.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Минтақа

«Сатурн-люкс» - мӯъҷизаи дасти инсон

Нояб 25, 2017
Диданд: 458

Туризм ва истироҳати оилавӣ яке аз даромадноктарин соҳаҳои иқтисодиёт буда, дар баъзе аз давлатҳои ҷаҳон то 90%-и бучети он кишварҳоро маҳз даромад аз ин соҳа ташкил менамояд.
Яке аз муассисаҳои истироҳатию тандурустӣ, ки барои истироҳату табобат пешбинӣ карда шудааст, истироҳатгоҳи «Сатурн-люкс»-и шаҳри Ҳисор мебошад. Он дар ҳудудҳои ҷамоати деҳоти Алмосӣ, берун аз ҳудуди маъмурии осоишгоҳи машҳури «Шоҳамбарӣ», бо ибтикори соҳибкори муваффақи ватанӣ Назриев Абдусаттор сохта шудааст. Дар ин осоишгоҳ, ки бояд дар 23 қисм сохта шаваду ҳоло 9 қисмати он бо усулҳои пешқадами меъмории шарқию аврупоӣ сохта шудааст, тамоми табобат дар беҳтарин шароит барои беморону мизоҷон омода карда шудааст. Ин осоишгоҳ новобаста аз фасли сол тамоми муддат омодаи қабули беморону истироҳаткунандагон буда, дар як вақт метавонад то сад нафар истироҳаткунандаю беморро қабул намояд. Тамоми табобате, ки дар осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» пешбинӣ гардидааст, ин ҷо низ ин табобатҳо амалӣ карда шуда, гузашта аз ин, бо усулҳои гиёҳдармонӣ, лойқадармонӣ ва физиотерапевтию массажҳои гуногун боз даҳҳо намуд бемориҳои дигар, аз қабили остеахандроз, буғумдард ва узвҳои дарунаро бо усулҳои пешқадаму санҷидашудаи клиникӣ ин ҷо табобат намуда, ҳайати табибони ботаҷриба ва хизматгузорон шабонарӯзӣ омодаи хизмат ба беморону мизоҷон мебошанд. Дар ин муассисаи бонуфуз табобати узвҳои ҳозима ва такягоҳу ҳаракат тавассути обҳои минералӣ, асал, лойқадармонӣ, табобат бо қумҳои табиӣ, ҳавзҳои серкулярӣ, бӯғи маъданӣ, сӯзандармонӣ, табобат бо дастгоҳҳои барқӣ ва гиёҳдармонӣ хуб ба роҳ монда шудааст.
Оби нӯшокӣ барои ин осоишгоҳ бо қубурҳои махсуси полиэтиленӣ, ки дар чуқурии 1 метру 20 сантиметр хобонида шудааст, аз 14 км масофа аз чашмаҳои кӯҳӣ оварда шудааст, ки аз ҷиҳати сифатнокӣ ҳамто надорад. Оби табобатӣ бошад, ҳамагӣ аз масофаи 100 метр гирифта шуда, аз ҷиҳати сифат ва хусусиятҳои табобатиаш чун оби машҳури «Шоҳамбарӣ», ки махсус барои бемориҳои узвҳои ҳозима ва рӯдаю узвҳои дарунӣ равона карда шудааст, машҳур аст. Ин оби табобатӣ махсус то 40 дараҷа гарм карда шуда, ҳамарӯза бо тавсияи табибон аз рӯи меъёр ба ҳар як бемору истироҳаткунанда тавсия дода мешавад, то онҳо онро истеъмол карда, саломатии худро барқарор намоянд. Ба ғайр аз ин, дар се нуқтаи махсуси обгармкунӣ бо ангишти ватанӣ ин об гарм карда ва ба шӯъбаҳои табобативу иншооти истироҳатгоҳ равон карда мешавад. Вобаста ба намуди табобат, ин оби шифобахш аз 30 то 40 дараҷа гарм карда шуда, се вақт ба мизоҷон пешниҳод мешавад, ки ба ҳар як нафар аз 200 то 300 мл барои ҳар як нӯшидан тавсия дода мешавад.
Ҳудудҳои маъмурии ин осоишгоҳ дар нишебиҳои кӯҳ, дар майдони беш аз 5 гектар доман афрохта, майдончаҳои махсуси истироҳатӣ бо боғчаҳои ҳамешасабз ва катҳою курсиҳои алвонҷхӯрандаи махсус муҷаҳҳазанд. Муомилаи шахсони хизматрасон, ки махсус барои хизмат расонидан дар чунин муассисаҳои табобатию истироҳатӣ омӯзонида шудаанд, дар сатҳи аъло буда, бо муомила ва гуфтори худ дилхоҳ истироҳаткунандаро дар ҳайрат мегузоранд.
Яке аз асосҳои табобат - ин хӯрокҳои пешниҳодмешуда ба мизоҷон мебошад. Аз ҷиҳати намуд ва сифат хӯрокаҳою хӯришҳо ва салатҳои пешниҳодмешуда ба мизоҷону истироҳаткунандагон дар ин муассиса бо усули шведӣ, яъне кушода ба муштариён пешниҳод шуда, дилхоҳ нафар бо кадом миқдоре, ки мехоҳад ва кадом намуде, ки ба ӯ маъқул аст, истеъмол менамояд. Меваҷот ва сабзавоти ба мизоҷон пешниҳодмешуда аз ҷиҳати сифат беҳтарин буда, ҳамарӯза аз истеҳсолкунандаи ватанӣ бевосита дастрас карда шуда, бо нақлиёти махсус ба муассиса оварда мешавад. Ҳамаи маҳсулоти хӯрока, аз қабили гӯшт ва маҳсулоти ширӣ таркибашон аз тарафи мутахассисон таҳқиқ карда шуда, баъдан барои истеъмол иҷозат дода мешавад. Дар соатҳои фориғ аз табобат мизоҷон метавонанд ба баландиҳои болои ин истироҳатгоҳ баромада, дар алвонҷакҳо ва роҳаткурсиҳои махсус истироҳат намуда, аз зебоиҳои атроф, ки аз дуриҳо намудор шуда меистанд, ҳаловат мебаранд.
