.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Минтақа

Гиёҳҳои шифобахши Тавилдара

Март 03, 2018
Хонданд: 256

Тавилдараро аз лиҳози ҷойгиршавии ҷуғрофиаш ва манзараҳои табиияш сарзамини сайру саёҳати сайёҳон гӯем ҳам, хато нахоҳем кард, зеро он чизе ки ҳангоми сайру саёҳат пеш меояд, ҳама табиианд. Чизе сохтаву бофта нест, дар назари бинанда ҳама табииву зебост. Воқеан, гулу гиёҳҳо, буттаву дарахтон, хониши кабкону чаҳ-чаҳи булбулон дар ин диёр ин гуфтаҳои моро тасдиқ мекунанд.

Мутаассифона, ба ин гулу гиёҳҳо ва буттаву дарахтони шифобахш на мардуми бумӣ ва на мардуми дигар минтақаҳои Тоҷикистон дастрасӣ надоранд ва аз онҳо истифода намекунанд. Сабаби асосиро дар он мебинем, ки мо аз таъриху фарҳанги ниёгон ва ҳунарҳои мардумии худ дар канор мондаем.
Соли 2018-ро Пешвои миллат беҳуда соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон накардааст.
Аслан, маънои ҳунарҳои мардумӣ бо як навохтани тору дутор маҳдуд набуда, он эҳёи ҳунарҳои манфиатовари ба гӯшаи фаромӯшӣ афтодаро дар бар мегирад. Имрӯз дорувориҳои аз кишварҳои мухталиф ба кишвар воридшуда моро ба ташвиш андохтааст. Дар ҳоле, ки мо метавонем аз гиёҳҳои шифобахшу фаровон ва таҷрибаи асрҳо андӯхтаи мардум, ки имрӯз тибби мардумиаш меноманд, истифода намоем. Борҳо шоҳиди он шудаам, ки корафтодагон дар куҳистон машғули ҷамъоварии алафҳои табиӣ буданд. Дар суҳбат бо онҳо маълумам гардид, ки аксарият қоидаҳои ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахшро намедонанд. Маҳз дар ин ҷода мо бояд ба таҷрибаи андӯхтаи ниёгонамон такя намоем, то дар охири кор гиёҳи ҷамъкардаи мо хусусиятҳои шифобахшии худро гум накунад.
Вақтҳои охир аз байн рафтани баъзе гиёҳҳои шифобахш ба назар мерасад. Агар қоидаи ҷамъвариро риоя накунем, дар солҳои наздик гиёҳҳоеро аз қабили чукриву ров ва пиёзи анзур барои доругӣ ҳам пайдо карданамон дар гумон аст. Ташвиши дигар он аст, ки мо қоидаҳои чаронидани чорворо ба назар нагирифта, табиати зеборо беамон зери суми чорво менамоем. Ба ақидаи мутахассисон дар як гектар бояд меъёри муайяни чорво чаронида шавад, аммо мутаассифона ин қоида ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст. Дарди дигари гулӯгиркунада дар солҳои охир ин истифодаи беинсофонаи «Бензопила» дар ҷангал мебошад. Таҷриба нишон додааст, ки баъди истифодаи он дарахт дигар аз реша ҳам сабз нашуда, мехушкад.
Биёед, акнун хулоса барорем, ки мо бо ин ҳолу бо ин беинсофиамон нисбати табиати зебоманзар то ба куҷо мерасем? Агар кор ҳамин аст, чӣ гуна мо метавонем супоришҳои Сарвари давлатро оиди проблемаи доруворию саломатии миллат ва рушди соҳаи сайёҳӣ, ки он метавонад зидагии моро бою рангинтар гардонад, иҷро намоем? Агар кор ба ҳамин минвол идома ёбад, мо ба сайёҳон кадом табиати худро нишон медиҳем? Пас, биёед сари ин камбудиҳои худ андеша намоем ва дар пайи ислоҳи онҳо бошем.

