.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Минтақа

Гулистон – шаҳре барои зистан

Як назарпурсии мустақилонаи афкори умум шаҳри Гулистони вилояти Суғдро як шаҳри рӯ ба рушд ва мувофиқ ба меъёрҳои шаҳрдорӣ арзёбӣ кардааст.

Ин пажӯҳиш аз сӯи коршиносони мустақил таҳти унвони  “Арзёбии фарҳанг ва меъёрҳои шаҳрдорӣ дар шаҳри Гулистон аз нигоҳи сокинони маҳаллаҳо” дар миёни сокинони ин шаҳр баргузор шудааст. Ҳадаф аз ин таҳқиқот муайян кардани афкори умум дар бораи сиёсатҳои мақомоти шаҳриву огоҳиҳо дар бораи меъёрҳои шаҳрдорӣ ва мушкилоти мавҷуда аз мавқеи сокинони оддии шаҳри Гулистон буд. 

Назарпурсӣ тайи моҳҳои августу сентябри соли ҷорӣ дар маҳаллаҳои Истиқлол, Дӯстии Халқҳо ва шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон сурат гирифта, дар он 300 назардиҳанда ширкат карданд. 

Нӯъмон Раҷабзода, як масъули баргузории ин назарпурсӣ ба “Фараж” гуфт, методи тадқиқоти сотсиологӣ пурсиш ва ҳам мусоҳибаи хаттӣ буд.  Вай афзуд, қабл аз пурсиш саволномаи анкета ба ширкатдорон қироат карда шуда, баъдан онҳо пурсишномаро мустақилона тибқи назари худ ба таври хаттӣ ҷавоб гуфтанд. Вай афзуд, дастандаркорон бо роҳандозии ин тадқиқот хостанд ба тақвияти суръати корҳои ободонӣ ва ҳамчунин рушди фарҳанги шаҳрдории сокинон мусоидат кунанд. Мавсуф гуфт, ин лоиҳа маълум намуд, ки оё сокинон то куҷо меъёрҳои шаҳрдориро хуб дарк мекунанд ва аз сӯи дигар, мушкилу масъалаҳоеро мушаххас менамоянд, ки сокинон ба сифати шаҳрнишинон ба роҳ мондани кадом корҳоро аз мақомоти иҷроияи шаҳр интизор доранд.

Бино ба натиҷаҳое, ки дар натиҷаи назарсанҷии афкори умум ба даст омад, аз 300 сокини маҳаллаҳои Истиқлол, Дӯстии халқҳо ва шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон ба ин саволи аввали пурсиш – “Айни замон дар маҷмӯъ рушди корҳои ободониву созандагӣ  дар шаҳри Гулистонро чӣ гуна баҳо медиҳед?” 215 нафар (71, 6%) гуфтаанд, ки “шаҳри Гулистон ҳоло аз шаҳрҳои обод ва аз лиҳози саноатӣ ва фарҳангӣ рушдкардаи вилоят ба шумор меравад”. 52 нафар (17, 3%) бар инанд, ки “шаҳри Гулистон ҳоло дар феҳрасти миёнаи шаҳрҳои  вилоят қарор дорад”. 6 нафар (2%) гуфтаанд, “шаҳри Гулистон ҳоло дар феҳристи охир қарор дорад” ва 27 нафар (9%) мегӯянд, “аз аввали соли 2015 шаҳри Гулистон аз пешсафтарин дар миёни дигар шаҳрҳои вилоят  ба шумор меравад”.

Саволи дувуми пурсиш ин буд, ки “Шумо ҳоло дар шаҳри Гулистон зиндагӣ мекунед ва дар рушди ободонӣ ва ё шаҳрдорӣ чиро бештар мушоҳида мекунед?”. 228 нафар (76%) шаҳри Гулистонро аз шаҳрҳое меҳисобанд, ки “ҳама имконият барои кору зиндагӣ  фароҳам оварда шудааст”. 72 нафар (24%) ин назарро доранд, ки “дар шаҳри Гулистон имкониятҳои мусоид барои кору зиндагӣ мавҷуд нест”. 

Ба саволи сеюми пурсишнома – “Шумо, ки худ сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастед, мехоҳед дар кадоме аз ин шаҳрҳои вилоят зиндагӣ намоед?”, - 243 нафар (81%) – Гулистон, 8 нафар (2,7%) – Бӯстон, 38 нафар (12,7%) - Хуҷанд ва 11 нафар (3, 6%) шаҳраки Сайҳунро интихоб кардаанд.

