.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Минтақа

Туркманҳои Дӯстӣ

Дек 09, 2017
Диданд: 521

Оё онҳо Қонуни танзимро риоя мекунанд?

11-уми июли соли 2017 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Сокинони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ тариқи телевизионҳо аз он дастгирӣ намуданд. Мо хостем фаҳмем, ки ба намояндагони миллатҳои гуногун, аз ҷумла туркманҳо, ки расму оини хоси худро доранд, то куҷо ин қонун таъсир расонидааст?
Туркманҳо миллати туркзабон буда, аз оғузи қадим пайдо шудаву макони зисти асосиашон Туркманистони имрӯза аст. Туркманҳо дар баъзе мамлакатҳои дигар, ба монанди Афғонистон, Эрон, Русия ва Тоҷикистон низ зиндагӣ мекунанд. Мувофиқи омори ғайрирасмӣ, шумораи умумии онҳо дар ҷаҳон қариб 5 миллион нафар буда, дар Тоҷикистон ҳудуди 25 ҳазор туркман дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун, Қубодиён, Шаҳритус, Рӯдакӣ муқимиянд. Қисми бештари онҳо дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон (бештар аз 20 ҳазор нафар) зиндагӣ мекунанд.
Пайи ҷустуҷӯйи туркманҳо ва ошноӣ бо урфу одати онҳо ба ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон рафтем. Дар ҷамоати деҳоти Гардӣ Гулмуродови ноҳияи Дӯстӣ туркманҳо зиндагӣ мекардаанд, ки расму оини онҳо аз расму оинҳои тоҷикон ба куллӣ фарқ мекунад.
Дар байни тоҷикон оилаҳои камбизоат маъракаи тӯяшонро ба таври оддӣ мегузаронанд, ба қавли мардумӣ, “пояшонро баробари кӯрпаашон дароз мекунанд”. Аммо туркманҳо новобаста аз шароити зиндагӣ, меҳмони зиёд даъват мекунанд, базм меороянд. Тоҷикон маҳри арӯсро вобаста ба шароити зиндагӣ медиҳанд. Вале туркманҳо, агар шароити зиндагӣ танг бошад, арӯсро фиреб карда, медузданд. Дар ин ҳол маҳри арӯс сабуктар мешавад.
Туркманзане аз ҷамоати деҳоти Гардӣ Гулмуродов мегӯяд, ки онҳо расму оини хоси худро доранд ва баъди қабули қонун ҳам хароҷоташон сабук нашуд: “Дар мардуми мо расму оинҳое вуҷуд доранд, ки дар тоҷикон дида намешавад. Баъд аз қабули қонуни танзим низ хароҷоти маъракаҳоямон сабук нашуд. Барои арӯс тамоми намуди либоса, тилловорӣ ва 20 000 сомонӣ медиҳем. Аммо агар пулро ба миқдори 10 000 сомонӣ диҳем, он гоҳ гов ва ҳама маҳсулоти барои тӯй харҷ мешударо харида мебарем. Дар мо одате ҳаст, ки агар тарафи домодшаванда барои тӯй кардан маблағи кофӣ надошта бошад, он гоҳ духтарро никоҳ накарда медуздад. Баъд, пас аз муддате ба хонаи арӯсшаванда 10 000 сомонӣ дода, тӯй мекунанд. Яъне баъди дуздида шудан маҳр ва қадру қимати духтар паст мешавад. Дар мо фарқ надорад, хоҳ камбағал бошад, хоҳ сарватманд, бояд базм орояд. Тӯйи мардуми мо се рӯз давом мекунад. Барои ду рӯз аз ҷамоат иҷозатнома мегирем ва рӯзи сеюмро пинҳонӣ мегузаронем”.
Аммо Шомуродов Мирзо, муовини раиси ҷамоати деҳоти ба номи Гардӣ Гулмуродов мегӯяд, ки аз замони қабули қонун то имрӯз ягон қонуншиканӣ ба қайд гирифта нашудааст: “Пас аз қабули қонун ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он дар соли ҷорӣ, саривақт корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи масъулини ҷамоат ба роҳ монда шудааст. Бояд қайд кард, ки пеш аз гузаронидани маъракаи тӯй ҳар як хонадон аз мо омада иҷозатномаро ба тариқи ройгон мегиранд ва рафта тӯйи худро тибқи нишондоди қонун мегузаронанд. Агар дар маърака базм ороста нашавад, он гоҳ маъракадор имкони даъвати 150 нафар не, балки 200 нафар меҳмонро дорад. Дар ҷамоати мо сӣ комиссияи ҷамъиятӣ ҳаст, ки вазифаи онҳо назорати риояи қонун дар рафти тӯй аз тарафи маъракадор мебошад. Қайд намудан лозим аст, ки аз вақти қабули ин қонун то ҳоли ҳозир ягон қонуншиканӣ ва ё вайронкунии муқаррароти қонун аз тарафи сокинони ҷамоат рух надодааст”.
Вобаста ба расму оини ин мардум устоди ДМТ, этнограф Мирзоалиев И. мегӯяд, ки “туркманҳо дар тӯйи арӯсу домодӣ либосҳои миллии худро ба бар мекунанд. Занҳои туркман аз рӯйи маданияти либоспӯшиашон куртаи шоҳӣ ва эзор пӯшида, ду нӯги рӯймоли сарашонро аз таги манаҳ гузаронида, ба китфҳояшон мепартоянд. Мардҳои калонсол бошанд, хилъат ва тоқии нӯгдарозро бо чоруқ мепӯшанд. Ҷавонон либосҳои миллӣ ва аврупоиро ба бар карда, ба сар ҳама вақт тоқӣ мегузоранд. Туркмандухтарон низ мисли бачаҳо тоқии гулдӯзӣ ва либосҳои бо тангаҳои нуқрагӣ орододашуда ба бар мекунанд. Туркманҳо як расми аҷиби дигар доранд, ки дигар дар ҳеҷ қавму миллат дида намешавад. Агар туркмандухтаронро аз дигар мамлакат хостгорӣ кунанд, онҳо рад намекунанд, аммо пеш аз хонадор шудан ҷавони талабгор бояд ҳамчун маҳри духтар ба суратҳисоби ӯ 10 000 доллари амрикоӣ маблағ гузаронад. Агар дар рафти зиндагӣ ягон нофаҳмӣ ё муноқиша сабаби вайроншавии хонавода гардад, туркмандухтар пас аз бозгашт ба ватан он маблағро дар ҳаёти минбаъдааш истифода мебарад”.
Умуман, дар натиҷаи омӯзишҳои мо маълум гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” ба ҷашну маросимҳои мардуми туркман, ки аҳолии муқимии кишвари мо мебошанд, ягон дигаргунии қобили баҳсу мулоҳиза наовардааст.