Маҳмадӣ АВАЗОВ

Хонданд 256

Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддини Айнӣ ҳанӯз соли 1924 дар «Намунаи адабиёти тоҷик» ҳамасрон ва баъдинагонро бо устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ошно намуда, то рӯзҳои охири ҳаёташ аз пайи ҷустуҷӯи оромгоҳи ӯ буд. Маҳз бо талошу кӯшишҳои ин фарзанди фарзонаи миллат Панҷрӯд ҳамчун зодгоҳи устод Абӯабдуллоҳи Рудакӣ эътироф шуд. Вале аз дарёфти зодгоҳи устод то муайян намудани ҷои қабри ӯ ва баъдан бунёди мақбара ҳанӯз роҳи тӯлонӣ дар пеш буд.
Антропологи машҳур М. Герасимов дар китоби «Таҷрибаи барқарор намудани симои ҳуҷҷатӣ аз рӯи скелет аз Панҷрӯд», ки соли 1958 дар Душанбе нашр шудааст, аз мулоқоташ бо устод Айнӣ ёд оварда, навиштааст, ки соли 1939 дар Хонаи олимони Маскав ман дар мавзуи «Асосҳои барқарор намудани чеҳра аз рӯи косахонаи сар» лексия мехондам. Баъди анҷоми машварат маро бо Садриддини Айнӣ шинос карданд. Ӯ ба кори ман таваҷҷуҳи хоса зоҳир кард, ҳаққонияти симоҳои шахсони таърихии барқарорнамудаамро пурсид ва афсӯс хӯрд, ки дастони ман ба устухонҳои шахсиятҳои бузурги фарҳанги тоҷикон нарасидааст. Гуфт, ки чи хуб мешуд агар симои барқароршудаи сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро медидам. Афсӯс, ки ҷои қабри ӯ ҳанӯз номаълум аст.
Дар ҷавоб М. Герасимов гуфта, ки «Шумо донандаи бисёр хуби таърихи халқи худ ҳастед, наход дар бораи ҷои қабри Рӯдакӣ маълумоти мушаххасе пайдо накунед? Тавре Шумо мегӯед, ӯ шоири бузург буд, ҳамасронаш ӯро медонистанд ва халқ ӯро ёд дорад. Садриддини Айнӣ маро гӯш кард, вале чизе нагуфт».
Соли 1940 мақолаи устод Айнӣ - «Қабри Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯд» (шумораи №5-и маҷаллаи «Шарқи Сурх») ба нашр расид ва ӯ аз рӯи тазкираҳо, хотираҳои мардум муайян намуд, ки қабри устод Рӯдакӣ ба эҳтимоли қавӣ дар деҳаи Панҷрӯд, дар гӯшаи боғе, ки мардум ҳанӯз ҳамчун мазор ном мебаранд, воқеъ аст.
14-уми июни соли 1955 қарори Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ ва Шӯрои вазирони Тоҷикистон «Дар бораи таҷлили ҷашни 1100-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» ба тасвиб расид ва дар ин замина омодагӣ ба таҷлили ҷашн, аз ҷумла муайян намудани ҷои қабри устод ва баъдан бунёди мақбара оғоз ёфт.
Моҳи августи соли 1956 аз номи раиси кумитаи ташкилии ҷашн Мирзо Турсунзода ба антрополог М. Герасимов номае ирсол гардида, аз ӯ дархост намуда буд, ки дар ҷои қабри эҳтимолии устод ҳафриёт гузаронида, дар сурати пайдо кардани скелет симои ӯ барқарор карда шавад.
18-уми ноябри соли 1956 М. Герасимов ба Сталинобод ва 23-юми ноябр ҳамроҳи Р. Амонов, фолклоршинос ва мутарҷими гуруҳ (баъдан академик), В. Ранов, бостоншинос (баъдан доктори илми таърих), Маҳмудов (кишваршиноси маҳаллӣ) ба Панҷрӯд омаданд ва ҷустуҷӯю ҳафриёти қабри устод Рӯдакӣ оғоз шуд.
Баъди таҳқиқи фарзияҳо, гумону шубҳаҳои зиёд қабри устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҷое, ки дар асоси мадракҳои гуногун устод Айнӣ пешбинӣ ва пешгӯӣ карда буд, яъне дар гӯшаи қабристони қадима пайдо карда шуда, устухонҳои ӯ баъди 1100 сол ёфт шуданд. Зимнан, маросими ҳафриёт ва бозёфти скелети устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро ҳамон вақт ба навор гирифта буданд.
Устухонҳои ёфтшуда нахуст дар Панҷрӯд, баъдан дар Душанбе коркард шуданд.
29-уми ноябри соли 1956 дар машварати якҷояи кумитаи тадорукоти ҷашн ва Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон антрополог М. Герасимов оид ба натиҷаи таҳқиқот ва дарёфти қабри устод Рӯдакӣ гузориш дод ва бо далелҳои зиёд собит намуд, ки дар қабри ёфташуда маҳз Одамушшуаро мадфун аст.
Ниҳоят, моҳи апрели соли 1957 симои барқароршудаи устод Рӯдакӣ дар шакли нимпайкара дар Даҳаи адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар Маскав ба намоиш гузошта шуд.
Чун ҷои қабри устод мушаххас шуд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши №212/р аз 19-уми августи соли 1957 барои сохтмони мақбара дар Панҷрӯд ва осорхона дар Панҷаканд 2 миллион рубл ҷудо намуд. Вале корҳои сохтмонӣ дар ҷои қабри устод тибқи тарҳи меъмори варзида Макуха Александр Иванович аллакай оғоз шуда буданд.
Мақбара тимсоли чунин иншооти дар Осиёи Миёна ва Эрон мавҷуда таҳрезӣ шуда, баландии он аз таҳкурсӣ то нуқтаи ниҳоии гунбад 12 метрро ташкил медод ва бо мармари кабудчатоб рӯйпӯш шуда буд. Қабри бо мармари сафед рӯйпӯшшудаи устод дар маркази он ҷойгир буд. Дар ҳошияи гаҷандуди дохили гунбад байтҳои машҳури устод бо хати зебои настаълиқ ҳаккокӣ шуд:
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.
Гунбади мақбара бо тунукаи ғафси оҳанин рӯйпӯш гардид. Даромадгоҳи он дарвозаи панҷарагини чӯянӣ дошт. Барои бунёди мақбара беҳтарин устоҳо аз Душанбе, Ӯротеппа, Хуҷанд, Самарқанд, Панҷаканд ҷалб гардида, садҳо нафар сокинони деҳаҳои дараи Киштуд (ҳоло ҷамоатҳои деҳоти Рӯдакӣ ва Ворӯ) ба бинокорон кӯмак мерасониданд. Роҳбарони вақти ҷумҳурӣ, вилоят ва ноҳия пайваста кори онҳоро назорат мекарданд.
Дар кӯтоҳтарин фурсат бинои мақбара, роҳрави дароз аз дарвоза то даромадгоҳи оромгоҳ, боғе, ки ҳоло мавҷуд аст, бунёд шуданд ва 8-уми октябри соли 1958 комиссияи давлатӣ онро қабул намуд. Сохтмони бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ-кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Панҷаканд низ баробари мақбара анҷом ёфт.
18-уми октябри соли 1958 бо иштироки роҳбарони ҷумҳурӣ, намояндагону олимон аз кулли ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ ва мамолики Шарқ 1100-солагии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Панҷрӯд таҷлил шуд. Аз ин пас Панҷрӯд ва оромгоҳи устод ба Маккаи ҳаводорони ашъори нахустшоири номвари олами шеъри тоҷикӣ-форсӣ табдил гардид. Нахустсафари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Панҷакент низ аз зиёрати мақбараи устод Рӯдакӣ оғоз ёфт. Ин боздидҳо аз пайи худ самари нек оварданд. Бинои мақбараи устод ҳарчанд дар замони худ бо сифати олӣ бунёд шуда буд, вале нафосати аслии худро оҳиста-оҳиста гум мекард ва барои тармими шикасту рехти он тӯли солҳои зиёд кори ҷолибе ҳам иҷро намешуд. Муҳимтар аз ин, мақбара шаҳоматеро, ки Одамушшуаро дошт, ифода намекард. Бо дастури Президенти кишвар солҳои 1997-1998, агарчи вазъи сиёсии мамлакат ором набуд, мақбараи устод бо тарҳи нав, ки тимсоли оромгоҳи Исмоили Сомонӣ аст, аз нав тармим гардид. Бо хишти пухта тибқи анъанаҳои меъмории гузашта деворро бардошта, болои он гунбадро устувор карданд. Дохили мақбара зиёд тағйир хӯрда буд. Дар мармари сафедранги болои қабр қунияи устод бо хати форсӣ сабт шуд. Дарвозаи даромадгоҳи мақбара бо чӯб кандакорӣ гашта, болои он дар мармар лавҳае устувор намуданд. Ҳамчунин бинои чойхона, китобхона ва осорхонаи назди мақбара таъмиру тармим гардид.
Баъдан, солҳои 2003-2004 бо супориши Сардори давлат боғи назди мақбара аз нав тарҳрезӣ шуда, дар гӯшаи он меҳмонхонаи замонавӣ бунёд карданд.
Омодагиҳо ба таҷлили 1150-солагии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки бо ташаббуси Президентамон Эмомалӣ Раҳмон соли 2006 оғоз ёфт, барои азнавсозии мақбара ва ободонии зодгоҳи шоир имконияту шароити созгор фароҳам овард. Бинои мақбара бо маблағгузории буҷети ҷумҳурӣ тарҳи нав касб кард. Мақбара бо назардошт ва истифодаи анъанаҳои меъмории мақбараҳо ва дигар иншооти таърихии Осиёи Миёна ва умуман Хуросони таърихӣ тарҳрезӣ гардида, шакли ҳаштгӯшаи гунбазпӯшро дорад. Ҳамаи тарафҳои бино дар як шакл тарҳрезӣ ва анъанаҳои қадимаи меъмории «Пештоқ», «Равоқ», «Ҳашттоқ», «Ҷуфттоқ» дар сохт ва ороиши мақбара устодона истифода шудаанд. Дохили мақбара нисбат ба пешина хеле барҳавост, гунбади бузург бо анъанаҳои классикӣ гаҷкорӣ ва болои ҳашт сутун устувор шудааст. Қабрро бо мармари кабуду сиёҳчатоб рӯйкаш намудаанд. Гунбад аз берун бо лавҳаҳои махсуси осмониранги баланд пӯшида шуда, нисбати гунбади мақбараи пешина калонтару бошаҳоматтар ба назар мерасад.
Ҳоло ҳаводорон ва зоирони оромгоҳи устод Рӯдакӣ нахуст аз дарвозаи кандакорӣ ворид шуда, тавассути роҳрави зинапоядори мармарин ба ҷониби мақбара раҳсипор мешаванд, ки ду тарафи он гулу сабзазор буда, дар ҷониби чап боғи зебое ҷойгир аст. Дар оғози боғ осорхона ва китобхонаи сохташон ҳозирзамон ва дуртар аз он ҷо меҳмонхона ва чойхонаи дуқабатаи бо нақшу нигори миллӣ ороишёфта назаррабоӣ мекунанд.
Ба ифтихори ҷашнвораи устод тарафи рости дарёчаи Уреҷ, ки чанд сол муқаддам селроҳа гардида буд, обод ва боғи зебое бунёд ва нимпайкараи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар пояи мармарин гузошта шудааст.
Кори дигаре, ки ба ифтихори ҷашнвораи устод бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ амалӣ гардид, таъсис ёфтани муассисаи давлати Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрӯд мебошад. Ин маҷмаи оромгоҳи устод чойхона, меҳмонхона, китобхона, осорхона, боғи соҳили рости дарёчаи Уреҷро фаро гирифта, барои нигоҳдорию муаррифии устод барои зоирони ватанию хориҷӣ имконияти созгор фароҳам меорад.