Сокинони Гулистон ба саволи чаҳоруми тадқиқот дар бораи меъёр ва ё омилҳои муҳимтарини шаҳрдорӣ, ки пурсида мешуд, “Барои шаҳрдорӣ, ба андешаи Шумо, кадом меъёрҳо ва ё омилҳо муҳимтаринанд?”, 60 нафар (20%) “доштани биноҳои замонавии истиқоматии баландошёна”, 180 нафар (60%) “доштани иншоотҳои иҷтимоӣ, аз қабили боғча, мактаб, донишгоҳ, бозор, марказҳои табобатӣ, марказҳои солимгардонӣ, варзишгоҳ ва ғайра”, 12 нафар (4%) “доштани радиову телевизон” ва 48 нафар (16%) “будани нақлиёти ҷамъиятӣ - мусофирбарӣ (автобусҳо) – ро муҳим мешуморанд. 

Дар робита ба саволи чоруми пурсиши сотсиологӣ саволи панҷуми  пурсишнома матраҳ шуд: “Пас ба фикри Шумо (нуктаеро дар саволи 4 ишора карда шудааст), оё шаҳри Гулистон ин имкониятҳоро дорад?”, 205 нафар (68, 3%) гузинаи “бале, дорад”, 21 нафар (7%) “не, надорад” ва 74 нафар (24, 7%) “на ба таври кофӣ” – ро интихоб кардаанд.

Саволи охирини пурсишнома ба баҳогузории ҳолати кунунии шаҳри Гулистон тахсис меёфт, ки “роҷеъ ба ҳолати кунунии шаҳри Гулистон чӣ назар доред ва ба кадоме аз ин ҷавобҳо мувофиқед?”. 200 нафар (66, 7%) гуфтаанд, “дар шаҳри Гулистон ҳама имкониятҳои шаҳрдорӣ фароҳам оварда шудааст ва мақомоти шаҳрдорӣ пайваста барои беҳтаршавии меъёрҳои шаҳрдорӣ   кӯшиш  менамоянд”. 54 нафар (18%) бар инанд, ки “дар шаҳри Гулистон чандон имкониятҳои замонавии шаҳрдорӣ мавҷуд нест, аз ҷумла: таъминоти биноҳои баландошёна бо оби нӯшокӣ ва ё ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт”. Бақия 46 нафар (15, 3%) мегӯянд, “ҳама сохторҳои ҳукумати шаҳри Гулистон кӯшиш мекунанд, то вазифаҳои худро дар сатҳи баланд ба иҷро расонанд”.  

Гулистон, дар гузашта Қайроққум, шаҳре дар канори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон буда, 135 километри мураббаъ масоҳат ва 47300 нафар (2018) аҳолӣ дорад. 55 сол пеш - 4 январи соли 1963 ҳамчун шаҳр бо номи Қайроққум  арзи вуҷуд кардааст. 3 марти соли 2016 бо қарори Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  Қайроққум ба Гулистон тағйири ном кард. Шаҳракҳои Консой, Навгарзан, Адрасмон, Чоруқдаррон, Зарнисор ва Сирдарё низ аз Гулистон тобеъияти маъмурӣ доранд. 

Гулистон аз оғоз як шаҳри сайёҳию истироҳатӣ ва саноатӣ буд. Солҳои 1951 — 1957 дар қаламрави он неругоҳи барқи обии "Дӯстии халқҳо" сохта шуд. Обанбори он ба номи «Баҳри тоҷик» як минтақаи фароғатӣ – истироҳатии маъруф дар Тоҷикистону хориҷ аз он ба шумор меравад. Тобистон дар канори “Баҳри тоҷик” 17 истироҳатгоҳ амал мекунанд, ки маъруфтаринашон осоишгоҳҳои "Баҳористон", "Соҳил", “Шоҳин” ва истироҳатгоҳи “Шифо” мебошанд.

Соҳаи дигаре, ки дар робита бо обанбор аз охири солҳои 60-ум ба ин сӯ дар Гулистон рушд кард, моҳипарварӣ аст.Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Моҳипарварии Гулистон» солона то 110 тонна моҳӣ ба мардум ироа мекунад. 

"Қолинҳои Қайроққум" корхонаи бузургтарини шаҳри Гулистон аст, ки ҳанӯз соли 1959 ба кор даромада, қолинҳои олисифатро истеҳсол мекунад. Соли 1974 қолинҳои ин корхона дар як намоишгоҳи байналмилалӣ дар Олмон медали тилло гирифтаанд. 

Ҳоло ҳаҷми истеҳсоли ин корхона ба 26 милион сомонӣ баробар шуда то ба дараҷаи баландтарин нишондиҳандаҳои замони Шӯравӣ расонида шудааст. 

