.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Шанбе, 11 Август 2018 - || ФАРАЖ
Шанбе, 11 Август 2018 16:30

Куҳистоне аз биҳишти афсонаҳо

«Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудани соли равон аз ҷониби Пешвои миллат, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалии Раҳмон аз назари ин ҷониб ниҳоят бамаврид аст. Воқеан, Тоҷикистони мо диданӣ, арзандаи сайру саёҳат мебошад. Табиати зебо, обҳои мусаффо, ширин ва дармонбахш, куҳҳои сарсафед, дараҳои сабзҷомаи гулрез, осори ҳунарию меъмории аз ниёгони ҳунармандамон ба мерос расида, ниҳоят ҷолибанд. Гузашта аз ин, эҳтиёҷоти иқтисодии кишвар тақозо мекунад, ки манбаъҳои нави даромадро ба буҷаи  кишвар дарёфт кунем.

Иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зиёиён ва аҳли маорифу фарҳанги Куҳистони Масчо хуш пазируфтанд. Ин диёри куҳанбунёд, ки таърихи беш аз чорҳазорсолаи сукунат дорад, дорои ёдгориҳои зиёди таърихӣ ва ҳунару истеъдодҳои нодири мардумисту ҳанӯз ба таври бояду шояд таҳқиқ нашуда. 

Ноҳияи Куҳистони Масчо гарчанде бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 1995, таҳти №712 таъсис ёфта бошад ҳам, вале тавре дар боло ишора рафт, бо такя ба манобеи зиёди таърихӣ метавон гуфт, ки таърихи беш аз 4 ҳазор сола дорад.

Аз 2 декабри соли 2014 Муҳаммадҷобир Раҷабзода раиси ноҳияи Куҳистони Масчо мебошад.

Дар ноҳияи Куҳистони Масчо ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд. Ноҳияи Куҳистони Мастчо - воҳиди мустақили маъмурӣ, ноҳияи нав дар харитаи Тоҷикистон, самараи даврони Истиқлолият аст. Ҳарчанд ин маъвои куҳанбунёд таърихи беш аз панҷҳазорсолаи сукунат дорад, дар махзанҳои то замони мо расидаи тамаддуни башар сарзамини зисти аҷдодони мо, тоҷикон, - ориёиҳо ва суғдиён шинохта мешавад, онро шукуфаи даврони Истиқлолият донистаанд.  

Аз ҷиҳати ҷуғрофӣ Куҳистони Мастчо маҳалли ноҳамвор буда, дар баландии аз 2000 то 3000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Онро аз ҷануб қаторкуҳи Зарафшон, аз шимол қаторкуҳи Туркистон иҳота кардаанд. Тӯли ин дараи азим 170 км буда, вусъаташ дар баъзе мавзеъҳо 8-10 ҳазор метрро ташкил медиҳад.

Рӯдхонаи Зарафшон, ки аз Сардара то Подара онро убур кардааст, аз пиряхҳои хурду бузурги саргаҳи он, рӯдаку чашмасорони дараю тагобаҳо оғоз гирифта поён меравад ва ҳамвора серобтар шуда, ба дарёи азиме табдил меёбад.

Пиряхи калонтарини он Зарафшон ном дорад. Ин хазинаи илоҳии об дорои 27,3 км тӯл, 2 км бар аст. Масоҳати умумии он 44,7 км, бо назардошти шохаҳояш 127 км муқаррар карда шудааст.

Зарафшонрӯд (номи қадимиаш Политамент) ба дарозои 781 км, то паҳноҳои Самарқанд ва Бухоро ҷорӣ мешавад.

Аҳолӣ асосан дар рустоҳои хурду калоне, дар мавзеъҳои ба зистан мувофиқи куҳистони пурхавфу хатар аз тармаю селу сангрезии ду соҳили дарё, Соярӯ ва Офтобрӯя зиндагӣ мекардаанду зиндагӣ мекунанд. Ин маскунгоҳҳо бо иловаи чанд деҳа дар Тагоб ва Fузндара 56 адад буда, алҳол зиндагӣ дар ҳамаи онҳо барқарору гардон аст.

Тибқи таҳқиқот ва хулосаҳои илман асосноки муаррихон ва бостоншиносон дар ин маъвои баланд ҳанӯз дар асри биринҷӣ одамон зистаанд. Шаҳодати ин иддао маҷмӯи сангҳои навиштаест, ки ду сол пештар олимон дар Сабағ пайдо карданд. Олимон ҳадс мезананд, ки дар ҳазораи якуми пеш аз мелод ин маскунгоҳ ба сарзамини Суғд мансуб будааст. 

Дар қаламрави Масчо (Бутамони дарунии бостон) ҳар як деҳа дидбонгоҳ ё қалъаи худро дорад. Аз Сардара то Подара, саҳеҳаш аз Деҳҳисор то Оббурдон, асари аёни ҳафт қалъаи қадима мушоҳида мешавад. Дар деҳаҳои Оббурдан, Рогиф, Эсизи Боло, Мадрушкат, Падаск, Палдорак ва Ланглиф деворҳои вайрону нимвайрони онҳо то кунун маҳфузанд. Боқӣ ҳама ба хок яксон шудаанд, ё изи он иншоот мондаву халос.

Қалъаи Палдорак (онро қалъаи Ботурхоҷа-мири Масчо ҳам мегӯянд) аз ҷониби сокинони деҳа, бо мадади пулии як зумра соҳибкорон қисман барқарор карда шудааст. Дар ҳудуди деҳаи Ланглиф се қалъа мавҷуд аст, ки деворҳояшон гуфтан мумкин, то ҳадде барҷоянд.