Т. СОЛЕҲЗОДА

Хонданд 511

Шаҳри Панҷакент бо ёдгориҳои беназири таърихӣ чун Саразми бостонӣ, Панҷакенти қадим, оромгоҳи саромади адабиёти форсӣ-тоҷикӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, манзараҳои нотакрори Ҳафткӯлу Кӯли Калон ва дигар мавзеъҳои зебо кайҳост, ки мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷию дохилӣ қарор гирифтааст.
Дар солҳои истиқлолияти кишвар бо таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намои шаҳри бостонӣ бо бунёди иншооти таъиноташ гуногун оростаю пероста гардид. Ба ин маънӣ нақш ва ҷойгоҳи шаҳри Панҷакент дар пиёда намудани ҳадафҳои «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» муҳим арзёбӣ мешавад.
Шаҳри Панҷакент бо таърихи ғановатманд ва мавқеи ҷуғрофӣ низ аз минтақаҳои муҳими мамлакат маҳсуб меёбад. Ин маъниро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздидҳояшон аз Панҷакент борҳо таъкид намуда, аз ҷумла гуфтаанд, ки «мардуми Панҷакент фарҳангдӯст ва тамаддунсозанд». Воқеан, ҳини боздидҳо Пешвои муаззами миллат борҳо аз шаҳраки бостонии Саразм, оромгоҳи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дидан карда, маҳз бо пуштибонию дастгириашон шаҳраки бостонии Саразм мамнуъгоҳи таърихӣ - бостоншиносӣ эълон шуда, соли 2010-ум ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарӣ шомил гашта, атрофи он панҷарабандӣ ва панҷ мавзеи ҳафриёт болопӯш карда шуд. Ҳоло корҳои омодагӣ барои ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарӣ ворид намудани шаҳристони Панҷакенти қадим идома дорад.
Аз пайи ҳамин боздидҳои Пешвои миллат оромгоҳи устод Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯд бо тарҳи нав, бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷдид гардид, роҳи Айнӣ - Панҷакент азнавсозӣ шуд ва дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ хатти баландшиддати барқии Айнӣ-Панҷакент мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
То ҷашни Наврӯзи Аҷам дар шаҳр бинои хуштарҳи Маркази ҷавонон, гулгашт бо тарҳи нави муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон, устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ, кӯдакистони нав, варзишгоҳи марказии шаҳр баъди таҷдид ба истифода пешкаш мешаванд.
Ёдгориҳои беназири таърихие, ки зикрашон рафт ва манзараҳои нотакрори табиати Панҷакент худ ифодагари муҳтавои «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҳастанд.
Дар ҷашни Сада, ки охири моҳи гузашта дар гулгашти Рӯдакии шаҳр бо риояи ҳама суннатҳои қадимӣ таҷлил шуд, садҳо нафар ҳунармандони Панҷакент, хоса бонувон, намунаҳои ҳунарҳои мардумиро низ ба намоиш гузоштанд. Зардӯзиҳои зебо, кашидадӯзӣ, атласу адрас, гилемҳои дастибоф, рӯйҷо, сӯзанӣ, қуроқдӯзӣ, асбобҳои миллии мусиқӣ, зарфҳои мисин, маҳсулоти гуногуни оҳангарӣ ва кандакорӣ бозгӯкунандаи ҳунари волои мардум буданд, ки дар доираи нақшаи амалӣ намудани ҳадафҳои «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳия кардааст, рушд хоҳанд ёфт. Дар заминаи ин ҳунарҳои мардумӣ барои сайёҳони хориҷӣ, ки боздидашон аз Панҷакент сол то сол меафзояд, армуғонҳои зебо, ки муаррифгари таъриху фарҳанги ғановатманди миллати тоҷик хоҳанд буд, таҳия кардан мумкин аст.
Зимнан, ҳунармандӣ дар Панҷакент таърихи беш аз панҷ ҳазорсола дорад ва инро бозёфтҳои нодири аз ҳафриёти шаҳраки бостонии Саразм ва шаҳристони Панҷакенти қадим ёфтшуда собит менамоянд. Ду сол муқаддам дар ҳафриёти қалъаи Санҷаршоҳ, ки ёдгории асрҳои 5-7-и милодӣ аст, бори нахуст намунаи либоси пашмин ёфт шуд, ки бо ҳунари воло бофта ва дӯхта шудааст.
Гузаштагони мардуми ин сарзамин ҳанӯз аз қадимзамон ба ҳунармандӣ, аз ҷумла кулолгарӣ, бофандагӣ, оҳангарӣ машғул будаанд. Аз ин ҷост, ки бостоншиносон шаҳраки бостонии Саразмро яке аз марказҳои пайдоиши тамаддуни ҳунармандӣ, кишоварзӣ ва шаҳрсозӣ унвон кардаанд.
Аз ҷониби Пешвои миллат «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудани соли 2018 барои ташаккули ин соҳаҳо, аз ҷумла бунёди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, ба ҳунарҳои мардумӣ бештар ҷалб намудани аҳолӣ, хоса бонувон, мавриди хуб аст.
Барои ҷалби сайёҳон ёдгориҳои таърихӣ, манзараҳои зебои табиат заруранд, вале ҳанӯз кофӣ нестанд. Ба ҳамин хотир, дар Панҷакент бо ҷалби ширкатҳои сайёҳӣ, ки шумораашон ҳоло ба 11 адад расидааст ва соҳибкорон солҳои охир меҳмонхонаю нуқтаҳои хӯроки умумӣ, чойхонаҳо бо нақшу нигори миллӣ бунёд гардида, хатсайрҳои нави сайёҳӣ таҳия карда мешаванд. Ҳоло дар ду мавзеи мавриди таваҷҷуҳи бештари сайёҳон - Ҳафткӯл ва Кӯли калон пойгоҳҳои нисбатан муҷаҳҳази пазироии сайёҳон ва куҳнавардон амал мекунанд.
Аслан, сайёҳӣ соҳаест, ки рушди он ба кишвар бевосита ё бавосита сармоя ворид мекунад. Бо рушди он даҳҳо нафарро ба кор ҷалб намуда, соҳиби даромад гардонидан мумкин аст. Аз ин таҷриба дар Панҷакент, ки мавриди таваҷҷуҳи бештари сайёҳон аст, солҳо боз кор мегиранд. Аз ҷумла, даҳҳо нафар сокинони деҳаҳои куҳистони ҳудуди шаҳр аз хизматрасонӣ ба сайёҳон дар хатсайрҳои куҳӣ даромад мегиранд. Аз хизмат ба сайёҳон меҳмонхонаҳо, ошхонаҳо, тарабхонаҳо, соҳибони нақлиёти мусофирбар низ суд мебаранд.
Бо ҷалби бештари сокинони шаҳр, соҳибкорон, ширкатҳои сайёҳӣ ба бунёди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла сохтмони минтақаҳои пазироӣ ва хизматрасонӣ ба сайёҳон дар хатсайрҳои куҳӣ, омода намудани армуғон аз ҳунарҳои мардумӣ барои сайёҳон ҳам ҷойҳои нави корӣ, ҳам даромад аз ин соҳа бештар хоҳад шуд. Ин таҷриба дар шаҳри Панҷакент роиҷ аст ва мо онро дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ривоҷ хоҳем дод.
Тавре ёдовар шудем, анъанаҳои ҳунармандӣ дар Панҷакент таърихи куҳан доранд ва мо имрӯз онҳоро бо усулҳои замонавӣ рушд медиҳем. Ҳоло дар шаҳр сию се марказҳои таълимӣ-истеҳсолии атласу адрас ва қолинбофӣ бо ҷалби шасту ду нафар устодон ва дусаду наваду ҳашт нафар шогирдон амал мекунанд. Чунин маҳфилҳо дар муассисаҳои таълимии иловагии шаҳр низ фаъолият доранд. Дар таъсиси онҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд кӯмаки амалӣ мерасонад.
Таҷрибаи таъсиси чунин марказҳо собит намуд, ки харидорони маҳсулоти онҳо кам нестанд. Соли гузашта беш аз чор ҳазор метр атласу адрас ва беш аз сад метри мураббаъ қолинҳои истеҳсоли ин марказҳо ба фурӯш рафтааст. Ба ин васила даҳҳо нафар бонувон соҳиби ҳунар ва манбаи таъмини рӯзгорашон шудаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои ҷудо намудани қитъаи замин ҷиҳати бунёди коргоҳҳои хурди ҳунармандӣ, дастгирии ҳунармандон тадбирҳои амалӣ меандешад. Бонувони ҳунарманди шаҳр бо дарёфти грантҳои президентӣ ва раиси вилояти Суғд коргоҳҳои хурди ҳунармандӣ бунёд кардаанд. Дар бинои хуштарҳи Маркази ҷавонон, ки ҳоло бунёд мешавад, барои ташкили устохонаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла сохтани созҳои миллӣ низ ҷудо кардани ҷой пешбинӣ шудааст.
Ҳоло нафаси сабзи фасли баҳор ва Наврӯзи хуҷастапай ба машом мерасад. Сокинони шаҳри Панҷакент бо омодагӣ ба киштукор, оростаю пероста намудани роҳу кӯчаҳо, хонаю дари худ ин иди миллиро пазироӣ мекунанд. Дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» Наврӯзи имсола намоишгоҳи бузурги ҳунарҳои мардумӣ ва пазироии ҳаводорони саёҳат ба ин шаҳри бостонии тоҷикон хоҳад буд.