Соли ҷорӣ аснои сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Ваҳдати миллӣ, як сехи дигари ин корхона ба истифода дода шуд, ки минбаъд ашёи хом барои истеҳсоли қолинҳо дар худи ҳамин корхона  тавлид карда мешавад. То ин замон ашёи хом барои истеҳсоли қолинҳо дар ин корхона аз кишварҳои   Эрону Туркия ва Ӯзбекистон  ворид мешуд.  Ҳоло дар ин коргоҳи нав боз наздики  70 нафар ба ҷои кори доимӣ таъмин карда шуданд. 

Дар рӯзи таҷлили 55 – солагии шаҳри Гулистон раиси шаҳр Сатториён Матлубахон Амонзода гуфт, дар зарфи 27 соли Истиқлолияти Тоҷикистон ин шаҳр ба яке аз марказҳои азими саноатӣ ва сайёҳии вилояту ҷумҳурӣ табдил ёфта, махсусан дар пешрафти соҳаи саноати кӯҳии кишвар ва туризм нақши бориз ва арзандаи худро гузоштааст. Дар даврони Истиқлол теъдоди корхонаҳои саноатии шаҳр аз 13 ба 30 адад расида, номгӯи маҳсулотҳои истеҳсолӣ низ аз 13 ба 92 номгӯй зиёд шудааст.

Шаҳри Гулистон ҳоло 38 - 40 % и ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии вилояти Суғдро ташкил медиҳад.  Дар ҷамъи маҳсулоти истеҳсоли саноатӣ дар ҷумҳурӣ саҳми шаҳри Гулистон аз 13 то 15 % баробар мебошад.  

Дар шаҳри Гулистон  асосан саноати куҳкорӣ ривоҷ ёфтааст. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширкати кӯҳӣ -саноатии Тоҷикистону Хитой”, Корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада “Апреловка” ва Ҷамъияти дорои масъулияти  маҳдуди “Фаровон 1” аз маъруфтарин корхонаҳои саноатию тавлидотии  ин шаҳр ба ҳисоб мераванд.  

Солҳои охир дар шаҳри Гулистон чандин иншооти иҷтимоӣ, аз қабили осоишгоҳи истироҳатӣ - фароғатӣ, марказҳои фарҳангӣ, боғчаҳо, марказҳои тафреҳӣ ва майдонҳои варзишӣ бунёд, роҳҳои дохили шаҳр дар сатҳи талаботи ҷаҳони муосир барои меъёри шаҳрдорӣ таъмиру таҷдид шудаанд.  

Нӯъмон Раҷабзода, масъули лоиҳаи “Арзёбии фарҳанг ва меъёрҳои шаҳрдорӣ дар шаҳри Гулистон аз нигоҳи сокинони маҳаллаҳо” мегӯяд, афкори сокинон дар бораи шаҳрдорӣ, на фақат фарҳангу маърифати шаҳрдории онҳо, балки бинишҳои онҳо аз сиёсатҳои мақомоти иҷроияи шаҳрро низ ба намоиш мегузорад, умед аст, ки барои боз ҳам ободу зебо шудани шаҳр кӯмак мекунад.  

 

“Фараж”

Хонданд 175
Кӯшониён: cарзамине, ки ёд аз ниёгон меорад

Ноҳияи Кӯшониён (Бохтари пешин) 16 ноябри соли 1980 ташкил шудааст. Масоҳати ноҳия 556 км2 квадратӣ буда, ба 1 январи соли 2018 дар ноҳия 236 ҳазору 215 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Зичии аҳолӣ дар 1км2 424 нафарро ташкил медиҳад. Масофа аз маркази ноҳия то шаҳри Душанбе 110 км, то шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи пешин) 8 км, то истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Бохтар 30 км аст. Дар ноҳия 5 ҷамоти деҳот, 3 ҷамоати шаҳрак, 31 корхонаи саноатӣ, ва 10 ташкилоти сохтмонӣ, нақлиётӣ, ҷамъияти матлубот, корхонаи коммуналӣ, 5 хоҷагии давлатӣ, ва 2010 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) амал мекунанд. 

Ноҳияи Кӯшониён дар қисмати шимолӣ бо ноҳияи Вахш, дар қисмати шарқӣ бо шаҳри Леваканд, дар қисмати ҷанубӣ бо ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дар қисмати ғарбӣ бо шаҳри Бохтар ҳамсарҳад мебошад. 

Аз моҳи марти соли 2014 Ҷаббори Ғаффор дар мансаби раиси ноҳияи Кӯшониён кор мекунад.

