.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Минтақа

Истаравшан: Натиҷаҳо назаррасанд

Янв 20, 2018
Диданд: 496

Дар шаҳри Истаравшан биноҳои 12 ва 16-ошёнадор қомат меафрозанд, ки сохтмони онҳо тибқи нақша рӯзҳои наздик оғоз ёфта, намунае аз вусъати созандагию бунёдгарӣ маҳсуб меёбанд. Ба ҳамин монанд, дар шаҳр 30 иншооти гуногун сохта ба истифода дода мешавад.

Ободонии шаҳр дар ду самт ҷараён дорад: бунёди иморатҳои нави муосири истиқоматӣ, хизматрасонии маишӣ, саноатӣ, фарҳангӣ, варзиш ва тармиму таҷдиди ёдгориҳои таърихӣ. Чунончи, Қалъаи бостонии Муғ аз нав эҳё шуда, шаҳри қадима будани Истаравшанро дар назари сокинону меҳмонони хориҷӣ ҷилвагар месозад. Дар масоҳати қалъа дар паҳнои дусад метри мураббаъ сохта ба истифода дода шудани биноҳои муосир барои намоиши ҳунарҳои бадеии халқ ва амфитеатр ба ҳусни ин ёдгории бостонӣ шукуҳи тоза бахшидааст.
Бухусус иморати бузурги «Амфитеатр», ки барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ пешбинӣ шудааст, хеле ҷолибу назаррабо буда, санъати меъмории муштараки муосир ва қадимаро дар худ таҷассум кардааст.
Сокинони шаҳр соли гузашта Рӯзи Ғалабро дар майдони нави замонавии Ғалаба истиқбол гирифтанд, ки ба таври шинохтанашаванда ободу зебо гардонида шудааст. Ба иншооти мазкур Раиси шаҳр Баҳром Иноятзода бо дуои пирони рӯзгордида ифтитоҳ бахшид. «Ин одат дар дилу равони ӯ реша давондааст,- мегӯянд мардуми шаҳр.- Вай аксар кору чорабиниҳоро маҳз бо иштирок ва маслиҳати куҳансолон мегузаронад, зеро дуои пирон ҳамеша файзу баракат меорад».
Дар суҳбат бо масъулини соҳа маълум гардид, ки бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва сармоягузорон дар соли 2017 иҷрои корҳои сохтмон дар ҳаҷми 29 миллиону 542,7 ҳазор сомонӣ таъмин гардидааст, ки ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли 2016 зиёд мебошад.
Вусъати корҳои сохтмонӣ ба ободу зебо гардонидани маҳали зист, афзоиши хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо, марказҳои истироҳату фароғат, майдону толорҳои варзишӣ ва дигар бахшҳои ободонӣ мусоидат намудаанд.
Мисоли равшани баракати мулоқоту суҳбатҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо пирони рӯзгордида он аст, ки натиҷаҳо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр назаррас буда, нақша-чорабиниҳои пешбинишуда барзиёд иҷро гардидаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан имрӯзҳо ҳадафу вазифаҳои навбатии худро мутобиқ ба нишондодҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, иҷрои босуботи нақшаву вазифаҳои Паёмро мақсаду мароми худ қарор додаанд. «Мо қобилияти ташкилотчигӣ, донишу маҳорат ва қувваю истеъдоди худро сидқан баҳри татбиқи муваффақонаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат равона кардаем, ки ҳадафи аслӣ ҳарчи бештар баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ба шумор меравад»,- изҳор медорад Раиси шаҳр Баҳром Иноятзода.
Бояд гуфт, ки дар соли сипаришуда иҷрои буҷети давлатӣ дар Истаравшан ба маблағи 144 миллиону 111 ҳазор сомонӣ таъмин гардида, аз нақша 5 миллиону 593,2 сомонӣ зиёд аст. Нақшаи буҷети маҳаллӣ низ барзиёд иҷро гардида, маблағи 95 миллиону 235,7 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст.
Тибқи нишондодҳои Паём, Ҳукумати кишвар вазифадор гардидааст, ки бо дарназардошти талаботи воқеии аҳолии мамлакат бо маводи озуқа ва дастрасии сокинон ба ғизои хушсифат барномаи нави давлатии амнияти озуқавориро таҳия ва татбиқ месозад. Ин дастури Пешвои миллат бар дӯши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан низ вазифаҳои нав ва масъулияти баланд вогузор мекунад.
Мусаллам аст, ки истеҳсолоти саноатӣ, таъсиси корхонаҳои хурду калон пешбарандаи иқтисодиёт, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромад ба буҷет ва дар маҷмуъ, омили ҳалли муҳимтарин масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад. Чунончи, дар соли 2017 дар заминаи бунёди 9 корхонаи нави саноатӣ, истифодаи иқтидорҳои бозистода дар Истаравшан қариб 2 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Саноатчиёни шаҳр дар соли 2017 иҷрои нақшаро ба маблағи 355 миллиону 907,7 ҳазор сомонӣ таъмин намудаанд, ки ин 116,6 фоизро ташкил медиҳад.
Манбаи таъминоти корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом, бешак, соҳаи кишоварзист. Аз ин рӯ, дар радифи ободонию бунёдгарӣ ба рушди соҳаи мазкур ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат - амнияти озуқаворӣ, ташаккулдиҳандаи иқтидори содиротӣ ва муҳимтар аз ҳама, ташкили ҷойҳои нави корӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Тайи солҳои охир баланд бардоштани фарҳанги заминдорӣ, истифодаи самараноки обу замин ва вусъати кишти такрорӣ ба афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намудаанд. Айни ҳол дар ҳамаи сохторҳои кишоварзии Истаравшан 52 994 гектар заминҳои кишоварзӣ вуҷуд доранд, ки зиёда аз 24 ҳазор гектари он заминҳои корам мебошанд.
Дар соли сипаришуда 295 хоҷагии деҳқонии оилавӣ ва инфиродӣ ташкил карда, дар натиҷа, теъдоди чунин хоҷагиҳо ба 9 176 адад расонида шудааст.
