.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Душанбе, 27 Август 2018 - || ФАРАЖ

11 роҳбари бозорҳои шаҳри Тошканди Ӯзбекистон барои роҳ додан ба пӯсидани пиёз дар анборҳо боздошт ва нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. АИ «АП» хабар медиҳад, ки охири моҳи июн дар ҷаласаи эътилофи "Тошбозорсавдо" ҳадди ақал 11 роҳбари бозорҳои шаҳри Тошканди Ӯзбекистон боздошт шудаанд.

Ин ҳодиса дар таърихи 30 июн рух дода, аммо танҳо ҳоло расонаӣ шудааст. Наздикони боздоштшудаҳо мегӯянд, онҳоро давоми ду моҳ дар боздоштгоҳи вазорати корҳои дохилӣ нигаҳдорӣ кардаанд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба гуфтаи намояндаи Додситонии кулли Ӯзбекистон, нисбати боздоштшудаҳо парвандаи ҷиноятӣ боз ва ҳамаи онҳо дар роҳ додан ба пӯсидани пиёз дар анборҳои давлатӣ айбдор мешаванд.

"Падари маро он рӯз ба ҷаласа даъват карданд. Вале дар рафти ҷаласа ӯро боздошт карданд. Ба ҷуз падари ман роҳбари 10 бозори дигарро ҳам боздошт карданд", - гуфтааст писари яке аз раисони боздоштшуда.

Баҳори имсол дар бозорҳои Тошканд ба харидорон тақрибан 3 ҳазор тонна пиёзи ройгон тақсим карданд. Ба гуфтаи яке аз масъулони эътилофи "Тошбозорсавдо", боздошти роҳбарони бозорҳо маҳз ба ҳамин ҳодиса рабт дорад.

"Боздоштшудаҳо дар расонидани зарар ба буҷаи давлат дар ҳаҷми 12 миллиард сӯм (наздики 1,5 миллион доллар) айбдор мешаванд", - гуфтааст намояндаи эътилоф.

Ба гуфтаи вай, миёни боздоштшудаҳо раисони бозорҳои "Урикзор", "Челонзор", "Бек тупӣ", "Чорсу" ва ғайра будаанд.

Шумо дар Слайд

26-уми август, тахминан соати 15:00, дар минтақаи муҳофизатии Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ», ки марзи ноҳияи Фархор бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошад, гурӯҳи силоҳбадасти номаълуми афғон, иборат аз 10-12 нафар сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, ба автомашинаи давлатии тамғаи «Нива», рақами давлатиаш 975 ХВ 03 РТ, ки дар он се нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат доштанд, бо яроқҳои оташфишони АК-74, қутраш 5,45 ва 7,62,  РПГ 7В  ҳамла намуда, онҳоро зери оташ қарор додаанд.

Дар ин бора «Ховар» аз қавли сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии  КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев иттилоъ дода, менависад, ки «дар натиҷаи ҳамла ду нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони хоҷагии ҷангал Ҳамрохон Саидов, соли таваллудаш 10.02.1956, истиқоматкунандаи Фархор ва Давлат Сангинов, соли таваллудаш 20.03.1958, ки дар асоси иҷозатномаи махсус барои ҷамъоварии хӯроки чорво машғул буданд, мутаассифона, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Мусофир Сафархон Раҳмонов, соли таваллудаш 26.08.1992 истиқоматкунандаи ҷамоати Ҳисори ноҳияи Фархор ба тарафи қамишзор фирор кардааст.

«Айни замон бо мақсади пайдо ва несту нобуд намудани гурӯҳи силоҳбадасти номаълуми афғон хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» корҳои фаврию ҷустуҷӯиро ба роҳ мондаанд», - гуфтааст М. Улуғхоҷаев.

Шумо дар Хабари рӯз

Ширкати Tcell тавсеаи марказҳои хидматрасонӣ ва шабакаҳои марбут ба онро дар шимоли кишвар идома медиҳад. Дар ҳоли ҳозир Tcell хадамоти иртиботи боэътимодро дар қаламрави вилояти Суғд роҳандозӣ карда, теъдоди муштариёни ширкат дар ин ҷо рӯ ба афзоиш аст. 

Аз аввали сол шабакаи фурӯши чаканаи Tcell дар шимоли Тоҷикистон боз 25 маркази наву муосир, ки дорои таҷҳизоти замонавӣ ва сатҳи хизматрасонии олӣ мебошанд, ба фаъолият оғоз карданд. Дар ин марокиз ҳама шароитҳо муҳайё гардида, сокинони навоҳии сераҳолӣ ва дурдаст аз хизматрасонии босифат баҳравар мегарданд.   

Нуқтаҳои хизматрасонӣ дар ҷойҳои барои муштариён қулай: назди бозору фурӯшгоҳҳо, истгоҳҳои бузурги мусофиркашонӣ, маркази ҷамоату шаҳракҳо бунёд шудаанд. 