 

Ноҳияи Кӯшониён дар аҳди пешин

Ноҳияи Кӯшониён аз соли 1937 то соли 1959 ноҳияи Октябри собиқ вилояти Қӯрғонтеппа, аз соли 1959 то 6-уми январи соли 1965 шаҳраки Октябри ноҳияи Қӯрғонтеппа, то 17-уми октябри соли 1980 шаҳраки Октябри ноҳияи Вахш, то 12-уми марти соли 1992 ноҳияи Коммунистӣ буд. Бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бузургдошти арзишҳои миллӣ ва поси мероси таърихӣ аз 12-уми марти соли 1992 ноҳияи Коммунистӣ номи Бохтарро гирифт. Аз моҳи феврали соли 2018 номи ноҳияи Бохтар ба Кӯшониён ва шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар иваз карда шуданд. 

Ҳудудҳои ноҳияи Кӯшониёни кунунӣ тайи асрҳои миёна ва минбаъд аслан тобеи Хатлон ва ҳокимони Қубодиён буда, таърихан дар ҳудуди шаҳрҳои қадимии Вахш, Леваканд ва Ҳаловард мавқеъ доштааст. Истахрӣ дар «Мамолик-ул-масолик» ҳудудҳои шаҳрҳои Ҳаловарду Леваканд ва дигар деҳоту шаҳракҳои атрофи онро дар фосилаи думанзилии канораи рӯди Вахшоб қаламдод кардааст. Муаллифи «Ҳудуд-ул-олам» навиштааст, ки минтақаи Вахш ва деҳоти атрофи он паҳновару ободон ва пурфайз буда, Ҳаловард мавзеи бо кишту варз ва хушҳаво, Леваканд макони гӯсфандони ваҳшӣ будааст. Дар замони Ғуриён ин минтақа аз тобеоти давлати мазкур буд. Минтақаи Кӯшониён ва деҳоти атрофи он бар асари ихтилофу ҳангомаҳои таърихӣ ва давлатдориҳои минбаъда зери тобеияти ҳокимони Хатлон, Вахш ва Қубодиён қарор доштанд ва дертар дар аҳди давлатдории Манғитиён ба ҳудудҳои Аморати Бухоро дохил гаштанд. Баъди обёрии заминҳои водии Вахш ва ривоҷёбии пахтакорӣ дар аҳди Шӯравӣ сарзамини Кӯшониён хеле обод шуда, ба макони парвариши пахтаи маҳиннах ва истеҳсолу коркарди он табдил ёфт.

 

Сайри ноҳияи Кӯшониён

Агар аз истгоҳи шаҳри Бохтар ба шоҳроҳи «Бохтар-Исмоили Сомонӣ-Вахш» раҳсипор гардед, роҳи мумфарши васеъ ва аз ду канори он пахтазорон, ҳавливу боғоти сердарахту сабзу хуррам боби тамошост. Пас аз ҳафт-ҳашт километр ба шаҳраки Исмоили Сомонӣ мерасед.

Барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонӣ 3 меҳмонхона бо номҳои «Сайёҳ», «Ватан» ва «Бохтариён» шабонарӯз омодаи хидматанд. Ҳамчунин, тарабхонаву ошхона ва марказҳои тафреҳӣ бо хидматрасонии муносиби худ барои меҳмонону сайёҳон нигаронида шудаанд.

Аз ҳудуди ноҳия роҳи оҳани Тирмиз-Бохтар мегузарад. Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бохтар дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён воқеъ аст.

Тайи солҳои охир дар ноҳияи Кӯшониён корҳои бунёдкориву созандагӣ вусъати тоза гирифта, дар ноҳия то инҷониб 10 адад мактабҳои нави замонавӣ, 2 адад муассисаи томактабӣ сохта ба истифода дода шуда, сохтмон ва барқарорсозии 21 адад мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва асосӣ, 28 адад бунгоҳҳои тиббӣ, 10 адад марказҳои саломатӣ, 2 адад кохи фарҳангӣ, 21 адад корхонаҳои саноатӣ, 7 адад биноҳои маъмурӣ, 3 адад бонкҳои тиҷоратӣ, 1 адад майдони варзишӣ, 1 адад варзишгоҳи марказии ноҳия, 6 адад толорҳои варзишӣ, 65 адад нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва гази моеъ, 10 адад тарабхонаҳои замонавӣ, 3 адад меҳмонхонаҳо, зиёда аз 200 адад марказу мағозаҳои фурӯши маҳсулот ва дар маҷмуъ 380 иншоотҳои иҷтимоиву хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуда, инчунин то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 36 деҳаву маҳалҳои ҳудуди ноҳия дар маҷмуъ сохтмони 82 адад корхонаҳо ва коргоҳҳои хурду калони саноатӣ, биною иншоотҳои хизматию маишӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ноҳияи Кӯшониён 63 муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ, 1 муассисаи таълимии давлатии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат», 1 Гимназияи давлатии №3, 1 Мактаб-интернати ғайридавлатӣ барои кӯдакони ятиму бепарастори хазинаи хайрияи байналмилалии кӯдакон-«Озодӣ» ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мебошанд. Дар ноҳия беморхонаи марказӣ, беморхонаи №1,2 ва чор беморхонаҳои минтақавӣ, ки дар онҳо 80 нафар табибон, ва 357 нафар мутахассисони миёнаи тиб хизматрасонии тиббиро ба уҳда доранд.

