.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Шанбе, 11 Август 2018 - || ФАРАЖ
Шанбе, 11 Август 2018 16:47

Восеъ: Дарди дилро ба кӣ гӯям?

(Ё чӣ тавр 0,4 сотих замин 0,66 сотих шуд?

 

Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ба Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Юсуф Раҳмон

Пешвои муаззами миллати мо! Ҷаноби олӣ!

 Ба Шумо маълум менамоям, ки дар муддати 10 сол 4 нома ба Дастгоҳи иҷроияи Президент навиштам. Супориши хаттии фиристодаи Дастгоҳи иҷроия ба мақомоти вилоятӣ ва ноҳиявӣ зина ба зина омада расиданд. Вале дар мақомоти сатҳи ноҳия ва минтақа аризаро насанҷида, рӯякӣ барои ман ва ба суроғаи Дастгоҳи иҷроия фиристоданд. Ба чор мактуби навиштаам як ҷавоби нусхабардоришударо ба такрор навишта фиристодаанд. Ҳам ба суроғаи ман ва ҳам ба суроғаи Дастгоҳи иҷроия. Ба Прокуратураи генералӣ низ 7 мактуб навиштам, ки оид ба одилона санҷидани арзи банда буд. Боз ҳам ҷавоби носанҷидаро фиристоданд. 3 нома ба номи Раиси вилоят навиштам, ки ба он ҳам ҷавоби маро қонеъкунанда надоданд. 

Аз ин сабаб, маҷбур шудам ин маротиба ба номи Шумо тариқи рӯзнома арзи худро расонам. Ҷаноби олӣ, ба Шумо боварӣ дорам ва ягона умедам аз Худо ва баъдан аз Шумо аст.

Раиси ноҳияи Восеъ Мӯсо Ғафурзода ба 7 номаи навиштаи банда ягон посухи қаноатбахшкунанда надодааст. Қарори баровардаи ҷамоати деҳоти Гулистон оид ба заминҳои наздиҳавлигии 7 нафараи сокинони деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Гулистон, аз соли 1999, бояд дар бойгонии ҷамоат маҳфуз мебуд. 11 сол аст, ки мо онро суроғ мекунем, вале он беасос нобуд карда шудааст. Дар посухҳои Раиси ноҳия омадааст, ки қарор дар бойгонии ҷамоат нест, балки дар бойгонии шаҳри Кӯлоб аст. Мо ба бойгонии шаҳри Кӯлоб рафта дидем ва ҷавоби хаттӣ гирифтем, ки дар бойгонии шаҳр ва минтақаи Кӯлоб қарори лозима нест.

Бо арзи эҳтиром аз Шумо хоҳиш менамоям, ки ба мо ҷиҳати барқарор намудани адолати судӣ кӯмак намоед. Ҳалномаи судие, ки суди ноҳияи Восеъ оид ба даъвои даъвогаре, аз замини наздиҳавлигии мо, ки дар он хонаи истиқоматиамон ҳаст ва солҳои зиёде зиндагӣ дорем, кӯмак намоед, зеро, ки ҳукм бо якчанд далелҳои қотеъ, ки дар поён қайд карда мешаванд, ғайриобъективӣ ба манфиати даъвогар бароварда шудааст.

Нафари даъвои заминдошта, як нуқтаи фурӯши сӯзишвориро, ки замони давлатӣ буданаш ҳамагӣ ду колонкаи бензинрезии сайёр, як вагон ва 4 сотих замин дошт, пас аз шахсӣ кардан бо роҳи ғайриқонунӣ васеъ карда, барои 66 сотих замин сертификати шубҳанок гирифтааст. Дар сертификат санаи мушаххаси додани он нишон дода нашудааст. Сертификати мазкур таҳти №101А дар Кумитаи замин ба қайд гирифта шудааст ва Суди ноҳияи Восеъ маҳз ҳамин рақами қайдро асоснок намуда, ҳалномаи нодуруст баровард. Суди кассатсионӣ инро бетағир мононд, дар ҳоле, ки ин рақам, яъне №101А на дар китоби бақайдгирии шӯъбаи Кумитаи замин дар ноҳияи Восеъ ва на дар китоби бақайдгирии Кумитаи давлатии замин ва геодезӣ сабт нашудааст. Дар бойгонии ин мақомот низ ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда нест. Мутаасифона, суд ин сертификати шубҳанокро асоснок намуда, ҳалномаро ба манфиати онҳо баровард. Ягон далели пешниҳоднамудаи маро ба инобат нагирифт. На суди ноҳия ва на суди кассатсионӣ китоби бақайдгирии кумитаҳои замини ноҳияву ҷумҳуриро набардошт ва талаб нанамуд, ки қонунӣ будани ин сертификат исбот карда шавад.

Ҳангоми хусусӣ кардани нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва «зиёд» шудани замини он, ҳамчунин дар ҳуҷҷатҳои таркиби парванда шубҳаҳо ва қонуншиканиҳо ҷой дорад. Бояд гуфт, ки аслан замини маҳалларо чен накарда, барои 66 сотих замин сертификат кардаанд. Аҳли маҳалла ёд надорад, ки касе заминро чен карда бошад. Ҳуҷҷатҳои зиёд, аз қабили ҳуҷҷатҳои пеш аз ғайридавлатӣ кардан, бо нишон додани масоҳати қитъаи замини пешина, эълони музояда ва протоколи он, ҳуҷҷати савдои нархпайдошавӣ дар рафти музояда нест.

Мувофиқи гувоҳнома ва саҳмияҳои директори Базаи нафти ноҳияи Восеъ (ҳозира АООТ «Искандар») Амиров Қувват, ки ҳоло ҳам соҳибмулки ин муассиса мебошаду нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ҷузъи ин муассиса буд, соли 2001 муассисаи мазкур ғайридавлатӣ карда шуд. Соли 2009 бо тартиб додани санади «супоридану қабул» муассиса пурра ба ӯ, яъне Амиров Қ. тааллуқ дошта, ӯ дар гувоҳномааш мегӯяд, ки нуқтаи фурӯши сӯзишвориро ҳеҷ гоҳ нафурӯхтааст. Пас бо кадом роҳ нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ шахсӣ карда шудааст?

Гузашта аз ин, дар харитаи замини Хоҷагии деҳқонии «Ҳулбук» қитъаи замини фурӯши маҳсулоти нафтӣ ва истгоҳи хусусигардонидаи шаҳрванд Бобоев У. 0.66 га дарҷ шудааст, ки ин бо харитаи «Баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳои истифодабарии меросии якумра», ки харитаи асосии Кумитаи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз ҷониба ПДА «Тоҷикзаминсоз»-экспедитсияи заминсозӣ тартиб дода шудааст, мувофиқат намекунад. Қитъаи замини баҳсӣ дар харитаи сатҳи ҷумҳуриявӣ ҳамчун маҳалли аҳолинишин нишон дода шудааст. Дар харитаи кумитаи замини ноҳия низ маҳалли аҳолинишин нишон дода шудааст.

Далелҳои қатъӣ аз мақомоти ҳукуматӣ дорам, ки мувофиқи он ҳуҷҷатҳо ва сертификати замини 66 сотихаи нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ғайриқонунӣ ба шумор мераванд.

Мувофиқи мактуби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2/8-02-55 аз 20.10.2017с. ва маълумотҳои бойгонии КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» то имрӯз ягон шахси воқеӣ барои истифодабарии нуқтаи сӯзишвории мазкур дар деҳаи Гулистони ноҳия Восеъ ва барои бо тартиби муқарарнамуда ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо, муроҷиат накардааст. КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и минтақаи Кӯлоб низ дар мактубаш таҳти №257 аз 10.10.2017с. қайд намудааст, ки мувофиқи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ объекти мазкур дар корхона ба қайд гирифта нашудааст. КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳияи Восеъ дар мактубаш таҳти №1-26 15.02.2018с. зикр намудааст, ки сертификати 66 сотих замин таҳти №101а  ба номи Бобоев У. дар китоби бақайдгирии сертификатҳои Кумитаи замин ва КДФ-и ноҳияи Восеъ ба қайд гирифта нашудааст ва нусхаи Протоколи қитъаи замини Бобоев У. дар бойгонӣ вуҷуд надорад. Ин далелҳои қотеъ басанда аст, ки сертификати №101а ба номи Бобоев У. барои 66 сотих замин ғайриқонунӣ шуморида шавад.