Малика САФАРЗОДА,
Зарнигор АСОЕВА

Хонданд 521

Норак шаҳрӣ саноатӣ буда, дар он даҳҳо корхонаҳои саноатӣ хуб фаъолият менамоянд. Нерӯгоҳҳои барқии обии Нораку Бойғозӣ, ки аз калонтарин нерӯгоҳҳои кишваранд, аз корхонаҳои асосии ин шаҳр ба шумор мераванд.
Давоми 10 моҳи соли 2017 дар ин шаҳри овозадор ба маблағи 1,4 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 121,2 фоиз ё ин ки 239,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра дар нерӯгоҳҳои барқии обии Нораку Бойғозӣ ба миқдори 10,5 миллиард кВ/соат нерӯи барқ истеҳсол карда шудааст, ки 101,2 фоизро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 120,7 миллион кВ/соат зиёд мебошад. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар НБО-и Норак 122,5 фоиз, НБО-и Бойғозӣ - 129 фоиз, ҶСК “Бофандаи Норак” - 196,1 фоиз, ҶСП “ЗТММ” - 106,3 фоиз, филиали ҶСК “Тоҷикгидромантаж” - 105,6 фоиз, муассисаи ислоҳотӣ - 123,9 фоиз, ҶДММ “Сангрези Чашма” - 129,6 фоиз, МД “Обҳои нӯшокӣ ва корезӣ” - 126 фоиз ва дар шабакаи барқӣ 114,5 фоизро ташкил медиҳад.
Давоми 10 моҳи соли 2017 нақшаи воридоти андоз 107,8 фоиз иҷро гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинигардида 1,8 миллион сомонӣ ба буҷаи кишвар зиёд маблағ ворид карда шуд, ки ин аз хизмати хуби кормандони мақомоти андоз гувоҳӣ медиҳад. Ягон муассисаи буҷетии шаҳри Норак аз фонди музди меҳнат ва нафақа қарздор нест.
Дар даҳ моҳи соли 2017-ум 11 ярмаркаи ҷойҳои нави корӣ гузаронида шуд, ки дар онҳо барои корҷӯён 358 ҷойҳои кор ва вазифаҳои озод пешниҳод гардида, ба 129 нафар роҳхат барои ҷойи кор дода шуд.
Давоми даҳ моҳи соли 2017 корҳои сохтмонӣ - пудратӣ ба маблағи 162,4 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109,1 фоиз ё ин ки 13,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Давоми даҳ моҳи соли 2017 дар ҳудудҳои шаҳри Норак 80 манзили истиқоматии шахсӣ дар ҳаҷми 19079 метри мураббаъ сохта шудааст, ки хароҷоти он 1,2 миллион сомонӣ мебошад.
Давоми даҳ моҳи соли 2017 аз ҳисоби маблағҳои сармоягузорӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳри Норак 19 адад иншооти гуногун ба маблағи 78,4 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Имрӯз шаҳри Норак дар асоси супориши бевоситаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ба яке аз шаҳрҳои саёёҳию истироҳатӣ ва табобатӣ табдил дода шудааст. Танҳо соли гузашта бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Муҳидов Абдурасул дар ҷамоати деҳоти Пули сангин истироҳатгоҳи “Пули сангин” бо хароҷоти беш аз 10 миллион сомонӣ сохта ва ба истифода дода шуд. Бо мақсади истироҳат ва саёҳат минтақаи истироҳатии Кӯли Комсомол азнавсозӣ карда шуда, меҳмонхонаи «Сайёра» аз тарафи соҳибкори ватанӣ мутобиқ ба меъёрҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ таъмир ва азнавсозӣ карда шуд. Дар соҳили дарё ва обанборҳо 51 адад минтақаҳои истироҳатии таъиноташон оммавӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки ин як раванди тоза дар системаи хоҷагидории шаҳри Норак мебошад, ки аллакай зиёд меҳмонон барои истироҳату табобат ба ин шаҳри ҷавони Тоҷикистон меоянд.
Дар шаҳр ҳоло даҳҳо муассисаҳои хӯроки умумӣ, ки сифати хӯрокаашон ба талаботи меъёрҳо мутобиқ мебошад, омодаи хизмат ба меҳмонону мизоҷон мебошад. Дар самти амнияти озуқаворӣ низ аз тарафи кишоварзони ин шаҳр корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст. Аз ҷумла 180 га боғи анор пурра аз нав барқарор карда шуда, имрӯз барои дастурхони сокинони шаҳри Норак ва ҷумҳурӣ маҳсулоти аз ҷиҳати сифат беҳтарин дар ҷаҳонро пешкаш менамояд. Дар ҳудудҳои шаҳри Норак беш аз 10 га гармхонаҳо барои парвариши маҳсулоти полезӣ ва ситрусӣ мавҷуданд, ки дар фасли сармо маҳсулоти ин гармхонаҳо ба мардуми ҷумҳурӣ пешкаш карда мешавад.
