.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Шанбе, 08 Сентябр 2018 - || ФАРАЖ
Шанбе, 08 Сентябр 2018 11:25

БИЁ, БА ИШКОШИМ!

(дар заминаи сафари Бадахшон)

 

Чанд маълумот

 Ишкошим аз ҷиҳати дурии роҳ аз маркази вилоят дар ҷои дуюм қарор дорад. Он аз маркази вилоят дар масофаи 105 километр воқеъ гардидааст. Ишкошим ноҳияи баландкӯҳ аст ва дар рӯ ба рӯйи Афғонистон қарор дорад. Бо сабаби дар баландӣ воқеъ гардиданаш кӯҳҳо фарсах ба фарсах камҳашамат мешаванд ва талу теппаҳо бештар мегарданд. Масоҳати ин ноҳия 3656 километри квадратӣ мебошад. Аз шимол бо ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа, аз Шарқ бо ноҳияи Мурғоб ва аз ҷануб бо давлати Афғонистон ҳамсарҳад аст. Масоҳати асосии ноҳияро қаторкӯҳҳои Шоҳдара ва водиҳои Ғорону Вахон ташкил медиҳанд. Аз яке аз маъноҳое, ки аз калимаи Ишкошим бармеояд, ин ватани сакоиҳо будани онро ишора мекунад. Дар асрҳои 6-7 то милод Сакошим маркази қавмҳои ориётабори тоифаҳои Ҳинду Эрон будааст. Шоҳроҳи Абрешим аз ҳамон давра аз водии Вахони ноҳия Ишкошим мегузашт. Мавқеи мусоиди ҷойгиршавии табии ин ноҳия бозгӯи он аст, ки ҳанӯз аз давраҳои қадим заминаи рафту омади одамон тавассути он вуҷуд доштааст.

Ишкошим асрори аҷиби дигар дорад, ки он асрори роҳ аст. Роҳ шумора ба баландӣ мебарад, аммо шумо мисли ағбаҳои Анзобу Шаҳристон бо душворӣ ба боло намебароед, балки муназзаму ноайён лаб-лаби дарё бехабар гуё ҳамвориҳоро паси сар менамоед. Баъди соатҳо эҳсос мекунед, ки  воқеан дар баландиҳо қарор доред. Яъне ин роҳҳо худ сайёҳатанду ҳеҷ гоҳ дилбазан нестанд ва аснои сафар таассуроту бардошт аз ҳар як манзара шуморо ҳамроҳ мебошад. 

Ронандаи маҳаллӣ ба мо қуллаҳои кӯҳро нишон медиҳад, ки сафеду пурбарфанд. Онҳо пиряхҳоянд, ки бештаринашон дар ҳудуди Афғонистон қарор гирифтанд. Пиряхҳои ҳудуди Тоҷикистонро шояд аз ҷониби Афғонистон озодона дидан мумкин бошад. Ронанда ҷо-ҷо қисматҳои роҳро ба мо нишон медиҳад, ки бо иллати боришоти зиёд зери об мемонанд. Ба таҳлука ҳам омадан мумкин аст. Савол пайдо мешавад, ки дар ин сурат чи гуна равуои одамон таъмин карда мешавад. Аммо ба қавли ронанда ин ҳодиса доимӣ набуда, зуд сатҳи об паст мешавад. Дарёи Панҷ тезҷараён аст, дар баъзе ҷойҳо ҳатто мавҷи он  ба роҳ мерасад. Роҳи Ишкошим аз ҳар ронанда маҳорату бодиққат буданро талаб мекунад.

  Ноҳия ҳафт ҷамоат ва 48 деҳа деҳа дорад, ки дар он зиёда 16 ҳазор аҳолӣ сукунат мекунанд. Даромади асосии аҳолӣ деҳқониву чорводорӣ аст. Ҳамчунин дар ҳудуди ноҳия ҳунармандону косибон, дуредгару сангтарошон, ресандагону дӯзандагон анъанаҳои ҳунармандиро эҳё намуда, идома медиҳанд. Дар ин ноҳия муҳракашиву ҷӯроббофӣ ҳунари нисбатан инкишофёфта маҳсуб меёбад. Овозаи маҳсули дастони ин ҳунармандон то ба хориҷи кишвар рафта, ки аксари сайёҳони ба ин ноҳия омада табақу ҷӯробҳои Ишкошимро ҷӯё мешаванд.

Ганҷҳои Ишкошим

Ишкошим мавзеи муҳими сайёҳӣ мебошад. Ин ноҳия ҷойҳои дидании зиёде дорад. 103 ёдгории  таърихии ноҳия сарвати маънавии он мебошад. Мавзеъҳои таърихии Қалъаи абрешим, Маъбади Будо, Умбуқ, Тақвими сангӣ, Қалъаи Ямчун, Қалъаи Қаҳқаҳа, Кофирқалъа диққати ҳар бинандаро ҷалб карда метавонад. Баъд аз оне ки Қалъаи Қаҳқаҳа ба феҳристи Ёдгориҳои ЮНЕСКО ворди гардид, таваҷҷӯҳи шумораи зиёди сайёҳон аз гӯшаву канори ҷаҳон ба он зиёд гардид. Маконҳои муқаддас чун Мазори Шоҳқамбари Офтоб, Мазори Шоҳимардон, Мазори Гесӯи Балогардон, Мазори чилтан, Занҷири Каъба, Мазори Шоҳмубораки марди Валӣ, Мазори чилмурид ва Мазори Шоҳ Абдуллоҳи Ансорӣ дар ҳудуди ин ноҳия ҷойгиранд. Дар бораи ин ҷойҳо  ривояту қиссаҳои зиёде вуҷуд доранд, ки муҷиби устувории эътиқоду арзишҳои фарҳангии мардум мебошад. Қуллаҳои Маяковский, Карл Маркс, Сомонӣ, Сафархоҷа ва Носири Хусрав сайёҳону кӯҳнавардонро даҳсолаҳо боз мутаваҷҷеҳ намудааст. Кӯли Кофар, Кӯли Аспо, Кӯли Полполосин, Кӯли бетаг, Кӯли Дирҷ, Кӯли Ҳефз, Кӯли Лаълбегим, Кӯли Заркӯл ва ғайра на танҳо мавзеи тамошобоб, балки асрорангезанд.