Ман ба ҳуҷҷатгузории нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ кор надорам, ин кори мақомоти давлатӣ аст. Гап сари он аст, ки соҳиби ин нуқтаи сӯзишворӣ заминҳои маро якҷо бо хонаи истиқоматиам «забт» карда, мувофиқи санад оид ба вобаста намудани қитъаи замин барои нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ соли 2005 сертификат кардааст. Дар ҳоле, ки хонаи мо бо ҳудуду деворҳояш аз соли 1999 арзи ҳастӣ дорад.

Яке аз далелҳои дигар он аст, ки давоми солҳои зиёд онҳо боре ҳам барои 66 сотих замин андоз насупоридаанд ва ягон расиди супоридани маблағи андоз надоранд. Онҳо гӯё, ки ин объектро ба маблағи 20000 харидаанд, агар чунин аст, бигзор расиди боҷи давлатиро пешниҳод намоянд. Тамоми деҳа медонад, ки ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ аз худи онҳо буд ва барои хок пошидан дар чашми судҳо ҳуҷҷати хариду фурӯш омода намудаанд. Худи гӯё фурӯшанда Бобоев Пайрав гуфт, ки ба ивази нуқтаи сӯзишворӣ бо 66 сотих заминаш аз касе маблағ нагирифтааст. Чаро Бобоев П.-ро ба суд даъват карда, намепурсанд?

Мо аз соли сохтани хонаи истиқоматӣ ва гирифтани сертификат андози заминро сари вақт месупорем. Нусхаи расиди супоридани маблағи андоз ва маълумотнома дар бораи қарздор набуданро дар даст дорем.

Оне, ки онҳо андози замини 66 сотихаро боре ҳам насупоридаанд, аз он шаҳодат медиҳад, ки ин қитъаи замин ҳеҷ гоҳ ба онҳо тааллуқ надошт.

Ёдовар мешавам, ки мо қитъаи замини наздиҳавлигиро дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунанда - ариза оиди ба мо ҷудо намудани замини наздиҳавлигӣ барои сохтани хонаи истиқоматӣ ба унвони роҳбарияти собиқ «Хоҷагии ба номи М.Маҳмадалиев», (баъдан «Хоҷагии деҳқонии «Ҳулбук» ном гирифт) аз таърихи 20.09.1999с. ҳамчун саҳмдорони ҳамин хоҷагӣ гирифта будем. Дар асоси ҳамин аризаамон намояндаи хоҷагии мазкур омада, ба мо хоҷагидорон иборат аз 7 нафар аз 8 то 12 сотихӣ заминро ҷудо карда дод ва сипас кумитаи замини ноҳия парвандаи замин ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро омода намуд. Аз ҳамон вақт сар карда, ман Иброҳимов Ҷ. ва хоҳарам Боймуродова О. бо аҳли оилаамон дар ҳамин замин, аз соли 1999 хонаи истиқоматӣ сохта, зиндагӣ дорем. Мутаасифона ин дар ҳалномаи судӣ қайд нашудааст. Далели барои мо ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтани манзили истиқоматиро Раиси ҷамоати деҳоти Гулистон дар ҷавоби мактуби ман соли 2018 дар мактубаш таҳти №1/139 аз 14.03.2018 с. тасдиқ намудааст.

Сипас дар асоси ҳамин Қарори хоҷагӣ соли 2007 тибқи Қарори ҷамоъати деҳоти Гулистон таҳти №129 аз 13.07.2007с. ба мо (Иброҳимов Ф. ва Боймуродова О.) сертификати ҳуқуқи истифодабарии меросии якумраи замин ба миқдори 12 сотихӣ ба ҳар кадом доданд, ки ин дар китоби бақайдгирии ҳуқуқи истифодаи замини Кумитаи замини ноҳия таҳти № 6536 ва № 6537 ба қайд гирифта шудааст. Ҳуҷҷатҳои номбаркардашуда дар «Парвандаи замин»-и мо М3-2559 аз соли 2005 инҷониб дар бойгонии Кумитаи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 19805 маҳфуз аст. Нақшаи замине, ки кумитаи замини ноҳия барои мо ҷудо кардааст дар харитаи заминсозӣ нишон дода шудааст ва он бо харитаи «Баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳои истифодабарии меросии якумра», ки харитаи асосии Кумитаи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ПДА «Тоҷикзаминсоз»-экспедитсияи заминсозӣ тартиб додааст, пурра мувофиқат мекунад. Қитъаи замини баҳсӣ дар харитаи ҷумҳуриявӣ ҳамчун заминҳои истифодабарии меросии якумраи аҳолинишин нишон дода шудааст. Дар харитаи кумитаи заминсозии ноҳия низ қитъаҳои замини мо дуруст нишон дода шудаанд, ки бо харитаи ҷумҳуривӣ мувофиқат менамояд.

Қайд кардан зарур аст, ки қариб нисфи 66 сотих замини ба таври шубҳаовар сертификаткарда аз ҳисоби заминҳои ҳамшафати шоҳроҳи нақлиётгарди ҷумҳурӣ мебошад, ки  ин худ мухолифи Қарори Ҳукумати ҶТ, таҳти №214 аз 6 майи соли 2006 мебошад. Инро ҳам суд ба назар нагирифт, ҳарчанд ман инро хаттӣ ба суд пешниҳод намудам. Мувофиқи ин қарор паҳноии 25 метр аз роҳ бояд ҳамчун минтақаи ҳифзшавандаи ҳамшафати роҳ дар тавозуни Вазорати нақлиёти ҶТ бошад, аммо онҳо бе  ягон асос то шоҳроҳи автомобилгард ба сертификат даровардаанд. Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, ки дар замони шуравӣ ҳамагӣ 4 сотих буд, аз ҳисоби заминҳои аҳолинишини ҷамоати деҳот ва заминҳои ҳамшафати шоҳроҳи автомобилгард бе розигии Вазорати нақлиёти ҶТ 66 сотих карда шудааст.

Хоҳиш менамоям, ки аз мақомотҳои дахлдор ҳамаи ҳуҷҷатҳои ибтидоии ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, яъне ҳуҷҷатҳои пеш аз хусусигардониро дастрас ва пешниҳод намоянд. Дар он ҳуҷҷатҳо масоҳати аслии замини нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дарҷ шудааст. Қарори раиси ноҳия таҳти №182 аз 20.10.1997с. барои ғайридавлатӣ гардонидани якчанд муассисаву идораҳои умумии техникии худи ноҳия аст, на барои ғасби заминҳои аҳолинишини хоҷагии ҷамоат. Онҳо ҳамин Қарори раиси ноҳияро истифода намуда, қонуншиканиҳои зиёде намудаанд.

Сертификатҳои моро суди ноҳияи Восеъ ҷиҳати аслӣ буданаш ба Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии назди Вазорати адлияи ҶТ фиристод ва баъд аз гузаронидани экспертиза Маркази мазкур тибқи хулосаи ташхисӣ комплексии судӣ - техникии ҳуҷҷатҳо, таҳти №-01-02-3288/2016, аз 17 октябри соли 2016, аслӣ ва ҳақиқӣ будани сертификатҳои моро тасдиқ намуд.

Инчунин, дуруст будани сертификатҳои моро Кумитаи замини ҶТ бо ирсоли мактуб тасдиқ намудааст.

