.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Душанбе, 03 Сентябр 2018 - || ФАРАЖ
Душанбе, 03 Сентябр 2018 22:31

Муроҷиатнома

Ман Шодмонова Гулчеҳра, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, модари аъзои Ҳизби Наҳзати Ислом Абдусамадов Ҳусейн, аз ҳафтаномаи «Фараж» хоҳиш ва илтимос мекунам, ки муроҷиати шахсии маро дар ҳафтаномаи мазкур  нашр намуда,  ба  ташкилоти байналмилалии САҲА бирасонад.

Пеш аз ибрози ақида бори дигар маълумот медиҳам, ки писари ман Абдусамадов Ҳусейн маҳз бо дастуру супориши М. Кабирӣ амали террористиро санаи 29 июли соли ҷорӣ нисбати саёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара содир намуда буд.

Писари маро М Кабирӣ ҳамчун як бозича дар содир кардани амали террористӣ истифода намуд, ман ҳамчун модари ў то он даме, ки ҷон дар бадан дорам, нисбати Кабирии хунхор мубориза мебарам. Дар фикри мубориза аз васоити ахбори омма огоҳӣ ёфтам, ки  мухолифини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии  афроди ҷинояткор  ва террорист ба монади Муҳиддин Кабирӣ  ва ҳаммаслакони иғвоангези  у дар ҷаласаи навбатии нишасти САҲА оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Варшава баргузор мегардад, иштирок мекунанд.

Ман ба ҳайси як модари аламзадаи тоҷик ва як муборизи роҳи ҳақ аз масъулини ташкилоти байналмилалии САҲА хоҳиш ва илтимос менамоям, ки дар ҷаласаи худ, ки дар Варшава баргузор мегардад, шахсони террорист ва афроди дар ҷустуҷӯи байналхалқӣ қарор доштаро ба монанди Муҳиддин Кабирӣ роҳ надиҳад.

Дар сурати иҷро нагардидани хоҳиш ва дархости ман аз ҷониби  ташкилоти САҲА, ман омода ҳастам, ки дар назди бинои САҲА дар шаҳри Душанбе ба хотири эътирози сиёсӣ худамро оташ занам.

Ва ҳамзамон аз роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамоям, ки фаъолияти  дафтари кории САҲА-ро  дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда ва он ҳамчун пуштибони террористони байналхалқӣ эътироф карда шавад.

Инчунин, даҳҳо модарони тоҷики дигар низ омодаанд, ки дар назди бинои САҲА дар Душанбе роҳпаймоии эътирозӣ намуда, фаъолияти дугонаи САҲА-ро маҳкум намоянд.

Фаъолияти САҲА ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки онҳо дар зоҳир бо ташкитлотҳои террористӣ ва экстремистӣ зид буда, аммо дар ботин ин ташкилотҳо барои фаъолияти созмон ва ҳизбҳои террористӣ заминаи сиёсӣ ва молию пулӣ фароҳам сохта, террористонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як неруи мусбат муаррифӣ месозанд.

Аз ин ҷост, ки Муҳиддин Кабирӣ ва ҳамаслакони ҷинояткори ӯ  дар минбари ташкилоти САҲА суханронӣ менамоянд.

Ташкилоти мазкур бо бозиҳои пасипардагии худ ин ҷинояткоронро пуштибонӣ намуда, барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ бар зидди сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  онҳоро омода сохта истодааст.

Дар охир аз тамоми мардуми тоҷик хоҳиш менамоям, ки дар ҳолати роҳ ёфтани Кабирӣ ба ҷаласаи САҲА маро дар баргузор намудани гирдҳамоӣ дар назди бинои САҲА дар Душанбе ҳамроҳӣ кунанд.

Боварӣ дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон тарафдори ман ҳастанд.

 

Бо эҳтиром модари Ҳусейн Абдусамадов

Шумо дар Хабари рӯз

Ҳафтаномаи «Фараж» 1 августи 2018 сол таҳти № 31, матлаберо рӯи чоп овардааст, ки муаллифаш Ахмедов Абдуазиз Насимович, сокини шаҳри Хуҷанд мебошад.

Ахмедов Абдуазиз ба унвони Прокурори Генералӣ, Вазири корхои дохила, Раиси Суди Олӣ ва Раиси Бонки миллӣ муроҷиат намуда, худро ҷабрдида муаррифӣ карда, амали мақомоти судӣ, пешбурди тафтишоти пешакии кормандони бонкиро найранги бузург ҳисобида, фаромӯш кардааст, ки маҳз худи ӯ сабабгори асосии сар задани ин қазия гаштааст. 

Ахмедов А.Н. бо ифодаи «Шоҳкории ҳуҷҷатсозӣ» раванди ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо, риоя нашудани Дастурамали 186 «Дар бораи тартиби додани қарз ва ҳисоб кардани фоиз дар ташкилотхои қарзӣ»-и Бонки миллии Точикистон ва дар ин асно ғайриқонунӣ дода шудани маблағи қарзро қайд намуда, иброз медорад, ки аз тарафи кормандони филиали ЧДММ ТАКХ «Арванд» дар шахри Исфара ҳуҷҷатҳо нодуруст тартиб дода шуда ва ҳатто ба сохтакорӣ даст задаанд. 