Наим ном сокини деҳаи Нилуи ноҳияи Ҳисор мегӯяд: «Ба мо маълум гашт, ки Назиров Абдусаттор ин муассисаро дар раванди ободкориҳои Пешвои муаззами миллат аз сифр сар карда, як пораи кӯҳпораро чун Фарҳоди кӯҳкани афсонавӣ оҳиста-оҳиста канда, дар ҷойи он ин муассисаро бунёд намуда истодааст, ки ҳамтояш дар мамлакат нест. Барои табобату истироҳат дар ин муассиса шароит дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳатто беҳтар аз он барои муолиҷакунандагону истироҳаткунандагон муҳайё карда шудааст. Офарин ба бунёдгузорони ин муассиса!».
Ба гуфти Самиев Баҳрулло, сокини ноҳияи Варзоб, ҷамоати Лучоб, «сармоядорони зиёд сармояи худро берун аз ватан бурда, ба кадом роҳе набошад, кӯшиш менамоянд, ки дар ватан танҳо маблағ ҷамъ оваранд, вале дар рушду нумӯи кишвар ва омода намудани ҷойҳои нави корию шароит барои фаъолияти боз чанд нафари дигар кӯшиш ба харҷ намедиҳанд, вале муассисони «Сатурн-люкс» ин ҷо барои инсоният як олами афсонавӣ ва як муассисаи сатҳи беҳтарини ҷаҳоние офаридаанд, ки амсолашро мо дар мамлакат надидаем ва бо камоли эҳтиром ман чунин гуфтаниам, ки маҳз чунин нафарон сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлатро дар дилхоҳ самт дастгирӣ менамоянду чун парчамбардорони ин миллату ин давлат аз паси Пешвои муаззами худ ба сӯи қуллаҳои мурод равон мегарданд».
Ба изҳори Раҳматшоев Нусратшо, сокини деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, «то чанд соли пеш ман баъзан барои истироҳату дамгирӣ ба осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» меомадам, вале ин дафъа фарзандон маро ба истироҳатгоҳи «Сатурн-люкс» оварданд, ки аз мӯъҷизаи дасти инсон дар ҳайрат мондам. Дар муддати ҳамагӣ се-чор сол чунин шароити истироҳатию табобатие муҳайё гардидааст, ки фикр мекунам, амсолаш ҳатто дар хориҷаи дур кам андар кам бошад. Дар мо мақоле ҳаст, ки «оби пеши хона қадр надорад». Барои мо истироҳаткунандагон соҳибкорони ватанӣ дар ватан тамоми шароитҳоро муҳайё кардаанд, вале маблағҳои ҳангуфтро хароҷот намуда, ба давлатҳои дуру наздик меравем…».
Дар сӯҳбат бо мо Директори генереалии осоишгоҳи ҶДММ «Сатурн-люкс» муҳтарам Назриев Абдусаттор иброз намуд: «Таърихнигорону таърихшиносон тамаддуни одамиятро беш аз панҷ ҳазор сол арзёбӣ менамоянд, вале мумкин аст ин таърих боз ҳам зиёдтар бошад. Таърихи миллати тоҷик ва давлатдории онро беш аз се ҳазор сол меноманд ва тӯли ин муддати таърих ин миллати куҳанбунёд барои худ чун Эмомалӣ Раҳмон - доҳии тоҷикони ҷаҳон ва Пешвои муаззами он фарзонафарзанде надошт ва нахоҳад дошт. Гарчанде ин абармарди миллат баъд аз 1100 соли суқути давлати Сомониён сари давлатдорӣ омада бошад ҳам, танҳо гирифтани пеши роҳи ҷанги бародаркуш ва эҳёи давлатдории миллии тоҷикон ин хидматест, ки касе барои ин миллат накардааст. Имрӯз давлати мо бо инфраструктураи пешрафтаи худ, аз қабили роҳҳои дар сатҳи ҷаҳонӣ сохташуда бо тамоми манотиқи кишварҳои ҳамсоя пайваст буда, аллакай аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра озод гардидааст. Ҳамзамон, чун давлати транзитӣ тавассути ҳудудҳои мо дигар давлатҳо бо ҳамдигар тиҷорат намуда, ҳам иқтисодиёти худ ва ҳам иқтисодиёти моро боло мебаранд. Барои ман доҳии тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон чун идеали зиндагӣ ва чун падари миллат ба шумор меравад. Ин тавсиф нест, ин сухани асл аст. Як худи бунёди боғҳои замонавию интенсивӣ, нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқӣ, корхонаҳои хурду калони саноатию кишоварзию тавлидотӣ ё содиротӣ, ҳамасола бунёди муассисаҳои томактабию мактабӣ ва тандурустӣ ин заррае аз хизматҳои Пешвои муаззами миллати мо мебошад. Имрӯз мо соҳибкорон аз ҳарвақта дида боз ҳам зиёдтар бояд фаъол бошем, чунки маҳз ғамхории беғаразонаи Пешвои муаззами миллат ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар Олимзода Насим Хоҷа мо соҳибкорон дар риштаи табобат ва хизматрасониро ба он водор мекунад, ки бо ин табиати афсунгар ва обҳои шифобахшу кӯҳсорони зебою дилрабо ва чашмасору дарёҳои кӯҳию гулу гулбуттаҳои табобатӣ ин бозори минтақавиро аз худ намоем. Барои ҳамаи мо майдон басанда аст, танҳо бояд хизматрасониро ба дараҷаи лозима беҳтар ба роҳ монда, ҳиссагузор дар иҷроиши нақшаҳои пардохтҳои давлатӣ бошем».

