.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Сентябр 2018 - || ФАРАЖ

Қонунгузории Тоҷикистон табобати ройгони мардумро кафолат медиҳад. Аммо сару садо дар бораи риоя нагардидани ин талабот вақтҳои охир зиёд гаштааст. 

Бояд гуфт, ки дар Конститутсияи ҶТомадааст, ки “ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббиии ройгон дар муассисаҳои нигоҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд».

Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки роҷеъ ба ин қазия дар шаҳри Панҷакент то кунун мушкилиҳо ҷой доранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Панҷакент аз қадимтарин шаҳрҳои Тоҷикистон ба шумор рафта аҳолии он ба 300 000 ҳазор нафар мерасад.

Таври маълум баробари шумораи мардум номгӯии муассисаҳои тиббӣ низ дар ин шаҳр меафзояд. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ бояд барои 10000 нафар як бригадаи алоҳида фаъолият намояд. Вале дар ҳамин ҳол, дар шаҳри Панҷакент, ки ҳудуди 300 000 аҳолӣ дорад, ҳамагӣ 6 бридагаи ёрии таъҷилӣ фаъолият мекунанд. 

Ҳамасола барои нигоҳдорӣ ва фаъолияти муассисаҳои зикршуда аз буҷети маҳаллӣ маблағи мушаххас ҷудо мегардад.

Манбаъ мегӯяд, ки маблағгузории соҳа аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ сол то сол меафзояд. Ин маблағҳо барои пардохти музди меҳнати кормандон, таъмини эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, таъмир,  захираҳои моддию молӣ, хидматрасониҳои коммуналӣ, алоқа ва ғайра сарф карда мешавад. 

Чунин ба назар мерасад, ки бештари маблағи ҷудошуда аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои пардохти музди меҳнати кормандон масраф мешавад. Инро дар мисоли дигар муассисаҳои давлатии тиббӣ дар солҳои охир низ дидан мумкин аст. Соли 2017 дар дармонгоҳи дандонпизишкии - 77, МНДСД-79 ва дар дигар муассисаҳои тиббӣ тақрибан 70-80 дарсади маблағҳои буҷавӣ барои пардохти маоши кормандон масраф гардидааст. Гуфта мешавад, ки бо афзудани маош ва ҳиссаҷудокунӣ аз буҷет барои маош пардохтҳои иҷтимоӣ низ меафзояд. Аммо далелҳо нишон медиҳанд, ки барои беҳдошти фаъолияти муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла, харидории таҷҳизот аз буҷети маҳаллӣ давоми солҳои охир маблағи ночиз ҷудо гардидааст. Миқдори маблағҳое, ки барои муассисаи калонтарини тиббии шаҳр, Беморхонаи марказӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ҷудо шуда, барои харидории доруворӣ ва таҷҳизотҳои лозима сарфа шудааст, дар соли 2016, 0,28% ва дар соли 2017 ҳамагӣ 0,96%-и маблағгузории буҷетии муассисаро ташкил додааст. 

Суоли матраҳ ин аст, ки оё метавон гуфт, ки маблағи мазкур барои харидории таҷҳизоти ҳозиразамони ташхиси фавқуссадоӣ ё МРТ, ки барои мардуми Панҷакент ҳамчун минтақаи дурдаст зарур аст, мерасад? Ин ҳам дар ҳолест, ки дар айни замон беморхонаи марказии шаҳр МРТнадоранд.

Мутахасисони соҳа мегӯянд, ки арзиши миёнаи як дастгоҳи МРТ то 1,5 миллион сомонӣ мерасад. Аммо аксарият мегӯянд маблағҳое, ки тӯли се соли охир барои таъмини захираҳои моддию молии ду муассисаи калонтарини тиббии шаҳр, муассиаи давлатии ёрии аввалияи тиббӣ- санитарӣ ва беморхонаи марказии шаҳр ҷудо шудааст, барои харидории дастгоҳи МРТ намерасад. Яъне, маблағи дар 3 соли охир пешбинишуда дар ин самт, тибқи маълумоти расмӣ, 466, 9 000 сомониро ташкил медиҳад. 

Таври маълум, солҳои охир барои дармонгоҳҳои кишвар низоми маблағгузории сарикасӣ муқаррар шудааст. Масъулини бахши тандурустии шаҳри Панҷакент мегӯянд, ки соли 2016 ба ҳар нафар сокини шаҳру деҳоти Панҷакент аз буҷети маҳаллӣ барои ташхису табобат 93 ва соли 2017 ба миқдори 115 сомонӣ масраф шудааст. Ҳамин шумора дар соли 2018 ба 117 сомонӣ мерасад. Гуфта мешавад, ки аз ҳисоби маблағи мазкур пардохти маош, ҳифзи иҷтимоӣ, хидмати коммуналӣ, алоқа, барқ, таъмир, харидории дорувору таҷҳизот ва ғайра бояд амалӣ шавад.

Масъулин мегӯянд, ки солҳои 2016-2017 тақрибан 25 дарсади буҷети маҳаллӣ барои соҳаи тандурустӣ ихтисос ёфтааст. Ин таносуб дар соли 2018 низ нигоҳ дошта шудааст. Ин аст имкониятҳои буҷети шаҳри Панҷакент, ки  300 000 аҳолӣ дорад. 

Бархеҳо омилҳои аслии қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2018 таҳти рақами №600 «Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ»,  ки амалан хидмати ройгони тиббиро аз байн бурдааст, дар паст будани буҷет на танҳо дар минтақаҳо, балки дар ҷумҳурӣ низ арзёбӣ мекунанд.

Хуршед Фозилов, 

Ҷӯраи Мулло.