Аммо суди ноҳияи Восеъ ноадолатона дар «Ҳалномаи судӣ»-и худ сертификатҳои моро беэътибор донист. Мо ин ҳалномаро ноадолатона меҳисобем ва бо он розӣ нестем. Ҳуқуқҳои мо дар вақти баррасии парвандаи шаҳрвандӣ поймол шуда, раискунанда намегузошт, ки озодона баромад кунем, ба тарафҳо саволҳо диҳем. Саволу ҷавобҳои моро дар протоколи маҷлиси судӣ ба пуррагӣ қайд накарданд. Раискунанда яктарафа амал кард ва танҳо нишондоди намояндаи даъвогарро ба инобат гирифта, баррасии парвандаро пеш бурд. Инчунин, дар мурофиа аз кумитаи замини ноҳия ҳамчун намоянда шахсеро даъват карданд, ки оид ба ин қитъаи замин чизеро намедонад ва ба иқрори худаш, дар он ҷо ягон бор  набудааст.

Вақте мо ба суди кассатсионӣ муроҷиат намудаем, он низ ҳамагӣ як бор моро даъват намуда, дар 25-30 дақиқа корашро анҷом дод ва ба мо эътибор ҳам надода, қайд намуд, ки баъди баровардани қарор ҳукмашро хаттӣ пешниҳод менамояд.

Баъдан маълум шуд, ки дар ҳарду марҳила ҳукмро бетағйир монондааст. Суди вилоятӣ низ ба доди мо нарасида, ҳукмро бетағйир мононд.

Ҳамин бедодгариҳо сабаб шуд, ки ба Шумо – Ҷаноби олӣ, бо умед муроҷиат намуда истодаем.

Пешвои муаззами миллат, аз Шумо хоҳиш менамоям, ки барои барқарор намудани адолат кӯмак намоед.

Далел ва ҳуҷҷатҳои лозимаро дар даст дорам ва ҳангоми лозим шудан пешниҳод хоҳам кард.

Бо эҳтиром,

Иброҳимов Ҷ.Б., 

сокини ноҳияи Восеъ, ҷамоати деҳоти Гулистон,

 деҳаи Гулистон

Шанбе, 11 Август 2018 16:42

Хоҳиш ва ҳадаф

«Агар Шумо хоҳед, ки ҳаёти хушбахтона дошта бошед, бояд алоқаманд бо мақсадатон бошед,на ин ки бо одамон ё ашё».

Алберт Эйнштейн

Пикей (қаҳрамони асосии филми «Пикей») аз дигар Сайёра ба замин меояд. Баробари расидан ба замин аз таҷҳизоте, ки имкони ба сайёраи худ бурданашро дошт, маҳрум мешавад, аниқтараш онро мӯйсафеде медуздад. Ин замон чӣ кор кардан, куҷо рафтан, чӣ хӯрдан, чӣ пӯшидан, дар куҷо хоб кардан, бо кӣ суҳбат кардан, роҳи ҳалли мушкилашро намедонад. Ҳамин тавр, чанде дар кӯчаҳо сарсону саргардон мегардад. Барои ба сайёраи худ рафтан ба ҳама дар сар мехалонад. Аз динҳои зиёд пайравӣ мекунад. Масҷиду калисоро хона ихтиёр менамояд. Шӯъбаи милисаро ҳам чанд маротиба хабар мегирад, аммо бефоида. Илоҷи кораш нопайдо мемонад ва миёни хотирҷамъӣ ва дилозурдагияш «ҷарии бетаге» ҳосил мешавад.

Чаро инҷо Пикейро мисол овардам? Хоҳиши зиёд доштам, ки дар бораи филми «Пикей» ва қаҳрамонаш чизе бигӯям. Мехостам одами бехоҳиш ва беҳадафро нишон диҳам. Дар зиндагӣ ҳадаф муҳимтарин чизест, ки барои давоми роҳро тай намудан, бояд ҳар нафар дошта бошад. Барои мақсади худро муайян кардан беҳтарин кор ҷаҳд аст. Метавон гуфт доштани ҳадаф баҳонаест барои зистан.

Инсон хоҳишҳои зиёд дорад. Мехоҳад донишманд бошад, кору вазифаи хубро соҳиб шавад, машҳуру соҳибэҳтиром гардад, оилаи хубу солим дошта бошад... (хайрият, ки ҳамин аломати се нуқта ҳаст, вагарна чанд саҳифа хоҳиши инсонҳоро менавиштам).

Нафарони зиёд хоҳишро бо ҳадаф омехта мекунанд. Бояд донист, ки хоҳишро аз ҳадаф як савол ҷудо мекунад: «Барои чӣ?»

Як нафар мехоҳад маълумоти олӣ дошта бошад. Аммо барои чӣ? Барои илм андӯхтан ва донишманд шудан. Донишмандӣ барои чӣ? Тавассути дониш, истеъдод, малака, маҳорат ва таҷрибаатро равнақ дода, мехоҳем кори хубе пайдо намоем ва ба вазифаҳои баланд бирасем. Кор ва вазифа барои чӣ? Барои он ки соҳибэҳтирому машҳур шуда, доимо дар маркази диққат бошем. Соҳибэҳтиром будан барои чӣ? Соҳибэҳтиромӣ дар ҷомеа барои ҳар нафар имконияти бунёди зиндагии идеалиро фароҳам меорад.

Бубинед, шахс маълумоти олӣ гирифт, донишманд гардид, вазифа гирифт ва ба шахсият табдил ёфт. Дар охир ҷавҳари аслияш пайдо шуд, яъне оилаи ободу солим бунёд кард. Маълум шуд, ки мақсади зиндагии он нафар на сарвату шӯҳрат, балки оилаи солим доштан будааст. Ҳадаф аз зистан ҳамин аст ва бояд инро донисту барои амалӣ гаштани он кӯшиш кард.

Баъзан барои дарки моҳияти масъалаи кӯчаке душворӣ мекашем. Дар ин ҳолат бояд як лаҳза таваққуф кард ва андеша намуд. Ва барои худ мушаххас намуд, ки ҳадафи аслӣ ва ниҳоӣ чӣ аст. Хулосаи ниҳоӣ ҳамин аст, ки мо бояд донем, барои кӣ ва чӣ зиндагӣ мекунем. Нафароне, ки бо нақшаи мушаххас ва ҳадафи муайян зиндагӣ мекунанд, ба қуллаҳои баланд расида, муваффақ гардидаанд.

Пас кӯшиш бояд кард, то «кӣ» ва «чӣ»-и худро пайдо намуд.

Ва ё нодуруст мегӯям?

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Шумо дар Нигоҳи хос
Шанбе, 11 Август 2018 16:38

Нубуғи гурезони Шумо

Дар рӯзгоре, ки ба иллати аз даст додани чандсад сафҳа аз кори панҷмоҳаам, дилшикаста ва маъюс будам, дӯсте паёми нависанда Элизабет Гилбертро бароям расонд. Гуфт, яке аз комёбтарин нависандагони имрӯзист, вале, шармандаам, ки ин номро бори нахуст мешунидам. Ҳоло мехоҳам, ба камияш, китоби охирини ӯро бихонам.

Ман шояд нависандаи хуб нестам, аммо хонандаи хубам. Китоби хубро бо тамоми ҳастиям мехонам. Бо панҷ ҳис ва амиқрафт ба шаш ҷиҳат. Ё, тавре ки Набоков мегӯяд, бо сутунмуҳраам. Ҳоло фикр кунед, ки хондани китоб бо сутунмуҳра чӣ маъно дорад.

Паёми Элизабет Гилберт, ки соли 2009 дар конфаронси TED садо додааст, дардамро сабук кард ва водoрам намуд, ки корро идома диҳам. Шояд ман хонандаи зиёд надорам, аммо медонам, онҳо беҳтаринҳоянд ва китоби маро бо сутунмуҳраашон хоҳанд хонд. Ман якояки онҳоро мешиносам ва дӯст медорам. Боре устод Сотим Улуғзода ба Муҳаммадзамони Солеҳ гуфта буданд: “Агар як хонанда ҳам дошта бошӣ, навис!”

Ин хонандагон ва дӯстони бешуморам нагузоштанд, ки ман шикастеро ҳис кунам ва ба заъфи равонӣ дода шавам, ҳарчанд ҳолам хеле бад буд. Аммо паёми Гилберт дар ин байн нақши меҳварро бозид. Меҳваре, ки нагузошт, қомати ман хам хӯрад. Чанде пеш онро аз нав хондам ва ҳарчанд мойил нестам, вақтамро ба тарҷума сарф кунам, фикр кардам, бояд ҳамаи адибони мо ва ҳамаи онҳое, ки нависанда шудан мехоҳанд, бояд як бор ин паёмро бихонанд. Як бор бихонанд ва агар ман ноҳақ будам, нафринам кунанд, ки вақташонро зоеъ кардаам.

