.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Минтақа

ЧОРЯК АСРИ САРСОНӢ

Март 10, 2018
Хонданд: 368

Ба идораи нашрияи «Самак» зани солхӯрдаи ба мӯяш сафедӣ афтода омад. Ӯ дар ҳаяҷон буд, аз чашмонаш ашк мерехт, вале механдид, ки чунинашро мардум ашки шодӣ мегӯяд. Таклифи нишастан карда, хоҳиш намудем, ки худро ба даст гирад ва матлабашро гӯяд.

Вай як пиёла чой нӯшида, андаке худро ба даст гирифта гуфт:
- Ман сокини деҳаи Қуланбош, (ҳоло Гулистон), ноҳияи Ҷаббор Расулов Лола Данилова мебошам ва омадам, ки арзи сипос кунам.
- Ба кӣ? - пурсидам ӯро.
- Ба нафароне, ки роҳи Тоҷикистону Ӯзбекистонро кушоданд ва имкон доданд, ки ин ду халқи бародар, хешу табор бе монеа якдигарро бинанд, ба аёдати ҳамдигар бирасанд. Ҳаминаш ҳам мешудааст-ку! Охир мо чунин рӯзҳоро солҳои тӯлонӣ мунтазир будем, орзу мекардем ва ҳатто дар хоб медидем.
Ман дар ноҳияи Ҷаббор Расулов таваллуд шуда, ба воя расидаам. Мактаби миёнаи деҳаро хатм намудам, баъд таҳсилро дар омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хуҷанд давом додам. Пас аз он барои кор ба беморхонаи марказии ноҳия роҳхат гирифтам. Соли дигар пас ба ҳамдеҳаамон Муъминов Қӯзимурод оила бунёд кардем. Вай баъди хатми техникуми сохтмон дар муассисаи таъмиру сохтмони шаҳри Янгиёри Ӯзбекистон ба ҳайси усто кор мекард. Он вақт роҳҳои ҷумҳурӣ кушода буданд, нақлиётҳои одамкашон корафтодагонро ин тарафу он тараф мебурданд ва шавҳарам дар зарфи як соат ба кор расида мерафт. Ӯ ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа ё шанбе ба хонаамон меомад ва субҳи рӯзи душанбе ба кор мерафт.
Зиндагиамон хуб буд, хонаи нав сохтем, баъд полезу боғ бунёд намудем ва соҳиби се фарзанд шудем.
- Корхонаамон ба ман аз шаҳри Янгиёр хона медиҳад, барои гирифтани манзили сеҳуҷрагӣ бояд бачаҳоро он ҷо ба қайд гузорем, - рӯзе гуфт шавҳарам…
- Барои чӣ? - пурсидам ӯро. Ҳайрон шудаму мақсадашро нафаҳмидам, зеро чунинашро намехостам, ман ин ҷо дар қайд бошаму дигар аъзоёни оилаамон дар он ҷо бошанд, вале шавҳарам гуфт, ки хонаи сеҳуҷрагӣ мегираду муддате пас боз бачаҳоро аз қайди шаҳри Янгиёр бароварда аз нав дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба қайд мегузорад.
Дилам ғаш мекард, нохушиеро ҳис менамудам, аммо гапам ба шавҳару хушдоман ва хусурам нагузашт. Чор нафар дар қайди Ӯзбекистон шуданд, ман дар Тоҷикистон мондам. Хонаи сеҳуҷрагӣ гирифтем, хурсанд шудем, ки соҳиби манзили нави замонавӣ гаштем, вале хушнудии мо дер давом накард.
Якбора замона тағйир ёфт, сиёсат дигар шуд, байни ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ сарҳад карданд, дидбонгоҳҳои марзию гумрукӣ гузоштанд, байни ду ҷумҳурии ҳамсоя симхор кашиданд, роҳҳои рафтуомадро бастанд.