 “Фараж”

Шумо дар Минтақа
Шанбе, 29 Сентябр 2018 14:17

Алифбои зиндагии генерал Азимов

Нақши ҳар инсон дар ҷомеа ва эътибори ӯ дар байни мардум ба андозаи кор ва  амали некаш баҳогузорӣ карда мешавад. Ташаккули маънавии инсон ва камолоти ахлоқии ӯ низ то расидан ба ҳадди шахсияти комил аз дунёи ботинӣ, ният ва ҳадафи ҳаётиаш вобаста аст. Дар ин раванд таъсири муҳити оила, шеваи тарбияи волидайн ва омӯхтаҳои худи шахс аз лаҳзаи шинохти худ то даргоҳи мактабу донишгоҳ ва баъдтар дар тӯли зиндагии мустақилона ва таҷрибаи корӣ нақши ҳалкунанда доранд. 

Ҳамин маъниро Амирқул Насимович Азимов барои худ масири зиндагӣ интихоб карда, тарҳи рӯзгори оилавӣ ва корномаи хидматиашро дар ин асос поягузорӣ намудааст. Аз ин ҷост, ки  ҳамагон ӯро ҳамчун инсони бомаърифат, ҳуқуқшинос, муфаттиши варзида, ходими намоёни давлатӣ ва шахсияти бошараф мешиносанд.

Азимов кори худро ба ҳайси муфаттиши прокуратураи шаҳри Душанбе оғоз намудааст. Ҳанӯз дар даврони донишҷӯӣ, таҷрибаомӯзӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти прокуратура ӯ малакаи ибтидоии фаъолиятро дар соҳаи тафтишот, кушодани гиреҳи ҷиноятҳоро ба хубӣ аз бар карда буд. Вақте  бевосита ҳамчун муфаттиш ба кор оғоз намуд, бо қатъияти том ва  нияти пуразм кӯшиш менамуд, то аз муфаттишони варзида асрору нозукиҳои ин пешаи мушкил ва масъулиятталабро фаро гирад. 

Ӯ дар таҳқиқу тафтиши парвандаҳои махсусан муҳим ҷузъитарин омилу шароитро ба назар гирифта, дилхоҳ масъаларо соатҳои дароз дар мизони ақл бармекашид ва хулосаи холисона мебаровард. 

Иштирок ва саҳмгузорӣ дар тафтиши парвандаҳои махсусан муҳими дорои хусусиятҳои ҳархела, ки дар шароитҳои хос таҳти омилҳои муайян аз ҷониби ашхоси вобаста ба гурӯҳҳои ҷиноятпешаи табақаҳои гуногуни ҷомеа содир шуда буданд, бо гузашти замон шахсияти Амирқул Азимовро комилтар, доираи мафкура, шинохти инсонии ӯро бовусъат ва диду назарашро амиқу мӯшикофтар намуд. Дар он солҳои ҳукуматдории шӯравӣ, дар мақомоти прокуратура  ӯ ҳамчун мутахассиси миллие ба камол расид, ки аз ҳар нигоҳ дар мавқеи касбии худ муносибу арзанда ва ифтихорофарин буд. 

Чеҳраи воқеии ҳар як инсон аз диди ҳамкорону дӯстони ӯ  ба таври равшан ҳувайдо мегардад. Собиқ вазири амнияти ҷумҳурӣ  генерал – лейтенанти мустаъфӣ Саиданвар Камолов манзалати инсонӣ ва тавонмандиҳои касбии Амирқул Азимовро чунин ба қалам додааст:

 - Таҳқиқу тафтиши парвандаи марбут ба ҳаводиси баҳманмоҳи соли 1990  даричаи одамият ва касбияти волои ин инсони саропо тамкину заковатро ба рӯям боз намуд. Он замон дар вазифаи сардори шӯъбаи тафтишотии мақомоти бехатарии давлатии ҷумҳурӣ ифои вазифа доштам, Амирқул Насимович мақомоти прокуратураро намояндагӣ мекард. Чун парвандаи воқеаҳои баҳманмоҳ оғоз  шуд, барои таҳқиқи мунсифонаи он муфаттишони чандин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар якҷоягӣ кор мекардем. Ҳамкории наздик чеҳраи воқеии инсонро рӯнамо мекунад. Ҳангоми таҳқиқи парвандаи баҳманмоҳ барои ман ҳамчун шахсе, ки нисфи зиёди умрамро дар мақомоти бехатарӣ сипарӣ мекардам, ҳар амалу рафтори Амирқул Насимович як саҳфаи тоза, панди зиндагӣ ва сабақи омӯзанда буд. Ҳар қадар дар доираи як ҳайат корҳои тафтишотиро пеш мебурдем, ҳамон андоза ба фазилати фарқкунанда, ғановати афкору  умқи назар ва зеҳни пурмаънии ӯ боварӣ ҳосил менамудам.

Ба ҳамагон маълум, ки дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон минтақаи имрӯзаи Рашт макони аз ҳама ноамнтарин ва маркази асосии даргириҳои мусаллаҳона ба ҳисоб мерафт. Аз ин рӯ, Сарвари давлат роҳбарии комиссияи ҳукуматии ба эътидол овардани авзоъ дар минтақаи мазкурро ба ӯҳдаи Амирқул Азимов вогузор карданд.  

Воқеан,  роҳбари дурандеши Тоҷикистон дар интихоби Амирқул Насимович ҳамчун сарвари ин комиссия хато накарда буданд. Зеро  Азимов  шуҷоати бемисл нишон дода, ҷони худро дар хатар монда, чанд маротиба барои музокирот, озод намудани асирон ва гаравгонҳо, инчунин муътадил намудани вазъият ба навоҳии минтақаи Рашт баҳри таъмини амнияту ҳаёти осоиштаи мардуми ин гӯшаи Тоҷикистон саҳми намоён ва таърихӣ гузошт. 