Бояд гуфт, ки мувофиқи  Дастурамали БМТ № 199 «Дар бораи тартиби додани қарзҳои хурд дар ташкилотҳои молиявии хурд» ҳангоми бастани шартномаи қарзӣ ҳамаи шартҳое, ки аз рӯи он қарз пешниҳод мегардад, пешакӣ қайд карда шуда ба тариқи кушоду равшан фаҳмонида мешавад. Чунончи маблағ, мӯҳлат, намуди асъор, меъёри фоизии қарз, меъёри фоизии самараноки солона, санаи баста шудани шартнома, шакли пешниҳоди қарз, таъминот, тартиби бозпардохти қарз. Тартиби бозпардохти қарз дар сурати ба таъхир афтодани он ё азнавташкилшавии шахси ҳуқуқӣ, мушаххасоти тарафҳо, маълумот дар бораи таърихи қарзӣ ва ғайра. 

Доири сохтакории ҳуҷҷатҳо барои гирифтани қарз, ба монанди дархост барои қарзгирӣ аз 13.10.2015 сол, варақаи назоратӣ (мониторинг) аз 15.10.2015 сол ва ғайра, ки қарзи бонкӣ барои харидани хонаи истиқоматӣ аз шаҳри Исфара ба маблағи 110 000 сомонӣ дода шудааст, чунин иброз медорем, ки ҳангоми санҷиши ҳуҷҷатҳо барои қарз, кумитаи қарзии Ташкилот ҳамаи ҳуҷҷатҳои барои қарзгирӣ пешниҳодшавандаро ба таври дақиқ ва муфассал таҳқиқ менамояд. Дархости қарзӣ ба таври стандартӣ пур карда шуда, варақаи мониторинг инчунин аз рӯи стандартҳо, дар асоси ҳуҷҷатҳои дохилии ҶДММ ТАҚХ «Арванд» ва Дастурамалҳои БМТ пур карда шудаанд. 

Ахмедов А.Н. бояд як нуқтаи муҳимро дарк намоянд, ки ташкилот маблағи қарзиро пас аз пурра ва ҳаматарафа омӯхтани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, хулосаи аввал аз тарафи кумитаи қарзии филиал ва пас аз он хулосаи қатъиро Кумитаи қарзии саридора қабул менамояд. Дода шудани маблағи қарзӣ ба шаҳрванд Аминҷонов Р.Н. гаравдеҳ Шаидова М.М. ба маблағи 110 000 сомонӣ дар Саридораи ҶДММ ТАҚХ «Арванд» тасдиқ шудааст. Кумитаи қарзии Ташкилот мақоми мустақил буда, аз шӯъбаҳои дигар вобастагӣ надорад, яъне ба қарори Кумита дахолат карда наметавонанд. Маблағи қарзӣ аз тарафи Ташкилот бо чунин тарз баррасӣ карда мешавад.

а) Ба расмият даровардани дархости қарзӣ ва ҷамъ намудани ҳуҷҷатҳо. 

б) Сипас, мутахассисон амволи ба гарав гузошташавандаро ҳаматарафа таҳқиқ менамоянд.   

в) Парвандаи қарзӣ ба Кумитаи қарзии филиал ворид гашта, мавриди баррасӣ қарор мегирад.  

г) Баъдан, парвандаи қарзӣ, пас аз ислоҳи эродҳои Кумитаи қарзии филиал ба Кумитаи қарзии Саридора пешниҳод мегардад.  

д) Танҳо пас аз тасдиқи Кумитаи қарзии Саридора, шартномаҳои қарзӣ ва шартномаҳои ипотека омода карда мешаванд.  

Сохтакорӣ – ин қалбакисозӣ, дидаву дониста таҳрифнамоӣ, ҷаллобона ивазкунӣ (аслиро бо қалбакӣ) ифода менамояд. Аз тарафи кормандони филиали ҶДММ ТАКХ «Арванд» дар шаҳри Исфара созишнома/шартномаи стандартӣ ва пас аз он, барои таъмини шартномаи қарзӣ, шартномаи ипотекӣ баста шудааст, аз ин рӯ, ягон хел сохтаркорӣ, дидаву дониста таҳрифкунӣ, ивазкунии аслӣ ба қалбакӣ ҷой надорад. 

Доир ба манфиатдор будани Аминҷонов Шукур Неъматович, ки бародари қарзгир ба ҳисоб меравад, қайд менамоем, ки қарз дар Саридораи ҶДММ ТАКХ «Арванд» тасдиқ шудааст ва аъзоёни Кумитаи қарзии Саридора кӣ будани Аминҷонов Р.Н. ва Аминҷонов Ш.Н.-ро намедонанд.

Мувофиқи шартномаи мазкур, амволи ғайриманқул, ки дар суроғаи ш. Хуҷанд, маҳаллаи 34, хонаи 4, ҳуҷ. №39 ҷойгир шудааст, ва ба шахрванд Шаидова Марҳамат Мирзоевна тааллуқ дорад ба гарав гирифта шудааст. Бояд гуфт, ки раванди пурраи қарзӣ дар Ташкилот мувофиқи қонуни ҶТ «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», Дастурамалҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва тартибу низомномаҳои дохилии Ташкилот амалӣ карда мешавад. Мутобиқи қисми 2 боби 40-и Кодекси граждании ҶТ қарз ин воситаҳои пулии дар асоси пардохт, мӯҳлатнокӣ, таъминнокӣ, баргардонидан ва мақсаднокӣ дода мешавад. Яъне, муқаррароти мазкур шартҳои асосӣ мебошанд. Созишнома/шартномаҳои қарзӣ баста намешаванд, агар дар онҳо маблағ, муҳлат, меъёри фоизӣ, мақсади қарз ва таъминот нишон дода нашуда бошанд. Дар сурати набудани яке аз муқарраррот, созишнома/шартномаи қарзиро беэътибор донистан мумкин аст. Амвол ҳамчун, таъминоти аз тарафи қарзгир иҷро шудани ӯҳдадориҳои шартномаи қарзии мазкур мебошад ва баъдан амволи ба гарав гузошташаванда, яъне амволе, ки аз рӯи шартномаи ипотека ба гарав гузошта мешавад, тавсиф ёфтааст.  