Қадимтарин қалъа дар Масчо Ҳисорак унвон шудаву бинобар хулосаи бостоншиносон (аз ҷумла Юсуфшо Ёқубов) 2500 сол собиқа дорад. Як қисми деворҳо, тарҳи кӯчаву паскӯчаҳои он аз ниҳоят ободу маъмур будани он дар замонаш (шояд аҳди Кӯшониён) дарак медиҳанд.

Муаррихоне, ки дар Ҳисорак ҳафриёт гузаронидаанд, бар он назаранд, ки шаҳраки дохили он, ки 5 гектар масоҳат дорад, ба чор сӯ чор кӯчаи калон доштаву ҳар кадом ба номи як сайёра мухотаб мешудааст. Ҳафриёт дар ин обидаи таърихӣ собит кард, ки сокинони он суғдӣ буда, ба оташ имон доштаанд. Маъбад ва оташкадаи он, ки аз зери хок рӯнамо шуд, ин хулосаро тасдиқ мекунад. Хоку хокистари ибодатгоҳи оташбоварон ҳанӯз ҳам маҳфузанд. Аз деворҳои атрофии қалъаи дар самти Зарафшон ба андозаи 25-30 метр борае мондаву халос. Корез ва роҳи зеризаминии он аз дарун хокпӯш шуда бошанд ҳам, аз берун, аз соҳили дарё намудор ва сарпаноҳи ҷайраву рӯбоҳҳои ин маҳаланд.

Ҳисорак нодиртарин ва қадимтарин осори қалъасозии ниёгони мо муғҳост. Аз баландӣ, аз куҳдоман ба он нигаред ва тасаввур кунед, ба назар мерасад, ки ҷои онро дурандешона интихоб кардаанд. Се тараф ҷариҳои баланди фатҳнашавандаи аз сангу харсанги таркибёфта онро аз ҳамлаи адӯ ҳифз кардаанд. «Нимҷазира»-чаро як гузаргоҳи ду тарафаш хандақ ба пайроҳае пайванд кардааст, ки байни шаху зовҳо печутоб хӯрда, ба боло, ба ҳамворие, ки Дашти Падаск ном дорад, мебарояд.

Дар бораи қалъаҳои дигар маълумоти муътамад нест, чунки ба онҳо ҳанӯз таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда нашудааст. Масалан, аз қалъаи Мадрушкат-яке аз марказҳои куҳанбунёди маъмурии Садаи Болои Масчо «нимтана»-е боқӣ мондаву халос. Зарафшони саркашу туғёнӣ ҷараён васеъ карда, ними онро рӯфта бурдааст. 

Барои сайёҳони ба қадамҷо, мазору хонақоҳҳо ҳавасманд дар Масчо чанд мазори маъруферо ҳам муаррифӣ намудан аз аҳамият холӣ намебуд.

Аз обидаҳои динию мазҳабие, ки дар кулли рустоҳои ин диёр мавҷуданд, Мазори Абумӯсо, воқеъ дар мавзеи ниҳоят зебоманзари оғозгоҳи Зарафшонрӯд, Мазори Хоҷа Иброҳим дар дараи серобу сергулу гиёҳе бо номи суғдии Лагаргиф, Мазори шайхи тариқати нақшбандия, дар домани деҳаи Паллорак бо номи сӯфиёнаи Бободол, мазори ҳазрати Довуди набӣ, ки дар баландӣ, рӯи шонаи куҳпуштаи ҳамешасарсабзе бо номи асрорангези Куҳӣ Туба (тавба) дар деҳаи Роғ, мавзеи ба номаш арзандаи фаррохдоману сабзрӯ, мавҷуд аст, оромгоҳи Бибиаёз, воқеъ дар лангархона ном мавзеи ба соҳили Зарафшон хамхӯрдаи Лангари Ёз ва чанде дигарро тавсия метавон кард.

Ҳамчунин дар ноҳия мазори Чилдухтарон (деҳаи Андарвашт), оромгоҳи Саиде аз Самарқанд дар деҳаи Имбеф, мадфани Дарвешмуҳаммад Зоҳиди Озоди Хуҷандӣ дар Ронҷ, оромгоҳи ҳамин шайх дар рустои баланде бо номи Ғувинди Тагоби Оббурдон метавонанд таваҷҷуҳи сайёҳон ва пажуҳишгарони ҷараёни тариқати сӯфияро ба худ ҷалб намоянд. Мазори Хоҷаи Гулшан (деҳаи Рогиф) ва муқаддасҷои Хоҷаи Сабзпӯш дар Ревомутк диданию омӯхтанианд.

Дар Тоҷикистони зебои мо ҳар маҳаллу макон, хусусан рустоҳойи куҳистонии он, муъҷизоти ба худ хосеро дороянд. Масчо низ дар симои табиати худ нақшҳои ҳайратангезе дорад, ки қодиранд сайёҳони хориҷию дохилиро мафтун намоянд. Барои ҳавасмандони офаридаҳои нодири Худованд дар чеҳраи табиати ин диёри куҳанбунёд акси Бибимарямро, ки дар Шахи сафед ном сутункуҳи мармарин «ҳаккокӣ» шудааст, тасвири андоми марди сар ба тавба пеши Худованд хамкардаи «бандаи гунаҳгор» дар шахсори Куҳи Туба, ангораҳое бо номи «Гаҳвораи заррин» дар тагоби Рухшиф, Санги Шикоф-харсанги азиме, ки обу бод дар синааш нақб кандаанд, дар тагоби Табаспин ва чанде аз аҷоиботи дигар дар дараю тагобаҳои Ҳушёр, Лагаргиф, Яхрӯд, Пиёрӯд, Туро, Пастиғав, Водиф, Аълами Оламиён, Тагоби Ҷиндон, Пакшиф, Деҳманора, Падроғ манзури назар шуда метавонанд.

