.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Душанбе, 03 Сентябр 2018 - || ФАРАЖ
Душанбе, 03 Сентябр 2018 18:21

Нафс ё оромӣ?

Нафс намегузорад, ки оромӣ моро ё мо оромиро дарёбем.

 Дар ҷомеаи кунунӣ ҳар он чизе ки дар ақли инсон меғунҷад, бароямон дастрас аст. Вале боиси таассуф аст, ки одамизод бо вуҷуди дастрасӣ доштан ба неъматҳои бешумор, ором намегардад. Нафс саркашӣ  мекунад. Қарор дар дил намеғунҷад. Оромӣ ҳатто ба мо наздик шуда наметавонад.

Мегӯянд, ки нафс ва оромиро дидан номумкин аст.Чӣ мешавад, ки кӯшиш кунем, то ин ду падидаро бубинем? Барои нафсро дидан бояд ба атроф назар кард.  Он гоҳ, хонаву мошин, узр, хонаҳову мошинҳо, дачаву заминҳои пахтаву гандум,  мини -  маркету супермаркет, хисобҳои бонкӣ ва ғайраҳоро мебинед.

 Хуб, бармегардем сари масъала. 

Мо ин неъматҳоро дорем, аммо ҳеҷ оромиро дар худ эҳсос карда наметавонем ва боз мехоҳем, ки зиёдтар дошта бошем. Мехоҳем, ки дар бари дачаи тобистонаамон дар яке аз мавзеъҳои нисбатан гарми ҷумҳурӣ, як дачаи зимистона ҳам дошта бошем. Мехоҳем даҳу бист гектори замини гандуму пахтаамон ба саду дусад гектор табдил ёбад. Бисёр мехоҳем, ки аз супермаркет ба гипермаркет гузарему ҳисобҳои бонкиамонро дар бонкҳои хориҷи кишвар кушоем. Дар ҳисоби кӣ? Ба номи апаи холаи ҳамсояи зани амаки холаи бачаи завҷаамон!  Пас чӣ тавр метвон гуфт, ки “нафсро намебинем?” Магар ин хандаовар нест? 

Боз мебинем, ки онҳое низ ҳастанд, ки чанд карат оиладор шудаву аз завҷаҳояшон  ҷудо шудаанд. Сабаб: зани тоҷик гӯё ба талаботи онҳо ҷавобгӯ нест. Гунаҳкор: наворҳои сиёҳи интернетӣ. Сер намекунанд! Қорӣ Шикамбаҳое ҳастанд, ки дар ошхона се-чор намуд хӯрокаву нӯшокиро дар як нишастан нӯши ҷон мекунанд. Ҷевонҳои ҷавонон пур аз либос аст, аммо ҳар рӯзи якшанбе дар бозори “Корвон” туфлии каблукдор ё кепкаи реперӣ харидорӣ мекунанд. Ҳеч  ором намешавем. Хушбахтона, интернети 70 сомона дорему дақиқаем аз “Online”, “В-сети”, ва “Ҳоло фаъол” аст дур намешавем, вале мутаассифона, дар фикру зикри интернети 99 сомонаем. Мо дар дар Донишгоҳҳои кишвар таҳсил мекунем, аммо боз дар фикри таҳсил дар хориҷа ҳастем. Доим хотирпарешон ҳастему чашми серӣ надорем. 

Чӣ бояд кадр, то ин ҳолат бартараф шавад?  Чи тавр ором бояд шуд? Ҷавоби дуруст шояд қаноат кардан бошад. Бале, танҳо қаноат.

 Мо метавонем ба интернети моҳона  нархаш 12 сомонӣ ҳам  аз“E-mail”, “Facebook”, “Viber”, “Whatsapр” истифода барем. Ҳеҷ кас ба мо намехандад, агар ба ҷои 10 куртаву 15 шим, 3 куртаву 4 шим дошта бошем. Мо имкон дорем, ки ба хӯроки кам қаноат кунему ба занҳои худ меҳрубон бошем. Одат бояд кард, то ба ҷойи 7 симкорт 1-то истифода барем ва на аз усули мӯйтарошии 100-200 сомонаи монанд ба Роналдо, балки аз усулаи оддии 10 сомона истифода бурд. 

