.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Ҷумъа, 24 Август 2018 - || ФАРАЖ

Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Туркманистон сафар кард.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро муовини сарвазири ҷумҳурӣ, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои об ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Шумо дар Хабари-рӯз

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, гармӣ нисбат ба рӯзҳои қаблӣ то 2 дараҷа паст мешавад. Рӯзона 30-35 ва шабона 18-23 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 11+16, рӯзона 25-30 ва дар шарқи  ин вилоят   шабона  2+7 ва рӯзона +17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +15+20 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад.  Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +18+23 ва рӯзона +30 + 35 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, дар баъзе ҷойҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шабона +15 +20 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ карда шуда, шабона +17+19 ва рӯзона +32+34 дараҷа гарм мешавад.

Шумо дар Хабари-рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  2 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 2 аз 2

Хабари-рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.