Фақат бо раводид (виза) ба дидори пайвандон ба муҳлати чанд рӯз мерафтаму онҳоро ба серӣ надида бармегаштам. На фақат ман, балки садҳо нафар чунин зиндагӣ доштанд. Барои гирифтани раводид ба Душанбе, аз он ҷо ба Тошканд рафтану чанд рӯз сарсону саргардон шудан лозим мешуд. Дар сарҳади ду давлат аз субҳ то шом зери барфу борон, ё офтоби тафсон меистодем…
Зан маҷоли ҳарф заданро гум карда, ашк рехт. Вуҷудаш аз алам меларзид, маълум буд, ки ба ёд овардани он рӯзҳои ногувор, азобҳои кашидааш хеле сангин аст.
Солҳо ҳамин тавр сипарӣ мешуданд, фарзандонам ба воя расиданд, мактабро тамом карда, хонадор шуданд. Ҳатто дар тӯйи онҳо дуруст хизмат карда натавонистам, дер мерафтам, барвақт меомадам.
Ин ҷо ҳам корам омад намекард, бо сабаби рафтуомад баҳона пеш оварда, вазифаи дуруст намедоданд.
Нотавонию бекасӣ, бе пушту паноҳиамро фаҳмида пайвандонам ҳатто ҳавлии худам сохтаро кашида гирифтанду бе манзилам карданд. Касе тарафамро нагирифт, ҳатто адвокатам бо дили нохоҳам чанд ариза навишту бо ҳамин вазифаашро ба анҷом расонд.
Ҳамин тавр, бе сарпаноҳ мондам, гоҳ дар хонаи яке, гоҳ дар манзили хеши дигарам зиндагӣ мекардам. Кор ба ҷое расид, ки дар ҷанозаи шавҳари фавтидаам иштирок нарда натавонистам. Бо сад машаққат се рӯз пас аз вафоташ раводид гирифтам. Нафарони ба таъзия омада на ба мурда, балки ба ҳоли мани нотавони дасткӯтоҳ гиря мекарданд.
Лола Данилова боз ҳиқ-ҳиқ кунон гиря кард.
Мо намедонистем ӯро чӣ хел тасалло диҳем.
Вай чанде пас худро ба даст гирифта, чой нӯшид, вале гап зада натавониста, хомӯш монд.
- Баъд чӣ шуд? - савол кардем мо.
- Чизе тағйир наёфт, шавҳарам мурду аз ғами дунё халос хӯрд, вале азоби ман аз мурда бадтар шуд. Борҳо хостам худкушӣ кунаму аз азоби дунё халос хӯрам, вале натавонистам, на барои он ки ҷон ширин аст, балки ин кор убол мебошад. Сониян ман масъулияти дигаре бар дӯш гирифта будам, сардори оила шудам, барои фарзандону набераҳо насиҳатгару муттакое намемонд. Онҳо ақалан бо модару бибӣ монанд, ятими кул нашаванд.
- Шумо хабар доред, ки як қисми роҳҳои ду кишвари бародар кушода шуданд, муддате пас даҳ монеаи дигари сарҳадӣ боз мегарданд, байни роҳбарони ду кишвар созишномаҳои ҳамкории тиҷоратию фарҳангӣ баимзо расиданд, ҳунарпешагон аллакай меҳмони ҳамдигар гаштанд, савту наво ва суруди тоҷикӣ дар Ӯзбекистон ва оҳангу шеърҳои ӯзбекӣ дар Тоҷикистон танинандоз шуданд, - гуфтам ман.
- Ин хеле хуб аст, - хурсанд шуд ӯ. - Ман барои ҳамин ба идораи шумо омадам. Нафақат ман, балки одамони зиёд баъди шунидани ин мужда хушнуд гаштанд, охир мо, ду миллати бародар чоряк аср ин ҷониб аз Худо илтиҷо менамудем, ки чунин рӯзҳо фаро расанд. Ташаккур ба онҳое, ки ин роҳҳоро кушоданд ва аз он азобҳо моро халос карданд. Хушнудем, ки ҳамаи ин дар гузашта, ҳамчун афсонаи даҳшатнок дар хотир монд. Шабу рӯз онҳоро дуо мекунем, аз мо нагардад, аз Худо гардад.
Зан нақлашро ба охир расонду бо мо хайрухуш карда бо қадамҳои ноустувор, бемадорона берун рафт. Мо хомӯш нишаста чӣ гуфтанамонро намедонистем, вале тахмин мекардем, ки сар то пои ӯ дарду алам аст…

