.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Шанбе, 01 Декабр 2018 - || ФАРАЖ
Шанбе, 01 Декабр 2018 18:15

Маро аз хонаам ронданд

Ба раиси Суди олии Тоҷикистон, муҳтарам Шермуҳаммади Шоҳиён

Ману шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Боймуҳаммадов Абдухалил Холмуродович 19 декабри соли 2004 тӯйи арӯсиамонро бо миёнаравӣ ва роҳбарии ҷавобгар Рустамова Ҷ. М. дар тарабхонаи «Меҳргон» гузаронидем. Дар ҳамон ҷо Рустамова Ҷ. гӯё ақди никоҳамонро ба расмият даровард. Баъд фаҳмидем, ки ин кори Рустамова Ҷ. қалбакӣ ва сохтакорона будааст: корманди САҲШ оварданаш ва имзои моро гирифтанаш дурӯғ будааст. 15 феврали соли 2007 ақди никоҳи мо дар шуъбаи САҲШ-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таҳти №75 ба қайд гирифта шуд. Мо аз ҳаёти оилавиамон ду фарзанди ноболиғ дорем, ки ҳарду дар ҳамин манзили истиқоматӣ таваллуд шуда, ҳамон ҷо истиқомат мекарданд. 

Дар вақти хостгорӣ Рустамова Ҷ., бародараш Боймуҳаммадов Х. ва дигар хешовандонашон гуфта буданд, ки дар шаҳри Душанбе барои домодшаванда хона харида мондаанд. Пас аз тӯй ману шавҳарамро ба манзили истиқоматии воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Гипрозем, бинои 30/4, ҳуҷраи 149, ки аз сабаби шаҳрвандии Тоҷикистонро надоштанашон ба номи аммаи ӯ Рустамова Ҷ.М. (ҳоло бо ман мавқеи муқобили мурофиавиро гирифтааст) расмӣ кунонида шуда будааст, бо тамоми чизу чораи арӯсиамон маскун кунониданд. Илова ба ин, Рустамова Ҷ. ҳамон рӯзҳо ва баъдан низ ба ман ваъдаҳои бисёр медод, ки маро дар қайди ин хона мегузорад, вале бо ҳар баҳона ҳуҷҷатҳои хонаро намедод, ки худам ва фарзандонамро ба қайд гирам. Ману шавҳарам бо пешбурди хоҷагии умумӣ дар ин манзили истиқоматӣ зиндагӣ мекардем. Дар ҳуҷраҳои дигари ҳамин манзили истиқоматӣ бародарону хоҳарони шавҳарам, ки аз Ӯзбекистон омада, дар донишгоҳҳои олии Душанбе таҳсил  мекарданд – Боймуҳаммадовҳо, - Абдурашид, Ҳоҷиқурбон, Ҳоҷимурод, Шамсинисо ва Абдулазиз низ ҳамроҳи мо зиндагӣ ва дар пешбурди хоҷагии умумиамон саҳм мегузоштанд. Дар ин хона зиндагӣ оғоз карданамро ҳамсояҳо метавонанд тасдиқ кунанд. Илова бар ин, аъзои оила ва квитансияҳои супоридаи хизматрасонии коммуналӣ метавонанд сокини ин хона будани маро собит созанд, ки суди марҳилаи якум ба ин ҳолат низ баҳо надодааст.  Рустамова Ҷ. ва ягон нафари аъзои оилааш дар ин хона зиндагӣ, соҳибӣ ва ихтиёрдорӣ накардаанд. То саршавии баҳси судӣ Рустамова Ҷ. мегуфт, ки «Хона-хонаи ман нест, хонаи хусурат ва он аз они ту мешавад». Инчунин, дигар хароҷотҳои пулии вобаста ба истифодабарии ин манзили истиқоматӣ ва таъмирҳояшро худи мо амалӣ мекардем. 

Шавҳарам Боймуҳаммадов А.Х., дар зодгоҳаш, н. Узуни в. Сурхондарёи Ӯзбекистон мувофиқи ихтисосаш кор гирифта, ба он ҷо рафта меомад. Робитаи ману фарзандонам бо шавҳарам тариқи рафтуомади мо бо тариқи раводид ба назди ӯ ва рафтуомади ӯ ба назди мо сурат мегирифт.

Аснои зиндагии бисёрсолаи оилавӣ бо шавҳарам ва муносибатҳои хешутаборӣ бо хешовандони ӯ муайян кардам, ки солҳои донишҷӯии шавҳарам, модари ӯ марҳум Боймуҳаммадова Хайринисо аз пасандозҳои оилавиашон соли 1995 ба шавҳари ҷавобгар Рустамова Ҷ. - Рустамов Ҷаъфар 75 000 сӯми ӯзбекӣ, ки ҳамон вақт ба 1500 доллари амрикоӣ  баробар буд, барои харидани хона ба писараш-шавҳарам Боймуҳаммадов А.Х. дода будааст ва бо ин пул ҳамон сол дар ш. Душанбе, кӯчаи Гипрозем, бинои 30/4, ҳуҷраи 149 хона харидаанд. Вале азбаски Боймуҳаммадов А.Х. шаҳрвандии Тоҷикистонро надоштааст, онро ба номи нафари дигаре, ки шаҳрванди Тоҷикистон будаасту бо Рустамов Ҷ. муносибати наздик доштааст, расмӣ кунонидаанд. Ниҳоят соли 1999 онро ба номи аммаи шавҳарам Рустамова Ҷ., расмӣ кунонидаанд, аммо хароҷотҳои хизматрасонии ин хонаро худи Боймуҳаммадовҳо мекардаанд.