Пас аз Ҳисорак дар Масчо бозёфти нодиртарини бостоншиносон сангнигораҳои Тагоби Сабағ мебошанд. Кошифи онҳо муаррих ва пажуҳишгар Почомуллоев мутмаин аст, ки ин силсилаи ҳаккокиҳои рӯи санг хеле қадимӣ буда, ба асри биринҷӣ тааллуқ доранд. Ва ин нигоштаҳои одамони он ҷамъият ягона нестанд. Дар аксари рустоҳои ин диёр сангҳои навиштаро пайдо кардан мумкин. Осори ҳунарии ниёгонро низ сари ҳар қадам дучор шудан имконият дорад.

Сокинони Куҳистони Мастчо аз қадим ба кишоварзӣ ва чорводорӣ машғул будаанд. Ҳунармандӣ низ дар зумрае аз деҳаҳои он, аз ҷумла Оббурдон, Ҳадишаҳр, Эсиз, Рогиф, Ревомутк, Падаск, Мадрушкат, Валғунд, Роғ ривоҷ дошту дорад. Косибони ин маҳалҳо ба дуредгарӣ, оҳангарӣ, қисман ба бофандагӣ машғул мешудаанд. Осори ҳунарашон то замони мо (кӯзаҳо, оҳани ҷуфт, чарху дӯк, дастгоҳҳои намадсозию гилем ва матоъбофӣ, лӯлаҳои (қубур) нақли оби нӯшокӣ аз сафол, нақшу нигори бурҷу бора ва кодоки манзилҳо) омада расидааст. Ҳунармандони насли нав касби аҷдодони худро идома ва такмил додан доранд.

Аз соли 1923 Куҳистони Масчо ба ҳайси Кумитаи маҳаллии инқилобӣ (раисаш Бобохони Ҳамдам) аз тарафи ҳукумати шӯравӣ шинохта шуд. Чоруми октябри соли 1924 бошад, ҳангоми тақсимоти марзӣ дар Осиёи Миёна онро аз ҳайати РАСС Туркистон бароварда, ба РАСС Тоҷикистон шомил намуданд.

Ниҳоят, соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил ёфт ва Масчо, чун воҳиди мустақили маъмурӣ, аз 5 декабри ҳамон сол расмият пайдо кард.

Соли 1956 бо тақозои замон ва қарори ҳукумати вақт, бо мақсади азхуд кардани заминҳои ташналаб ва бекорхобида мардуми Куҳистони Масчо низ ба дашти Дилварзин муҳоҷир карда шуданд.

Диёри куҳанбунёде, ки онро сокинонаш бо дилкашолӣ тарк карда, ноилоҷ маъвои аҷдодӣ, манзилҳои хуни нофашон рехта, мазористонҳои бобоёнашон хуфтаро ба қисмат ҳавола намуда рафта буданд, муддате, шояд 20 сол, холӣ монд. Зиндагӣ гӯё ғояте (20 сол барои таърих, барои маскунгоҳе, ки умри панҷҳазорсола дорад, чизе нест) таваққуф кард, то нафас рост бикунад ва ҳаракати созандаю барозанда, биёрандаю барандаи худро идома бидиҳад.

Шуруъ аз ибтидои солҳои 70-уми асри гузашта бозгашт ба маъвои аҷдодон, аввалҳо пинҳонию баъдтар ошкоро оғоз шуд. Обу хоки шарифи ин сарзамин парвардаҳои худро боз сӯяш кашид. Манъу таҳдиди зимомдорони даврон асар накард.

Дере нагузашта бо ташаббуси роҳбарияти Масчои нав дар Масчои куҳна (он солҳо онро бо тамасхур ҳамин хел ном мебурданд) Иттиҳодияи байнихоҷагии (байниколхозӣ) гӯсфандпарварӣ ташкил карда шуд, ки заминаи мавҷудияташ чарогоҳҳо ва заминҳои бекормондаи деҳаҳои бобоӣ буданд.

Ба ин иттиҳодия мутахассиси варзидаи соҳаи иқтисод, роҳбари масъулиятшинос ва дурандеш, номзади илм Холмуҳаммад Сангинов роҳбарӣ кард ва барои оянда, барои эҳёи зиндагӣ дар маъвои аҷдодон заминаи муътамад гузошт. Маҳз дар ҳамин давра ба деҳаҳои куҳистон зери сояи "коргари иттиҳодия", "ёрдамчии чӯпон", "хошоктайёркун" ва дигар ниёзмандиҳо муштоқони обу хокаш кӯчида рафтанд. Оҳиста-оҳиста роҳбарони ноҳияи Масчои нав ҳам бо фаросат дарёфтанд, ки обод кардани Масчои куҳна ҳам лозим. Ва бозгаштро ба он расмият бахшиданд.

Дар аксари кулли деҳаҳо чароғи бобоӣ аз нав фурӯзон гашт, сукути ваҳмангези кӯчаю паскӯчаҳоро гуфтугузори мардум, хандаи кӯдакони онҳо барҳам зад. Мӯриҳо дудбаро шуданд, рӯзгори пур аз умеду орзуҳои инсонӣ ҷараён гирифт, ба ҷӯйҳои лабташна об омад, мазраҳо сабз шуданд, боғу роғ гулрез гардиданд.

