.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Сентябр 2018 - || ФАРАЖ

Ноҳияи Қубодиён яке аз ноҳияҳои вилояти Хатлон аст ва он дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ин ноҳия 27 октябри соли 1939 дар бахше аз вилояти Сталинобод дар ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта ва дар солҳои 1930-1970 ба ёди Анастас Микоян, яке аз раҳбарони шӯравӣ, ноҳияи Микоянобод номида мешуд.

Аз 4 январи соли 1944 ин ноҳия бахше аз вилояти Қӯрғонтеппа шуд.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Қубодиён аст, ки дар канори рӯди Кофурниҳон, шохоби рости рӯди Панҷ, 94 км ҷанубу ғарбтар аз шаҳри Бохтар ва 2 км дуртар аз истгоҳи роҳи оҳан ҷой дорад. Аз Қубодиён то Душанбе 198 км роҳ аст. Ин шаҳрак дар солҳои 1930-1970 Микоянобод ном дошт. Ноҳияи Қубодиён бо 1834,4 км² дар дараи рӯди Кофурниҳон ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Рӯдакӣ, дар шарқ бо ноҳияи Ҷиликӯл, дар ғарб бо ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ва дар ҷануб бо ноҳияи Қалъаи Золи вилояти Кундузи Афғонистон ҳаммарз аст.

Дар ноҳияи Қубодиён чунин ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мавҷуд аст: шаҳраки Қубодиён, ҷамоати деҳоти Носири Хусрав, Тахти Сангин, 20-солагии Истиқлол, Ишмурод Ниёзов, Ӯтақара Назаров, Заркамар ва Навобод.

Аз 9 декабри соли 2016 Файзуллозода Зафар Хайрулло раиси ноҳияи Қубодиён мебошад.

 

АҲОЛИИ ҚУБОДИЁН

Бо шаҳодати таърихнигорон ва муҳаққиқон дар қарнҳои VI–II то милод, дар даврае, ки Қубодиёни қадим шомили давлати Бохтар, сипас  империяи Ҳахоманишиёну Юнону Селевкиён ва давлати Юнону Бохтар буд, омезиши фарҳанги осиёимиёнагӣ-ориёӣ-ҳинду юнонӣ ба амал  меояд. Дар натиҷаи раванди бисёрасраи этногенетикӣ халқияти ориёӣ- аҷдоди тоҷикони имрӯза ба вуҷуд меоянд. Дар қарни VIII баъди  футуҳоти ислом муқимишавии арабҳо дар Қубодиён оғоз мешавад.  Тибқи маълумоти баъзе сарчашмаҳо дар ин сарзамин арабҳои қабилаи банӣ Тамим сокин мешаванд. Ҷойи сукунати арабҳоро дар Қубодиён ва Шаҳритус ба мисли дигар манотиқи Мовароуннаҳр «Арабхона» меноманд. Дар охири қарни XIX дар Қубодиён қабилаҳои ҷалай ва ахчаи ӯзбек, инчунин туркманҳо зиндагӣ ба сар мебурданд. Дуртар аз  амлокдории Пешканд (Вешканд, Бешканд, Бешкент) дурманҳо ҷо-ҷо  таҳҷойӣ шуда буданд. Аксари аҳолии деҳаи Чилучорчашма хоҷагони тоҷик буда, дар байни онҳо арабҳо низ зиндагӣ мекарданд. Ин арабҳо дар авали интишори дини ислом, баъд аз забти пурраи Мовароуннаҳр,  ба ин сарзамин омада, ба ҳайси марзбон зиндагӣ намуда, бо

мардуми маҳаллӣ, хосса тоҷикон омезиш ёфтаанд ва ба забони тоҷикӣ ҳарф мезананд.  

Дар худи Қубодиён тоҷикон, ӯзбекҳои қабилаи ахча ва ӯзбекҳои афғонистонӣ, ки дар охири қарниXIX ба ин ҷо омада буданд, сукунат доштанд. Нахустин маҳалҳои руснишин низ дар Қубодиён, ки аз ҳарбиён ва сарҳадбонон иборат буданд, дар охири қарни нуздаҳи милодӣ, пас аз забти Осиёи Миёна аз тарафи Русия, пайдо мешаванд. Дар қатори русҳо арманҳо, яҳудиён ва намояндагони дигар миллату халқиятҳо низ умр ба сар бурда, асосан ба тиҷорат машғул буданд.  

Дар давраи Ҳокимияти Шӯравӣ афзоиш сунъии аҳолӣ ба миён омад. Ба ин ҷо соли 1927 ӯзбекҳои водии Фарғона ва солҳои 1947–1954 тоҷикони водии Қаротегин ва дигар навоҳии ҷумҳурӣ муҳоҷир карда шуданд.  Онҳо дар ободонӣ, ривоҷу равнақи зироаткорӣ, махсусан пахтакорӣ,  саҳми арзанда гузоштанд. 

Дар солҳои барқарорсозии Ҳокимияти Шӯравӣ шумораи аҳолӣ 18 ҳазор

нафарро ташкил медод. Тағйироти шумораи аҳолӣ дар ноҳияи  Қубодиён мувофиқи барӯйхатгирӣ чунин буд: соли 1979-73 ҳазору 535 нафар, соли 1989-98 ҳазору 535 нафар ва соли 1995-115 ҳазору 169 нафар.

