.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Сентябр 2018 - || ФАРАЖ

Дар Ӯзбекистон хонандаи синфи ҳафтум аз ноҳияи Бешариқро, ки модараш ба танфурӯшӣ маҷбур карда, ҳамлаш низ иҷборан сиқт карда шуд, ба мактаб-интернати махсуси шаҳри Қӯқанд фиристоданд.

Муовини раиси ҳукумати вилояти Фарғона Сайёра Олимова гуфтааст, тамоми афроде, ки дар қазияи ин духтари ноболиғ айбдор мешуданд, ҷазои муносиб гирифтанд.

«Сокини 39-солаи маҳаллӣ Фирӯза Давронова, ки духтарашро ба танфурӯшӣ маҷбур карда буд, 10,5 сол зиндонӣ шуд. Додгоҳи Бешариқ ҳамчунин сокинони деҳаи Чорбоғтуронил Шерзод Балибеков, Ҷасур Эргашев ва Эргашалӣ Сулаймоновро дар таҷовузи духтари ноболиғ айбдор ва 12 солӣ аз озодӣ маҳрум кард», - афзуд Олимова.

Ёдрас мешавем, 18-уми августи соли равон хабар доданд, дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғона ҳамли як хонандаи синфи ҳафт, ки модараш ӯро ба танфурӯшӣ маҷбур карда буд, бо дастури мансабдорони маҳаллӣ сиқт карда шуд.

Ҳамчунин охирҳои моҳи август гуфтанд, ҳукумати ноҳияи Бешариқ аз расонидани кумаки моддӣ ба хонаводаи духтар худдорӣ мекунад.

«Дар ҳоли ҳозир, мақомоти ноҳия хонаи духтарро таъмир доранд. Ин корҳо барои он анҷом дода мешавад, ки мақомоти маҳаллӣ дар сурати боздиди мансабдорони Тошканд бигӯянд, модар ба хотири ниёзҳои моддӣ духтарашро ба танфурӯшӣ маҷбур накардааст», - гуфтааст як манбаъ.

Шумо дар Хабари-рӯз

Хадамоти байналмилалии «Максим» имкони даъвати автомобилро тавассути барномаи мобилии «Максим», дар сомонаи taximaxim.tj ва бо телефони 515 фароҳам меорад.

«Максим» 15 сол боз таъминоти барномавӣ ва методикаро такмил медиҳад. Таъминоти барномавӣ ва методика робитаи мутақобилаи мусофирону ронандагонро беҳтар намуда, самаранокии тамоми раванди интиқолро баланд мебардоранд. Технологияҳо ҳаракатро дар роҳҳои мегаполисҳо осон гардонида, сокинони шаҳрҳои хурдро ба ҳам мепайванданд. «Максим» ҳамроҳ бо интиқолдиҳандагон ба мусофирон сафари бехатарро бо нархи муфид ва ба ронандагон имкони хуби дарёфти маблағро пешниҳод менамояд.

Барномаи мобилии «Максим» барои iOS ва Android бо интерфейси доимӣ ва функсияҳои қулай фарқ мекунад. Ташкили фармоиш якчанд сонияро дар бар мегирад. Нархи сафар то фармоиш ҳисоб карда шуда, вақти омадани мошин ба таври онлайн инъикос мегардад. Дар барнома хатсайри сафар ва маҳали ҷойгиршавии ронандаро аз харита мушоҳида карда, треки сафарро тақсим намуда, бо як ангуштзанӣ фармоишҳоро аз таърих такрор ва дар чат бо ронанда суҳбат кардан мумкин аст.

Барои қабулу коркарди фармоиш тавассути телефон «Максим» дар шаҳри Душанбе маркази тамос ифтитоҳ намуда, стандартҳои хадамотро ба операторон омӯзонид. Фармоишҳо ба таври шабонарӯзӣ бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ қабул карда мешаванд. Мусофирон метавонанд таксиро тавассути оператор фармоиш дода, бо шахси зинда гуфтугӯ кунанд ва ҷузъиёти фармоишро аниқ намоянд ё савол диҳанд.

Ронандагон бо фармоишҳо дар барномаии қулайи Taxsee Driver кор мекунанд. Онҳо дарҳол нархи фармоишро мебинанд ва мусофиронро тавассути хатсайри мувофиқ, ки дар барнома инъикос гардидааст, интиқол медиҳанд.

Системаи алоқаи баръакс амал мекунад. Мусофирон дар барномаи «Максим», дар сомонаи taximaxim.tj ё бо телефон тавассути оператор хабар фиристода метавонанд. Менеҷерон муроҷиати истифодабарандагонро баррасӣ намуда, дар ҳалли масъалаҳо ба онҳо ёрӣ мерасонанд ва барои боз ҳам беҳтар намудани хадамот фикру мулоҳизаҳоро мавриди таҳлил қарор медиҳанд.