Мо бояд оҳиста-оҳиста аз талаботи бешумори худ даст кашем, аз чизҳои нолозиму вақтгиранда дурӣ ҷӯем, чӣ хостани худро дарк кунем.

 Зеро ҳар ҳар қадар, ки ба неъматҳо кам дастрасӣ дошта бошем, ҳамон андоза ором мегардем ва хушбахтиро эҳсос мекунем. 

Ва дар охир бояд иқрор шуд, ки нафс миёни мо ва оромӣ баҳри беканореро мемонад. Кушиш кунед ва пуле бисозед барои расидан ба оромӣ.

Худо нигаҳбон!

Ҳафизуллоҳ  ТОҲИРӢ

Шумо дар Нигоҳи хос

Ба таваҷҷӯҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори шуъбаи тафтишотии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон Некрӯз Ғоибов нисбати ронанда Нураҳмад Қурбонов, ки дар садамаи нақлиётии ба миён омадаи ӯ, як нафар ҳалоку дигаре ҷароҳати вазнин бардошт, якчанд банду қисми моддаҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» - ро ба эътибор нагирифтааст.

Агарчӣ дар садамаи нақлиётии рӯзи 28.04.2018 дар ноҳияи Данғара сокини ҳамин ноҳия гунаҳгор, ба кораш иқрор, ронанда Сафар Шарифов бошад ҳам, аммо омилҳое мавҷуд аст, ки сокини шаҳри Кулоб ронанда Н.Қурбонов низ меъёрҳои муқаррарнамудаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, ба ҷои он ки аз ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳрум карда шавад, баръакс, ҷабрдида эътироф шуд (моддаи 15, қисми 2 – и қонуни дар боло зикршуда).

Мусофири ҷароҳатбардошта Абдулҳаким Сафаров мегӯяд: “Н.Қурбонов мошинро беҳад бо суръати баланд меронд ва аз ӯ чанд бор хоҳиш кардам, ки оҳиста ронад. Вале як оҳиста мекарду боз баланд меронд…” Инчунин тибқи иттилои шоҳидон Н.Қурбонов қоидаҳои бозистиро риоя накарда, ба ин васила, боиси халалдор кардани ҳаракат дар роҳ гардидаст (моддаи 30, қисми 2, банди 4 – и қонуни дар боло зикршуда). Ва боз иҷозатнома (литсензия) – и мусофиркашонӣ ҳам надорад. 

Таҳлилҳо ва ҳисоботҳои омории ҳодисаҳои роҳу нақлиёт нишон медиҳад, ки аксари ҳодисаҳои роҳу нақлиёт маҳз дар ҳолати аз меъёри муқаррарӣ тез рондан ба вуқуъ мепайвандад. Вале муфатиш Н.Ғоибов далоили моро рад кард ва ба мақолае, ки марбут ба ин ҳодиса буд (“…Ороми ҷонам меравад!” рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”. 21.06.2018) вокуниш мебоист навишт, вале ӯ ҳатто аз он мавод хабар ҳам надошт. Мегӯяд: “Дар таркиби амали Н.Қурбонов ягон намуди ҷиноят дида намешавад ва хулосаҳои ташхиси судиву техникӣ ҳам инро нишон медиҳад”. 

Дар сомонаи news.tj иқтибосе омадааст: 

Ғулом Бобоев, раиси Коллегияи адвокатҳои вилояти Хатлон мегӯяд: «Ман, аслан ба хулосаҳои судиву тиббӣ эътимод надорам, аз ҷумла, ба хулосаи ташхиси судиву тиббии вилояти Хатлон. Зеро дар аксари ҳолатҳо як хулосаашон ба дигараш мухолифат мекунад». 