Нозукии дигар он аст, ки шумо дар як рӯзу ду рӯз ин ҳама мӯъҷизаву боигариҳои ноҳияро дида наметавонед. Бо чанд нафаре ҳамсӯҳбат гаштем, ки аз Ишкошим ҷониби Душанбе меомаданд. Онҳо мегуфтанд, ки мо 15 рӯз боз дар инҷо қарор дорем.  Тасавур кунед, ки аз Душанбе то Хоруғ 16 соат роҳ аст ва аз Хоруғ то маркази Ишкошим чор соати дигар роҳ меравед. Ин роҳ бошад ҳанӯз ҳам давомдор аст. Масалан  мувофиқи нақлу маълумотҳое, ки бароямон пайдо гардид, дар Ишкошим деҳае ҳаст, ки Ширгин ном дошта, дар водии Вахон ҷойгир шудааст. Аз қадимтарин деҳаҳои ноҳия ба шумор рафта, аз маркази ноҳия Ишкошим дар масофаи 102 километр дур, дар баландии 2830 метр аз сатҳи баҳр  воқеъ гардидааст. Ёдгориҳои таърихияш ба монанди «Акси санги давраи ҷамоати ибтидоӣ», «Санги аждаҳор», мазорҳои Хоҷақамбар, Шоҳбурҳон ва дигар қалъаҳои қадимӣ ба шумор мераванд. Танҳо дар ин деҳа даҳҳо оби минералии сард ва се оби минералии гарм вуҷуд дорад. Дар деҳа боғе ҳаст, ки онро Шоҳбоғ мегӯянд. Барои он боғи шоҳӣ номида мешавад, ки дар он шумораи зиёди ниҳолҳои мевадиҳанда ҳастанд, ки бештар дар ҷануби кишвар мерӯянд. Дар чунин иқлими сард камол ёфтану нашъунамои онҳо аҷибу ҳайратангез мебошад. Дар гирду атрофи ин деҳа 25 мазор ҷойгир будааст, ки ҳар кадом аз замону давраҳои гуногун ҳикоят мекунанд. Анъанаву расму русуми хоси ин деҳа аз дигар минтақаҳои вилояи фарқи куллӣ дорад. Чун як деҳа бо худ ин қадар диданиҳо дошта бошад, пас фақат як рӯзи шумо дар тамошои он камӣ мекунад. 

Марзи ҳамсоя

Як хусусияти ҷуғорофии ноҳия боз дар он аст, ки он дар муқоиса бо дигар ноҳияҳои вилоят бо Афғонистон ҳамсарҳадии тӯлонӣ ва наздик дорад. Ҳамсарҳадии ин ноҳия нисбат ба ноҳияҳои дигари вилоят фарқ мекунад. Дар он тарафи соҳил садои тиру тӯп аз баъзе бархӯрдҳои мусаллаҳона ба гӯш мерасад. Шукр, ки он муноқишаҳо ба ҳудуди мо дахл надоранд, аммо сарҳадро бояд назора кард. Қад-қади роҳи соҳили дарё сарҳадбонони тоҷикро мебинед, ки хидмати ватанро ба ҷо меоваранд. 

Гоҳо бо замзамаву гоҳо бо ғуриши дарёи Панҷ кас куфти роҳро фаромӯш мекунад. Аз ҷониби Афғонистон низ дар роҳи мошингарди сангӣ аҳён-аҳён мошинҳо равуо доранд. Гоҳ-гоҳе мошинҳои кӯҳгарди англисӣ ба чашм намоён мешаванд, ки ба иҷрои корҳои хоҷагиву ниёзи мардум овора мебошанд. Дар бозори муштарак тоҷирони афғону тоҷик ҳар рӯзи шанбе ба фуруши молу коло машғул мешаванд. Алҳол бинобар андаке ноором гаштани вазъ бозор муваққатан баста шудааст. 

  Обу ҳавои ноҳияи Ишкошим мусафову беғубор аст. Болои пиряхҳои Афғонистону Тоҷикистонро ин шабу рӯз танҳо абрҳои парокандае пӯшонидаанд. Ин гувоҳи қуллаҳои баланди куҳҳои Ишкошим мебошад. Баландтарин қуллаҳои ин ноҳия Қуллаи Карл Маркс бо баландии 6726 ва  Қуллаи Маяковский бо баландии 6096 метр ба ҳисоб мераванд. Қуллаҳои яхпушидаву сафедро дида, боваратон намеояд, ки дар чилаи гарми тобистони кишвар шумо дар як минтақаи аз зимистон нишондошта қарор гирифтаед.

Биё ба Ишкошим

Ҷолибтарин ҷузъиёти хотирмон барои шумо ин фарҳангу маданияти мардуми ин ноҳия мебошад. Махсусан забони гуфтугӯии мардум шуморо мутаваҷҷеҳ менамояд. Мо ҳеҷ гоҳ муқобили забону шеваю лаҳҷаҳо нестем ва он низ боигарии маънавии миллат мебошад. Манзур аз андешаи боло шеваҳову лаҳҷаҳои шуғниву рушониву ишкошимӣ мебошад. Дар баъзе ноҳияву минтақаҳои Бадахшон шумор фаҳманд ҳам, аммо шумо забони онҳоро намефаҳмед, ё бо мушкилӣ мефаҳмед. Аммо Ишкошим он гӯшаи диёри Бдахшон аст, ки онҷо забони тозаву фаҳмотари тоҷикӣ бештар ҷилва дорад. Назар ба қавли баъзе сокинони ин ноҳия ин таъсири забони форсии Афғонистони ба онҳо наздик мебошад.  

Хуллас, Ишкошим мулкест дар фарози қуллаҳо ва бо зебоиҳои саршораш ҳар нафареро мафтун мекунаду ба сӯи худ мехонад. Ин ноҳия мавзеи муҳими сайёҳи барои имрӯзу оянда мебошад. Барои инкишофи намудҳои гуногуни сайёҳӣ нахуст шароиту имконоти зиёди табиӣ вуҷуд дорад. Сайёҳӣ имрӯзу оянда яке аз соҳаҳои муҳими ба шуғл фаро гирифтани сокинони ноҳияву вилоят ба ҳисоб меравад. Ширкатҳои сайёҳии ҶДММ «Помир-Вахон сайёҳат» ва «Вахон -тур» имрӯзҳо дар хизмати сайёҳони дохиливу хориҷӣ қарор доранд. Минтақаҳои моҳигирии Зоркӯл ва Ишматкӯл ба таври ҳамеша дӯстдорони худро доранд. Барои дӯстдорони шикор бошад, ҶДММ «Ёқути Даршай» фаъол мебошад. Танҳо шумору номгӯи боигариҳои Ишкошим даҳҳо саҳифаро пур месозанд. Шунидан кай бувад монанди дидан ва шукр, ки мо то андозае баъзе чизҳоро дидем. Гӯё он ҳама зебоиҳои дилфиреб мегӯянд: Биё, ба Ишкошим!

