.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Минтақа

Табиати нотакрори Ромитро эҳтиёт бояд кард

Дараи Ромит... Ин макон ҳанӯз замони шӯравӣ дар байни сокинони Тоҷикистон ва хоса дар байни аҳолии шаҳри Душанбе маҳбубият дошт. Дар баробари дараи Варзоб, дараи Ромит низ истироҳатгоҳи аҳолии аксаран русзабони пойтахт буд. Ҳарчанд дараи Ромит нисбатан дар масофаи дуртар аз пойтахт ҷойгир аст, аммо онҳо рӯзҳои истироҳатро дар истироҳатгоҳҳое, ки аз ҷониби корхонаҳои калон дар ин дараҳо сохта шуда буданд, паси сар менамуданд. Сокинон ҳамроҳи фарзандони  худ ба ин ҷо омада, аз обу ҳавои тоза, оби мусаффои дарёю дарёчаҳо ва табиати зебо лаззат мебурданд. Ҳоло низ ин анъана идома дорад, вале онро ҳар чӣ бештар бояд рушд дод. Чун соли равонро Президенти мамлакат “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд, бояд дар ин минтақа низ тавассути маблағгузории иловагӣ тағйироти чашмарас ворид намуд. Дар дараи Ромит манбаъҳои обҳои шифобахши гарм ва хунук кам нестанд. Вале, мутаасифона, на ҳамаи ин манбаъҳо ба талабот мувофиқ истифода бурда мешаванд. Ҳол он ки баъзе чашмаҳоро аҳолии маҳаллӣ аз замонҳои қадим медонист ва аз онҳо истифода мебурд.

 

Солҳои охир яке аз сабабҳои танқисии оби нӯшокӣ истеъмоли он аз суръати барқароршавии табииаш зиёдтар будан аст. Гардиши об дар табиатро омили муҳими барқароршавии об меҳисобанд. Агар об дар ҳаҷми гардиши табииаш истифода бурда шавад, дар он ҳолат манбаъи обро бепоён медонанд. Вале сабаби норасогии оби нӯшокӣ на танҳо дар истеъмоли зиёди манбаъҳои обӣ, балки паст шудани сифати об аз ифлосшавии он аст. Дар яке аз баромадҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷиикситон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: “Сари таъзим ба табиати бою ғании кишварамон, ки дар лаҳзаҳои душвори буҳрони иқтисодӣ ва сиёсие, ки ба дӯши халқамон омад, имкони паси сар намудани онро таъмин намуд” Ин ҳақиқиқатест бебаҳс, зеро солҳои ҷанги шаҳрвандӣ хазина пурғановати Ромит тавонист дар паси сар намудани мушкилоти иҷтисодӣ мадади зиёде расонад. Дар дараи Ромит ҷойҳое ҳастанд, ки  агар тарғиби он дуруст ба роҳ монда шавад, ба давлат даромади зиёде оварда метавонад. Яке аз чунин манбаъҳои даромад ё заре, ки ҳанӯз заргарон ба он даст наёфтаанд, ин Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Ромит» аст, ки дар он ҳазорон намуд гиёҳҳои шифобахш мавҷуданд. Мамнуъгоҳ дар масоҳати 16000 гектар, дар қисмати шарқии каторкуҳҳои Ҳисор, болооби дарёи Сардои Миёна ва Сорбо мебошад. Асосан, мамнуъгоҳ мақоми ботаникӣ дошта, дар ҳудуди он намудҳои пурарзиши олами наботот-арчазору, чормағзорҳо, бодомзору туғзорҳо, гули чавгосун, челон, татум ва олами ҳайвонот-бабри барфӣ, хирси маллаи тиёншонӣ, силовсин, саги обӣ ва парандагони нодир ҳифз карда мешаванд. Мамнуъгоҳи «Ромит» сол ба сол сифатан беҳтар гардида, дар кори беҳтар гардидани ҳолати экологӣ, нигоҳ доштан ва афзун намудани намудҳои нестшудаистодаи олами набототу ҳайвоноти Тоҷикистон хизмати босазое намуда истодааст. Дар худи мамнуъгоҳ боз ҷои махсусе барои парвариши оҳуи бухороӣ ташкил карда шудааст, ки масоҳати он 18 гектарро ташкил медиҳад. Дар он ҷо айни замон 9 сар оҳуи бухороии ваҳшӣ парвариш карда мешавад, ки шумораи онҳо вобаста ба фасли сол тағйир меёбад. 

