.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Душанбе, 03 Сентябр 2018 - || ФАРАЖ

Дар охирин рӯзи мусобиқоти Бозиҳои Осиё-2018 дар Индонезия дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо шарофати паҳлавонони маъруфи кишвар Умед Ҳасанбеков ва Комроншоҳ Устопириён соҳиби ду медали дигар гардид.

1 сентябр дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия бо иштироки варзишгарони тоҷик мусобиқа оид ба самбо баргузор шуд. Варзишгарони мо дар вазни -90 кг 2 медали бозиҳоро ба даст оварданд ва шумораи медалҳои Тоҷикистон ба 7 адад расид.

Варзишгари маъруфи кишвар Умед Ҳасанбеков дар ин бозиҳо сазовори медали нуқра шуд. Ӯ дар даври ҳаштякфинал бар варзишгари Тайпейи Чин Кайҷен Чуанг, дар чорякфинал бар намояндаи кишвари мизбон Рио Акбар Баҳорӣ, дар нимфинал бар варзишгари Қазоқистон Айбол Аитбек ғалаба кард, вале дар финал аз намояндаи Узбекистон Камолиддин Холматов шикаст хӯрд.

Паҳлавони дигари кишвар Комроншоҳ Устопириён, ки дар намуди дзюдо медали биринҷӣ ба даст оварда буд, дар намуди самбо низ ба мақоми сеюм расид. Комроншоҳ бар намояндагони Қазоқистон (Алибек Зекенов), Туркманистон (Нурбердиҳан Оразмамедов) дастболо шуда, дар нимфинал аз варзишгари узбекистонӣ Камолиддин Холматов, ки медали тиллои бозиҳоро сазовор гашт, шикаст хурд. Сипас, дар рақобат барои ҷои сеюм бар варзишгари дигари Туркманистон Руслан Эсгеров ғолиб омад.

Мутаассифона ду паҳлавони дигари кишвар дар ин намуд ноком шуданд. Сомон Сангов дар вазни -52 кг дар даври аввал аз варзишгари қазоқ Беймбет Канжанов мағлуб шуд. Дар даври тасаллобахш низ аз варзишгари Узбекистон Аҳмад Раҳматуллоев шикаст хӯрд.

Ҷомӣ Ҳасан дар вазни -52 кг дар даврҳои аввал бар Соҳил Ҷамолободӣ аз Эрон, варзишгари ӯзбек Ислом Аҳмадҷонов ғолиб омад. Дар чорякфинал бар варзишгари индонезӣ Имом Маулана Муттақин пирӯз гардид. Дар нимфинал бо Баглан Иброҳимови қазоқ мубориза бурд ва мутаасисфона мағлуб гардид. Сипас, барои ба даст овардани медали биринҷӣ бо намояндаи Узбекистон Аҳмад Раҳматуллоев, ки Сомон Санговро шикаст дода буд, набард кард ва мағлуб гардид.

Бо ҳамин, варзишгарони мо иштирокашон дар Бозиҳои тобистонаи Осиёро, ки 18 август дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия шурӯъ гардида буд, ба анҷом расониданд.

Дар ҷадвали ҳисоби медалҳои Бозиҳои Осиё-2018 дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо чор медали нуқра ва се биринҷӣ миёни 37 давлате, ки медал ба даст овардаанд, дар ҷои 30-юм мавқеъ гирифт.

Медалҳои нуқра:

Дилшод Назаров, варзиши сабук, гурзандозӣ

Шаҳриёр Даминов, қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ, С-1 1000 метр

Беҳрӯз Хоҷазода, кураш, -81 кг

Умед Ҳасанбеков, самбо, -90 кг

Медалҳои биринҷӣ:

Комроншоҳ Устопириён, дзюдо, -90 кг

Шакармамад Мирмамадов, дзюдо, +100 кг

Комроншоҳ Устопириён, самбо, -90 кг

2-юми сентябр маросими пӯшидашавии Бозиҳои 18-уми Осиё баргузор гардид, ки дар он президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах иштирок кард.

Шумо дар Слайд

 

Тренинги шашрӯза доир ба коркарди «Стретегияи мухобиротӣ (коммуникатсионӣ) ва нақшаи чорабиниҳо оид ба баландбардории савияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар масъалаи бақайдгирии саривақтии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ)» дар доираи татбиқи лоиҳаи Барномаи рушди СММ «Дастгирии ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон» аз 27 август то 1 сентябри соли 2018 дар заминаи Маркази таълимии «Шоҳин»-и Бонки миллии Тоҷикистон, дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор гардид.

Чорабинӣ аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии (ТҶ) «Гендер и Тараққиёт» дар доираи лоиҳаи Барномаи рушди СММ «Дастгирии ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон» бо маблағгузории дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушд дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи Нуфуси СММ ва СММ-Занон ташкил шудааст.