Ҳоло худам вақт сарф кардаму тамоми сухани ӯро ҳарф ба ҳарф баргардондам ба забонамон.

Дар ҳоли хондани китоби машҳури ӯям ва аз ин кор роҳат дорам.

Бону Гилберт мегӯяд:

“Ман нависандаам. Китобнависӣ пешаи ман аст, вале, албатта, ин кор чизе бештар аз як касб ё пеша аст. Ман кори худро бениҳоят дӯст медорам ва чашми инро надоштам, ки ягон вақт, дар оянда, чизе бароям дигар хоҳад шуд. Аммо ба наздикӣ дар рисолати ман як рӯйдоди вижае сар зад, ки маҷбурам кард, бархӯрдамро ба пешаам бозандешӣ кунам.

Чанде пеш китоби “Бихӯр, саҷда кун, ишқ варз”-ро нашр кардам. Он аз ҳамаи навиштаҳои пешинаи ман сахт фарқ мекунад ва ба як китоби пурфурӯшу пурмоҷарои байнулмилалӣ табдил шуд. Дар натиҷа ман ҳар куҷо ки мерафтам, мардум бо ман тавре рафтор мекарданд, ки гӯё бо як махав рӯбарӯ шудаанд. Ҷиддан мегӯям. Барои намуна, онҳо бо ҳаяҷонзадагӣ наздам меоянд ва мепурсанд: “Аммо ту наметарсӣ, ки дигар ҳаргиз чизе беҳтар аз ин нахоҳӣ навишт? Ва дигар ҳаргиз китобе чоп нахоҳӣ кард, ки ба ин дараҷа барои мардум муҳим бошад? Ҳаргиз? Ҳаргиз?”

Умедворкунанда, на? Вале ба маротиб бадтар мебуд, агар ман дар ёд намедоштам, ки қариб 20 сол пеш, замони наврасӣ нахустин бор бо садои баланд гуфтам, нависанда шудан мехоҳам ва боз ҳам бо айни ҳамин гуна вокуниш рӯбарӯ гаштам. Одамон мегуфтанд: “Ту наметарсӣ, ки ҳаргиз комёб нахоҳӣ гашт? Ту наметарсӣ, ки ҳақорати рад шудан туро намекушад? Ки тамоми умр заҳмат хоҳӣ кашид, вале натиҷае нахоҳӣ гирифт ва зери орзуҳои амалинашуда, пур аз алами нокомӣ ва дилсардӣ хоҳӣ мурд?” Ва монанди инҳо.

Посухи кӯтоҳ ба ин пурсишҳо-ҳа. Албатта, ман метарсам аз ин ҳама. Ва ҳамеша метарсидам. Ва ман боз аз бисёр чизҳои дигаре низ метарсам, ки мардум дар гӯшаи хаёлашон ҳам надоранд. Барои намуна аз решаи обсабзҳо ва ваҳшатҳои дигар. Вале чун сухан аз нависандагӣ равад, мушкиле рӯ мезанад, ки танҳо ахиран ба он пай бурдаам ва ҳайронам, ки чаро чунин аст. Наход тарсидан аз коре, ки таъйиноти инсон аст, ақлона ва мантиқӣ бошад? Медонед, одамони эҷодкор як гуна вижагиҳое доранд, ки моро водор мекунад, ба саломатии равонии онҳо ҷиддан нигарон бошем. Ин чизест, ки дар касбу шуғлҳои дигар вонамехӯрад.

Барои намуна, падари ман муҳандиси риштаи кимиё буд. Ман ягон мавридро ба ёд оварда наметавонам, ки касе аз ӯ пурсида бошад, оё аз муҳандиси кимиёдон будан метарсад ё не: “Ин шуғл шуморо азийят намедиҳад? Ҳама коратон бобарор аст?” Ҳаргиз аз ин суҳбатҳо рух надодааст. Бояд иқрор кард, ки муҳандисони риштаи кимиё ба сурати умум дар тамоми давраи мавҷудияти ин пеша ба унвони васвосиҳои гирифтори майзадагӣ ва мойил ба афсурдагӣ шинохта нашудаанд.

Шуҳрати махлуқони аз лиҳози равонӣ ноустувор, зоҳиран, ба одамони эҷодкор сахт часпидааст.

Мо, нависандагон, ҳамин гуна “обрӯ” дорем. На танҳо нависандагон. Ҳамаи одамони эҷодкор ба ҳайси касоне шинохта мешаванд, ки вазъи равонияшон ҳамвору устувор нест. Кофист, ба ҳисоботи дарози марги эҷодкорони дурахшони танҳо як қарн - садаи 20 нигарист, ки ҷавонмарг шудаанд ва аксаран дар натиҷаи худкушӣ. Ва ҳатто онҳое, ки ба маънои томаш худкушӣ накардаанд, дар ниҳояти амр қурбони истеъдоди хеш шудаанд. Норман Мейлер (нависанда, рӯзноманигор ва филмсози амрикоӣ – С.А.) пеш аз маргаш гуфт: “Ҳар китоби ман кам-кам ҷони маро гирифт”. Вале мижаи мо аз чунин сухан хам намехӯрад, зеро то ҳоло онро садҳо бор шунидаем ва ин андешаро пазируфтем, ки созандагӣ ва машаққат ҳампойи ҳаманд ва ҳунар дар ниҳояти кор ҳамеша ба азийят мекашонад.

Суоле, ки имрӯз мехоҳам аз шумо кунам, ин аст, ки оё ҳамаатон ба ин андеша ҳамнавоед? Шумо розиед? Зеро ин гуна метобад, ки розиед ё наздик ба онед, ки розӣ бошед. Вале ман қатъан ба чунин андеша мухолифам. Ман фикр мекунам, ин як дидгоҳи ваҳшатангез ва хатарнок аст. Ва ман намехоҳам, ки чунин бархӯрд ба садаи баъдӣ ҳам сироят кунад. Ман фикр мекунам, беҳтар аст, мо инсонҳои бузургро илҳом бахшем, ки то метавонанд, умри дарозтаре бинанд.

Ман аз таҷрибаи худ ва он ҳам бо назардошти ҳамаи шебу фарози зиндагиям дақиқ медонам, рафтан ба ин роҳи торик чӣ қадар хатарзост.

Ман ба андозаи кофӣ ҷавонам, нав 40-сола шудам. Ман метавонам тақрибан 40 соли дигар кор кунам. Ва яқин дорам, ки аз ин ба баъд ҳар чизе нависам, дар ин ҷаҳон, ки як китоби ман чунин комёбии ҳаросовар дошт, арзишёбӣ хоҳад шуд. Ман ошкоро мегӯям, чун ин ҷо чунин як фазои боварбахш барқарор шуд, хеле имкон дорад, ки бузургтарин комёбии ман паси сар шудааст. Худоё, ана ин фикр аст! Айнан чунин навъи андеша одамонро ба шаробнӯшии соати нуҳи саҳар водор мекунад. Ва ман чунин будан намехоҳам. Ман ба он бартарӣ медиҳам, ки банди шуғли дӯстдоштаам бошам.

Вале пурсише пеш меояд, ки чӣ гуна? Ва пас аз андешаҳои зиёди он ки ман бояд чӣ гуна кор кунам, то навиштанро давом диҳам, ман ба натиҷае расидам, ки бояд ягон сипар равонӣ ба вуҷуд орам. Ман бояд байни худаме, ки менависад ва он тарси хеле табииям, ки оё навиштаи ман чӣ гуна пазируфта мешавад, як фосилаи дурусте ёбам. Ва ман намунаи қобили пайравиро барои ин вазифа меҷустам. Ва ман ба давраҳои гуногуни таърихи башар, тамаддунҳои гуногун рӯ овардам, то бовар кунам, ки касе бо ин масъала хирадмандонатар аз мо бархӯрд кардааст, ба масъалаи мадад ба эҷодкорон барои пирӯзии онҳо бар хатарҳои отифие, ки аз тавонмандиҳои бунёдкорона ҷудо нестанд.