Барои ҳифзи табиати ин дара ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳам саҳмгузоранд. Масалан, ба наздики Ташкилоти ҷамъиятии “Олима” дар ин мавзеъ барои сокинони маҳаллӣ семинари чорӯза баргузор намуд, ки дар он ба занҳои маҳаллии деҳаи Хушон оид ба ҳифзи табиат ва роҳҳои муҳофизати он сухан рафт. Дар кори семинари мазкур мутахассисони табиатшиинос ва журналистоне, ки дар бораи табиат менависанд, ширкат намуда, дар назди сокинон баромад карданд. Онҳо оид ба ҳифзи муҳити зист ва роҳҳои истифодаи безарар аз неъматҳои табиати ин диёр суханронӣ намуданд. Дар хотимаи ин семинари чоррӯза занони сокини деҳаи Хушон вобаста ба он дониш ва малакае, ки дар семинарҳо ба даст оварданд, дар назди ҳамдеҳагони худ баромад карда, роҳҳои дигари ҳифзи табиатро, ки дар таҷрибаи худ ҳосил намуд буданд, ба онҳо тавсия доданд. Бояд гуфт, ки чунин чорабиниҳо барои аҳолии маҳаллӣ хеле заруранд ва чунин корҳоро идома додан зарур аст. Зеро сол ба сол ҳифзи табиат ба мушкилоти дараҷаи аввал табдил ёфта истодааст. Агар мо ин табиатро ҳифз накунему барои ояндагони худ мерос нагузорем, онҳо аз он зебогиҳое, ки имрӯз мо мебинем, маҳрум хоҳанд шуд.

Чун дараи Ромит яке аз минтақаҳои машҳури сайёҳист, барои ҷалби сайёҳон ба ин минтақа аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ низ корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда истодаанд ва яке аз чунин чорабиниҳои басо муҳим-ин ҳифзи табиати ин макун аст. Таваҷҷуҳи роҳбарони маҳаллиро мо дар рафти баргузор намудани чорабиниҳо вобаста ба амалӣ намудани лоиҳа оид ба баланд бардоштани маърифати сокинони Ромит  эҳсос намудем. Роҳбарияти мамнуъгоҳи Ромит барои таъсирбахш гузаштани семинару вохӯриҳо бо занони маҳаллӣ мадади бевоситаи худро расониданд ва барои баргузории он шароити мусоид фароҳам оварданд. Бояд зикр намуд, ки сокинони маҳаллӣ ва ҳамаи инҳое, ки ба кори лоиҳа ҷалб гардида буданд, дар амалӣ шудани он хеле фаъол буданд, ки ин аз маърифати баланди онҳо дарак медод. 

Рустам Азимӣ 

Хонданд 64
Чӣ бояд кард, то китобхон шавем?

«Китобҳо ба мардум мефаҳмонанд, ки чи тавр ҳаётро беҳтар кунанд, чӣ гуна мардум поктинат шаванд, чӣ хел инсонҳоро ба меҳнатдӯстӣ даъват кунанд, меҳнати дигаронро эҳтиром намоянд», - фармудааст нависандаи рус Кассил Лев Абрамович.