Дар ин солҳои пурбаҳсу пурталош абармардоне чун Холмуҳаммад Сангинов, Саидҳаким Боқиев, Баҳриддинхоҷа Зокиров, Ҳаётхӯҷа Умаров, Домуллоҷон Қозиев, Амирбек Тӯйхонов, Бобои Дарвеш Ашӯров, Азизмаҳмад Валиев, Саидаҳрор Аҳмадов, Анварбек Фаррухов, Охун Мухторов, Қуддус Сангинов, Бобо Ҳасанов ва дигарон дар деҳаҳои аксаран матрукшуда ободонӣ ва барқароркунӣ, обёрии заминҳоро ба роҳ монда, бозгаштагонро сафарбару сарварӣ намуданд, дар эҳёи ҳаёт дар диёри бобоён ҳиссаи босазо гузоштанд. Ибтидои солҳои 90-и асри гузашта дар заминаи иттиҳодия, бо мақсади ба роҳ андохтани истеҳсолот ду хоҷагии давлатӣ (совхоз) ташкил карда шуд. Баъдтар, пас аз эълон шудани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон онҳо барҳам хӯрданд, ҷояшон 4 хоҷагии ҷамоавӣ (колхоз) ташкил ёфт. Тӯли беш аз 20 сол, яъне даврони барқароршавии хоҷагидорӣ ва ободонии маҳалҳои аҳолинишин Куҳистони Масчо тобеи ноҳияи Масчои нав (дар ду шӯрои ҷамоатӣ, Лангар ва ба номи Иван-тоҷик буд) як ҷузъи ин ноҳияи калонтарини пахтакорӣ дар вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) ба ҳисоб мерафт.

Нимаи дуюми солҳои 90 афзоиши аҳолӣ, пайдо шудани мушкилоти рафтуомад, бинобар ҳаводиси маълуми даврони ҷанги шаҳрвандӣ, фалаҷ шудани назорати маъмурӣ, зиёд гардидани талаботи мардум ба маводи аввалияи зист, паст фуромадани сатҳи таълим ва тарбия дар мактабҳо, хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ зарурияти ташкили ноҳияи наверо дар ин маскунгоҳи бостонӣ ба миён оварданд.

Соли 1996 бо иқдоми шахсии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки шароити зиндагии сокинони Куҳистони Масчоро дар давраи гузариш аз як сохт ба сохти дигари ҷамъиятӣ, дар чунин айёми ҳассос хуб дарк карда буд, дар харитаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ноҳияи нав, воҳиди маъмурии мустақил - Куҳистони Масчо арзи ҳастӣ намуд.  Ин "шукуфаи Истиқлол" тӯли 20 соли мавҷудият ва нумӯи худ, тавассути таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии бевоситаи раисони вилояти Суғд муҳтарамон Қосим Қосимов, Қоҳир Расулзода (алҳол Сарвазири мамлакат) Абдураҳмон Қодирӣ ва Раҷаббой Аҳмадзода бозсозӣ ва ислоҳоти хоҷагидориро аз сар гузаронид ва хеле рушд кард, чун ноҳия мавқеи худро дар ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсию иқтисодии ҷумҳурӣ барқарор ва мустаҳкам намуд, ба яке аз мавзеъҳои босамартарини истеҳсоли картошкаи хушсифат, меваҷоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи боғот табдил ёфт.

Феълан дар Куҳистони Масчо беш аз 23 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Масоҳати умумии ноҳия 3,7 ҳазор км буда, аз он 3514 гектар замини корами обӣ, 450 гектараш боғот мебошанд. Ҳосилнокии зироатҳо хеле баланд шудааст. Ҳамасола аз заминҳои киштшаванда 350-400 сентнерӣ картошка, то 58 сентнер гандум ва дигар зироатҳо ҳосил рӯёнида мешавад. Кишоварзони ноҳия соле наздики 70 ҳазор тонна картошка истеҳсол намуда, бозорҳои ҷумҳуриро бо ин навъи маҳсулоти хушсифат таъмин менамоянд. Аз 450 гектар боғи мевадиҳанда ҳар сол даҳҳо тонна меваҷоти хушсифат ҷамъоварӣ карда мешавад.

Соҳаи чорводорӣ низ дар даврони Истиқлолият тараққӣ кард. Хусусан, дар сектори хусусӣ саршумори моли майда афзудан дорад. Парвариши қутос, ки 4-5 сол пеш ба роҳ монда шуд, ривоҷ ёфт.  Ободонии маҳалҳо, сохтмони бино барои муассисаҳои ҳифзи саломатӣ, маориф ва фарҳанг, таъмиру такомули роҳҳо, пулу гузаргоҳҳо, обшикану монеаҳои соҳили Зарафшон хеле назаррасанд. Тӯли 15-20 соли охир бо истифода аз маблағгузориҳои хориҷӣ ва буҷаи маҳаллию ҷумҳуриявӣ, ҳиссагузориҳои ройгони аҳолии маҳал ва соҳибкорони худӣ чандин маркази саломатии замонавӣ, бинои нави мактаб, мактаб-парваришгоҳ, идораи маориф сохта шуд.

Таъмини аҳолии ноҳия бо энергияи барқ рӯ ба беҳбудӣ дорад. Хати баландшиддати интиқол дар се соли охир ба масофаи 30-35 км боло рафта, аз Хайробод то Сабағ тӯл кашид. Дар рӯдхонаҳои мувофиқ нерӯгоҳҳои хурди истеҳсоли барқ сохта шудааст. Муассисоти фарҳангию маърифатӣ низ рӯ ба беҳбудӣ доранд. Қасри фарҳанг ба истифода дода мешавад. Дар ду ҷамоати ноҳия Лангар ва ба номи Иван-тоҷик беш 10 китобхона амал мекунанд. Рӯзномаи ноҳиявии "Паёми куҳистон" нашр шудан дорад. 