«Максим» соли гузашта дар Тоҷикистон фаъолияташро ба роҳ монда, дар давоми як сол талаботи бозори маҳаллиро омӯхт ва барои хизматрасонӣ ба сокинони пойтахт таҷрибаи кофӣ ҳосил намуд.

Хадамоти фармоиши таксии «Максим» соли 2003 таъсис ёфтааст. Фаъолияти ин ширкат бештар аз 400 шаҳри 12 кишвари ҷаҳонро фаро мегирад: Тоҷикистон, Россия, Қазоқистон, Украина, Гурҷистон, Булғористон, Беларус, Озарбойҷон, Индонезия, Қирғизистон, Чилӣ ва Италия. Ширкат бори аввал дар Тоҷикистон моҳи майи соли гузашта дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолият пардохт.Хадамот ширкати таксӣ нест ва дар штати худ ронандагони таксӣ надорад. Ширкат хизматрасонии иттилоотиро пешниҳод менамояд: пойгоҳи маълумоти фармоишҳои интиқолро ташкил карда, дастрасии онро ба интиқолдиҳандагони мустақил таъмин менамояд.

Шумо дар Хабари-рӯз

Дар муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» раиси иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Литва Дайнюс Радзиявичус барои журналистон ва роҳбарони шабакаҳои телевизион ва радио, воситаҳои ахбори электронӣ ва чопӣ дарси маҳоратро дар мавзӯи “Истифода аз имконоти ВАО барои рушди базаи моддиву техникӣ ва эҷодии журналистика” доир намуд.

Дайнюс Радзиявичус фарқиятҳои журналистикаи даврони Иттиҳоди Шӯравиро аз имрӯза номбар намуд ва гуфт, ки яке аз фарқиятҳое, ки дар даврони Шӯравӣ вуҷуд надошт, ин гуногунрангӣ дар журналистика буд.  

“Имрӯз дар журналистика гуногунрангӣ вуҷуд дорад ва ин гуногунрангӣ фарқиятест, ки имрӯз вуҷуд дораду дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ набуд”, - гуфт ӯ.

Ҳамзамон, ӯ иброз намуд, ки дар Шӯравӣ журналистика ба чанд намуд тақсимбандӣ мешуд.

“Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ се намуди журналистика вуҷуд дошт. Ин журналистикаи расмӣ ба мисли рӯзномаҳои “Комсомолская правда”, “Пионер” ва дигарон ба он шомил буданд. Дуюм, ин журналистони махфӣ (подпольное) ва сеюм журналистоне буданд, ки пас аз ба даст овардани Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 40-ум ба Аврупо рафтанд ва дар он ҷо рӯзномаву маҷалла, радио ва телевизионҳои худро ташкил намуданд, ки хеле хавфи калон дошт”.

Ба ақидаи ӯ, ин хушбахтист, ки имрӯз чунин намудҳои журналистика нест ва танҳо ба сифатноку бесифат тақсим мешаванд. 

- Хушбахтона, имрӯз дар Литва чунин гуруҳҳои журналистика вуҷуд надоранд ва лозим ҳам нестанд. Имрӯз танҳо гуруҳҳои журналистикаи сифатнок ва бесифат амал мекунанд ва бо он фарқ мекунад, ки дар замони мустақилият журналистон ва ВАО ба тарзҳои гуногун ба сифат баҳогузорӣ мекунанд, - қайд кард раиси иттифоқи журналистони Литва.

Шумо дар Хабари-рӯз

Клуби футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки дар бозии ҷавобии чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон бар дастаи футболи «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 5:1 пирӯз шуд, ба даври нимфинал роҳ ёфт.

Ду голи  дастаи «Регар-ТадАЗ»-ро ҳимоятгар Ойбек Абдуғаффоров зад. Боз се голи дигарро Абдусамад Ҳоҷибоев, Наврӯз Рустамов ва Амирҷон Сафаров ба ҳадаф расониданд. Голи ягонаи дастаи  «Хатлон»-ро Муҳаммад Насков ба дарвозаи мизбонон ворид кард. Дар бозии аввал низ дастаи «Регар-ТадАЗ» дар меҳмонӣ дастаи футболи  «Хатлон»-ро бо ҳисоби 3:0 шикаст дода буд.

Ҳамин тариқ, «Регар-ТадАЗ» дастаи чоруми ширкаткунандаи даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон гардид. «Истиқлол»-и Душанбе, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Душанбе-83»-и шаҳри Душанбе низ ба нимфинал баромада буданд. Дар нимфинал  «Истиқлол» бо «Душанбе-83» ва «Регар-ТадАЗ» бо «Хуҷанд» рақобат мекунанд.

Вохӯриҳои якуми нимфиналии Ҷоми Тоҷикистон 14-15-уми октябр ва бозиҳои ҷавобӣ 17-18-уми октябр дар назар аст.

Шумо дар Хабари-рӯз
саҳ 5 аз 49

Хабари-рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.