Аҳолии ноҳия то ибтидои соли 2017 175 ҳазору 620 нафар, аз ҷумла 86 ҳазору 229 нафар мард ва 89 ҳазору 391 нафар занро ташкил медод.

  

ҚУБОДИЁН ДАР АҲДИ ҚАДИМТАРИН

Таърихи Қубодиён ҷузъи таркибии таърихи халқҳои Мовароуннаҳру Хуросон мебошад. Куҳу водиҳо ва халқҳои маскуни он дар сарчашмаҳои ниҳоят қадимии арабию форсӣ ёд мешаванд. Нахустин бошишгоҳҳои  одамони давраи ибтидоӣ дар ҳудуди Қубодиён қариб 3,5 ҳазор сол қабл пайдо шудаанд.  

 

ҚУБОДИЁН ДАР АҲДИ БОХТАРИ ҚАДИМ

Қубодиён дар аҳди қадим, то тасарруфи Ҳахоманишиён шомили давлати Бохтари қадим буд. Дар он давра дар Осиёи Миёна се давлати қадим: Бохтар, Суғд ва Хоразм арзи вуҷуд дошт, ки бузургтарини онҳо Бохтар ба шумор мерафт. Мулки Қубодиёни таърихӣ (ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрави кунунӣ) ҷузъи давлати Бохтари қадим ба шумор мерафт. Аҳолии шаҳри Қубодиён (алҳол Қалъаи Мир) ва маҳалҳои аҳолинишини он дар ҳаёти Бохтари Шимолӣ нақши бузург мебозид. Ба шаҳодати маводи бостоншиносии дар ин мавзеъ ёфташуда, сокинони он ба кулолгарӣ, бофандагӣ, оҳану биринҷгудозӣ ва дигар касбу пешаи ҳунарварӣ машғул буданд. Бозёфтҳои бостоншиносон шаҳодат медиҳанд, ки дар Қубодиёни аҳди Бохтари қадим дар ин ҷо ҳунари заргарӣ, рассомӣ ва муҷассамасозӣ ба авҷи аълои худ расида  буд. Ашёи гарнбаҳои «Хазинаи Амударё», ки аксар аз тилло ва нуқра сохта шудаанд, аз санъати олии рассомону наққошон ва заргарони ин давра шаҳодат медиҳанд.  

Ҳамин тариқ, дар мулки Қубодиёни бостонӣ шаҳрҳои Кайқубодшоҳ ва Қалъаи Мир дар қарнҳоиVI–VII то милод арзи ҳастӣ доштанд ва қисми  таркибии давлати Бохтари қадимро ташкил медоданд ва ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии он таъсири бузург расонидаанд. 

 

БЕКИГАРИИ ҚУБОДИЁН

Қаламрави Қубодиён дар миёнаи қарни XVIII як қисми мулки Ҳисор ба ҳисоб рафта, солҳои 1753-1758 милодӣ дар замони ҳукмронии Муҳаммад  Раҳимхон шомили ҳайати хонигарии Бухоро буд. Баъдан қубодиёниҳо дар якҷоягӣ бо қувваҳои муттаҳидаи Бухорои Шарқӣ бар зидди Муҳаммад Раҳимхон мубориза мебаранд, ки дар натиҷаи он Қубодиён ба мулки мустақил табдил меёбад. 

То шикасти аморати Бухоро аз тарафи неруҳои Русияи подшоҳӣ (соли1868 милодӣ) Қубодиёну Ҳисор, Қаротегину Кӯлоб ва дигар бекигариҳои Бухорои Шарқӣ давлатчаҳои ниммустақиле буданд, ки бо ном ба аморати Бухоро тааллуқ доштанду дар асл ҳар кадоме ба сари худ мавҷудият мекарданд. Русияи подшоҳӣ ҳамчун дастгирӣ баҳри  мустаҳкам намудани ҳокимияти амири Бухоро дар минтақа Бухорои Шарқиро пурра ба аморат тобеъ кунонд. Байни ин бекигариҳо низоъҳои доимӣ мавҷуд буд. Аморати Бухоро, ки ба 28 бекигарӣ тақсим буд, идора кардани ҳамаи онҳо барояш даст намедод. Барои ҳамин ҳам, ин иқдоми  Русия барои «гапдаро» намудани бекҳо ва хотима бахшидан ба низоъҳои феодалӣ барои амир табъи дил буд.

 

ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ҚУБОДИЁН

Қубодиён қадимтарин сарзамин на танҳо дар Тоҷикистону Осиёи Марказӣ, балки Шарқу ҷаҳон ба шумор меравад. Дар ин сарзамин ёдгориҳои бешумор аз замонҳои қадимтарин то ба имрӯз вуҷуд доранд,  ки мутаассифона, то ҳол ягон пажуҳишгари соҳаи таърих теъдоди аниқи  онҳоро муайян накардааст. Ёдгориҳои машҳури Қубодиён: Қалъаи  Мир, Кайқубодшоҳ, Тахти Сангин, Тахти Қубод, Шоҳтеппа (Теппаи  Шоҳ), Хушдормулло (Уштурмулло), Куҳандиж, Яртигунбаз, Қуммазорот, Сафедмазор, Хоҷа Салим, Дижи Тӯс, Хоҷа Машҳад, Хоҷа  Дурбод, Ҳоҷа Сарбоз, Мунҷоқ-теппа, Ҳазратбобо, Масҷиди Намозгоҳ, Ҳазрати Кон, Бешкентқалъа, Тиллоҳаллоҷӣ, Дурахшонтеппа, Қалъаи Кофурниҳон ва ғайра аз таърихи чандҳазорсолаи ин диёри бостонӣ бо забони безабонӣ шаҳодат медиҳад. Қубодиёни таърихӣ на танҳо  қаламрави ноҳияи имрӯзаи Қубодиён, балки ҳудуди ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хусравро низ дар бар мегирад. Дар ин ду ноҳияи дигар ҳам  ёдгориҳои гаронбаҳои таърихӣ хеле зиёданд, ки баъзе аз онҳоро дар

боло зикр намудем. Дар ин қисмати матлаб мо якчанд ёдгориҳои машҳури Қубодиёни таърихиро ёдовар мешавем. Таҳқиқ ва омӯзиши  ёдгориҳои таърихӣ аз ҷониби бостоншиносон ва муаррихон танҳо пас аз ҶБВ оғоз меёбад. Таваҷҷуҳи мутахассисони ин соҳаро ёдгориҳои зиёди таърихӣ ба худ ҷалб намуданд. Дар натиҷаи кори пурмаҳсули  бостоншиносони шӯравӣ дар ҳудуди ноҳияи Қубодиёни имрӯза 4 ёдгории меъморӣ ва 22 ёдгории бостоншиносӣ кашфу омӯхта шудаанд. Дар ноҳия ҳоло ҳам ёдгориҳои таърихии зиёде мавҷуданд, ки ҳоло кашф нашудаанд, бостоншиносон ва ҳаводорони таърихро интизоранд.

 

ТАХТИ САНГИН ВА ТАХТИ ҚУБОД

Тахти Сангин дар қисмати шарқии Қубодиён дар пушти қаторкуҳи  Тешиктош, дар соҳили рости рӯди Амударё қомат афрохта. Номи куҳанаш Тахти Сангин нест. Бо ин ном дар сарчашмаҳо ва навиштаҳои таърихӣ зикр нашудааст. Ҳангоми кофтуковҳои бостоншиносон маълум шуд, ки тамоми шаҳрак, девору роҳравҳо ва сутунҳои бузурги он аз санг бино шудааст, бинобар ин, олимон онро «Тахти Сангин» номиданд ва азбаски ёдгории мазкур монандӣ ба Тахти Ҷамшед (Персеполис) - пойтахти империяи Ҳахоманишиён (Порсибостон), ки дошт, дар номгузорӣ ба он пайравӣ намуданд. 

Яке аз сабаҳои таваҷҷуҳи таърихнигорон ба ин маҳал дарёфти«Хазинаи  Амударё» буд. Дар нимаи дуюми асри нуздаҳ бозаргони бухороӣ маснуоти фаровон-маҳсули ҳунармандони қубодиёниро ба бозорҳои Ҳиндустон барои фурӯш бурданд, ки пасон аз ҷониби англисҳо харида, ба осорхонаи Британияи Кабир туҳфа карда шуд. Олимон макони дарёфти маснуотро соҳили рости рӯди Омӯ муқаррар карданд. Акнун дақиқ кардан лозим буд, ки бозёфтҳо тасодуфӣ ба ин маҳал омадаанд, ё  ватани аслӣ ва созандагонашон аз мулки Қубодиёнанд. 

Соли 1976 милодӣ 34 километр дуртар аз маркази ноҳияи Қубодиён бостоншиносон ба таҳқиқи маъбади қадимаи Окс шуруъ намуданд.  Тахти Сангин–шаҳракест, ки дар замони Ҳахонанишиён бунёд шуда,  дар аҳди юнону мақдуниҳо рушду тараққӣ ёфтааст. Ин ёдгорӣ дар қисми ҷанубии ноҳияи Қубодиён, дар соҳили рости саргаҳи Амударё, ки оби рӯдҳои Вахшу Панҷ, Куҳандизи Афғонистон, Кофурниҳон ба ҳам омезиш меёбанд ва рӯди Амударё ташкил меёбад, ҷойгир аст. Тахти Сангинро аз шарқ Амударё, аз ғарб куҳи Тешик-тош (Рафеъ), аз шимол ва ҷануб иншооти дуқабатаи муҳофизаткунанда иҳота кардаанд. Маъбад  пурра сангӣ буда, на танҳо сохти меъморӣ, балки ҳама ҷузъиёти он то ба имрӯз хуб пойдор мондааст. Ҳанӯз соли аввал-1976-ум ковишҳо он миқдор ашёро ба бостоншиносон доданд, ки ҳайратангез буд.  

Ин ёдгорӣ дар якҷоягӣ бо Тахти Қубод, ки 5-6 км дуртар воқеъ аст, ба воситаи деворҳои пурқуввати сангӣ, бандари дорои гузаргоҳ ва шаҳраки соҳили чапи Амударё комплекси ягонаро ташкил медиҳад.  