Ин диёри куҳанбунёд дорои захираҳои бойи маъдан ва ангишти хушсифат мебошад. Дарёфт ва коркарди конҳо ҳадафи ояндаанд. Алҳол дар Fузндара корхонаи хусусии истеҳсол ва фурӯши ангишт амал мекунад. Дар тагоби Табаспин бошад, корҳои омӯзишӣ-ҷустуҷӯӣ ва андозагирии кони тиллои "Қулла" идома дорад. Дар роҳандозии кори ноҳияи нав, гузаронидани ислоҳоти сохти хоҷагидорӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави муносибат ба соҳаи кишоварзӣ, тақсимоти замин ба деҳқонон чун саҳм, барқарор намудани сохторҳои ҳукумати маҳаллӣ, банақшагирии рушди Куҳистони Масчо, ҷалби маблағҳои хориҷӣ ва сарфу харҷи ҳадафноки онҳо шахсиятҳое чун Сироҷиддин Ҳасанов (раиси нахустини ноҳия), Мирзоҳаёти Мирзоолим, Тоҷиддин Ниёзов, Бердибой Қозиев, Нурулло Оқилов (собиқ раиси ноҳия), Шариф Ҳасанов, Суҳробшоҳ Охунов (раиси собиқи ноҳия), Маҳмадамин Аминов (собиқ раиси ҷамоати Лангар), Раҳимҷон Наимов, Амирбек Тӯйхонов, Мулломаҳмад Рӯзиев, Абдуқайюм Fаффоров, Шоҳмаҳмад Холов, Абдуҷаббор Шоев, Домуллоҷон Қозиев (собиқ роҳбари идораи андоз) ва чанде дигар саҳми арзанда гузоштаанд.

Саид САИДОВ

Шумо дар Минтақа

Баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва дар ин замина мутобиқ намудани он ба талаботи байналмилалӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар ин ҷода мунтазам чораандешӣ мешавад. Бо ин мақсад филиали ширкат ҳамкории худро бо ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ густариш бахшида, таҷриба ва технологияи ҷадиди онҳоро дар раванди фаъолият истифода намуда истодааст. Фаъолияти муштарак ва барои тарафайн судманд  имкон фароҳам меорад, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ беш аз пеш беҳбудӣ ёфта, мусофирону ронандагон аз хизматрасониҳои ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ баҳравар гарданд. 

Эътироф бояд кард, ки сарфи назар аз фаъолияти пурмаҳсули кормандони филиали ширкат, бинобар аз ҷониби баъзе ронандагони  воситаҳои нақлиёти гаронвазн риоя нагардидани талаботи мавҷуда, аз ҷумла қоидаҳои ҳамлу нақли молу маҳсулот вайроншавии баъзе қитъаҳои роҳи Душанбе –Чанок ба вуҷуд омада истодааст. Вазъият то ҳадде нигаронкунанда аст, ки дар ин масир садҳо километр роҳ осеби ҷиддӣ дида, филиали ширкат дар ин минтақаҳо таъмири куллии роҳро гузаронд. 

Бо мақсади пешгирӣ ва бартараф намудани ин падидаи номатлуб -  аз меъёр зиёд бор гирифтани ронандагони воситаҳои нақлиёти гаронвазн филиали ширкат тадбирандешӣ дошту дорад. Дар навбати аввал корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд, зеро беҳтарин васила баҳри рафъи мушкилот маҳз ҳамин усул аст. Мутаассифона, бо вуҷуди густурда будани корҳои фаҳмондадиҳӣ, на ҳама ронандагон муҳимияти масъалаи мавриди назарро дарк намуданд. 

Сониян, нуқтаҳои вазнченкунӣ фаъол гардиданд. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки то ин замон дар километрҳои 39 ва 181 нуқтаҳои вазнченкунӣ фаъолият доштанд. Бо мақсади тавсеа бахшидани чораандешиҳо ҷиҳати тамдиди муҳлати истифодаи роҳ роҳбарияти филиали ширкат тасмим гирифт, ки дар наздикии ҳар плазаи толлингӣ чунин нуқтаҳоро мавриди истифода қарор диҳанд. 

Иттилоъ медиҳем, ки аз 10 августи соли равон дар километри 39 –ум нуқтаи нави вазнченкунӣ, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз аст, ба фаъолият шуруъ менамояд. Баҳри татбиқи ин иқдом ҳамкории филиали ширкат бо ширкати “Tecsidel” беш аз пеш густариш ёфтааст. Гуфтан бамаврид аст, ки ширкати зикршуда таҷрибаи кофии кор дар лоиҳаҳои мавриди назарро дошта, кишварҳои пешрафтаи олам, аз қабили Франсия, Испания, Британияи Кабир, Норвегия, Шветсия, Ирландия, Федератсияи Русия, Бразилия, Чили, Аргентина, ИМА, Ҳиндустон ва ғайра аз таҷҳизоту хизматрасониҳои он истифода намуда истодаанд.