Шартномаи гарав ҳатмӣ (на мустақил), ки қисми ҷудонопазири шартнома/созишномаи қарзӣ мебошад, бояд аввал созишномаи асосии заминавӣ, бо нишон додани ҳамаи шартҳои қарздиҳӣ ва пас аз он шартномаҳои ёрирасон, ба монанди шартномаи ипотека, баста шавад. Вале, азбаски шартномаҳои ипотека тасдиқи нотариалӣ ва бақайдгирии давлатиро тақозо мекунанд, ва дар қонуни ҶТ «Дар бораи нотариати давлатӣ» ва Дастурамали тартиби ба ҷо овардани амалҳои нотариалӣ аз тарафи нотариусҳои давлатии идораҳои нотариалии ҶТ гуфта шудааст, ки «амалиёти нотариалӣ зимни пешниҳоди ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва пардохти боҷи давлатӣ ба ҷо оварда мешаванд ва ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ мумкин аст мавқуф гузошта шавад, дар сурати зарурати талаб кардани маълумот ё ҳуҷҷатҳои иловагӣ аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва таҳти санҷиш қарор додани ҳуҷҷатҳо». 

Мақсади қарз дар созишномаи қарзӣ нишон дода мешавад, ва дар қонун ба таври возеҳ навишта шудааст, ки «ба шарте, ки қарз барои харидан ё сохтани чунин ё дигар бинои истиқоматӣ ё ҳуҷра, барои таъмири асосӣ гирифта шуда бошад», дар созишномаи қарзӣ мақсад ба таври возеҳу дақиқ навишта шудааст. Инчунин, шартномаи ипотека натанҳо дар мавриди пешниҳоди қарз барои харидан ва сохтани хонаи истиқоматӣ баста мешавад, он дар дигар ҳолатҳо яъне дар ҳолатҳои пешниҳоди қарз ба дигар мақсадҳо низ ҳамчун шартномаи ипотека баромад менамояд.

Ахмедов А.Н. менависад, ки маблағи карзиро Аминчонов Р. гирифта, ба эхтиёҷоти худ сарф намудааст ва дар масъалаи гирифтани маблағи қарзӣ, ки ӯ ҳамчунин гаравдеҳ дар шахсияти модараш хонаи истиқоматии худро оид ба таъминоти иҷроиши ӯхдадориҳо пешниҳод намудааст, худро ҷабрдида ва фиребхурда нишон медихад. Ӯ менависад, ки зиёда аз 8 моҳ маблағи қарзро пардохт намудааст. Инҷо як савол ба миён меояд, ки бо кадом сабаб ӯ модарашро барои ба гарав мондани хонаи истиқоматии худ ба ташкилоти қарзӣ розӣ намуд ва ҳамчунин маблағи қарзиро давоми зиёда аз 8 моҳ пардохт намудааст, ҳол он ки ӯ бо Аминҷонов Р. ягон муносибати хешу таборӣ надошт ва маблағи қарзро нагирифтааст. Магар Ахмедов А.Н. дар инҷо манфиатдор набуд? 

Ба гуфтаи Ахмедов А.Н. ҳангоми омода намудани ҳуҷҷатҳо, кормандони филиали ЧДММ ТАКХ «Арванд» дар  шахри Исфара ӯҳдадории қарзӣ доштани Аминчонов Р.-ро ба назар нагирифтаанд. Қайд менамоем, ки ҳангоми пешниҳод шудани ҳуҷҷатхо барои гирифтани қарз ва таҳлил намудани онҳо аз тарафи кормандони Ташкилот маълум гардид, ки Аминчонов Р. дар ҳақиқат дар назди ҶСК «Бонки Эсхата» ӯҳдадории қарзӣ дорад. Пас аз маълум гардидан, кормандони Ташкилот ба Аминҷонов Р. гуфтанд, ки Шумо бояд ӯҳдадории худро дар назди ҶСК “Бонки Эсхата” иҷро намоед, вагарна Ташкилот ба Шумо қарз дода наметавонад. Сипас Аминчонов Р. ба ташкилот маълумотномаи ҶСК «Бонки Эсхата»-ро оид ба надоштани қарз, яъне, ӯҳдадории қарзӣ, пешниҳод намуд. Пас аз он, кормандони Ташкилот барои  ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо оғоз намуданд.       

Бояд гуфт, ки ҳамаи ҳуҷҷтҳои ба расмиятдаровардашаванда дар Ташкилот аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, аудиторҳои беруна, аудиторҳои дохилӣ ҳангоми санҷиши фаъолияти ҶДММ ТАКХ «Арванд» гузаронидашаванда, тафтиш карда мешаванд.

  Оиди масъалаи «Муфаттиш Олимов» бояд зикр намуд, ки дар асоси баррасии аризаи Ахмедов А.Н., прокурори шаҳри Исфара нисбати шахсони масъули филиали ҶДММ ТАКХ «Арванд» дар шаҳри Исфара, барои ғайриқонунӣ додани қарз, аз рӯи моддаи 265 КҶ ҶТпарвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда буд.

