.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Сентябр 2018 - || ФАРАЖ

Ширкати Tcell омӯзишу роҳандозии фанноварии ҷадиду муосирро дар бозори Тоҷикистон идома дода, барои рушду такомули ин абзорҳои технологияи иноватсионӣ  кӯшиш менамояд. Тасмими дигар ва ё қадами нави ширкат дар ин ҷода роҳандозии иртиботи муштарӣ бо оператори мобилӣ тавассути паёмрасон (мессенҷер)-и Чат-бот дар шабакаи иҷтимоии Telegram мебошад, ки он ба шеваи худкор (автоматикӣ) хизматрасонии корбарро анҷом медиҳад! Чат-бот аллакай ба муштариёни зиёде барои дастрас кардани маълумот оиди хидматрасониҳо, тарофа ва ҳатто ҷойи кор дар ширкати Tcell иттилоъ пешниҳод кардааст.

Паёмрасон (мессенҷер)-иTelegram рӯз аз рӯз доираи бештари корбаронро фаро мегирад.    Ҳамаи ин бо шарофати каналҳои ҷолиб ва ироаи боэътимоди паёмҳо, инчунин чатбот фароҳам омадааст. Telegram-бот — барномаи вижаест, ки ба таври худкор ва фармони додашуда фаъолият мекунад: иттилоъ пешниҳод месозад, ба пайванду нишониҳои интернетӣ роҳнамойӣ мекунад ва амалҳои дигарро ба сомон мерасонад. 

Tcell Чат-бот дар асос ва пояи ҳалли мушкилот роҳандозӣ гардида, на ба таври радду бадал (мукотиба), балки бо шеваи интихоби иқдом кор мекунад. Дар менюи асосӣ барои муштарӣ чунин хидматрасониҳои ёрирасон дар шохисҳои:  «Тарифаҳо», «Хидматрасониҳо», «Манобеъ», «Интернет», «МАълумоти инфиродӣ», «Пурра кардани тавозун», «Идора (дафтар)-ҳо дар харита», «Роуминг», «Аксияҳо», «Барномаҳои мобилӣ», «Мағоза» ва «Ҷойи кор» ҷо дода шудаанд.  

Ҳангоми интихоби намуди хидматрасонӣ, ки ба муштарӣ зарур аст, Чат-бот куллияи маълумоти даркориро дар ин бахш дар даричаи гуфтугӯ пешниҳод месозад ва ҳама фармонҳоро амалӣ менамояд: пайваст/хомӯш кардани тарофа, опсия ва ё хизматрасонӣ, фармони тафтиши тавозун ва ё боқимондаи мегабайтҳои интернет. Дар сурати зарурӣ, Чат-бот сомонаи расмии ширкатро бо маълумоти бештар боз менамояд ва ё нишониро барои боргирии барномаҳои «Мой Tcell» и «Чи Гап» дар App Store ва Google Play ба муштарӣ медиҳад.

Аснои боз намудани «Идораҳо дар харита», бот макони будубоши шуморо муайян карда, суроғаи наздиктарин маркази хидматрасонии ширкати Tcell-ро ирсол менамояд.

Истифодаи Tcell Чат-бот ҳамчунон содда аст, тавре ки бо дӯстатон мукотиба менамоед: бот дар давоми чанд сония кулли маълумоти заруриро бароятон медиҳад.  

«Мо медонем, ки муштарӣ на ҳама вақт метавонад аз сомона истифода барад ва ё ба хадамоти ёрирасон (дастгирӣ) муроҷиат кунад, ин дар ҳолест, ки аксари корбарону муштариён ба паёмрасонҳои Viber, Telegram ва ғайра дастрасӣ доранд. Дар ҳама ҳолат: дар хона, ҷойи кор, аснои сайругашт муштарӣ метавонад вақти зиёдашро дар ҷустуҷӯи шабакаи Интернет сарф накарда,  тавассути Тcell Чат-бот маълумоти заруриро ба даст биёрад. Бовар дорем, ки Чат-бот воқеъан кори муштариёни моро осонтар хоҳад кард”,- мегӯяд Озодхон Давлатшоев, директори генералии ширкати    Tcell. 

