.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Таърих

Шумо дар Таърих

Регистони муъҷизавӣ

Дек 09, 2017 Хонданд: 433
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Баъзе касон гумон мекунанд, ки маҷмӯаи яъне Ансамбли Регистон танҳо аз се мадраса ва майдони таърихии он иборат аст. Таърих гувоҳ аст, ки дар ин ҷо иморатҳои бузурги дигаре низ буданд.

Аз ин иморатҳо куҳансолтаринаш Мадрасаи Мирзо Улуғбек-ҳоким ва донишманди маъруфу машҳур мебошад, ки сохтани он соли 1417 ба охир расида, корҳои кошинкориву тазйин боз се соли дигар давом кардааст. Аз рӯи лоиҳаи Мирзо Улуғбек дар Регистон корвонсарой, хонакоҳ, гармоба ва масҷид низ сохтаанд. Ҳоло дар ҷои корвонсарой Мадрасаи Тиллокорӣ ва дар ҷои хонакоҳ Мадрасаи Шердор истодааст, ки бо фармоиши ҳокими Самарқанд Ялангтӯш бунёд ёфтаанд. Иморати аз ҳама калон мадрасаи Алика Кӯкалдош будааст, ки 210 гумбаз доштааст.
Номи деринаи Регистон Сардувоник будааст, тахмин ба маънои ҷои тақсимгоҳи оби равон. Ҳафриёти археологҳо мавҷудияти ҷӯйҳои қадимаи Регистонро тасдиқ кардаанд. Дар сохтмони Мадрасаи Улуғбек бо илтимоси ӯ модараш Гавҳаршод аз Ҳирот меъмори машҳури он замон Қавомиддини Шерозиро мефиристад. Италия бо ёдгориҳои меъмориаш дар ҷаҳон машҳур аст. Донишмандони он ба ҳар як рӯйдоди меъморӣ аз зинаҳои баланди комёбиҳои меъморони шуҳрати ҷаҳонидоштаи худ баҳо медиҳанд. Чанд сол пеш китоби калони мусаввире дар Маскав бо номи «Муъҷизаҳои меъморӣ» (тарҷума аз итолёвӣ) чоп шуд, ки дар он Ансамбли Регистони Самарқанд дар радифи Персополиси Шероз, Масҷиди Имоми Исфаҳон ва Тоҷмаҳали Ҳиндустон ба рӯйхати муъҷизаҳои меъмории олам даромадааст. Донишманди таърихи меъморӣ Мария Элоиза Коротса дар ин китоб навистааст: «Ансамбли биноҳои дар Регистон қомат рост карда, нишонаи нотакрори маданияти шаҳрсозии замони темуриён аст. Ва ҳоло низ он касро ба ҳайрат меафканад»
Ҳар саҳар соати шаш дар майдони Регистон кор оғоз меёбад. Фаррошон ба поккорӣ сар мекунанд, боғбонҳо бо шинондани гулу рустаниҳои ороишӣ ва об додани буттаву ниҳолу дарахтону сабзаҳо машғул мешаванд. Кор аз субҳ то шом давом мекунад. Яъне кормандони маҷмӯаи Регистонро фидоӣ гӯед, хато намекунед. Дар ин маҷмӯа солҳост, ки Ҷамшед Маъруфӣ роҳбарӣ мекунад ва ӯ низ аз кормандони варзидаи соҳаи осорхонашиносӣ аст. Таҷрибаи калони рӯзноманигориро дар идораи газетаи «Самарқанд» соҳиб шуда буд ва мақолаҳояшро бо имзои Беҳрӯз Маъруфӣ чоп мекард. Падараш Рауф Маъруфӣ аз дилбохтагони санъати меъмории бостонӣ буданд ва ин меҳру муҳаббати самимӣ нисбати осори гузаштагонро ба писари худ ба мерос гузоштаанд. Агар аз Регистон гузарам, ҳатман бо директори собиқ Қурбон Ҳасанов вохӯрда суҳбат мекардам. Аз ватандӯстони ҳақиқӣ буданд раҳматӣ. Рӯзе дар як суҳбат гуфтанд, ки барои ба вазифаи муовини директор овардани Ҷамшед Маъруфӣ зӯр зада истодаанд.
- Ин кори бисёр душвор? - Пурсидам бо тааҷҷуб.