Ин ҳолат боз ҳам дар ташхиси техникии вилояти Хатлон зуҳур кардааст. Зеро хулосаи он мухолифат ба далоил дорад. 

Талаботи моддаи 9, банди 6 – и қонуни дар боло зикршуда мавриди амал набуда, дар моддаи 6, банди 9 – и ҳамин қонун мақомоти ваколатдори давлатӣ уҳдадор шудааст: 

- тадқиқ ва арзёбии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт.

Аз ин рӯ, барои муайян намудани амалҳои таркиби ҷиноятдоштаи Н.Қурбонов баррасии ҳодисаҳо, далелҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдор ҳатмӣ ва зарурист. Хеле хуб мебуд агар ҳодисаи фалокатбори мазкурро Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар баррасӣ мекард. 

Дар баробари мақолаи тадқиқотӣ ба Ҳукумати мамлакат ҷиҳати коҳиш ёфтани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт пешниҳод менамоям, ки талаботи моддаи 15, қисми 2 – и Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» пурзуртар карда шуда, ҳодисаҳои роҳу нақлиёте, ки бо марг фарҷом меёбад, ронандаҳои як ё ҳарду тараф аз ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт маҳрум карда шаванд. 

Шояд дар ин хусус вакилони Маҷлиси намояндагон вокунише нишон диҳанд.

Саидҷон БАҲРОМОВ, 

рӯзноманигор,

н. Муъминобод.

Айни замон дар Тоҷикистон татбиқи барномаи ислоҳоти милитсия барои  солҳои 2014 - 2020 гузаронида шуда истодааст. Гуфта мешавад, ки барномаи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2014 таҳти рақами 296 тасдиқ гардида, аз 18 банд иборат мебошад. Роҷеъ ба мавзӯъ  суҳбате доштем бо роҳбари барнома, генерал майори милитсия Шодмонзода Фарҳод Алиёр. 

Лутфан чанд сухан роҷеъ ба пайдоиши ин идея, яъне амалӣ гардонидани барномаи ислоҳоти милитсия мегуфтед?

-Мо дар ҷомеае зиндагӣ дорем, ки дар тӯли 20 соли охир дар ҳама соҳаҳо, чӣ иқтисодиёт, чӣ сиёсат ва чӣ иҷтимоиёт тағйироти зиёде ба амал омаданд. Табиист, ки ин ислоҳот дар соҳаи ҳуқуқ ҳам мегузарад. Масалан, айни замон дар системаи судии кишвар марҳилаи дуюми ислоҳоти судӣ гузашта истодааст. Аз сабаби он ки Вазорати корҳои дохилии кишвар низ яке аз сохторҳои муҳими мақомоти қудратӣ дар Тоҷикистон мебошад, пешниҳод намудем, ки  дар системаи милитсия ҳам бояд тағйирот гузаронида шавад. 

- Ислоҳоти мазкур кадом вазифаҳоро дар бар мегирад ва аз кадом стратегияҳо иборат аст?

-Аввалан, соли 2012 ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон бобати ислоҳот дар соҳаи милитсия имзо гардид. Дар ёддошти тафоҳум ҳамаи он вазифаҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва САҲА дарҷ шудааст. Баъдан, моҳи марти соли 2013 стратегияи ислоҳоти милитсия аз тарафи Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Ин ҳуҷҷати давлатӣ масъалаҳоеро дар бар мегирад, ки ҳукумат дар мӯҳлати муайян онҳоро иҷро мекунад. Соли 2014 барномаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, - нақшаи чорабиниҳое, ки бояд дар мӯҳлати муайян амалӣ гарданд, тасдиқ карда шуд. Дар барнома баргузории 93 чорабинӣ зикр гардидааст. Бояд гуфт, ки ин чорабиниҳо баҳри беҳтар кардани фаъолияти милитсия равона карда шудааст. То имрӯз қариб 70 банди ин барнома иҷро шудааст ва ислоҳот дар милитсия идома дорад. 

- Пас аз ислоҳот дар милитсия кадом тағйирот ба амал меояд? 