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ШАРҲИ МО:
Назриев Абдусаттор Сарабекович 2.04.1970 дар оилаи коргар дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Солҳои 1978-1987 таҳсил дар мактаби №63-и ноҳияи Шоҳмансур. Солҳои 1987-1990 хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ. Солҳои 1991-1996 таҳсил дар Университети технологии Тоҷикистон бо ихтисоси менеҷер-экономист. Солҳои 1996-1997 муҳосиб дар иттиҳодияи савдои «Тоҷикбокалея». Солҳои 1988-1999 мутахассиси пешбар дар Иттиҳодияи ҷумҳуриявии курортҳо. Солҳои 1999-2000-ум муовини раиси курортҳои иттифоқи касаба. Солҳои 2000-2001 мутахассис дар Дирексияи роҳи оҳани Тоҷикистон. Солҳои 2001-2003 муовини раиси Шӯрои курортҳои иттифоқи касаба. Солҳои 2003-2015 директори осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ». Аз 2015 инҷониб Директори генералии ҶДММ осоишгоҳи «Сатурн-люкс». Роҳбар ва оиладори намунавӣ. Падари панҷ фарзанд.

Хонданд 458

Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) рӯзи 21-уми ноябр зимни як маросими расмӣ дар ноҳияи Рашт таҷҳизоти инноватсионии тиби фосилавиро ба Маркази минтақавии мубориза бар зидди бемориҳои сили ноҳия дастрас кард.

Дар расми супоридани таҷҳизоти инноватсионии тиби фосилавӣ роҳбари Барномаҳои тандурустии ЮСАИД Саманта Ҳофман ширкат варзида, аз дастрас гардидани чунин таҷҳизоти зарурӣ дар минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагиҳои бештари ЮСАИД-ро барои густариши ҳамкориҳо дар бахши сиҳатии омма, хусусан барои дарёфту табобати саривақтии беморони сил ва дигар бемориҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон изҳор намуд. Инчунин, гуфта шуд, ки фароҳам овардани чунин таҷҳизот барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои васеъ миёни ЮСАИД ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд ва фаъолияти Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории силро тақвият мебахшад.

Сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт Алимаҳмад Солеҳов сараввал меҳмонон ва иштирокчиёни чорабиниро хайрамақдам гуфта, дар симои роҳбари Барномаҳои тандурустии ЮСАИД Саманта Ҳофман ба тамоми мардуми ИМА барои кӯмаки беғаразонаашон ҷиҳати паст кардани сатҳи бемории сил, табобати беморон ва умуман аз байн бурдани ин беморӣ, ки боиси нигаронии амиқи ҷомеа аст, изҳори миннатдорӣ кард.

- Ин ягона таҷҳизот дар минтақа аст, ки дар Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт - шаҳраки Ғарм насб гардид ва аз навоҳии дурдаст, ба монанди Лахшу Сангвор, Тоҷикободу Нуробод мутахассисон омада, тариқи гуфтугӯи мустақим бо духтурони силшиноси беморхонаи “Мачитон” суҳбат анҷом медиҳанд ва маслиҳатҳои муфиди онҳоро дар самти ташхису табобат мегиранд. Беҳбудии кор дар ин аст, ки дигар бе зарурат беморонро барои ташхису табобат ба марказ намефиристем. Ин телемедитсинае, ки феълан бо мутахассисони беморхонаи “Мачитон” роҳандозӣ намудем, дар қадами аввал ёрии аввалин ба беморони сил мебошад. Бемории сил - ин бемории иҷтимоӣ аст ва барои гузарнидани таҳлилу ташхиси бемории сил саргардониҳои зиёд вуҷуд дошт. Акнун барои таҳлилу ташхиси беморон чӣ аз Сангвор, чӣ аз Лахш, чӣ аз Тоҷикобод мо метавонем бо мутахассисони соҳа аз “Мачитон” маслиҳату машварат намоем ва сатҳи беморшавиро дурусту дақиқ муайян кунем,- гуфт А. Солеҳов.