Шаҳраки Тахти Қубод дар соҳили рости рӯди Ому, дар муқобили он  ҷое, ки рӯди Куҳандиз (Кундуз) ба Амударё мерезад, 5 км ҷанубтар аз  Тахти Сангин ҷой гирифтааст. Ақидае ҳаст, ки «Ганҷинаи Амударё» маҳз аз ҳамин ҷо ёфт шудааст. Қабати болоии шаҳрак дар натиҷаи  корҳои сохтмонии замони шӯравӣ сахт зарар дидааст. Қисми марказии он ба теппаи росткунҷа шабоҳат дорад. Баландии он аз пойгоҳ 8–9 метр мебошад. 

 

ЗИНДАГИНОМА ВА ОСОРИ НОСИРИ ХУСРАВИ ҚУБОДИЁНӢ

Шоир ва мутафаккири бузурги халқи тоҷик Носири Хусрав соли 1003-и  мелодӣ дар ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон дар хонаводаи деҳгони сар-ватманд чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ному насаби аслии худро худи ӯ дар оғози китоби«Сафарнома» чунин зикр кардааст: «Чунин гӯяд Абӯмуинниддини Носири Хусрав ал-Қубодиёнӣ ал-Марвазӣ, ки ман марди дабирпеша будам ва аз ҷумлаи мутасаррифон дар амвол ва аъмоли султонӣ». Падараш яке аз мансабдорони дарбори Ғазнавиён ба ҳисоб рафта, дар шаҳрҳои Қубодиён ва Балх соҳиби молу мулки зиёде буд. Ӯ дар чунин хонадони сарватманд ба камол расида, ба таҳсили  улуми динӣ ва дунявӣ пардохт. Аз рӯйи ахбори сарчашмаҳои таърихӣ Носири Хусрав маълумоти ибтидоиро дар мадрасаи зодгоҳаш Қубодиён гирифта, сипас таҳсилро дар мадрасаи Хоҷа Машҳади ноҳияи Шаҳритус идома дод. Сипас вай барои фаро гирифтани улуми мухталиф ба шаҳри Балх ва Марв сафар мекунад. Дар мадрасаҳои ин ду маркази илму фарҳанги исломӣ таҳсил намуда, чун донишманди бузург ба камол мерасад. Ӯ чун донандаи хуби забонҳои арабӣ, юнонӣ, ҳиндӣ, чун олими забардасти улуми асримиёнагӣ:- фалсафа, калом, нуҷум, тибб, табииёт, фиқҳ, таърих, мантиқ, ҷуғрофия, ҳандаса, мусиқӣ, адаб ва ғайра ном  мебарорад. Шуҳрати донишмандии Носири Хусрав ба дарбори  Ғазнавиён мерасад ва ӯро ба корҳои девону дафтардорӣ дар вилояти Балх ҷалб месозанд. Ӯ дар корҳои давлатдорӣ худро чун шахси фозилу кордон нишон медиҳад ва дар байни аҳли дарбор соҳиби обрӯю эҳтироми баланд мегардад ва ӯро бо унвони ифтихории «Хоҷаи Хатир» сарфароз менамоянд. 

Носири Хусрави Қубодиёнӣ ба як хоби дидааш амал намуда, соли 1045-и мелодӣ аз хизмати дарбор истеъфо медиҳад ва ба саёҳат мебарояд. Ин сафари ӯ ҳафт сол давом мекунад ва дар ин муддат Озарбойҷон, Осиёи Хурд, Сурия, Урдун, Фаластин, Миср, Ҳиҷоз, Ҳалаб, Тунис, Судон ва дигар кишварҳоро сайёҳат менамояд. 

Дили пурэҳтироси шоир ва мутафаккари бузург, зодаи Қубодиёни бостонии Тоҷикистон дар сини 85-солагӣ соли 1088-уми милодӣ аз тапиш монд. Мадфани ӯ дар Юмгондараи Бадахшони Афғонистон воқеъ гардидааст ва дар болои қабраш ихлосмандонаш мақбарае сохтаанд, ки то ба имрӯз побарҷост. Ҳазор сол боз пайи пойи иродатмандони ин шах-сияти бузург аз он ҷо канда нашудааст. 

Носири Хусрав осори зиёди гаронбаҳо ба ёдгор гузоштааст. Аз таълифоти эшон асарҳои зерин дастраси мост: «Девони ашъор», маснавиҳои «Рӯшноинома», «Саодатнома», «Ваҷҳи дин», «Зод-ул-мусофирин», «Сафарнома», «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн», «Хон-ул-ихвон», «Бӯстон-ул-уқул». 

Носири Хусрави Қубодиёнӣ яке аз шоирону нависандагон ва мутафаккирони бузурги халқи тоҷик буда, як умр барои хушбахтӣ ва озодию истиқлолияти сиёсию маънавии мардуми тоҷик ва умуман, форсизабон ва ориёинажодон мубориза бурдааст. Дар таърихи илму  тамаддуни гузаштаи тоҷик ба мисли ӯ кам шахсиятеро пайдо мекунем, ки ғояҳои миллии ватанхоҳӣ ва истиқлолиятталабӣ дошта бошад. Аз ҳамин  ҷост, ки Носири Хусрави Қубодиёнӣ аксари осори пурқимати худро ба забони модариаш-форсии дарӣ (тоҷикӣ) эҷод намуда ва ифтихор  доштааст, ки дурру гавҳари гаронбаҳои бо ин забони ширини малакутӣ сӯфтаи худро ба пойи хару хукон, яъне нокасон намерезад: 

Ман онам, ки бар пойи хукон нарезам, 

М-ар ин қиммати дурри лафзи дариро. 