Дар марказҳои ҷадиди хизматрасонии ширкати Tcell кормандони ҳирфаии баландихтисос, ки давраи бозомӯзиро гузаштаанд, фаъолият менамоянд. Муштариён метавонанд дар марказҳои мазкур ба ҳама пурсиши худ посух бигиранд, мушкилоти техникии иртиботашонро рафъ созанд, симкорти Тсеll-ро фаъол намоянд ва ё ба тавозунашон маблағ гузаронанд, барномаи “Чӣ гап”-ро барои суҳбат бо наздиконашон пайваст намоянд.

Марказҳои нави хизматрасонии ширкати Tcell-ро дар вилояти Суғд бо суроғаву нишониҳои зерин пайдо кардан мумкин аст:  

1)  Шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 34-ум, МТ "Абукарим"

2) Шаҳри Хуҷанд, к.Камоли Хуҷандӣ, 162

3) Шаҳри Хуҷанд, дар қабати истгоҳи мусофиркашонӣ (автовокзал)

4) Шаҳри Гулистон, к.Истиқлол, МТ "Ирам"

5) Ноҳияи Ашт, ҷамоати Ошоба, шаҳраки Марҳамат

6) Ноҳияи Ашт, шаҳраки Шайдон, к.Исмоили Сомонӣ, дар қабати автовокзал 

7) Ноҳияи Ашт, ҷамоати Ашт, шаҳраки Дӯстӣ

8) Ноҳияи Ашт, ҷамоати Ориён

9)  Ноҳияи Ҷ.Расулов, ҷамоати Сомониён, бозори “Ашроф” 

10) Ноҳияи Ҷ.Расулов, ҷамоати Ғӯлакандоз, к. Д.Самадов 

11) Шаҳри Истаравшан, шаҳраки Гули Сурх

12) Шаҳри Исфара, бозори марказӣ

13) Шаҳри Конибодом, кӯчаи Б.Мансуров, бозори марказӣ 

14) Ноҳияи Масчо, шаҳраки Бӯстон, к.Исмоили Сомонӣ, 18/1

15) Ноҳияи Масчо, ҷамоати Масчо

16) Ноҳияи Шаҳристон, шаҳраки Шаҳристон, бозори марказӣ

17) Ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ), ҷамоати Муҷум, д.Муҷум 

18) Ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ), ҷамоати Ваҳдат, деҳаи Қалъаи Дӯст

19) Ноҳияи Спитамен, ҷамоати Истиқлол (Оқтеппа), деҳаи Саидқалъа (Саидқӯрғон)

20) Ноҳияи Спитамен, ҷамоати Курӯш, кӯчаи Уришев, 48 

21) Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати Ёва (дар паҳлӯи бемористон)  

22) Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, к. Ленин, бозори “Атуш” (гузаргоҳи зеризаминӣ) 

23) Шаҳри Гулистон (Қайроққум), кӯчаи Истиқлол, паҳлӯи МТ «Ирам»

24) Ноҳияи Айнӣ, к.Айнӣ (дар паҳлӯи Айнӣ)

25) Ноҳияи Айнӣ, ҷамоати Урметан

Ба наздикӣ марказҳои нави хизматрасонии ширкати Tcell дар манотиқи дурдаст ва кӯҳистони Панҷакент, Ашт, Масчои Кӯҳӣ, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара ва Конибодом дари худро ба рӯи муштариён боз хоҳанд кард.

Шумо дар Хабари рӯз

Дар ҳафт моҳи соли равон аз бозору фурӯшгоҳҳои вилояти Хатлон 22 тоннаву 217 кг маводҳои пастсифат ва муҳлати истифодабариашон гузашта, аз ҷумла 4 ҳазор дона тухм, 1 ҳазору 255 кг гӯшт ва 158 кг ҳасиб, ки арзиши онҳо 251 ҳазор сомониро ташкил медод, аз муомилот гирифта шуданд.

Директори Маркази назорати давлатӣ, санитариву эпидимиологии вилояти Хатлон Файзалӣ Бобоҷонов хабар дод, ки дар ҳафт моҳи соли равон аз тарафи мутахассисони марказ дар бозору фурӯшгоҳҳои вилоят 7 ҳазору 906 санҷиш гузаронида шуда, нисбати 2210 нафар соҳибкор протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 230 ҳазору 250 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Манбаъ гуфт, фаъолияти 522 иншоот бо сабабҳои ҷавобгӯ набудан ба талаботи санитариву гигиенӣ мувақатан боз дошта шуда, 170 маводи дигар ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фиристода шуданд.

“Кормандони Маркази назорати давлатӣ, санитариву эпидимиологии вилояти Хатлон корро дар ин самт ҷоннок намуда, соҳибкороне, ки маводҳои қалбакиву пастсифатро ба фурӯш мебароранд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, ҷарима ҳоҳанд кард”, - гуфт Файзалӣ Бобоҷонов.                                           

Раҳмоналӣ  Додархӯҷа

Шумо дар Хабари рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 2

Хабари рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.