Мурод Муродӣ,

Бахтиёри Қутбиддин,

устодони факултети журналистикаи ДМТ

Шумо дар Минтақа

Мусоҳибаи Умед Пудинаев бо Шодимуҳаммади Сӯфизода, Директори Китобхонаи марказии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Индира Ганди, доктори илми филология, адабиётшинос ва аз пажӯҳишгарони шинохтаи адабу фарҳанги порсии Тоҷикистон дар остонаи «Рӯзи китоб» дар Тоҷикистон, ки ҳамасола 4-уми сентябр ҷашн гирифта мешавад. 

- Устод, тибқи мушоҳидаҳои Шумо, кайфият ва аҳамияти китобхонӣ дар кишвари мо чи гуна аст?

- Қаблан дар ҷои кор, дар хона, дар роҳ, дар истгоҳ, дар дохили троллейбусу автобус одамоне ба чашм мехӯрданд, ки машғули мутолиаи китоб, рӯзнома ва ё маводи дигари чопӣ буданд. Чунин саҳнаҳое хеле хурсандиовар ва дилгармкунанда буд. Шигифто, ки чунин саҳнаҳо имрӯзҳо кам ба чашм мерасад. Дар ҷомеае, ки алоқа ба китобу китобхонӣ камтар аст, бемориҳои иҷтимоие мисли бетаҳаммулӣ, ифротгароӣ, хушунат ва дигар рафторҳои номатлуб хеле зиёд аст. Аврупоиён муътақид бар онанд, ки миллате, ки китоб намехонад ва китобро муътабар намедонад, аз пешрафту рушд дар канор хоҳад монд ва маҳкум ба такрори саҳифаҳои торики таърих аст. Кишварҳои мутараққӣ пешрафту тавсеаи хешро мадюни хониш, омӯзиш ва дониш медонанд. Теъдоди чопи китоб ва мизони китобхонӣ дар ин кишварҳо хеле болост. Китоб дӯст ва аниси ҳамешагии онон аст: дар дохили мошин, ҳангоми мусофират, ҳангоми истироҳат, яъне як лаҳза китоб аз онҳо дур нестанд. Аврупоиёну амрикоиҳо аз ҳар фурсате барои хондан ва маърифат андӯхтан ба таври босамар истифода мекунанд. Пажӯҳишҳои оморӣ нишон медиҳад, ки дар Англия шабонарӯзӣ якуним соат сарфи китобхонӣ мешавад, дар давлатҳое чун Туркия ва Малайзия мардум панҷоҳу панҷ дақиқа дар шабонарӯз машғули китобхонӣ ҳастанд. 

Худатон шоҳиди ҳамарӯзаи зиндагии мо ҳастед, қазоват кунед, ки мизони китобхонӣ дар кишвари мо чи гуна аст! Китобхонӣ бештар дар миёни донишҷӯён ва таҳсилкардагон роиҷ аст, қишрҳои дигари ҷомеа аслан ба истилоҳ китоббадбин ҳастанд. Мизони истифода аз китобҳои ройгони китобхонаҳо низ дар муқоиса бо солҳои гузашта паст аст, намоишгоҳҳои миллию байналмилалии китоб дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои кишвар натавонистаанд ба вазъияти китобхонӣ дар кишвар беҳбуд бахшанд. Ҳарчанд давлат ба ин намоишгоҳҳо ҳусни ният дорад, вале онҳо ба ҷуз сару садои таблиғотӣ чандон муассир нестанд. Шояд таҷрибаҳои дигаре лозим бошад. Масалан, хеле хуб мешуд, агар шаҳрдории пойтахт дар яке аз биноҳое, ки дар хиёбони марказии шаҳр сохта мешаванд, маркази бузурге бо номи «Шаҳри китоб» таъсис бидиҳад ва дар ин замина барномаҳои васеъеро дар роҳи таблиғи китобу дониш ба роҳ монад.

- Ба назари Шумо,  вазъи китобдорӣ дар замони истиқлол дар чи сатҳ аст, бахусус дар Китобхонаи марказии АИ ҶТ? Чи бояд кард, ки вазъият беҳтар шавад?

- Хушбахтона, сарфи назар аз норасоиҳо дар таблиғу тарвиҷи китоб ва китобхонӣ ба ҳиммат ва роҳнамоиҳои пайвастаи Пешвои муаззам, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11 сол пеш бузургтарин китобхонаи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе сохта шуд, ки бо таҳҷизоти наву пешрафта таъмин гардид ва ҳамаи шароитҳоро дорост. 

Дар замони шуравӣ Китобхонаи марказии Академияи илмҳо беш аз 120 корманд дошт. Аммо, имрӯз шумораи кормандони Китобхона панҷоҳ нафар аст, ки ин теъдод барои хадамоти китобхонаро мутобиқи тақозои замон ва талаботи хонандагон ба сатҳи лозима боло бурдан кофӣ нест. 

Китобхона таърихи ҳаштоду панҷсола дошта, дар хазинаи он беш аз якуним миллион китоб мавҷуд аст. Шумори зиёде аз онҳо китобҳои нодиру камёби илмӣ мебошанд. Бояд арз кунам, ки шароити нигаҳдории китоб хуб нест. Хазинаи Китобхона хеле хурд аст, рафҳои китобро ҳатто дар роҳравҳо гузоштаем. Китобҳои наверо, ки ҳамвора ворид мешаванд, бо мушкилиҳои зиёде дар хазина ҷой мекунем. Ба ғайр аз ин, бино бар сиёсати созандаи раҳбарияти олимақоми кишвар дар ростои таблиғи илму дониш ва китобхонӣ ҳамасола шумори хонандагон дар ҳоли афзоиш аст, аммо шароити Китобхона ва ҳифзи ганҷинаи он на он қадар хуб аст. 

Азбаски барои сохтани бинои нав дар замони буҳронҳои шадиди молиявии ҷаҳонию минтақавӣ имконот маҳдуд аст, роҳи бисёр муносиб он аст, ки бо дастури муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат бинои Китобхонаи Фирдавсии собиқ, ки аз ҳамон оғоз ҳамчун китобхона сохта шуда буд ва дорои имконоти лозима барои ҳифзу нигаҳдорӣ ва хидматрасонии китоб аст, ба ихтиёри китобхонаи Акдемияи илмҳо супурда шавад. Дар ин сурат, тамоми мушкилоти мо ҳал ва амонати бебаҳову беназири илмии миллат эмину солим ба насли оянда супурда хоҳад шуд.

- Дар бораи сабабҳои китоб нахондани мардум чи андеша доред?