-Аввалин тағироте, ки дар милитсия бояд гузарад ва он дар барнома зикр ҳам гардидааст, баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати касбии ҳайати шахсии кормандон аст. Дигар ин ки мо бояд ҳамкории мутақобил бо ҷомеаро ба роҳ монем ва шиори “милитсия – ин халқ ва халқ – ин милитсия”-ро шиори  худ гардонем. Сатҳи коррупсия дар мақомот паст бояд гардад, маоши кормандони милитсия баланд бардошта шавад. Илова бар ин, баъзе вазифаҳое, ки ба милитсия мутобиқ нестанд, онҳоро ба дигар сохторҳо гузарондан ба манфиати кор аст. 

- Масалан?

-Имрӯз дар мақомот шӯъбае бар зидди майзадагон кор пеш мебарад. Яъне, кормандони ин шӯъба, дар ҳоли дастгир кардан, майзадагонро ба ҳушёрхона мебаранд. Ин ваколат бояд ба ӯҳдаи Вазорати тандурустӣ гузаронида шавад. Яъне, то ҳушёр шудани майзадагон нигоҳубини онҳоро бояд кормандони Вазорати тандурустӣ ба ӯҳда дошта бошанд. Илова бар ин,  дар мо қабулгоҳи оворагардон амал мекунад, яъне, кор бо оворагардон. Ин ваколат ҳам бояд ба зиммаи Вазорати шуғли аҳолӣ гузаронида шавад. Ин ҳама дар стратегия дарҷ гардидааст. Вале то ҳол Вазорати корҳои дохилӣ ин вазифаҳоро иҷро карда истодааст. 

- Тавре қайд кардед, яке аз самтҳои барнома ва ислоҳоти милитсия ин наздик шудан бо ҷомеа мебошад. То имрӯз барои наздик шудан бо ҷомеа чӣ тадбирҳо андешида шудааст?

- Ҳамкории милитсия бо ҷомеа, яке аз самтҳои асосии барнома мебошад. Зеро барои ошкор ва мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ милитсия бояд бо ҷомеа ҳамкории зич дошта бошад. Барои ин Вазорати корҳои дохилӣ консепсияи ҳамкории милитсия бо ҷомеъаро қабул кард. Баъдан мо 7 шӯроҳои ҷамъиятӣ таъсис додем. Ин шӯроҳо барои ҳамкории зич миёни ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва милитсия мусоидат мекунанд. Ба ғайр аз ин, дар ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат шӯроҳои ҷамъиятӣ, оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ таъсис дода шудааст. 

- То имрӯз чанд фоизи ин барнома иҷро гардидааст?

-Аз 93 банде, ки дар барнома омадааст, тақрибан 75%-и барнома, ки иҷрои онҳо аз Ҳукумати кишвар ва Вазорати корҳои дохилӣ вобастагӣ дорад, амалӣ гардидаанд. 25%-и дигар бандҳои дигари барнома ҳамон бандҳое мебошанд, ки амалӣ гардонидани онҳо маблағҳои калонро талаб мекунад. Масалан дар банди 10-и барномаи ислоҳоти милитсия, ки “таъминоти моддӣ – техникӣ ва воситаҳои махсус” унвон дорад, омадааст, ки таъминоти милитсия бо тамоми таҷҳизоти техникӣ, таъмин намудани сарулибоси низомии нав, таъмин намудани кормандони милитсия бо хонаҳои истиқоматӣ, варзишгоҳ ва дигар биноҳои маишӣ. Гумон мекунам, ин ҳама бояд марҳила ба марҳила амалӣ гардонида шавад. 

- Ислоҳот ин гузариш аз милитсия ба полис ҳаст? Оё ҳамин гуна пешниҳодҳо буд, ки полис неву ягон номи дигар, масалан: посбон, миршаб ё чизи дигар номгузорӣ шавад?