Генерал – майори мустаъфӣ Худойқул Ҳамроқулов, ки дар гузашта раиси кумитаи гумрук ва муовини вазири амният буд, аз матонату фидокории Амирқул Азимов дар лаҳзаҳои барои давлати ҷавони мо фоиҷиабор мегӯяд, ки « соли 1996  ҳамроҳ бо Амирқул Азимов  ва ҷонишини вақти вазири корҳои дохилӣ С.Лоиқов ба мавзеи «Дупула», воқеъ дар сарҳадоти ноҳияҳои имрӯзаи Нуробод ва Рашт, тавассути чархбол сафар намудем. Хати дифоии байни қувваҳои ҳукуматӣ ва мухолифин он вақт аз ҳамин мавзеъ  мегузашт. Мақсади сафар ба он ҷо додани  дастур ба  қувваҳои ҳукуматӣ ва нагузоштани ҳаракати яроқбадастони мухолифин ба самти шаҳри Душанбе буд. Чархболи мо дар вақти бозгашт ба сӯи Душанбе бо сабаби оташкушоӣ аз замин қариб буд, ки ба садама дучор гардад. Аммо танҳо бо талаби қотеъона ва хунсардонаи А. Азимов сарнишин бе нишастан ба замин бо як маҳорати хоса чархболро ба фурудгоҳи пойтахт расонид».

Ҷойи дигар Худойқул Ҳамроқулов он рӯзҳои вазнинро ба хотир оварда, навишта буд, ки  «солҳои 1997 - 1999  ба ҳайси муовини вазири амният ҳамчун масъули  мақомоти бехатарии навоҳии водии Рашт ифои вазифа менамудам ва ба хотири таҳкими сулҳу амният ва ёрӣ ба ҳайати шахсии шӯъбаҳои мақомоти амнияти гурӯҳи ноҳияҳои водии мазкур ба он ҷо сафарҳои хидматӣ доштам. Бори аввал таҳти  роҳбарии котиби вақти Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирқул Азимов, ҳамроҳ бо  ҷонишини вақти вазири корҳои дохилии кишвар Д.Булбулшоев, инчунин роҳбари Нерӯҳои сулҳхоҳи Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ба ноҳияи Тавилдара (Сангвори имрӯза) сафари хидматии мо сурат гирифт. Мақсад аз сафар озод намудани зиёда аз 800 нафар асирон аз ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳ ва мақомоти  ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз дасти  мухолифин буд. Дар давраи аввали музокирот 120  нафар аз асирони номбурда озод ва ба  шаҳри Душанбе баргардонида  шуданд. Ҳангоми бозгашт дар наздикии деҳаи Қалъаи Дашти ноҳияи Файзобод қувваҳои сиёҳкор хостанд мо ва асирони озодшударо тавассути минагузории пули мошингузар тарконанд. Аммо бо ахбороти саривақт ба дастовардаи мақомоти дахлдор ин амали душманона пешгирӣ карда шуд ва мо ҳама солим мондем. Дар маҷмуъ, бо мақсади ба эътидол овардани вазъ ва озод намудани тамоми асирон якчанд маротиба бо сарварии Амирқул Азимов ба гурӯҳи навоҳии Рашт сафар доштем. 

Дар урфият мегӯянд, ки одамро дар сафар мешиносанд. Ин гуфта воқеият дорад. Дар ин сафарҳо ба минтақаи он вақт ноамну хатарноки ҷумҳурӣ ба матонат, диловарӣ, ҷасорат ва соҳиби қобилияти баланди ҳалли низоъ ва пешбурди мусолиҳа  будани  Амирқул Азимов эътимоди калон пайдо намудам.  Дар ҳолатҳои зикршуда ва мавридҳои дигар низ Амирқул Азимов бо такя ба фазилатҳои баланди инсонӣ, адолатхоҳона ва ҳақиқатҷӯёнаи хеш саломатӣ, қадр ва амнияти одамонро дар мадди аввал мегузошт».

Нақши  Амирқул Азимов  инчунин дар  ҳалли қазияи  пурсарусадои ба хоки Тоҷикистон ворид шудани Ҳоҷиев Ҷумъабой (машҳур бо лақаби Ҷумъаи Намангонӣ),  силоҳбадастони ӯ ва гурезагон аз давлати ҳамсоя (зиёда аз 2000 нафар), инчунин бо роҳи сулҳомез аз ҳудуди кишварамон берун намудани онҳо, аз асораташон озод кардани шаҳрвандони ҷопонӣ ва як генерали қирғиз басо бузург буда, ҷойи таъкиди хос ва қадрдонии арзанда мебошад. Ин амалиёти ҳаётан барои Тоҷикистон муҳим таҳлил, вақт ва навишти алоҳидаро тақозо мекунад. 

Теъдоди  дӯстони Амирқул Азимов бешуморанд. Яке аз онҳо генерал – майор Аҳтамшоҳ Саидшарипов, ки дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи мақомоти амнияти ҷумҳурӣ кор карда истодааст, дар бораи Амирқул Азимов чунин мегӯяд, ки «ин марди соҳибирода дар миёни дигар ҷонфидокорони Ватан аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро дар устувории ҳукумати қонунӣ, мустаҳкам намудани шохаҳои сохти давлатдории навташкилшуда, махсусан солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъд аз он гузошт. Амирқул Насимович дар лаҳзаҳои басо ҳассос, мушкилу вазнини тақдирсози миллати тоҷик, ки кишвар дар оташи алангаи душманону бадхоҳон қарор гирифта буд, вазифаҳои муҳими сатҳи давлатиро дар партави амру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбаландона иҷро мекард. Ӯ тамоми малакаю маҳорати касбӣ, хислатҳои шахсии худро ба мақсади дар сатҳи баланд иҷро кардани вазифаҳои гузошташудаи роҳбари давлат истифода мебурд, то дар иҷроиши онҳо ба натиҷаҳои дилхоҳ расад».