Инчунин, номбурда қайд намуд, беҳтар мебуд чунин телемедитсинаҳо на танҳо вобаста ба бемориҳои сил, балки дигар намуди бемориҳо, аз қабили бемориҳои занона, кӯдакона, ки фавти онҳо дар минтақаҳо бештар ба назар мерасад ва бемориҳои нейрохирургӣ имкони муоширати мустақим бо мутахассисони соҳа ва табобату ташхиси пурраи он имкон дошта бошад. Зеро ҳолатҳое мавҷуданд, ки интиқоли бемор ғайриимкон аст.

- Масъалаи мубрами дигаре, ки барои беморони сил ва умуман дигар бемориҳо хеле зарур аст, ин мушкилоти набудани лабораторияи клиникӣ, махсусан бактериологӣ мебошад. Агар ин масъала ҳам бо ёрию кӯмаки барномаҳо роҳи ҳал пайдо мекард, ҳам кори табибон хуб мешуд ва ҳам кӯмаки бузург ба беморон мегардид,- илова кард сартабиб.

Қодиров Қудратулло, ки аз соли 2013 ҳамчун директори Маркази бемориҳои сили ноҳияи Рашт фаъолият дорад, гуфт, дар ин муддат бо дастгирии барномаи ЮСАИД зиёда аз 60-70 нафар кормандони тиб оид ба навигариҳо омӯзонида шудаанд.

- Инчунин, бо кӯмаки ин барномаи ЮСАИД дар 14 ҷамоати ноҳияи Рашт кумитаҳои маҳаллии тандурустӣ ташкил карда шудааст, ки барои сари вақт дарёфт намудани беморон ёрии аввалиндараҷа мерасонанд. Бо барномаи ЮСАИД системаи электронӣ ташкил шудааст, ки сари вақт ҳисоботҳоро пешкаш мекунем. Ҳамчунин, дар назди Маркази саломатӣ ва шӯъбаи бемориҳои сил гурӯҳи дастгирӣ ва мактаби беморони сил ташкил шудааст, ки барои то охир табобат гирифтани беморон кӯмаки худро мерасонанд. Ин ҳама чораҷӯиҳо бо дастгирии бевоситаи ЮСАИД ва барномаи ҲОУП амалӣ гардидаанд, ки миннатдории худро мерасонем,- гуфт Қ. Қодиров.

Дар интиҳо роҳбари Барномаҳои тандурустии ЮСАИД Саманта Ҳофман суханронӣ карда, аз номи ЮСАИД ба ҳозирин миннатдорӣ баён намуда, хушҳолиашро аз иштирок дар маросими кушодани чунин воситаи алоқа иброз дошт.

- Хушҳолем, ки акнун минтақаи Рашт низ имконият пайдо мекунад, то бо дигар марказҳо, аз ҷумла бо маркази ҷумҳуриявӣ ва беморхонаи “Мачитон” тамоси мутақим дошта бошад. Дар баробари гирифтани маслиҳатҳо аз мутахассисони баландихтисос, инчунин имкон дорад, то аз ин таҷҳизот барои гузаронидани омӯзишу тренингҳо низ васеъ истифода бурда шавад. Албатта ҳадафи барномаи ЮСАИД оид ба мубориза бар зидди бемории сил - ин таҳлили дақиқ ва таъйин намудани табобати дуруст ба бемор аст. Аз ин рӯ, ин восита метавонад кӯмак расонад. Ин намуди алоқа имконият медиҳад, то мутахассисон ва беморон аз навоҳии дурдаст ба марказ сафар накунанд ва метавонанд дар худи минтақа он маслиҳату пешниҳод ва машваратҳоеро, ки барояшон зарур аст, гузаронанд. Хушҳолем, ки ин таҷҳизотро дар оянда бо мақсади табобату ташхиси дигар намуди бемориҳо, аз ҷумла бемориҳое, ки байни модару кӯдак паҳн гардидаанд, истифода кардан мумкин аст. Ман бори дигар ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, махсусан ба Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои ҳамкорӣ дар ин самт миннатдорӣ баён менамоям ва бо боварӣ гуфта метавонам, ин таҷҳизоте, ки имрӯз дар Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт барқарор шуд, дар оянда муфид хоҳад буд,- бо итминон гуфт С. Ҳофман.

Пас аз суханронии расмӣ ва ба истифода додани таҷҳизоти инноватсионии тиби фосилавӣ масъулин ва роҳбарони шӯъбаҳои бемориҳои сили ноҳияи Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор амалан ба сӯҳбат ва пешниҳоди ташхису таҳлилҳои беморони минтақа бо мутахассисони беморхонаи “Мачитон” тариқи онлайн шурӯъ намуданд ва маслиҳату дастурҳои муфид гирифтанд, ки барои дар оянда истифода бурдан дар фаъолияти касбиашон хеле зарур хоҳад буд.

