.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Сентябр 2018 - || ФАРАЖ

Гурзандози маъруфи Тоҷикистон, чемиони Бозиҳои олимпии Рио-2016, барандаи медали нуқраи Бозиҳои Осиё-2018 Дилшод Назаров дар IAAF Continental Cup ҷойи аввалро соҳиб шуд ва медали тилло ба даст овард.

Ҷоми қораҳои Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF Continental Cup) 8-9 сентябри соли равон дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех баргузор гардид.

Дилшод Назаров дар риштаи гурзпартоӣ бо натиҷаи 77,34 метр ҷои аввалро ишғол кард. Ҷои дуюм бо натиҷаи 74,22 насиби намояндаи қораи Африқо Мустафо Ал Ҷамоли мисрӣ, ҷои сеюм бо натиҷаи 74,80 насиби намояндаи Аврупо Бонсе Ҳалази маҷористонӣ шуд.

Дар риштаи гурандозӣ 8 варзишгари 4 қора иштирок карданд. Қораи Осиёро, ҳамчунин, қаҳрамони Бозиҳои Осиё-2018 Ашраф Алсайфии қатарӣ намояндагӣ кард. Ӯ бо натиҷаи 74,08 ҷои панҷумро ишғол намуд.

Дар мусобиқа 329 варзишгар аз 78 кишвар, инчунин дар қувваозмоиҳои дав ба масофаҳои 100, 200, 400, 800, 1500, 3000 метр, 3000 метр бо монеа, 110 метр бо монеа, 400 метр бо монеа, ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиш бо ходачӯб, ҷаҳиш ба дарозӣ, ҷаҳиши секарата, партоби гулӯла, партоби диск, гурзандозӣ, найзаандозӣ, эстафетаи 4х100 миёни мардону занон ва эстафетаи омехта 4х400 метр қувва озмуданд.

Дилшод Назаров дар бораи ин пирӯзӣ ба вебгоҳи КМОТ чунин гуфтааст: “Ман ба Ҷоми қораҳо омодагии хуб дида будам. Ду сабаб боис гардид, ки ман ин ҷо пирӯз шавам. Пеш аз ҳама мехостам ба қораи Осиё ва Уқёнус кӯмак расонам то ҷои беҳтарро дар мусобиқа сазовор гардад. Дуюм, ман дар Бозиҳои Осиё-2018 натиҷаи бад нишон додам ва маро зарур буд, исбот кунам, ки беҳтаринам. Имрӯз ман дар ҳар партоб натиҷаи баландтарро нишон додам, ки техникаи маъмулии ман дар ҳамаи мусобиқаҳо мебошад. Бисёр шодам, ки имрӯз аз уҳдааш баромадам”.

Варзишгароне, ки то ҷои 8-умро ишғол карданд, соҳиби ҷоизаи пулӣ гардиданд. АБФВС барои ғолибон 30000 доллар, ҷои дуюм 15000, ҷои сеюм 10000, ҷои чорум, 7000, ҷои панҷум 5000, ҷои шашум 3000, ҷои ҳафтум 2000 ва ҷои ҳаштум 1000 доллра тақдим кардааст. Дар эстафета барои чор ҷои аввал ҷоиза муқаррар шуд: ҷои аввал – 30000, ҷои дуюм - 20000, ҷои сеюм - 10000, ҷои чорум - 8000 доллар.

Дар ин мавсим Дилшод Назаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Бразил медали тилло ва дар Лаҳистон медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Ӯ дар Бозиҳои Осиё дар Ҷакарта ва Палембанги Индонезия сазовори медали нуқра шуд.

Шумо дар Слайд
Сешанбе, 11 Сентябр 2018 09:41

Куштор дар тӯй

Ду ноболиғ дар ҷануби кишвар дар як тӯй бо ҳам даъво кардаанд, ки боиси марги яке аз онҳо шудааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбаччаи 15-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулшани ноҳияи Фархор бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шудааст. Номбурда, 9-уми сентябр, тахминан соати 21:30, дар маъракаи тӯйи ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи мазкур бо ҳамсоли худаш даъво роҳ андохтааст. Аввалӣ бо ҳадде дуюмиро мавриди лутакӯб қарор додааст, ки ҳолаш бад шуда, ба бемористон интиқол дода шудааст. Маркази матуботи ВКД хабар медиҳад, ки ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Шумо дар Хабари рӯз
Сешанбе, 11 Сентябр 2018 09:36

Вазъи ҳаво: Борон дар назар аст

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар бештари ноҳияҳо борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ ба гузариш ба самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +14+19 ва рӯзона +29+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои cофу беғубор пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона +15+20 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, боридани борон дар назар аст. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 11-16, рӯзона 24+29 ва дар шарқи ин вилоят шабона 3-8 ва рӯзона +12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Дар баъзе ҷойҳо раъду барқ ба амал меояд. Шабона +12 +17 ва рӯзона +31+36 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, шабона +15+17 ва рӯзона +33+35 дараҷа гарм мешавад.