Дар ҳақиқат аз қадим донишмандон китобро ба ситораҳои тобон ва нурҳои офтоб ташбеҳ додаанд. Бузургтарин хирадмандон аз китоб баҳра бурдаанд ва худ бузургу машҳур шудаанд, асарҳои гаронбаҳояшонро ба насли оянда боқӣ мондаанд. Вақте ки мо «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ, «Бӯстон»-у «Гулистон»- Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»-и Ҷомӣ, «Ахлоқи муҳсинӣ»-и Кошифӣ, «Қобуснома»-и Кайковус ва дигар шоҳасарҳои гузаштагонамонро мутолиа мекунем, саропо панду андарзҳо мебошанд, ки моро ба роҳи нек, ватандӯстӣ, раҳмдилию инсондӯстӣ ҳидоят мекунанд. Дар яке аз ёдгориҳои адабии арабии асри 12 чунин ҷумлаҳо сабт гардидаанд: « Китоб ин машкест пур аз донишу фаросату заковат, зарфест лабрези ҷиддияту ширинкорӣ…»

Аз суҳбат бо муовини директори муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ» дар шаҳри Кӯлоб Саодат Абдуллоева маълум шуд, ки сафи китобхонҳо сол ба сол аз ҳисоби хонандагону муҳансилони мактабу донишгоҳ зиёд шуда истодаанд. Китобхона дорои 76 460 нусха китоб буда, дар 9-моҳи соли ҷорӣ 5746 нафар китоб гирифтаанд, ки нисбати 9 - моҳи соли гузашта 220 нафар зиёд мебошад. Дар ҳамин давра ба аъзоёни китобхона 46 449-нусха китоб дода шуд, ки 2929 нусха нисбати соли гузашта зиёд мебошад. Дар библомарафони ҷумҳуриявии «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» аъзои фаъоли китобхона хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 30-и ш.Кӯлоб  Робия Қодирова, ки зиёда аз 400 асарҳои бадеӣ хондааст, дар ҷумҳурӣ сазовори ҷои дуюм гашт.

Мутафаккири фаронсавӣ Ҷорҷ Эдгози менависад: «Таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари кошифӣ, ки моро бо китоб пайваст ва дигаре телевизион, ки моро аз китоб дур сохт». Дар ҳошияи ин гуфтаҳо аксар муаллимон шикоят аз он мекунанд, ки имрӯзҳо наврасону ҷавонон вақтҳои холигии худро ба тамошои телевизион, видио, DVD, истифода аз телефонҳои дастиву сайёр, бозиҳои компютерӣ сарф мекунанду аз мутолиаву омӯзиш дур мондаанд. Магар ихтирои навъҳои техналогия боиси аз китобхонӣ дур гаштани насли наврас мегардад? Агар сабабҳо инҳо бошанд, пас дар мамолики Амрико ва Англия ба пиндори шумо телевизиону комютер вуҷуд надорад?

Дар Амрико толибилмони мактабҳо дар давоми таҳсил 120 номгӯйи китобҳои бадеиро бояд хонанд. Вазорати маорифи Амрико барои ин кор гуруҳи махсуси корӣ ташкил карда, чанд сол пеш онро ба барномаи таълимӣ ворид карда буд. Дар Англия ин шумора 99 - тост. Номаи хатмкунандагони худамонро имрӯз менигарем, аз фанҳои адабиёти тоҷик, забони русӣ ва таърих баҳои «панҷ» доранд, аммо дар бораи С. Айнӣ, А. С. Пушкин, Спитамену Муқаннаъ маълумоте надоранд. Вақте вориди китобхона шудам, Саодат Абдуллоева бо чанд тан аз китобдорони мактабҳои ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, ки барои бозомӯзӣ ба донишкадаи такмили ихтисос омада буданд, суҳбат доштанд. Аз суҳбат маълум шуд, ки аксарияти мудирони китобхонаи мактабҳо муаллимони дарсдиҳанда ва роҳбарони синфҳоро барои ҷалб намудани хонандагон ба китобхона гунаҳкор медонанд. Худ қазоват намоед, вақте худи омӯзгор китоб намехонаду вақти мутолиаи рӯзномаву маҷалла надошта бошад, чӣ тавр завқи насли наврасро ба китобу китобхонӣ бедор карда метавонад? Аз тарафи дигар, китобдори мактаб дар бедор намудани шавқи хонандагон саҳми беандоза дорад, вале мутаассифона, баъзе роҳбарони мактаб ҳамчун сарборӣ шахсонеро китобдор таъин мекунанд, ки рӯзномаи давриро аз коғаз фарқ намекунанду дар умрашон як китоби бадеӣ нахондаанд, пас чӣ ҳоҷат ба шарҳу эзоҳи он.