Ёдовар мешавем, тиби фосилавӣ як навъ таҷҳизотест, ки он тариқи видеоконфронс ва технологияи иттилоотӣ кормандони тиб ва силшиносонро аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ба ҳам мепайвандад, то ин ки онҳо имкони мубодилаи таҷрибаро пайдо намоянд. Ин барои анҷоми ташхиси дурусту саривақтӣ хеле зарур аст, бахусус дар минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ. Бо дастгирии барномаи ЮСАИД ин барои аваллин бор аст, ки силшиносони ноҳияи Рашт имкон пайдо намуданд бо истифода аз таҷҳизоти замонавӣ мутахассисон ва силшиносони Маркази мубориза бар зидди бемории сили ноҳияи Рашт бо мутахасисон ва силшиносони Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, Маркази омӯзишии беморхонаи «Мачитон» пайваст шаванд ва тариқи видеоконфронс машваратҳо ва маслиҳатҳои муфид гиранд.

Гуфтан бамаврид аст, ки пеш аз фароҳам овардани чунин таҷҳизот кормандони тиб ва силшиносон маҷбур буданд садҳо километр роҳро аз ноҳияҳои дурдасти минтақаи Рашт ба пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе барои машварату омӯзишҳои тиббӣ тай намоянд.

Масъулин мегӯянд, ҳадафи асосии Барномаи ЮСАИД оид ба мубориза бар зидди бемории сил барои панҷ сол пешбинӣ шудааст ва он маблағи 13,2 млн доллари ИМА-ро дар бар мегирад. Мақсади ин барнома коҳиш додани сатҳи бемории сил ва паҳншавии бемории сили ба дорувории гуногун тобовар дар Тоҷикистон гуфта мешавад. Барномаи мазкур як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла омӯзиши кормандони тиб барои таҳкими системаи тандурустӣ, беҳтар намудани ҳамкорӣ, ҳамоҳангӣ ва беҳтар намудани дастрасӣ ба ташхис ва табобати бемории силро фаро мегирад.

Бино ба маълумоти расмӣ, кӯмаки ҳарсолаи ЮСАИД ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 30 миллион долларро ташкил мекунад, ки тақрибан 30%-и ин маблағ ба соҳаи тандурустӣ равона карда мешавад.

Шамсулло Фозилов

Хонданд 407

Лоиҳаи «тиллоӣ»

Нояб 18, 2017
Диданд: 578

Агар он амалӣ шавад…

Дар сурати амалӣ гардидани як лоиҳаи обтаъминкунӣ, имкони таъмини пурраи аҳолии як қисмати деҳот ва шаҳри Панҷакент бо оби нӯшокии аз ҷиҳати экологӣ софу тоза мавҷуд будааст. Баҳри амалӣ шудани ин нақша идораи КДФ «Обтаъминкунӣ ва канализатсия”-и шаҳри Панҷакент лоиҳаеро матраҳ ва омода намудааст, ки он аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле арзон буда, ҳам имкони бо ин роҳ даромади маблағ ба буҷаро дораду ҳам кулли шаҳру якчанд деҳаҳои шаҳри Панҷакент, ки то ҳол бо оби нӯшокӣ таъмин нестанд, бо оби софи нӯшокӣ таъмин хоҳанд шуд.
Ризоев Қиёмиддин, роҳбари Корхонаи давлатии фаръии “Обтаъминкунӣ ва канализатсияи”-и шаҳри Панҷакент дар ин бобат мегӯяд: «Тибқи ин лоиҳа, ки мо бо мутахассисони варзида омода намудем, бо кашидани лӯлаи оби тозаи нӯшокӣ аз мавзеи Ҳафткӯли ҷамоати Шинги шаҳри Панҷакент метавонем ба сокинони шаҳр ва якчанд деҳоти Панҷакент оби сифатан тозаро таъмин созем».

Манофеи оби “Мижгон”
Лоиҳаи пешниҳодшуда аз кӯли “Мижгон” то ба шаҳри Паҷакент кашидани хати нави оби нӯшокӣ мебошад, ки ҳамагӣ 38 километрро ташкил медиҳад. Барои овардани ин хати оби нӯшокӣ ягон намуд пойгоҳи обкашӣ лозим нест ва он метавонад тариқи худҷорӣ ба Панҷакент оварда шавад.
Идораи КДФ «Обтаъминкунӣ ва канализатсия”-и шаҳри Панҷакент итминон дорад, ки агар лоиҳаи онҳо амалӣ гардад, дар он сурат иловатан зиёда аз 47000 нафари дигар бо об таъмин ва зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба буҷаи кишвар маблағи иловагӣ зам хоҳад шуд. Ҳамчунин, имкон дорад, ки тариқи ин хати оби нӯшокӣ даҳҳо га боғҳои нави интенсивӣ бунёду обёрӣ шаванд.
- Оби кӯли “Мижгон” аз лабараторияи Маркази ташхиси минтақавии водии Зарафшон гузаронида шуд. Тибқи хулосаи мутахассисони марказ, оби ин мавзеъ нисбат ба обҳои нӯшокии ҳозираи истифодашудаистода беҳтар аст ва дар таркиби худ намаки кам дорад. Танҳо барои амалишавии ин лоиҳа кӯмаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим аст,- мегӯяд Қиёмиддин Ризоев, сардори Корхонаи давлатии фаръии “Обтаъминкунӣ ва канализатсияи”-и шаҳри Панҷакент.