Шумо дар Хабари рӯз
Шанбе, 08 Сентябр 2018 11:25

БИЁ, БА ИШКОШИМ!

(дар заминаи сафари Бадахшон)

 

Чанд маълумот

 Ишкошим аз ҷиҳати дурии роҳ аз маркази вилоят дар ҷои дуюм қарор дорад. Он аз маркази вилоят дар масофаи 105 километр воқеъ гардидааст. Ишкошим ноҳияи баландкӯҳ аст ва дар рӯ ба рӯйи Афғонистон қарор дорад. Бо сабаби дар баландӣ воқеъ гардиданаш кӯҳҳо фарсах ба фарсах камҳашамат мешаванд ва талу теппаҳо бештар мегарданд. Масоҳати ин ноҳия 3656 километри квадратӣ мебошад. Аз шимол бо ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа, аз Шарқ бо ноҳияи Мурғоб ва аз ҷануб бо давлати Афғонистон ҳамсарҳад аст. Масоҳати асосии ноҳияро қаторкӯҳҳои Шоҳдара ва водиҳои Ғорону Вахон ташкил медиҳанд. Аз яке аз маъноҳое, ки аз калимаи Ишкошим бармеояд, ин ватани сакоиҳо будани онро ишора мекунад. Дар асрҳои 6-7 то милод Сакошим маркази қавмҳои ориётабори тоифаҳои Ҳинду Эрон будааст. Шоҳроҳи Абрешим аз ҳамон давра аз водии Вахони ноҳия Ишкошим мегузашт. Мавқеи мусоиди ҷойгиршавии табии ин ноҳия бозгӯи он аст, ки ҳанӯз аз давраҳои қадим заминаи рафту омади одамон тавассути он вуҷуд доштааст.

Ишкошим асрори аҷиби дигар дорад, ки он асрори роҳ аст. Роҳ шумора ба баландӣ мебарад, аммо шумо мисли ағбаҳои Анзобу Шаҳристон бо душворӣ ба боло намебароед, балки муназзаму ноайён лаб-лаби дарё бехабар гуё ҳамвориҳоро паси сар менамоед. Баъди соатҳо эҳсос мекунед, ки  воқеан дар баландиҳо қарор доред. Яъне ин роҳҳо худ сайёҳатанду ҳеҷ гоҳ дилбазан нестанд ва аснои сафар таассуроту бардошт аз ҳар як манзара шуморо ҳамроҳ мебошад. 

Ронандаи маҳаллӣ ба мо қуллаҳои кӯҳро нишон медиҳад, ки сафеду пурбарфанд. Онҳо пиряхҳоянд, ки бештаринашон дар ҳудуди Афғонистон қарор гирифтанд. Пиряхҳои ҳудуди Тоҷикистонро шояд аз ҷониби Афғонистон озодона дидан мумкин бошад. Ронанда ҷо-ҷо қисматҳои роҳро ба мо нишон медиҳад, ки бо иллати боришоти зиёд зери об мемонанд. Ба таҳлука ҳам омадан мумкин аст. Савол пайдо мешавад, ки дар ин сурат чи гуна равуои одамон таъмин карда мешавад. Аммо ба қавли ронанда ин ҳодиса доимӣ набуда, зуд сатҳи об паст мешавад. Дарёи Панҷ тезҷараён аст, дар баъзе ҷойҳо ҳатто мавҷи он  ба роҳ мерасад. Роҳи Ишкошим аз ҳар ронанда маҳорату бодиққат буданро талаб мекунад.

  Ноҳия ҳафт ҷамоат ва 48 деҳа деҳа дорад, ки дар он зиёда 16 ҳазор аҳолӣ сукунат мекунанд. Даромади асосии аҳолӣ деҳқониву чорводорӣ аст. Ҳамчунин дар ҳудуди ноҳия ҳунармандону косибон, дуредгару сангтарошон, ресандагону дӯзандагон анъанаҳои ҳунармандиро эҳё намуда, идома медиҳанд. Дар ин ноҳия муҳракашиву ҷӯроббофӣ ҳунари нисбатан инкишофёфта маҳсуб меёбад. Овозаи маҳсули дастони ин ҳунармандон то ба хориҷи кишвар рафта, ки аксари сайёҳони ба ин ноҳия омада табақу ҷӯробҳои Ишкошимро ҷӯё мешаванд.