Амирқул Азимов ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳояш дар вазифаҳои масъул, аз ҷумла сардори Раёсати тафтишоти ҷиноятҳои махсусан муҳими Прокуратураи ҷумҳурӣ, яке аз роҳбарони Фронти халқӣ, муовини Вазири корҳои дохилӣ, Прокурори  генералӣ,  Котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ ва раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба истифодаи таҷрибаи ғанӣ ва малакаи касбии тӯли солҳо ҳосилкардааш такя намуда, содиқона ва  фидокорона, бо ростқавливу поквиҷдонӣ барои ободии Ватан ва саодати ҳамватанон хидмати сазовор анҷом  додааст.

Фаъолияти хидматии Амирқул Азимов дар ҷодаи таҳкими ҳамкориҳои  байналхалқии Тоҷикистон бо кишварҳои дӯст ва созмонҳои шарик дар самти густариши робитаҳои амниятӣ, мудофиавӣ ва  парлумонӣ  низ назаррас буда, яке аз шохаҳои муҳими кору амали вазифавии ӯро ташкил медод. 

Заҳмату саҳмгузориҳои бо дасту дили пок анҷомдодаи Амирқул Азимов бо ифтихорномаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон, ду орден ва зиёда аз даҳ нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени «Шараф» - и Федератсияи Русия, ва ду ифтихорномаи фахрии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ қадршиносӣ карда шудаанд. 

Ҳоло дар остонаи 70 – солагии Амирқул  Азимов зикр кардан аз рӯи адолат аст, ки ӯ яке шахсиятҳои калидӣ дар роҳи барқарор намудани низоми ҳокимияти конститутсионӣ ба шумор рафта, ба нафъи осоиши мардум ва ҳифзи дороиҳои миллӣ танҳо бо роҳи пешгирии низоъ ва даргириҳои давомдор саҳм гузошта, ба пояи ақлу хирад салоҳи кор ҷуста, ҳамсафу ҳамқадами Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инсони худогоҳ ва  обрӯманду  соҳибмактаб  мебошад. 

 

Эркин  Муҳиддинов,

собиқадори  мақомоти  амният,

генерал – майори  мустаъфӣ

Шумо дар Ҳукумат
Шанбе, 29 Сентябр 2018 14:08

“Мактаби кӯҳна” дар Хатлон

Бо сабаби нарасидани муассисаҳои томактабӣ аз ҷамъи умумии кӯдакони вилояти Хатлон ҳамагӣ 2,8 дарсадашон ба кӯдакистонҳо рафтаанд.  

Тибқи иттилои Алимзода Салоҳиддин, корманди Сараёсати омори вилояти Хатлон, дар вилоят 514 ҳазору 515 нафар кӯдакони синни то мактабӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин шумора ҳамагӣ 14 ҳазору 601 нафарашон ба кӯдакистонҳо таъмин карда шудаанд. Боқӣ  97 дарсади дигар  аз муассисаҳои томактабӣ дур мондаанд. Ба иттилои ӯ дар вилояти Хатлон 1 ҳазору 570 деҳа ва 155 ҷамоат мебошад, ки дар бештари онҳо муассисаҳои томактабӣ вуҷуд надоранд. 

 Бархе аз коршиносон зимни суҳбат ба мо гуфтанд, ки аксарияти ин муаасисаҳо мавриди фурӯш қарор гирифтаанд. Хосият Миралиева, сармутахассиси муассисаҳои томактабии раёсати маорифи вилояти Хатлон, мегӯяд, ки яке аз омилҳои пурра таъмин нагардидани кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар он аст, ки аксарияти ин навъи муассисаҳо фурӯхта шуданд ва ё бо дигар мақсад истифода мешаванд. 

 -Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят солҳои пеш 75 кӯдакистон аз тарафи масъулони мақомоти маҳаллӣ фурӯхта шудаанд. Чунин ҳолат бештар дар шаҳрҳои Бохтар,  Кулоб, Норак, Леваканд, ноҳияҳои Кушониён, Фархор, Муъминобод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ,  Панҷ, Ёвон, Ҷ. Балхӣ,  Ҷайҳун, Қубодиён ва Вахш ба назар мерасад. Бояд гуфт, ки дар ин  шаҳру ноҳияҳо зиёда аз 18 адад  кӯдакистонҳо фурӯхта  шуда, беш аз 10 адад ба дигар сохторҳо дода шуда, қариб 10 адади дигар ба мактабу гимназия табдил дода шудаанд. Агар масъулони мақомотҳои маҳаллӣ ва шуъбаҳои  маорифи шаҳру ноҳияҳо 45 боғчаи харобшудаи дигарро барқарор мекарданд, имкони таъимни 7 ҳазор кӯдаки дигар дар ин даргоҳ имконпазир мебуд, - мегӯяд Х. Миралиева.

Номбурда мегӯяд, ки дар вилояти Хатлон теъдоди муассисаҳои томактабӣ ба 141 адад расида, дар онҳо 14942 нафар (3%) кӯдакон таълим мегиранд. Дар маҷмӯъ,  фарогирии  кӯдакон дар муассисҳои томактабӣ ва марказхои инкишофи кӯдак дар вилоят ба  34 ҳазору  576 нафар (8%) расидааст, вале  ин шумора қонеъкунанда нест. Зеро дар вилояти  Хатлон  479   ҳазору 776  нафар кӯдакони синни томактабӣ сабти  ном  шудаанд, ки 97 дарсади онҳо аз муассисаҳои томактабӣ дур мондаанд.  

Масъулини раёсати маорифи вилоят мегӯянд, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ беш  41 муассисаи томактабӣ аз фаъолият бозмонданд. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ 30 адади онҳо барқарор карда шуда, боқӣ дар ҳолати ногувор қарор доранд. 