-Бале, дар вақти таҳияи стратегия чунин пешниҳодҳо низ савдо доданд. Вале таҳлили мо нишон дод, ки дар ҷаҳони муосир аз ҳама номи зебо политсия будааст. Дар тамоми кишварҳои хориҷӣ корманди тартиботи ҷамъиятӣ бо номи  “политсия” зикр мегардад. Аммо мо метавонистем ягон номи дигар гузорем. Масалан дар Фаронса, полисро жандармерия мегӯянд. Вале мо ҳамин политсияро қабул кардем. 

- Маблағгузори барнома кӣ аст?

-Маблағгузори асосии барнома Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донорҳову ташкилотҳое ҳастанд, ки беғаразанд. Аммо маблағгузори асосии барнома ин Созмони амният ва  ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон мебошад, ки дар он 57 давлати дунё аз ҷумла Тоҷикистон аъзо ҳастанд. 

- Ба фикри Шумо мардум аз ислоҳоти милитсия то куҷо бохабаранд ва дар ин бобат бо сокинони кадом минтақаҳо вохӯрӣ гузаронидед?

-Дар давоми 4 соле, ки ислоҳоти милитсия идома дорад, қариб дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар бо шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва шӯроҳои ҷамъияти оиди огоҳии ҷомеъаи шаҳрвандӣ аз ислоҳоти милитсия, вохӯриҳо гузаронидем. Бояд гуфт, ки дар ин вохӯриҳо нозирони минтақавӣ ширкат варзида, аз натиҷаи вохӯрӣ ва рафти иҷроиши барномаи ислоҳоти милитсия ба сокинон кишвар ахборот доданд. Ба ғайр аз ин, дар сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ, рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ва ҳамчунин рӯзномаи ВКД “Қонун ва ҷомеа” дар ин бора маводи зиёд ба нашр расида буд. 

- Бовар доред, ки ҳама бандҳои барнома ва натиҷаҳои пешбинишаванда дар ислоҳоти милитсия  иҷро мешаванд?

-Агар дар ҳамон шакле, ки донорҳо маблағгузорӣ карда истодаанду Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон моро дастгирӣ карда истодааст кор идома ёбад, боварӣ дорам, ки соли 2020 мо ба полис мегузарем.

Ташаккур!

Мусоҳиб Хуршед Фозилов, МТЖТ

Шумо дар Амният

Рӯзи шанбе як нафар ҷавони тақрибан 30 сола ва як духтари 24-25 сола ба хона ташриф оварданд. Онҳо худро кормандони кадом як ширкате муаррифӣ намуда, иброз доштанд, ки хона ба хона гашта, ҳолати оби нӯшокиро дар хонаҳои сокинони пойтахт месанҷанд ва ба сифати он баҳо медиҳанд. “Хуб” - гуфтаму хардуро ба хона даъват кардам. Онҳо аз оби ба хона воридшаванда ба якчанд зарфи стаканӣ рехта, онро бо асбобе санҷиданд. Ростӣ, натиҷа маро тарсонид. Муайян шуд, ки дар оби нӯшидание, ки ба воситаи кран ворид мешавад, элементҳои гуногуни зараровар зиёд буда, барои нӯшидан комилан мутобиқ нест ва сатҳи чиркинии он қариб ду баробар бештар аз сатҳи асосист. 

Гуфтам:

–Мо обро ҳамеша ҷӯшонида, хунук карда менӯшем. 

Ҷавон гуфт:

–Оби ҷӯшонидашуда доред?

–Бале, - гуфтам ва косаи пур аз обро пешашон гузоштам.

Натиҷаи ташхиси оби ҷӯшонидашуда низ нишон дод, ки он барои нӯшидан мувофиқ нест ва ба саломатӣ зиён дорад.

Ба саволи “Чӣ бояд кард?” -духтар иброз дошт, ки мо полоягари об (филтр) пешниҳод мекунем. Агар қабул кунед, онро дар кран насб мекунем ва Шумо ҳамеша оби тозаи нӯшиданӣ ба даст меоред. 