Барои кор бо чат-боти Tcell ба нишонии https://t.me/tcellchat_bot ва ё ҷустуҷӯи паёмрасони Telegram муроҷиат карда, истилоҳи @tcellchat_bot –ро нависед.

Шумо дар Хабари рӯз

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини суботи низоми бонкӣ ва ҳимояи манфиатҳои пасандоздорону қарздеҳон фаъолияти ду ширкати аудитории кишварро қатъ кардааст.

Гуфта мешавад, ки Бонки миллӣ   ташкилоти ҶДММ «Аудитории Ш.Адолат»  ва ҶДММ «БМҶ Аудит»-ро аз рӯйхати ташкилотҳои аудиторие, ки дорои ҳуқуқи гузаронидани аудити ташкилотҳои қарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд,  хориҷ кард.

Ин ташкилот бинобар пешниҳод кардани хулосаи аудитории носаҳеҳ қисми талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ҳангоми гузаронидани аудити ташкилотҳои қарзӣ барои соли 2017-ро риоя накардаанд.

Бонки миллии Тоҷикистон бо асосҳои зикршуда ҶДММ  «Грант Торнтон»-ро низ соли 2017 аз ин рӯйхат хориҷ карда буд.

Шумо дар Хабари рӯз
Ҷумъа, 21 Сентябр 2018 09:56

FIFA: Тоҷикистон 120-ум аст

FIFAрейтинги дастаҳои аъзояшро дар ин моҳ нашр кард, ки дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар он дар зинаи 120-ум қарор дорад. Даста нисбат ба моҳи гузашта мавқеашро иваз накардааст ва дар миёнаи дастаҳои Зеландияи Нав ва Гвинея Бисау ҷой гирифтааст.

Аз дастаҳои осиёӣ дар зинаи боло дастаи мунтахаби Эрон аст, ки дар зинаи 33-юм аст. Аз дастаҳои собиқ кишварҳои Шӯравӣ Украина пешсаф аст ва дар зинаи 29-ум ҷой гирифтааст. Аз ҳамсоякишварҳо Қирғизистон дар ҷойи 91-ум, Узбекистон дар зинаи 96, Афғонистон дар мавқеи 146-ум саф кашидаанд.

Дар ин рейтинг ҷойи аввалро ду даста – Фаронса ва Белжик бо имтиёзҳои якхел соҳиб шудаанд. Ба даҳгонаи беҳтарин дастаҳои мунтахаби футбол ин кишварҳо шомил шудаанд:

1 (1). Фаронса

1 (2). Белжик

3 (3). Бразил

4 (4). Кровосӣ (Хорватия)

5 (5). Уругвай

6 (6). Инглис

7 (7). Портуғол

8 (8). Суис (Швейсария)

9 (9). Испониё

10 (9). Донморк (Дания)

Шумо дар Хабари рӯз

Ҷавонони 16-солаи футболбози Тоҷикистон, ки дар Малайзия қарор доранд, вохӯрии аввалинро дар даври финалии Чемпионати наврасони Осиё-2018 бо дастаи соҳибони майдон баргузор карданд.

Ин вохӯрӣ бо бартарии соҳибони майдон гузашт ва онҳо ба дарвозаи наврасони Тоҷикистон 6 гол заданд. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи кишвари мо бо ду гол ҷавоб гардонд. Натиҷаи ин бозӣ бо ҳисоби 6:2 бар нафъи Малайзия ба охир расид.

Дар даври дуюм шогирдони Зайниддин Раҳимов 23-уюми сентябр бо Ҷопон ва дар даври охир 26-уми сентябр бо Тайланд қувва месанҷанд.

Шумо дар Хабари рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 34

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.