Гуфта мешавад, ки баъзе аз кӯдакистонҳои вилоят ҳудуди 27 соли охир рӯи таъмирро надидаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки то имрӯз 70 кӯдакистон дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Бояд гуфт, ки вазъи ногувори кӯдакистонҳо дар ноҳияҳои Ҷалолидини Балхӣ, Вахш, Бохтар, Хуросон, Дӯстӣ, Шаҳритус, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Темурмалик ва Восеъ бештар ба мушоҳида мерасад.

 

Барнома рӯйи коғаз монд?

 Мувофиқи “Барномаи рушди муассисахои томактабӣ” дар вилояти Хатлон давоми солҳои 2014-2017 бояд 169 муассисаҳои томактабии хусусӣ сохта, ба истифода дода мешуд. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тӯли ин муддат ҳамагӣ 4 адад муассисаи томактабӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон то соли 2020 дар миқёси вилоят бояд 365 кӯдакистонҳои хусусӣ сохта ва ба истифода дода шавад. 

Роҳбарияти мақомоти вилоят мегӯянд, ки бо назардошти омилҳои зикргардида, зарурияти ҷалби сармоягузории иловагӣ барои рушди соҳа вуҷуд дорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мегӯянд, ки ҷиҳати иҷрои пурраи қарори раиси вилояти Хатлон аз 28 майи соли 2014, таҳти  № 107 “Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020” оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, таҳти №295 чораҳои мушаххас андешидаанд.

Мирзо Эшов, мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён мегӯяд, ки аз 38 ҳазор кӯдакони синни томактабӣ дар ноҳия ҳамагӣ 456 кӯдак дар 4 муассисаҳои томактабӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки ин 1 фоизро ташкил медиҳад. Инчунин, дар 32 маркази инкишофи кӯдакон 940 кӯдаки дигар ҷалб шудаанд. Ӯ гуфт, ки барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои  2014-2017 то кунун амалӣ нашудааст. 

Бояд гуфт, ки вақтҳои охир волидон низ аз ҳолати ногувори кӯдакистонҳо изҳори нигаронӣ доранд. Сайдали Дӯстматов, як сокини ноҳия Кушониён аз вазъи ногувори боғчаҳо шикоят карда гуфт, ки муассисаҳои томактабӣ наметавонанд, ки ба талаботи ҳозира ҷавобгӯ бошанд.

-Ду фарзанди ман дар муассисаи томактабӣ таълим мегиранд. Онҳоро ҳаррӯз маҷбур ба онҷо мебарам. Сабаби бо дили нохоҳам рафтани кӯдакон, вазъи ногувори кӯдакистон мебошад. Ман барои фарзандонам моҳона 80 сомонӣ пардохт менамоям. Илова бар ин, ҳаррӯз ним нон бо худ мебаранд. Қаблан маблағи моҳона барои як кӯдак 35 сомонӣ буд. Ҳоло ин маблағ ба 50  сомонӣ  мерасад, - мегӯяд ӯ. 

Муҳамади Саидвалӣ, сокини ноҳияи Ҷайҳун низ аз норасоии кӯдакистонҳо дар ноҳияи худ ва вазъи ногувори онҳо изҳори нигаронӣ карда гуфт, ки дар як ноҳияи калон ҳамагӣ ду боғча фаъолият дорад ва барои як кӯдак дар як рӯз то 2 сомонӣ ҷудо мекунад. Ин дар ҳолест, ки як нон дар бозор то ду сомонӣ арзиш дорад. Гузашта аз ин, ба сабаби нарасидани кати хоб кӯдакон дар фарш хоб мекунанд.

 

Талабот зиёд аст, аммо ҷой нест!

Гулаҳмадова Манзура, мудири муассисаи томактабии № 9 шаҳри Бохтар ва Раҷабова Дилафруз, мудири кӯдакистони №2 ноҳияи Кушониён аз он нигаронӣ кардаанд, ки ҳаррӯз волидон кӯдаконашонро ба ин даргоҳ меоранд, аммо аз сабаби набудани ҷой  наметавонанд онҳоро қабул кунанд. Ба гуфтаи Гулаҳмадова Манзура дар муасссаи томактабии № 2 шаҳри Бохтар, ки соли 1986 барои 150 кӯдак сохта шудааст, имрӯз 202 кӯдак таълим мегиранд, ки ин аз меъёр зиёд аст. 

Коршиноси дигар Зуҳробону Сиддиқова, дотсенти кафедраи педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав мегӯяд, ки  кӯдакон бояд дар боғчаҳо ба хотири азхудкунии забон, маданияту санъат, фарҳанг, одобу анъанаҳои миллӣ тарбия гиранд.

- Таълиму тарбияи кӯдакон масъулият мехоҳад. Нигоҳ доштани саломатии онҳо, муҳаё намудани шароит барои инкишофи мутаносиби равонӣ, зеҳнӣ ва ҷисмонӣ барои кӯдакон аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба шумор меравад. Ҳар гуна бозиҳо, ки дар кӯдакистонҳо гузаронида мешаванд, дар ҳаёти онҳо нақши муҳим мебозад. Мутассифона, дар кӯдакистонҳои мо чунин навъи бозиҳо кам ба назар мерасад.  Боғча барои ташакулёбии кӯдак таъсири бениҳоят сахт мерасонад. Кӯдаконе, ки дар боғча тарбия мегиранд, маҳорати суханронӣ, донистани забони русиро ба зудӣ аз худ мекунанд,- мегӯяд Носира Сиддиқова. 