Савияи донишандӯзии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия сол аз сол баланд гардида, танҳо дар соли равон хонандагони ноҳия дар олимпиадаҳои вилоятӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби 16 медали тилло, 14 медали нуқра, 47 медали биринҷӣ ва дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби 3 медали тилло, 4 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ гаштанд. Дар ноҳияи Кӯшониён 81 ҳазору 482 нафар ҷавонони аз синни 14 то 30 сола зиндагӣ мекунанд. Баҳри ҳифзи саломатии онҳо ва рушди варзиш дар ноҳия як варзишгоҳи марказӣ, 6 адад толорҳои варзишӣ мавҷуд мебошад, ки дар онҳо 38 нафар мураббӣ бо 820 нафар хонандагон ба тамрин машғул мебошанд. Варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштироки фаъолона намуда, дар маҷмуъ сазовори 46 медали тилло, 33 медали нуқра ва 38 медали биринҷӣ гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 медали тилло, 10 нуқра ва 8 медали биринҷӣ зиёд аст.

 

Замину обу хоки Кӯшониён

Ҳудуди ноҳия, асосан, дар водии Вахш ҷойгир буда, сатҳаш ҳамвор ва иборат аз пуштаву адирҳост. Дар пастиву доманакуҳҳо набототи биёбонию нимбиёбонӣ, дар баландиҳои зиёда аз 800 метр рустаниҳои даштӣ мерӯянд. Дар соҳилҳои рӯди Вахш аҳёнан тӯғайзор ба назар мерасад.

Ноҳияи Кӯшониён аз сатҳи баҳр дар баландии 400-1200 метр ҷойгир шудааст. Иқлимаш хушки субтропикӣ. Ҳарорати миёнаи июл 24-300С, январ 0-10С. Боришоти солона 250-300 мм. Дарёи асосиаш Вахш. Хоки ҳудуди ноҳия, асосан, хокистарранги равшан, хокистарранги муқаррарӣ ва марғзорист.

Ноҳияи Кӯшониён аслан ноҳияи кишоварзӣ буда, соҳаи муҳими хоҷагидории онро пахтакорӣ, махсусан, навъҳои маҳиннах, ташкил медиҳад. Ҳамчунин, ғаллакорӣ (гандум, ҷав, ҷуворимакка, шолӣ ва ғайра), боғу токпарварӣ, сабзавоткорӣ, лимупарварӣ, кишти зироатҳои хӯроки чорво, пилапарварӣ, занбӯрпарварӣ, чорводорию парандапарварӣ тараққӣ кардаанд. Заминҳо, асосан, аз дарёи Вахш обёрӣ мешаванд.

 

«Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар Кӯшониён

Бо эълон шудани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор дар ин самт дар ноҳия рангу ҷилои дигар гирифт. Дар ноҳияи Кӯшониён мардону занони ҳунарманди зиёде кору фаъолият доранд. Алҳол мо дар бораи як зани ҳунарманд, ки берун аз ноҳияву ҷумҳурӣ шуҳрат пайдо кардааст, қисса хоҳем кард.  

Тозагул Самадова дар ноҳияи Кӯшониён ба ҳайси роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Наҷиба» кору фаъолият дорад. Мавсуф ин ташкилотро соли 1993 бунёд намудааст. Созмони ҷамъиятии «Наҷиба» соли 1998 курсҳои омӯзишии дӯзандагиву бофандагӣ, қолинбофӣ ва пухтани хӯрокҳои миллиро ба роҳ монд. Ҳар сол дар ин маркази ҳунар дар ҳамкорӣ бо шуъбаи шуғли аҳолии ноҳияи Кӯшониён 3 курси омӯзишӣ барои ҷавондухтарону бонувон роҳандозӣ мегардад. Дар ин марказ ба ғайр аз Тозагул Самадова 3 омӯзгори дигар ба таълиму тарбияи духтарон машғул мебошанд. Ҳар сол ин даргоҳро 90 нафар ҷавондухтарону бонувон хатм мекунанд. Дар тӯли фаъолити ин боргоҳи ҳунар зиёда аз 1000 ҷавондухтарону бонувон онро бо муваффақият хатм намуданд.