Донишҷӯёни дар боло қайдшуда донишгоҳҳояшонро хатм карда, ба зодгоҳашон баргаштанду манзили истиқоматии дар боло қайдшуда пурра дар соҳибӣ ва истифодаи ман қарор гирифт. Рустамова Ҷ. бошад, ҳамоно ваъда медод, ки маро ба қайди ин хона мегузорад, вале иҷро намекард. Ин масъаларо бо шавҳарам Боймуҳаммадов А.Х. муҳокима кардем ва мегуфт, ки вақту соаташ расидааст ва аммааш бояд хонаро ба номи яке аз фарзандонамон гузаронад. Ману фарзандонам бошем, бинобар дар Ӯзбекистон зиндагӣ кардани падарашон бо раводиди семоҳа он ҷо мерафтем ва ба Душанбе баргашта, дар манзили боло зикршуда зиндагӣ мекардем. Яъне ману фарзандонам шаҳрвандони Тоҷикистон буда, дар манзили истиқоматии воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Гипрозем, бинои 30/4, ҳуҷраи 149 тариқи доимӣ зиндагӣ доштем.

Санаи 4 сентябри соли 2017 ҳамроҳи фарзандонам бо гирифтани раводид ба Ӯзбекистон сафар кардем. 30 декабр ба Тоҷикистон баргашта, қаблан ба хонаи волидонам рафта, санаи 3 январи соли 2018 бо фарзандонам ва падарам Шовалиев Сайдаҳмад ба манзили истиқоматии худамон, ки калиди ягонаи он дар дасти ман буд, рафтем. Ба хонаамон омада дарёфтем, ки ба ҷои дари даромадгоҳи чӯбини хонаамон дари оҳанӣ насб шуда, он бо қулфи дигар маҳкам карда шудааст ва мо натавонистем, ба хона дароем. Аз ҳамсояамон Гулбоғ сабаби инро пурсидем. Ӯ гуфт: «Умринисо, хоҳари шавҳарат дарро шикаста, дари нав гузошт».

Ман ба номи сардори Шуъбаи милитсия ариза ва баёнот навиштам. Нозири минтақавӣ аризаамро қабул карда гирифт ва дигар ягон чораҷӯӣ накарда маро ҷавоб дод. Сипас ман ҳамроҳи модарам Шовалиева Мӯмина ба назди Рустамова Ҷамила рафта, ҳолати воқеаро пурсидем. Ӯ дар ҷавоб гуфт, ки «Хона- хонаи ман не, хонаи хусурат, барои ҳамин вақте хусурат гуфт, ки ҳуҷҷатҳои хонаро ба духтарам Умринисо диҳед, ман ҳам додам. Ман аз вай ягон маблағ нагирифтаам, вай аз куҷо пул дорад, ки хона харад».  Баъдан ӯ бо таҳқиру таҳдид ман ва модарамро аз хонааш ронд.

Пас аз ин мо муайян кардем, ки дар набудани ману фарзандонам Рустамова Ҷ.М. ҳамроҳи шавҳараш Рустамов Ҷаъфар маслиҳат карда, бо роҳи ғайриқонунӣ ва мақсади бегона кардани хона ба номи Искандаров Исроил (шавҳари Боймуҳаммадова Умринисо) тариқи тартиб додан ва имзо кардани шартномаи сохтакоронаи хариду фурӯши манзили истиқоматии дар боло қайдшуда, бо мақсади маҳрум кардани ману фарзандонам аз ҳуқуқи идомаи истифодаи ин манзил шартномаи қалбакии хариду фурӯши хонаро ба имзо расондааанд, ки тибқи он гӯё соҳибмулки ин манзил Искандаров И.В. гардидааст. Баъдан бо маслиҳати ғаразноки якҷоя Рустамова Ҷ.М., Искандаров И.В. ва    Боймуҳаммадова У.Х. тариқи пинҳонӣ аз мо ва бе розигии мо - шахсони дар он ҷо маскунбуда, яъне хилофи иродаамон ба манзили истиқомат мекардаамон тариқи шикастани дар даромада, дари оҳании нав насб карда, онро бо қулфу калид маҳкам карда, бо ин роҳ моро аз манзили истиқоматиамон ва чизу чораамон  маҳрум кардаанд.

Ман нисбати шаҳрвандон Искандаров И.В., Боймуҳамадова Қ.Х. ва Рустамова Ҷ.М. оиди аъзои оилаи соҳибмулк эътироф намудан, маскун кардан ва ба қайди манзили истиқоматӣ гирифтан, рӯёнидани зарари моддию маънавӣ аз ҳисоби ҷавобгарон ба суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе даъво пешниҳод кардам.

