.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Таърих

Шумо дар Таърих

Чеҳраи нотакрор ва ҷовидонӣ

Март 03, 2018 Диданд: 458
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

«Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ - ҳомии адабиёт ва фарҳанги миллӣ

Дар саромади маданияту фарҳанги миллии ҳар як халқи ҷаҳон ашхоси заковатманде қарор мегиранд, ки пайдоиш ва тараққии он бо номи пуршарафи онҳо зич алоқаманд аст. Фарзанди фарзонаи барӯманди миллати тоҷик, олим, шоир, адабиётшинос, забоншинос, мунаққид Садриддин Айнӣ яке аз чунин ходимони барҷастаи фарҳанги мардуми тоҷик буда, дар кори ба вуҷуд овардани адабиёти миллӣ хизмати бузург анҷом додааст.
Устод Айнӣ дар саҳифаи таърихи адабиёти тоҷик ба сифати чеҳраи фарҳангии сермаҳсул шинохта шудааст. Таҳқиқи зиндагиномаи С. Айнӣ ва осори таърихию илмӣ ва адабии ӯ собит месозад, ки бо вуҷуди ҳама душвориҳо тавонист адабиёти беш аз ҳазорсолаамонро ҳифз намояд. Албатта, ҳар бузург ва донишманд дар таърихи миллат мақоми худро дорад ва ҳеҷ кадоми онҳо фаромӯш намешаванд, аммо устод Айнӣ бидуни муболиға, чеҳраи нотакрор ва ҷовидонӣ мебошад. Ба қавли донишманди маъруф ва саршинос Худойназар Асозода: «Садриддин Айнӣ бо осораш баҳреро мемонад бекарон. Ҳарчи қадар, ки аз ӯ фосила бештар мешавад, ба ҳамон андоза ба таъкидҳои ӯ эҳтиёҷ бештар пайдо менамоем. Таҳқиқи ҳаёт ва фаъолияти ин равшангари бузург касро ба чунин хулоса меорад, ки ӯ ҳар коре, ки анҷом медод, ба хотири дифоъ аз арзишҳои фарҳангии миллат ва пайвастани он ба таърихи адабиёту фарҳанги муосири миллати тоҷик будааст».
Як нуктаи муҳимро бояд зикр кард, ки устод Айнӣ аз таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ менамояд. Аммо дар он замон ин ҷумҳуриро давлати сирф тоҷикӣ номидан душвор буд, зеро дар тобеияти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ӯзбекистон расмият дошт. Афроди барӯманди миллатро зарурат пеш омада буд, ки барои дар оянда Ҷумҳурии Мухторро ба як ҷумҳурии комили миллӣ табдил додан, пеш аз ҳама, таърихи қадима доштани мардуми тоҷикро бояд бо далелҳои таърихӣ ва илман асоснок исбот менамуданд. Барои ҳамин ҳадафи стратегиро бароварда сохтан устод Айнӣ ба навиштани китоби сарнавиштсози миллат - «Намунаи адабиёти тоҷик» мепардозад ва онро 12-уми октябри соли 1925 ба итмом мерасонад. Ин китоб ҳаёт ва фаъолияти 220 нафар шоирону адибони форсзабони Мовароуннаҳрро аз давраи сулолаи Сомониён то бист соли аввали асри 20 дар бар мегирад. Бо навиштани ин китоб С. Айнӣ мавҷудияти таърихии миллати тоҷик ва адабиёту фарҳанги онро бо услуби илмӣ ва таърихӣ исбот менамояд. Аз ин хотир «Намунаи адабиёти тоҷик» баъд аз он ки бо ибтикори Абулқосим Лоҳутӣ соли 1926 дар шаҳри Маскав, дар «Нашриёти Халқҳои Шарқ» ба табъ расид, ҳамчун шиносномаи миллат маъруфият пайдо кард. Маҳз ҳамин асар боис гардид, ки соли 1929 барои таъсиси Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон заминаҳои воқеӣ омода гардид. Баъд аз ба табъ расидани ин асар дар атрофи он муборизаи шадиди муғризонаву сиёҳкорона аз ҷониби мутаассибони миллатгаро шуруъ гардид. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда шахсияте чун О. Знаменский (ки намояндаи Вазорати умури хориҷаи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ дар Ӯзбекистон буд) ва баъзе ховаршиносони машҳури давраи Шӯравӣ аз он дифоъ карданд. Китоби мазкур маҳсули ҷустуҷуҳои идеявии шахсе буд, ки ба шарафи сохт ва ҷаҳонбинии нав ба сафи пеши муборизаҳои адабӣ ва фарҳангӣ гузашт, ки ин аз ҷиҳати муаррифӣ кардани идеологияи миллӣ моҳияти бузург дошт.
