.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Сешанбе, 04 Сентябр 2018 - || ФАРАЖ

Дар натиҷаи беэҳтиётии ронанда автомашинаи тамғаи “Тайота-Ландкрузер” ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи “Нисан-Патрул” бархӯрдааст, ки боиси ҳалокати 4 нафар шудааст.

Рӯзи 3-юми сентябри соли 2018, тахминан соати 14:15, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Ландкрузер” Маскинов Карим Маҷнунович, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Хоруғ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Доғистони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Нисан-Патрул”, таҳти идораи Лутфуллоев Тоҳир, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Хоруғ бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи тамғаи “Тайота-Ландкрузер” Раҳматхудоева Фазилат Маҷнуновна, соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи ноҳияи Роштқалъа Обидов Мирсобит, соли таваллудаш 1953, сокини шаҳри Истаравшан ва мусофирони автомашинаи “Нисан-Патрул” Малишоев Одил, соли таваллудаш 1959 ва Саидманзаров Сайф, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Шуғнон аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Мусофирони дигари автомашина Мирзошоева Ситора Шакаршоевна, соли таваллудаш 1987, Саидмаҳмадов Раҳматшо, соли таваллудаш 1985, сокинони ноҳияи Шуғнон Ёрмаҳмадова Рамзия Нурмаҳмадовна, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Хоруғ Гуломасенова Маҳбуба Сунатуллоевна, соли таваллудаш 2011, сокини ноҳияи Роштқалъа ба саломатиашон ҷароҳатҳои гуногун бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.

Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Шумо дар Хабари рӯз

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, дар баъзе ноҳияҳо  шамол аз самти шарқ то 10-15 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе аз минтақаҳои кишвар гармӣ то ба 36 дараҷа мерасад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +11+16 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 8+13, рӯзона 27-32 ва дар шарқи ин вилоят шабона 3-2 ва рӯзона +16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои cофу беғубор пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8, дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +14+19 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона +10 +15 ва рӯзона +29+34 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои софу беғубор пешгӯӣ  шуда, шабона +13+15 ва рӯзона +32+34 дараҷа гарм мешавад.

Шумо дар Хабари рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  2 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 2 аз 2

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.