Тозагул Самадова мегӯяд аз омӯзгор то раиси ҷамоат шуда кор кардам, аммо обрӯро аз ҳунармандӣ ба даст овардам.

Тозагул Самадова қариб дар ҳамаи озмуну намоишгоҳҳои сатҳи ноҳиявиву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, борҳо сазовори ҷойи якум ва ифтихорӣ гардидааст. Мавсуф аз соли 2004 сар карда, дар озмуну намоишгоҳҳои байналмилалӣ низ ширкат меварзад. Ин зани меҳнатдӯсту оқила то имрӯз бо маҳсули дасти муъҷизаофараш дар 11 давлати ҷаҳон, аз қабили Полша, Лубнон, Чин, Эрон, Туркия, Арабистони Саудӣ, Аморати муттаҳидаи араб, Русия, Туркманистон, Қазоқистон ва Арманистон ширкат варзида, Тоҷикистонро дар сатҳи шоиста муаррифӣ кардааст. 

Тозагул Самадова гирандаи гранти президентӣ ва раиси вилояти Хатлон мебошад, ки бо ҳамаи ин дастовардҳояш қаноат накарда, дар оянда азм дорад, ки корхонаашро васеъ карда, ба духти сару либоси мактабӣ бо нархи арзону дастрас даст ба кор шавад. Айни ҳол, ташкилоти ҷамъиятии ӯ нисбат ба дигар корхонаҳои дӯзандагӣ либосҳои мактабиро бо арзиши аз 60 то 150 сомонӣ пешниҳод намудааст, ки он ҳам пурра аз маътои пахтагӣ иборат буда, сифаташ низ хуб аст.

Ин боргоҳи ҳунар макони дӯстдоштаи сайёҳони дохиливу хориҷӣ низ гаштааст, ки дар он сайёҳон дар як вақт метавонанд хӯрокҳои миллиро тановул намоянд, ё маҳсули дасти ҳунармандони ин боргоҳи ҳунарро тамошо кунанд ва агар ин ё он маҳсули ҳунармандон писандашон омад метавонанд онро барои худ харидорӣ намоянд.  

 

Фарҳанг

Ноҳия шуъбаи фарҳанг, 1 адад Боғи фарҳангӣ-истироҳатӣ, 1 адад Филармонияи халқӣ, 31 китобхона (дорои 129 ҳазору 376 нусха китоб), 1 мактаби мусиқӣ, 8 кохи фарҳанг ва гуруҳи хидматрасонии ҳунарии назди шуъбаи фарҳанг дорад. Дар умум дар бахшҳои гуногуни соҳаи фарҳанги ноҳияи Кӯшониён 168 коргар кор мекунанд.

Рӯзномаи ноҳиявӣ- «Кӯшониён» (аз соли 1931 нашр мешавад). Ин нашрия қаблан «Байрақи дӯстӣ ва дар солҳои истиқлолият «Бохтар» ном дошт. Алҳол сардабирии нашрияи «Кӯшониён»-ро Фарҳод Маҳмудов бар дӯш дорад.

 

Бибигул ИЗЗАТУЛЛОЗОДА,

Замира НИЁЗОВА

Хонданд 114
Ҷавонони ВМКБ дар ҷангҳои Сурия иштирок намекунанд!

Мувофиқи маълумоти мақомоти қудратии ВМКБ то ҳол 47 нафар сокинони вилоят ба сафи гурӯҳҳои террористию экстремистӣ пайваста, нисбати 36 нафари дигар парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Мақомот ҳушдор медиҳанд, ки аз ин теъдод то ҳозир нафаре аз сокинони вилоят ихтиёрона ба ватан барнагашта, баръакс, 15 нафари онҳо аллакай дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ба ҳалокат расиданд. 

Мисоли ин гуфтаҳо саргузашти Чушчак Чушчакови, сокини 37 солаи деҳаи Бартавдеми ҷамоати деҳоти Қурбоншоҳи Гадолиеви ноҳияи Роштқалъа буда метавонад. Ӯ соли 2015 тариқи кишвари Туркия ба Сурия рафта, ба ДИИШ  шомил гаштааст. Номбурда, ки аз афроди нашъаманд маҳсуб меёфт, муддати як сол дар сафи ДИИШ бар зидди нерӯҳои давлатии Башор Асад меҷангад. Аммо баъдан дар набардҳои мусаллаҳонаи Шом ҳангоми бомбаборон шудан, аз тарафи нерӯҳои ҳавоии Русия ба ҳалокат мерасад.