Имрӯзҳо нисбати фарзандони мо аз тарафи мардуми Амрико барои бедор намудани завқи китобхонии кӯдакони то синни 10-сола  ғамхории зиёде намуда истодаанд. Дар асоси Лоиҳаи USAID «Ҳамроҳ бихонем» зиёда аз 140 000 китобҳои бадеӣ бо забонҳои тоҷикию русӣ ба таври ройгон ба 1000 мактаб тақсим карда шуд. Аз ин рӯ, китобдорони мактаб масъулитнок бошанд, то ин ки хонандагонро бештар ба мутолиаи ин китобҳо ҷалб намоянд. Бо мақсади шинос шудан бо фаъолияти кории китобдори китобхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и ноҳияи Восеъ рӯзи 22 октябр меҳмони он шудам. Гӯшаи намоиши китобҳои нав маро ҷалб намуд. Масъули китобҳои бадеии китобхона Дилафрӯзи Наврӯз чунин иброз намуд:

-Ҳар сол рӯзи 22 октябр рӯзи китобхонаҳои мактабӣ қайд карда мешавад. Хушбахтона, дар ин рӯз мо аз тарафи лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» 426 адад китобҳои бадеии бачагона гирифтем. Тавре мебинед, хурсандии кӯдакон ҳадду канор надорад. Аллакай бо ташаббуси муаллимаҳои синфи ибтидоӣ Гавҳарбӣ Раҷабова, Дилафрӯз Қандиева, Раҳнамо Шарифова, Хайринисо Холмуродова китобҳо дар дасти хонандагон мавриди мутолиа қарор доранд. Онҳо мазмуни китобҳои хондаи худро ба ман нақл мекунанд. Бовар дорам, дар оянда шавқу завқашон нисбати китоб зиёдтар мегардад.

Ҳангоми аз назар гузаронидани китобхона зиёда аз 1000 китобҳои бадеии тозанашрро дидам. Аллакай 800 нафар хонанда аз боргоҳи илму маърифат барои мутолиа китобҳои бадеӣ гирифтаанд. Дар ин иқдоми нек ҳиссаи китобдор Дилафрӯзи Наврӯз, ки хатмкунандаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии ш. Кӯлоб мебошад, хеле калон аст.

Дар фарҷом таъкиди сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмонро доири ин мавзӯъ овардан айни мудаост: «Барои ба китобхонӣ ҷалб намудани ҷавонону наврасон ва дар замири онҳо парвариш намудани шавқу рағбати мутолиаи китоб ба падарону модарон, омӯзгорони мактабҳо, донишкадаю донишгоҳҳо, муассисаи фарҳангию китобхонаҳо, шабакаҳои телевизиону радио ва иттиҳодияю маҳфилҳои эҷодӣ зарур аст, ки ҷамъомадҳои шавқовар, баҳсу мунозираҳои интеллектуалӣ ва дигар чорабиниҳои замонавӣ гузаронанд».

Итминонам комил аст, ки гуфтаҳои Сарвари давлат ҳоҷати шарҳ додан нест! Пас моро лозим аст, фурсатро аз даст надиҳем. 

Рӯзимад Тоҳиров,

ноҳияи Восеъ

Хонданд 102
ПЕШНИҲОД: ОБИКИИК ХУРРАМБАҲОР ШАВАД

Солҳост, ки оид ба номи шаҳраки Обикиик – маркази ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон гуфтугузор меравад. Камина низ атрофи ҳамин масъала баёни андеша карданиам. Обикиик дар сафи қадимтарин мавзеҳои аҳолинишини водии Вахш аст. Номи он ва рустои ҳамшафаташ – Даҳанакиик ибораҳои замони форсии миёна буда, шакли аслиашон «Оби куҳик» ва «Даҳанаи куҳик» аст, ки маъниҳои «оби аз куҳ оянда» ва «даҳанаи куҳ, чокии куҳ, гузаргоҳи байни ду куҳ»-ро ифода мекунанд. Ин ибораҳо ба вожаи «киик»-и туркӣ ҳеҷ алоқамандӣ надоранд. Бо вуҷуд ман ҳаргиз ҷонибдор нестам, ки ин вожаи на он қадар равон, гӯшнавоз ва дилнишин чун номи шаҳраке бошад, ки маркази ноҳия асту ояндаи накӯ дорад. Пас, номи он бояд чӣ бошад? 