Иштирокчиёни тренинг аъзои Гурӯҳи корӣ ҳастанд, ки дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст.

Дар доираи тренинги мазкур Стретегияи мухобиротӣ (коммуникатсионӣ) доир ба хизматрасониҳои САҲШ ва дар ин робита, Нақшаи чорабиниҳои мухобиротӣ (коммуникатсионӣ) оид ба корҳои ташвиқу тарғиб ва баландбардории савияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар масъалаи бақайдгирии саривақтии САҲШ барои солҳои 2018-2019 коркард мешавад.

Дар тренинг масъалаҳои зирин баррасӣ шуданд: “Низоми муассири САҲШ ҳамчун воситаи расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор”; натиҷаи таҳқиқоти анҷомдодаи ТҶ “Гендер ва Тараққиёт” дар доираи лоиҳаи мазкур аз рӯйи ду самт: 1) Баҳодиҳии огоҳ будан ва истифода аз хизматрасониҳои қайди асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз тарафи аҳолии шаҳру ноҳияҳои марбути лоиҳа: шаҳрҳои Бохтар, Душанбе, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Рӯдакӣ ва 2) гузаронидани таҳлили вазъият ва баҳодиҳии иқтидори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти паҳнкунии иттилоъ миёни аҳолӣ оид ба қайди САҲШ.

Ҳамчунин, дар кори тренинг мавзӯи нақши воситаҳои ахбори омма ҷиҳати афзун намудани огоҳии мардум аз хизматрасониҳои САҲШ таҳлил гардид.

Пешбинӣ мегардад, ки аз рӯйи нақшаи мазкур чорабиниҳои мухобиротӣ (коммуникатсионӣ) роҷеъ ба хизматрасониҳои САҲШ бо фарогирии осебпазиртарин гурӯҳҳои аҳолӣ аз ноҳияҳои дурдаст, ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо бо мақсади дар амал татбиқ намудани яке аз нишондодҳои ҳадафҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор “Касеро канор нагузор” доир гарданд.

 

Шумо дар Хабари-рӯз

Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур як гуруҳи ҷиноятпешаро дастгир кардаанд ва аз онҳо миқдори зиёди моддаҳои химиявии ба гурӯҳи перекурсорҳо мансуббударо аз муомилоти ғайриқонунӣ боздоштаанд.

Шаҳрвандон Мухаммедов Муҳаммадхон, соли таваллудаш 1991 ва Халилов Комилҷон, соли таваллудаш 1975, истиқоматкунандагони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати деҳоти Хистеварз ва ронандаи кироякаш шаҳрванд Хайриддинов Илҳомиддинро дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳангоми ба фурӯш гузоштани воситаҳои прекурсорҳо дастгир гардидаанд. Аз номбурдагон 10 адад зарфҳои полиэтиленӣ, ки дар дохилашон маҳлули махсус ҷойгир буданд, дарёфт ва мусодира карда шуда, барои санҷиш ба ниҳоди дахлдор супорида шудаанд.

Дар натиҷа мутобиқи маълумотномаи экспертизаи Агентии назорати маводи нашъаовар муайян гардидааст, ки маводи мусодирашуда ангидриди кислотаи атсетат буда, вазни холисаш 120 килограммро ташкил медиҳад. Ангидриди кислотаи атсетат ба «Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва перекурсорҳо» дохил карда шуда, он барои омода намудани воситаҳои нашъадор истифода мешавад, ки муомилоти ғайриқонунии он ҷавобгарии ҷиноятӣ дар пай дорад.

Ҳамчунин, муайян карда шудааст, ки гумонбарон ин миқдор моддаҳои ба саломатӣ хавфнокро ба таври қочоқ аз хориҷа ғайриқонунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудаанд.

Айни замон гумонбарон Мухаммедов Муҳаммадхон ва Халилов Комилҷон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон бо моддаи 202, иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Шумо дар Хабари-рӯз

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, ҳарорати рӯзона нисбат ба рӯзҳои қаблӣ то 2 дараҷа паст мефарояд. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар баъзе ноҳияҳо  шамол аз самти шарқ то 13-18 метр дар як сония мевазад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 6+11, рӯзона 24-29 ва дар шарқи ин вилоят шабона 4-1 ва рӯзона +13+18 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +8+13 ва рӯзона +23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво cофу беғубор пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +14+19 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона +12 +17 ва рӯзона +27+32 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор пешгӯӣ  шуда, шабона +13+15 ва рӯзона +30+32 дараҷа гарм мешавад.

Шумо дар Хабари-рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  6 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 6 аз 6

Хабари-рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.