Ромиши Фирдавс

Хонданд 368

Фотеҳ Абдулло (Ардамеҳр) дар ҷое гуфта: «Шоир аз деҳ хезаду шеър аз шаҳр». Ба ин монанд, дар як сафари кӯтоҳе, ки ман ба ноҳияи Мастчоҳи нав доштам, ба зиёрати хоки азизоне рафтам, ки бо ҳунар, истеъдод, номуси ватандорӣ ангуштнамо шуданд. Садои бисёре аз онҳоро дар Душанбе шуниданд, эътироф карданд, каф кӯфтанд. Вале, дар ниҳоят, онҳо ҷони ғарибро ба Дилварзин оварданду барои ҷовидонӣ дар ин хок хуфтанд.

Дар хобҳои парешон тез-тез симои устоди азизам - Муҳаммадзамони Солеҳро медидам. Ҳамоно сигор бароям муроот мекард ва лабханд зада, мегуфт:
- Эй марди Худо, маъюс мабош!
Шери Мастчоҳ - Мӯсо Исоевро ҳамагӣ як бор ё ду бор дида будам ва дар хотирам ҳамон лаҳҷаи ширину «Бобо»-гӯиҳояш монда. Ният доранд ва ваъда карданд, ки барояш оромгоҳе месозанд, ки лоиқ ба ҳамон унвони гузоштаи мардум - «Шери Мастчоҳ» бошад. Аллакай дар ин маврид тасмим гирифта шудааст ва даст ба коранд.
Устод Мулло Боқиро ғойибона медонистам ва дар зиндагӣ ба дидорашон мушарраф нашуда будам. Эшон аввалин рӯзноманигор аз Мастчоҳ ҳастанд, ба қавле «аламбардор»-и ин пеша дар ин ноҳия.
Ҳампешаам, корманди телевизиони Тоҷикистон Олимҷон Абдуловро боре дар зиндагиаш надида будам. Аз ҳасрату нолаҳои ҷигарсӯзи падараш - устоди равоншод Карим Абдулов, ки баъди марги ӯ дойираҳои адабии Хуҷанд холӣ монд, шунида будам. Ҳамин қадар медонистам, ки мисли Мӯсо замони ҷанги шаҳрвандӣ тирборонаш кардаанд.
Шоири ҷавонмарг Қувватбеки Давлатро ҳам шахсан намешинохтам. Ҳамин қадар медонистам, ки ҷавонмарг рафтааст. Дар сабки Бозор Собир шеър менавишт ва ин байти зебо моли ӯ аст:
Кӣ хабар бурд, ки аз меҳри ту сар печидам?
Мор гардад раҳу дар пои хабарбар печад.
Чӣ гуна метавон табассуми ҳамешагӣ, хушгуфторию ҷавонмардии журналист Абдураззоқ Салимзодаро, ки ҳамагӣ як ошёна боло аз ман, дар нашрияи «Минбари халқ» ба ҳайси котиби масъул кор мекард, фаромӯш намуд? Бародараш, ки моро ҳамраҳӣ мекард, сари оромгоҳаш ба як ҳузни ҷигарсӯзе гуфт:
- Ана, бародари мо ин ҷойро интихоб карду ором хуфтааст…
Дар Мастчоҳ одати хубе роҳандозӣ шудааст, ки на дар ҳама минтақаҳо ҳаст. Масалан дар Панҷакенту Айнӣ. Ин ҳам бошад, аёдати барҷомондагону пирон аст. Райиси ноҳия Ғайрат Азиззода ҳатто рӯзи махсуси аёдат дорад. Меравад, ҳоли эшонро мепурсад ва то қадри имкон кӯмакашон мекунад. Бо азизон ба зиёрати чанд нафар, аз ҷумла волидайни дӯсти дурафтодаам Шоҳмансури Шоҳмирзо рафтем. Волидайн ёдат кардаанд, Шоҳмансур… Вақте гуфтам, ки дӯсти айёми донишҷӯиат ҳастам, чашмони модар дурахшид…
Он шаб бо устод Олимхон Исматӣ ва чанде аз дӯстони дигар дар хонаи Муродуллои азиз то субҳ аз хотираҳою аз ёдгораҳои умр гуфтему хандидем. Аз устод Олимхон чанд хотираю латифаҳои намакинро ҳам ба ёдгор гирифтам.
Хулоса, сафари кӯтаҳе буд, дар Мастчоҳи он субҳ дар оғӯши тумани ғафсу барфи наврехта хуфта, аммо чандин дӯсту бародар бароям арзонӣ дошту хотираҳои ширини гузаштаро бедор кард…
Сипос, ба азизоне чун Ғайрат Азиззода, Дилшод Зокирзода, Олимхон Исматӣ, Ҳасан Боқӣ, Муродулло Почозода, устод Сайидшо Акрамов, пайвандони устод Сангини Гулзод, Ҷӯра Юсуфӣ ва дигарон, ки ин як рӯзи фаромӯшношуданиеро бароям ҳадя карданд…