Ҷавоби ин савол андешаро мехоҳад. Андешаи на танҳо муаллифи ин сатрҳо, балки аз роҳбарият ва аз аҳли ҷамоатчигии ноҳияро ҳам. Аммо ман фикреро пешниҳод намуда, ба муҳокимаи эшон мегузорам: 

Бо вуҷуди камобиаш шаҳрак тамоми сол сабзу хуррам аст, рустои гирду атрофаш низ. Манзараҳои ду ҷониби роҳ - дуру наздик аз ағбаи Фахробод то шаҳраки Қизилқала (бас дуруст мешуд агар Қизилқалъаро ба Кушонъалъа иваз мекарданд, зеро номи ин маҳал таърихан Кушонъалъа буд) хеле назаррабоянд, хосса дар баҳорон. Чун дар ин фасл ба дашту адир, таллу теппаҳо ва боғоти гирду атрофи шаҳрак назар мекунӣ, аз сабзию хуррамию гулпӯшиашон вуҷудат ба ваҷд меояд, чашмат нур мегираду ҷисмат зӯр, дилат шод мешаваду табъат болида. Яъне, ки ҳам шаҳрак ва ҳам атрофи он баҳори бас зебо ва сабзу хуррам доранд. Махсусан теппаи ҳамшафаташ, ки аз сӯйи шимол дар паҳлӯи чапи шоҳроҳи Душанбе - Бохтар воқеъ аст, дилкашу назаррабост. 

Омӯзиши сатҳи болоии теппа далолат мекунад, ки замоне рӯйи он қалъа - шаҳристони устуворе арзи вуҷуд мекардааст: Таҳкурсии аз санги сафед бунёдшудаи ҳисори гирдаш то ҳанӯз намоён аст. Сатҳи болои теппа сӯфамонанди иборат аз ду қисм мебошад. Қисми шимолӣ баландтару қисми ҷанубӣ пасттар аст. Аз афти кор бо ин усул нишебии андаки сатҳи заминро ҳамвор намуда, ба истифода мувофиқ кардаанд. Шояд қисми аввал ҷойи истиқоматгоҳҳо будаасту қисми дуюм чун ҳавлӣ хизмат менамудааст. 

Сафолпораҳо, зарфҳои гуногуни гилию мисӣ, сиккаҳои фулӯсӣ, ки солҳои пешин аз ин қалъаҷо пайдо шудаанд, ба давраи Кӯшониёни асрҳои I-II мансубанд. Яъне, қалъаи муттазакира мутталлиқ ба замони Кӯшониён аст. 

Агар хаёлан ба «сайри» замони Кӯшониён бароем, мебинем, ки мавзеи ҷойгиршавии ин қалъа мавқеи хуби стратегӣ ва тиҷоратӣ дорад. Дар болои теппаи баландиаш тақрибан то 180 м. ҷойгир аст. Яъне амнияташ хуб мебошад. Ҷояш низ бас қуллай буда, дар шафати роҳи корвонгузари Ҳисор - Вахш воқеъ аст. Куҳ ҳам наздик асту водӣ ҳам. Об низ дорад, ки аз сойи Даҳанаи куҳик ҷорӣ шуда, аз пояаш мегузарад. Бо нерӯйи ин об чандин осёбу обҷувозҳо фаъолият бурда, ниёзи мардумро бартараф мекунанд. Агар ба атрофи қалъаҷой, махсусан, ба ҷониби шимол назар намоем, фикрамон қавӣ мешавад, ки он бозорҷо ва корвонсарой ҳам доштааст ва мардумаш тоҷирони баҳунар будаанд. Имрӯзҳо бештари одамони пурсидаам онро «Теппаи Обикиик» гуфтанд. Аммо умрдидагоне, ки солҳои 70-уми асри пор ҳамроҳашон суҳбат доштам, «Хуррамбаҳор» ва «Тамошотеппа»-аш гуфта буданд. Масалан, бобои Аҳмад Қурбонов - муқими таҳҷоии шаҳраки Обикиик онро ҳамин тавр номида, илова карда буд, ки дар солҳои бачагиаш мардум дар болои он Наврӯзро таҷлил менамуданд, наврасону ҷавонон ҷамъ шуда, мусобиқаҳои гӯштингирӣ, зӯгӯяк, бандкашак, пешгузарак созмон медоданд, бисёр одамон ба болояш баромада манзараҳои атрофро, ки ҳатто то дуриҳо хеле зебо менамуд, тамошо мекарданд.