 Бояд гуфт, ки оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ барои вайрон намудани қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дода шудани қарз асос ҳисобида намешавад. Инчунин, мехостем қайд намоем, ки дар парвандаи ҷиноятии мазкур кирдори ҷиноятӣ, яъне тарафи воқеӣ, қасди бад мавҷуд нест, зеро қарз аз тарафи шахсони манфиатнадошта, тасдиқ шудааст, бинобар он, айбдориро аз рӯи парвандаи ҷиноятӣ на прокуратура, балки танҳо суд муайян карда метавонад. 

Тафтиши парвандаи мазкур якчанд маротиба боздошта шуда, дар охир бо дастрасии хулосаи эскпертизаи хатшиносии давлатӣ қатъ карда шуд. Ҳамзамон Ахмедов А.Н. аз  гӯё ғайриқонунӣ боз доштани парвандаи ҷиноятӣ шикоят карда, бекор кардани онро мехост. Вале аз сабаби он ки нисбати Филиали ҶДММ ҳеҷ як далеле пайдо нашуд, макомоти тафтиш парвандаро қатъ кард.  Дар ин раванд дар суди ш. Хуҷанд парвандаи гражданӣ оид ба рӯёнидани маблағи қарзӣ аз хисоби амволи дар гаравбуда, воқеъ дар суроғаи ш. Хуҷанд, маҳаллаи 34, хонаи 4, ҳуҷ. №39, ки ба шаҳрванд Шаидова Марҳамат Мирзоевна баррасӣ шуда истода буд.

Ахмедов, ҳамчун намояндаи гаравдеҳ ба суд дар навбати аввал бо аризаи даъвогии муқобили даъво оиди беэътибор донистани шартномаи ипотека ва баъдан бо ариза дар бораи тағйир додани асоси аризаи даъвогии муқобили даъво дар бораи беэътибор донистани шартномаи ипотека аз 31.10.2015 ба суди шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуд. Вале дар рафти баррасии судӣ,  далелҳои дар аризааш оварда тасдиқи худро наёфтанд ва дар натиҷа Судяи суди шахри Хуҷанд пас аз пурра ва ҳаматарафа таҳлил намудани далелхои дар парванди мазкур мавҷуд буда, Ҳалнома аз 10.11.2017 сол аз рӯи парвандаи №2-268/17 оид ба даъвои Филиали ҶДММ ТАКХ «Арванд» дар ш. Исфара нисбати ҷавобгар Аминҷонов Раҳимҷон Неъматович ва гаравдеҳ - ҳамҷавобгар Шаидова Марҳамат Мирзоевна дар шахсияти намояндаи ваколатдори вай Ахмедов А. Н. оиди ситонидани маблағи қарзи бонкӣ аз ҳисоби амволи ба гарав гузошташуда бароварда, даъвои Филиали ҶДММ ТАКХ «Арванд» дар ш. Исфараро пурра қонеъ кард. Бояд қайд кард, ки дар раванди баррасии парвандаи граждани Ахмедов А.Н. ҳамчун намояндаи гаравдеҳ Шаидова М. хост, то баррасии парвандаро бо баҳонаи он ки парвандаи ҷиноятӣ боз шудаасту тафтишот идома дорад ва гӯё байни парвандаи ҷиноятӣ ва парвандаи гражданӣ алоқамандӣ вуҷуд дорад, мавқуф гузошта шавад. Ӯ дар ин бора чанд маротиба муроҷиат намуд. Судяи суди шахри Хуҷанд пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳуҷҷатҳо дархости пешниҳоднамудаи Ахмедов А.Н.-ро рад намуд. Зеро, ягон алоқамандӣ вобаста ба оғоз шудани парвандаи ҷиноятӣ, тафтиши он ва баррасии парвандаи гражданӣ оид ба руёнидани маблағи қарзи аз ҳисоби амволи ба гаравгирифташуда мавҷуд набуд. Фикр мекунем, ки судяи Суди шахри Хучанд дар охир хулосаи холисонаи худро баровард.

Шаидова Марҳамат Мирзоевна - гаравдеҳ дар шахсияти намояндааш Ахмедов А.Н. бо ҳалномаи қабулнамудаи Судяи суди шаҳри Хуҷанд розӣ нашуда, бо шикояти кассатсионӣ нисбат ба ҳалномаи Суди шаҳри Хуҷанд аз 10.11.2017 оид ба парвандаи №2-268/17  Судя Мирасилзода А.А. дар бораи бекор кардани ҳалномаи Суди шаҳри Хуҷанд аз «10» ноябри 2017 с. аз рӯи парвандаи №2-695/17 муроҷиат намуд.

Дар марҳилаи кассатсионӣ бошад, пас аз таҳлили ҳамаҷонибаи ҳуҷҷатҳо ва баррасии ҳалномаи Судяи суди ш. Хуҷанд аз 10 ноябри соли 2017 ҳукми оид ба парвандаи №2-268/17 қабул шударо бетағийр гузошта, шикояти кассатсионии намояндаи гаравдеҳ Ахмедов А.Н-ро беқаноат мононд.  

Ҳалномаи суди мазкур ба қувваи қонунӣ даромада, варақаи иҷро дода шудааст. Ҳоло бошад, дар асоси ҳалномаи судӣ ва варақаи иҷро истеҳсолоти иҷро оғоз карда шуда, амалиёти иҷроиш давом дорад. 

Филиали ЧДММ ТАКХ «Арванд»

дар шаҳри Исфара

Шумо дар Минтақа

Дар китоби «Тоҷикнома»-и профессор Иброҳим Усмонов, ки дар 3 ҷилд нашр гардидааст, мавзӯи арзишҳои миллӣ, истиқлол ва забони тоҷикӣ, андешаи миллӣ, ваҳдати маънавии миллат, ифтихори миллӣ, баҳси тоҷику форс, андешаҳо перомуни адабиёту забони тоҷикӣ ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст.