Аммо суд зимни баррасии парванда ин талаботи  қонунро сарфи назар карда, чунин менамуд, ки гӯё пурра ба манфиати тарафи мурофиавии муқобил кор карда истодааст. Ҳамчунин, суд далелҳои овардаи маро, дархостҳои якчандкаратаамро беасос ба инобат нагирифта, баръакс далелҳои сохтаю қалбакии тарафи дигарро дуруст шуморида, гузашта аз ин, ҳуҷҷатҳои ғайриқонунӣ дастрас ва пешниҳоднамудаи тарафи мурофиавии муқобилро, ки бо забони ӯзбекӣ пур карда шудаанд, бе тарҷумаи тариқи нотариалӣ тасдиқшуда қабул карда, ва онҳоро асоснок ҳисобида, талаботи КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дағалона вайрон кард. Зеро ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ дар суд тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, бидуни ба расмиятдарории онҳо далелҳои хаттӣ эътироф намегарданд. Ин ҳуҷҷатҳо бо тарҷумаи забони давлатӣ ба тариқи нотариалӣ тасдиқ гардида, бояд пешниҳод карда шаванд.

Паҳлӯи дигари ғайриқонунӣ будани амали шаҳрвандон Искандаров И.В., Боймуҳаммадова Қ.Х. ва Рустамова Ҷ.М. он мебошад, ки бо мақсади ғаразнок, ба хотири он ки ману фарзандонамро аз ҳуқуқи истифодаи манзили зист мекардаамон маҳрум намоянд, байни худ созиши бадқасдона карда, бе огоҳ кардани ман ва гирифтани розигиам бидуни доштани нақшаи ҳақиқии дигар кардани соҳибмулки манзили истиқоматии баҳсӣ, тариқи пинҳонӣ шартномаи қалбакии хариду фурӯши онро ба имзо расонидаанд, ки шартномаи мазкур ғайриқонунӣ ва беэътибор буда, аз ин ҷиҳат низ ҳуқуқҳои ман дағалона вайрон карда шудааст.

Ман борҳо ба суд муроҷиат намуда, хоҳиш кардам, ки дар ин манзили баҳсӣ суди сайёр гузаронида шавад, аммо дархостҳои чандинкаратаи маро суд ба назар нагирифт ва қонеъ накард.

Судя Шарифзода С. шахсияти ҷавобгарро муайян накарда, дар ҳалнома насаби ҷавобгарро Боймуҳамадова Қумринисо овардааст, ки мувофиқи маълумотномаи суроғавӣ бо ин ному насаб ягон шаҳрванд дар қайди Тоҷикистон нест. Дар марҳилаи суди кассатсионӣ мо ин хатоиҳои судя С. Шарифзодаро бо далелҳо исбот намудем, аммо онҳо баъди пешниҳод кардани созиш аз тарафи Рустамова Ҷ. низ ҳамаи нодурустиҳои ҳалномаро дидаю дониста бетағйир мондаанд.

Ҷавобгарон дар марҳилаи кассатсионӣ маълумотномаи дурӯғеро бо роҳи ғайриқонунӣ аз ҷои зисти ману фарзандонам ба суд пешниҳод кардаанд, ки гӯё  мо сокини Ҷумҳурии Ӯзбекистон бошем. 

Дар асоси талаботи моддаи 189 Кодекси граждании ЧТ аҳдҳо ба амволи ғайриманқул бояд ба қайди давлатӣ гирифта шаванд. Дар суди марҳилаи кассатсионӣ маълум гардид, ки шартномаи хариду фурӯш ба қайд гирифта нашуда, Искандаров И. ва Боймуҳаммадова У баъди дарро шикаста даромадан ва дари оҳанин мондан ягон рӯз дар хонаи мазкур истиқомат ва ихтиёрдорӣ накардаанд. Коллегияи судӣ дарк карда буд, ки тамоми амалҳои ҷавобгарон ғайриқонунианд, аммо ба ин нигоҳ накарда ҳалномаро бетағйир монд. 

Хулоса суд баҳси байни ман аз як ҷонибу Искандаров И.В., Боймуҳамадова Қ.Ҳ. ва Рустамова Ҷ.М.-ро  бе санҷишу таҳлили холисонаю ҳаматарафаи кор, яктарафа баррасӣ намуд ва дида мешавад, ки суд ваҷҳҳои овардаи тарафи муқобилро ҳаматарафа дастгирӣ карда, баръакс ваҷҳҳои  овардаи маро беасос ҳисобидааст, ки боиси бароварда шудани ҳалномаи бармаҳал ва ғайриқонунӣ гардидааст. 

Чуноне дар оғоз қайд кардам, аз болои ин ҳалнома ба суди шаҳри Душанбе шикоятҳои кассатсионӣ ва назоратӣ ва ба раиси суди номбурда шикоят оварда, хоҳиш кардам, ки ҳалномаи дар боло қайдшуда бинобар бармаҳал ва ғайриқонунӣ буданаш бекор карда шуда, парванда барои моҳиятан баррасӣ кардан ба суди зинаи аввал ирсол карда шавад. Аммо шикоятҳоям қонеъ нагардиданд ва ман ҳоло умедвор ҳастам, ки ин камбудиҳо аз ҷониби марҳилаи назоратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳ карда мешавад.

Аз қарори қабулнамудаи суд Рустамова Ҷ. то он дараҷае аз худ рафт, ки баъди анҷоми суд, дар ҳавлии суд ва берун аз он бо ман, шавҳарам, модарам ва падарам хост ҷанҷол намояд. Ӯ бо шавҳарам ҷанҷол кард, ки чаро ӯ дар суд шоҳидӣ дод, ки хона, хонаи  аммааш набуда, хонаи онҳост ва аммааш Рустамова Ҷ. аз  18 сол пеш вафот кардани модари шавҳарам Боймуҳаммадова Хайринисо сӯиистифода бурда, пинҳонӣ хонаро ба номи Искандаров И. (шавҳари хоҳаршӯям) ба расмият даровардааст.

Рустамова Ҷамила бо ин амалҳояш қонеъ нагашта, ба мактаби №48, ки фарзандонам дар он ҷо таҳсил мекунанд, рафта, ба муаллимааш таҳдид кардааст, ки чаро дар хусуси хондани фарзандонам ба ман маълумотнома додааст. Ва гуфтааст, ки аз сентябри соли равон онҳоро  ба ин мактаб қабул накунанд. Ҳоло он ки ҳар як кӯдак ҳуқуқ ба таҳсилро дорад.

Шавҳари Рустамова Ҷ.. - Рустамов Ҷаъфар ба шавҳарам аз  аввал гуфта буд, ки «Ман ҳама связома хезондагӣ, мо ин корро хушрӯ придумать кардем, шумо ягон кор карда наметонед.» Ҳамин тавр низ шуда истодааст. Ману фарзандонам бошем, аз 3.01.2018 сол инҷониб аз хонаву дар ва чизу чораамон пурра маҳрум мебошем ва ба онҳо дастрасӣ надорем. То имрӯз ман гумон доштам, ки ҳама дар назди қонун баробаранд, аммо мутаассифона ин хел набудааст.

Искандаров Исроил ва Боймуҳаммадова Умринисо бошанд, дарро ба дари оҳанин иваз намуда, ба деҳаи Питомники ноҳияи Шаҳринав  баргашта, он ҷо зинданӣ доранд. Рустамова Ҷ ва Боймуҳаммадова Умринисо, ки худ омӯзгоранд, дидаву дониста ҳуқуқҳои ману фарзандонамро поймол намуданд.

Ҳуқуқҳои конститутсионии ману фарзандонамро, ки пурра аз тарафи ҷавобгарон поймол шуда истодаанд, бояд кӣ ҳимоя кунад? Оё ҳақ ба ҳақдор мерасад?

Шовалиева Мунира Сайдаҳмадовна, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Бинокорон, бинои 7,ҳуҷраи 9.

Шанбе, 01 Декабр 2018 18:13

ВНМО марговар нест, агар…

Муттахассисони соҳа мегӯянд, вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) марговар нест, ба шарте, ки нафарони олуда ба ин вирус таҳти назорати ҷиддӣ бошанд, сари вақт дар дармонгоҳҳо доруҳои махсуси ин бемориро истеъмол кунанд. Бино ба гуфтаи онҳо, дар 7-8 соли аввали олудашавӣ ба ин вирус одам, ба мисли дигар бемориҳои сироятӣ, ягон дардро эҳсос намекунад. Монанди одамони солим ҳаёти маъмулӣ пеш мебарад, фарзанддор мешавад ва ғайра.

Сокини пойтахт Мақсуда (номи шартӣ) 30 сол ва 2 фарзанди ноболиғ дорад. Ӯ ва ҷигарбандонаш- ҳар се олудаи вируси ВНМО мебошанд.

Бо номбурда, ки дар хонааш суҳбат оростем, гуфт, миёни мардум овозаҳо дар мавриди он ки ба ин вирус танҳо занони сабукпо олуда мешаванд, нодуруст аст. Ӯ чунин мепиндорад, ки аз олудашавӣ ба ин вирус касе пурра дар амон буда наметавонад.

Бо Мақсуда дар хонааш суҳбат оростем. Номбуда гуфт, 18 сол дошт, ки падараш ӯро ба як ҷавони хешашон, ки аз вай 9 сол калон буд, ба занӣ дод.