Ҳамин гуфтаҳои бобои Аҳмадро Қудратуллоҳ ном марди донишманд аз деҳаи Ғаллаобод (маъруф чун эшони Қудрат) солҳои 80-уми асри ХХ тасдиқ карда буд. Ӯ дар обанбори рӯ ба рӯйи Қалъаҷой (аз ҷониби рости шоҳроҳи Душанбе - Бохтар) посбон буд. Ҳарду болои теппа баромадем. Бобои эшон бас бозавқ ва эҳсосоти табиатдӯстию ватандорӣ васфи ин теппаю манзараҳои онро кард. Тақрибан ҳамаи он чизеро гуфт, ки бобои Аҳмад иброз дошта буд.  

Хулоса, шаҳраки Обикиик ва деҳаю таллу теппа, куҳу адирҳои атрофи он тамоми сол зебо, босафо, хушнамо, дилкашу дилкушоянд. Ҳамаи ин маъниҳоро вожаи «Хуррамбаҳор» фарогир аст. Биноан, пешниҳод дорам, ки номи шаҳраки Обикиик ба Хуррамбаҳор иваз шавад. Яъне аз рӯйи табиаташ, аз рӯйи мавзеи ҷойгиршавиаш ва аз ҳама асосӣ - аз рӯйи теппаи таърихии Хуррамбаҳораш. 

Ин ном дар нисбати Обикиик хеле зебою гӯшнавоз ва дилпазир аст. Таърихӣ ҳам мебошад. Решааш - «хуррам» бас пурмазмун ва дилгармкунандаю хурсандибахш аст. Дар замонҳои қадим маркази имрӯзии ноҳияи А.Ҷомӣ «Хуррамшаҳр» ном дошт. Шакли «Хуррамшаҳр» ҳоло ҳам мавриди истифода аст. Яке аз иншоотҳои зебои ш. Данғара ҳамин номи гӯшнавозу дилпазирро дорад. Агар номи шаҳраки Обикиик Хуррамбаҳор шавад, бовар дорам, ки он ҳам ба дилу дида ва руҳу ҷони мардум мувофиқ меояд. Ба ҷуз ин «Хуррамбаҳор» шудани номи шаҳрак мӯҷиб мегардад, барои боз ҳам ободтару шукуфонтаршавии ҳамин қалъаҷо. Он гоҳ ин макон метавонад ҷойи бисёр хуби истироҳати сокинони шаҳрак ва меҳмонон гашта, боис шавад ба баландравии ифтихори ватандорию ватанпарварии ҷавонон. Ҳатто имкон дорад, ки одамони ба нангу номус ё роҳбарияти ноҳия дар болои он боғу бӯстонсаро ташкил кунанд ва меҳмонони худро ифтихормандона он ҷо қабул намоянд. Ин чиз бисёр муҳим аст. Зеро барои афзудани эътибори ноҳия ва боз ҳам нуфузи бештар пайдо намудани он боис шуда метавонад. Мисоли чунин амалро метавон дар мавзеи ҷудошавии роҳи Норак аз шоҳроҳи Душанбе - Данғара ва дар шафати чапи роҳи Рӯдакӣ - Ёвон мушоҳида намуд.  