 

 

Хуршед АТОВУЛЛО,
Душанбе - Мастчоҳи нав - Душанбе

Хонданд 610

Водии зарнисор

Март 03, 2018
Хонданд: 341

Қуллаҳои сарбаланди гулбасар дорад Ҳисор,

Мардуми меҳмоннавози боҳунар дорад Ҳисор.
Сабздомон боғу гулгашташ ба монанди биҳишт,
Ҷой андар дидаи аҳли башар дорад Ҳисор.
Воқеан, водии Ҳисор яке аз минтақаҳои зеботарини диёрамон буда, имрӯзҳо беш аз пеш зебову дилрабо гашта истодааст. Иморату хонаҳои хуштарҳу дилкаш ва иншооти замонавии басо муфидро мебиниву ба офарандаашон гаштаву баргашта сано мехонӣ.
Давоми чанд соли охир дар ин диёри соҳибтамаддун як қатор иншооти бузург, аз қабили мактаби №1, Мактаби президентӣ, майдони варзишӣ барои 20 000 ҷойи нишаст, чойхонаи «Харбуза», Қасри фарҳанг, Китобхона, Осорхона, меҳмонхонаҳо дар маҳаллаи Н. Қаюмов ва дар маркази шаҳрак як қатор хонаҳои баландошёна, бинои Маркази савдои Ҳисор, роҳҳо, нуқтаҳои хизматрасонӣ ва савдо сохта ба истифода дода шуданд.
Мардуми сарбаланд, бахусус соҳибкорони ҳамаи ҷамоатҳои шаҳр барои гулгулшукуфии он заҳматҳои худро дареғ надоштаанд. Дар Ҷамоати шаҳраки Ҳисор, Ҷамоати шаҳраки Шарора, Ҷамоати деҳоти Ҳисор, Ҷамоати деҳоти Ориён, Ҷамоати деҳоти Дурбат, Ҷамоати деҳоти Сомон, Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, Ҷамоати деҳоти Алмосӣ, Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Куҳӣ, Ҷамоати деҳоти Навобод, Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо ва Ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода корҳои зиёди ободонӣ ба хотири пешрафт ба сомон расонида шудаанд. Инҷо аз ёрмандиҳои соҳибкорон Тошев Бобокалон, Маҳмуродов Бобокалон, Бахтиёр Убайдуллоев, Луғмон Нарзуллоев, Иброҳимов Саъдӣ, Усмонов Абдуҳалим, Икромиддин Баҳодуров, Музаффар Усмонов, Дилшод Камолов, Маҳмадӣ Тӯраев, Ҷӯра Маҳмудов, Ибодулло Шарифов, Нуралӣ Умаров, Амонулло Камолов, Диловар Назаров, Бекмурод Шеров, Маҳмадӣ Ғаниев, Бахтиёр Нуров, Рустам Холиқов, Суннатуллоҳ Давлатов, Исмат Раҷабов, Шералӣ Зуҳуров, Сайфиддин Тӯхтаев, Умед Файзуллоев, Шеров Дӯстмурод, Холматов Аҳлиддин, Бобомуродов Зафар, Сафаров Муҳаммадамин, Эшназаров Бекмурод, Бобоҷонов Муҳибулло, Ҳикматов Муқим, Убайдулло Саъдуллоев, Меликов Ҳасан, Холов Баҳром, Сулаймонов Бобокалон, Каримов Холмурод, Собиров Бобоалӣ, Қурбонов Насриддин, Холов Азиз, Сабзов Заробиддин, Неъматов Илҳомиддин, Мансуров Шараф, Зайдов Воҳид, Норбеков Муҳаммадалӣ, Раҳимов Воҳид, Миров Дилшод, Миров Муҳиддин, Раҳмонов Усмоналӣ, Расулов Тоҳир, Қодиров Ҳабибуллоҳ, Мирзомақсуд Солиҳов, Ашӯралӣ Ҳакимов, Ҳақризо Юсуфов ва дигарон метавон махсус зикр намуд. Ин нафарон ва дигар соҳибкорони шаҳри зарнисори Ҳисор бо хидматҳои арзандаи худ дар бештару беҳтар обод гаштани ин минтақаи диёри азизамон саҳм гузоштаанд, ки мардум аз онҳо миннатдору сипосгузоранд.