Ганҷҳои Ишкошим

Ишкошим мавзеи муҳими сайёҳӣ мебошад. Ин ноҳия ҷойҳои дидании зиёде дорад. 103 ёдгории  таърихии ноҳия сарвати маънавии он мебошад. Мавзеъҳои таърихии Қалъаи абрешим, Маъбади Будо, Умбуқ, Тақвими сангӣ, Қалъаи Ямчун, Қалъаи Қаҳқаҳа, Кофирқалъа диққати ҳар бинандаро ҷалб карда метавонад. Баъд аз оне ки Қалъаи Қаҳқаҳа ба феҳристи Ёдгориҳои ЮНЕСКО ворди гардид, таваҷҷӯҳи шумораи зиёди сайёҳон аз гӯшаву канори ҷаҳон ба он зиёд гардид. Маконҳои муқаддас чун Мазори Шоҳқамбари Офтоб, Мазори Шоҳимардон, Мазори Гесӯи Балогардон, Мазори чилтан, Занҷири Каъба, Мазори Шоҳмубораки марди Валӣ, Мазори чилмурид ва Мазори Шоҳ Абдуллоҳи Ансорӣ дар ҳудуди ин ноҳия ҷойгиранд. Дар бораи ин ҷойҳо  ривояту қиссаҳои зиёде вуҷуд доранд, ки муҷиби устувории эътиқоду арзишҳои фарҳангии мардум мебошад. Қуллаҳои Маяковский, Карл Маркс, Сомонӣ, Сафархоҷа ва Носири Хусрав сайёҳону кӯҳнавардонро даҳсолаҳо боз мутаваҷҷеҳ намудааст. Кӯли Кофар, Кӯли Аспо, Кӯли Полполосин, Кӯли бетаг, Кӯли Дирҷ, Кӯли Ҳефз, Кӯли Лаълбегим, Кӯли Заркӯл ва ғайра на танҳо мавзеи тамошобоб, балки асрорангезанд.

Нозукии дигар он аст, ки шумо дар як рӯзу ду рӯз ин ҳама мӯъҷизаву боигариҳои ноҳияро дида наметавонед. Бо чанд нафаре ҳамсӯҳбат гаштем, ки аз Ишкошим ҷониби Душанбе меомаданд. Онҳо мегуфтанд, ки мо 15 рӯз боз дар инҷо қарор дорем.  Тасавур кунед, ки аз Душанбе то Хоруғ 16 соат роҳ аст ва аз Хоруғ то маркази Ишкошим чор соати дигар роҳ меравед. Ин роҳ бошад ҳанӯз ҳам давомдор аст. Масалан  мувофиқи нақлу маълумотҳое, ки бароямон пайдо гардид, дар Ишкошим деҳае ҳаст, ки Ширгин ном дошта, дар водии Вахон ҷойгир шудааст. Аз қадимтарин деҳаҳои ноҳия ба шумор рафта, аз маркази ноҳия Ишкошим дар масофаи 102 километр дур, дар баландии 2830 метр аз сатҳи баҳр  воқеъ гардидааст. Ёдгориҳои таърихияш ба монанди «Акси санги давраи ҷамоати ибтидоӣ», «Санги аждаҳор», мазорҳои Хоҷақамбар, Шоҳбурҳон ва дигар қалъаҳои қадимӣ ба шумор мераванд. Танҳо дар ин деҳа даҳҳо оби минералии сард ва се оби минералии гарм вуҷуд дорад. Дар деҳа боғе ҳаст, ки онро Шоҳбоғ мегӯянд. Барои он боғи шоҳӣ номида мешавад, ки дар он шумораи зиёди ниҳолҳои мевадиҳанда ҳастанд, ки бештар дар ҷануби кишвар мерӯянд. Дар чунин иқлими сард камол ёфтану нашъунамои онҳо аҷибу ҳайратангез мебошад. Дар гирду атрофи ин деҳа 25 мазор ҷойгир будааст, ки ҳар кадом аз замону давраҳои гуногун ҳикоят мекунанд. Анъанаву расму русуми хоси ин деҳа аз дигар минтақаҳои вилояи фарқи куллӣ дорад. Чун як деҳа бо худ ин қадар диданиҳо дошта бошад, пас фақат як рӯзи шумо дар тамошои он камӣ мекунад. 