Гоҳе мешунавем, ки номи Обикиикро Ганҷина карданианд. Албатта, ин номи бад нест. Аммо гузошта шуданаш ба шаҳраки Обикиик мантиқан нодуруст мешавад. Зеро маънии аслии Ганҷина - хазина, махзан, кон, дафина, тангаю тиллои пинҳонкардашуда аст. Агар Ганҷинаи қадиму таърихиро дар назар дошта, чунин корро карданӣ бошанд, боз ҳам хатои ҷиддитар мешавад. Чунки шаҳрак ба ин ёдгории бостонӣ муносибате надорад. Шояд дар худи шаҳрак ва атрофаш будани ягон хел ганҷ ё ганҷинаи табиӣ дар назар аст? Не. Дар ин мавзеъ чунин ганҷу ганҷина ҳеҷ гоҳ набуду нест. Ҳамаи ганҷҳояш рамзианд, аммо хуррамбаҳориаш воқеӣ. Пас дуруст мешавад, ки «Хуррамбаҳор»-ро чун номи нави маркази ноҳияи Хуросон қабул доранд. Ин ном куҳнанашаванда буда, ба табиату обу ҳавои минтақа бисёр мувофиқ аст. 

Ҳасан Юсуфи ФАЙЗБАХШ, муҳаққиқи номҳои ҷуғрофӣ, таърихнигор

Хонданд 88
Кӯлоб: Кӣ бояд лифтҳоро тармим кунад?

Баромадан ба ошиёнаи нуҳум бидуни лифт бисёр мушкил аст, ҳатто барои ҷавоне мисли ман. Холаи Давлатмоҳ сокини шаҳри Кӯлоб бошад, 13 сол мешавад дар қабати болоии ин бинои истиқоматӣ зиндагӣ дорад. Баромадану фаромадан барояш бисёр гарон меафтад. Ҳар бори боло шудан бо зинапоя фишори хунаш баланд мешавад ва дар як ҳолати бад қарор мегирад. Мегӯяд,  хуб мешуд, агар лифтҳоротаъмир мекарданд:

“Синни ман ба ҷое расидааст, дигар наметавонам ба ошёнаи нуҳум бароям. Гоҳи баромадан маҷбурам дар ҳар ошёна лаҳзае дам гирам. Замоне ки моро дар инҷо бо ҳузури Сарвари давлат хона доданд, лифтҳо кор мекарданд, аммо баъд аз оне ки Президент рафт, кор кардани лифтҳоро намебинам. Чанд бор ба ҳукумати маҳаллӣ муроҷиат кардам, ягон натиҷа надод. Ҳоҳиш мекунам, бачам, як илоҷ кун, ки ҳамин лифтҳо ба кор дароянд.”

Мушкилоти кор накардани лифтҳо дар шаҳри Кӯлоб аз дер боз мавҷуд аст ва ба назар мерасад, ки ин иншооти “афсонавӣ” аслан соҳиб надорад. Риққатбор аст, ки аз ин ҳолат аксаран пиру барҷомондаҳо азият мебинанд, ки “иттифоқан” дар қабати болоии баландошёнаҳо манзил дода шудаанд.  Баъди мушоҳидаву таҳлилҳо бо қотеият метавон гуфт, ки дар ягон бинои истиқоматии шаҳри Кӯлоб лифтҳо кор намекунанд. Аммо чаро? Кӣ бояд масъули нигаҳдории ин иншоот бошад, ва оё умед ҳаст, ки холаи Давлатмоҳ аз ин азобу дарду бемадорӣ раҳо ёбад?

Дидани ҳоли зори холаи Давлатмоҳ ва шунидани шикояти ӯ маҷбурам сохт, ин масъаларо пайгирӣ кунам.  Ҳарчанд масъала бисёр печида ва мураккаб менамуд.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ  ва соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон нигоҳдории манзилҳои истиқоматӣ пурра ба ихтиёри соҳибмулкон гузашт. Масъалаи таъмиру нигаҳдории биноҳои истиқоматӣ  ва иншооти ба он алоқаманд пайдо гардид. Мардум то ҳол ба умеде зиндагӣ доранд, ки давлат мушкилоти онҳоро ҳал хоҳад кард, аз ин рӯ, ягон тасмим намегиранд. 