Дар пайравӣ бо гуфтаҳои боло Шарифа Каримова, омӯзгор аз шаҳри Қӯрғонтеппа   мегӯяд, ки омили асосии хуб ба роҳ монда нашудани таълиму тарбия дар кӯдакистонҳо дорои маълумоти олӣ набудани аксарияти мураббиён мебошад.

- Мураббӣ шахси оддӣ нест. Ӯ бояд психологияи кӯдакро хуб донад ва мувофиқи синну сол бо онҳо муносибат карда тавонад. Агар вазъи кӯдакистонҳо ҳамин хел рафтан гирад, шояд дигар волидон кӯдакони худро ба кӯдакистонҳо надиҳанд, - мегӯяд ӯ  

Бояд гуфт, ки рушди соҳаи маорифро Ҳукумати кишвар дар зинаи аввали сиёсати худ қарор додааст. Вале масоили ҳалталаби муассисаҳои томактабӣ ҳанӯз зиёданд. Чунин вазъият ба таълиму тарбияи кӯдакон таъсири манфӣ расонида, ояндаи онҳоро зери суол қарор медиҳад. Акнун интизор мешавем, ки то куҷо мақомоти дахлдор дар вилояти Хатлон барои ҳалли ин мушкилӣ мекӯшад. 

Вақт довар хоҳад буд!

Раҳмоналӣ Додархуҷаев

Аҳмадҷон Раҳимзода

Шумо дар Слайд

370 сол пеш дар шаҳри олмонии Мюнстер муоҳадаи сулҳе имзо шуд, ки ба ҷанги сисола (1618-1648) поён дод. Ҷанге, ки дар ин сеяк аср Аврупоро қариб аз одам холӣ кард. 

Худи Швейтсария дар ҷангҳо иштирок надошт, вале анҷоми он ба ин конфедератсия имкон дод, ки мавқеъи худро дар қораи Аврупо чун кишвари мустақилу бетараф мустаҳкам кунад ва ба масъалаҳои шартҳои пуштибонӣ ва рушди иртиботҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ бо шарикони хориҷӣ нуқта гузошт.  

Аммо ҳарфи асосӣ шояд ин бошад, ки дар Олмон ва Швейтсария бори аввал ба ҳузурашон дар ин олам таваҷҷуҳ карданд. Ва дар ин кор саҳми дипломати сатҳи олӣ, донишманду ояндабин Иоҳан Рудолф Веттштайн беназир аст. 

 

Низоми нави ҷаҳонӣ

Соли ҷории 2018 соли ҷашнвораҳои ҳақиқист. Ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ садсолагии Муоҳадаи сулҳи Версалро, ки ба Ҷанги якуми ҷаҳонӣ хотима гузошт, таҷлил мекунад. Ва ба ин сана рӯйдоди дигари таърихӣ низ ҳамроҳ мешавад ва ин Муоҳадаи соли 1648 аст, ки низ бо номи Сулҳи Вестфал ёд мешавад. Амалан Версал аслан як танаффусе дар “ҷанги нави сисола” буд, зеро аксари муҳаққиқон, коршиносон ва муаррихон ҷангеро, ки соли 1914 оғоз гардид ва соли 1945 ба анҷом расид, амалан як ҷанг медонанд ва фосилаи аз соли 1918 то 1939-ро таътили кӯтоҳе дар ин ҷанг мехонанд. Албатта, ин баҳс аст ва баҳси беохиру пур аз назарҳои ихтилофӣ.  

Вале муҳимтар аз ин ҳама ҳолатест, ки маҳз аз сулҳи Версал зиддияти нав шоха гирифт ва дар таърих бо номи “муоҳадаи зидди сулҳ” ном ёфт ва нутфаи ҷанги навро дар шикам мепарварид. Вале муоҳадаи Версалро ҳатто имрӯз ҳам сарчашма ва оғози ҳуқуқи нави байналмилалӣ меноманд ва метавон инро ба ҷумлаи санаҳои муҳиму таърихии Аврупо ворид кард.  

Аммо нақши Швейтсария дар чист? Ба сифати мушовир мо муаррихи швейтсарӣ Андреас Вюрглер, профессори таърихи нав ва навтарини Конфедератсия аз Донишгоҳи Бернро интихоб кардем. Муяссар шуд бо вай дар атрофи ҷанги сисола, сулҳи Вестфал ва дипломати швейтсарӣ Иоҳан Рудолф Веттштайн-яке аз шахсиятҳои муҳим ва калидӣ дар тахтаи сиёсии шоҳмоти ин давра суҳбат кунем.  

Ҷанги сисола бо ҳама фоҷеаи худ бо ҷанги сисолаи дигар, ки аз соли 1914 то 1945 идома дошт, қобили муқоиса аст. Аҳолии кулли кишварҳои Аврпуо аз заҷри гуруснагиву қаҳтӣ то ним коҳиш ёфт. Аммо баъди сӣ соли куштори ҳамдигарӣ билохира оташи он дар Аврупо хомӯш шуд. Соли 1648 паймони сулҳе, ки имзо шуд, бар пояи он баъдан “Системаи муносибатҳои байналмилалии Вестфал” низ шакл гирифт.  

«Тақсими нави неруҳои сиёсӣ дар Олами куҳан на танҳо аз анҷоми ҷанг ва барқарории сулҳу субот бастагӣ дорад, балки боиси иваз шудани парадигма ё бинишҳои сиёсӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар Аврупо шуд”, - мегӯяд Андреас Вюрглер. Дар асл дар давраи то соли 1648 дар Аврупои Марказӣ иерархияи равшани ҳокимият мавҷуд буд: аз ҳама боло Попи Рум ва Императори Империяи Руми муқаддаси миллати Олмон (Номи расмии давлате буд дар замони ҳукмронии Оттои якум) менишаст ва дар поён шоҳигариҳои парешон ва қаламравҳои дворянӣ қарор доштанд. Ҷойи ҷомеаи деҳқонӣ поинтар аз ҳамаи ин буд.  