Марзи ҳамсоя

Як хусусияти ҷуғорофии ноҳия боз дар он аст, ки он дар муқоиса бо дигар ноҳияҳои вилоят бо Афғонистон ҳамсарҳадии тӯлонӣ ва наздик дорад. Ҳамсарҳадии ин ноҳия нисбат ба ноҳияҳои дигари вилоят фарқ мекунад. Дар он тарафи соҳил садои тиру тӯп аз баъзе бархӯрдҳои мусаллаҳона ба гӯш мерасад. Шукр, ки он муноқишаҳо ба ҳудуди мо дахл надоранд, аммо сарҳадро бояд назора кард. Қад-қади роҳи соҳили дарё сарҳадбонони тоҷикро мебинед, ки хидмати ватанро ба ҷо меоваранд. 

Гоҳо бо замзамаву гоҳо бо ғуриши дарёи Панҷ кас куфти роҳро фаромӯш мекунад. Аз ҷониби Афғонистон низ дар роҳи мошингарди сангӣ аҳён-аҳён мошинҳо равуо доранд. Гоҳ-гоҳе мошинҳои кӯҳгарди англисӣ ба чашм намоён мешаванд, ки ба иҷрои корҳои хоҷагиву ниёзи мардум овора мебошанд. Дар бозори муштарак тоҷирони афғону тоҷик ҳар рӯзи шанбе ба фуруши молу коло машғул мешаванд. Алҳол бинобар андаке ноором гаштани вазъ бозор муваққатан баста шудааст. 

  Обу ҳавои ноҳияи Ишкошим мусафову беғубор аст. Болои пиряхҳои Афғонистону Тоҷикистонро ин шабу рӯз танҳо абрҳои парокандае пӯшонидаанд. Ин гувоҳи қуллаҳои баланди куҳҳои Ишкошим мебошад. Баландтарин қуллаҳои ин ноҳия Қуллаи Карл Маркс бо баландии 6726 ва  Қуллаи Маяковский бо баландии 6096 метр ба ҳисоб мераванд. Қуллаҳои яхпушидаву сафедро дида, боваратон намеояд, ки дар чилаи гарми тобистони кишвар шумо дар як минтақаи аз зимистон нишондошта қарор гирифтаед.

Биё ба Ишкошим

Ҷолибтарин ҷузъиёти хотирмон барои шумо ин фарҳангу маданияти мардуми ин ноҳия мебошад. Махсусан забони гуфтугӯии мардум шуморо мутаваҷҷеҳ менамояд. Мо ҳеҷ гоҳ муқобили забону шеваю лаҳҷаҳо нестем ва он низ боигарии маънавии миллат мебошад. Манзур аз андешаи боло шеваҳову лаҳҷаҳои шуғниву рушониву ишкошимӣ мебошад. Дар баъзе ноҳияву минтақаҳои Бадахшон шумор фаҳманд ҳам, аммо шумо забони онҳоро намефаҳмед, ё бо мушкилӣ мефаҳмед. Аммо Ишкошим он гӯшаи диёри Бдахшон аст, ки онҷо забони тозаву фаҳмотари тоҷикӣ бештар ҷилва дорад. Назар ба қавли баъзе сокинони ин ноҳия ин таъсири забони форсии Афғонистони ба онҳо наздик мебошад.  

Хуллас, Ишкошим мулкест дар фарози қуллаҳо ва бо зебоиҳои саршораш ҳар нафареро мафтун мекунаду ба сӯи худ мехонад. Ин ноҳия мавзеи муҳими сайёҳи барои имрӯзу оянда мебошад. Барои инкишофи намудҳои гуногуни сайёҳӣ нахуст шароиту имконоти зиёди табиӣ вуҷуд дорад. Сайёҳӣ имрӯзу оянда яке аз соҳаҳои муҳими ба шуғл фаро гирифтани сокинони ноҳияву вилоят ба ҳисоб меравад. Ширкатҳои сайёҳии ҶДММ «Помир-Вахон сайёҳат» ва «Вахон -тур» имрӯзҳо дар хизмати сайёҳони дохиливу хориҷӣ қарор доранд. Минтақаҳои моҳигирии Зоркӯл ва Ишматкӯл ба таври ҳамеша дӯстдорони худро доранд. Барои дӯстдорони шикор бошад, ҶДММ «Ёқути Даршай» фаъол мебошад. Танҳо шумору номгӯи боигариҳои Ишкошим даҳҳо саҳифаро пур месозанд. Шунидан кай бувад монанди дидан ва шукр, ки мо то андозае баъзе чизҳоро дидем. Гӯё он ҳама зебоиҳои дилфиреб мегӯянд: Биё, ба Ишкошим!

Мурод Муродӣ,

Бахтиёри Қутбиддин,

устодони факултети журналистикаи ДМТ

Шумо дар Минтақа
саҳ 20 аз 37

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.