- Солҳои охири фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ ба рушду тавсеаи донишомӯзию китобхонӣ рост омад. Ҷавонон аз озодии фароҳамшуда барои такмили донишҳои хеш истифода мекарданд. Даст ёфтан ба тамоми маводи чопӣ, ки берун аз сарҳадҳои Иттиҳоди Шуравӣ тавлид мешуд ва мо орзӯи дасрасӣ ба онро ҳам наметавонистем бикунем, бозори чопу интишори китобро равнақ бахшид. Ҷавонон бештар китобҳои фалсафӣ ва иҷтимоию сиёсӣ мехонданд. Таноқузро бибинед, ки дар солҳои 70-уму 90-уми қарни бист, ки шумори шаҳрвандони Тоҷикистон ҳудудан панҷ миллион буд (ду миллион аз ин теъдод ғайри тоҷикзабонон буданд!), китобҳои бадеӣ бо шуморагони ҳафт то чаҳордаҳ ҳазор нашр мешуд. Масалан, ду очерки адабию таърихии устод Садриддини Айнӣ «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» ва «Исёни Муқаннаъ» дар як ҷилд сад ҳазор нусха ва маҷмӯаи ашъори устод Лоиқ «Дасти дуои модар» панҷоҳ ҳазор нусха интишор ёфт. Аммо, имрӯз шумори шаҳрвандони Тоҷикистон ба нуҳ милион расидааст ва шигифтовар аст, ки ҳадди аксари теъдоди нашри китоб аз як ҳазор бештар нест.

 Ба сабаби ба доми даҳшатзои ҷанги шаҳрвандӣ уфтодани тоҷикон ҳаёти фарҳангию илмии кишвар бакуллӣ рӯ ба таназзул овард. Мардум танҳо барои як луқма нон кор мекарданд. Мафҳумҳои китобу китобхонӣ ва маърифатомӯзӣ фаромӯш гардид. 

- Бубинед, кишвари Бразилия тасмим гирифтааст, ки ҳар чи бештар мардумро ба китобу китобхона ҷалб созад. Барои мисол, дар он кишвар урфе ҳаст, ки муҳлати ҳабси зиндониён дар ивази хондани як китоб чаҳор рӯз кам карда мешавад. Шунидам, ки дар зиндонҳои Русия ҳам китобхонҳо аз имтиёзоте бархурдоранд. Дар мо чӣ? Агар дар кишвари мо ҳам чунин расме роиҷ шавад, оё ба манфиати кор нахоҳад буд?

- Дар кишварҳои демократӣ мафҳуми «зиндон» вуҷуд надорад, чунин ниҳодҳоро «муассисаҳои ислоҳотӣ» меноманд. Вазифаи асосии муассисаҳои ислоҳотӣ тарбияи одамонест, ки бо сабабҳои гуногун қонунро нақз кардаанд. Мӯҳлати дар муассисаи ислоҳотӣ будан фурсатест, ки одамон иштибоҳоти хешро фаҳмида, барои бозгашт ба зиндагии росту дуруст тасмим мегиранд. Дар дарки иштибоҳот ва ислоҳу тасмимгириҳои онҳо муҳити фарҳангӣ, аз ҷумла китобхонаи муассисаи ислоҳотӣ ва масъулони фарҳангии он нақши бузурге мебозанд. Агар ин гуна тадбирҳое, ки дар Бразилия ба роҳ мондаанд, дар кишвари мо низ анҷом шавад, ба фоидаи миллат хоҳад буд.

- Мо иттилоъ ёфтем, ки дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби кадом соҳибкоре нахустин китобхонаи сарироҳӣ таъсис ёфтааст. Ин хеле хуб аст, агарчи кори ҷиддию бузурге нест. Қоидаи ин китобхонаи хурдак чунин будааст, ки хонанда китобро дар сари роҳ ё дар истгоҳ хонда ва боз дар ҷояш мегузорад, то дигарон ҳам онро бихонанд. Ин соҳибкор гуфтааст, ки дар сурати зарурат чунин китобхонаҳои сарироҳиро дар дигар ҷойҳо низ таъсис медиҳад.

 Устод, ин кор на он қадар харҷи зиёд дорад. Пас чаро соҳибкорони шаҳри Душанбе ҳам чунин иқдоме намекунанд?

- Ин кори савоб бояд дар саросари кишвар роҳандозӣ шавад. Ёд дорам, ки соли 2016 дар Бадахшон созмони ҷамъиятие бо номи «Умедвор» барои дастрасии бештари сокинони деҳаҳои дурдаст ба китоб китобхонаи сайёре таъсис дода буд, ки хидмати беғаразу арзандае дар ташвиқи мардум, алалхусус насли ҷавон, ба донишомӯзию маърифатандӯзӣ буд. Масъулони ин созмон ният доштанд, ки минбаъд ин кори хайрро идома дода, шумори китобхонаҳои сайёрро бештар намоянд. Аммо тайи ду соли охир хабаре аз онҳо нашунидам. Умедворам, ки дар амали хайрашон муваффақ шуда бошанд. Барои анҷоми ин кори хайр бояд ниҳодҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ даст ба дасти ҳам бидиҳанд ва дар эҳёи фарҳанги китобхонӣ бо ҳам ҳамкорӣ кунанд. 

- Устод, мо нависандагони зиёде дорем, профессору академик, шоиронамон низ зиёданд. Ва албатта ҷои шукргузорӣ ҳам ҳаст, вале боиси нигаронист, ки чаро дар замони муосир «Гулистон»-нависи дигаре надорем?

 Фикри Шумо дар ин бора чист? Оё вақти он нарасидааст, ки нависандагони мо дар бораи офаридани «Гулистон»-ҳои наве андеша намоянд? 

- Осори бузургони адаб мояи ифтихори мост ва ҳамеша хонданист. Қариб ҳазор сол аст, ки мо аз панду андарзҳо ва каломи ширину шоиронаи бузургони адабиётамон лаззат ва баҳра мебарем. Аммо, ба назари ман, Шумо суоли хеле дуруст ва огоҳонаеро дар бораи Саъдии Шерозӣ матраҳ кардед.  Чаро адибони дигар неву маҳз роҷеъ ба Саъдӣ суол кардед? Дар ин пурсиш ман ниёзмандии шадиди ҷомеаи моро ба Саъдӣ, аз як тараф ҳамчун намоди насиҳатгарӣ ва содиркунандаи дастурҳои ахлоқӣ, аз тарафи дигар, чун адибе амалгаро ва воқеънигор мебинам. Худи Саъдӣ низ дар «Бустон» ва «Гулистон»-аш аз мақоми як устоди ахлоқ бо хонанда суҳбат мекунад. «Гулистон» асаре беназир дар адабиёти мост. Ҳеҷ асаре ҳампаҳлӯи он нашуда ва наметавонад бишавад. Аз ин рӯ, дар ин давраи ҳассос, ки бо тағйироти ҳайратангези технологӣ рӯбарӯ ҳастему фановарӣ лаҳза ба лаҳза дар ҳоли пешрафт аст, ба гумонам, бештар ба бузургоне чун Абӯрайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ, Ибни Сино ва албатта Саъдии Шерозӣ бештар ниёз дорем.