Ҷустуҷӯйҳо маро ба Руми Қадим ва Юнони Қадим расонданд. Ҳоло фикри ман дар замон ҳалқае хоҳад зад.

Юнонӣ ва румиҳои бостон бовар надоштанд, ки эҷодкорӣ вижагии инсон аст. Онҳо бар ин буданд, ки лаёқати эҷод руҳ ва ҳамоварди илоҳист ва бо сабабҳои номаълуму норӯшан аз сарчашмаҳои дуру ноошкор ба инсон таҷаллӣ меёбад. Юнониҳо ин арвоҳи илоҳиро “девҳо” меномиданд. Суқрот бовар дошт, вай деве андаруни худ дорад, ки аз дур барояш хирадро нашр мекунад. Румиҳо низ ҳамин гуна ақидае доштанд, вале онро “падидории озод ва эҷодии нубуғ” меномиданд. Ва ин олист, чун румиҳо гумон надоштанд, ки манзур аз нубуғ худи фарди боистеъдод аст. Онҳо бар ин бовар буданд, ки нубуғ ба сари худ як мавҷуди муъҷизаангезест, ки амалан дар атрофи эҷодкор ба сар мебарад, як фариштаест, ки ба гунаи ноаён ба наққош мадад мерасонд, натиҷаҳои кори ӯро шакл медод.

Ин дидгоҳ дилрабост ва маҳз ҳамон фосилаест, ки гуфтам, барои худ меҷустам - сипари руҳиест, ки бояд шуморо аз самараҳои коратон ҳифз кунад. Охир ҳама мефаҳмиданд, ки он чӣ гуна кор мекунад, дуруст? Эҷодгарони атиқӣ аз чизҳои гуногун, барои намуна, худшефтагӣ, дар амон буданд. Бо вуҷуди он ки кори шумо олӣ буд, наметавонистед, ҳамаи подоши офаридани онро танҳо ба худ нисбат диҳед. Ҳама медонистанд, ки нубуғе берун аз шумо бароятон мадад расонд. Агар кори шумо бад буд, ҳама медонистанд, ки нубуғи ноқису маълуле наздатон омадааст. Муддатҳои зиёде мардумони ғарбӣ ба ҳамин шева фикр мекарданд.

Баъдаш давраи Эҳё даррасид ва ҳама чиз дигар шуд. Ақидаи наве пайдо шуд, ки гӯё инсон бояд тоҷи сари олам, болотар аз худоён ва мӯъҷизаҳо бошад ва дигар ҷойе барои махлуқоти ирфонӣ намонд, ки суруши илоҳиро мешуниданд ва адибон зери диктаи он менавиштанд. Ҳамин гуна як инсонгаройии ақлонӣ оғоз ёфт. Ва одамон акнун фикр карданд, ки эҷодиёт аз худи инсон маншаъ мегирад. Нахустин бор дар таърих мо шунидем, ки дар бораи ин ё он одам акнун мегуфтанд, “вай нобиға аст”, то ин ки гӯянд, “вай нубуғ дорад”.

Ман бароятон мегӯям, ки ин хатои бузурге буд. Мефаҳмед, ин ба одамон имкон дод, фикр кунанд, ки як мард ё зан худ зарфесту сарчашмаест ҳамаи илоҳиёт, бунёдкорӣ, пӯшидаҳо ва орифонаҳоро ва ин барои равони шиканандаи инсон як масъулияти хеле бузург аст. Мисли ин аст, ки аз инсон хоста шавад, офтобро фурӯ барад. Чунин бархӯрд замири инсонро вайрон мекунад ва ин ҳама интизориҳои зиёда ва хатто девонаворро аз натиҷаҳои кори одами эҷодгар ба миён меорад. Ва ман фикр мекунам, маҳз дӯшбори чунин муносибат тайи 500 соли охир одамони эҷодкорро ба ҳалокат расонд.

Агар ин тур аст (ва ман бовар дорам, ки ҳамин тур аст) пурсише пайдо мешавад, ки акнун чӣ хоҳад шуд? Оё метавонем мо ба гунаи дигар рафтор кунем? Шояд беҳтар аст, ба фаҳмиши қадимии пайванди байни инсон ва муаммои эҷодгарӣ баргардем? Эҳтимол на. Шояд мо нахоҳем тавонист, таҳшини ақидаи 500-солаи инсонгаройии ҳисобшударо дар як нутқи ҳаждаҳдақиқаӣ бизудоем. Ва дар ин толор низ ҳатман одамоне ҳастанд, ки мавҷудияти, метавон гуфт, париҳоеро, ки ба одам ёр мешаванд ва рӯйи кори ӯ пашизҳои сеҳрангез ё хокаи тило мепошанд, ё чизҳое мисли инро зери шубҳаи ҷиддии илмӣ қарор хоҳанд дод. Ман шуморо бовар бахшиданӣ нестам.

Вале суоли ман ин аст, ки чаро на? Чаро набоист ба ин шева фикр кард? Охир, ин маънии бештаре аз ҳар назарияи дигари ба ман маълум дар бораи назокати девонавори раванди эҷод дода наметавонад. Раванде, ки (тавре ҳар кас, агар як бор чизе эҷод карданӣ бошад, медонад, яъне ҳар кадоми мо медонем) на ҳамеша метавонад даркпазир ва ақлонӣ бошад. Ва гоҳе он тамоман фавқуттабиӣ ба назар мерасад.

Чанде пеш ман шоираи амрикоӣ Рут Стоунро вохӯрдам. Вай ҳоло 90-сола аст ва тамоми умр шоир буд. Вай ба ман гуфт, ки дар деҳае дар Вирҷиниё ба воя расидааст ва гоҳе ки дар киштзорон кор мекард, шеъреро мешунид ва эҳсос мекард, ки аз табиат ба ӯ таҷаллӣ меёфт. Ин чиз монанди ҳавои раъдубарқие буд, ки аз дуродури манзара ба ӯ меомад. Ва ӯ наздик шудани онро ҳис мекард, зеро замин дар зери пойҳояш меларзид. Вай ӯ дақиқан медонист, ки бояд чӣ кор кунад — “бояд бесару по бидавад”. Ва ӯ медавиду ба хона медаромад, чун шеър ба вай ҳамлавар мешуд ва мебоист, зуд коғазу қаламро меёфт, то ончиро, ки аз ӯ берун мерехт, ба чанг орад ва бинависад. Аммо Рут начандон чусту чобук буд. Намерасонд ва шеър аз вуҷуди ӯ гузашта, дар паси уфуқ ғайб мезад дар ҷустуҷӯйи шоири дигаре. Гоҳи дигар (ман ҳаргиз инро фаромӯш намекунам) вай мегуфт, лаҳзаҳое мешуд, ки қариб шеъри нави худро аз даст медод. Инак, ӯ медавиду ба хона медаромад, коғаз меҷуст ва дар ин лаҳазот шеър аз вуҷудаш мегузашт. Рут дар ин байн қаламро ба даст мегирифт ва дар ӯ ҳиссе пайдо мешуд, ки гӯё метавонад, ин шеърро бо дасти дигари худ аз думаш сахт бидорад ва бозпас ба тани худ бозагрдонад ва ҳамон замон онро ба рӯйи коғаз оварад. Ва дар чунин мавридҳо шеъри олие навишта мешуд, лек сарчаппа, аз охир ба сӯйи аввал.

Вақте ки ман ин гапро шунидам, фикр кардам: “Ҳайратангез аст, ки ман ҳам айнан ҳамин хел менависам”.