Ҳамагон медонем, ки вақте сайёҳ ва ё меҳмоне ба диёрамон ворид мегардад, аввал ба осорхонаҳо таваҷҷуҳ медиҳад. Бинои хуштарҳу замонавии Осорхонаи таърихию кишваршиносии шаҳри Ҳисор бо фароҳам овардани имконияту шароити зарурии корӣ соли 2015 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бинои мазкур сеошёна буда, дорои 12 толори намоишӣ, ҳуҷраҳои корӣ, фонди асосию захиравӣ ва 5 шуъба мебошад, ки алҳол 30 нафар кормандон дар он фаъолият доранд. Аз ҷумла, 10 нафар бо маълумоти олии соҳавӣ, 2 нафар бо маълумоти олии умумӣ, 11 нафар - миёнаи касбӣ, 6 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ. Фонди асосии осорхонаро 4514 осор, 880 адад фонди ёрирасон (захиравӣ), 555 адад китобҳои бадеӣ, 64 адад дастхатҳо, 47 адад энсиклопедияҳо, 35 адад китобҳои нодир ташкил медиҳанд.
Дар соли 2017 аз Осорхонаи шаҳри Ҳисор зиёда аз 2000 нафар тамошобинон ва меҳмонон (ба истиснои нафароне, ки дар рӯзҳои иқдоми «Дарҳои кушод» ворид шудаанд) дидан кардаанд.
Айни замон дар бинои дуюми осорхона бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» гӯшаи намоиши ҳунарҳои мардумӣ кушода шудааст, ки бинандаро ба ваҷд меорад. Ба гуфтаи корманди Осорхонаи шаҳри Ҳисор Марҳабо Забарова, «ҳунари гулдӯзии тоҷикон санъати нафиси қадима буда, яке аз шаклҳои санъати амалию ороишии мардуми мо ба ҳисоб меравад. Пайдоиши он ба давраи аввали ҳаёти инсонӣ - асри сангин мансуб дониста мешавад. Зеро дӯхтани либос аз пӯсти ҳайвонот дар ҳамин давра пайдо шуда, бо гузаштан аз даравшҳои сангӣ ба даравшҳои устухонӣ ва баъдтар аз сӯзанҳои устухонӣ ба сӯзанҳои оҳанӣ ва оҳиста-оҳиста ба пайдо шудани санъати бофандагиву рангпардозӣ расида, рушду такмил меёбад. Бинобар нисбатан осон будани ҳунари гулдӯзӣ аз давраҳои қадим то имрӯз ин ҳунар аҳамияти худро гум накарда, баръакс инкишоф ёфтааст ва ҳоло ҳам ҷузъи муҳими санъати ороишии халқи тоҷик мебошад. Ин намуди санъати ороишӣ дар шаҳру вилоятҳои қадимаи тоҷикин - Балх, Ҳирот, Ҳисор, Бадахшон, Суғд, Хатлон, Бухоро, Самарқанду Хуҷанд ва дигар минтақаҳо ба таври васеъ ривоҷ ёфта буд».