Давоми ду соли охир дар ҳудуди шаҳри Норак 3 мактаби замонавии мутобиқ ба стандарти ҷаҳонӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Ба хонандагон 947 омӯзгорон, ки аз он 648 нафарашон занон мебошанд, таълиму тадрис медиҳанд. Дар муассисаҳои таълимӣ 13958 нафар хонанда таъсил менамоянд, ки 6781 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Дар ҳудуди шаҳри Норак 4 адад боғчаҳои бачагона фаъолият менамояд, ки дар онҳо 565 нафар тифлакон фаро гирифта шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар 16 гурӯҳ марказҳои инкишофи кӯдакони синни то мактабӣ бо фарогирии 437 нафар амал менамоянд.
Дар самти хизматрасонии тиббӣ бошад, Беморхонаи марказии шаҳри Норак, ки дорои 221 кат ва 11 шуъбаи муҳолиҷавӣ ва 6 шуъбаи ёрирасон мебошад, фаъолият менамояд. Дар ин муассиса 38 табиб, ки 22 нафарашон дорои дараҷаҳои тиббӣ мебошанд, 162 ҳамшираҳои тиббӣ, ки 92 нафарашон дорои дараҷаҳои тахасусӣ мебошанд, ба мардум хизмат мерасонанд. Ба ғайр аз ин, дар шаҳри Норак Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ фаъолият менамояд, ки сохтори он аз як маркази саломатии шаҳрӣ, се маркази саломатии деҳот, 13 бунгоҳи саломатӣ, маркази солимии репродуктивӣ, маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, маркази ҳамбастагӣ, маркази ДОТС, маркази эмтаъминкунӣ, Амбулаторияи тиби оилавӣ, шуъбаи ҷарроҳӣ, шуъбаи амрози даруна ва шуъбаи дандонпизишкӣ иборат аст. Ба ғайр аз ин, дар шаҳри Норак Идораи санитарию эпидемиологӣ фаъолияти хуби корӣ дорад.
Дар системаи КАТС-и шаҳри Норак 283 нафар кормандон фаъолият менамоянд, ки аз ин 46 нафарашон духтурон буда, 176 кормандони миёнаи тиб, 43 нафар кормандони хурди тиб ва 28 нафарашон кормандони техникӣ мебошанд. Дараҷанокии кормандон дар ин муассиса 71,8 фоизро ташкил медиҳад.
Давоми даҳ моҳи соли 2017 дар беморхонаи марказӣ 3794 бемор бистарӣ гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашшта 239 нафар беморон зиёд мебошанд. Аз онҳо беморони имтиёзнок 2283 нафарро ташкил медиҳанд.
Ҷамъи маблағҳо мутобиқ ба фармони №600 аз 02.12.2008-ум, 386081 сомониро ташкил менамояд. Аз ҳисоби хизматрасониҳои амбулаторӣ бошад, 41285 сомонӣ маблағ ворид карда шудааст.
Давоми даҳ моҳи соли 2017 дар шаҳри Норак 1297 нафар навзодон таваллуд гардидаанд. Дар соли 2017 бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Беморхонаи марказии шаҳри Норак як адад дастгоҳи рентгении тамғаи “PLX-160 A” таъмин карда шуд. Дар ҳамаи шуъбаҳо ва ошиёнаҳои беморхонаи марказӣ мизҳои гиёҳдармонӣ ташкил карда шудааст, ки ба дилхоҳ бемору аёдаткунанда нӯшобаҳо аз гулу гулбуттаҳои табобатии ройгон пешниҳод карда мешаванд.
Имрӯз ҳудудҳои маъмурии Беморхонаи марказии шаҳри Норак ба як гулистони афсонавӣ табдил дода шуда, танҳо соли ҷорӣ аз тарафи кормандон 250 ниҳоли мевадиҳанда, 65 бех дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва 36000 бех гулҳои рангоранг шинонида шудааст.
Танҳо давоми соли 2017 аз ҳисоби маблағҳои худи беморхона ба маблағи 23982 сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ харидорӣ карда шудааст.
Ба муассисаҳои КАТС-и шаҳри Норак бошад, давоми даҳ моҳи соли 2017-ум 56500 нафар муроҷиат намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7003 нафар зиёд мебошад.
Кормандони муассисаҳои санитарию эпидемиологӣ давоми даҳ моҳ 562 адад санҷишҳо гузаронида, 50 пешниҳоди санитарӣ дода, нисбати 167 нафар барои вайрон кардани талаботҳои санитарӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Фаъолияти 5 муассиса боздошта шуда, аз 167 нафар ҷарима ба маблағи 15780 сомонӣ ситонида шудааст.
Ба гуфтаи сокини шаҳри Норак, ҷамоати деҳоти Дӯкон, деҳаи Туғмазор, Достаков Саъдулло, “то чанд соли пеш сайёҳону истироҳаткунандагон аҳён-аҳён барои дидани дарғоти 300-метраи НОБ-и «Норак» меомаданд. Дар шаҳр, метавон гуфт, ягон инфраструктураи туристию истироҳатӣ мавҷуд набуд. Баъди раиси шаҳри Норак таъин гардидан, Ҳурматзода Фатҳулло Зариф корро дар асоси супориши Пешвои муаззами миллат дар самти бунёди инфраструктураи табобатию истироҳатӣ ончунон пурзӯр кард, ки имрӯз шаҳри Норак дар баробари Варзобу Ромит ва соҳили «Баҳри Тоҷик» ҷойи дӯстдоштаи сайёҳону истироҳаткунандагон ва табобатгирандагон гардидааст ва ин раванд мо соҳибкоронро басо руҳбаланд мекунад”.