Ин, албатта, кулли раванди эҷодии ман нест, охир ман сарчашмаи беинтиҳои илҳом нестам. Ман хачирам ва роҳе, ки меравам ин гуна аст, ки бояд ҳар рӯз тақрибан дар ҳамон вақти муайян аз хоб хезам ва зери арақи ҷабин кор кунам. Вале ҳатто ман бо тамоми қайсарию сахтҷониям бо чунин падида рӯабрӯ мешавам. Фикр мекунам, бисёре аз шумоён низ. Ҳатто ба ман андешаҳое аз сарчашмаи ношинос меомаданд. Сарчашмае, ки ман аз шарҳи он оҷизам. Ин чӣ сарчашма аст? Ва мо чӣ гуна бояд бо ин сарчашма сари кор гирему ҳамзамон аз ақл бегона нашавем ва беҳтар аз ҳама онро ҳарчӣ тӯлонитар назди худ нигоҳ дорем?

Беҳтарин намуна барои ман Том Уэйтс (оҳангсоз, сарояндаи машҳури амрикоӣ - С.А.) аст, ки бароям муяссар шуд чанд сол пеш бо супориши маҷаллае ҳамроҳаш суолу ҷавоб кунам. Мо дар ин бора суҳбат кардем, чун Том солҳои зиёди умраш намунаи устоде буд, ки шубҳаву гумон тикаву порааш мекарданд ва мекӯшид, бар ин ҳама ангезаҳои назоратнашавандаи эҷодӣ тасаллут пайдо кунад, ки гӯё ба худи ӯ тааллуқ доштанд.

Баъдаш ӯ солмандтар ва оромтар шуд.

Боре ӯ дар як шоҳроҳи Лос-Анҷелес мошин меронд ва ногаҳон порчаи кӯтоҳи як оҳангро шунид. Порчае чун одат дастгирнашаванда ва дилфиреб. Том хост, онро ба даст орад, вале наметавонист. На қаламе дошту на коғаз ва на дастгоҳи забти садо.

Ва ӯро изтироб пахш кард: “Ман ҳоло онро фаромӯш мекунам ва ин хотира тамоми умр маро таъқиб хоҳад кард. Ман ба андозаи кофӣ хуб нестам, ман наметавонам, ин корро кунам”. Ва ба ҷойи биму ваҳшат вай нохост бозистод, ба осмон нигарист ва гуфт: “Бубахшед, магар намебинед, ки ман дар ҳоли рондани мошинам? Магар бовар доред, ки ҳоло метавонам, ин оҳангро бинависам? Агар барои Шумо бениҳоят зарур аст, ки худро нишон диҳед, дар ягон пайти муносибтар, замоне биёед, ки ман тавонам, ба шумо расидагӣ кунам. Дар акси ҳол имрӯз раведу ягон каси дигарро безобита кунед. Равед ба назди Леонард Коҳин (таронанавис, шоир ва нависандаи канадаӣ – С.А.)».

Ва аз он ба баъд тамоми ҳаёти эҷодии ӯ дигар шуд. Кораш на, чун он ҳамоно норӯшан ва душвор буд, балки худи раванди кораш. Изтироби сангине, ки ин раванд дошт, аз он лаҳзае, ки ӯ нубуғро аз худ берун ва раҳо  кард ва ба самте равона намуд, ки аз он ҷо омада буд, бухор гашт.

Ин ривоят кам-кам услуби кори маро дигар кард ва боре ҳам наҷотам дод. Гоҳе ки “Бихӯр, саҷда кун, ишқ варз”-ро менавиштам, ба яъси амиқе афтодам, ки ба ҳамаи мо ошност ва замоне рух медиҳад, ки корамон пеш намеравад. Он гоҳ фикр мекунӣ, ба фалокат задаӣ ва ин бадтарин китоби ту хоҳад буд. На инки бад, балки бадтарин. Ба сарам ин фикр меомад, ки аз баҳраш гузарам. Вале баъд Том ба ёдам расид, ки бо осмон гап мезад ва ман ҳам хостам, ҳамин роҳро биозмоям.  Сар аз дастнавис бардоштам ва ба кунҷи утоқ рӯй овардаму бо садои баланд гуфтам: “Гӯш кун, ту ва ман, ҳарду медонем, ки агар ин китоб шоҳкор нашавад, ин аслан гуноҳи ман нахоҳад буд, дуруст аст? Зеро ман, тавре мебинӣ, тамоми талошамро мекунам ва беш аз ин нерӯ надорам. Пас, агар мехоҳӣ, ки он беҳтар бошад, ту ҳам бояд саҳми худро дар кори ом бигирӣ. Хуб? Вале агар нахоҳӣ, бало ба пасат. Ман мехоҳам, ба ҳар гунае ки буд, бинависам, зеро ин кори ман аст. Вале мехоҳам, ошкоро  бигӯям, ки ман бахши кори худро кардаам”.

Чунки… Дар омади гап, ҳазорсолаҳо пеш дар биёбонҳои Африқои Шимолӣ одамон гирд меомаданд ва зери нури моҳ мерақсиданд. Мусиқӣ ва рақс соатҳои дароз, то дами субҳ идома меёфт. Ин арғуштҳо шигифтангез буданд, чун аз тарафи раққосони ҳирфаӣ иҷро мешуданд. Рақсҳои беҳамто, на? Вале гоҳе, хеле аҳёнан, чизҳои ҳайратовар рӯй медод ва яке аз ин раққосон ногаҳон тамоман истисноӣ мешуд. Ва ман медонам, ки шумо манзури маро мефаҳмед, зеро худ дар ҳаёти хеш чунин ҳунарнамоиҳоро дидаед. Гӯё вақт бозистода буд ва раққос пой андаруни фазои дигаре гузоштааст ва ҳарчанд вай ягон чизи наве намекард, балки ҳамон чизе буд, ки 1000 шаби пеш карда буд, нохост ҳама чиз ба дурахшидан медарояд. Ногаҳон вай тавре метобад, ки гӯё аз насли башар нест. Фарри худоӣ дар сари ӯ медурахшад.

Ва гоҳе ки чунин мешуд, одамон медонистанд, ки ин чист ва номашро ба забон меоварданд. Онҳо кафи дастонашонро ба ҳам меоварданд ва месуруданд: “Аллоҳ, Аллоҳ, Аллоҳ, Худо, Худо, Худо”. Ин Худост. Эзоҳи аҷиби таърихӣ. Вақте ки нерӯҳои Мур (фармондеҳи швед - С.А.) ҷануби Испониёро ишғол карданд, ҳамин одатро ба ин ҷо оварданд. Ба гузашти айём талаффузи “Аллоҳ, Аллоҳ, Аллоҳ” ба «Оле, Оле, Оле» иваз шуд. Ва маҳз ҳаминро ҳангоми ҷанги буққаҳо ва рақси фламенко дар Испониё мешунавед, бавижа гоҳе ки иҷрокунанда ягон амали номумкин ва боварнакарданӣ анҷом медиҳад. “Аллоҳ, оле, оле, Аллоҳ, ҳайратангез, браво”. Вақте ки инсон кори фавқулодае анҷом медиҳад, бидонед, ки ин дурахши Худост. Ва ин олист, чун чизест, ки ба мо зарур аст.

Лекин воқеаи аҷоиб субҳи рӯзи дигар иттифоқ меафтад. Раққос аз хоб мехезад ва мефаҳмад, ки вай дигар шуълаи Худо нест, балки танҳо як инсонест, ки зонувонаш дард мекунанд ва шояд дигар ҳаргиз ба чунин баландие нахоҳад расид. Ва шояд дигар касе ҳангоми рақси ӯ номи Худоро ба ёд наорад. Пас ӯ бо ҳаёти боқимондаи худ чӣ кунад? Ин сахт аст. Ин яке аз сахттарин иқрор дар ҳаёти як эҷодкор аст. Вале чунин лаҳзаҳо шояд ба ин андоза дардомез нахоҳанд буд, агар шумо аз ҳамон аввали кор бовар намекардед, ки ҳайратовартарин ва мӯҷизаангезатрин чизҳо на аз худи шумо берун меояд. Ки ин ба мо ҳамчун қарз аз кадом сарчашмаи пиндорнопазир ва барои як муддати муайяни ҳаётамон дода мешавад. Ва ҳангоме ки шумо кори худро ба поён мерасонед, он ба ниёзмандони дигаре дода хоҳад шуд. Ва шумо медонед, ки чунин равиши фикр ҳама чиро дигар мекунад.