-Соли 2005 падарам маро ба шавҳар дод. Ҷавонро қаблан дуруст намешинохтам, ӯ чанд сол боз дар Русия буд. Шаш сол зиндагии якҷоя доштем. Аввалҳои зиндагиямон дилбеҳузурӣ дошт, гоҳ-гоҳ табаш баланд мешуд, бештар хоб мекард. Фикр мекардам, ки бемор аст, аммо ба беморхона рафтан намехост. Баъдан фаҳмидем, ки муътоди маводи мухаддир будаасту онро ба воситаи сӯзандору ба баданаш мегузаронидааст. Ҳамин тавр, соли 2007 писарам ва соли 2009 духтарчаам таваллуд шуд. Соли 2010 шавҳарам ба бемории сил гирифтор шуд ва барои табобат дар беморхона лозим шуд, то аз ташхиси ВНМО гузарад. Вақте ба Маркази ҷумҳуриявии бар зидди ВНМО муроҷиат кардем, дар хунаш вирус пайдо шуд. Сипас ба ман ва кӯдакон ҳам супориш доданд, ки хун супорем. Дар хуни мо ин вирус пайдо шуд. Ҳолатеро, ки он замон, пас аз фаҳмидани олудашавиям доштам, бо сухан тасвир карда намешавад. Зистан намехостам, вале ба хотири фарзандон чӣ кор карданамро намедонистам. Тоқат накардаму чанд рӯз пас ба падару модарам гуфтам. Маро фаҳмиданд, аз ман дурӣ наҷустанд. Аз ҳамон рӯз эътиборан бо фарзандонам ба қайди марказ ҳастем ва сари вақт доруҳои тавсияшударо истеъмол мекунем. Шавҳарам, ки болои ин боз ба бемори сил ва гепатит мубтало шуда буд, соли 2011 вафот кард,-гуфт Мақсуда.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, зиндагии маъмулӣ дорад, вале доим аз эҳтиёт кор мегирад. Ба ҷуз наздикон касе аз ҳамсояҳо дар бораи олуда буданаш ба ин вирус хабар надоранд. Бино ба гуфтаи Мақсуда, фарзандонаш дар мактаби ҳамагонӣ таҳсил мекунанд, аълохон ҳастанд, вале дар бораи беморияшон касе дар мактаб намедонад.

Ман фарзандонамро аз ҳоло барои фаҳмидан дар бораи беморияшон тайёр карда истодаам. Ба онҳо дурӯғ намегӯям. Айни ҳол онҳо медонанд, ки дар хунашон вирус ҳаст, вале кадом навъи вирус намедонанд. Баъдтар, вақте калонтар мешаванд, хоҳам гуфт. Онҳо медонанд, ки агар ё дар мактаб ё саҳни ҳавлӣ ҳангоми бозӣ афтида, бинӣ ё ягон ҷои баданашон хун ояд, бояд касе ба онҳо даст нарасонад, танҳо худашон онро пок кунанд. Инро ман доимо ба онҳо таъкид мекунам,-гуфт дар идома Мақсуда.

Мақсуда мегӯяд, илова бар ин 6 сол мешавад, дар Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои ВНМО ба ҳайси машваратчӣ кор мекунад. Ӯ бо нафароне, ки тоза аз олудашавияшон огоҳ мешаванду дар ҳолати бади равонӣ қарор доранд, суҳбат мекунад ва мекӯшад, онҳоро мутмаин созад, ки дар сурати зери назорати духтурон будан, сари вақт истеъмол кардани доруҳо ва идора кардани вирус ин беморӣ ҳалокатбор нест.

Қаҳрамони мо бовар дорад, вирусе, ки дар баданаш мавҷуд аст, хуруҷ намекунад, зеро пайваста доруҳои лозимаро истеъмол мекунад.  Ӯ мегӯяд, метавонад оила бунёд карда, зиндагияшро обод кунад. Ба хостгорҳои, ба қавлаш, хира ҳам рӯирост аз беморияш ҳарф мезанад, то аз онҳо огоҳ бошанду худ тасмими ниҳоӣ бигиранд. Мақсуда намехоҳад касеро фиреб диҳад, вале мабодо агар он нафар аз ҷои дигар, масалан тавассути хунгузаронӣ дар беморхона ва ё роҳҳои дигар мубтало шавад, баъдан наздиконаш ӯро гунаҳкор меҳисобанд. Ҳарчанд касе аз олудашавӣ ба ин вирус эмин буда наметаравад. Аз ин рӯ, беҳтар медонад, сабр кунад, то дар оянда шояд назари ҷомеа нисбат ба мубталоён дигар шаваду табъиз миёни аҳолӣ ба барандагони ин вирус аз байн равад. Мақсуда гуфт, ҳолати издивоҷи зани олуда вируси ВНМО-ро ба марди солим медонад, ки зиндагии осудаву хушбахтона доранд. Зан ҳар се моҳ пас аз назорати табибони соҳа мегузарад, доруҳояшро мегирад. Ин ҷуфт чор сол боз бо ҳам зиндагӣ доранд, соҳиби писарчаи дӯстрӯяки солим ҳастанд. Мард ҳар шашмоҳа ташхис мегузарад, аз сабабе, ки вируси занаш фаъол нест, мард олуда намешавад.

Ба фарқ аз Мақсуда, ки мегӯяд, соли 2005 аз шавҳараш сироят ёфтааст ва то ҳоло бо истифода аз доруҳои лозима ва ташхисҳои саривақтӣ ба зиндагии маъмулияш идома дода истодааст, Розия (номи шартӣ)-и 27-сола ҳамсуҳбати дигари мо се моҳ қабл аз олуда буданаш ба ин вирус огоҳ гардидааст.