Дар давоми соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ беш аз 858 миллион сомониро ташкил додааст. Аз ҷумла, истеҳсоли ғалладонагӣ 35598,7 тонна, картошка 35986 тонна, сабзавот 72282 тонна, мевагӣ 9559 тонна, ангур 26059 тонна, полезӣ 10344 тонна таъмин гардидааст, ки ин нишондиҳандаҳо дар муқоиса ба соли 2016 зиёд аст.
Масоҳати боғот дар сохтори хоҷагидорӣ ҳамасола васеъ гашта, айни замон 2114 гектар боғи мевадиҳанда мавҷуд аст, ки аз он 143 гектар боғоти меваҳои донакдор ва 1971 гектар боғи меваҳои тухмдор мебошанд. Бо мақсади заминагузорӣ ба ҳосили нав дар масоҳати зиёда аз 5 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст.
Дар соли сипаришуда соҳаҳои чорводорию парандапарварӣ низ самараҳои дилхоҳ додаанд. Дар ин давра 4 872 тонна гӯшт ва 16 миллиону 592 ҳазор дона тухм тухм истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса ба давраи соли 2016 мутаносибан 113 тонна гӯшт ва 2 миллиону 508 ҳазор дона тухм зиёд аст.
Рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг низ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб ёфта, дар маркази диққати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад. Бояд гуфт, ки роҳбарону мутахассисони соҳаҳои мазкур аз ғамхориҳои доимии Ҳукумати кишвар оид ба тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии онҳо ҳамеша изҳори сипос мекунанд. Аз ҷумла, 15 фоиз зиёд шудани музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати Миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2018 пешбинӣ шудааст, онҳоро руҳбаланд намуд.
Дар соҳаи варзишу солимгардонӣ, бешак, рақамҳои зерин боиси ифтихору хушҳолист: Дар соли 2017 зиёда аз 10 700 нафар варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ фаъолона иштирок намуда, дар маҷмуъ ба 1074 медал соҳиб шуданд, ки аз онҳо 313 медали тилло, 310 медали нуқра ва 451 медали биринҷӣ мебошанд. Мавриди зикр аст, ки дастаи футболи «Истаравшан» дар Лигаи 2-юми вилояти Суғд ба ҷойи аввал сазовор гашт. «Мо иқдоми ватандӯстонаи мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо оид ба вусъати сохтмони майдону майдончаҳои варзишӣ, ки дар Паём зикр гардидааст, комилан дастгирӣ карда, дар ин самт нақшаю вазифаҳои ҷолиб пешбинӣ намудаем»,- мегӯянд роҳбарияти шаҳр.
Айни замон дар шаҳри Истаравшан 271 иншооти варзишӣ мавҷуд аст. Бо дастгирии соҳибкорону алоқамандони соҳаи варзиш 6 майдончаи навъи сунъӣ ва як маркази фитнес ва тенис ба маблағи як миллиону 424 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, корҳои сохтмонӣ дар ин самт идома меёбанд.
Мардуми шарифи Истаравшан ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро хеле хуш пазируфта, онро боз як ғамхории беназири Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ, фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа, сарфаю сариштакорӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимон, маъюбону бепарасторон ва дар маҷмуъ, беҳдошти рӯзгори ҳар як хонавода арзёбӣ мекунанд. Дар заминаи риояи талаботи Қонун бо иқдоми мақомоти иҷроияи шаҳр 20 хатнасури хайриявӣ бо ҷалби 70 нафар кӯдакон ва 4 ҷуфт тӯйи арӯсию домодии хайриявии оилаҳои камбизоат гузаронида, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд.
Чуноне ки маълум аст, дар Паём ба вазъи сиёсии ҷаҳон баҳои воқеӣ дода, аз раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави «ҷанги сард» изҳори нигаронӣ карда шудааст. Бо дарназардошти ҳолати мазкур оид ба тақвияти ҳамкориҳои бештар бо ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин ба роҳ мондани ҳамкориҳои фарогир вазифаҳои муҳим ба миён гузошта шудааст. Бо мақсади пешгирии зуҳуроти нангини терроризм ва эктремизм, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои ифротгароӣ, рафъи ҷинояткориву қонуншиканиҳо дар Истаравшан маҷмуи чорабинҳои оммафаҳмонӣ ва мулоқоту вохӯриҳо бо иштироки васеи сиёсатмадорон, намояндагони ҳифзи ҳуқуқу тартибот, зиёиён ва дигар масъулон амалӣ гардонида шуда, ин тадбир минбаъд низ бо дарки масъулиятшиносии баланд идома хоҳад ёфт.
Ҳамчунин, дар робита бо нишондодҳои Паём, мақомоти иҷроияи шаҳр тасмим гирифтааст, ки ба нақшаву чорабиниҳо ва барномаву лоиҳаҳои навбатӣ оид ба рушди хоҷагии халқ аз ҷумла вазифаҳои зеринро ворид намояд: дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» андешидани чораҳо оид ба пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ, таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти арзону хушсифат, ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, такмили идоракунӣ, баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ, ташкили ифрасохтори муосири табобативу солимгардонӣ, вусъати корҳои бостоншиносӣ ва омӯзиши таъриху фарҳанги аҷдодӣ, беҳдошти сифати таълиму тарбия, рушди фарҳанг, пурра гардонидани сафи кадрҳои соҳаи мазкур. Муҳимтар аз ҳама, пайваста боло бурдани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар руҳияи инсонпарварӣ ба камол расонидани насли наврас чун ҳамеша дар маркази диққати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан қарор дорад.