Ислом ШАФЕИЁН,
раиси шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ

Хонданд 401

Аз қаллобон гурез!

Тайи солҳои охир ашхосе дар ҷомеа зиёд шудаанд, ки барои ба даст овардани пули муфту бедардимиён бо роҳи фиребу найранг ва сохтакорӣ кардани ҳуҷҷатҳо ба боварии шаҳрвандон даромада, онҳоро гӯлу афсун карда, ба доми худ меафтонанд. Дар натиҷа шаҳрвандони соддаву зудбовари мо ба макру найранг ва афсуни онҳо дода шуда, зарари калони моливу пулӣ мебинанд. Дар ин авохир ашхоси ҷудогонае ба баҳонаи ба таҳсил фаро гирифтани довталабон ба ин ё он донишгоҳи кишварҳои хориҷӣ ба боварии волидони онҳо даромада, баъди рӯёнидани маблағҳои ҳангуфту калон аз волидони онҳо ваъдаҳои худро ба фаромӯшӣ супорида, аз худ на пай мемонаду на ҳайдар.

Қазияи поён яке аз он рухдодест, ки ба сари сокинони шаҳри Истаравшан - Қаюмов Зафарҷон Маҳкамович ва Абдуллоев Зикрулло Убайдуллоевич омадааст. Ин ду сокини шаҳри Истаравшан ба фиребу найранги шаҳрвандон - Шодиева Мавҷуда Шамситдиновна ва Қаюмов Умед Холмуҳаммадович афсун гашта, бо мақсади дар яке аз коллеҷҳои бонуфузи ИМА дохил гардонидани писаронашон ба номбурдагон дар маҷмуъ 10600 доллари ИМА-ро бо ду дасти адаб супорида, ба худ дарди сар хариданд. Инак, се сол мешавад, ки шаҳрвандон - Қаюмов Зафарҷон Маҳкамович ва Абдуллоев Зикрулло Убайдуллоевич писаронашонро на ба коллеҷҳои ваъдашуда дохил карда метавонанд на маблағҳои худро аз Шодиева Мавҷуда Шамситдиновна ва Қаюмов Умед Холмуҳаммадович бозпас гардонида.
Ҷабрдидагони қазияи мазкур баъди давутозу саргардониҳои зиёд ва ба ҳамаи ниҳодҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардан билохира сабрашон лабрез шуда, барои рӯёнидани маблағҳои худ аз Шодиева Мавҷуда Шамситдиновна ва Қаюмов Умед Холмуҳаммадович бо аризаи даъвогӣ ба суди шаҳри Хуҷанд муроҷиат мекунанд. Суди шаҳри Хуҷанд ҷиҳати рӯёнидани маблағҳои тасарруфшуда аз ҷониби Шодиева Мавҷуда Шамситдиновна ва Қаюмов Умед Холмуҳаммадович ба фоидаи ҷабрдидагон ҳалнома мебарорад. Аз баромадани ҳалномаи суд 1,5 сол инҷониб мегузарад, аммо то ҳол ҷабрдидагони қазияи мазкур - Қаюмов Зафарҷон Маҳкамович ва Абдуллоев Зикрулло Убайдуллоевич маблағҳои худро бапуррагӣ бозпас гардонида наметавонанд. Ҷабрдидагон танҳо тавонистанд, ки бо мусоидати Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд маблағи 3000 доллари ИМА-и худро бозпас соҳиб шаванд, маблағи боқимонда ҳоло ҳам норӯёнида боқӣ мондааст. Ҳоло қазияи мазкур батафсил манзури Шумо хонандагони гиромӣ мегардад.
Шаҳрванд Шодиева Мавҷуда Шамситдиновна дар асоси суратҷаласаи маҷлиси умумии аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии маҳаллии «Шаҳриёр»-и шаҳри Хуҷанд таҳти №2 аз 12 августи соли 2014 ба вазифаи роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии маҳаллии «Шаҳриёр»-и шаҳри Хуҷанд таъин гашта, зимни фаъолияти кориаш бобати тасарруф намудани молу мулки ғайр бо шаҳрванд Қаюмов Умед Холмуҳаммадович маслиҳат карда, баҳри амалӣ гардонидани қасди худ бо роҳи сохтакорӣ тартиб додани ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ва аз уҳдадорӣ озодкунандаро дар назди худ мақсад гузоштаанд. Шаҳрванд Шодиева М.Ш. санаи 29 апрели соли 2015 ду адад шартномаҳоро бобати амалигардонии барномаҳои грантӣ байни худ ва сокинони шаҳри Истаравшан Қаюмов Зафарҷон Маҳкамович ва Абдуллоев Зикрулло Убайдуллоевич тартиб дода, ҳолати гирифтани маблағи пулии 8000 доллари ИМА-ро дарҷ намуда, бо баробари гузошта шудани имзоҳои тарафҳо қонунӣ будани шартномаҳои мазкурро вонамуд сохтааст.
Ғайр аз ин, Шаҳрванд Шодиева М.Ш. кирдорҳои худро давом дода, санаи 04 ноябри соли 2015 маблағи пулии 2600 доллари ИМА-ро гирифта, дар ин хусус расидҳои хазинавиро таҳти №35-36 ба номи Абдуллоев З.У. ва Қаюмов З.М., ки гӯё маблағи пулии мазкур ба хазинаи ташкилот даромад шуда бошад, тартиб дода, бори дигар қонунӣ будани кирдорҳои худ ва инчунин ҳуҷҷатҳои хазинавиро вонамуд сохтааст.