Мутахассисони соҳа бемори ВНМО-ро яке аз муаммоҳои ташвишовари ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд ва ба қайд гирифтани аввалин нафари олуда ба ин вирусро дар кишвар ба соли 1991 рабт медиҳанд, ки аз он замон то ҳозир хеле доман паҳн кардааст.

Духтури эпидемиолог, мутахассис оид ба арзёбӣ ва баҳодиии Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО Камолиддин Боймуродов мегӯяд, нишонаҳои нахустини ВНМО аввали соли 80-уми асри гузашта дар Амрико пайдо шудааст ва аз ҳамин давра ин эпидемия дар ҷаҳон рӯ ба паҳншавӣ ниҳодааст.

Камолиддин Боймуродов мегӯяд, то соли 2010-2011 омили асосии паҳншавии вируси ВНМО дар кишвар ин беморони тазриқӣ, ки тариқи сӯзандору ба баданашон маводи мухаддир ворид мекунанд, буданд. Таҳлилҳо нишон додааст, ки бо истифода аз роҳҳои фаҳмондадиҳӣ, паҳн кардани сӯзандоруҳои яккаратаву рифолаҳо миёни ин табақаи осебпазир фоизи паҳншавии вируси ВНМО аз ин ҳисоб кам гардидааст. Вале ин мутахассиси ҷавон бо таассуф иброз дошт, солҳои охир ин вирус аз ҳисоби расонандагони хизматҳои шаҳвонӣ, фоҳишаҳо, ки ба алоқаи ҷинсии бетартибона машғуланд, ба қайд гирифта шуда истодааст ва беш аз 60 фоизи мубталоён дар ҷумҳурӣ аз ин ҳисобанд.

Тибқи омори расмӣ аз соли 1991 то санаи 1-уми октябри соли равон дар ҷумҳурӣ 10 842 нафар мубталоёни ин вируси ВНМО ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин ҳисоб 65 дарсадро мардон ва 35 фоизашонро занон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии ба қайдгирифташудагон 2816 нафар аллакай фавтидаанд.

Соли 2016 дар ҷаҳон бар асари ин беморӣ беш аз 1 млн. нафар фавтидааст. Сабти сирояти он бештар дар гурӯҳи осебпазири аҳолӣ-муҳоҷирони корӣ ва аҳли оилаи онҳо дониста мешавад.

Шамсулло ФОЗИЛОВ, “ФАРАЖ”

Шумо дар Ҷомеъа

Дар пайи марги собиқ сарбози қисми низомии 6593-юми Вазорати адлияи Тоҷикистон, Хайём Бердиев, cобиқ аскари дигари ҳамин қисми низомӣ, - Бегов Холмаҳмад ба 9 соли зиндон маҳкум гардид. 

Хайём Бердиев санаи 21-уми июни соли равон, дар қисми ҳарбии 6593, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат бо сабабҳои номаълум аз тири силоҳ ба ҳалокат расида буд. Ҷасади ӯро дар бемористони "Ёрии таъҷилӣ”-и шаҳри Душанбе ташхис кардаанд, вале дар санади маргаш танҳо исми пурраи ӯ (Бердиев Хайём Сайфиевич), санаи таваллуд (27 июли соли 1995) ва санаи марги ӯ (2 июни соли 2018) навишта шуда, чизе дар бораи сабаби маргаш гуфта нашудааст. 

Ҷасади Хайём Бердиевро, ки бояд  як моҳ баъд аз маргаш  23-сола мешуд, рӯзи 22 июн дар зодгоҳаш – шаҳри Панҷакент ба хок супурданд. Аммо хешовандони ин сарбоз иддао доранд, ки ӯро бо азобу шиканҷа ба ҳалокат расондаанд. Яке аз хешовандони Хайём Бердиев дар сӯҳбат  гуфт, дар ҷисми ин сарбоз захми тир, захми сӯзонидан бо сигор, захм дар қафаси сина ва захм дар пои росташ мавҷуд буд. Хешону пайвандони Хайём мӯътақиданд, ки ӯ дар қисми низомӣ мавриди шиканҷа қарор гирифтааст.

Аммо дар рафти мурофиаи судӣ гуфтаанд, ки он захмҳои сӯхташуда, аз ҳисоби “осколкаҳое” будаанд, ки дар натиҷаи задани тири силоҳ ба оҳан ба пойи Хайём расидаанд. 

Малика - хоҳари Хайём мегӯяд, додараш моҳи апрели соли 2017 аз коммисариати ҳарбии шаҳри Панҷакент ба хизмати ҳарбӣ рафта буд. Дар хона ӯ писари калонӣ буд ва ҳанӯз чанд сол пеш падараш вафот карда будааст. Маротибаи охир Хайём Бердиев баҳори соли равон ба рухсатӣ омада, ҳамагӣ 5-6 рӯз истодаасту халос. 

Вале пайвандони дигари Хайём Бердиев изҳор медоранд, ки ӯ дар замони хидматаш чанд маротиба шикоят кардааст, ки дар ин қисми низомӣ, яъне дар маҳбаси маъруф ба “Кирпичний” хидмат кардан намехоҳад ва ӯро ба ягон қисми низомии дигар гузаронанд. Вале фармондеҳони қисми низомии 6593 хоҳиши сарбозро ба инобат нагирифтаанд.