- Вақте ки имрӯз ба китобхонаҳои электронӣ рӯ меорем, шигифтзада мешавем. Зеро касе фикр намекард, ки замоне истифода аз китоб дар чунин шакле сурат мегирад. 

Ба фикри Шумо, истифода аз китоб ё китобхонаҳо баъди даҳсолаҳо чигуна хоҳад шуд?

- Бояд гӯям ки он ҳисси оромиш, ки ҳангоми хондани китоби коғазӣ ба кас қаблан даст медод, китоби электронӣ наметавонад ба вуҷуд оварад. Шахсан ман аз хондани китобҳои коғазӣ хотироти хубе дорам. Дар бораи бартарии китобҳои коғазӣ нисбат ба китобҳои электронӣ ва баръакс пажӯҳишҳое анҷом шудааст. Таҳқиқи ин масъала дар яке аз донишгоҳҳои аврупоӣ нишон дода, ки истифода аз китобҳои электронӣ сатҳи омӯзишро пойин мебаранд. Дар ин пажӯҳиш як гурӯҳи 25-нафарӣ китобе иборат аз бисту ҳашт саҳифаро ба воситаи сахтафзори электроникии Амазон Киндл, ки барои хондани китобу асноди электронӣ ба кор меравад, мутолиа карданд. Як гурӯҳи биступанҷнафарии дигар ҳамон китобро дар нусхаи коғазиаш хонданд. Сипас, аз онҳо хоста шуд, то муҳтаво ва мундариҷаи китобро батартиб ривоят кунанд. Ин пажӯҳиш нишон дод, ки натиҷаи хонандагони китобҳои коғазӣ беҳтар аст. Чунин пажуҳишҳо зиёд анҷом шудааст ва натоиҷаш бештар ба фоидаи китобҳои коғазист.

 Аммо насли ҷавон, ки дар даврони ривоҷи густардаи технологияи муосири диҷитолӣ зода ва парварда шудааст, назараш ба китоби электроник дигаргуна аст. Имконоти истифодаи самаранок аз китобҳои электронӣ бештар шудааст. Аз назари зистмуҳитӣ китоби электронӣ афзалияти бештар дорад, зеро чунон ки медонед, коғаз аз дарахт истеҳсол мешавад ва технологияи тавлиди коғаз барои муҳити зист зиёновар аст. Интишори китобҳои электронӣ ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба ҳазинаҳои болои коғазу чоп аз китобҳои коғазӣ арзонтар аст. Бартарии дигари китоби электронӣ ин аст, ки он ҳаҷм ва вазни физикӣ надорад. Чандин миллион нусха китоб метавонад дар хотираи телефони ҳамроҳ ё компютерамон ҳифз шавад ва ҳамеша ҳамроҳи мо бошад. Истифода аз китоби электронӣ бо таваҷҷуҳ ба имконоти барномаҳои китобхон (Book Reader) кори хонанда ва алалхусус пажӯҳандаро, ки ҳамвора аз нарасидани вақт ранҷ мебарад, осон мекунад. Аммо китоби электронӣ ҳам аз камбудиҳо орӣ нест. Пайваставу тӯлонӣ нигоҳ кардан ба сафҳаи роёна нуқсону бемориҳоеро мисли хастагию осеби чашм, афсурдагии зеҳнӣ, бедорхобӣ, заъфи асаб ва ихтилолоти дигар ба ҳамроҳ дорад, аммо дар хондани китоби коғазӣ бо ин мушкилот камтар рӯбарӯ мешавад. Хулоса, китоби коғазӣ ва китоби электронӣ ҳар кадом фазилатҳо ва костиҳои хешро доранд ва наметавон якеро беҳтар аз дигаре донист.

- Барои баланд бардоштани сатҳи ишқу алоқаи навҷавонону донишомӯзон ба китобу китобхонӣ чи корҳоеро бояд анҷом дод?

- Пеш аз ҳама ду корро бояд анҷом дод: нахуст он, ки таҳқиқоти ҷомеъу жарфи илмӣ роҷеъ ба вазъияти китобхонӣ дар Тоҷикистон сурат бигирад, то омилҳои паст шудани сатҳи китобхонию китобдӯстӣ муайян шавад; дувум ин, ки баъд аз анҷоми таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин масъала бо ҷалби мутахассисони китобдорию донишшиносӣ барномаи вежаи тавсеаи фарҳанги китобхониро дар ҷомеа бояд таҳия кард ва барои иҷрои он ҳамаи шароитро муҳайё сохт. Дар мактабҳои миёна бояд ҳафтае як соат барои китохонӣ ҷудо карда шавад, то бачагон аз хурдӣ  бо фарҳанги китобхонӣ ошно шаванд. 

Мутолиаи китоб аз сӯи  падару модар дар хона дар тарғиби китобу китобхонӣ дар миёни фарзандон таъсирбахштарин омил аст. Баррасии китобҳои мутолиашуда дар ҳалқаи оила, мактаб ва донишкадаву донишгоҳҳо дар бедор кардани шавқу иштиёқ ба китобхонию донишандӯзӣ бисёр самаровар аст. 

- Ташаккур барои суҳбат!

Шумо дар Фарҳанг

- Имрӯз Шумо ҳамчун модар, баъди қазияе, ки писари Шумо ба сари сайёҳони хориҷӣ овард, дар кадом ҳолати рӯҳӣ қарор доред? 

-Ман ҳамчун модар дар як ҳолати бисёр вазнини рӯҳӣ қарор дорам. Ҳам назди мардум ва ҳам назди хешу табор, муҳимтар аз ҳама, назди роҳбари давлат, Пешвои муаззами мо, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шармандаам. Чӣ тавр шарм надорам, дар ҳоле ки Эмомалӣ Раҳмон ба кишвар сулҳ оварду писари ман барин гумроҳшудагон, ин оромиро халалдор мекунанд.  Аз як тараф ба фарзандам ҳам нафрат дорам, аз ҷониби дигар дилам ба ӯ месӯзад, зеро ман модарам. Ман розӣ будам, ки худамро парронаму фарзанди ман ба ин кор даст назанад.  