Азизмурод ШАРИФОВ

Хонданд 496

Қиссаи хонадоршавии Эмомалӣ

Янв 13, 2018
Диданд: 598

Гузориш аз маросими тӯйи арӯсиву домодие, ки бо дастури Президент доир шуд

Зуҳри якшанбеи ҳафтаи аввали соли нави мелодӣ дар тарабхонаи ҷадиду бошукуҳи шаҳри Панҷакент, ки номи «Меҳру муҳаббат»-ро дорад, тӯйи арӯсиву домодие баргузор гардид. Ин тӯй аз тӯйҳои дигари арӯсӣ ба куллӣ аз лиҳози баргузориву суннатҳояш тафовут дошт. Зеро ин сури оддие, ки танҳо бо хоҳиши арӯсу домод ва волидайни эшон баргузор гардад, набуд. Ин тӯй бояд аз рӯи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳангоми ифтитоҳи Корхонаи металлургии ширкати саноати куҳии Тоҷикистону Чин дар шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар), баргузор мегрдид.
Инак, бо гузашти камтар аз 2 моҳ маросими тӯйи хонадоршавии арӯсу домод Эмомалӣ Норов ва Шоҳина Муъминзода, зодагони деҳаи Бедаки ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент бо ширкати намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Панҷакенту Истиқлол, намояндагони Корхонаи металлургии ширкати саноати куҳии Тоҷикистону Чин, ақрабо ва пайвандони арӯсу домод баргузор гардид.
Ана дар ҳамин корхона, ба ҳангоми ифтитоҳи он, мутахассиси ҷавоне оид ба корхонаву фаъолияти минбаъдаи он ба забони тоҷикиву чинӣ баромад намуд. Суханрониву маҳорати ин ҷавон президентро ба худ ҷалб намуд ва ҳини суҳбати бевосита Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз ин ҷавон пурсон шуд, кӣ чӣ ном дорад? Вай гуфт, ки Эмомалӣ ном дорад. Аз ин ҳолат Ҷаноби Олӣ ба ваҷд омада, аз шароити зиндагиаш пурсон мешавад. Эмомалӣ мегӯяд, ки аслан зодаи деҳаи Бедаки шаҳри Панҷакент асту алҳол хона ҳам надораду оиладор ҳам нест. Ҷаноби Олӣ ба роҳбарияти ҳукумати вилояти Суғд супориш медиҳад, ки ин ҷавони ҳунарманду чашми кордон ва донандаи хуби забони чиниро бо хона таъмин ва барои хондоршавиаш кӯмак кунанд.
Ин супориши президенти кишварро рӯзи 7-уми январи соли ҷорӣ ҳукумати вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент бо баргузории тӯйи Эмомаливу Шоҳина ҷомаи амал пӯшониданд.
Назди тарабхонаи бошукуҳи «Меҳру муҳаббат» фазои мутантанеро ба худ гирифта буд. Ҳама ҷамъомадагон омадани арӯсу домодро мунтазир буданд. Замоне арӯсу домод дар як мошини вижаи ороишдода ба назди дарвозаи тарабхона меоянд ва онҳоро кормандони ҳукумати шаҳри Панҷакент, даҳҳо тан аз роҳбарону ҳамкасбон, хешу ақрабо ва пайвандон бо гулу гулдастаҳо ва садои мутантани дафу доира пешвоз гирифта, ба хонаи бахт раҳнамун месозанд.
Нахустсухани тӯйро муовини раиси шаҳри Панҷакент Зайнура Азимӣ ҳусни оғоз бахшида, ба аҳли ҷамоат гуфт, ки тӯйи арӯсиву домодие, ки имрӯз баргузор мегардад, тӯйи оддӣ ва муқаррарӣ нест, зеро он бо ҳидояти Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии моливу ҳамаҷонибаи эшон, инчунин раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ имрӯз баргузор мегардад. Хонум Азимӣ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода бори дигар шаҳу арӯсро табрику шодбошӣ намуда, ба онҳо дар ҷодаи зиндагӣ хушбахтиву пирӯзиҳо таманно намуд.
Баъдан Аминҷон Шарифзода, муовини аввали раиси шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд навхонадоронро табрик намуда, аз номи ҳукумати шаҳри Истиқлол калид ва асноди хонаи 2-ҳуҷрагиро дар шаҳри Истиқлол ба Эмомалӣ ва Шоҳина тақдим сохт.