Шаҳрванд Шодиева М.Ш. дар давраи фаъолияти кориаш ҳамчун роҳбари ташкилоти ҷамъиятии маҳаллии «Шаҳриёр»-и шаҳри Хуҷанд, санаи 20 апрели соли 2015 бо Қаюмов Зафарҷон Маҳкамович ва Абдуллоев Зикрулло Убайдуллоевич, ки номбурдагон нияти ба омӯзишгоҳҳои кишварҳои хориҷа дохил кардани писаронашонро доштанд, вохӯрда, бобати тарзу усули ҳуҷҷатгузорӣ ва дар минбаъда ҳал намудани масъалаи мазкур дар асоси маслиҳати пешакӣ бо собиқ мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии МИҲД шаҳри Истаравшан Қаюмов Умед Холмуҳаммадович ҳалли масъалаи мазкурро пурра ваъда дода, бо баҳонаи гӯё ба суратҳисоби Коллеҷи забономӯзии шаҳри Вирҷинияи ИМА гузаронидани маблағи зарурӣ ва ҳарчи зудтар дастрас гардидани даъватномаҳо зарурияти додани маблағи пулии 8000 доллари ИМА-ро таъкид намудааст. Пас аз ин Қаюмов З.М. ва Абдуллоев З.У. ба гуфтаҳои Шодиева Мавҷуда ва Қаюмов Умед пурра бовар карда, ба додани маблағи пулӣ розӣ мешаванд.
Шодиева Мавҷуда ва Қаюмов Умед ҳолати мазкурро барои тасарруф намудани маблағи пулӣ мусоид шуморида, баҳри амалӣ гардонидан бо тариқи нотариалӣ бастани шартномаи қарзӣ ва бо ин роҳ гӯё қонунӣ вонамуд сохтани амалашонро тарҳрезӣ кардаанд. Бо чунин ният Қаюмов Умед Холмуҳаммадович санаи 07 майи соли 2015 дар асоси маслиҳати пешакӣ маблағи пулии 8000 доллари ИМА-ро иборат аз 80 адад купюраҳои 100 доллараи ИМА аз Қаюмов З.М. ва Абдуллоев З.У. гирифта, дар ин хусус тариқи нотариалӣ шартномаи қарзиро ба имзо расонида, аз ҳисоб маблағи 3000 доллари ИМА-ро барои эҳтиёҷоти худаш гирифта, боқимонда маблағи 5000 доллари ИМА-ро ба худи Шодиева Мавҷуда вогузор намудааст.
Инҷо қайд кардан ба маврид аст, ки Мавҷуда Шодиева шартномаи қарзиро дар идораи нотариалии шаҳри Хуҷанд ба қайд гирифта натавониста, онро дар идораи нотариалии шаҳри Истаравшан бо мусоидати шарикаш Қаюмов Умед Холмуҳаммадович корманди ин идора Дилрабо Азимова ба қайд гирифтааст.
Инҷо саволе ба миён меояд, ки чаро идораи нотариалии шаҳри Хуҷанд шартномаи қарзиро ба қайд нагирифтааст, аммо идораи нотариалии шаҳри Истаравшан ба қайд гирифтааст? Инҷо ҷавоб ба савол рушан мешавад, ки идораи нотариалии шаҳри Хуҷанд аз ба қайд гирифтани шартномаи қарзӣ бинобар ғайриқонунӣ буданаш сарфи назар кардааст. Аммо чаро корманди идораи нотариалии шаҳри Истаравшан дидаву дониста ин шартномаи қарзии ғайриқонуниро ба қайд гирифтааст?
Ғайр аз ин шаҳрванд Шодиева Мавҷуда санаҳои 30 апрел ва 04 ноябри соли 2015 бо баҳонаи ҳарчи зудтар омода кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва инчунин бо воситаи Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бемаҳдуд гирифтани раводид, бори дигар ба боварии Қаюмов З.М. ва Абдуллоев З.У. даромада, бо ин роҳи фиреб ва сӯйистифодаи боварӣ маблағи пулии 2600 доллари ИМА-ро аз онҳо гирифта, ба эҳтиёҷоти худаш масраф кардааст.
Ҳамин тариқ, Шодиева Мавҷуда маблағи пулии 7600 доллари ИМА (тибқи маълумотномаи сомонаи интернетии БМТ-«nbt.tj» бо қурби асори миллӣ баробар ба маблағи 48 ҳазору 292 сомонӣ) ва Қаюмов Умед маблағи пулии 3000 доллари ИМА (тибқи маълумотномаи сомонаи интернетии БМТ-«nbt.tj» бо қурби асори миллӣ баробар ба маблағи 18 ҳазору 870 сомонӣ)-ро ба манфиати худашон тасарруф намуда, нисбати Қаюмов З.М. ва Абдуллоев З.У. ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расонидаанд.
Шодиева Мавҷуда Шамситдиновна ва Қаюмов Умед Холмуҳаммадович маблағи бо роҳи фиреб ба даст овардаашонро ба манфиати шахсӣ истифода бурда, ба ивази маблағи гирифтаашон ягон амалро иҷро накардаанд, яъне фарзандони ҷабрдидагон - Қаюмов З.М. ва Абдуллоев З.У.-ро ба коллеҷҳои ИМА дохил накардаанд. Ба муроҷиати чандинкаратаи Қаюмов З.М. ва Абдуллоев З.У. оиди чигунагии ҳолати кор оид ба шомилшавии писаронашон ба коллеҷҳои ИМА ин дугонаи фиребгар ҷавобҳои духӯра дода, инак се сол мешавад, ки онҳоро сарсону саргардон кардаанд. Инак се сол мешавад, ки Шодиева Мавҷуда Шамситдиновна ва Қаюмов Умед Холмуҳаммадович падари довталабон-Қаюмов З.М. ва Абдуллоев З.У.- ро ба ҳар тариқ фиреб дода, на фарзандони онҳоро ба коллеҷҳои ИМА дохил кунониданд, на маблағи аз онҳо гирифтаашонро бармегардонанд.