Саиди ҲАЙДАР,
Душанбе - Норак - Душанбе

Хонданд 302

Вақте ки миннатдории сардухтури Беморхонаи касалиҳои рӯҳии вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб Фаррух Сафаровро бо номи «Ҳоҷӣ бошад, мисли ҳоҷӣ Абдуҷаббор бошад» хондем, бо соҳибкор вохӯрдему мақсади ба назди ӯ омаданамонро арз кардем.
Гуфтем, ки дар бораи эҳсонкории Шумо мавод навиштанием. Ҳоҷӣ бадеҳатан ҷавоб дод, ки «барои ин тарғибот зарурияте нест. Зеро аҳли тақво мефармоянд, ки инсон дар мавриди хайру саховат кардан бояд тавре рафтор кунад, ки хайроти ба дасти рост додаашро дасти чапаш надонад».
- Не,- гуфтем ба ҳоҷӣ.- Дар шароити кунунии қарордоштаи мову Шумо тарғибу ташвиқи мардуми хайрхоҳ ниҳоят зарур аст. Чунки проблемаҳои ҳалталаб, вазъи иҷтимоии мамлакат хеле зиёданд. Ҳамаи онро дастҷамъона метавон ҳал намуд. Мушкилот дар Кӯлоби бостон ва атрофу акнофи он боз зиёдтар аст. Дасти ҳоҷӣ Ҷаббор бошад, танҳо ба ду-се нуқоти он мерасад. Аз ин рӯ, нангу номуси дигар ҳамшаҳриҳоро бедор кардан ба фоидаи кор аст.
- Модоме, ки мақсад чунин аст, ман омодаам, ки ба пурсишҳои Шумо ҷавоб гӯям,- изҳори омодагӣ намуд ҳоҷии саховатпеша.- Масалан, ман пештар ба ҷуз Беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ, ҳар ҳафта як-ду маротиба ба маҳбусони зиндони дар Кӯлоб воқеъбуда ошу об медодам. Вале вақтҳои охир бо сабаби бемор шуданам ва аз пайи табобат гаштан хизматро ба маҳбусон хотима додам.
Қобили зикр аст, ки дар Кӯлоб чунин ҷавонмардони соҳибмаърифат кам нестанд, ки дар роҳу ризои худо ёфту тофташонро сарф мекунанд, то дилеро шод кунанд ва ё як гӯшаи Ватанро обод созанд. Нависанда ва олими серкор Абдулҳамид Гулаҳмадов ҳамин гуна шахсият мебошад. Ӯ бо ҳафтод ҳазор сомонии барои ҳаҷ рафтан захира намудааш мардуми маҳаллаи тозабунёди Панҷосиёбро соҳиби рӯшноӣ намуд. Рӯзноманигори ҳирфаӣ ва тавоно Сайёфи Мизроб бошад, дар маҳаллаи ба номи Фирдавсӣ варзишгоҳи боҳашаммат сохта, ба ҷавонон тӯҳфа кард.
Мутаассифона, дастгоҳи тарғиботии ҳукумати шаҳри Кӯлоб аз ин таҷрибаҳои нодир ва дурахшон ба таври бояду шояд истифода намекунад. Агар дар чорабиниҳои ҷории мунтазам доир намудаашон иқтидомҳои мазкурро намуна нишон медоданду соҳибкорони қудратмандро барои таъмиру тармими маҳаллаю кӯчаҳои ба ин амал ниёздошта, сохтани манзил барои афроди мӯҳтоҷу бенаво сафарбар менамуданд, нуран алонур мешуд.
