дастгоҳҳои ҳанӯз коршояму фурӯши онҳо ва ҳам бо вуҷуди аз ҷониби мақомот боздошта шудани як мошини пуртаҷҳизот, бе муҷозот мондани Турдибек Ҷонмуҳаммадзодаву кормандони масъулаш пурмуаммо ба назар мерасанд, ки мо ҳатман то кадом андоза ба ҳақиқат наздик будани ин овозаҳоро мавриди пайгириву омӯзишу тадқиқу инъикос қарор хоҳем дод.

Хонданд 1663

Ба таваҷҷуҳи роҳбарон ва дастандаркорони ҳар ду ноҳияи МАСЧО – аз куҳистони асл то Масчои Дилварзин.

Акнун сару садоҳо бештар мешавад, ки мисле расман исми ин ду ноҳия тағйир ва мантиқию китобӣ мешавад, ки меобйист ин амр дар 50-60 соли пеш сурат мегирифт. Ҳоло, ки ибтикоре чунин сар задааст, ба ҳар ҳол хуб аст, то ҳақ ба ҳақдор бирасад. Яъне тағйири исми ин ду навоҳӣ амри воҷиб шудааст ба он далел, ки вожаи МАСТЧОҲ (??) бемаънӣ, дағал ва ба ҳич ваҷҳ мусаммои ин макон нест ва шакли дурусти ин исм МАСЧО аст, ки дар сарчашмаҳои то исломӣ ва пас аз исломӣ зикр шудааст. Аз ҷумла, дар "Санадҳои куҳи Муғ", “Ҳудуду-л-олам”, осори таърихиву адабии асрҳои 15 ва 16, дар "Бобурнома"-и Заҳируддини Бобур", "Таърихи амирони манғитияи Бухро"-и Аҳмади Дониш ва чанди дигар вожаи МАСЧО омада (на МАСТЧОҲ)! Донишманди арҷманди мо Умеди Ҷайҳонӣ чанде пеш аз қавли Ибни Ҳавқал ҷуғрофидони садаи 10 ин иқтибосро оварда, ки Ибни Ҳавқал дар китоби хеш – «Китобу-л-масолик вал-мамолик» ин гуна менигорад: «Масчо» [مسچا] яке аз рустоҳои вилояти куҳистонии Буттам мебошад.
МАСЧО иқлимест дар саргаҳи водиии Зарафшон. Ба таъбире Бухоро аз Масчо оғоз гардидааст. МАСЧО муштамил аз 64 деҳкада, ба қавли дигаре 71-то деҳа буда, аксари томми ин рустоҳо номи бостонии суғдӣ ё порсии куҳанро доростанд ва ин номҳо ҳамчун исми МАСЧО сафҳае аз таърихи тоҷикону Эронзаминанд ва ҷумла гӯшнавозу зебо, дорои маъонии зебостанд, ки ҳовии фарҳангу таърихи як миллати куҳане ба исми тоҷик мебошанд. Чунончи, бархе аз ин номҳо: Роғу Палораку Ярму Худгиф; Самҷону Сабағу Сурхкату Рогиф; Арсовиду Андарвашт; Питу Падроғу Пакшиф; Узвору Виткону Валғунд (на Валиғунд??)-у Водиф; Ғузну Ғудоку Ғувинду Муждиф...
Ёдгориҳои хаттии то кунун монда дар бархе аз деҳкадаҳои МАСЧО (дар Сабағ, Падаск ва Аълами Аъламиён...) аз пешинаи беш аз панҷҳазорсолаи фарҳангию таърихии ин диёр гувоҳӣ медиҳанд. Танҳо қалъаи Падаск қадимати беш аз сеҳазорсола дорад ва дар миёни ёдгориҳои Эрони куҳан аз нодирмеъмориҳои аҷдодони мо шумурда мешавад. Аз ковишҳои бостоншиносон номаҳое аз муҳофизони ин диж ба сарони Панҷакент бозёфт шудааст, ки дар боби ҳимояти Суғдистон аз аҷнабиён ривоят мекунанд. Хеле таъассуфовар аст, ки имрӯза сарони МАСЧО ин шарофату шаҳомати МАСЧО-ро намедонанд ва чанде пеш ба таври масхараю мазҳака 25-солагии Куҳистони Масчоро ҷашн гирифтанд, ки омилон дар ҷумҳурӣ низ қубҳи ин масхараҷашнро пай набурда, ба ислоҳаш напардохтанд.