- Мебинам, ки Шумо рӯҳияи баланди ватандустӣ ва ба роҳбарияти кишвар эҳтироми хоса доред, аммо чӣ гуна шуд, ки фарзандатон, ки «ними тани Шумост» гумроҳ шуд? 

-Ростӣ, ҳайронам. Фақат ҳаминро мегӯям, ки фарзанди маро фиреб доданд, зеро ман фарзандамро хуб тарбия карда будам. Писари ман чанд забонро медонист. Ҳатто як замон дар донишгоҳе, ки таҳсил мекард, ӯро раиси донишҷӯён таъин карда буданд. Шод будам, ки ӯ номбардори падару модараш гаштааст.  Аммо намедонам, ки ин нобакорон чӣ тавр ӯро аз роҳ бароварданд. 

- Киро дар назар доред?

- Албатта, Кабирӣ ва ДИИШ-ро дар назар дорам. Онҳоеро дар назар дорам, ки аз рӯи бухлу ҳасад намехоҳанд, ки дар кишвари мо оромӣ ҳукмрон бошад. 

 - Чӣ тавр Шумо дарк кардед, ки писаратон гумроҳ шудааст?

-Ман инро дарк карда наметавонистам. Як вақт ӯ гуфт, ки барои мардикорӣ ба Руссия меравад. Дар ин миён занг ҳам мезад. Мегуфт, ки ҳамроҳи рафиқонаш  иҷора нишастааст. Як маротиб аз Дубай занг зада буд. Вақте пурсидам, ки чӣ кор мекунад онҷо, гуфт, ки барои тиҷораташ омадааст. Чанд рӯз қабл аз содир кардани ҷиноят, вақте ба хона омад, либосҳояш даридаву фарсуда буд. Дилам сӯхту 400 сомониаш додам, то либоси дуруст харад. Як рӯзи дигар гуфтам, ки биё муаллими забони англисӣ шав. Розӣ шуд. Рафту бо касе маслиҳат кард ва гуфт, ки ба ӯро ба кор қабул кардаанд. Дилам пур шуд, ки писарам акнун ба кор даромад. Як рӯз дар хонаи хешам будам.  Ба ман занг зада гуфтанд, ки ба хона оям. Вакте омадам, хонаам мотамхона буд.

- Шумо гуфтед, ки модар бо шер ҷанг мекунад. Мехостам фаҳмам, ки чӣ кореро ба сомон расонидан мехоҳед?

-Аз рӯи шунидам, ба наздикӣ дар Варшава ҷаласаи навбатии САҲА баргузор мешудааст. Ман аз ҳукумат мехоҳам, ки барои иштироки ман дар ин ҷаласа кӯмак кунад. Ман ба Варшава меравам ва ин муроҷиати худро ба онҳо мерасонам. Дар сурате, ки ин созмонҳои байналмиллалӣ аз Кабирӣ пуштибонӣ кунанд, ман худро назди бинои ин созмон оташ мезанам. Ман арзи тамоми модарони тоҷикро ба онҳо мерасонам. Зеро маҳз онҳо фарзандони моро гумроҳ кардаанд. Агар мо Кабириро ба ҷавобгарӣ накашем, пас сад Ҳусейни дигар қурбони манфиатҳои ин тоифа мегардад. Кабирӣ натавонист, ки ҳизбашро дар фазои ороми сиёсӣ нигоҳ дорад. Ба ӯ тамоми имконятҳоро дода буданд. Вақте ӯ шахси ноӯҳдабарост, пас чи гуна метавонад, дар тариқи созмонҳои байналмиилалӣ аз кишвари мо интиқод кунад? Ман ҳамчун модаре, ки ганҷи худро ба ҷурми Кабирӣ аз даст додааст, ба ӯ нафрат дорам. 

-Қаблан писари Шумо дар бораи ҲНИ ягон маълумот дошт? Боре дар ин бора бо Шумо суҳбат дошт? 

- Боре ҳам нашуидаам, ки ӯ дар ин бора сӯҳбат карда бошад. Танҳо ба наздикӣ, аниқтараш пас аз оне ки ӯ ин ҷиноятро содир кард, ман ҳуҷҷатеро дидам, ки аъзои ҲНИ будани фарзандамро тасдиқ мекард. Ман гумон мекардам, ки фарзанди ман барои ҳукумату ватани хеш хизмат мекунад. Агар медонистам, ки фарзандам гумроҳ шудааст, ӯро баста, дар хона нигоҳ медоштам, ба берун баромадан намемондам. Инҷо як нақл ба хотирам расид. Як зани амрикоӣ вақте мефахмад, писараш фардо бо душманон ба Ватан ҳамла мекунад, шаб ба пушти писараш бо корд мезанад. Писараш лётчик будааст. Ин воқеа замони ҷанги ИМА ва Куба рух дода буд. Вақте аз аз модар пурсиданд, ки чаро фарзандатро ба корд задӣ, гуфтааст, ки агар ман фарзандамро ба корд намезадам, имрӯз ӯ ба дили ҳазор модари дигар корд мезад.

 -Имрӯзҳо муносибати мардум ба Шумо чи гуна аст?

 -Қабл аз ин воқеа, мардум дар ҳама кор аз ман маслиҳат мепурсиданд. Дар маъракаҳо бологузар будам. Имрӯз бошад, аксарияти онҳо нисбати ман назари дигар доранд. Аммо ҳастанд онҳое, ки дилбардорӣ карда мегӯянд, ки ғамгин нашавам, на ман балки писари гумроҳи ман ба ин кор даст задааст ва ӯ худаш ҷавобгар аст.

-Шумо айни замон бо кӣ вохӯрдан мехоҳед?

 -Бо Президенти кишвар, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.  Мехоҳам ба ӯ бигӯям, ки маро чун модар бубахш. Аммо ман гуфта наметавонам, ки фарзанди маро бубахшад. Боз мегӯям, ки тамоми қувваи худатонро барои нест кардани ин тоифа сафарбар кунед.

- Агар Шумо бо Кабирӣ вохӯред, ба ӯ чӣ мегӯед? 

- Агар бо Кабирӣ вохӯрам, гулӯи ӯро ба дандонҳоям меканам. Мегӯям, ки ту як фосиқ ҳастӣ. Писари маро қурбон кардӣ. Ман наметарсам. Медонед, ки модар бо шер ҷангидааст. Кабирӣ кист ки ман аз ӯ сари тарс дошта бошам? Кабирӣ аз хоҷагони хориҷияш пул гирифта, нақшаҳои онҳоро амалӣ мегардонад. Мегӯям, ки чанд зану чанд бӯстонсаро дошта метавонед, ҳаррӯз дар кишварҳои хориҷӣ кайфу сафо карда мегардед, аммо онҳоеро Шумо гумроҳ кардеду мекунед ба ҷои Шумо ҷавоб медиҳанд.  Боз мегӯям, ки:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб ки ҳаст, дар мусалмонии туст.