Ман ин тарзи фикрро пазируфтам ва чанд моҳи охир, то тамом кардани китоби нави худ, ки ба зудӣ мунташир мешавад, ҳамин равишро дар пеш гирифтам. Нашри китоби навам дар пасманзари муваффақияти тарсангези пешина саршори абаринтизориҳост.

Ва ончӣ ман ҳангоми чунин нигарониҳо ба худ мегӯям ин аст: “Ҳой, натарс. Ғамгин машав. Кори худро анҷом деҳу бас. Чизе шаваду нашавад, кори худро идома деҳ. Агар бахши кори ту рақс бошад, бирақс. Агар нубуғи илоҳӣ ва бадеҳӣ, ки туро ҳамроҳӣ мекунад, бихоҳад, ки туро бо ҳузури худ ҳатто агар барои як лаҳзаи кутоҳ рӯшан кунад, он гоҳ - „Оле!“ Вагарна рақсиданатро идома бидеҳ. Ва „Оле“ барои ту дар ҳама ҳол насиб хоҳад гашт. Ман ба ин чиз бовар дорам ва мо, ҳама, бояд чунин муносибатро омӯзем. «Оле» дар ҳама ҳол! Барои он ки устуворӣ ва ишқат барои давом додани корат кифоят карданд.”

Салими Аюбзод

Шумо дар Фарҳанг

Охирин шанбеи моҳи июл барои адабиёти олам рӯзи сангине буд. Дар ин рӯз Владимир Войнович-адиби шуҳратёри рус ва ҳамватани мо дар 85-умин баҳори умр тарки олам кард. Метавон гуфт, ки на танҳо адабиёти рус, балки адабиёти ҷаҳон талафоти гарон дод. Рӯзноманигор Виктор Давидов аз аввалинҳо шуда ин хабарроо расонаӣ кард ва дар саҳифаи худ дар Фейсбук навиишт, ки адиби маъруф бар асари сактаи қалб фавтид.

Владимир Войнович зодаи шаҳри Душанбе ва фарзанди касе буд, ки дар рушди матбуоти даврони пуртаҳлуқаи Тоҷикистони Шӯравӣ саҳми арзанда гузоштааст. Ин ҷумла аз ӯст: “Танҳо баъди солиёни дароз зиндагонӣ кардан ҷиддан ба дарки ин воқеъият мерасӣ, ки умр дар ҳақиқат кӯтоҳ аст”.

 

Нависандаи диссидент

 

Сивуҳашт сол пеш, дар яке аз рӯзҳои моҳи июл, аниқтараш 17-уми июли соли 1981 дар кулбаи ғарибии худ дар шаҳри Мюнхени Олмон ба унвони сарвари вақти Шӯравӣ Леонид Брежнев, ки варо барои асарҳои зидди сиёсати коммунистиаш аз ватан беватан ва аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ маҳрум сохта буд, номае навишт ва пешгӯӣ кард, ки замоне на танҳо ин фармон, балки ҳамаи фармонҳои зиддиинсонии ӯ лағв хоҳанд шуд ва хонандагонаш омодаи он хоҳанд буд, ки ба хотири пӯшиши камбуди коғаз бист кило аз китобҳову асарҳои Брежневро биспоранд, то як китоби ӯ дар бораи сарбози обрӯманд Чонкинро ба даст оранд. Ин аст матни он нома:

Ҷаноби Брежнев! 

Шумо фаъолияти маро ноҳақона хеле баланд арзёбӣ кардед. Ман обрӯи давлати Шӯравиро нарезондаам. Ба шарофати роҳбаронаш  ва шахсан ҳиссаи шумо давлати Шӯрасвӣ ягон обрӯе надорад. Аз ин рӯ адолат он буд, ки Шумо худро аз ҳақи шаҳрвандӣ маҳрум мекардед. 

Ман фармони Шуморо эътироф намекунам ва онро на бештар аз як зоеъоти коғазии бефоида меҳисобам. Он аз нигоҳи ҳуқуқӣ комилан зиддиқонунист, аммо амалан ман нависандаи рус ва шаҳрванди он будам, ҳастам ва то охири умр ва ҳатто баъди он ҳам мемонам. 

Ман чун як нафаре, ки ба оянда басо хушбинам, шаке надорам, ки дар ин кӯтоҳмуддат ҳамаи фармонҳои Шумо, ки ватани фақири моро аз сарватҳои фарҳангии он маҳрум намуданд, лағв хоҳанд шуд. Аммо хушбинии ман барои эътиқод ба бартарафсозии камбуди коғаз кофӣ нест. Ва ба хонандагони ман лозим меояд, ки бисткилоӣ асарҳои шуморо супоранд, то як китоб дар бораи сарбоз Чонкинро ба даст оранд». 

17 июли 1981, Мюнхен.

Барои амалӣ шудани ин пешбинӣ ва ин орзу ҳамагӣ каме бештар аз як сол лозим шуд. Леонид Брежнев, ки як абарқудрати оламро муддати 18 сол гоҳ бемору гоҳ солим сарварӣ мекард, моҳи ноябри соли 1982 тарки олам кард ва дар як муддати хеле кӯтоҳ бисёре аз дастуру фармонҳои ӯ лағв шуданд. Бо гузашти як даҳсола Иттиҳоди Шӯравии қудратманд низ аз ҳам пош хӯрд, Войнович ба Ватан баргашт, ҳақи шаҳрвандии худро дубора барқарор кард. Китобҳое, ки қаблан чопашон мамнуъ буданд, борҳо нашр шуданд ва повесту романҳои навашро ҳам навишт. Вале дар Русияи аз бори сиёсатҳои коммунистӣ раҳошуда низ то ба охир вай бегона монд. Борҳо ба сиёсатҳои путинии кишвар эътироз карда буду унвонии сарвар нома навишта. Ва охирин эътирози вай ба забти Қрим буд. Номаи адибон ва фарҳангиёнро дар мавриди Қрим ва умумман рӯйдодҳои Украина маҳз ӯ ва ҳунарманди обрӯманд Лия Ахеджакова имзо накарданд. Войнович то охирин лаҳазоти умр зидди забти Қрим аз ҷониби Русия буд.  

Ва боз ҳам ӯ буд, ки замоне навишт: Иттиҳоди Шӯравӣ барҳам хӯрд, вале одами шӯравӣ боз дурудароз зиндагонӣ хоҳад кард. Яқинан, адиби номвар хӯи ғуломиву бардагии инсони шӯравиро дар назар дошт, ки ҳарчанд кишваре бо исми СССР аз миён рафт, вале одамони он боқӣ монданд ва солҳо лозим, ки мафкураи тангу тор ва хӯи ғуломӣ инсонҳои шӯравиро тарк кунад. Ва боре мушоҳида кард, ки «бо ғарбиён баҳс кардан комилан ҷолиб нест. Одами ғарбӣ чун мебинад, ки андешаи шахсии ҳамсуҳбаташ барои ӯ хеле арзишманд аст, омода аст худи ҳамон замон онро бипазирад, чизе ки дар мо буда наметавонад».

 

Кӣ буд Войнович?

 

Владимир Войнович 26 сентябри соли 1932 дар шаҳри Душанбе дар оилаи журналист ва котиби масъули рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» ва муҳаррири рӯзномаи вилоятии «Рабочий Ходжента» Николай Павлович Войнович ба дунё омадааст. Гузаштагонаш аз сулолаи ашрофзодагони серб буда, аслан дар шаҳраки Новозибкови губернияи Чернигов, ки ҳоло вилояти Брянск мебошад, мезистаанд. 

Тири хунини тройка Николай Павловичро ҳам ба нишон гирифт ва соли 1936 чун аксари рушанфикрони замон падари ӯ низ гирифтори туҳмату буҳтон қарор гирифт ва зиндонӣ шуд. Баъди озодӣ ба сафи артиш даъват шуд, ки ба хати пеши ҷабҳа фиристоданд. Охирҳои соли 1941 дар ҷанг захмӣ гашт ва ба ақибгоҳ фиристода шуд. 