Муовини Директори кулли минтақаи саноатии Тоҷикистону Чин У Чун Хен ҳам арӯсу домодро ба муносибати тӯйи хонадоршавиашон шодбош гуфта, дар назди ҳозирин ба домод ваъда кард, ки аз ҷониби Корхонаи металлургии ширкати саноатии Тоҷикистону Чин Эмомалӣ Норов барои таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ ба кишвари Хитой фиристода мешавад. Аз чунин ваъдаву туҳфаҳо арӯсу домод худро боз ҳам хушбахттар эҳсос намуда, ба ваҷд меомаданд. Ба ҳангоми рақсу суруди тӯёна аз ҷониби ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳри Панҷакент бо раҳбарии мудири он Мизроб Бобораҷабов, бо як ҳолати фараҳафзое ҳамроҳи хешу таборон ва ҳамкорону пайвандон мерақсиданду меболиданд. Дар баробари онҳо чӣ меҳмонону чӣ ҳозирин аз ин ҳолати фараҳфизо шодишикан мешуданд. Раҷабалӣ Норов, падари домод ҳам хеле аз чунин як тӯйи боҳашаммати фарзандаш, ки ройгон баргузор мегардид, шоду мамнун буду ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ҳукумати Тоҷикистону ҳукумати вилояту маҳаллии шаҳри Панҷакент ва ҳама созмондиҳандагони ин тӯй миннтадорӣ менамуд.
Идрис Норов, як тан аз дӯстони ҷониву қарини Эмомалӣ Норов мегӯяд, онҳо аз овони кӯдакиашон дӯст буданду мададгори ҳамдигар то ин замон. Вай афзуд, ки Эмомалӣ аз даврони таҳсил дар мактаби миёна ба донишандӯзӣ, ба вижа фанни ҷуғрофияву табиатшиносоӣ, завқи беандоза дошт: «Ҷӯраи ман Эмомалӣ Норов Донишкадаи металлургиро бо ихтисоси корҳои канданиҳои кушоди куҳӣ хатм намуда, фаъолияташро ба ҳайси корманди Корхонаи металлургии ширктаи саноати куҳиву саноатии Тоҷикистону Чин, воқеъ дар шаҳри Истиқлол оғоз намуд».
Корхонаи мазкур бо маблағи 57 млн доллари амрикоӣ бунёд ва бо иқтидори коркарди 50000 тонна сурб дар як сол ба фаъолият шуруъ намудааст. Дар ин корхона, ки моҳи ноябри соли 2017 ба кори хеш оғоз намуд, 600 нафар кормандон бо ҷои кори доимӣ таъмин шуданд.
Тӯй бо як марому шодию фараҳ, рақсу бозии ҳозирин идома дошт. Эмомалӣ Норов пас аз ҷамбасти тӯйи арӯсиву домодиаш зимни суҳбат гуфт: «Ман дар соли рафта ва соли омада хушбахттарин ҷавонам. Зеро 16-уми ноябри соли 2017 пас аз ифтитоҳи корхонаамон дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд, Ҷаноби Олӣ бо сокинону фаъолон ва коршиносону мутахассисони ин корхона мулоқот доир намуданд. Ба ҳангоми суханрониам ва шинос намудан бо тарзи корҳои фаннии корхона, ки бевосита ба забони тоҷикиву хитойӣ ҳарф мезадам, баъди адои суханҳоям, Ҷаноби Олӣ аз боби вазъи оилавиам пурсон шуданд. Гуфтам, ки муҷаррадаму хона надорам ва бо як ишораи Президенти кишвар барои ман роҳбарони вилояти Суғд, ба вижа Абдураҳмон Қодирӣ, манзил ҷудо намуданд, ки ҳоло ҳуҷҷатгузорӣ мешавад. Тӯямро низ бо кӯмаки онҳо имрӯз чуноне, ки дидед, баргузор намуданд. Бо ин далелҳо гуфтаниам, ки банда худро ҷавони хушбахт дар соли куҳнаву нав меҳисобам. Чунки дар охири соли гузашта як қисмати гуфтаҳои Ҷаноби Олӣ, яъне хонагирӣ дар соли 2017, ки соли мурғ буд ва хонадоршавӣ дар ҳафтаи аввали соли 2018, ки соли сагу рамзи вафодорист, баргузор гардид ва мо бо ҳамсарам Шоҳина барои чунин ғамхориҳо таҳти раҳбарии Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар оилаву зиндагӣ, балки дар иҷрои вазифаи хеш ҳам барои ватану корхона вафодор хоҳем монд».
Бояд ёдовар шуд, Эмомалӣ Норов дуввумин ҷавон аст, ки бо дастури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон соҳиби хонаву дар мегардад.
Рӯзи 27-уми августи соли 2017 дар тарабхонаи «Мафтуна»-и шаҳри Қӯрғонтеппа тӯйи Саидшо Асроров, як сокини ноҳияи Бохтар бо арӯсаш Марҷона Худойдодова доир шуда буд, ки ин тӯй ҳам бо дастури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16-уми август ба ҳангоми мулоқоташ бо сокинон дар ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар сурат гирифта буд.