- Расонаҳои расмӣ навишта буданд, ки писари Шумо дар Эрон таълими идеологӣ гифта, барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин дар Руссия ҳам ба ҳабс кашида шуда буд. Шумо аз ин қазияҳо огоҳӣ доштед? 

- Не, ман огоҳӣ надоштам. Ман модарам. Ба фарзандам боварӣ доштам. Гумон мекардам, ки фарзандам дар роҳи дуруст аст, мехонад ва барои ватану миллаташ хизмат мекунад. Аммо афсус, ки фарзанди маро тоифаи бадхоҳе гумроҳ карданд. 

 - Кормандони милиса ба Шумо чӣ гуна муносибат доранд?

- То ин воқеаҳо ба ман мегуфтанд, ки кормандони милиса ба ҷинояткорон ва хешу таборони онҳо муносибати хуб надоранд. Аммо кормандони милиса бо ман муносибати хуб карданд. Ман миннатдорам аз онҳо.   

- Шумо ба ҳайси як модаре, ки писаратон гумроҳ шудааст, ба ҷавононе, ки аз Кабирӣ думболагирӣ ва аз ифротгароён пуштибонӣ мекунанд чӣ гуфтан мехоҳед?  

-Ман ба ҷавонон гуфтаниам, ки онҳо бояд ба ин сафсаттаҳо бовар накунад. Бояд ҳар паёми пешвои муаззами мо, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гӯш кунанд. Хизматҳои ҳукумат ва роҳбарияти кишварро ба инобат гиранд. Бояд ба он хунхорҳое, ки ҷавононро гумроҳ мекунанд бовар накунанд. Ба хориҷа нараванд. 

 - Ташаккур барои сӯхбат!.

 «Фараж» 

Шумо дар Амният

Мусоҳибаи журналист Далери Абдулло бо роҳбари Котиботи Шӯрои байниҳукуматии роҳдорони ИДМ, сармуҳаррири маҷаллаи «Роҳҳои ИДМ», профессор Бурӣ Каримов

- Бо  дарназардошти таҷрибаи зиёд доштанатон дар соҳаи роҳу нақлиёт бигӯед, ки низоми толлингӣ чӣ бартарӣ дорад ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ намудани он то чӣ андоза муҳим, зарур ва ногузир аст?

-Бо тақозои вазифа ман ба кишварҳои зиёди олам сафар доштам ва моҳияту зарурияти ҷоришавии низоми толлингӣ дар идораи роҳҳоро хуб медонам. Моҳиятан роҳи пулакӣ роҳест, ки ширкат барои нигоҳдориаш муваззаф буда, ҷиҳати ҷавобгӯи талабот будани он масъулият дошта, дар ин самт бояд аз имконоти дар ихтиёрдоштааш самаранок истифода намояд. Маъмулан ҳукумати кишварҳои рӯ ба рушд дар заминаи татбиқи чунин лоиҳаҳо, ки аксар маврид бо ҷалби сармояи хориҷӣ амалӣ мешавад, ҳолати роҳҳоро беҳтар менамоянд. Бояд дарк намуд, ки талабот ва усули истифодаи чунин тарзи кор (манзур ҷорӣ намудани низоми толлингии истифодаи роҳҳо аст) дар ҳар кишвар махсусиятҳои худро дорад. Дар маҷмӯъ, гузариш ба истифодаи пулакии роҳ дар шароити тавсеаи муносибатҳои иқтисоди бозорӣ падидаи маъмул ва амри муқаррарӣ буда, набояд боиси нигаронӣ шавад. 

   Агар тариқи мухтасар ба суоли гузоштаи Шумо посух диҳам, бояд гуфт, ки  ҷорӣ намудани низоми толлингии идоракунии роҳи Душанбе – Чанок муҳим ва саривақтӣ аст.  Одатан ҷоринамоии ин низом дар сурати мавҷудияти роҳи алтернативӣ сурат мегирад. Вале роҳи Душанбе – Чанок аз лиҳози релефи ҷойгиршавӣ махсусиятҳои худро дорад, ки  мавҷудият ва истифодаи роҳи алтернативиро зери суол мебарад. Масалан, замони муваққатан қатъ гардидани ҳаракат тариқи нақби «Истиқлол» мо шоҳид будем, ки шаҳрвандон кӯшиш мекарданд бо ҳар роҳу васила тариқи нақби зикршуда гузаранд, на ағбаи Анзоб. Аз ҷониби дигар, дар замони шӯравӣ чунин роҳи алтернативӣ тариқи ҳамсоякишвар – Ҷумҳурии Ӯзбекистон вуҷуд дошту ҳамватанонамон онро самаранок истифода мебурданд. Айни замон, баъди 10 соли фаъолияти пурмаҳсули «IRS» ва бо дарназардошти махсусияти ҷуғрофиву иқлимӣ ва ғайра метавон гуфт, ки ҷоришавии истифодаи пулакии роҳи Душанбе – Чаноқ асоснок ва муҳим аст.

-Мунаққидони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иддао мекунанд, ки бидуни мавҷудияти роҳи алтернативӣ ҷорӣ намудани низоми толлингӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи матлаб нест. Шумо оид ба ин масъала чӣ назар доред?

-Ба ин савол ман зимни посух ба суоли қаблӣ қисман ҷавоб додам.Бояд гуфт, ки  яке аз он мунаққидоне, ки Шумо ёдовар шудед, ман будам. Эътироф менамоям, ки қаблан  ман низ гузариш ба истифодаи пулакии роҳи Душанбе – Чаноқро, бинобар набудани роҳи алтернативӣ, иштибоҳ арзёбӣ карда, бо хоҳиши кормандони ҳафтаномаи «Азия плюс» дар ин маврид матлаб низ навишта будам.  Вале бо мурури вақт назари ман оид ба ин масъала тағйир ёфт. Барои чӣ?  Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Беларус, ки аввалин шуда, дар миёни давлатҳои Иттиҳоди  Давлатҳои Мустақил ин низомро ҷорӣ намуда  буд, айнан ҳамон ҳолате ба миён омад, ки солҳои аввали фаъолият роҳбарият ва кормандони «IRS»  бо он мувоҷеҳ буданд. Мардум то андозае норозӣ буданд. Агар масъаларо амиқтар мавриди пажӯҳиш қарор диҳем, маълум мегардад, ки марҳилаҳои аввали ислоҳот ва амалигардонии чунин лоиҳаҳо мушкилот, ба монанди норозигии шахсони алоҳида, ки асосан манфиатҳои шахсиашонро аз манфиатҳои ҷомеа боло мегузоранд, ба миён меорад. Баъзан монеаҳои дигар аз тарафи намояндагони баъзе сохторҳои давлатӣ низ  эҷод мегардад. Бо мурури вақт ин низом натиҷаҳои мусбат ба бор оварду мардум низ муътақид гардиданд, ки қисмати аъзами пули пардохтменамудаашон барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ ва боқимонда барои ташкили инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои пуриқтидори замонавӣ харҷ мешавад.  