- Оре душвор,- гуфтанд он кас, - Ҷамшед Маъруфӣ дар Осорхонаи калон дар вазифаи муовин бисёр сол кор карда, дар тармиму муҳофизати ёдгориҳои меъморӣ таҷрибаи калоне ҳосил кардааст. Ҳоло директори музеи таърихи Самарқанд дар Афросиёб мебошад.
Нуъмон Усмонович Маҳмудов ба қадри чунин кадрҳо мерасанд. Ҳамин тавр баъди бисёр суҳбатҳо Нуъмон Маҳмудов фаҳмид, ки Қурбон Ҳасанов пеш аз ба нафақа рафтан ба ҷои худ Маъруфиро пешниҳод карданиянд.
- Регистон - ҷои нозук. Ба ин ҷо ҳар рӯз меҳмонҳои олиқадри нозук меоянд. Мана дирӯз соати ёздаҳи шаб баногоҳ худи сарвазир Шавкат Мирамонович (ҳоло президенти Ӯзбекистон) даромада омаданд. Маъруфӣ бошад, ба мисли ман ҳалол кор карда метавонад.
Баъди чанд сол Қурбон Ҳасанов ногоҳ бемор шуда аз олам гузаштанд. Бори вазнини роҳбарӣ ба маҷмӯи Регистон ба зиммаи Маъруфӣ гузошта шуд. Ҳоло ин маҷмӯи ёдгориҳои меъморӣ-Ансамбли Регистон ба ҷои дӯстдоштаи меҳмонон ва самарқандиён табдил ёфтааст. Боғҳояш хушобу ҳаво, тару тоза, салқин. Дарахтони сӯзанбарги арчаву санавбар бо ҳавои тозаи шифобахш атрофро таъмин мекунанд. Мадрасаҳои куҳансол ба мисли мӯйсафедони пир ғамхории ҳамарӯзаро талаб мекунанд. Ягон рӯз нест, ки дар Регистон корҳои тармиму таъмир сурат нагиранд. Маъмурияти Регистон низ мекӯшад, ки ба ҷои кошинҳои шикаста кошинҳои айнан ба кошини дерин монанд насб гардад. Аввал аз ҳама бо дастгоҳи аккосӣ сурати ҷои тармим мешуда гирифта мешавад, то ки баъди тармим бо акси нави нақши тармимшуда муқоиса карда бовар ҳосил кунанд, ки нақши нав чӣ дар шаклу чӣ дар ранг бо нақши асл баробар аст.
Маъмурияти Регистон ҳама корҳоро дар асоси мантиқи илмӣ пеш мебарад. Бо муассисаҳои илмӣ чӣ дар масоили тармиму муҳофизати ёдгориҳои меъморӣ чӣ дар ташкили боғдорӣ ҳамкорӣ мекунанд.
Корҳои ҳаҷман калонтар ба мисли сангфарш кардани майдон ва ғайра бо супориши идораҳои боло ва лоиҳаи институтҳо, иҷозати идораи муҳофизати ёдгориҳо амалӣ мешаванд.
Мана худи хонандаи азиз шоҳид аст, ки бо ташаббуси сарвари давлат барои барқарор кардани симои таърихии Регистон бисёр иморатҳои замони хрушёвӣ вайрон карда шуд. Дар натиҷа шаҳомати деринаи ёдгориҳои Регистон барқарор гардид. Дар маҷмӯи ёдгориҳои Регистон корҳои илмиву тадқиқотӣ мунтазам давом мекунанд. Яке аз корҳои бузурги ба назар намоён, ки бо ташаббуси Маъруфӣ анҷом ёфт, ташкили аз забони арабию форсӣ ба забони ӯзбекӣ баргардон ва чоп кардани катибаҳои мадрасаҳо буд. Акнун роҳбаладу тарҷумонҳои сайёҳони хориҷӣ ба саволи меҳмонон, ки дар деворҳо чӣ навишта шудааст, бемалол посух дода метавонанд. Имрӯзҳо боз кор дар майдони байни мадрасаҳо меҷӯшад. Яъне тайёрӣ ба фестивали байналхалқии «Шарқ тароналари» дар авҷ аст.
- Медонам, ки коратон аз мӯи сар зиёдтар аст. Аммо дар чунин як маҷмӯаи калон масъалаҳое, ки ҳалли худро талаб мекунанд, будагистанд,- мегӯям ба Маъруфӣ.
