.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Душанбе, 27 Август 2018 - || ФАРАЖ

Варзишгарони вилояти Хатлон дар 7 моҳи соли равон аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба вилоят беш аз 1 ҳазору 50 медал ба даст оварданд, ки ин нисбати ҳамин давари соли гузашта 50 медал зиёд аст.

Зимни тасдиқи ин хабар мудири бахши варзиши Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Алишер Гулов гуфт, ки дар 7 моҳи соли равон варзишгарони вилояти Хатлон дар 48 мусобиқаи варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори 277 медали тилло, 314 медали нуқра ва 402 медали биринҷӣ гардиданд.

Манбаъ афзуд, ки  ба ҷуз ин дар ин давра варзишгарони вилояти Хатлон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат намуда, соҳиби 29 медали тилло 15 нуқра ва 12 биринҷӣ шудаанд.

Ӯ гуфт дар ҳашт моҳи соли равон дар ҳудуди вилоят 19 майдончаи варзишӣ, 4 толори варзишӣ ва як маҷмаии варзишӣ сохта мавриди истифода қарор дода шудаанд. Гуфта мешавад, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бояд дар ҳудуди вилояти Хатлон 27 толори варзишӣ, 113 майдончаи варзишӣ ва 18 майдончаи кӯдакона аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои даромад сохта ба истифода дода шаванд.

Алишер Гулов афзуд: “Ин ҳама дастовардҳои варзишгарон аз рушд ёфтани соҳаи варзиш дар вилояти Хатлон дарак медиҳад, зеро рӯз аз рӯз маблағгузорӣ ба ин соҳа афзоиш меёбад”.

Шумо дар Хабари рӯз
Душанбе, 27 Август 2018 10:15

Бозиҳои Осиё-2018 идома доранд

Бозиҳои тобистонаи Осиё, ки 18 август дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия шурӯъ гардид, идома дорад. То имрӯз мусобиқаҳо оид ба гуштии варзишӣ, шиноварӣ, тӯббозӣ дар об, софтбол, баскетбол 3х3, шамшербозӣ, ҷиуҷитсу, голф, ҷетскӣ, қайиқронии академӣ, тирандозӣ, теннис ва ушу ба анҷом расиданд. Варзишгарони мо дар намудҳои гуштӣ, шиноварӣ, ҷиуҷитсу, тирандозӣ ва ушу иштирок карданд, вале аз медалҳо бенасиб монданд.

Варзишгарони тоҷик рӯзҳои баъдӣ рақобатро дар намудҳои дзюдо, кураш, самбо, қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ, бокс идома медиҳанд, ки умед аст соҳиби медалҳо мешаванд.

Дар ҷадвали ҳисоби медалҳо дастаи мунтахаби Чин бо 178 медал (78 тилло, 59 нуқра, 37 биринҷӣ) пешсаф аст. Ҷопон бо 123 медал (40-34-49) дар ҷои дуюм, Кореяи Ҷанубӣ бо 94 медал (27-30-37) дар ҷои сеюм қарор доранд. Умуман варзишгарони 35 кишвар ба гирифтани медалҳои бозиҳо шарафёб шудаанд ва варзишгарони 28 давлат ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтаанд. Тоҷикистон бо як медали нуқра дар ҷои 32-юм қарор дорад.

Шумо дар Хабари рӯз

Варзишгари маъруфи кишвар Дилшод Назаров шоми дирӯз дар мусобиқаи гурзандозӣ дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 сазовори медали нуқра гардид. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар доданд.

Дар мусобиқа 14 варзишгар барои медалҳо талош карданд. Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 74,16 метр партофта, ҷои дуюмро ишғол кард. Мақоми якум бо натиҷаи 76,88 метр насиби варзишгари Қатар Ашраф Ал Сайфӣ шуд. Ҷои сеюмро варзишгари тоҷиктабори Узбекистон Суҳроб Хоҷаев бо натиҷаи 74,06 ба даст овард.

Дилшод Назаров се маротиба қаҳрамони Бозиҳои Осиё шудааст. Ӯ соли 2006 дар Доҳаи Қатар, соли 2010 дар Гуанжоуи Чин ва соли 2014 дар Инчони Корея сазовори медали тиллои бозиҳо гардидааст.

Шумо дар Слайд

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи камабр ва бебориш шуда, ҳарорат нисбат ба рӯзҳои қаблӣ муътадил боқӣ мемонад. Шабона 18-23 ва рӯзона 30-35 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 10+15, рӯзона 28-33 ва дар шарқи  ин вилоят   шабона  1-6 ва рӯзона +18+23 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +14+19 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +18+23 ва рӯзона +32 + 37 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, дар баъзе ҷойҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шабона +14 +19 ва рӯзона +31+36 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ карда шуда, шабона +17+19 ва рӯзона +32+34 дараҷа гарм мешавад.

Шумо дар Хабари рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  2 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 2 аз 2

Хабари рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.