Шоҳин ОБЛОҚУЛЗОДА, «ФАРАЖ»

Хонданд 598

ҚИССАИ ОШИ ПАЛАВИ БАЛОИ ҶОН

Янв 13, 2018
Диданд: 366

Атрофи ҳодисаи нохуши даҳшатовар, ки дар арафаи Соли нав дар шаҳри Хуxанд рух дод овозаҳои зиёд паҳн шуданд. Шунавандагон ҳодисаро ба таври худ шарҳ медоданд, бисёриҳо гумон мекарданд, ки ошхӯрон аз шароби худсохти пастсифат заҳролудшуда ҳалок гаштанд, аммо ин овозаҳо беасос баромаданд, зеро дар байни ошхӯрон нафароне буданд, ки шароб наменӯшиданд.

Дар иду айём гаштаку оши ҳарифона пухтан байни мардуми мо анъана шудааст, ҳамкорон, шарикдарсон, ҳамсояю, хешу табор оши палав мепазанду якҷоя истеъмол менамоянд, вале заҳролуд шудани ошхӯронро калонсолон солҳои зиёд нашунидаанд. Маълум мешавад, ки дар таҳхона, анбор, чойхона ва дигар ҷойҳои ба талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ набуда, хӯрок пухтану истеъмол намудан бехавф набудааст.
Сабаб чӣ бошад, ки чор нафар сокини шаҳри Хуҷанд аз палави истеъмол кардаашон фавтиданд. Тибқи иттилоъи мақомоти марбута шаҳрвандон Абдуҷаббор Норматов, Бахтиёр Мирбобоев, Маъруф Алиев, Носир Тоҳиров, Комил Баҳриддинов, Равшан Муъминов, Ҳотам Раҷабов ва Комил Зокиров дар назди бинои 5, микроноҳияи 19- и шаҳри Хуҷанд тақрибан соати 12-и 30 - юми декабри соли 2017 оши палави ҳарифона ташкил намуда, онро якҷоя истеъмол менамоянд. Ҳамзамон аз он палав ба ҳамсари Абдуҷаббор Норматов - Муборак Норматова як коса ош мефиристанд, ки охирон аз он таом каме истеъмол менамояд. Баъди шаш соати истеъмоли палав шаҳрвандон Абдуҷаббор Норматов ва Муборак Норматова дар вуҷудашон нороҳатиро эҳсос менамоянд ва то соати 22 ба худмуолиҷа машғул мешаванд. Баъд мошини «Ёрии таъҷилии тиббӣ»-ро даъват менамоянд. Онҳоро дар беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд бистарӣ мекунанд ва табибон меъдаи беморонро мешӯянд.
Тақрибан соати 23-55 тариқи ёрии таъҷилии тиббӣ боз як бемор бо нишонаҳои дилбеҳузурӣ, паст шудани фишори хун, сарчархзанӣ, қайъкунӣ ба беморхонаи номбурда оварда шуд, ки Бахтиёр Муртазоев, сокини шаҳри Хуҷанд, микроноҳияи 19, хонаи 3, ҳуҷраи 24 низ аз ин оши ҳарифона истеъмол намудааст.
Тибқи иттилоъи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд аз натиҷаи муоинаи духтурон бармеояд, ки дар ҳар се бемор кабудшавии нохунҳо ва гирди лабу забон дида мешавад. Аз сабаби набудани дарунравӣ, тафси бадан, қайъкунии зиёд ташхиси заҳролудшавӣ аз ғизои манбааш сироятӣ инкор карда шуд. Дар натиҷаи муоинаи эпидемологӣ муайян шуд, ки дар оши ҳарифона ҳашт нафар иштирок дошта, фавран боз ду нафар - Равшан Муъминов ва Ҳотам Раҷабов дар шуъбаи гемодиализии беморхонаи №1-и шаҳри Хуҷанд бистарӣ карда шуданд.
Аз тарафи Маркази экспертизаи судӣ- тиббии вилояти Суғд муайян карда шуд, ки дар оши ҳарифонаи номбурдагон ба ҷойи намаки ошӣ нитрати натрий истифода шудааст.
Мутаассифона, шаҳрванд Маъруф Алиев дар маркази дилшиносӣ ва шаҳрвандон Носир Тоҳиров, Комил Баҳриддинов ва Комил Зокиров дар хонаҳои истиқоматии худ фавтиданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба аҳли оила ва пайвандони марҳумон изҳори ҳамдардии амиқ баён намуда, ба эшон сабри ҷамил ва пуртоқатиро хостааст.
Бинобар ин, сару садоҳое амсоли он, ки гӯё фавтидагон аз арақ ва дигар намуди машрубот заҳролуд гардидаанд, комилан ғалат буда, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳолати чӣ гуна роҳ ёфтани нитрати натрийро ба оши ҳарифона маълум намуда истодаанд.