МАСЧО то инқилоби болшвик (дар радифи Фалғару Панҷекат) дар ҳудуди Ҳавза (Округ)-и Зарафшон аз навоҳии вилояти Самарқанд ба шумор мерафт. Дар ҷараёни инқилоби болшвикии соли 1917 МАСЧО таҷовузи Кремлинро напазируфту таҳаммул накард ва мухторияти хешро эълом дошт, ки онро Инглис, ИМА ва Афғонистон ба расмият шинохтанд. Ноябри соли 1918 ҷабҳаи муқовамати самарқандиён Иморати мухтори Масчоро дар саргаҳи Зарафшон эълом доштанд. Дастаҳои онон то соли 1919 Панҷекату Уртеппаю Хуҷандро тасарруф карданд. Танҳо соли 1923 артиши сурх муяссар шуд ки маркази МАСЧО – Оббурдонро ишғол кунад. Аммо ҳаракати зиддитаҷовузи русӣ дар МАСЧО то соли 1941 давом кард.
Масчоҳиён аз қадим бо виқору ғурури миллӣ машҳур будаанд. Ман дар симои қаҳрамононе ҳамчун Нусратшоҳу Ҳомиду Ҳайдарбеку Аҳмадхӯҷаҳо, ки аз пешмаргони зидди таҷовузи рус буданд, Имом Шомилҳои Доғистониро мебинам, ки аз зери бори бегонагон мондан мурданро авло шумурда, ҷони худро дар роҳи озодии Ватан ва озодии мардумони Ватан фидо карданд.
Дар замони Амир Музаффар мири Масчо – Ботурхӯҷа, ду бор ба қирғизҳои Хуканд зарба зад ва қаҳрамонии ӯ дар он буд, ки шаҳри Хуҷандро аз истилои бекони Хуканд ҳифз карда ба қаламрави Бухорои Шариф илҳоқ намуд. Дар наҳзати озодихоҳии Афғонистон алайҳи инглис (асри 19), яке аз сарварони ин ҷабҳаи зидди ғосиб Қурбони Ёрмуҳаммад аз деҳаи Пакшифи МАСЧО будааст, ки дар таърих аз вай ёд мешавад. Қурбони Ёрмуҳаммад тавассути низомиёни Бухоро муаррифӣ шудааст.
Дар солҳои 50-и асри гузашта ба хотири таъодули демографӣ масчоиён ба дашти бефарёди Дилварзин муҳоҷир кунонда шуданд. Ва ин муҳоҷиркунӣ бори аввал набуд. Дар замоне Темури Ланги Кургонӣ масчоҳиёнро ҳамроҳ бо фалғариён ҳамин гуна ба Самарқанд муҳоҷир карда буд, то нуфузи муғулони чиғатоӣ дар Самарқанд камтар шавад. Ҳамсинфи донишгоҳиям Кибриё Исрофилова худ нақл кард, ки аз гузари фалғариёни Самарқанд аст ва дуртар аз онон гузари масчоиён будааст. Темурланг – охирин императорони Эронзамин, сиёсатмадори дурбин буд, ӯ аз туркони чиғатоӣ бим дошт, ки беваҷҳ набудааст. Саранҷом набераи ӯро Узбакхону Муҳаммадхони Шайбонӣ, ки аз қабилаи чиғатоиён (узбакони имрӯз) буданд, сарнагун карда, ҳукуматашро гирифтанд ва ин шикаст, мутаассифона, боиси пошхӯрдани Эрони Бузург гардид. Бобур ҳам, зимнан, ҳини фирор аз роҳи Масчо, аз деҳаи Оббурдон гузар кард, он ҷо сангнавиштае дорад, ки дар ин бора навишта будем. Ин нукта низ бояд ҷолиб буда бошад, ки чун бар сари масчоиён табли ҳиҷрат мезананд, ва чун аз деви шӯравӣ илоҷи раҳоӣ набуд, саркардаҳои онҳо амрро мепазиранд, вале пешшарт мегузоранд, ки макони нави онҳо низ МАСЧО номгузорӣ шавад. Сиёсати рӯз инро мепазирад.