Бартариҳои нуқтаи нави вазнченкунии километри 39 зиёд буда, бо мақсади ба вуҷуд наомадани ҷамъшавии шумораи зиёди воситаҳои нақлиёт аз ҳарду ҷониби ҳаракат баркашидани воситаҳои нақлиёт ба роҳ монда шудааст. Чунин тарзи кор шароит фароҳам меорад, ки барои муайян намудани вазн ва андозаи воситаҳои нақлиёт дар нуқтаҳои вазнченкунии нав фурсати зиёд сарф нашавад. Илова бар ин, дар нуқтаи нави вазнченкунӣ пардохти ғайринақдӣ ва корпоративӣ имконпазир буда, ин омил аз лиҳози моҳият қобили мулоҳиза ва муҳиму саривақтист 

Махсус таъкид менамоем, ки андешаҳо бобати он ки нуқтаҳои мазкур ба хотири ҷамъоварии иловагии маблағ таъсис ёфтаанд, беасос буда, мо ба ҳеҷ ваҷҳ манфиатдор нестем, ки ронандагон аз меъёр зиёд бор гиранд. Зеро хароҷоти мо дар робита ба таъмири роҳ аз маблағе, ки дар нуқтаҳои вазнченкунӣ ҷамъоварӣ мешаванд, бамаротиб зиёд аст. Эътироф бояд кард, ки табиати инсонҳо, хоса мардуми Шарқ аҷиб аст. Содир кардани кирдори номатлубе, ки пайомадаш муҷозот набошад, барои як идда падидаи маъмул буда, далели бебаҳси он аст, ки аксар маврид маҳз пешбинӣ нашудани ҷавобгарӣ боиси тамоюли афзоишро касб намудани қонуншиканӣ буда метавонад. Далел меорем: То фаъол гардидани маркази худкори «Шаҳри бехатар» қисмати аъзами ронандагон «шоҳу таъбашон вазир» буд. Чун қонунвайронкуниҳояшон боиси холишавии киса гардид, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ муҷрим дониста нашаванд. 

Моҳиятан таъсиси нуқтаҳои вазнченкунӣ таъсиррасонӣ маҳсуб шуда, ҳадафи роҳбарияти филиали ширкат ба ин васила аз байн бурдани қонуншиканӣ - бо бори аз меъёр зиёд ҳаракат намудани воситаҳои нақлиёт аст. Ояндаи наздик дар назди дигар плазаҳо – Шаҳристон , Истаравшан ва Чойрух низ чунин нуқтаҳои вазнченкунӣ фаъол мешаванд. 

Қобили зикр аст, ки иқдоми мазкур ҷиҳати иҷрои «Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд» амалӣ шуда, риояи муқаррароти қоидаҳои зикршуда аз ҷониби моликону истифодабарандагони воситаҳои нақлиёт, новобаста аз шакли моликият ҳатмӣ мебошад. 

Дар ин ҳуҷҷат минҷумла омадааст, ки «андозаҳои максималӣ ва меъёрҳои вазни воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба вазн ва андозаҳои васитаҳои нақлиёт, ки интиқоли байналмилалии борро дар роҳҳои автомобилард анҷом медиҳанд, муқаррар карда мешавад». 

Бо дарназардошти нукоти зикршуда иловатан таъкид менамоем, ки иқдоми мазкур на ба хотири ҷамъоварии маблағи иловагӣ, балки ҷиҳати аз байн бурдани ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳои аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд амалӣ шуд. 

Аз ҷониби дигар, чунин иқдом дар тамоми мамлакатҳои олам роиҷ буда, натиҷаҳои хуб ба бор овардааст. Итминонамон комил аст, ки мусофирону ронандагон моҳияти ин иқдомро дуруст дарк намуда, талаботи ҷоришударо риоя хоҳанд кард.

Маркази матбуоти Филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумо дар Иқтисод
Шанбе, 11 Август 2018 16:20

Мо кай доғистонӣ мешавем?

Аз давраи мактабхонӣ хотирае аз лавҳи хотирам ҳеҷ гоҳе зудуда намешавад. Байни ҳамсинфон дар хондани китоби бадеӣ як навъ мусобиқа мекардем. Ҳар кас мехост бо китоби нав хондааш байни ҳамсинфон дастболо бошад. Ҳамин вақт китоби сабзе, ки рӯи муқоваи он як гӯшаи зебоманзари куҳистон бо амали рассоми хушсалиқае нақшу оро ёфта буд, уфтод: Расул Ғамзатов «Доғистони ман». Ин китоб аз саҳифаи аввал хаёлу ёди маро ба сӯи худ кашид, шефтаву шайдоям намуд. Лаҳну гуфтор, нигоришу сабту услуби хоса, рангинбаёнии асар ва пеш аз ҳама муҳаббату садоқати муаллиф дар ситоиши зодгоҳ-ба қуллаҳои баланди Эйфел, кушку манораҳои Порис баробар намудани деҳаи хурдакаки Сада дар авули Хунзах маро моту маҳбути худ гардонид. 

Ин асарро тарҷумони варзидаи адабиёти тоҷик Абдуллоҳи Зокир бо бадеияту ҷаззобияти сеҳри сухани воло ороставу пероста гардонида, ҳар нуктаву маъниро бо салиқаи ба худ хос тарҳрезӣ намуда буд.

Дар китоб бахшу бобҳое бо унвони «Гуфтор андар ситоиши китоб», «Забон ва услуб», «Жанри асар» оварда шуда, сабки хоси нависанда бо ибораҳои гушнавози «Падарам мегуфт…», «Абӯтолиб нақл мекард..», «Сулаймон Сталский дар анҷумани нависандагони шӯравӣ» ва амсоли ин нақлу ҳикоятҳои ҷолибе хонанда худро дар пари мурғи ҳумои қиссаву ривоятҳо ба сарзамин дури афсонавие роҳнамун мехост.