Бояд гуфт, ки намунаи олии ҳунарҳои мардумиро дар Қалъаи Ҳисор низ метавон вохӯрд. Албатта, ҳамагон медонем, ки ин мавзеъ яке аз беҳтарин ҷойҳои мувофиқ барои сайёҳӣ аст ва мардуми зиёде ташриф овардаву болидаруҳ мегарданд.
Дар ин мавзеъ аз тарафи мутахассисони шуъбаи меъмории мамнуъгоҳ лоиҳаҳои барқарорсозии девори мудофиавии намои қалъа, дӯконҳои ҳунармандон, қасри ҳокими Ҳисор, дарвозаҳои Аскархона ва Уштурхона, чашмаи Аскархона, Чойхона, Наврӯзгоҳ ва бинои Корвонсарой тайёр ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карда шудааст. Аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳрофар» лоиҳаи ободонии майдони Регистон омода гардидааст. Дар асоси Нақшаи кулл ва лоиҳаи «Азнавсозии Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» аз тарафи «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои тармимӣ-барқарорсозӣ дар биною иншооти мамнуъгоҳ - «Дарвозаи Аскархона», «Чойхонаи Миллӣ», «Растаи Ҳунармандон», «Наврӯзгоҳ», «Чашмаи Аскархона», «Девори мудофиавии намои Қалъа», «Суҳбатгоҳҳо бо ороишоти кандакорӣ», «Ободонии майдони Регистон» ва «Таваққуфгоҳ» ба маблағи 11422950 (ёздаҳ миллиону чорсаду бисту ду ҳазору нуҳсаду панҷоҳ) сомонӣ гузаронида шудааст. Дар даромадгоҳи Қалъа дӯконҳои ҳунармандон сохта ба истифода дода шудааст.
Дар марҳилаи дуюми «Барномаи ҳифзу нигаҳдории ёдгориҳои таърихию меъморӣ» 4500000 (чор миллиону панҷсад ҳазор) сомонӣ барои корҳои тармиму барқарорсозии «Қасри ҳоким»-и Ҳисор ҷудо шудааст. Дар соли 2016 корҳои тармимӣ-барқарорсозӣ аз тарафи «Муассисаи давлатии илмӣ-истеҳсолии ҳифзу нигаҳдории ёдгориҳои таърихию меъмории Вазорати фарҳанг» дар теппаи баланди қалъа ба маблағи 893111 (ҳаштсаду наваду се ҳазору яксаду ёздаҳ) сомонӣ ба анҷом расонида шуда буд. Соли 2017 бошад, то аз тарафи «Муассисаи давлатии илмӣ-истеҳсолии ҳифзу нигаҳдории ёдгориҳои таърихию меъмории Вазорати фарҳанг корҳои барқарорсозӣ ба маблағи 1331387 (як миллиону сесаду сию як ҳазору сесаду ҳаштоду ҳафт) сомонӣ ба анҷом расонида шудааст. Ҳоло корҳои барқарорсозӣ дар қасри ҳокимнишини Қалъа идома дорад. Барои корҳои тармимию барқарорсозии ёдгориҳои таърихию меъмории Ҳисор дар соли 2018 маблағи 1500000 (як миллиону панҷсаду ҳазор) сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Бо як ҷумла метавон хулоса намуд, ки Ҳисори Шодмон воқеан диёри зарнисор ва дорои намои пуршукуҳу мардуми меҳмондӯст аст, ки ҳатман сайёҳону меҳмононро мафтун мекунад.