 

Як Швейтсария ва 26 кантон оё модели куҳнашудаест?

Швейтсария низ бахше аз ҳамин иерархия буд. Он расман ба Империяи Руми муқаддаси миллати Олмон дохил мешуд, вале давлати мустақилу соҳибихтиёр ҳисобида намешуд, ҳарчанд баъди ҷанги Шваб дар соли 1499 мақоми мухторият касб карда буд. Вале ин мухторият дар ягон асноди расмӣ сабту имзо нашуда буд, ғайр аз ин ва муҳимтар аз ҳама онро давлати мустақили миллӣ намедонистанд. Дар сохтори дохилӣ ин конфедератсия иттиҳоди ихтиёрии катонҳо ё иёлотҳои мустақилро дар бар мегирифт. 

 

Бургомистр ба конфронси сулҳ меравад

Иоҳанн Рудолф Веттштайн 27 октябри соли 1594 дар шаҳри Базел ба дунё омад. Мактаби ибтидоиро дар зодгоҳаш хонд ва баъдан ба Женева рафт ва тамоми солҳои баъдиро ба омӯзиши илм сарф кард, муддате сарбози зархарид дар артиши Италия низ буд. Вақте ба ватан баргашт, худро дар ҷомеаи онрӯза чун инсони заҳматкаш ва соҳибмансаби меҳнатқарин нишон дод. Тадриҷан соҳиби обрӯ шуд ва то мансаби бургомистр (шаҳрдор) расид. Вай зиёд талош кард омӯзаҳои назариявии худро дар амал бисанҷад ва татбиқ созад ва як ваколати дипломатии лозим дар қарни 17-ро пайдо кунад,- мегӯяд Андреас Вюрглер.

Вақте соли 1646 Иоҳанн Рудолф Веттштейни 52-сола равонаи Мюнстер ҷиҳати ширкат дар муколамаи сулҳ шуд, дар конфронс вай пеш аз ҳама дар бораи ояндаи миллати худ ва шаҳри худ андешид. “Дар оғоз вай минбари конфронс ва нишастҳову баҳсҳоро шонсе барои таҳкими манфиатҳои маҳз шаҳри худ Базел ва на кулли Швейтсария дарёфт. Аз ҷумла сухан дар бораи зиддиятҳои қариб садсола мерафт. Дар поёни ҷанги соли 1499 қариб ҳамаи катонҳо амалан қувваи ҳуқуқии додгоҳи императориро қобили қабул намедонистанд.  

Рақибони олмонии тоҷирони базелӣ фурсатро ғанимат дониста, вазъро ба манфиатҳои худ истифода мекарданд, то ки бозаргонҳои Базелро ба додгоҳ кашанд. Албатта, додгоҳ дар ин гуна ҳолатҳо ба манфиати даъвогарон қарор содир мекард, басо осону сода амволи онҳоро мусодира мекарданд ва аз худ менамуданд. «Табиист, ки ин таҷрибаи додгоҳӣ дардисарҳое барои сокинони Базел эҷод карда буд ва Веттштайн вақте ба гуфтушунидҳои сулҳ мерафт, қасд дошт аввалтар аз ҳама хидмате барои шаҳри худ кунад ва зодгоҳашро аз зулми “додрасҳои бегона” наҷот диҳад”, - иброз медорад Андреас Вюрглер ва боз илова ҳам мекунад, ки ин мафҳумро вақте сухан аз ташаббусҳои мардумии “Зидди додрасҳои бегона” меравад ва қарор аст ҳамапурсии он 25-уми ноябри соли 2018 доир шавад, набояд фаромӯш кард.  

Вақте ба Мюнстер расид, аввалин коре анҷом дод, бо сафирони Франсия ва Нидерландия иртибот гирифт ва дарк кард, ки дар ин конфронси сулҳ масолили хеле муҳим ва доманфарох мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ва ҳоло метавон бо истифода аз он ба натиҷаҳои бештар даст ёфт. “Вай дид, ки масоили тиҷорат ва мушкилоти он чандон муҳим ҳам нестанд ва боистӣ ба масоили ҷиддитаре даст зад, то кишвар истиқлолияти бештар ба даст орад”,- меандешад Андреас Вюрглер.   

 

Баъзан муъҷиза ҳам рух медиҳад

Кофист ба Шветсарияи он замон назар андохт ва дарк ҳам кард, ки барои як дипломат умед бастан ба комёбие чӣ қадар душвор буд. Зеро конфедератсия амалан чун як давлати воҳид вуҷуд надошт. Кантонҳо миёни худ иртиботҳои мустаҳкам надоштанд, сиёсати ягона ҳоким набуд. Ин як давраи ҷангҳои беохири динӣ буд ва ҷангҳо барои тахту тоҷ, ки империяҳои аврупоӣ барои муборизаи қудрат роҳандозӣ карда буданд. Он замон на танҳо католикҳо ва протестантҳо ба ҷони худ даровехта буданд, балки ду сохтори рақиби давлатӣ: империяи Габсбургҳо аз як тараф ва Франсия аз ҷониби дигар дар рақобати рӯирост қарор доштанд.  

Ва чуноне болотар ишора шуд, дар поёни ҷанги соли 1499 Конфедератсияи Швейтсария аз Империяи муқаддасти Рум озод шуд ва ба Император на дар соҳаи додгоҳӣ, на ҳарбӣ ва на молиявӣ итоат намекард. Андреас Вюрглер ба ёд меорад, ки бо вуҷуди ҳамаи ин худи Конфедератсия дар остонаи ҷангҳои навбатии динӣ қарор дошт.  