Вақте аз нарху навои полоягар  огоҳ шуда, пешниҳодро қатъиян рад кардам ва пулро аз саломатӣ боло гузоштам, ҷавон варианти дуюмро пешниҳод карда, гуфт:

–Мо метавонем оби тозаи нӯшиданӣ бо нархи арзон пешниҳод кунем. Ҳар вақт, ки ба итмом расид, фармоиш медиҳед, кормандони мо ба хонаатон меоранд.

 Инро ҳам рад намуда, ҳардуро ҷавоб додаму худ ба худ гуфтам:

– Наход обҳое, ки ҳар рӯз мо менӯшем, то ба ин сатҳ ба нӯшидан мутобиқ набошад? Наход мо ҳар рӯз аз обҳои зиёновар бинӯшем ва ба фарзандонамон бинӯшонем? 

Нахуст бояд гуфт, ки шахсан ман ба натиҷаи чунин ташхис шубҳа кардам. Зеро ташхисгарон фурӯшандагони оби тоза ва таҷҳизоти филтрӣ барои об буда, ба хотири фурӯхтани маҳсулоти худ, метавонанд натиҷаро аз будаш  бештар нишон диҳанд. 

Вале ин як тарафи масъала аст. Тарафи дуюми масъала ин аст, ки сифати оби нӯшокие, ки мо дорем, воқеан паст аст. Зеро ҳанӯз зери пиёлаву чойник қум ҷамъ мешавад, зиёд ҳолатҳое мушоҳида мешаванд, ки бе таҳшон кардан, нӯшидани он ғайриимкон аст ва лаззати хуб ҳам надорад. Баъдан, новобаста ба он ки пойтахти азизи мо дар поёноби бузургтарин дарёҳо аз қабили Варзобу Ромит қарор дорад, вале оби нӯшокии он ба андозаи зарурӣ ба талабот ҷавобгӯй нест ва хеле беҳбудӣ мехоҳад.

 

41 млн доллари Бонки Осиёии Рушд (АБР)

Бояд гуфт, ки ҳар сол барои беҳтар гардонидани сатҳи обтаъминкунии пойтахт маблағҳо ва грантҳои зиёде ҷудо мешаванд. Тибқи гузориши  нашрияи “Азия Плюс” №60 (1343) аз 9 августи соли 2018 Бонки Осиёии Рушд (АБР) барои беҳтар намудани низоми обтаъминкунии шаҳри Душанбе 41 миллион доллар грант ҷудо намудааст. Албатта ин хуб аст. Зеро воқеан низоми обтаъминкунии шаҳри Душанбе ба бозсозии ҷиддӣ ниёз дорад ва шояд ин аввалину охирин грантҳое набошанд, ки дар ин самт ҷудо мешаванд, вале ҳамоно камбудиҳо дар самт хеле зиёданд ва обе, ки алъон аз чумакҳои хонаҳои сокинони пойтахт ҷорӣ мешавад аз обе, ки то солҳои истиқлолият ҷорӣ мешуд, хеле фарқ мекунад. Шояд ин пеш аз ҳам ба он вобаста бошад, ки обе ки қаблан аз дараи Варзоб ба Душанбе ворид мешуд, нисбатан тозатар буд. Алъон бошад дар дараи Варзоб ҳазорон бӯстонсароҳову истироҳатгоҳҳо пайдо шуда, тибқи нақли баъзе шоҳидон, ҳатто баъзе канализатсияҳо низ ба ин дарё пайваст карда шудаанд ва об аз сарчашма аллакай чиркин меояд. Дар Душанбе бошад, тоза намудани он заҳмат ва хароҷоти зиёдеро талаб мекунад. 

Тибқи гузоришҳои расмӣ барои пурра барқарор намудани низоми обтаъминкунии пойтахт ва пурра ба талабот мувофиқ намудани он 120 млн доллар зарур аст, вале дарёфти чунин маблағ дар шароити бӯҳронӣ кори саҳле нест. Пас чӣ бояд кард, ки ҳам хароҷот камтар шаваду ҳам сифати оби нӯшокии мо беҳтар шавад? 