«САМАК»

Хонданд 341

Гиёҳҳои шифобахши Тавилдара

Март 03, 2018
Хонданд: 242

Тавилдараро аз лиҳози ҷойгиршавии ҷуғрофиаш ва манзараҳои табиияш сарзамини сайру саёҳати сайёҳон гӯем ҳам, хато нахоҳем кард, зеро он чизе ки ҳангоми сайру саёҳат пеш меояд, ҳама табиианд. Чизе сохтаву бофта нест, дар назари бинанда ҳама табииву зебост. Воқеан, гулу гиёҳҳо, буттаву дарахтон, хониши кабкону чаҳ-чаҳи булбулон дар ин диёр ин гуфтаҳои моро тасдиқ мекунанд.

Мутаассифона, ба ин гулу гиёҳҳо ва буттаву дарахтони шифобахш на мардуми бумӣ ва на мардуми дигар минтақаҳои Тоҷикистон дастрасӣ надоранд ва аз онҳо истифода намекунанд. Сабаби асосиро дар он мебинем, ки мо аз таъриху фарҳанги ниёгон ва ҳунарҳои мардумии худ дар канор мондаем.
Соли 2018-ро Пешвои миллат беҳуда соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон накардааст.
Аслан, маънои ҳунарҳои мардумӣ бо як навохтани тору дутор маҳдуд набуда, он эҳёи ҳунарҳои манфиатовари ба гӯшаи фаромӯшӣ афтодаро дар бар мегирад. Имрӯз дорувориҳои аз кишварҳои мухталиф ба кишвар воридшуда моро ба ташвиш андохтааст. Дар ҳоле, ки мо метавонем аз гиёҳҳои шифобахшу фаровон ва таҷрибаи асрҳо андӯхтаи мардум, ки имрӯз тибби мардумиаш меноманд, истифода намоем. Борҳо шоҳиди он шудаам, ки корафтодагон дар куҳистон машғули ҷамъоварии алафҳои табиӣ буданд. Дар суҳбат бо онҳо маълумам гардид, ки аксарият қоидаҳои ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахшро намедонанд. Маҳз дар ин ҷода мо бояд ба таҷрибаи андӯхтаи ниёгонамон такя намоем, то дар охири кор гиёҳи ҷамъкардаи мо хусусиятҳои шифобахшии худро гум накунад.
Вақтҳои охир аз байн рафтани баъзе гиёҳҳои шифобахш ба назар мерасад. Агар қоидаи ҷамъвариро риоя накунем, дар солҳои наздик гиёҳҳоеро аз қабили чукриву ров ва пиёзи анзур барои доругӣ ҳам пайдо карданамон дар гумон аст. Ташвиши дигар он аст, ки мо қоидаҳои чаронидани чорворо ба назар нагирифта, табиати зеборо беамон зери суми чорво менамоем. Ба ақидаи мутахассисон дар як гектар бояд меъёри муайяни чорво чаронида шавад, аммо мутаассифона ин қоида ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст. Дарди дигари гулӯгиркунада дар солҳои охир ин истифодаи беинсофонаи «Бензопила» дар ҷангал мебошад. Таҷриба нишон додааст, ки баъди истифодаи он дарахт дигар аз реша ҳам сабз нашуда, мехушкад.
Биёед, акнун хулоса барорем, ки мо бо ин ҳолу бо ин беинсофиамон нисбати табиати зебоманзар то ба куҷо мерасем? Агар кор ҳамин аст, чӣ гуна мо метавонем супоришҳои Сарвари давлатро оиди проблемаи доруворию саломатии миллат ва рушди соҳаи сайёҳӣ, ки он метавонад зидагии моро бою рангинтар гардонад, иҷро намоем? Агар кор ба ҳамин минвол идома ёбад, мо ба сайёҳон кадом табиати худро нишон медиҳем? Пас, биёед сари ин камбудиҳои худ андеша намоем ва дар пайи ислоҳи онҳо бошем.

Маҳмадӣ АВАЗОВ

Хонданд 242

Хабари-рӯз

Календар

« Октябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.