Ин ду ҳодиса аз муҳоҷиратҳои иҷбории масчоиён будааст. Аммо дар тӯли таърих ин мардумон борҳо гуруҳ-гуруҳу деҳа ба деҳа ҷилои ватан кардаанд ва эли масчоиён дар доманаҳои Истаравшану Хуҷанд, дар Ховасту Бухорову Насаф, дар Косону Тошканду каронаҳои он, дар водии Фарғона, аз ҷумла Исфара имрӯз ҳам маъруфанд. Масчоиён акнун ба ғайр аз ноҳияе дар Дилварзин ҳамчунин дар навоҳии Испетамону Ҷаббор Расулов низ сукунат доранд, дар ноҳияи Чаноси Узбакистон як колхоз ҳама аз масчоиёнанд; як маҳаллаи бузурге дар Қазоқистон бо номи Славянка (ба гӯйиши масчоиён Исловиюн), ҳама аз мардумони ин маконанд. Онҳо русуми аҷдодиро муҳтарамона пос доштаанд ва макотибашон, ҷашну сурашон ҳама тоҷикист.
МАСЧО ҳамчун Бадахшон барои Тоҷикистон, барои эронинажодон манзилати осорхонаи зиндаеро дорад, бояд чанд қалъае ки то имрӯз дар он ҷо ёдгор мондааст, аз ҷумла қалъаҳои Оббурдону Падаск ҳатман бозсозиву эҳёи дубора гарданд, бояд сангнавиштаҳову дигар осори барҷоймонда аз давраи муғон нақду баррасӣ шаванд ва ҷузве аз ёдгориҳи фарҳангии меҳан қарор дода шаванд, тамоми топономикаи МАСЧО пос дошта шавад ва аз ҷумла исми МАСЧО дар маҳди худаш, ки имрӯз барғалат Куҳистони Мастчоҳ унвон додаанд, дубора барқарор гардад.
Вожаи МАСЧО реша ба порсии куҳан ё суғдии куҳан дорад ва исми мураккаб аст аз МАС ва ЧО; МАС – фароху густардаву пурдомана; ЧО – мухаффафи ҷой, яъне МАСЧО – макони фароху дилкушо. Ин шарҳ бояд саҳеҳтар намояд. Зеро замини МАСЧО дар қиёс ба ФАЛҒАРи ҳамсоя басо фароху пурдоманаву паҳност. Дар деҳкадаи Худгифи Соярӯ, ки зодгоҳи банда аст, мавзеъест бо номи МАСКОН (ё МАСКАЁН), ки дар ин деҳаяки камзамин ҷои аз ҳама фароху паҳнӣ аст ва МАСКОН ва МАСЧО ҳарду решаи МАС доранд – фароху дилкушо.
Ва...билохира, бояд ба ин нуктаи муҳимм эътибор дод, ки исми МАСЧО ба ноҳияи дар Дилварзин буда ночаспаст ва ҳамчун беэҳтиромие ба МАСЧО-и таърихӣ ҳисоб мешавад. Зеро МАСЧО яктост, он ҳам МАСЧО-и таърихӣ, МАСЧО-и дар маъхазҳо зикршуда, ҳамон гуна ки Бухоро яктост, Бадахшон яктост, Панҷешр ҳам, Хуҷанду Ганҷаву Шерозу Тус ҳам. Албатта аҳли фазлу маърифати ҳарду ноҳияҳои МАСЧО бо ёрмандии донишмандони варзидаи кишвар барои дилварзиниён низ исме пайдо хоҳанд кард, ки бино бар васийяти пешиниёни хеш дар он ҳувийяти масчоӣ ҷило дода бошад. Чунончи аз водии Рашт замоне мардум ба Фарғона муҳоҷарат карданд, аммо макони нави худро на Рашт балки РАШТИЁН (имрӯза РИШТОН) исм гузоштанд. Аз Бадахшон низ солҳои 1950 (баробари масчоиён) мардумро ба Вахш муҳоҷир карданд, аммо ҳич ҷо дар Вахш исми Ванҷ ё Ишкошим ё Дарвозу Ғарм нагирифт...

Обид ШАКУРЗОДА

Хонданд 657

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.