Ҷабрдидагони қазияи мазкур баъди давутозу саргардониҳои зиёд ва ба ҳамаи ниҳодҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардан билохира сабрашон лабрез шуда, барои рӯёнидани маблағҳои худ аз Шодиева Мавҷуда Шамситдиновна ва Қаюмов Умед Холмуҳаммадович бо аризаи даъвогӣ ба суди шаҳри Хуҷанд муроҷиат мекунанд. Суди шаҳри Хуҷанд ҷиҳати рӯёнидани маблағҳои тасарруфшуда аз ҷониби Шодиева Мавҷуда Шамситдиновна ва Қаюмов Умед Холмуҳаммадович ба фоидаи ҷабрдидагон ҳалнома мебарорад. Аз баромадани ҳалномаи суд 1,5 сол инҷониб мегузарад, аммо то ҳол ҷабрдидагони қазияи мазкур - Қаюмов Зафарҷон Маҳкамович ва Абдуллоев Зикрулло Убайдуллоевич маблағҳои худро бапуррагӣ бозпас гардонида наметавонанд. Ҷабрдидагон танҳо тавонистанд, ки бо мусоидати Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд маблағи 3000 доллари ИМА-и худро бозпас соҳиб шаванд, маблағи боқимонда ҳоло ҳам норӯёнида боқӣ мондааст.
Баъди муроҷиати ҷабрдидагон ба суди шаҳри Хуҷанд мурофиаи судӣ дар чанд марҳила баргузор гардид. Дар ниҳоят Суди шаҳри Хуҷанд дар санаи 07 сентябри соли 2017 парвандаи №1-259/17-ро нисбати Шодиева Мавҷуда Шамситдиновна дар ҳайати раискунанда Рустамзода М., Абдусатторзода М. (котиб) ва бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ-ёрдамчии калони прокурори шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Эшонов Э. ба баррасӣ гирифта, аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукм кард:
Шодиева Мавҷуда Шамситдиновна бо моддаҳои 340 қисми 1 ва 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, бо қисми 1 моддаи 340 КҶ ҶТ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 1 (як) сол; бо банди «б» қисми 4 моддаи 247 КҶ ҶТ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 (ҳашт) сол бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян, бо дастрасии қисми 3 моддаи 67 КҶ ҶТ аз рӯи маҷмуи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳои таъингардида ҷазои ниҳоӣ нисбати Шодиева Мавҷуда Шамситдиновна дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 (ҳашт) солу 6 (шаш) моҳ бо адои он дар колонияҳои ислоҳи дорои низомаш умумӣ, бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян таъин кард. Дар асоси моддаи 78 қисми 1 КҶ ҶТ ҷазои нисбати Шодиева Мавҷуда Шамситдиновна дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шуда, то ҳаштсола шудани кӯдакаш-Имомалиева Накҳат Фазлиддиновна санаи таваллудаш 29 ноябри соли 2015 мавқуф гузошта шуд. Ҳамчунин, Суди шаҳри Хуҷанд дар ин ҳалномааш таъин кард, ки аз ҳисоби судшаванда Шодиева Мавҷуда Шамситдиновна ба фоидаи ҷабрдидагон: Қаюмов Зафарҷон Маҳкамович-3800 (се ҳазору ҳаштсад) доллари ИМА ва Абдуллоев Зикрулло Убайдуллоевич-3800 (се ҳазору ҳаштсад) доллари ИМА зарари моддии расонидашуда рӯёнида шавад. Аз ҳукми баровардаи Суди шаҳри Хуҷанд зиёда аз шаш моҳ мегузарад, аммо то ба ҳол зарари расонидашудаи судшавандагон- Шодиева Мавҷуда Шамситдиновна ва Қаюмов Умед Холмуҳаммадович (ба ғайр аз 3000 доллари ИМА) ба ҷабрдидагон - Қаюмов З.М. ва Абдуллоев З.У., ки маблағи боқимонда 7600 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад баргардонида нашудааст. Суд кӯдаки хурдсол доштани судшаванда Шодиева Мавҷуда Шамситдиновнаро ба назар гирифта, то ҳаштсола шудани кӯдакаш-Имомалиева Накҳат Фазлиддиновна, санаи таваллудаш 29 ноябри соли 2015, аз озодӣ маҳрум кардани ӯро мавқуф гузоштааст. Саволе ба миён меояд, ки агар судшаванда Шодиева Мавҷуда Шамситдиновна ҳар сол ҷинояти қаллобӣ содир карда ва ҳар сол як фарзанд ба дунё орад ва суд то ҳаштсола шудани ҳар як кӯдакаш ҳукми худро мавқуф гузорад оё ҷиноятҳои ба ин монанд дар ҷомеа ва худи Шодиева Мавҷуда Шамситдиновна ислоҳ мешуда бошанд? Ин суолест нокушода, ки онро ба қазовати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, алалхусус Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минҷумла ба суду иҷрочиёни Суди шаҳри Хуҷанд вогузор мекунем.