Ба иттилои манбаъ, аз соли 2015 то имрӯз 28 нафар аз зодагони вилоят ба таҳсилоти мазҳабӣ дар хориҷа фарогир буда, 79 нафари онҳо чанд сол қабл аз тарафи сохторҳои давлатӣ ба ватан баргардонида шуданд.

Коршинос Юсуфбек Шодмонбеков яке аз сабабҳои шомилшавии ҷавонро ба гурӯҳҳои ифротгаро дар надоштани дониши хуби динии онҳо, хусусан дарк накардани фалсафаи дини мубини Ислом ва ҷаҳонбанӣ арзёбӣ мекунад. 

Мисоли дигар. Ҷамшед Қосимов, ҷавони 23 сола, сокини деҳаи Удоби ҷамоати Техарви ноҳияи Ванҷ соли 2013 мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 14 - и деҳаи Удобро хатм карда, худи ҳамон сол ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Русия меравад. Бо мақсади иштирок дар ҷанги Сурия соли 2015 тариқи Туркия ба ин кишвари ҷангзада меравад. Наздиконаш то кунун аз ӯ хабаре надоранд. Моил Қосимов, падари Ҷамшед, ки дар идораи шуғли аҳолии ноҳия кор мекунад, аз амали фарзандаш таассуф мехӯрад. 

Бояд гуфт, ки мавзӯи мазкур солҳои охир дар мадди назари роҳбарияти кишвар қарор дорад. Чанде қабл Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари худ ба ноҳияи Ванҷ, иброз намуд, ки «вазъи пуртазоди ҷаҳони имрӯза ба ҳар яки шумо маълум аст ва мо ҳамарӯза шоҳиди он мегардем, ки дар гӯшаҳои мухталифи дунё низоъҳои дохиливу ҷангҳои мазҳабӣ ва дигар зуҳуроти манфӣ торафт доман паҳн карда, боиси ташвишу нигаронии аҳолии сайёра гардидаанд. Доираҳои алоҳидаи манфиатҷуй барои амалӣ сохтани ҳадафҳои нопоки худ бо истифода аз васоити ахбори омма, бахусус, шабакаҳои интернетӣ дар байни мардум, хусусан, наврасону ҷавонон ва ҳатто миёни кишварҳо низоъ ангехта истодаанд. Махсусан, ҷангҳои дохиливу мазҳабӣ ва амалҳои даҳшатноки террористиву ифротгароёна, ки тайи чанд соли охир дар баъзе кишварҳои мусулмонӣ идома дорад, боиси марги ҳазорон нафар ва сарсону овора шудани миллионҳо сокинони кишварҳои гуногун гардидаанд. Мутаассифона, дар сафи гурӯҳҳои харобкори ифротгаро баъзе аз сокинони ноҳияи Ванҷ низ қарор доранд». 

Коршиноси дигар, Ниёзалӣ Қамбаров дар пайравӣ ба гуфтаҳои боло мегӯяд, ки воқеан ҷаҳонбинии танги ҷавонон боис мешавад, ки онҳо мафҳуми ҷиҳодро комилан ба шакли дигар кабул кунанд ва фирефтаи ваъдаҳои пӯчи чунин гурӯҳҳо гарданд. Номбурда мегӯяд, ки мувофиқи тавзеҳоти масъулини Шӯъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ВМКБ солҳои охир аз ҳисоби ҷавонони вилоят ба гурӯҳои террористӣ касе шомил нашудаст.

Ҳамин тавр, метавон хулоса баровард, ки ифротгароӣ яке аз падидаҳои шум ба шумор рафта, тӯли солҳои охир боиси нигаронии ҷомеаи башарӣ гаштааст. 

 

Машҳур Имомназаров

Хонданд 331
Панҷакент кай соҳиби МРТ мешавад?

Қонунгузории Тоҷикистон табобати ройгони мардумро кафолат медиҳад. Аммо сару садо дар бораи риоя нагардидани ин талабот вақтҳои охир зиёд гаштааст. 

Бояд гуфт, ки дар Конститутсияи ҶТомадааст, ки “ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббиии ройгон дар муассисаҳои нигоҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд».

Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки роҷеъ ба ин қазия дар шаҳри Панҷакент то кунун мушкилиҳо ҷой доранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Панҷакент аз қадимтарин шаҳрҳои Тоҷикистон ба шумор рафта аҳолии он ба 300 000 ҳазор нафар мерасад.

Таври маълум баробари шумораи мардум номгӯии муассисаҳои тиббӣ низ дар ин шаҳр меафзояд. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ бояд барои 10000 нафар як бригадаи алоҳида фаъолият намояд. Вале дар ҳамин ҳол, дар шаҳри Панҷакент, ки ҳудуди 300 000 аҳолӣ дорад, ҳамагӣ 6 бридагаи ёрии таъҷилӣ фаъолият мекунанд. 