Аслан С. Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро барои собит кардани заминаҳои ҳассоси таърихӣ доштаи афкори адабиву маънавии халқи тоҷик навишт. Ин нуктаро устод Айнӣ дар сарсухани ба «Намунаи адабиёти тоҷик» навиштааш чунин шарҳ медиҳад: «Баъд аз таъсис ва барпо шудани ҳукуматҳои миллӣ дар Осиёи Миёна Ҳукумати ҷумҳурияти мухтори Тоҷикистон дар аввалин фурсат хост, ки маҷмуае бо номи «Намунаи адабиёти тоҷик» нашр кунад. Дар ин маҷмуа натанҳо осори адибони муосир, ё ин ки шеърҳои инқилобии шоирони ҳозираро, балки порчаҳои адабии шоирон ва муҳаррирони тоҷикро, ки аз замони қадим то ҳол дар Туркистон ва Мовароуннаҳр ба табъ расидаанд, дарҷ кунанд. Бад-ин васила номи гузаштагонро зинда ва ҷавононро ба адабиёт ташвиқ намоянд».
Зимнан, бояд тазаккур дод, ки ин китоб дар ҳамон замон аҳамияти калони таърихӣ, илмӣ, адабӣ, фарҳангию сиёсӣ дошт ва бесабаб набуд, ки ба он пантуркистон ва душманони фарҳанги миллии тоҷикон, онҳое, ки мавҷудияти халқи тоҷикро инкор мекарданд, борҳо ҳуҷум карда буданд. Худи устод Садриддин Айнӣ ин воқеаро чунин ёдовар мешавад: «Ин асар дар замони худ ба фоидаи сиёсати миллӣ роли калон бозӣ кард. Чунки дар он вақтҳо пантуркистон ба муқобили тақсимоти миллӣ иғво паҳн мекарданд ва ин сиёсати миллии партияро порча-порча кардани «туркҳо» мешумурданд ва бар зидди барпо шудани Ҷумҳурияти Советии Тоҷикистон бошад боз ҳам сахттар иғво паҳн мекарданд: «дар Осиёи Миёна тоҷик ном халқ нест, инҳо ҳамон ӯзбеконанд, ки бо таъсири эрониён ва мадраса забони худро гум кардаанд» мегуфтанд”.
Аммо ин асари муҳим ва фундаменталӣ - «Намунаи адабиёти тоҷик» бо далелҳои илмию таърихӣ пардаи он иғвогаронро дарронид ва ба даҳони онҳо муҳри хомӯшӣ зад. Ин гуфтаҳо худ гувоҳи қимати бузурги таърихӣ доштани асари мазкур мебошанд.
Аҳамияти дигари «Намунаи адабиёти тоҷик» дар он аст, ки он бо пешгуфтори Абулқосим Лоҳутӣ ва сарсухани худи муаллиф оғоз мегардад. Мавриди зикр аст, ки дар пешгуфтор Лоҳутӣ нахустин маротиба дар бораи устод Айнӣ ва нақши калидӣ доштани ӯ дар адабиёту фарҳанги тоҷик баҳои сазовор додааст. Лоҳутӣ заҳмати Садриддин Айниро дар таълифи ин асари таърихӣ чунин таъкид менамояд: «Моҳи августи соли 1925 дар шаҳри Самарқанд ба зиёрати фозили муҳтарам ноил шудам. Устод дар утоқи худ даруни садҳо китоб ғарқ буд ва нусхаҳое дар даст дошт, ки менавишт. Он ҳамин «Намунаи адабиёти тоҷик» буд… ба фикри ман. «Намунаи адабиёти тоҷик» беҳтарин намунаи сайри тараққии адаби тоҷикон аст. Устод Айнӣ барои ёфтани баъзе аз нусхаҳои хаттии шоирони тоҷик басо рӯзҳо, ки дар ба дар ва кӯча ба кӯча рафта, то онро ёфта ва ба даст оварда ва дар натиҷа, заминаи ҳозирӣ таҳлилоти адабӣ ва фарҳангии тоҷиконро омода намуд…».
Дар ҳақиқат, хизмату заҳмати устод Айнӣ дар таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик» хеле бузург аст, зеро ӯ бори нахуст дар ин асар аз осори одамушшуаро Рӯдакӣ оғоз карда, то ҷавонтарин шоири пас аз инқилоби тоҷик, яъне мероси ғании ҳазорсолаи мардуми моро мувофиқи манфиатҳои миллӣ ва идеологияи миллӣ аз назари мундариҷаи халқӣ ва гуманистии онҳо баррасӣ намудааст. Ҳамчунин ба воситаи он исбот намуд, ки миллати шарафманди тоҷик таърихи ғанӣ ва тӯлонӣ, маданияти бой, урфу одати ба худ хос дошта, аз халқҳои бостонии Мовароуннаҳр мебошад.