 

МАОРИФ

Дар ноҳияи Қубодиён 52 адад муассисаи таҳсилоти умумӣ, 6 адад муассисаи таҳсилоти асосӣ, 2 адад гимназияи давлатӣ, 1 адад муассисаи хусусии таълимии ба номи Барфигул, 1 адад мактаб-парваришгоҳ, 1 адад муассисаи таҳсилоти иловагӣ, 1 адад маркази технологияҳои информатсионӣ ва коммуникатсия, 1 адад маркази рушди дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва 4 боғчаи бачагона фаъолият мекунанд.

Ҳамзамон ҷиҳати рушду густариши бештари тарбияи томактабӣ ва ҷалби пурраи кӯдакон ба таълим давоми солҳои охир тадбирҳои амалӣ андешида шуда, айни ҳол дар назди 33 адад муассисаҳои таълимии ноҳия Маркази инкишофи кӯдак ташкил карда шуда, дар онҳо 918 нафар кӯдакон, аз ҷумла 391нафар духтарон бо тамоми шароити лозима ва омӯзгорони пуртаҷриба аз рӯи Барномаи давлатии тарбияи томактабӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд.

 

ФАРҲАНГ

Дар ҳудуди ноҳия 4 Маркази фарҳангӣ-фароғатӣ, 1 осорхонаи таъриху кишваршиносӣ, 1 мактаби бачагонаи санъат ва 18 китобхонаи оммавӣ амал мекунад. Шумораи умумии кормандони соҳа 86 нафарро ташкил медиҳад.

Шумо дар Минтақа
Шанбе, 22 Сентябр 2018 14:53

ЗАРОФАТҲОИ МАРДУМИ ДЕҲОТ

Ба наздикӣ ба русто рафта будам. Обу ҳавои тоза, обҳои ширину мусаффо, табиати пур аз манзараҳои зебо ва мардуми хуби деҳот ба кас як нерӯву фароғат мебахшад. Аз суҳбати нарму аз лаҳҷаи гарми деҳотиён кас роҳат мекунад. Ҳатто шӯхиҳои мардуми деҳот дигар аст. Дар зер чанд ҳазлу зарофат ва лаҳзаҳои гуворои мардуми деҳотиро ба қалам овардаам, ки гумон мекунам каме ҳам бошад, хотири шуморо хуш мекунад.

   

Акаи Ҳасанҷон

 

- Акаи Ҳасанҷон? Ҳой, акаи Ҳасайҷон! Акаи Ҳасанҷон?- марди бегонае аз дигар деҳа дар пушти хонаи Ҳасанҷон ӯро ҷеғ мезад. Як гуруҳ бачаҳои русто каме дуртар аз хонаи Ҳасанҷон ҷамъ шуда машғули суҳбати худ буданд ва бо овози баланд ҷеғ задани марди бегона диққати онҳоро ба худ ҷалб намуд. Ин дам Мирхӯҷа аз байни онҳо, ки доим ба ҳар як кору ҳар як гап худро ҳамроҳ менамуд, ба он мард муроҷиат карда гуфт:

- Хонаи акаи Ҳасанҷон дар кӯчаи дигар, поёнтар аст.

- Дар кадом кӯча?

- Мана бо ҳамин роҳ рост поён равед, пурсед нишон медиҳанд.

Мард ба Мирхӯҷа ташаккур гуфту ҳанӯз даҳ қадам намонда буд, ки Мирхӯҷа суханашро боз идома дод:

- Ин ҷо хонаи худаш ҳаст, хонаи акояш поёнтар.

Инро шунида мард зери лаб ким чӣ гуфта, боз ба пушти хонаи Ҳасанҷон омада, ба ҷеғ задан оғоз намуд:

- Акаи Ҳасанҷон! Ҳой акаи Ҳасанҷон!

Ҷавонони ҷамъбуда дигар худро дошта натавониста, бо овози баланд қоҳ- қоҳ хандиданд.

 

Санги дайду

 

Ҳар сол мардуми рустои Тагоба гову гӯсфанд ва бузҳои худро аз миёнаҳои фасли баҳор то моҳи сентябр ба чупонҳо месупоранд. Чупонҳо моли мардумро ба чарогоҳ, ки чандин куҳҳо аз деҳа дуртар аст, бурда, муддати чор-панҷ моҳ нигоҳубинӣ мекунанд. Аз чарогоҳ чорвои мардум фарбеҳу солим бармегарданд ва халқ мувофиқи нархи гузоштаи чупонҳо барои ҳар моҳи молбонӣ ҳаққи хизматро пардохт карда, аз чупонҳо розӣ хона ба хона мешаванд. Аммо гоҳе мешавад, ки чупонҳо моли мардумро пурра намеоранд. Ба ҷои гӯсфанд ё буз гӯшҳои онҳоро меоранд. Вақте, ки чупон гӯшҳои молро ба соҳибаш нишон дод, ин нишонаи он аст, ки моли онҳо ё ба ҷарӣ афтода мурдааст, ё онро хирс хӯрдааст ва ё санг ҷар шуда онро зада куштааст. Аммо ба гуфти коршиносон, чупонҳо баъзан аз моли мардум яктогӣ - яктогӣ кушта мехӯранду баъд гӯшҳои онҳоро ба соҳибонашон нишон дода, ба номи хирс ё санг ба қавле «оформит» мекардаанд. Чӣ қадар онҳо мехӯрдаанд, ин аз инсофи онҳо вобастагӣ дорад.