Ҳамасола барои нигоҳдорӣ ва фаъолияти муассисаҳои зикршуда аз буҷети маҳаллӣ маблағи мушаххас ҷудо мегардад.

Манбаъ мегӯяд, ки маблағгузории соҳа аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ сол то сол меафзояд. Ин маблағҳо барои пардохти музди меҳнати кормандон, таъмини эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, таъмир,  захираҳои моддию молӣ, хидматрасониҳои коммуналӣ, алоқа ва ғайра сарф карда мешавад. 

Чунин ба назар мерасад, ки бештари маблағи ҷудошуда аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои пардохти музди меҳнати кормандон масраф мешавад. Инро дар мисоли дигар муассисаҳои давлатии тиббӣ дар солҳои охир низ дидан мумкин аст. Соли 2017 дар дармонгоҳи дандонпизишкии - 77, МНДСД-79 ва дар дигар муассисаҳои тиббӣ тақрибан 70-80 дарсади маблағҳои буҷавӣ барои пардохти маоши кормандон масраф гардидааст. Гуфта мешавад, ки бо афзудани маош ва ҳиссаҷудокунӣ аз буҷет барои маош пардохтҳои иҷтимоӣ низ меафзояд. Аммо далелҳо нишон медиҳанд, ки барои беҳдошти фаъолияти муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла, харидории таҷҳизот аз буҷети маҳаллӣ давоми солҳои охир маблағи ночиз ҷудо гардидааст. Миқдори маблағҳое, ки барои муассисаи калонтарини тиббии шаҳр, Беморхонаи марказӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ҷудо шуда, барои харидории доруворӣ ва таҷҳизотҳои лозима сарфа шудааст, дар соли 2016, 0,28% ва дар соли 2017 ҳамагӣ 0,96%-и маблағгузории буҷетии муассисаро ташкил додааст. 

Суоли матраҳ ин аст, ки оё метавон гуфт, ки маблағи мазкур барои харидории таҷҳизоти ҳозиразамони ташхиси фавқуссадоӣ ё МРТ, ки барои мардуми Панҷакент ҳамчун минтақаи дурдаст зарур аст, мерасад? Ин ҳам дар ҳолест, ки дар айни замон беморхонаи марказии шаҳр МРТнадоранд.

Мутахасисони соҳа мегӯянд, ки арзиши миёнаи як дастгоҳи МРТ то 1,5 миллион сомонӣ мерасад. Аммо аксарият мегӯянд маблағҳое, ки тӯли се соли охир барои таъмини захираҳои моддию молии ду муассисаи калонтарини тиббии шаҳр, муассиаи давлатии ёрии аввалияи тиббӣ- санитарӣ ва беморхонаи марказии шаҳр ҷудо шудааст, барои харидории дастгоҳи МРТ намерасад. Яъне, маблағи дар 3 соли охир пешбинишуда дар ин самт, тибқи маълумоти расмӣ, 466, 9 000 сомониро ташкил медиҳад. 

Таври маълум, солҳои охир барои дармонгоҳҳои кишвар низоми маблағгузории сарикасӣ муқаррар шудааст. Масъулини бахши тандурустии шаҳри Панҷакент мегӯянд, ки соли 2016 ба ҳар нафар сокини шаҳру деҳоти Панҷакент аз буҷети маҳаллӣ барои ташхису табобат 93 ва соли 2017 ба миқдори 115 сомонӣ масраф шудааст. Ҳамин шумора дар соли 2018 ба 117 сомонӣ мерасад. Гуфта мешавад, ки аз ҳисоби маблағи мазкур пардохти маош, ҳифзи иҷтимоӣ, хидмати коммуналӣ, алоқа, барқ, таъмир, харидории дорувору таҷҳизот ва ғайра бояд амалӣ шавад.

Масъулин мегӯянд, ки солҳои 2016-2017 тақрибан 25 дарсади буҷети маҳаллӣ барои соҳаи тандурустӣ ихтисос ёфтааст. Ин таносуб дар соли 2018 низ нигоҳ дошта шудааст. Ин аст имкониятҳои буҷети шаҳри Панҷакент, ки  300 000 аҳолӣ дорад. 

Бархеҳо омилҳои аслии қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2018 таҳти рақами №600 «Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ»,  ки амалан хидмати ройгони тиббиро аз байн бурдааст, дар паст будани буҷет на танҳо дар минтақаҳо, балки дар ҷумҳурӣ низ арзёбӣ мекунанд.

Хуршед Фозилов, 

Ҷӯраи Мулло.

 “Фараж”

Хонданд 340

Хабари-рӯз

Календар

« Декабрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.