Баъди ҳабси падараш Владимир Войнович бо модар ва бобою бибияш дар шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) мезистанд. Вақте падараш озод шуд, онҳо ба Запороже, ба хонаи хоҳари ӯ баргаштанд. Моҳи августи соли 1941 якҷо бо модараш ба деҳаи Северо-Восточнии ноҳияи Ипатови кишвари Ставропол интиқол дода шуданд. Баъди он ки фашистон дар ҳамлаҳои худ муваффақ ба пешрафт шуданд, лозим омад онҳо дубора ба дохилтари кишвар, ба вилояти Куйбишев фиристода шаванд. 

Мутолиаи тарҷумаи ҳоли ин хонавода гувоҳ аст, ки он солҳо саргардониҳои зиёде насибашон шудааст. Аз маҳалле ба маҳалли дигар, аз вилояте ба вилояти дигар, гоҳ дар шаҳр зиставу гоҳ дар русто ва гоҳи дигар сокини пойтахти кишвар будаанд. Замони ҷанг саргардониҳои мардум беш аз ҳар вақти дигар буданд ва ин ба хонаводаи Войнович низ бетаъсир намонд. Аммо чизе, ки аз он метавонист шукрона кунад, боқӣ намондани доғи сиёҳ дар парвандаи ӯ буд. Яъне, падараш бо вуҷуди он ки дар солҳои табъиди тройка ҳабс шуда буд, вале тамғаи «душмани халқ» дар номаш надошт. Аз сӯи дигар дар майдони ҷанг ҳам корномаҳои хотирмон дошт, ки барои зиндагии шарафмандонаи худу пайвандонаш роҳ мекушод.  

Владимир аз соли 1950, ки ба сафи артиш даъват шуд, шеър менавишт ва аввалин чакидаҳои хомаашро дар нашрияи ҳарбӣ ба чоп мерасонд. Соли 1951 оилаи онҳо ба Керч кӯчид ва падараш дар газетаи  «Керченский рабочий» ба кор даромад. Баъди хатми хизмати ҳарбӣ ба назди падару модараш баргашт ва танҳо ҳамон вақт имкон ёфт синфи даҳумро хатм кунад ва соҳиби номаи камол шавад. 

Солҳои 1956 то 1959 дар институти адабиёт ва Донишкадаи омӯзгории Маскав таҳсил кард. Баъдан ба заминҳои навкорами Қазоқистон сафарбар гардид ва аввалин асари насрии худро эҷод намуд. Соли 1960 муҳаррири барномаҳо дар радио буд.  

Соли 1962 ба узвияти Иттиҳоди нависандагони СССР қабул шуд. Таронаҳояш дар мавзуъҳои гуногун зуд машҳур шуданд. Повести ӯ бо номи «Мо ин ҷо зиндагонӣ мекунем», ки соли 1961 дар маҷаллаи «Новий мир» чоп шуд, барояш шуҳрати нависандагӣ овард. 

Баъди ин Войнович ҷиддан даст ба насрнависӣ зад. Қисми авали романи вай «Ҳаёти ғайримуқаррарии сарбоз Иван Чонкин» аввалин маротиба бидуни иҷозаи муаллиф соли 1969 дар Франкфурти лаби Майн чоп шуд ва соли 1975 дар Порис матни комили он рӯи чопро дид. 

Аммо баъдан барои андешаи мvстақилонааш дар рӯйхати сиёҳи КГБ уфтод ва соли 1974 аз сафи Иттиҳоди нависандагони СССР хориҷ карда шуд. Борҳо барои суҳбат ба идораи хадамоти ҷосусии мамлакат даъват карда шуда, пешниҳод карданд, ки бо шартҳои барои онҳо қобили қабул асарҳояшро дар дохили кишвар интишор диҳад. Ҳатто дар мулоқоти дуввуми вай бо кормандони хадамоти бехатарӣ заҳролуд карда шуд, ки баъдан дар рӯзгораш таъсири амиқ гузошт.  Баъди ин вай бо номаи кушода ба Юрий Андропов муроҷиат намуд ва ин лаҳзаро баъдтар дар повести «Дело No 34840» ба тафсил навишт.

Ҳамчуноне болотар ишора кардем, моҳи декабри соли 1980 Войновичро аз Иттиҳоди Шӯравӣ пеш карданд ва як сол баъд бо қарори Шӯрои Олии СССР аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ низ маҳрум намуданд.   

Муддати 12 соли оянда дар Олмони Федерол ва ИМА зист, бо радиостансияи «Озодӣ» ҳамкорӣ намуд. Соли 1990 ҳуқуқи шаҳрвандиаш барқарор карда шуд ва ӯ ба СССР баргашт. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ гузинаи матни гимни Русияро ба озмун ироа кард, ки басо танзомез буд. Войнович ҳамчунин рассомӣ ҳам мекард ва аввалин намоиши расмҳои ӯ 5 ноябри соли 1966 дар Маскав баргузор шуда буд. 

Ҳаёти хонаводагии адиби маъруф низ ҷолиб аст. Вай дар умри худ се маротиба хонадор шудааст. Аввал бо Валентина Василевна Войнович зистааст ва аз ӯ як писару як духтар доштааст. Духтараш Марина соли 2006 дар синни 48-солагӣ аз олам даргузаштааст ва писараш Павел дар ҳаёт аст. Соли 1964 бо Ирина Даниловна Войнович издивоҷ кардааст, ки пеш аз ӯ зани нависандаи самарқандитабори Русия Комил Икромов будааст. Аз ӯ духтаре дорад бо номи Олга, ки ҳоло дар Олмон як нависандаи шуҳратёфта аст.   

Ҳамсари сеюмаш Светлана Яковлевна Колесниченко мебошад, ки пештар зани журналист Томас Анатолевич Колесниченко будааст.

Владимир Войнович адиби ҷасур буд ва новобаста ба ҳар сиёсат мавқеъи шаҳрвандии худро оид ба ин ё он рӯйдод баён медошт. Охирин бор аз миёни ҳама арбобони санъату фарҳанг ва адабиёти рус нисбат ба қарори додгоҳи Русия оид ба Надежда Савченко маҳз ӯ ва Лия Ахеджакова эътироз карда буданд. 

Владимир Войнович соҳиби мукофоти Академияи санъати Бавария, хазинаи «Знамя», «Триумф», мукофоти давлатии Федератсияи Русия барои романи «Монументалная пропаганда» ва ҷоизаи А.Д.Сахаров «Барои ҷасорати шаҳрвандии нависанда» мебошад. Мукофоти давлатиро соли 2001 аз дасти В.Путин гирифтааст. 

 

Ва ин чанд сатр аз гуфтаҳои адиби маъруф: 

 

Модарбузурги ман одами хаёлпараст аст ва бисёр вақт ҳарфҳое мегуфт, ки бовар карданашон аслан имкон надошт. Ҳатто боре гуфта буд, ки замоне вай духтараки хурдакаке буд... 

****

Одаме, ки ватани худро фурӯхт, ватани бегонаро низ ҳатман хоҳад фурӯхт. 

****

Он коре, ки худи шумо метавонед анҷом диҳед, ба дигаре бовар накунед ва кореро, ки дигарон метавонанд бикунанд, ба уҳда нагиред.

****

Гирдиҳамоӣ ин чорабиниест, ки одамони зиёде ҷамъ меоянд ва гуруҳе он чиро мегӯянд, ки фикр намекунанд ва гуруҳе ба чизе меандешанд, ки намегӯянд.

****

Дар бораи оқибатҳо андешидан кори ноумедкунандаест, чун онҳо пешгӯинашавандаанд. 

 ****

- Аммо чун шумо китоб намехонед…

- То синфи ҳафтум хондам. Баъд сар шуд: ишқи аввал, ҳомиладории аввал, аввалин исқоти ҳамл ва дигар фурсате барои китоб ҳам набуд… 

 

Б.Шафеъ

Шумо дар Сиёсат
саҳ 2 аз 3

Хабари рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.