- Оре, будани онҳо табиист. Он масъалаҳое, ки ҳалли онҳо иҷозати махсуси мақомоти болоиро талаб намекунанд, худамон дар доираи имконияти молии худамон иҷро карда истодаем.
Чанде пеш камина оиди баъзе корҳое, ки дар оянда бояд иҷро шаванд, пешниҳодҳоямро ба мақомоти боло навишта супоридам. Ӯ ба ман ин матни пешниҳодро нишон дод. Дар пешниҳод ба ғайри ба дирексияи ансамбли ёдгориҳои Регистон додани мақоми ҳуқуқӣ (юридикӣ), ташкили идораи маъмурият, фонди музей, китобхона, анбор, толори конфронс ва ғайра бисёр масъалаҳои ниҳоят муҳим низ ҳастанд. Яъне Маъруфӣ ба Регистон аз нуқтаи назари осорхонаи илмӣ менигарад, ки ҳамин тавр бояд бошад. Масъалаи дигаре, ки Маъруфӣ аз он ёдовар мешавад, бо мақсади боз бештар муҳофизат кардани ёдгориҳои Регистон харитаи археологии онро офаридан. Яъне агар чунин харита эҷод шавад, маълум хоҳад шуд, ки таҳкурсиҳои масҷиди Муқаттаъ аз ҷануби Улуғбек сохта шуда сарҳавзҳои бостонӣ, таҳкурсии Ҳаммоми Мирзоӣ (Улуғбек сохтагӣ, номи дар байни мардум машҳураш-Ҳаммоми Бозори сандуқ), пойдевори масҷиди Кучкунчихонро аз зери хок кушода консерватсия намудан лозим аст. Пешниҳоди чоруми Маъруфӣ оид ба масоили Регистони Самарқанд бо ҷалби мутахассисони мамолики хориҷӣ таъсиси Шӯрои ҳифзи ёдгориҳои меъморӣ мебошад. Яъне бо назардошти аҳамияти ҷаҳонии Регистон корҳои тармиму консерватсияро дар заминаҳои илми муосири ҷаҳонӣ ташкил намудан.
Дар ёд дорем, ки солҳои аввали истиқлоли Ӯзбекистон дар бобати ободонии Регистон озмуни байналхалқӣ бо иштироки Фонди Оғохон гузаронида шуда буд. Барзиёд намебуд, агар боз як чунин озмуни байналхалқӣ дар бобати барқарор кардани симои таърихии Регистон дар атрофи он ба ҷои иморатҳои бенамуди Хрушёвӣ сохтани инфрасохтори туристӣ бо корбасти комёбиҳои меъмории миллӣ гузаронида шавад. Он гоҳ фикрҳои президенти аввали Ӯзбекистон Ислом Каримов дар бобати барқарор кардани шаҳомати Регистон пурра амалӣ мегардид. Пешниҳоди панҷуми Маъруфӣ оиди тармиму муҳофизати худи ёргориҳои Регистон аст. Қисми якуми ин пешниҳод масоили дренажи обҳо дар мадрасаҳои Тиллокориву Шердор аст. Бахши дуввум пурра ба корҳои консерватсия ва тармими мадрасаҳои Улуғбек, Шердор ва Тиллокорӣ доир аст. Ба ҳама маълум, ки ягонтои ин мадрасаҳо дар сад соли охир пурра тармим нашудааанд. Хусусан мадрасаи Улуғбек, ки гунбазҳояшро Қавомиддини Шерозӣ ба мисли гунбазҳои дар Ҳирот сохтааш қабурғадор сохта буд, бояд ба шакли асл барқарор шавад.
То замоне, ки дар мадрасаҳо системаи гармкунӣ сохта нашавад, деворҳо нам кашида кошинҳоро сармо зада афтидан мегиранд.
Баъзе пешниҳодҳо масъалаи вентилятсия ва зарурати сохтани системаи гармидиҳиро дар бар гирифтаанд. Маҷмӯаи Регистон пеш аз ҳама осорхона яъне музейи миллӣ аст. Аз рӯи ин мақомаш он бояд корҳои осорхонагиро ба дараҷаи баландӣ ҷаҳонӣ ташкил кунад. Аз рӯи ҳамин талаботи касбӣ Маъруфӣ пешниҳод кардааст, ки дар мадрасаи Улуғбек ва мадрасаи Шердор муҳити асрҳои 15-17-ро бояд сохт. Албатта дӯконҳои армуғонфурӯширо кам бояд кард.