 

Таҷрибаи шаҳри Ереван

Таҷрибаи баъзе кишварҳои муштаракулманофеъ нишон медиҳад, ки аз тоза кардани оби чиркин ва овардани об аз сарчашмаҳои тоза комилан камхарҷтару манфиатноктар аст. Масалан, дар пойтахти Арманистон шаҳри Ереван соли сеюм аст, ки барномаи муҷаҳҳазгардонии низоми обтаъминкунӣ идома дорад. Маблағи лоиҳа ҳамагӣ 20 миллион доллар буда, ташхиси лабараторӣ нишон медиҳад, ки обе, ки ба ин шаҳр ворид мешавад, дар қиёс ба оби дигар пойтахтҳои ИДМ тозатару болаззаттар аст. Об дар шаҳри Ереван на танҳо манбаи табиат ва боигарӣ, балки ба яке аз брендҳои сайёҳӣ низ табдил ёфтааст. Дар кӯчаҳои пойтахти Ереван на танҳо оби кранҳо, балки обҳоеро, ки тариқи фаввораҳо ҷорӣ мешаванд, нӯшидан мумкин аст. Чунки ин обҳо мустақиман аз чашмаҳо ҷорӣ шуда, барои нӯшидан мувофиқанд. Чунин сифати тозаи обро дар ҳеҷ кишвари дигари ИДМ дучор шудан мумкин нест. Дар ин шаҳр зарурияте барои харидани оби тоза ҳам нест, муҳим ки ҳар нафар бо худ зарфе дошта бошад, ки онро мустақиман дар кӯча пур намуда, аз он нӯшад. Барои он ки обҳои ин шаҳр мустақиман аз сарчашмаҳо оварда мешаванд, ба таври иловагӣ тоза карда намешаванд. Оби ин шаҳр чун оби чашмасорони кӯҳҳои Тоҷикистон хеле болаззат ва нӯшиданаш гуворо аст. Ҳатто пурсиши миёни сайёҳон гузаронидашуда нишон додааст, ки оби нӯшокии шаҳри Ереван ҳамаро дар ҳайрат гузошта, дар ҷаҳон ҷойи аввалро ишғол кардааст. 

 

Оби дарёи Сиёма

Пас, чаро мо бо истифода аз таҷрибаи арманиҳо пойтахти азизамон шаҳри Душанберо ба чунин шаҳри дорои оби тоза табдил надиҳем? Душанбе барои ин ҳама имконотро дорад ва муҳим аст, ки ин имконот самаранок истифода бурда шавад. Дар солҳои 80 – уми асри гузашта, лоиҳае мавҷуд будааст, ки тибқи он, бояд об аз 50 километрии Душанбе, аз дарёчаи Сиёмаи дараи Варзоб ба Душанбе оварда мешуд ва он ба пуррагӣ пойтахтро бо оби тозаи нӯшиданӣ таъмин мекард. Президенти аввалини Тоҷикистон, марҳум Қаҳҳор Маҳкамов дар яке аз мусоҳибаҳои охиринаш гуфта буд, ки овардани оби Сиёма ба Душанбе яке аз орзуҳои амалӣ нашудааш аст. 

Зеро бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ лоиҳаи мазкур амалӣ нашуд ва мо то ҳол аз оби дарёи Варзоб, ки алъон аз ҳазорон бӯстонсароҳо гузашта, то дараҷае чиркин шуда, ба Душанбе мерасад, менӯшем. Новобаста ба он ки оби мазкур пеш аз ба хонаҳо тақсим шудан, коркард мешавад, вале лаззат ва сифати хубе надорад.

Хеле хуб мешуд, агар лоиҳаи аз дарёи Сиёма овардани оби нӯшокӣ аз нав баррасӣ ва дар амал татбиқ карда мешуд. 