Бисёриҳо дар шаҳр хуб медонанд, ки дар ҷангҳои вилояти Суғд алайҳи полковники хиёнатпеша як зумра фарзандони ғаюри Кӯлоби бостон сина сипар намуда, то ҷон дар рамақ доштанд, қаҳрамонона ҷангиданд. Ду нафар писарони апаи Майрамбӣ баҳри ҳифзи ин гӯшаи диёр ҷони ҷавони худро қурбон намуданд. Ҳоло бошад, модари ҷигарсӯхта худ ва якчанд нафар фарзандонаш гирифтори беморианд. Хонаашон дар ҳоли садамавӣ қарор дорад. Аз ин боб ба муовинони раиси ҳукумати шаҳр, ВАО-и давлатию хусусӣ борҳо муроҷиат карда бошад ҳам, то имрӯз дастгирие нест. Кай давлатмардони мо соҳиби миллиардҳо мешаванду он гаҳ ба ин гуна оилаҳо дасти мадад дароз мекунанд?
Вақте ки аз тақдир ва ҳоли зори ин оила ба бобои Абдулҳамид Гулаҳмадови нависанда ҳикоя кардам, эшон афсӯсхӯрон изҳор намуд, ки агар ин аҳволро медонист, пули ба номи ҳаҷ ҷамъ овардаашро ба сохтмони манзили номуродон сарф менамуд. Зеро бе рӯшноӣ зиндагӣ кардан мумкин, вале вақте аз ночорӣ инсонҳо ба иҳотаи аҷал меафтанду мардум ба онҳо бо чашми бефарқ менигаранд, сахт дардовар аст.
Андеша дорам, ки баъди расонаӣ шудани хайрияҳои ҷавонмардонаи ҳоҷӣ Абдуҷаббори бемор ашхоси соҳибсарвати худодод ҳоҷӣ Саттор, Ҳасан Озодӣ, Маҳмадсиддиқ, Ҳабибулло Раҳимов ва Мулло ҳоҷӣ Мирзо дар навсозии хонаи апаи Майрамбӣ дасти мадад дароз мекунанд.
Дар китоби муқаддаси қавмҳои яҳуд омадааст, ки агар ҳар як яҳудӣ 8 нафар ҳамқавми худро аз ҷиҳати моддӣ тарбият бикунад, дар он дунё ҳамаи дарҳои ҷаннат ба рӯяш кушодаанд. Ҳамин дастгирии бародаронаи яҳудиҳост, ки дар тамоми дунё кори ин миллат дар пешравист. Ва оқибат миллати дар тамоми ақсои олам паҳну парешонгаштаро соҳибватан кард. Вагарна, таърих гувоҳ аст, ки сарзамини фаластиниҳо ҳеҷ гоҳ ватани қавмҳои яҳудӣ набуд. Балки аз қадимулаём он ҷо фаластиниҳо зиндагӣ мекарданд. Имрӯз низ қудратмандии давлати Исроил аз пуштибонии миллиардерҳои яҳудии Амрикост.
Вақти он расидааст, ки мо мусулмонон тифоқию ҳамбастагиро аз миллати яҳуд омӯзем. Агар ҳар яке дар қиболи закоти моламон беваю бечора ва дармондагоне чун апаи Майрамбиро дар бунёди манзил дастгирӣ намоем, ин проблемаи доғи иҷтимоӣ ҳалли худро меёбад. Дар маъракаи ин кори савоб мардуми доро ва банангу баномус мисли ҳоҷӣ Абдуҷаббор - сарвари ҶДММ «Сино» низ канор намеистанду ба қадри имкон кӯмак мерасонанд.