Гузашта аз ин, устод Айнӣ хоксорӣ карда, асари пурқиммати навиштаашро «Намуна» ва худро «ҷомеи китоб» ном мебарад, вале дар он усули таърихияти амиқ, баҳо ба истеъдоди адиб ва вазъи иҷтимоию сиёсии давраҳо ҳамеша дар мадди назари ӯ будааст ва ин аз чашми хонандаи ҳушманд дур намемонад.
Тартиб ва банду басти «Намунаи адабиёти тоҷик» низ ҷолиби диққат мебошад. Он ба шарҳи аҳволу осори адибони Туркистон ва Мовароуннаҳр маҳдуд намешавад. Айнӣ баробари гирд овардани намунаҳо ва маводҳои аз ҳаёти адибони гузашта, онҳоро аз рӯи мақомашон дар оғози адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ва марҳилаҳои инкишофи он, давраҳои муҳими ғановати мазмуну шакл ва мавқеи симоҳои барҷастаи ин адабиёт танзим додааст. Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро тадқиқот ҳисоб намекунад, вале тамоми ин асар аз меъёри илмӣ ба вазъи умумии адабиёт, ба осори алоҳида ва эҷодиёти адибони ҷудогона ҳамчунин баррасии масоили назарӣ оид ба вазн, қофия ва жанрҳо ба тартиб омадааст, ки нишони дақиқкории муаллиф мебошад.
«Намунаи адабиёти тоҷик» аз се қисмати бузург иборат мебошад. Қисми аввал аз соли 912 сар карда то соли 1796-ро фаро мегирад, ки он тарҷумаи ҳол, мероси адабии зиёда аз 80 адиб, аз Рӯдакӣ то Миробид Сайидои Насафиро дар бар мегирад. Хулосаи муҳиме, ки аз маводи ин қисмат бармеояд, он аст, ки дар саргаҳи адабиёти форсу тоҷик Рӯдакӣ меистад ва саргаҳи ин адабиёт Мовароуннаҳр буда, дар пайдоиш ва ташаккули он саҳми мавқеи ниёгони мо хело бузург аст.
Устод Айнӣ қисмати дуюми «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро ба аҳди охир, яъне ба адабиёти охирҳои асри 18 ва то соли 1905 бахшида, дар он 132 адибро зикр кардааст, ки бештар дар сабку услуб ва анъанаҳои адабиёти гузашта асар эҷод кардаанд. Аз қабили Шамсиддин Шоҳин, Туғрал, Саҳбо, Возеҳ, Садри Сарир ва ғайра.
Қисми сеюми «Намунаи адабиёти тоҷик» аз бисёр ҷиҳатҳо ҷолиби диққат мебошад. Аввалан, дар он намунаҳои осори шоирони ҷадид аз соли 1905 то 1925 дохил шудаанд ва устод онро ба ду давра - солҳои 1905-1917 ва солҳои 1917-1925 тақсим намудааст. Садриддин Айнӣ дар ин қисмат дар бораи 13 адиб маълумот дода ва намунае аз осори онҳоро барои мисол овардааст. Бояд зикр кард, ки давраи дуюми марҳилаи сеюм адабиёти инқилобии тоҷикро дар бар мегирад, ки дар он асарҳои худи устод Айнӣ, Лоҳутӣ, Мунзим, Ҳамдӣ, Авҳадӣ, Ҷавҳарӣ ва дигар адибони забардасту мӯшикоф ҷой дода шудаанд. Чун дар дигар қисматҳо намунаҳои аввалини осори адибонро Айнӣ чун мунаққиди варзида ва нуктасанҷ баҳо медиҳад, ҷойгоҳи онҳоро дар адабиёт муайян менамояд ва ҷавонони ҳушмандро ба майдони адабиёт раҳнамун месозад.
Ҳамин тариқ, «Намунаи адабиёти тоҷик» баробари аҳамияти таърихӣ доштан ба инкишофи фарҳанг, забон ва назарияи адабиёти тоҷик низ мусоидати комил кардааст. Комёбиҳои илми адабиётшиносӣ , забон ва фарҳанги асили мардуми тоҷик аз шинохти ин асари таърихӣ оғоз мегардад. «Намунаи адабиёти тоҷик» як шиносномаи миллати тоҷик дар роҳи расид ба ормонҳои миллии ин халқи озодандеш маҳсуб мегардад. Садриддин Айнӣ то поёни умри бобаракати хеш дар ҷодаи дифоъ аз арзишҳои фарҳангии миллати тоҷик қарор дошт ва абармардонеро чун Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва садҳо фарзандони фарзонаи ин миллатро, ки дар тӯли таърих барои башарият хизматҳои босазо кардаанд, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.

Абдувалии МИРЗОМУДДИН,
корманди Вазорати фарҳанги ҶТ

Тағйироти охир Шанбе, 03 Март 2018 17:22
Хонданд 458
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.