Боре дар ҳалқаи панҷ - даҳ мардони деҳа будам ва гап сари ана ҳамин масъала мерафт. Яке гуфт: имсол аз мо як ҷуфт гӯш овардаанд. Дигаре гуфт, хушбахтона аз мо имсол гӯш наоварданд. Савумӣ гуфт, аз ман як ҷуфт оварданд, вале гӯши гов. Ин дам яке аз Мирхӯҷа - сокини ҳамин русто, ки нав аз Русия омада буд, пурсид, ки шунидем аз Шумо ҷуфти бисёри гӯш овардаанд??? Мирхӯҷа ғазаболуд гуфт:

- Ҳа, ман дар Русия будам, аз ман ман се ҷуфт овардаанд, сарашона хӯрад: гӯшҳои гов, гӯсфанд ва буз.

- Баҳона хирс ё санг? Ва ё чун гӯсфандони мо ба ҷарӣ афтодаанд?-пурсид як нафар аз ӯ.

Мирхӯҷа дигар ғазаби худро дошта натавониста, бо як эҳсосот гуфт:

- Як санги дайду аз куҳ ҷар шуда, ба сухан даромадаасту ба чупонҳо гуфтааст, ки гови Мирхӯҷа куҷост? Чупонҳо гови маро нишон додаанд ва санг вайро задааст, баъд пурсидааст, ки гӯсфандаш куҷост? Гӯсфандамро нишон додаанду гӯсфандро задааст. Баъд бо ҳамон суръаташ бузамро пурсидааст ва бузамро низ задааст. Баъд пурсидааст, ки худи Мирхӯҷа куҷост? Гуфтаанд, ки ба Русия мардикорӣ рафтааст. Ин дам санг хомӯш шуда, қарор кардааст.

Мардум аз эҳсосоти Мирхӯҷа ба ханда даромаданд ва бархеҳо тасдиқ менамуданд, ки дар ҳақиқат ин номумкин ва беинсофӣ аст, ки се чорвои як хонаводаро дар як мавсим санг зада кушад.

 

Баҳси ҳарому ҳалол

 

Дар ҳуҷраи як хонаводаи рустои Хиштирок мардум сари дастархон аз ину он тарафҳо суҳбат мекарданд. Сухан аз ҳар боб мерафт ва масъалаҳое, ки мардум ба риштаи баҳс мекашиданд, хеле ҷолиб буд. Яке аз баҳсҳое, ки дар охир боиси хандидани аҳли нишаст гардид, ин масъалаи зангирии як сокини калонсоли ҳамин деҳа буд. Вақте, ки Ҳақбердӣ гуфт, ки мардум маслиҳат кардаанд, фалониро зан медиҳанду вобаста ба ин духтари нафареро аз рустои ҳамсоя гапзанон кардаанд, акаи Раҳматшо бо як эҳсосоти ба худаш хос гуфт:

- Э биёед монед, вай занро ҳаром мекунад, ӯро садқаи зан кунад.

- Чиба? Ӯро ҳам ҳамсару бистари гарм лозим аст, - гуфт ҳамсояи Раҳматшо - Малик.

- Э марадак, ту мефаҳмӣ ё не? Боз мегӯям, ки вай занро ҳаром мекунад, - гуфт Раҳматшо бо як эҳсосот.

Ҳанӯз чанд сония мардум хомӯш шуда буданд, ки ин дам Ҳақбердӣ гуфт:

- Хайр ҳеҷ гап не, ҳаромаш, ки кард, ғусл мекунад, боз ҳалол мешавад.

Аҳли нишаст ба ханда даромаданд ва Раҳматшо низ дигар ҷиддияти худро дошта натавонист.  

 

Қунғуз

 

Фарҳод дар мактаби миёнаи деҳаи Тагоба омӯзгори хонандагони синфҳои ибтидоӣ шуда кор мекунад. Мардуми русто кӯшиш мекунанд, ки фарзандони худро маҳз дар синфе, ки Фарҳод таълим медиҳад гузоранд. Чунки Фарҳод дарсҳоро бисёр шавқовар ва хуб гузаронида, кӯдаконро тавре таълим медиҳад, ки онҳо бо як шавқу завқ ба мактаб мераванд.

Боре дар синфи 1, ки Фарҳод дарси Алифбо мегуфт, як лаҳзаи аҷиб рух дод. Он рӯз Фарҳод ба кӯдакон ҳарфи «Қ»-ро меомӯхт. Аз кӯдакон суол шуд, ки ҳарфи аввали номи кадом ҳайвонот, ҳашарот ва ё парандаҳо бо «қ» сар мешавад. Кӯдакон бо навбат номҳои он ҳайвонҳоеро, ки медонистанд як-як гуфтан гирифтанд. Гуё дигар ягон ҳайвон ва ё парандаву ҳашароти номаш бо ҳарфи «қ» оғоз мешуда намонд, ки кӯдакон хомӯш шуданд. Қариб 10 дақиқа кӯдакон фикр карданд, наёфтанд. Ниҳоят Шарифҷон, ки дар дарсҳо фаъол набуду бисёр шарм медошт, даст боло намуд. Фарҳод аз ӯ пурсид:

- Канӣ чӣ будааст?