Ғайбулло ҲАЛИМОВ, рӯзноманигор

P.S. Ба мақсад мувофиқ аст, ки ин ҷо дар бораи давлати гарон надоштану лек сахт саховатпеша будани Абдуҷаббор андаке таваққуф кунем. Абдуҷаббор дар кӯчаи Чармгарон таваллуд шудааст. Падараш соҳибмаълумот буд, ба хондани фарзандонаш аҳамияти калон медод. Абуҷаббор шӯъбаи дорусозии Донишгоҳи тиббии шаҳри Душанберо бо дипломи аъло хатм намуд ва ҶДММ «Сино»-ро таъсис дод. Имрӯз дар Кӯлоб даҳҳо соҳибкорон машғули коранд. Вале то кунун аз миёни эшон саховату эҳсонкории Абуҷаббор вирди забони хосу ом гаштааст.

Хонданд 401

Ба таваҷҷӯҳи раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарама Озода Раҳмон

Ба таваҷҷӯҳи директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мӯҳтарам Султонзода Сулаймон
Ба таваҷҷӯҳи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод
Ба таваҷҷӯҳи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён
Ба таваҷҷӯҳи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода
Ба таваҷҷӯҳи раиси шаҳри Турсунзода, мӯҳтарам Саломзода Сиҷовуддин

Баҳри самаранок истифода бурдани замин ва баланд бардоштани ҳосилнокии он Ҷумҳурии Тоҷикистон заминҳои худро ба шахсони алоҳида бо мақсади ташкил намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ тақсим намуда, ин раванд то ба имрӯз идома дорад. 