Вақте сухан дар бораи қадру манзалат ва бузургдошти забони модарӣ меравад, Расул Ғамзатов қиссаеро ёдовар мешавад: «Дар Порис ҳамватанони худро вохӯрдам, дар либоси мӯди аврупоӣ, бо кӯлоҳу салобати хоса. Ва донистам, ки аз куҳистони Доғистон ба амри тақдир ин ҷо омадаву зиндагӣ ихтиёр намуда. Бо мадади дӯстони тарҷумонам бо ӯ ҳамсуҳбат шудам. Ман бо доғистонӣ ҳарф мезадаму ӯ ба забони франсавӣ. Дӯсти забондонам моро тарҷумонӣ мекард. Ба Ватан баргаштаму модари он ҳамватани ғарибафтодаамро, ки дар деҳаи дурдасте зиндагӣ дошт пайдо намудам ва хостам салому пайғоми писарашро ба ӯ бирасонам. Зан аввалин суоле ки ба ман дод чунин буд:

- Росташро бигӯ шумо бо писари ман бо забони модарии худ суҳбат кардед?

- Не, - гуфтам ман дар ҷавоб - ман бо забони модариам ҳарф мезадам ӯ бошад бо забони франсавӣ. Дар байн тарҷумон суханҳои моро тарҷума мекард, ҳамин тавр аз ҳолу аҳволи ҳамдигар огоҳ шудем. Ҳамин дам зан аз ҷояш бархост, рафту дарҳол болои оинаро пӯшонид, сипас рӯймоли сиёҳи мотамие ба сару рӯй печониду рӯ ба рӯям нишаста гуфт:

- Не Расул, ту хато мекунӣ, ӯ писраи ман нест, писари ман кайҳо зиндагиро падрӯд гуфтаасту инро ман ҳозир эҳсос намудам ва дигар чашминтизораш ҳам нестам. Писари ман лафзи модарии худро, ки бо шири сафедаш додам бояд фаромӯш намекард». Ва сипас шоир ин мисраҳоро барои тақвияти андешааш ба қалам медиҳад: 

Агар донам, ки фардо мешавад забони модариам гум,

Ман имрӯз мурданам авло бидонам…

Дар авули Хунзах духтарони кӯзабардаст, кӯзаҳои худро аз оби мусаффои чашмасор пуркардаву яке ба дугонаҳояш бо табассуми малеҳ мегӯяд:

- Эй кош аз ғаму ғусса раҳо мебудаму дили беғаму ғусса ва поку беолоиши Расул мебудам, дар синаи ӯ метапидаму ҳамроҳаш ба мамлакатҳои дур сафар мекардам. Расул ин гапҳоро мешунавад, худ ба худ мегӯяд: «Агар медонистед, ки дар дили «беғам»-и Расул чӣ ғаму дардҳое нуҳуфта, чӣ сару савдое ӯро шабонарӯзӣ азият медиҳад, шиканҷа мекунад ва водораш месозад, ки пайи дарёфти дурри маънӣ паси мизи эҷодӣ нашинад. Ва ин дарду ғуссаҳоро фақат килки сеҳрофари ӯ метавонад ба рӯйи саҳфаи авроқ рехта, чун рассоми дар ғурбатафтодаи ҳамватанонаш расми парандаеро дар қафас тасвир намояд, ки мислу монандашро касе дар рӯйи дунё надида... Ва ин паранда тахаюли хаёлоти рассом ва худи ӯст. Ва ин эҷод эҷоди нотакрори Расул будаву маъвову мақсуди ӯст. 

Дар тасвири образҳои шоири машҳур Абӯтолиб, Сулаймон Сталский, Афандӣ Капиев ва падараш Ғамзат Цадаса ифтихор аз ватану ватандорӣ, забону миллат, арзишҳои маънавӣ бисёр ҳам бо ҳисси баланди воқеъбинона ба қалам дода…

Хусусан дар тасвири шахсияти таърихие чун Имом Шомил, ки ифтихори ҳар як доғистонӣ аст, шукуҳу шаҳомати як шахси ватандор падидор мегардад.

Гуфтан ба маврид аст, ки «Доғистони ман» аввали солҳои 70-ум ба табъ расидаву бо мазмуну мундариҷаву сабку услубаш беназир дониста шуда, дар муддати кӯтоҳ ба забонҳои дигар тарҷума гардида, дар қатори дигар асарҳояш ба Шоири халқии Доғистон Расул Ғамзатов шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Ин асар дар адабиёти ҳамонвақтаи тоҷик як ҷунбишу такони эҷодие ба бор овард. Бузургмардони майдони адабиёти навини тоҷик устодони каломи мавзун Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва шоираи маъруф Гулрухсор дар ситоиши деҳу диёр ба муъҷазбаёниву тобишҳои рангоранги манзараҳои куҳистон парчами шеъри миллиро парафшон намуданд.

Устод Муъмин Қаноат муҳаббатномаи пур аз меҳру садоқат ифшо намудаи худро бо номи «Тоҷикистон исми ман» эҷод намуд. Мағз андар мағзи ин достон мисраву байтҳое қаламӣ шуда, ки зарраи хоку санги ин диёри офтобиамонро бо муқалами сеҳрноки худ чун рассоми босалиқае ба рӯйи саҳфае тарҳрезӣ намуда, сипас пора-пора ба назм овардаву «устухонбандӣ» мекунад. Сарманшаи ин меҳрномаи шоир фикр мекунам аз тору пӯди ҳамон асари шоири доғистонӣ сарҷӯйи сабзе гурифтаву ҷорӣ мегардад. Тасвири манзараву зебогиҳои афсункори табиати нотакрори куҳистон-бо таровату назокати хосааш, сабзаву долу дарахтони ҳамешасабзаш ва гулу гиёҳи муаттару накҳатбораш бо маҳорати баланд рӯи сафҳаи авроқи сафед эҷо шудааст. 

Дар ин росто «Ифтихор» ном шеъри устод Лоиқ пешгоми ашъори пурғановат дар мавзӯи арзишҳои баланди миллӣ мебошад, ки чунин байтҳои ноб матлаъи ин шеър аст:

Дар миёни куҳсорон сахтҷонам зодаанд, 

Дар раҳи куҳсор баҳри имтиҳонам зодаанд. 