Зарурати амалишавии лоиҳа

Тибқи иттилои Қиёмиддин Ризоев, қубурҳои оби нӯшокии дохили маҳаллаҳои шаҳр дар маҷмӯъ кӯҳна шудаандуаз ин боис айни замон як қатор мушкилоте дар самти таъмини оби нӯшокӣ ба аҳолӣ ҷой доштааст.
Эҳтимоли ба оби нӯшокӣ якҷоя гардидани оби полезии шолизор, ки бо заҳрҳои кимиёвӣ ва нуриҳои органикӣ олуда аст, зиёд мебошад ва хатари заҳролудшавии оби нӯшокии шаҳрро ба вуҷуд меорад. Дар ин бора пешниҳоди санитарии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Панҷакент мавҷуд аст.
Бинобар дар муддати тӯлонӣ аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонӣ кишт кардани шолӣ, қубурҳои обгузаре, ки аз зери заминҳои шолизор мегузаранд, то чуқурии 3 метр фурӯ рафта ва пурра фарсуда гаштаанд.
Дар биноҳои баландошёна бинобар нарасидани оби нӯшокӣ таъмини об дар бисёр ҳолатҳо имкон надорад. Инчунин, эҳтимоли аз обхезии дарёи Зарафшон ҳар мавсим осеби ҷиддӣ дидан ва корношоям гаштани пойгоҳи “Зарафшон” зиёд будааст.
Дар ҳамин ҳол, иддае аз коршиносон ва сокинони рустоҳо бар он назаранд, ки ҳарчанд водии Зарафшон, ба вежа минтақаи Панҷакент яке аз бойтарин манобеи оби поки ошомиданӣ мебошад, вале қисмати зиёди сокинони рустоҳояш бинобар мушкилоти моливу фаннӣ бо оби софи ошомиданӣ таъмин набудаанд.
Муҳаммад Шарифзода, як тан аз сокинони деҳаи Нови Чомоқи ҷамоати деҳоти Косатарошон мегӯяд, ки онҳо то ба ҳол бинобар набудани хати оби нӯшокӣ дар деҳаашон ва рустоҳои дар ҳамсоягии онҳо буда, маҷбуранд зимистону тобистон аз дарёву рӯдхонаҳо ба масофаи 1 то 3 километр обро дастӣ ё ба воситаи хару мошин кашонида истифода намоянд. Вай афзуд, ки дар зимистон ин мушкилот ва азияти мардум бинобар яхбандиҳо дучанду сечанд мешудааст.
Ин дар ҳолест, ки норасоии оби нӯшокӣ дар шаҳру деҳоти Панҷакент, бахусус дар биноҳои баландошёна то ба имрӯз ба назар мерасад. Аз ин рӯ, агар об бошад, сокинон маҷбур мешаванд аз нуқтаҳои обрасонии наздиктарин об гиранд, вагарна, маҷбуранд аз рӯдхонаҳо ва ё ҷӯю ҷӯйборҳо обро ҳар навъе ки ҳаст, яъне хоҳ поку хоҳ олуда, дастрас намоян. Чунки, ба гуфтаи сокинон, онҳо илоҷи дигаре ҳам надоранд.
Аммо ба гуфтаи маъмурияти ин ниҳоди обрасонӣ, ягона илоҷи аз ин мушкилот раҳо шудан дарёфти маблағу амалӣ шудани лоиҳаи мазкур будааст. Ин дар ҳолест, ки соли 2017-ро раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар қаламрави вилоят “Соли дастрасӣ ва таъмини аҳолӣ бо оби тоза” эълон намуда буд.
Умедворем, ки мӯҳтарам раиси вилоят баҳри амалишавии ин тарҳ кӯмаки худро мерасонанд.

Шоҳин ОБЛОҚУЛЗОДА,
Хуршед ФОЗИЛОВ,
МТЖТ

Хонданд 578

Яке аз муассисаҳои куҳнатарини соҳаи тандурустии вилояти Хатлон Беморхонаи клиникии шаҳри Қӯрғонтеппа мебошад, ки солҳои 30-юми асри гузашта сохта шуда, то ба имрӯз ба мардум хизмати арзандаи тиббӣ мерасонад. 