 Дар ҷилди аввали китоб дар бораи устод Садриддин Айнӣ ва аллома Бобоҷон Ғафуров сухан меравад. Дар бораи устод Садриддин Айнӣ гуфта шудааст, ки «беҳтарин асарҳои Садриддин Айниро, аз ҷумла «Ёддоштҳо», «Ҷаллодони Бухоро», «Таърихи амирони манғитӣ», «Ғуломон», «Марги судхӯр», публитсистикаи миллиашро ба шакли мунтахабот, ё тамоми эҷодиёташро – ҳамаи он сазовори таваҷҷӯҳи аҳли олам аст, бо шаш забони расмии дунё чоп кунему паҳн намоем. Дар Тоҷикистон Маркази Айнишиносӣ ташкил диҳем, ки он ба омӯхтану таблиғи тамоми мероси устод, тарбияи мутахассисони ватанию хориҷӣ – Айнишиносон машғул шавад.Дар ҳамаи ихтисосҳои гуманитарии мактабҳои олии Тоҷикистон дар барномаи таълим Айнишиносӣ ҳатман дохил карда шавад ва бо назардошти ихтисос таълим дода шавад – адабиёт ва адабиётшиносии Айнӣ, таърихшиносии Айнӣ, ҷаҳоншиносии Айнӣ, фалсафаи Айнӣ, педагогикаи Айнӣ, публитсистикаи Айнӣ ва амсоли ин».

Дар китоб мавқеи аллома Бобоҷон Ғафуров дар сиёсат ва илм бисёр бузург арзёбӣ гаштааст: «Дар тӯли 10 сол роҳбари Тоҷикистон, дар тӯли 21 сол роҳбари Институти шарқшиносии СССР, қариб 20 сол сармуҳаррири маҷаллаи «Азия и Африка сегодня», Раиси Кумитаи шӯравии лоиҳаҳои ЮНЕСКО — «Шарқ-Ғарб» буданд. Вай бо 6 ордени Ленин, ордени «Револютсияи Октябр», бо ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» мукофотонида шудааст.

Академик Б. Ғафуров соли 1968 ба мукофоти байналхалқии Ҷаворҳирлол Неру шарафманд гардид, профессори ифтихории донишгоҳҳои Теҳрон ва Оллоҳободи Ҳиндустон мебошад ва соли 1967 унвони Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистонро сазовор гардид. Ӯ дорандаи ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат»-и Муғулистон низ мебошад. Дар Тоҷикистон осорхонаи Б. Ғафуров мавҷуд аст, дар назди Академияи илмҳои Тоҷикистон нимпайкараи вай гузошта шудааст. Яке аз ноҳияҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд номи ӯро доранд.

Дар Тоҷикистон ба номаш пул, сикка зада шудааст. Барои хизматҳои бузург ва фидокориҳо дар поягузории Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти хирадмандонаи давлатдорӣ, инкишофи тамаддун ва худшиносии миллӣ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 8 -уми сентябри соли 1997 «ба фарзанди бошарафи халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон»-ро дод.

Дар мавриди ифтихороти миллӣ ва фаҳмиши «тафаккури тоҷикистонӣ» бошад, гуфта мешавад: 

«Барои аксарият фаҳмиши «тафаккури тоҷикистонӣ»  ҳаммаънои калимаи «ҳаммиллат будан» аст. Аслан, дар илм бисёриҳо калимаи «миллат» ва вожаи «халқ»-ро ҳаммаъно ҳисоб мекунанд. Ҳатто вожаҳое, ки гурӯҳҳои хурдтарро ҳам ифода мекунад, ба монанди қавм, қабила ва ғайраро низ ба ҳамин маъно меоранд. Албатта, вақте ки калимаи «этнос» дар илм истифода шуд, дар решаи умумии онҳо як маъно вуҷуд дошт. Барои фаҳмидани маънои хоси ҳар истилоҳ, замонро дар назар гирифтан зарур мебошад. Мафҳуми «халқ» мардуми давлати замони феодалро ифода менамояд. Баробари ба вуҷуд омадани давлат, халқ ба вуҷуд омад.  Яъне, дар ин давра, яке аз қавмҳо бартарӣ пайдо кард. Масалан, давлати тоҷикҳо – давлати Сомониҳо буд ва халқи тоҷик дар замони Сомониҳо ташаккул ёфт. Чунин маъно бардоштан даркор нест, ки онҳое, ки ба забони тоҷикӣ сухан мегуфтанд, тоҷик буданд, то замони Сомониҳо мавҷуд набуданд, балки ин чунин маъно дорад, ки маҳз ҳамин халқи тоҷик, ки дар Осиёи Миёна мезист,  муттаҳид шуда давлати Сомониёнро бунёд гузоштанд. Албатта, дар он вақт ҳам «тоҷик» мегуфтанд, вале калимаҳои суғдиву бохтарӣ, хоразмиву форс, шуғнониву фарғонӣ  зиёдтар истифода мешуданд. Дар замони ибтидои халқшавии мардуми тоҷик ҳар кӣ ба номи суғдиву бохтариву хоразмиву фарғонӣ ёдоварӣ мешуд, инҳо ҳама таъкид ба тоҷик буд. Тавре дар асрҳои XIX-XX ҳар кӣ бо номи шаҳрҳо ёдоварӣ мешуд, масалан,  Ҳисорӣ, Бухороӣ, Хуҷандӣ, Ҳиротӣ, Нишопурӣ, Кобулӣ низ тоҷик буд…».