Шиканҷа ва маргу мири сарбозон дар қисмҳои низомии мамлакат ба як доғи рӯз мубаддал гардидааст. Тибқи иттилои ташкилоти Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ ва Эътилофи зиддишиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, ки аз ҳуқуқи сарбозон ва нафароне, ки шиканҷа шудаанд дифоъ мекунанд, аз соли 2014 то соли 2017 дар қисмҳои низомии гуногуни кишвар,  62 сарбоз аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҷабр дидаанд. Дар ин муддат 35 сарбоз ва 13 афсар нисбати зӯроварӣ ва шиканҷа ба дигар сарбозон ҷазоҳои гуногун гирифтаанд. 

Пас аз 1 моҳи кушта шудани Хайём Бердиев, зиёда аз 300 нафар сокинони шаҳри Панҷакент дар номаи дастаҷамӣ ба Президент Эмомалӣ Раҳмон аз ӯ хоҳиш намуданд, ки  барои гирифтани пеши роҳи зӯроварӣ ва бадрафторӣ дар қисмҳои низомӣ чора андешад. 

Хуршед Фозилов, МТЖТ 

Шумо дар Амният

Феълан гап сари мутахассис ва одамоне меравад, ки аз хориҷи кишвар мехоҳанд тиҷораташонро дар Тоҷикистон роҳандозӣ ва ривоҷ диҳанд, вале билохира соҳибкорони фаъолияташон маҳдуд дар ҷумҳурӣ зарар мебинанд. Ҳоло бошад, мо мехоҳем, вазъияти ташкилоти МСР (Маркази содиротии Русия) дар Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем, ки фаъолияташро соли 2015 дар Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

Бо ба фаъолият оғоз намудани маркази мазкур мо – соҳибкорони ду ҷониб ҳам аз Русия ва ҳам аз Тоҷикистон умедҳои зиёде доштем. Вале ба назари мо, бо гузашти се сол умедҳоямон ҷомаи амал напӯшиданд.

Сабаб дар он аст, ки ба ин ташкилот ҷаноби Прохоренко Дмитрий Игоревичро ба ҳайси роҳбар ба кор даъват намуданд. Мегӯянд, ки «кадрҳо ҳамаро ҳал мекунанд», аммо натиҷа ва таҳлили фаъолияти кории ин роҳбар дар ин ташкилоти молиявӣ чандон натиҷаи хуб намедиҳад.

Прохоренко Дмитрий Игоревич соли 2013 ҳамчун яке аз соҳибкорони пешбар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда буд ва фаъолияти худро дар гуруҳи ширкатҳои «АМА»  ба ҳайси директори иҷроия шурӯъ намуд. Вале дар натиҷа ӯ ба чизе ноил нагашт, ба ғайр аз муфлис кардани ин ширкат давоми ду сол. Бояд гуфт, ки ин ширкат то замони омадани ҷаноби Прохоренко Дмитрий Игоревич давоми 15 сол дар бозори миллӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи IT-технология ва телекоммуникатсия фаъолият ва рушд мекард. Мақсад аз даъват намудани банда ба ҳайси роҳбари нави ин ширкат танҳо рушди он буд.  Ва инак, соли 2015 гуруҳи ширкатҳои мазкур бо «мусоидати ин соҳибкори муваффақ» пурра аз байн рафт ва Прохоренко Д.И. дар ҷустуҷӯи манбаи дигари даромад дар ҷумҳурии меҳмоннавози мо афтод. Бо истифода аз боварӣ ва робитаҳое, ки миёни мансабдорон пайдо намуд, ширкати ҶДММ «АМАГРУП»  таъсис дода шуд, ки то имрӯз дар якҷоягӣ бо Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон машинаҳои назоратӣ-пулиро назорат мекунанд. Ин тиҷорат нисбат ба тиҷорати аввалӣ муваффақтар пеш рафта истодааст, зеро он системавӣ мебошад ва Кумитаи андози ҶТ онро дастгирӣ менамояд.  

Ҷаноби Прохоренко Д.И. бӯйи пул ва даромаднокии ин тиҷоратро ҳис карда, ба қароре омад, ки нисбати шариконаш рафтори разилона намояд, яъне онҳоро аз ҳаққи иштирок дар ин лоиҳаи муштарак маҳрум созад. Ҳарчанд шартномаи пешакӣ миёни шарикон ва ҷаноби Прохоренко Д.И. тамоман дигар буд. Ба ҷойи он ки ҳамкориро бо шарикони навбатиаш, ки ӯро ба ин вазифа пешбарӣ намуданд, ривоҷу равнақ бахшад, ӯ баръакс хост танҳо бошад. Зеро ба ақидаи ӯ, дар танҳоӣ метавонӣ маблағи бештар ба даст биёварӣ. Ва билохира, дар соли 2018, агар соддатар ва бо забони кӯчагӣ гӯем, ӯ ҳамкорони навбатии худро «кидать» кард.  