Дарёи Сиёма дар масофаи 50 км дуртар аз шаҳри Душанбе, дар дараи хушманзараи Варзоб қарор дошта, сарчашмаи об аз қабати пиряхҳо ва барфҳо ба дарёи Сиёма ҷорӣ гардида, яке аз обҳои шаффофу пурсафои ҷаҳон ҳисобида мешавад. Зеро тибқи тадқиқоти олимони соҳа, оби Сиёма ба организми зинда таъсири мусбӣ расонида, барои тавоноии тан, бахусус кори мушакҳо, рӯда, ҳазмкунии таом ва барои тозакунии организм фоидаовар арзёбӣ карда шудааст. Тибқи гузориши олимон оби Сиёма аз дигар обҳои рӯи замин тафовут дошта, дар Озмуни байналмилалии обҳои ошомиданӣ, ки соли 2001 дар ИМА баргузор гардида буд, ба даҳгонаи обҳои беҳтарини ҷаҳон шомил карда шуд. Боварӣ ҳаст, ки дар сурати мустақиман ба пойтахт овардани оби мазкур Душанбе аз рӯи сифат ва самараи об аз Ереван ҳам пеш гузашта, бо ба даст овардани маъруфият,  як бреди нави сайёҳиро соҳиб хоҳад шуд. 

Дар баробари оби дарёи Сиёма дар водии Варзоб чашмасорону дарёчаҳои зиёди дигаре низ мавҷуданд, ки дар масофаҳои наздиктар қарор дошта, овардани он хароҷоти камтареро ташкил хоҳад кард. Масалан дарёчаи Хоҷа оби гарм,ки дар 30 километрии шаҳри Душанбе қарор дорад, аз тозатарин ва болаззаттарин обҳо дониста шудааст. Агар оби Сиёма барои пойтахт камӣ кунад, метавон ин сарчашма ва чандин сарчашмаҳои дигарро низ ба он ҳамроҳ намуд. 

 

Ҳама умед ба шаҳрдори Душанбе

     Ман фикр мекунам, алъон вақте фаро расидааст, ки шаҳрдорӣ лоиҳаи кашонидани оби нӯшокии Сиёмак ва бар иловаи он оби Хоҷа оби гарм ва ё дигар сарчашмаҳоро ба Душанбе баррасӣ намояд. Зеро алъон хеле фурсати хуб барои ин фаро расида, нахуст Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» амал мекунад, ки бо пешниҳоди пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, баъдан бо Раиси шаҳри Душанбе таъин шудани Рустами Эмомалӣ чунин умед барои пурра беҳтар гардонидани сифати оби нӯшокӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нав дар ин замина фароҳам омадааст. Ҳамагон шоҳидем, ки дар муддати кӯтоҳи Раиси шаҳри Душанбе таин шудани Рустами Эмомалӣ пойтахт чӣ гуна ободу зебо шуда истодааст. Ба истифода додани даҳҳо майдончаҳои варзишӣ, ободу зебо гардонидани боғу гулгаштҳо, таъмир ва васеъ намудани роҳҳо ва даҳҳо мисолҳои дигаре мавҷуданд, ки қобили таҳсинанд. Боварӣ ҳаст, ки дар Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» татбиқи чунин як лоиҳа пойтахти азизамонро вирди забонҳо хоҳад кард. Умед аст, шарҳдорӣ ба ин масъала таваҷҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, сокинони пойтахтро бо оби тоза ҳаматарафа таъмин менамояд ва лоиҳаи афсонавии “Оби Сиёма” чун НОБ-и Роғун ба воқеият табдил хоҳад ёфт. Зеро замоне ба амалишавии лоиҳаи НОБ-и Роғун на ҳама бовар мекарданд, вале алъон ҳама интизори ба истифода додани нахустин агрегати ин иншооти бузурги ҷаҳониянд.

Ман дар чунин фикрам. Шумо чӣ?

 

Холиқи Муҳаммадназар

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

PS: Идораи редаксияи “Фараж” омода аст, ки баҳсу мунозираҳо ва пешниҳоду андешаҳои дигаронро низ дар ин мавзӯъ нашр намояд. 

Шумо дар Слайд
саҳ 2 аз 6

Хабари-рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.