P.S. Дар ҷамъбасти ин матлаб ҷабрдида Қаюмов Зафарҷон Маҳкамович бо як андуҳу надомат ба мо иброз дошт, ки аз расонаӣ кардани ин қазия ба ҷомеа ҳушдор доданист, ки ба доми фиребу найранги ҳар хел «корчалон»-ҳои охиразамон гирифтор нашаванд ва ба мисли онҳо барои бозпас гирифтани маблағи бо ду дасти адаб супоридаашон ҳайрону сарсон нашаванд.

Таснифи Ҳаким Розиқов

Шарҳи ҳол:

Шодиева Мавҷуда Шамситдиновна, санаи 15 августи соли 1974 дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд таваллуд шудааст, шаҳрванди Чумҳурии Тоҷиикстон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, ихтисосаш забоншинос, оиладор, модари шаш фарзанд аз онҳо панҷ нафарашон хурдсол, дар вазифаи роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии маҳаллии «Шаҳриёр» воқеъ дар шаҳри Хуҷанд фаъолият мебарад, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 34, бинои 5, ҳуҷраи 73, ҷойи қайди зисташ ноҳияи Ашт, ҷамоати деҳоти Шайдон, бо моддаи 340 қисми 1 ва 247 қисми 4 банди «б»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста шуда, нисбаташ чораи пешгирӣ дар бораи бо забонхат тарк накардани маҳалли истиқомат татбиқ карда шудааст.

Қаюмов Умед Холмуҳаммадович, санаи 06 августи соли 1991 дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, ихтисосаш сиёсатшинос, оиладор, падари се нафар фарзандони хурдсол, ҷойи кори доимӣ надорад, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан, ҷамоати деҳоти Зарҳалол, деҳаи Ҷарқурғон, бо моддаи 247 қисми 4 банди «б»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста шуда, нисбаташ чораи пешгирӣ дар бораи бо забонхат тарк накардани маҳалли истиқомат татбиқ карда шудааст.

Хонданд 375

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.