Имрӯз ҳамаи он ҳамкороне, ки аз ҷаноби Прохоров Д.И. пешпо хӯрдаанд, ба ғазаб омада, аз болои ӯ ба суд шикоят кардан мехоҳанд.

Дар ташкилоти МСР шикоят аз ҷониби шарикони потенсиалӣ зиёд қабул карда мешавад. Аксарият аз рафтори ҳавобаландонаи ӯ, ваъдаҳои зиёди пулҳои афсонавӣ ва маблағгузорӣ аз рӯйи шартнома шиква мекунанд, ки дар натиҷа ягонтои онҳо амалӣ намешуданд. Аз рӯйи якчанд шикоятҳо маълум гардид, ки ҳар он нафаре, ки бо Прохоренко Д.И. ошноӣ пайдо мекард, дар натиҷа сахт пешпо мехӯрд, ки ин обрӯйи ӯро рехт ва ӯ аз боварии соҳибкорони калон, ки мехостанд бо МСР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дошта бошанд, мебаромад. Барои ташкилоти ҷавон баҳри ташаккул ёфтан дар дигар давлатҳо ин омили хеле муҳим мебошад. Бо назардошти он ки дар ҶТ институтҳои молиявии калони касбии сатҳи байналмилалӣ кам нестанд ва онҳо муваффақона дар ҶТ ва сар то сари ҷаҳон фаъолият доранд, назар ба МСР, ки дигар шахсони тасодуфӣ ва фиребгаронро ба ҳайси роҳбар таъин намекунанд. 

Тоҷикистон давлати чандон калон нест ва овозаҳо дар ин ҷо зуд паҳн мешаванд. Барои кор дар ин кишвар нафаре лозим аст, ки ин нозукиро дарк кунад, вале чунин фиребгарон ба кишвари Русия ягон манфиат намеоранд. Имрӯзҳо Русия мақсади содирот кардани моли худро ба кишварҳои хориҷа дорад, ки ин дар пешрафти иқтисодиёти он нақши муҳим мебозад. Русия барои амалӣ намудани ин мақсади худ тақрибан 10 млн доллари амрикоӣ ҷудо намуда, ва махсус ташкилоти МСР-ро ташкил намуд. 

Кадрҳои ин ташкилот бояд дипломат бошанд ва бо соҳибкорон муносибатҳои кории хубро ба роҳ андозанд, на ин ки як рӯз фаъолият карда, обрӯйи Русияро миёни ҳамкорон резонанд. Мувофиқи таҷрибаи институтҳои молиявӣ ягон роҳбар дар давлати бегона набояд тиҷорати худро дошта бошад, зеро дар акси ҳол диққати ӯ на ба кори давлат, балки ба тиҷорати шахсиаш равона мешавад. 

Дмитрий Игоревич дар аксар мубоҳисаҳо эълон медорад, ки ба наздикӣ ӯро ҳамчун роҳбари МСР ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон мефиристанд. Ӯ рӯйи рост мегӯяд, ки дар Русия дар сатҳи «ҳарф ба ҳарф» (протоколӣ) гуфтугӯҳо дорад ва аз мақоми махсус бархурдор аст. Барои ҳамин, ӯ шарикон ва соҳибкоронеро, ки миёнашон нофаҳмиҳо ва низоъ, барои мисол дар масъалаи ҳиссатақсимкунӣ дар ширкати «АМАГРУП» ба миён омадааст, ба як пули сиёҳ намегирад.

Амалан маълум мешавад, ки дар сари вазифа нафареро гузоштаанд, ки давоми панҷ сол нони Ҷумҳурии Тоҷикистонро хӯрда, лаззат бурда истодаасту як гурӯҳи ширкати «АМА»-ро муфлис карда, соҳибкорони маҳаллиро дар лоиҳаи калон «кидать» кардааст. Аз мансабдории худ истифода бурда, Прохоренко Д.И. тиҷорати худро дар кишвари бегона рӯпӯш мекунад ва барои пешрафти МСР тамоман кӯшиш намекунад, зеро дар ин соҳа на саводи кофӣ дораду на таҷрибаи корӣ. Бояд гуфт, ки ҳамчун роҳбари ин ташкилот ӯ маоши хеле хуб мегирад, вале ба ин нигоҳ накарда, обрӯйи Русияро дар Тоҷикистон мерезонад. Ӯ ҳанӯз ҳам сари вазифа қарор дорад ва бо ифтихор мегӯяд, ки ба наздикӣ вазифаи баландтар мегирад. Адолат дар куҷост, роҳбарон ба куҷо мениганд ва кӣ ҳамаи инро назорат мекунад?! Бобати ин масъала бояд андеша кард! Метавон гуфт, ки дар курсии роҳбарии ин ширкат «Остап Бендер» нишастааст, ки ӯ ғайр аз худаш ва боигариаш дигар дар бораи касе ва чизе андеша намекунад ва андеша кардан ҳам намехоҳад. 

С. Раҷабов,

Б. Хоҷаев

Шумо дар Иқтисод
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 4

Хабари-рӯз

Календар

« Декабрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.