Дар китоби дувум баҳси илмӣ дар мавриди замон ва муҳити пайдоиши халқи тоҷик рафта, гуфта шудааст, ки «дар бораи миллати тоҷик сухан рондан, дар бораи давлатдории миллатсозии халқи тоҷик, дар бораи истиқлолияти давлат, халқ ва забони тоҷикӣ сухан гуфтан таҳқиқу қадр кардани сухани устод С.Айнӣ «баромад оқибат овози тоҷик» аст. Зеро давлат ва миллати тоҷик танҳо дар солҳои бистуми асри 20 аз нав ташаккул ёфтанд. Воқеан, агар ба ҳар кадом китоби таърихи халқи тоҷик нигарем, хоҳем дид, ки мо дар бораи давлатдории тоҷик не (ба истиснои давлати Сомониён), балки дар хусуси минтақаҳои мамлакат ё ҳавза ва мавқеи тоҷикон дар онҳо мулоҳиза меронем. Масалан, номи фаслҳо ва бобҳои китоби Б. Ғафуров «Тоҷикон» чунинанд: Осиёи Миёна дар ҳайати давлати Ҳахоманишҳо; Осиёи Миёна дар давраи Кӯшониён; Тохористон; Суғд; Уструшан-Фарғона; Анҷоми протсесси ташаккули халқи тоҷик ва созмони давлатии ӯ: Давлатҳои Тоҳириён, Саффориён, Сомониён; Осиёи Миёна дар ҳайъати хилофати араб; давлатҳои Ғазнавиён, Қарахониён, Ғуриён ва Хоразмшоҳиён, халқи тоҷик дар давраи чингизиён; халқи тоҷик дар давлати Темуриён; халқи тоҷик дар давлати Шайбониён; халқи тоҷик дар ҳайати давлати Ҷониён; халқи тоҷик дар аморати Бухоро ва давлати хонии Қӯқанд; халқи тоҷик дар давраи ба Русия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна».

Китоби сеюм ба забони русӣ нашр шуда, мавзӯҳои муҳимми тоҷикшиносиро дар бар мегирад. 

Умуман китоби «Тоҷикнома»- и профессор Иброҳим Усмонов асари ҷадид оид ба таърихи халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, андешаҳои илмии хонданӣ дорад. Чи гунае, ки дар шиносномаи китоб гуфта шудааст:

 «мақсади ягонаи муаллиф – муайян кардани ҷойгоҳи халқи тоҷик дар Осиёи Миёна ва мавқеи вай дар байни мардуми эронинажод аст. Ӯ вожаи эронро, на ба мафҳуми имрӯзаи ҷуғрофияи сиёсӣ, балки дар фаҳми таърихии он, сарзамини Мовароуннаҳр ва Хуросон истифода мекунад. Хокдони халқу забони худро дар ҳамин минтақа ва решаи аҷдодии худро дар халқиятҳои хурду калони инҷо, аз ҷумла Суғду Бохтар медонад. Таҳқиқҳои муаллиф ба осори зиёди илмии форсу тоҷик, араб, рус ва донишмандони аврупоӣ такя мекунанд».

Китоби бо шеъри

Аз зуҳраву зуҳал,

Аз қаъри торикӣ

Орам навиди нав

Бо лафзи тоҷикӣ

оғоз ёфта, ҳамчунин пурсиши дили муаллиф низ ҷой дода шудааст:

1. Мо мардуми таҳҷоии Осиёи Марказӣ ҳастем ё қавми омадаем?

2. Аврупоиҳо дар таърихи тоисломии халқҳои эронӣ, суғд, бохтар ва форсро шинохтаанд, розӣ мешавем ё не.

3. Пас, ҳамчун халқи қадимӣ мо суғду бохтар ҳастем ё форс?

4. Агар мо худро форс ва эронӣ гӯем, сарнавишти падару модар ва хоҳару бародар ва фарзандони дар Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон будаамон чӣ мешавад? Онҳоро форсшавӣ намемонанд. Оё тоҷикияташон ҳам аз байн намеравад?

5. Бароямон чӣ беҳтар, моро ҳамчун тоҷик ва тоҷикистонӣ шиносанд ё ҳамчун форс ё эронӣ? Мустақил будан беҳтар ё ҷузъи миллати бузург, бе номи худ?

6. Истилоҳи тоҷик, ки хитоиҳо, арабҳо, туркҳо, юнониҳо, арманиҳо, русҳо, аз бузургони мо Унсурӣ, Саноӣ, Аттор, Саъдӣ, Мавлавӣ, Ҷомӣ, Амир Хусрав, Бедил истифода бурдаанд, ишора ба чист? Халқ, миллат ё ягон мафҳуми дигар?

7. Эрон шакли калимаи ориёиҳо. Воқеан мо яке аз халқҳои ориёӣ ҳастем. Аз ин нигоҳ мо эронӣ мебошем. Номи Эрон чун ҳудуди давлатӣ дар соли 1936 пайдо шуд.

8. Мо дар солҳои шӯравӣ аз он норизо будем, ки баъзе миллатҳои мамлакатамон тарҷумаро аз адабиёти классикии мо «тарҷума аз форсӣ» мегуфтанд. Ҳоло бо онҳо ҳамфикр шудаем?

9. Пантуркистҳо оё дуруст мегуфтанд, ки мардуми тоҷик туркҳои ба таъсири мадраса забонгумкардаанд?