Тоҷикистон аз лиҳози шумораи аҳолӣ ва заминҳои корам дар ҷаҳон яке аз давлатҳои аз ҳама камзамин ба шумор рафта, заминҳои корамаш ҳамагӣ 7 фоизро ташкил менамояд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба ном «тоҷирони замин» дар тиҷорату азхудкунии заминҳо «саҳми босазо» доранд. Ин категорияи одамон то ҷое метавонанд ва бо кадом роҳе набошад, заминро обу лой намуда, маблағҳои басо ҳангуфтро низ аз худ мекунанд.
29-уми майи 2009 таҳти №325 қарори раиси шаҳри Турсунзода дар бораи ташкил намудани хоҷагии деҳқонии “Мирзоҷон-О”, ки раисаш Остонаева Орзуҳол мебошад, ба тасвиб мерасад. Тибқи ин қарор ба хонума Остонаева қитъаи замин дар ҳаҷми 1,82 га ҳамчун моли меросии якумра тақдим карда мешавад. Аммо қисми асосии ин заминҳо ин саҳми Бекмуродова Орифа мебошад, ки 20-уми сентябри соли 2006 дар синни 70-солагӣ вафот кардаанду дар ихтиёри Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон хати вафоти марҳума аз 24-уми ноябри соли 2006 таҳти АА рақами 00250 мавҷуд мебошад. Гарчанде марҳума 24-уми сентябри соли 2006 вафот карда бошанд ҳам, шаҳодатномаи саҳми замини он кас, ки ба миқдори 3 гектару 54 сотих замин дода шудааст, аз чӣ бошад, ки 24.04.2009 сол аъзои комиссия дар ҳайати Ҷамоатов И., муовини раиси шаҳри Турсунзода, Сарваров А., раиси кумитаи заминсозии шаҳри Турсунзода, Сангинов Р., раиси хоҷагии “Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода, Ҳасанов Ш., раиси ҷаомати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода, Содиқов Б., муҳандис-заминсози ҷамоати деҳоти шаҳри Турсунзода, Нуров Б., заминсози хоҷагии деҳқонии “Дӯстӣ” ва Остонаева Орзуҳол – муассис, раиси хоҷагии деҳқонии “Мирзошо-О” дар он бо сохтакорӣ имзо гузоштаанд, ки ин заминҳо ҳамчун моли меросӣ ба ихтиёри Остонаева Орзуҳол дода шаванд. Кооперативи истеҳсолии шаҳри Турсунзода бошад, дар протоколи №3-4 аз 6-уми марти соли 2009 як навоварие кардааст, ки аз рӯи қонунҳои мавҷуда чун сохтакории идорӣ ва берун рафтан аз ваколатҳои мансабӣ номида мешавад. Тибқи ин протоколҳо, гӯё Қодирова Қурбонбибӣ ва Бегмуродова Орифа дар таърихи 6-уми март ва 16-уми марти соли 2009 бо аризаҳои худ ба номи раиси хоҷагӣ Сангинов Р. муроҷиат намуда бошанд, ки заминҳои саҳми онҳо бо розигиашон ба номи Остонаева Орзуҳол дода шавад. Тибқи пешниҳоди раиси ҷамоати деҳоти “Қаратоғ” мӯҳтарам С. Ҳасанов, аз 4-уми апрели соли 2009 таҳти №75 ба раиси шаҳр пешниҳод карда шудааст, ки дар асоси ин протокол заминҳои ба номи ин нафарон буда ба номи дигар нафаре, ки дар ин хоҷагӣ умуман кор накардааст, ҳамчун хоҷагии деҳқонӣ ҷудо карда шавад. Бо чунин мазмун дар асоси маводҳои тартибдодашуда таҳти имзои раиси кумитаи заминсозии шаҳри Турсунзода ҷаноби А. Сарвар аз 29.05.2009 низ пешниҳод дода шудааст. Протоколи №1 аз 27 07 2009 сол, ки дар он гӯё Остонаева Орзуҳол баромад кардааст, саҳми Бекмуродова Орифаро аз 3 гектару 54 сотихи заминаш то 0,45 сотих поён бурдаанд, ҳол он ки, 20-уми сентябри соли 2006 Бекмуродова Орифа вафот карда буд. Дар протоколи №1 аз 07.08.2013 бошад, хонума Остонаева баромад карда, саҳми ҳар як нафарро ба се нафар - Остонаева Орзуҳол 0,61 га, Остонаев Муҳаммадҷон 0, 61 га ва ба Бердиев Давронҷон 0, 60 га тақсим намудааст. Ба хоҷагии деҳоқонии “Мирзоҷон-О” таҳти №4951 аз 24-уми феврали соли 2014 сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дода шудааст, ки он пурра ғайриқонунӣ буда, саҳми заминҳои ба дигарон дахлдоштаро тибқи ин сертификат азхуд намудаанд. Гарчанде, ки саҳмдори замин Қодирова Қурбонбибӣ, сокини деҳаи Бартоши ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода ва меросхӯр Шарипов Ҳоҷиалӣ, сокини деҳаи Бартоши ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода ба зинаҳои гуногуни мақомоти давлатӣ, аз ҷумла, кумитаи идораи замини шаҳри Турсунзода, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, суд ва прокуратураи шаҳри Турсунзода ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоятҳо бурда бошанд ҳам, аз чӣ бошад, ки даъвои ин нафарон ба инобат гирифта намешавад. Ҳол он ки, дар асоси қонун дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермерӣ ва Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми замин меросӣ буда, мутааллиқ танҳо ва танҳо ба меросхӯр ва меросдор аст.