Шарифҷон гуфт:

- Қунғуз (гамбусак).

Фарҳод Шарифҷонро ончунон таърифу тавсиф намуд, ки гуё ӯ дар ҳақиқат донотарин талабаи синф аст. Шарифҷон аз завқ дар курта намеғунҷид ва фахр мекард, ки муаллим ӯро таърифу тавсиф мекунад.

Фарҳод боз аз талабаҳо пурсид, ки канӣ кӣ боз ягон номро мегӯяд? Ҳама хомӯш буданд. Дигар гӯё ягон ном намонда буд. Шарифҷон аз таърифоти муаллим руҳбаланд шуда, бо тамоми ҳастӣ фикр мекард ва майнаашро ба кор дароварда кӯшиш менамуд, ки ягон ном ёфта гӯяд. Аммо ҳеҷ намеёфт, номи ҳамаи ҳашароту ҳайвонот гуфта шуда буд. Ин дам боз даст бардошт. Фарҳод ба ӯ таъриф зада пурсид, канӣ Шарифҷон гӯед чӣ будааст? Шарифҷон гуфт:

- Қунғузи мурдагӣ.

 

Мазам ва Ҳавло

 

Мазам бародари Ҳавло аст. Мазам дар як кӯча ҳамроҳи аҳли оилааш ва Ҳавло дар дигар кӯча зиндагӣ мекунанд. Онҳоро дар деҳаи Б. ҳама нағз мешиносанд ва эшон соҳиби иззату эҳтироманд.

Пеш аз иди Қурбон Ҳавло бародараш Мазамро бинобар кадом як камбудие суханҳои пасту баланд гуфт. Нафарони зиёде нохост дар сари кӯча шоҳиди моҷарои ду бародар шуда, ягон маротиба чунин бо ғазабу пуписа ҳарф задани Ҳавлоро надида буданд.

Рӯзи иди Қурбон як гуруҳ мардуми маҳала дар як хонаи аҳли русто сари дастурхони идона аз ҳар хусус суҳбат менамуданд, ки нохост гап сари моҷарои дирӯзаи Ҳавло ва бародараш рафт. Яке мегуфт, ки «ин қадар гизалла будани Ҳавлоро бори аввал дидам», дигаре мегуфт, ки «ҳар ду мардакои хубанду ба онҳо чӣ шуда бошад?». Ин дам аз берун овози гирямонанд шунида шуд. Тирезаҳои хона кушода буданд ва мардум аз тиреза ҳамсоя ва хеши Ҳавло - Маҳадро диданд, ки дар назди ҷӯйбори об бо ду даст сарашро дошта оҳу воҳ дорад. Чунин ба назар мерасид, ки гӯё кадом як ҳодисаи нохуше шуда бошаду ӯ аз ин кор доду вой дорад. Ин буд, ки чанд нафар ба назди ӯ давида баромаданд ва яке аз ӯ пурсид:

- Маҳадҷон чӣ шуд ба ту?

- Ҳавло мазама паронд, - гуфт бо овози гиряолуд.

- Кай? Дар куҷо?

- Ҳозиракак, дар хонаи Мазам.

Ин дам яке аз аҳли нишастагон бо овози баланд гуфт:

- Мардум, хезед рафтем, ки нохушӣ рух додааст. Ҳавло Мазамро парондааст. Рафтем ҳама ба хонаи акаи Мазам.

Дар як дақиқа мардуми сари дастархони идона нишаста саросема пойафзоли худро пӯшида, ба хонаи Мазам омаданд. Дар ҳавлии Мазам ҳеҷ ягон гапу кореро ҳис накарда, рост ба меҳмонхона даромаданд. Дар ҳуҷраи меҳмонон Мазам, Ҳавло ва чанд ҳамсояҳо бо ҳам сари дастурхони идона нишаста суҳбат мекарданд. Даромадани саросемавори ҳамдеҳагонро дида, Мазам гуфт:

-Тенҷӣ ми? Идгардак ин хел намешавад ку?

Яке аз даромадагон гуфт:  

- Маҳадҷони ҳамсояатон имрӯз хонаатон омада буд?

- Бале. Навакак ҳамин ҷо буд. Ҳавлои сафедакро бисёр хурд дилашро беҳузур кард, ки шикамашро қапида баромада рафт.

- Ҳа, - тасдиқ намуд ҳамсояи Мазам ва илова кард: - Ҳавло мазаашро паронд.

Ин дам мардуми нав аз дар даромада, чӣ будани гапро акнун гӯё дарк намуданд, ки ба якдигар нигариста, дигар тоқат накарданду ба қоҳ - қоҳ хандидан оғоз намуданд.