10. Қисми зиёди даризабонҳои Афғонистон худро тоҷик мегӯянд, онҳоро эронӣ ва форс номидан мумкин аст?

11. Аз рӯи гуфтаи бузургони илму адабамон то қарни XVII аксарияти аҳолии Хуросону Шероз чун халқ худро тоҷик мегуфтанд. Чаро имрӯз чунин намегӯянд?

Шервони УМРИДДИН

рӯзноманигор

Шумо дар Фарҳанг
Душанбе, 03 Сентябр 2018 18:26

усМОНов

Дар навиштани ягон очерк ё мақола перомуни ин ё он шахсият чунин азоб накашида будам. Мушкил сари он набуд, ки ҳарфи гуфтанӣ надоштам, балки мушкил он буд, ки хотираҳою лаҳзаҳои гоҳе тақдирсоз бо устод Усмонов ончунон зиёд буданд, ки намедонистам кадомеро гӯям, аз кадоме оғоз кунам. 

Ниҳоят, ба ин хулоса омадам, ки аз аввал оғоз намоям:

 Аз рӯзе, ки бо ин ном шинос шудаму аз рӯзе, ки бо ин чеҳра ошно гаштам. Ва аз нақшҳое, ки шояд дар ёди устод намонда бошад.

***

Соли 1990. 

Имтиҳони қабул ба факултаи ҳуқуқшиносӣ идома дошт. Мани довталаб ҳангоми супоридани имтиҳони забон ва адабиёти тоҷик талош мекардам то баҳои «панҷ» гирам. Имтиҳонро аз ман шахси ҷавону мӯйҷингила мегирифт. Баъдтар фаҳмидам, ки Иброҳим Усмонов будаанд. Он кас ҷавоби маро ба суолҳои додашуда, бодиққат гӯш мекарданд. Баъди ба итмом расонидани посух ба суолҳо «баҳои шумо чор» гуфтанд. Ман эътироз кардам, ки саволи иловагӣ диҳанд, зеро ман баҳои панҷ мехоҳам. Бо табассум пурсиданд:

- «Дар достони Комде ва Мадан  кадоме мард буд ва кадоме зан?»

- «Комде мард ва Мадан зан» - бо боварӣ посух додам ман.

- «Чаро ин қадар дилпурона мегӯед? Шояд баръакс бошад» - табассум карданд Усмонов.

- «Не! Ҷавоби ман қатъӣ аст» - гуфтам…

Устод бархостанду китоби адабиёти тоҷикро аз куҷое оварданд ва ба ман нишон доданд, ки хонам. Ман хато карда будам ва бо сари хам ба баҳои чор розӣ шуда, баромадам.

Ин ҳодиса тақдирсоз гардиду ман ҳуқуқшинос нашудам. Соли дигар ба шӯъбаи рӯзноманигорӣ ҳуҷҷат супорида, ба Донишгоҳ дохил шудам.

***

Соли 1996. 

Пеш аз ҳимояи рисолаи дипломӣ ман ҳеҷ наметавонистам имтиҳон аз Иброҳим Усмоновро супорам. Аниқтараш, устод ба фаъолияти сиёсӣ машғул гардиданду ба ҷойи он кас шогирдашон Аъзамҷон Азимов имтиҳон қабул мекарданду муносибати мо он замон хуб набуд. Аъзамҷон раҳнамои курси мо буданд ва мани он замон шӯху бебок , дар куҷое эшонро сахт ранҷонида будам. 

Ҳозир намедонам, аммо он солҳо то имтиҳонро намесупоридӣ, ба супоридани имтиҳонҳои хатм, минҷумла ҳимояи рисолаи дипломӣ роҳ намедоданд. Як рӯз пеш аз имтиҳони аввалини давлатӣ бори ёздаҳум ба назди Азимов рафтаму боз ҳам аз имтиҳонро насупоридам. Ноумед  аз назди бозори «Баракат» мегузаштам, ки садое маро ба худ овард:

- Хуршедҷон! Тайёрӣ ба имтиҳони давлатӣ чӣ хел?

Пас гаштам. Устод Усмонов буданд. Он кас ҳамаро аз рӯйи ному насаби дар журнал сабтшуда, ёдовар мешуданд. Ва гарчи барои ҳама «Хуршед» будам, барои Устод «Хуршедҷон».  

- Ман имтиҳонҳоро супорида натавонистам. Ба Русия меравам. Мардикорӣ, - маҳзунона посух додам.

  - Чӣ хел? Аз кадом фан? – таваҷҷӯҳ карданд устод.

- Аз Шумо. Азимов бори ёздаҳум баҳои маро нагузошт…- бо ғазаб гуфтам.

- Ҳамагӣ ба ду саволи ман посух диҳед, - гуфтанд устод ва тезу пайиҳам ду савол аз фанни «Таърихи матбуоти тоҷик» доданд. Ман, ки дар ин ёздаҳ бори кӯшиши имтиҳонсупорӣ ба ҳама савол ҷавоб доштам, зуд посух гуфтам.  

- Дафтарчаи имтиҳониатон канӣ?

Дафтарчаро хушҳолона дароз кардам. Ба ман баҳои панҷ гузоштанд ва каме бо оҳанги ҷиддӣ гуфтанд:

- Бо Азимов ман ҳоло худам гап мезанам!

Ҳамин тавр, ман ниҳоят имтиҳонҳои давлатиро супорида, Донишгоҳро хатм кардам.

***

Соли 2000.

Нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» ҷашни 70- солагӣ дошт. Аввал масъулияти омода кардани маҷмӯаро ба дигарон супориданд. Чун дигарон танбалӣ карданд, масъулияти омодасозии онро ду-се моҳ пеш аз ҷашн ба ман супориданд. Баъде ки маҷмӯаи «Пайванди пайкараҳо» омода шуд, сармуҳаррири он замони нашрия Раҳим Сайдалиев гуфт:

- Дар навиштаи ту атрофи шахсиятҳое чун Отахон Латифӣ, Муҳиддини Олимпур, Додоҷони Атовулло  андешаҳои таърифӣ ҳастанд. Ҷой додани зиндагиномаи ин шахсиятҳо, бойиси гапу калочаи зиёд мешавад, чунки ҳоло дар «боло» ба шахсияти онҳо баҳои якгуна надодаанд.

- Чӣ кор кунем? Охир, бе онҳо таърихномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» маъние надорад- ғамгинона гуфтам.

- Роҳи ҳал ҳаст. Бо Иброҳим Усмонов муносибати ту чӣ хел аст? – пурсид Раҳим Сайдалиев.

- То ба вазифаҳои сиёсӣ рафтанашон, хуб буд. Ҳозир намедонам, чунки он касро намебинам.

- Агар Усмонов дар китоби ту пешгуфтор нависанд, касе эрод намегирад. Дар журналистикаи имрӯз дар сатҳи Ҳукумат касе бо эшон баҳс ҳам карда наметавонад. Агар ҷуръат карда, пешгуфтор нависанд, китоб бетаҳрир чоп мешавад. Шояд аз назари он кас барои Латифию Олимпур монеае набошад, аммо барои Додоҷони Атовулло шояд эрод гиранд. Чунки Додоҷон зидди устод дар солҳои навадум маводи танқидии тунду тезе бо сарлавҳаи «Уштура гуфтам, ки ғамза кун, полиза вайрон карду рафт» навишта буд.

- Бахт таваккал! Дигар роҳе надорем – гуфтам ман.

Сайдалиев ба ман рақами утоқи кори устодро пайдо кард. Устод он бегоҳ дастнависи маро гирифтанду гуфтанд:

- Рӯзи душанбе барои пешгуфтор биёед…

Усмонов пешгуфтори аҷибе навиштанд, ки як ҷумлаи аҷиб дошт:

- «Бар падари Хуршедҷон ҳазор раҳмат!».

Дар мавриди журналистони дар боло зикршуда ҳангоми сӯҳбат ёдрас шудам. Устод посух доданд:

- Мо ҳуқуқи таҳрифи таърих надорем! Онҳо, махсусан Додоҷон, номи худро дар таърихномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» барои абад навиштааст…

Китоб нашр шуду то ба имрӯз касе ба он эроде надорад…

***

Соли 2010.

Бо пойфишориҳои вазири мудофиаи он замон якбора чандин нашрия, минҷумла «Фараж» аз нашр бозмонданд. Чопхонаҳо онро нашр намекарданд, аммо ман онро дар шакли варақи А-3, дастӣ чоп мекардам.

Дигар аз фазои фишору таҳдид ба тақдири нашрия дилгир шуда будам. Чунин иттифоқ уфтод, ки он шабу рӯз бо устод ва чанд нафари дигар ба сафари шаҳри Варшава барои ширкат дар як конфронс рафтем. Дар он ҷой қазияи баста шудани ин нашрияҳо ҳам баррасӣ гардид. Бегоҳи он рӯз нафаре ба назди ман омаду худро аз созмони байналмилалие муаррифӣ кард ва гуфт, ки метавонад дар гирифтани паноҳгоҳи сиёсӣ кумак кунад. Аммо барои ин ман бояд аз Варшава ба Тоҷикистон барнагардам…

Назди устод омадаму ҳамраҳ ба боғи назди меҳмонхона рафтем. Аз он сӯҳбат дар боғи Варшава аксе ҳам ба ёдгор дорам. Устод маро то охир шуниданд ва гуфтанд:

- Шумо агар дар Ғарб бимонед, то охири умр фақат як паноҳҷӯ, як овора ҳастеду бас! Хуршеди Атовулло дар Тоҷикистон Хуршеди Атовулло аст! Ӯро дар Душанбе мешиносанд, дар Тоҷикистон касе ӯро мехонаду касе эҳтиром қойил аст. Шумо метавонед чун паноҳҷӯю овораю гурезаю фирорӣ аз Ватан зиндагӣ кунед? 

- Не!, – қатъиян гуфтам ман.

- Пас, дигар дар мавриди паноҳгоҳ ҳатто фикр накунед! 

Ва ман ҳам то ҳол дар ин мавзӯъ дигар ҳатто фикр накардаам..

***

. Ин чаҳор лаҳзае буд аз нақши тақдирсози Иброҳим Усмонов дар хати тақдири ман.

Тақдири яке аз камтарин шогирдони Усмонов.

 Тақдири яке аз ҳазорон ҳазор… 

Зиҳӣ устоде, ки тавонистаӣ нақши тақдирсози хешро дар зиндагии ҳазорон ҳазор бигзорӣ!

…Садҳо лаҳзаҳое буданд, ки маҳз маслиҳату раҳнамоии устод маро аз хатое, аз лағжише, аз балое раҳо додааст…

Имрӯз ҳам дилам, ки аз чуну чароҳои рӯзгор гирифт, ба суроғи устод мешитобам ва ҳазорон бор шукрона мекунам, ки гурезгоҳе дорам…

Шукри буданатон Устод! МОНед ва бо МОНед!

Ҳафтодсолагӣ муборак!

 

Хуршед Атовулло,

Директори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

Шумо дар Слайд
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 6

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.