Волидайни бенишонам чун нишонам зодаанд, 

Дар диёри камзамине бекаронам зодаанд. 

Гарчи мегуфтанд аз қисмат бувад фардои ман, 

Гарчи мегуфтанд серӯзӣ бувад дунёи ман, 

Гарчи дар гаҳвора мебастанд дасту пои ман, 

Дар замин баҳри талоши осмонам зодаанд.... 

Дар ашъори шоири рангинхаёлу дардошно устод Бозор Собир ин шӯру исён ва аз худ гузаштанҳо дар шеъри «Боди Файзобод…» ва «Хати Сурх» роҳу равиши эҷодиашро муайян месозад. Хусусан ин байтҳо, ки аз китоби сабзи «Доғистони ман» сарҷӯ гирифта:

Аз Ватан дур гарчи бисёр аст,

Зиндаю мурдаи ба ному нишон,

Лек осон набуду осон нест,

Аз Ватан дур мурдани мардон…

Он ки худ дар дилаш ғаме дорад,

Нест ӯ бе ғами дигарҳо ҳам.

Душмани ҷони ҳар қабилаву халқ

Душмани ҷони ӯст дар олам…

Дар шеърҳои хамосавии шоир «Шоиру шеъре агар ҳаст…», «Қисмати шоир», «Кӯдакӣ кӯ?» ва «Забони модарӣ» эҳсоси баланди худшиносиву ватандорӣ ҳар хонандаи огоҳу меҳанпарастро манбаи ифтихору дарси хештаншиносӣ аст. Ин байтҳо аз «Забони модарӣ»-и шоир тавоно Бозор Собир наметавонад дили шахси ватандӯсту ба арзишҳои миллӣ содиқро ба ваҷд наоварда бошад:

Худ ба худ дар гӯшаи хоки диёр,

Аз ҷудоӣ, аз ғарибӣ,

Ӯ гиристу гиряҳо бар обшорон ёд дод,

Лафзи куҳистоние бар барфу борон ёд дод.

Рӯдҳоро Рӯдакихон кард ӯ,

Бодҳоро Анварихон кард ӯ.

Васфи тору пӯд ва куҳу куҳпораҳои Доғистон аз тарафи Расул Ғамзатов андаруни буруни қиссаҳои ӯ нақши муассир дорад. Ин ҳам бошад саргузашти Маҳмуди ноком, Маҳмуде ки ба торҳои қомус чун торҳои нозуки дили худ захма мезанад, Маҳмуди шайдоиву ошиқ.

Муҳаммадмуроди Сайдалӣ

Шумо дар Ҷаҳон

(Гузориши тасвирӣ аз парвози нахустини ҶСК «Тоҷик Эйр» ба Самарқанд)

Рӯзи 28-уми июли соли равон ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвози нахустини худро дар хатсайри Душанбе-Самарқанд-Душанбе бомуваффақият анҷом дод. 

Ҳавопаймои Boeing 737-300-и ҶСК «Тоҷик Эйр» соати 9:00-и субҳ бо 144 мусофир аз «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба самти Самарқанди бостонӣ парвоз намуд. Дар парвози нахустин дар ин хатсайр Хайрулло Раҳимов, директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр», намояндагон аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», КВД «Тоҷикаэронавигатсия», фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорону мусофирон ҳамсафар буданд. Пас аз гузашти 35 дақиқа ҳавопаймо дар фурудгоҳи шаҳри Самарқанд фуруд омад. Мусофирони нахустхатсайри Душанбе-Самарқанд-Душанберо намояндагони фурудгоҳи шаҳри Самарқанд хуш истиқбол гирифтанд.

Бо роҳнамоии онҳо ҳайати ҳамсафарон аз Мақбараи Хоҷа Дониёр, Гӯри Мир, майдони Регистон, Осорхонаи сардафтари адабиёти муосири тоҷик-Садриддин Айнӣ боздид ба амал оварданд. 

Ин сафар гарчанде кӯтоҳмуддат буд, аммо хушу хотирмон поён ёфт. Чи хуш аст вақте дар Самарқанд ба забони тоҷикӣ ҳарф мезанӣ, ҳама туро мефаҳманд ва бо ин забон бо ту вориди суҳбат мешаванд.

Ҳангоми бозгашт ба Душанбе аз Сайқали рӯи замин ҳар яке бо худ армуғоне ва албатта нони хушлаззати самарқандиро ҳамроҳ овардем.

Зимнан гуфтан бамаврид, аст, ки парвози дуюми ҶСК «Тоҷик Эйр» ба самти Душанбе-Самарқанд-Душанбе дар санаи 4-уми августи соли равон низ анҷом дода шуд. Минбаъд парвозҳо дар ин хатсайр шанбеи ҳар ҳафта анҷом дода мешавад. 

Муддати парвоз ба як тараф 35 дақиқа буда, чипта 684 сомонӣ арзиш дорад. Масъулини ҶСК «Тоҷик Эйр» мегӯянд, ки бо зиёду доимӣ шудани мусофирону парвозҳо дар ин хатсайр арзиши чипта низ арзон мешавад. Умедворем, ки ҳамин тавр мешавад. 

Суратгузориши мазкур аз рафти сафар ба Сайқали рӯи замин омода гардидааст, ки пешниҳоди хонандагони гиромии нашрияи «Самак» мегардад. 

 

Абӯалӣ НЕКРӮЗОВ

Душанбе-Самарқанд-Душанбе

Шумо дар Иқтисод
  •  << 
  •  < 
  •  3 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 3 аз 3

Хабари-рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.