 

Олимҷон САФОЛОВ

Шумо дар Ҷомеъа

Ширкати Tcell омӯзишу роҳандозии фанноварии ҷадиду муосирро дар бозори Тоҷикистон идома дода, барои рушду такомули ин абзорҳои технологияи иноватсионӣ  кӯшиш менамояд. Тасмими дигар ва ё қадами нави ширкат дар ин ҷода роҳандозии иртиботи муштарӣ бо оператори мобилӣ тавассути паёмрасон (мессенҷер)-и Чат-бот дар шабакаи иҷтимоии Telegram мебошад, ки он ба шеваи худкор (автоматикӣ) хизматрасонии корбарро анҷом медиҳад! Чат-бот аллакай ба муштариёни зиёде барои дастрас кардани маълумот оиди хидматрасониҳо, тарофа ва ҳатто ҷойи кор дар ширкати Tcell иттилоъ пешниҳод кардааст.

Паёмрасон (мессенҷер)-иTelegram рӯз аз рӯз доираи бештари корбаронро фаро мегирад.    Ҳамаи ин бо шарофати каналҳои ҷолиб ва ироаи боэътимоди паёмҳо, инчунин чатбот фароҳам омадааст. Telegram-бот — барномаи вижаест, ки ба таври худкор ва фармони додашуда фаъолият мекунад: иттилоъ пешниҳод месозад, ба пайванду нишониҳои интернетӣ роҳнамойӣ мекунад ва амалҳои дигарро ба сомон мерасонад. 

Tcell Чат-бот дар асос ва пояи ҳалли мушкилот роҳандозӣ гардида, на ба таври радду бадал (мукотиба), балки бо шеваи интихоби иқдом кор мекунад. Дар менюи асосӣ барои муштарӣ чунин хидматрасониҳои ёрирасон дар шохисҳои:  «Тарифаҳо», «Хидматрасониҳо», «Манобеъ», «Интернет», «МАълумоти инфиродӣ», «Пурра кардани тавозун», «Идора (дафтар)-ҳо дар харита», «Роуминг», «Аксияҳо», «Барномаҳои мобилӣ», «Мағоза» ва «Ҷойи кор» ҷо дода шудаанд.  

Ҳангоми интихоби намуди хидматрасонӣ, ки ба муштарӣ зарур аст, Чат-бот куллияи маълумоти даркориро дар ин бахш дар даричаи гуфтугӯ пешниҳод месозад ва ҳама фармонҳоро амалӣ менамояд: пайваст/хомӯш кардани тарофа, опсия ва ё хизматрасонӣ, фармони тафтиши тавозун ва ё боқимондаи мегабайтҳои интернет. Дар сурати зарурӣ, Чат-бот сомонаи расмии ширкатро бо маълумоти бештар боз менамояд ва ё нишониро барои боргирии барномаҳои «Мой Tcell» и «Чи Гап» дар App Store ва Google Play ба муштарӣ медиҳад.

Аснои боз намудани «Идораҳо дар харита», бот макони будубоши шуморо муайян карда, суроғаи наздиктарин маркази хидматрасонии ширкати Tcell-ро ирсол менамояд.

Истифодаи Tcell Чат-бот ҳамчунон содда аст, тавре ки бо дӯстатон мукотиба менамоед: бот дар давоми чанд сония кулли маълумоти заруриро бароятон медиҳад.  

«Мо медонем, ки муштарӣ на ҳама вақт метавонад аз сомона истифода барад ва ё ба хадамоти ёрирасон (дастгирӣ) муроҷиат кунад, ин дар ҳолест, ки аксари корбарону муштариён ба паёмрасонҳои Viber, Telegram ва ғайра дастрасӣ доранд. Дар ҳама ҳолат: дар хона, ҷойи кор, аснои сайругашт муштарӣ метавонад вақти зиёдашро дар ҷустуҷӯи шабакаи Интернет сарф накарда,  тавассути Тcell Чат-бот маълумоти заруриро ба даст биёрад. Бовар дорем, ки Чат-бот воқеъан кори муштариёни моро осонтар хоҳад кард”,- мегӯяд Озодхон Давлатшоев, директори генералии ширкати    Tcell. 

Барои кор бо чат-боти Tcell ба нишонии https://t.me/tcellchat_bot ва ё ҷустуҷӯи паёмрасони Telegram муроҷиат карда, истилоҳи @tcellchat_bot –ро нависед.

Шумо дар Хабари рӯз

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини суботи низоми бонкӣ ва ҳимояи манфиатҳои пасандоздорону қарздеҳон фаъолияти ду ширкати аудитории кишварро қатъ кардааст.

Гуфта мешавад, ки Бонки миллӣ   ташкилоти ҶДММ «Аудитории Ш.Адолат»  ва ҶДММ «БМҶ Аудит»-ро аз рӯйхати ташкилотҳои аудиторие, ки дорои ҳуқуқи гузаронидани аудити ташкилотҳои қарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд,  хориҷ кард.

Ин ташкилот бинобар пешниҳод кардани хулосаи аудитории носаҳеҳ қисми талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ҳангоми гузаронидани аудити ташкилотҳои қарзӣ барои соли 2017-ро риоя накардаанд.

Бонки миллии Тоҷикистон бо асосҳои зикршуда ҶДММ  «Грант Торнтон»-ро низ соли 2017 аз ин рӯйхат хориҷ карда буд.

Шумо дар Хабари рӯз
саҳ 6 аз 40

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.