Дар даврони муноқишаҳои дохилӣ, ки маркази вилояти Хатлон майдони асосии муноқишаҳои дутарафа гардида буд, ин муассисаи тандурустӣ зиёд зарари молӣ дида буд. Яке аз барномаҳои миллии Ҳукумати кишвар оид ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад, ки имкон дод, то дар муддати басо кӯтоҳ тамоми зарарҳои ба системаи тандурустӣ расонидашуда бартараф гардад. Гузашта аз ин, бо иқдоми роҳбарияти сиёси кишвар ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳазорон муассисаҳои хурду калони тандурустӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Гарчанде то чанд соли пеш Беморхонаи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа ҳоли басо ҳузнангезро доро буд, роҳбарияти вақти ин шаҳр тасмим гирифтанд, ки дар кӯтоҳтарин муддат тамоми беморхона аз таъмири капиталӣ гузаронида шуда, гузашта аз ин, пурра бо таҷҳизоти замонавӣ таъмир гардад. Ин буд, ки бо пешниҳоди сартабиби Беморхонаи клиникии шаҳри Қӯрғонтеппа Назаров Файзалӣ аз буҷаи шаҳри Қӯрғонтеппа барои иваз намудани болопӯши тамоми корпусҳои беморхона ва ҳуҷраҳои ёрирасони ташхисгоҳҳо маблағи зарурӣ ҷудо карда шуда, тамоми ҳудудҳои беморхона панҷара гирифта шуд. Таъмири капиталии кулли беморхона бошад, ҳоло ҳам бо суръати тамом идома дошта, аллакай то сардиҳои зимистон кулли корҳои сохтмонӣ анҷом хоҳанд ёфт. Баҳри ин мақсадҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва вилоят ба ин беморхонаи клиникии шаҳрӣ ёрии молии заруриро дареғ намедоранд. Худи кормандони беморхонаи клиникӣ бо мақсади ободу зебо гардонидани ҳудуди беморхона ҳазорон бех гулҳои рангоранг ва дарахту буттаҳои ҳамешасабз шинондаанду дар чанд ҷой барои беморону айёдаткунандагон ҷойҳои махсуси болопӯшида омода намудаанд, ки ин ба ҳусни беморхона ҳусни нав зам мекунад.
Беморхонаи клиникии шаҳри Қӯрғонтеппа дорои 120 кати табобатӣ буда, аз он 40 кат дар шуъбаи ҷарроҳӣ, 60 кат барои шуъбаи таваллудхона ва 20 кат барои шуъбаи андози даруна пешбинӣ гардидааст. Дар ин муассисаи табобатии бонуфуз 254 нафар кормандон фаъолият менамоянд, ки аз ин 205 нафарашонро занон ташкил менамоянд. Миёни онҳо 35 нафарашон духтурон, 133 нафар кормандони миёнаи тиб, 61 нафар кормандони хурди тиббӣ ва 25 нафарашон кормандони хоҷагидориянд. Байни духтурон дараҷанокии касбӣ доштаҳо чунин рақамро ташкил медиҳад: 12 нафар духтури дараҷаи олӣ, 9 нафар духтури дараҷаи якум, 2 нафар духтури дараҷаи дуюм. Байни кормандони миёнаи тиббӣ дараҷаи олидор 31 нафарро ташкил намуда, дараҷаи якум 15 нафар ва дараҷаи дуюм 20 нафарро ташкил медиҳад.
Дар соли 2017, ки «Соли ҷавонон» аст, ба ин муассисаи табобатӣ 34 нафар кормандон ба кор қабул карда шудаанд, ки 21 нафарашон кормандони ҷавон мебошанд. Занони роҳбарикунанда 5 нафар мебошанд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти кормандони Беморхонаи клиникии шаҳри Қӯрғонтеппа табобати саривақтӣ ва таваллуди кӯдакони навзод мебошад, ки дар ин самт низ кормандони шуъбаи таваллуд ба натиҷаҳои хуби корӣ ноил гардидаанд. Давоми 9 моҳи соли 2017 дар шуъбаи таваллудхонагӣ 3713 нафар занон бистарӣ карда шудаанд, ки аз онҳо 1344 нафарашон сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа мебошанд. Давоми 9 моҳ дар шуъбаи таваллудхонагӣ 3255 таваллуди навзодон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 1129 нафар кӯдакони навзод сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа мебошанд. Яъне, аз таваллуди умумии беш аз 70% навзодон аз дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар Беморхонаи клиникии шаҳри Қӯрғонтеппа таваллуд шудаанд. Аз ҷамъи умумии таваллудшудагон ҳамагӣ 20 нафар сокини шаҳр дар хона таваллуд кардаанд. Ин нишондод аз он гувоҳӣ медиҳад, ки қариб кулли модарон таваллудро дар муассисаи тандурустӣ авло медонанд. Яъне кормандони Беморхонаи клиникии шаҳри Қӯрғонтеппа дар якҷоягӣ бо дигар мутахассисони соҳаи тандурустӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд.
Давоми 9 моҳи соли 2017 дар шуъбаи ҷарроҳии ин беморхона 374 бемор бистарӣ гардидаанд, ки аз онҳо то имрӯз ба 335 нафар ҷарроҳӣ гузаронида шудааст. Аз ин 158 ҷарроҳӣ ба таври фаврӣ ва 177-то ба таври нақшавӣ ба иҷро расонида шудааст.
Тамоми кӯдакони навзод ва муроҷиаткунанда ба таври ройгон дар ин муассиса хатна карда мешаванд, ки ин рақам то имрӯз беш аз 96 нафарро ташкил медиҳад.
Дар шуъбаи амрози даруна бошад, давоми 9 моҳи соли 2017-ум 96 нафар бемор бистарӣ гардида, онҳо хушсифат табобат карда шудаанд.
Дар доираи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №600 «Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар муассисаҳои системаи тандурустӣ давоми 8 моҳи соли 2017 аз ҳисоби ҳамаи манбаҳои хизматрасонии тиббии беморхонаи шаҳр маблағи 438934 сомонӣ ворид гардидааст, ки ин 106,4 %-и нақшаро ташкил дода, нисбат ба давраи гузашта қариб 8% зиёд мебошад. Аз ҳисоби буҷаи худи Беморхонаи клиникии шаҳри Қӯрғонтеппа бошад, ба маблағи 159 750 сомонӣ дастгоҳҳои табобативу профилактикӣ харидорӣ карда шудааст.
Баҳри хубтару беҳтар фаъолият кардани беморхона дар фасли зимистони 2017-2018 айни ҳол 4 тонна ангишт, 4 метри кубӣ ҳезум, 800 литр сӯзишворӣ, 35 адад гармкунакҳои барқӣ, 3 адад печҳои аловӣ дар ҳолати омодабош қарор дошта, 3 генератори барқӣ ва 1 адад буғхона омодаи хизмат барои беморон дар фасли сармо мебошанд.
Дар тамоми корҳои ҷамъиятӣ ва маъракаҳои сиёсии шаҳри Қӯрғонтеппа кормандони беморхонаи клиникӣ фаъолона иштирок намуда, дар беморхона созмони ҷавонон фаъолият менамояд. Масалан, 15.02.2017 байни кормандони ташкилотҳои муассисаҳои шаҳри Турсунзода мусобиқаи тирпарронӣ баргузор гардид, ки дар он командаи Беморхонаи клиникии шаҳри Қӯрғонтеппа ҷойи 2-юмро ишғол намуд. Ҳамчунин, 12.05.2017 дар мусобиқаи шаҳрии «Арм спорт» командаи беморхона иштирок намуда, ҷойи 3-юмро ишғол кард.
Ба гуфтаи Ҳамдамов Усмон ном сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, «Беморхонаи клиникии шаҳри Қӯрғонтеппа то давраи таъини Назаров Файзалӣ ба вазифаи сартабиби ин муассиса ба ном фаъолият дошту дилхоҳ бинанда аз ҳоли зори ин беморхона афсӯс мехӯрд. Ин нафар, ки худ олими варзидаи тиб ҳастанд, дар асоси супоришу дастурҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, корро аз рӯзи аввали ба ин вазифа таъин гардиданашон аз корҳои ободонӣ сар намуда, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар кӯтоҳтарин вақт беморхонаро ба як беморхонаи намунавӣ табдил дода, кулли ҳуҷраҳои табобатӣ ва ташхисгоҳҳоро хушсифат аз таъмир гузарониданд. Ин аст, ки ҳоло дар беморхонаи шаҳрӣ беморон аз кулли манотиқи вилоят ва ҷумҳурӣ табобат мегиранд. Чи хеле, ки мардум мегӯянд, «ба кордон кор осон». Офарин ба сардухтур барои табобату барои кордонӣ».
Менеҷери соҳаи госпиталии шаҳри Қӯрғонтеппа Назаров Файзалӣ Насруллоевич мегӯяд, ки «мо мардуми шаҳри Қӯрғонтеппа ва кулли кормандони соҳаи тандурустии вилоят пеш аз ҳама аз Пешвои муаззами худ барои сулҳи саросарӣ ва ваҳдати умумӣ бояд миннатдор бошем. Имрӯз соҳаи тандурустии вилоят ва шаҳри Қӯрғонтеппа ба он натиҷаҳои дилҳоҳ дар соҳаи табобат ноил гардидааст, ки дар гузашта он барои мо кормандон афсонаро мемонд. Имрӯз қариб кулли табобатҳо дар худи ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд, ки ин хизмати роҳбарияти давлату ҳукумат мебошад. Мо барои дастгирӣ ба сардори Раёсати тандурустии вилоят муҳтарам Малазода Сайдулло, раиси вилоят муҳтарам Гулмуҳаммадзода Давлатшоҳ ва раиси шаҳри Қӯрғонтеппа миннатдории худро баён медорем».