Дар сӯҳбат бо мо собиқ раиси кумитаи замини шаҳри Турсунзода Абдусалом Сарваров иброз намуд, ки “кумитаи заминсозии вақти Турсунзода дар асоси протоколи №3 аз 6-уми марти соли 2009 ва протоколи №4 аз 15-уми марти соли 2009, инчунин замима ба протоколи №4 аз 16-уми марти соли 2009, ки аз тарафи собиқ раиси хоҷагии деҳқонии “Дӯстӣ” Сангинов Р. ва котибии Шарипов Б. ва пешниҳоди ҷамоати деҳоти Қаратоғ таҳти №75 аз 4-уми апрели соли 2009 давраи раисии Ш. Ҳасанов маводҳои заминсозиро таҳия намуда, ба унвонии раиси шаҳр барои баровардани қарори дахлдор пешниҳод намуд. Саҳми замин меросӣ мебошад. Оид ба он, ки аз номи шахси фавтида ва ё нафари дигар ҳуҷҷатгузорӣ шуда бошад, ин ҷиноят буда, шахсони ба ин кирдорҳо дастзада ҳатман назди қонун муҷозот мешаванд. Яъне ҳеҷ кас ҳуқуқи гирифтани саҳми замини дигар нафарро надорад. Танҳо онҳое, ки дар асоси қонун меросхӯр мебошанд, ҳуқуқи гирифтани замин ва истифодаи онро доранд. Бояд дар масъалаи гуфтаи шумо мақомоти суд мавқеи бетарафӣ ва ё манфиатдорро нагирифта, ба зудӣ нисбати онҳое, ки ин кирдорҳоро содир намудаанд, чора андешида, ҳақро ба ҳақдор мерасониданд. Яъне онҳое, ки саҳми дигаронро бо роҳҳои ғайриқонунӣ гирифтаанд, бояд заминро ба соҳибони аслиаш медоданд. Ин аст хулосаи ман ҳамчун мутахассис”.
Дар тамос бо мо собиқ раиси хоҷагии “Дӯстӣ” ҷаноби Сангинов Раҷабалӣ иброз намуд, ки “оид ба ин қазия хабардорам. Танҳо бо роҳҳои ба ман номаълум хонума Остонаева Гулбаҳор аз наздикони фавтидагон ва апаи Қурбонбибӣ ба онҳо ҳуҷҷат пешниҳод намуда буд. Дар ин асос онҳо ҳуҷҷат таҳия намудаанд. Агар ин ҷо сохтакорӣ карда шуда бошад, ин айби Остонаева Гулбаҳор мебошад, ки нисбати замини дигарон дастдарозӣ намудаасту моликияти дигаронро аз они худ намудааст. Ҳамаи ҳолат он қадар дар хаёлам намондааст, лекин шунидам, ки оиди боз чанд қазияи дигар низ Гулбаҳор Остонаева сохтакориҳо намуда будааст. Бигзор даъвогарон тариқи суд масъалаи худро ҳал намоянд. Агар лозим бошад, мо ҳамчун шоҳид хулосаи худро дар суд хоҳем гуфт”.
Дар тамос бо мо хонума Остонаева Гулбаҳор иброз намуд, ки “ман маблағи гуфтаи меросхӯронро додам. Боз онҳо аз ман чӣ мехоҳанд? Ҳамаи ҳуҷҷатҳои ман дар асоси қонун тахтанд. Ман худам боз ҳуҷҷатҳоеро оварда ба ҳамаи даъвогарон ва шумо нишон хоҳам дод”.
Аз чӣ бошад, ки баъди он сӯҳбат чанд рӯз гузашта бошад ҳам, хонума Остонаева Гулбаҳор ваъдаи худро фаромӯш намуданд. Мо низ ҳалли ин қазияро ба ихтиёри мақомоти дахлдор, кумитаи идораи замин ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода гузошта, хоҳони адолат дар ин бедодгариҳо мебошем. Онҳое, ки бо ҳуҷҷатҳои сохтаю қалбакӣ заминҳои дигаронро азхуд менамоянду бо ин васила айш меронанд, то ба кай дар назди қонун беҷазо монда, аз кирдорҳои худ, ки ба дигарон зарарҳои моддию равонӣ мерасонанд, кайфу сафо намуда, ба ҳоли ин мардуми бечораҳол механданд!?

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ
Душанбе - Турсунзода - Душанбе

P.S. Дар ихтиёри Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон маводҳои зиёд оиди бо роҳҳои сохтакорию қаллобӣ азхуд намудани саҳмияҳои мардум, ки солҳои зиёд дар гармову сармо дар заминҳо заҳмат кашидаанд, мавҷуд мебошад, ки дигарон азхуд кардаанду намегузоранд ақаллан дар пораи замине, ки мувофиқи қонун давлат кафолати истифодабариашонро ба ин мардум додааст, истифода намоянд. Бо даст додани фурсати мувофиқ ва таҳқиқи журналистии масоил ба ин мавзӯъ бозпас хоҳем гашт, то хонандагони азизи худро бо кирдорҳои нангину сохтакориҳои афроде, ки ҳаққи ҳалоли мардумро азхуд намудаанд, ошно намоем.

Хонданд 449

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.