Аз ин рӯ, мегӯяд таърихшинос конфедератҳо сиёсати ягонаи дохиливу хориҷӣ ва ҳарбӣ таҳия карда наметавонитсанд, зеро кантонҳо аслан намехостанд ба ягон моҷарои ҳарбӣ кашида шаванд. Католикҳо ва православҳои швейтсарӣ дар хориҷи кишвар зархаридӣ мекарданд ва баъзан дар амалиётҳои ҳарбӣ чун дар ду тарафи муқобил қарор доштанд, ба ноҳақ хуни ҳамдигар ҳам мерехтанд. Онҳо натиҷаи харобиовари ҷанг дар наздикии Мариняноро диданд ва намехостанд ин гуна харобӣ ба хонаҳои онҳо ояд.  

Бисёре аз муаррихон бар ин назаранд, ки маҳз ҳамон замонҳо назария ва амалияи бетарафии швейтсарӣ шакл гирифт. Ҳарчанд ин масъалаи баҳсбарангез аст, вале бидуни шак иқдоме барои оянда шуда буд.  

Ва муҳимтар аз ҳама дар доираи Маҷлиси умумишвейтсарӣ кантонҳои православ ва католик зидди ҳам буданд ва ба ин ё он қарор метавонистанд ба хотири ҳифзи манофеи худ вето гузоранд. Ҳарчанд Маҷлис коромад ҳам набуд ва таъсир ҳам надошт.  

 

Ҷобаҷошавии неруҳои нави Аврупо

Моҳи феврали сол 1647 Веттштайн аз Маҷлис ба ҳар ҳол ваколати аз номи ҳамаи Конфедератсия сухан гуфтан ва ҳимояи манфиатҳои ҳамаи онҳоро дарёфт кард. Вай аз Мюнстер ҳуҷҷате овард бо номи «Exemtion» ва ё «Истисно барои ҳолатҳои ҷудогонаи Швейтсария”. Бар асоси ҳамин “моддаи швейтсарӣ”, ки Муоҳадаи сулҳи Вестфал тасдиқ кард, Швейтсария амалан аз Конфедератсия ва Империя ҷудо шуд. Ва ҳамзамон бо ин кишвар ба маънои пурраи имрӯзаи вожа истиқлолият ба даст овард. 

 

Бетарафии Швейтсария

Дусад сол пеш дар конфронси Вена сарнавишти бетарафии Швейтсария ҳал шуд ва Русия низ дар ин нақши муҳим бозид.

Соли 1650 Веттштайн ба Вена рафт, то ин ки ба даъвоҳои пайвастаи олмониҳо ба бозаргонҳои швейтсарӣ нуқта гузорад. Ин замоне буд, ки Аврупо тадриҷан механизми муносибатҳои байни миллатҳо ва байни давлатҳоро таҳияву аз он кор мегирифт ва пояи ин муносибатҳоро эҳтироми истиқлолияти давлатии кишварҳо ташкил медод. Вюрглер мегӯяд: “Маҳз аз ҳамон давра дипломатҳо дасти ҳамдигарро мефушурдагӣ шуданд. Ва албатта, вазни сиёсии кишвар чун имрӯз он замон низ дар таъйини сиёсатҳои башарӣ нақши муҳим дошт”.  

Швейтсария аз Империя худро озод кард, вале аз сӯи дигар ҳимоятгари пурқудратро аз даст дод. Ин кишвар артише надошт ва иқтисодаш хеле заъиф буд, аз ин рӯ талош мекард дар ҳамин ҳол дар ҷомеаи байналмилалӣ мавқеъ дошта бошад. Ва ҳамин сиёсати бетарафӣ ба стратегияи зинда мондан ва соҳиби эҳтиром шудан дар сиёсатҳои хориҷӣ шуд. 

Швейтсария ба ин ҳама мадюни Веттштайн монд, чун талошҳои ин марди сиёсату дипломатия дар Мюнстер нуқтаи муҳиме дар роҳи ҳам истиқлолият ва ҳам мақоми байналмилалии бетарафии ин кишвар шуд. “Вай ба Мюнстер тани танҳо рафт ва дипломати ягонае барои ҳамаи Конфедератсия буд. Вай руҳи замонашро хуб эҳсос мекард, вай бо ин иқдомҳояш ояндаро дида тавонист”,- ба ёд меорад А.Вюрглер.  

Аммо Конфедератсияи Швейтсария ин ҳама хидматҳои пурарзиши Веттштайнро ба зудӣ қадр накард. Аз сӯе панҷоҳ сол лозим шуд, ки кантонҳо ба ин тафаккур расанд, ки онҳо пурра аз ҳокимияти императорӣ озоданд. Аз сӯи дигар натиҷаи мустақими паймони сулҳи Вестфал Ҷанги деҳқонӣ дар Швейтсария дар соли 1653 шуд. Кишоварзони Швейтсария ногаҳон аз бозорҳои ғизо маҳрум шуданд ва онҳо талаб мекарданд, ки аз истеъмори олмониҳо наҷот дода шаванд.  

«Веттштайн зидди кишоварзон бархост, амали онҳоро зери тозиёнаи танқид гирифт ва барои чанд муддат шуҳрати худро чун ҳомии сулҳу осоиш аз даст дод”,- мегӯяд Андреас Вюрглер.  

Швейтсария бори дигар аз Йоҳанн Рудолф Веттштайн танҳо соли 1881 ёд кард ва ба поси хотири вай пули наве дар Базелро ба номи ӯ номгузорӣ карданд. Ва ин пул бо номи пули «Веттштайнбрюкке» имрӯз ҳам аз ободтарин пулҳои кишвар буда, шаҳр ва зодгоҳи дипломатро ҳусни тоза мебахшад.  

www.swissinfo.ch

Таҳияи Ф.Муҳаммад

Шумо дар Ҷаҳон
саҳ 3 аз 49

Хабари-рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.