 Дар кишвари мо низ солҳои аввали ҷоришавӣ ин иқдом бо бархӯрд ва назарҳои интиқодӣ рӯ ба рӯ буд.  Аксарият ба ном мунаққидон иддао доштанд, ки ин роҳ бо аз ҳисоби давлат сохта шудаасту чаро онҳо барои истифодааш маблағ пардохт намоянд?  Вақт нишон дод, ки ин тадбир  оқилона буда, пеш аз ҳама, ба беҳдошти ҳолати ин роҳи аз лиҳози стратегӣ муҳим рабт дорад.  Ҳамватанони азиз бояд донанд, ки роҳи Душанбе – Чаноқ дар муқоиса бо дигар роҳҳои мамлакат аз офатҳои табиӣ, аз қабили тармафароӣ, лағжиши кӯҳпора, омадани сел, обхезӣ ва ғайра зиёдтар осебпазир аст. Бо дарназардошти ин ҳолат табиист, ки нигоҳдории роҳи мавриди назар кори саҳлу сода набуда, хароҷоти зиёди маблағро ба думбол дорад.

-Агар гӯем, ки 10 соли фаъолият барои филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи рушду такомул маҳсуб мешавад, муболиға ва тамаллуқ нахоҳад буд. Далели бебаҳси ин гуфта мунтазам ғанӣ гардидани пойгоҳи техникии филиали Ширкат, бунёди корхонаҳои истеҳсоли мумқир ва дигар масолеҳи ба бахши роҳу нақлиёт рабтдошта, ҷалби мутахассисони болаёқат, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, ба фаъолият шурӯъ намудани плазаҳои нави толлингӣ ба ҷои плазаҳои амалкунанда мебошад.  Доир ба корҳои то ин замон аз ҷониби  филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомёфта чӣ андеша ва хулоса доред?

-Андешаҳои ман дар суоли пешниҳодкардаи Шумо то ҷое иброз шуданд ва ман бо Шумо ҳамфикрам. Аз ҷониби дигар, «IRS» узви Шӯрои байниҳукуматии роҳдорон аст ва мо аз дастоварду пешравиҳояш, аз ҷумла ғанӣ гардидани пойгоҳи техникии филиали Ширкат, бунёди корхонаҳои истеҳсоли мумқир ва дигар масолеҳи ба бахши роҳу нақлиёт рабтдошта, ҷалби мутахассисони болаёқат, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ огоҳии комил дорем. Итминони комил дорам, ки роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат ба дастовардҳои ноилгардида иктифо накарда, баҳри густариш бахшидани ин раванд беш аз пеш ҷаҳду талош хоҳанд кард. Бо дарки масъалият мегӯям, ки фаъолияти хуби «IRS» ба ҳама ҳувайдост. Бинобар ин, мунтазам теъдоди мунаққидони  тамоюли камшавиро касб намудааст. 

-Дар давоми се  соли охир аз ҷониби баъзе соҳибназарон, хоса онҳое, ки қаблан аз мавҷудияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқод мекарданд, андешае садо дод, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун «IRS» роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ  рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд.  Ҳамрадиф бо ин, пешниҳод шуда буд, ки механизми пулакии истифодаи роҳ дар дигар роҳҳо низ мавриди истифода қарор гирад. Бароямон ҷолиб аст, ки Шумо  аз фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ бардошт доред ва оё зарурати ҷорӣ намудани низоми толлингӣ дар дигар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст?

- Аслан ягон роҳ бепул нест. Шаҳрвандон – истифодабарандагон бо роҳу василаҳои гуногун дар нигоҳдории роҳ саҳм доранд. Дар ин самт таҳким бахшидани ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ба манфиати кор хоҳад буд. Дар заминаи ин ҳамкорӣ баҳри беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоӣ – иқтисодии шаҳрвандон шароит фароҳам меояд. Дар робита ба қисмати охири суолатон бояд гӯям, ки таҳкимбахшии ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ дар самти ҷоринамоии низоми толлингии идоракунии роҳҳо яке аз роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда аст. Ҷоринамоии ин таҷриба дар дигар роҳҳои мамлакат ва дигар кишварҳои ИДМ  кори муҳим маҳсуб мешавад. Дар ҳамин ҳол, бояд махсусиятҳои ҳар кишвар ва релефи ҷойгиршавии он ба инобат гирифта, дар ин замина барои истифодаи пулакии роҳ меъёрҳои қобили қабул ҷорӣ гардад. 

- Шумо зимни сафарҳои хизматӣ  ҳамроҳ бо мутахассисони хориҷӣ зиёд аз роҳи Душанбе – Чаноқ гузар менамоед. Бигӯед, ки таассуроту хулосаи  онҳо оид ба вазъи роҳ ва фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?

- Вобаста ба сафарҳои хизматии ман дуруст зикр кардед. Яке аз гузариши тариқи роҳи зикршудаи  ман дар якҷоягӣ бо 100 мутахассиси варзида аз кишварҳои ИДМ соли 2016 сурат гирифта буд. То ин вақт мо чандин чорабиниҳои дигар низ баргузор карда будем, ки дар заминаи он меҳмонон тариқи роҳи мазкур гузар карда буданд. Эътироф мекунам, ки он замон аслан нигарониҳо ба ҳолати нақби «Истиқлол» ( бояд донист, ки нигоҳдори ин нақб ба зиммаи «IRS» нест Д.М.) дахл дошт.  Боқӣ таассурот ва пешниҳодоти мутахассисон хуб буда, моҳияти тавсиявӣ дошт. Онҳо назари хешро дар робита ба таъмини бехатарии ҳаракат, пеш аз ҳама, насби деворҳои ҳимоявӣ ва дигар иншооти таъминкунандаи бехатарӣ ироа карда буданд.  Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки «IRS» баҳри иҷрои вазифаи ба зиммааш вогузорбуда имконияту шароит ва мутахассисони арзандаро доро буда, онҳо қодиранд, ки ба дастовардҳои бештар ноил гарданд. 

Шумо дар Мусоҳиба
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 3

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.