Тармими мадрасаи Тиллокорӣ боз як муаммои дигар аст. Гунбази он ба тармим ниёз дорад. Барои идомаи корҳои чаламондаи бинокорон (корҳои нақкошию кошинкорӣ) ва зеботар кардани ҳавлии мадраса лоиҳаи махсус лозим аст.
Ба фикри Маъруфӣ мадрасаи Тиллокорӣ барои таъсиси намоиши осори атиқаи худи Регистон ва ҳунармандони миллӣ мувофиқтар аст. Дар ин мадраса низ агар системаи гармидиҳиву хунуккунии ҳаво насб нагардад, вазъият чӣ хеле ки ҳаст, боқӣ хоҳад монд. Пешниҳоди ҳафтум оиди масоили таъмини барқ аст. Пешниҳоди ҳаштум оиди барқарор кардани дарвозаи таърихии Арки Амир Темур ва тимҳои таърихист ва ба ҷои асл (Кӯксарой) аз қабристони Шоҳи зинда кӯчондани мақбараи Нуриддин Басир. Пешниҳоди нуҳум эҳёи гузару растаи Заргарон аст.
Дар солҳои аввали истиқлол оиди барқарор кардани он гапу ҳарфҳо зиёд буданд, аммо бо сабаби номаълум иҷрои нақшаҳо фаромӯш гардид. Пешниҳоди даҳуми Маъруфӣ дар Самарқанд сохтани манораи баландтарине, ки туристон аз болои он тамоми шаҳрро дида тавонанд. Дар шаҳрҳои дигар масалан Бухоро, Хива ва Тошканд чунин объектҳо мавҷуданд. Пешниҳоди ёздаҳуми Маъруфӣ барои сайёҳони хориҷӣ дар як қисми шаҳри куҳна бо номи «Шаҳри афсонавӣ» муҳити асри Амир Темурро сохтан аст.
Ба монанди «Диснейленд», танҳо фарқ ин ки ба ҷои яхмосҳои имрӯза «роҳатиҷон», ба ҷои лимонад гулоби таърихиро мефурӯшанд.
Пешниҳоди охирин, яъне дувоздаҳум таъсиси Институти илмӣ-тадқиқотии ҳифзи ёдгориҳои меъморӣ аст. Ва дар заминаи он ташкил намудани устохонаи таъмири ёдгориҳо. Ба фикрам хеле зарур аст, чунин устохона. Солҳои гузашта кошинпазӣ дар Самарқанд барҳам хӯрд ва тармими мадрасаву масҷидҳо бо мушкилӣ рӯ ба рӯст.
Роҳбари нави давлатамон Шавкат Мирзиёев ҳам солҳои ҳокими вилояти Самарқанд буданашон ва ҳам солҳои сарвазириашон ба масоили Регистони Самарқанд доим эътибор медоданд.
Ба ин сабаб муаллифи ин мақола итминон дорад, ки пешниҳодҳои Маъруфӣ дар рӯи қоғаз нахоҳанд монд, рӯзе мерасад, ки онҳо амалӣ мешаванд. Чӣ хеле ки дар урфият мегӯянд, нияти нек-ними давлат.
Муаллифи ин мақола дар як мақолае, ки солҳои пеш вобаста ба таърихи мадрасаи аз байн рафтаи Меҳрубонхонум навиштааш пешниҳод карда буд, ки Дахмаи Шайбониёнро ба ҷои асли худ паҳлӯи поликлиника ва оқиби Иттиҳодияи «Усто» кӯчонидан кори савоб мебуд. Ҷои ҳозираи он-оқиби мадрасаи Тиллокорӣ буда ҷои саввум бор кӯчонидашуда аст. Ва аз рӯи мантиқ ва ҳақиқати таърихӣ ба Регистон ҳеҷ иртиботе надоранд. Ё бигирем Чорсӯро. Он якуним метр зери хок аст.

Адаш ИСТАД 

Тағйироти охир Шанбе, 09 Декабр 2017 13:35
Хонданд 433
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.