Ин дар ҳолест, ки мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нигаҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил" соҳибмулк уҳдадор аст нигаҳдорӣ, ҳолати мувофиқи техникӣ ва санитарии манзили истиқоматии ба ӯ тааллуқ доштаро таъмин намояд ва тибқи тартиби санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ муайянгардида таъмири ҷорӣ ва асосии онро аз ҳисоби худ анҷом диҳад.

Ин маънои онро дорад, ки давлат дигар муваззаф нест, ки лифти бинои истиқоматиеро, ки холаи Давлатмоҳ дар он ба сар мебарад, таъмир намояд. Акнун ин масъулият бар дӯши худи холаи Давлатмоҳ ва ҳамсояҳои ӯ афтодааст.

Баъди қабули қонуни болозикр (солҳои 90-ум) беш аз 90 дарсади биноҳои истиқоматӣ аз ҷониби шаҳрвандон хусусӣ гардонда шуд. Дар шаҳри Кӯлоб ин шумора беш аз 93 фоизро ташкил медод, вале дар ин самт мушкилоти дигар пеш омад. Соҳибмулкон, яъне сокинони хонаҳои баландошёна  то ҳол вазифаву уҳдадориҳои хешро намедонанд. Масалан, дар самти пардохти хидматрасониҳои коммуналӣ, аз ҷумла, обу ташноб, кашонидани ахлот ва тоза намудани гирду атрофи биноҳо саҳлангорӣ мекунанд. Корхонаҳои коммуналӣ дар навбати худ худмаблағгузор гаштаанд ва аз сабаби пардохт накардани ҳаққи хидматрасонӣ аллакай  муфлис шуда истодаанд.

Тибқи қонуни мавҷуда ба шаҳрвандон имконот барои ширкат дар равандҳои ислоҳотӣ дода шудааст. Дар доираи лоиҳаҳои амалишавандаи чӣ ҳукуматӣ ва чӣ созмонҳои ғайридавлатӣ дар сатҳи деҳаҳо ва ҷамоатҳо  сохторҳои ҷамоавӣ таъсис дода шудаанд. Яке аз чунин созмонҳои нисбатан муваффақ дар ин самт  ташкилоти ҷамъиятии Маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии “Шаҳрванд” аст, ки тӯли се соли охир лоиҳаи “Ислоҳоти манзилӣ-коммуналӣ дар амал”-ро дар ҳамкорӣ бо Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ  амалӣ карда истодааст. Натиҷаи амалишавии ин лоиҳа хеле назаррас буда, тағйироти ҷиддӣ дар ин самт ба вуҷуд омадааст, аммо ин танҳо қисмати ками манзилҳои истиқоматиро фаро гирифтааст. То ба ҳол дар аксари биноҳои истиқоматӣ ин гуна ширкатҳо таъсис наёфтаанд ва маҳз аз ҳаин сабаб онҳо аз роҳҳои ҳалли ин мушкилиҳо бархурдор нестанд.

Бо вуҷуди анҷом додани  корҳои зиёди ислоҳотӣ дар ин самт, масъалаи таъмиру нигоҳдории манзилҳои бисёрхонагӣ яке аз мушкилоти умда боқӣ мемонад. Умеди ягонаи холаи Давлатмоҳ бобати таъмири лифт аз ташкили ширкати соҳибмулкони манзил вобаста аст. Ба ибораи дигар, сокинони бинои баланошёна бояд байни худ маслиҳат намуда, ин мушкилро бартараф намоянд. Мақомоти иҷроия пеши ин сокинон ягон масъулият надорад ва шаҳрвандон набояд ба умеди кӯмаки беруна зиндагӣ кунанд.

Ягона роҳи ҳалли мушкилоти холаи Давлатмоҳ ва садҳо кампири мисли ӯ шояд ташкили амалии ин гуна лоиҳаҳо бошанд. Аммо дар зинаи аввал бояд ба мардум фаҳмонид, ки соҳибони манзили онҳо худашон ҳастанд, на давлат.

 Абдуллоҳ Ғурбатӣ, “Фараж», Кӯлоб

Хонданд 197

Хабари-рӯз

Календар

« Декабрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.