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ
Душанбе-Қӯрғонтеппа-Душанбе

ШАРҲИ МО:
Назаров Файзалӣ Насруллоевич 20-уми октябри соли 1959 дар вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1979 мактаби миёнаро дар шаҳри Сарбанд хатм намудааст. Солҳои 1981-1987 донишҷӯйи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон. Солҳои 1987-1989 духтури шуъбаи ташкилию усулгузории беморхонаи вилоятии рақами 1-и шаҳри Қӯрғонтеппа. Солҳои 1989-1991 мудири шуъбаи эндоскопии беморхонаи вилоятии рақами 1-и шаҳри Қӯрғонтеппа. Солҳои 1991-1992 ҷарроҳи шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи вилоятӣ. Солҳои 1992-2000 мудири шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи вилоятии рақами 1. Солҳои 2000-2008 сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон. Солҳои 2008-2009 сардори маркази вилоятии ҷарроҳӣ. Солҳои 2009-2014 сардухтури Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бурӣ Воҳидов. Аз моҳи марти соли 2014 ин ҷониб менеҷери соҳаи госпиталии шаҳри Қӯрғонтеппа. Аълочии тандурустии Тоҷикистон, духтури дараҷаи олӣ, номзади илми тиб. Оиладор ва роҳбари намунавӣ. Падари панҷ фарзанди ду нафарашон табиб.

Хонданд 517

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.