Додситонии шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ки ташхиси тиббиву додгоҳӣ маълум кардааст: Чаҳор нафар дар микроноҳияи 19 - и шаҳри Хуҷанд бар асари заҳролудшавӣ аз нитрати натрий ҷон бохта, панҷ нафари дигар дар бемористон бистарӣ ҳастанд.
Додситонӣ тавассути телевизионҳои маҳаллӣ ба сокинони Хуҷанд хушдор дод, ки вақти истифодаи намак эҳтиёт бошанд. Ба гуфтаи додситонӣ ин афрод нитрати натрийро ба ҷойи намаки ошӣ дар пухтани палав истифода бурдаанд ва боқимондаи он дар як зарфи хурд дар ҷойи ҳодиса дарёфт шудааст. Дар таркиби ҷасадҳои фавтидагон миқдори кушандаи нитрати натрий ошкор шудааст.
Заҳролудшавии одамон аз нитрати натрий ибтидои солҳои 2000-ум дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Ғафуров низ иттифоқ афтода буд ва он замон чор нафар ба ҳалокат расида буданд.
Нитрати натрий (NaNO3) як моддаи кимиёии ба намаки ош монанд аст, ки онро одатан дар корхонаҳои коркарди гӯшт ба ҳайси рангбахш ва барои 100 кг гӯшт ҳамагӣ 7 грамм ва барои орд ҳамагӣ 5 грамм ба кор мебаранд. Ин модда ба нону гӯшт ранги сурхи равшан мебахшад.
Вале ин моддаи марговарро кӣ ба маҳфили солинавии ҳамсояҳо оварда, ба ҷойи намаки ош дар пухтани палав истифода кардааст ҳанӯз маълум нест. Ошпаз Комил Зокирови 67-сола аз заҳролудшавӣ фавтидааст. Ҳамсояҳои зиндамондаи ӯ гуфтаанд, ки баъди намакзанӣ ҳам ош бенамак буд, аз ин рӯ хоҳиш карданд бори дигар ба он «намак» андозад.
Ҳоло фарзияи аслӣ надониста ба палав андохтани «нитрати натрий» мебошад. Гумон меравад, ки ба ҷойи намаки ош кадоме ин моддаи кимиёвиро ба ошхона овардааст. Додситонии Хуҷанд нисбат ба ин ҳодиса тибқи моддаи 108, қисми 2-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз беэҳтиётӣ ба марг расондан) парванда боз карда, тафтиши онро пеш мебарад.
Муборак Норматова дар маҳфили палавхӯрӣ иштирок надошт, вале аз палави заҳролуд як коса фиристоданд, ки ӯ аз он каме истеъмол кардааст. Наберааш Ҷаъфари 8-сола ҳарчанд палав нахӯрдааст, вале ӯро барои санҷиш ба беморхона бурдаанд.
Аз гуфтаи табибони бемористони шаҳри Хуҷанд, танҳо 6 нафар аз заҳролудшудагон дар шуъбаи гемодеализ бистарӣ ҳастанд ва ҳоли онҳо баъди табобат беҳтар аст.
Писари Комил Бадриддинов гуфт, ки падараш ба маҳфили навбатии оши палави ҳарифона рафта буд ва хабари маргаш расид.
Акбар Шарипов, сухангӯи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд 2-юми январи соли 2018 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи ҳодисаи заҳролудшавии одамон гуфт, ки рӯзи 30-юми декабр ҳамсояҳо ба пешвози соли нав дастархони идона оростанд, ки бо фоҷиа анҷом ёфт.
Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, ки қурбониён мунтазам бо ҳам нишастҳо доштанд. Ба гуфтаи вай, ҷасади фавтидагон 31-уми декабр ба хок супурда шудаанд.
Тафтиши ин қазия идома дорад. Гумон меравад, ки аз куҷо ва чӣ тавр ба деги оши ҳарифона пайдо шудани нитрати натрийро муфаттишу таҷзиягарон аниқ менамоянд, вале чизи дигарро қайд кардан мехоҳем, ки ошпазӣ кори масъул аст ва кафкирбадаст чун духтуру ронанда бояд эҳтиёт шавад, ҳушёриро аз даст надиҳад. Оши палав таоми тоҷикӣ буда, таърихи беш аз ҳазорсола дорад ва дар ягон давру замон барои хушранг шудани он нитрати натрий ва ягон моддаи заҳролуди кимиёвиро ҳамроҳ намекарданд.

Ромиши Фирдавс

Хонданд 366

«Моҷарои тут» моҷарои кист?

Янв 13, 2018
Диданд: 385

Ба таваҷҷуҳи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, муҳтарама Озода Раҳмон

Ба таваҷҷуҳи Раиси Суди Олии ҶТ, муҳтарам Шермуҳаммади Шоҳиён
Ба таваҷҷуҳи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, муҳтарам Султонзода Сулаймон
Ба таваҷҷуҳи Прокурори генералии ҶТ, муҳтарам Юсуф Аҳмадзод
Ба таваҷҷуҳи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, муҳтарам Ибодзода Хайрулло

Баҳри тантанаи адолат ва барои ҳимояи ҳаққу ҳуқуқҳои худ баъди даводавиҳои зиёд дар долонҳои мақомоти дахлдор, мардум дари ҳафтаномаву рӯзномаҳоро кӯфта, хоҳони онанд, ки ақаллан ба ин васила адолат тантана намуда, касе баъди хондани матолиби чопшуда ба доди ин нафарон бирасад.
Аз моҳи октябри соли 2017 сар карда сокини деҳаи Баракати ҷамоати деҳоти М. Турсунзодаи шаҳри Ҳисор Бӯриев Нурмуҳаммад, ки санаи таваллудаш соли 1952 буда, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор мебошад, чандин маротиба муроҷиат намуда, хоҳони гузаронидани тадқиқоти журналистӣ оид ба мусибати ба сарашон омада гардида буд. Гап сари он мерафт, ки 01.12.2016 таҳти №922 ба шаҳрванд Бӯриева Қурбоной, ки завҷаи Бӯриев Нурмуҳаммад мебошад, 0,72 га замини ба ном дар гузашта тутзори хоҷагии 20-солагии Истиқлолият, ки дар деҳаи Баракат ҷойгир мебошад, ҳамчун саҳмияи саҳми хизматашон давоми 45 соли фаъолияти корӣ барои ташкил намудани хоҷагии деҳқонӣ дода шуда буд. Бояд Бӯриев Нурмуҳамммад ин заминҳоро коркард намуда, дар он зироатҳои гуногуни хоҷагии қишлок кишт намуда, дар ғанӣ гардондан ва амнияти озуқавории кишвар саҳми худро мегузошт. Бо ин мақсад санаи 18-19-уми марти соли 2017 Бӯриев Нурмуҳаммад бо аҳли хонаводаашон, ки зиёда 19 нафарро ташкил менамоянд, барои омода намудани замин барои киштукор ба сари заминашон омада буданд ва он ҷо 406 бех дарахтони тути қутрашон гуногунро, ки аллакай зиёда аз 25 сол пеш хушк шудаанду аз нишонаҳои ҳаёт чизе дар баданашон нест, канда, заминро барои кишти соли 2017 омода кардан хостанд.
Нонуфта намонад, ки тибқи қарори Раиси ноҳияи Ҳисор аз 28.12.2012 №2947 «Дар бораи решакан намудани боғу токзорҳо ва тутзорҳои касал, аз беобӣ хушкшуда ва камҳосили хоҷагиҳои ноҳия» майдони 2,63 га тутзори хоҷагии 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон-1 барои решакан намудан ба тасвиб расида буд. Иловатан, Бӯриев Нурмуҳаммад таҳти расиди даромад аз 25.06.2016 №157 ба хоҷагии мазкур ҳамчун пули ҳезум маблағи 4000 сомонӣ ба хазинаи хоҷагии 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон-1 супорида буд. Яъне пеш аз кандани ин тутзор, аллакай 10 моҳ пеш, маблағи ин кундақоқҳоро пардохт намуда, иҷозати роҳбарияти хоҷагиро низ барои решакан намудани ин тутҳои қоқшуда гирифта буд. Дар ҷараёни тадқиқоти журналистӣ, ки кормандон МТЖТ аз ин мавзеъ чанд маротиба дидан намуданд, муайян карда шуд, ки ин қитъаи замин ҳамчун ҷазираи мутлақ буда, ягон нафар ба ғайр аз паранда ба ҳудудҳои ин замин даромада наметавонад. Чунки аз се тараф ҷӯйборҳои калон ва чуқурии обгузар, ки чуқуриашон аз 10-15 метр зиёд мебошад, ҷойгир буда, танҳо аз тарафи шарқии замин он ба воситаи манзили истиқоматии сокини деҳаи Баракат Ёров Шариф ба «дунёи беруна» пайваст мегардад. Давоми 40-50 соли охир маҳз оилаи Ёровҳо ин заминро моли мутлақи аз Худованду давлат ба онҳо меросмонда фикр кардаву тамоми фаслҳои сол истифода мебаранд.
Аз рӯи нақли сокинон ва мутахассисони кишоварзии ин деҳа, аз як тараф хушк шудани дарахтон аз сабаби беобӣ бошад, сабаби дигараш маҳз чорвои оилаи Ёровҳо мебошад, ки ин майдони тутзорро ба ин ҳоли зор расонидаанду масъулони хоҷагӣ давоми ин қадар солҳо ин воқеаро нодида гирифтаанд ва маҳз вақте ки Бӯриев Н. мехост он заминро ба киштукори кишоварзӣ омода намояд, ба сари ӯ кормандони мақомоти дахлдор ҳозир шудаву санад ва ҳуҷҷатҳои лозимаро тартиб додаанд, ки гӯё ӯ гуноҳи азимеро содир карда бошад.
Дар вақти суҳбат бо кормандони МТЖТ раиси Кумитаи замини шаҳри Ҳисор Хоҷаев Алишер иброз намуд, ки «баҳри таҳқиқи ин масъала сармутахассиси ин идора Ганҷалов Раҷабалӣ ҷалб шуда буд. Вале ман ба шумо иттилоъ медиҳам, ки агар қарори дахлдор оид ба решакан намудани ин тутзорҳо ба тасвиб расида бошад, он қувваи қонунӣ дорад. Замин, ки боигарии давлат аст, бояд баҳри рушду нумуи кишвар хизмат намояд. Вале дар масъалаи ба ҷавобгарӣ кашидани Бӯриев Н. ман чизе гуфта наметавонам. Ҳол он ки, мувофиқи гуфтаи шумо, вай ҳатто маблағи дарахтони хушкшударо ба хоҷагӣ пардохт намудааст».
Барои боз ҳам возеҳтару равшантар ва қонунӣ будани решакан намудани ин тутзорҳоро маълум кардан ба Вазорати кишоварзии ҶТ бо мактуби расмӣ муроҷиат намуда, аз Вазорат дархост намуда будем, ки қонунӣ будан ё набудани кирдори Бӯриев Н.-ро бо ташкил намудани як комиссия ва таҳқиқи ҷои воқеа санҷанду хулосаашонро ба мо ирсол намоянд. Мувофиқи мактуби Вазорат аз 22.11.2017 таҳти №4/8-2531 ба мо маълум гардид, ки дар ҳақиқат ин майдонҳои дар гузашта тутзор аз сабаби касалӣ ва беобӣ хушк шудаанд ва амали Бӯриев Н. мувофиқи мақсад буда, бояд мақомоти судӣ ба он баҳои ҳуқуқӣ медоданд. Мувофиқи ин санад ва мактуби Вазорати кишоварзии ҶТ, заминҳои ба хоҷагии деҳқонии Бӯриев Н. таалоуқ дошта ба заминҳои таъиноташон кишоварзӣ дахл доранд. Ҳол он ки, дар мурофиаи судӣ ин заминҳоро ҳамчун заминҳои фонди хоҷагии ҷангал ва шуъбаи ҳифзи муҳити зист баҳо додаанд. Барои чӣ барои истифода намудани замини ба худаш тааллуқдошта Бӯриев Н.-ро дар маҷмуъ ба маблағи 156 ҳазору 800 сомонӣ ҷаримабандӣ намуда, гузашта аз ин, ҳамчун ҷинояткори ашаддӣ ба ӯ доғи судӣ часпониданд?
Дар мардум мақоле ҳаст, ки «Офтобро бо доман пӯшонида намешавад». Гарчанде Ёров Шариф бо аҳли хонаводааш аз ин зиёд тутзорҳоро кандаву он ҷо манзили истиқоматии дуошёнаву оғилхонаву биноҳои хизматрасон сохта ва ин майдони тутзорро пурра аз ҳисоби молу чорвои худ хушк намуда бошанд ҳам, касе аз тафтишгарон ба ин ҷаноби воломақом «ҳайфи ту» нагуфтаанд. Ҳол он ки, сабабгори бадбахтии ба сари ин замин омада маҳз аҳли оилаи Ёровҳо буда, гузашта аз ин, ин мавзеъ ва қабристони дар наздикии он ҷойгирбуда ба аҳли ин оила чун манбаи даромади муфт хизмат менамояд.
Дар ҷараёни корҳои тадқиқотии худ мутмаин гардидем, ки сардори 19 нафар аҳли як хонадон, шахсе, ки наздики 50 соли умри худро барои хизмат ба ин Ватан сарф кардааст ва гузашта аз ин, пурра бо роҳи фиреб намудани ӯ аз тарафи раисикунандаи мурофиаи судӣ бе таҳқиқи аслии воқеа ва бо роҳи фиреб гирифтани забонхати ӯ ӯро маҳкум намудаанд. Ва агар баҳри тантанаи адолати судӣ ва волоияти қонун як маротиба бигузор касе набошад, рафта аз мардуми аҳли ин деҳа ё собиқадорону куҳансолон дар ҷои воқеа пурсон мегардиданд, кор нуран алонур мешуд. Ва ин мешуд як падидаи нав дар пешбурди корҳои судӣ.

Саиди ҲАЙДАР

Хонданд 385

Хабари рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Минбари сардабир

  • занакГАП

    Ҳама аз дард менолад, вале ҳар кас ба таври худ,…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.