.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Таърих

Шумо дар Таърих

Марги асроромези Анварпошшо

Нояб 18, 2017 Хонданд: 643
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

 Саволҳои беҷавоби ҷузъиёти марги Анварпошшо

Анварпошшо, турке бо сарнавишти талх. Оне, ки омад, то зидди ҳукумати ба истилоҳи худаш куфр ҷиҳод кунад, дигар маҷоли бозгашт ба ватан накард. Дар ҳамин роҳ фоҷеабор кушта шуд. Ва беш аз 80 сол пайвандонаш мунтазир монданд, то иттилои дақиқ дар борааш пайдо кунанд ва ҷасадашро ба зодгоҳаш баргардонанд. Ва ба мақсад расиданд. Аммо сарнавишти ин турки ҷанговар даҳҳо саволи беҷавоб дорад. Бахусус ҷузъиёти маргаш ҳамоно норӯшан аст. Вақтҳои охир олимону пажуҳишгарон ба маълумоти расмии бойгониҳо ва расонаҳои ҳамон солҳо ба назари шубҳа менигаранд ва онро ҳақиқати маҳз намедонанд.
Дар зер мақолаи академик Раҳим Масовро меорем, ки ахиран дар сомонаи http://ia-centr.ru чоп кардааст.

Дар адабиёти таърихии замони Шӯравӣ роҷеъ ба ҷанги охирин ва марги Анварпошшо чанд фарзия вуҷуд дорад. Мо мехоҳем ба нақли як шоҳид ва шояд иштирокчии бевоситаи он рӯйдодҳои фоҷеавӣ таваққуф кунем. Рӯйдодҳое, ки 85 сол пеш дар қаламрави имрӯзаи Тоҷикистон гузашта буданд.
Пеш аз он ки аз таърихе ҳикоят кунем, ки ба аз байн рафтани дастаи босмачиён ва худи Анварпошшо иртибот дорад, мехоҳем ба чанд нукта ишора намоем. Бар асоси муоҳада миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар бораи кашф, таҳқиқ ва интиқоли ҷасади Анварпошшо ба ватанаш комиссияи вижаи ҷустуҷӯи археологӣ таъсис дода шуда буд, ки дар он кормандони Институти археология ва мутахассисони салоҳиятдори Туркия дар ҳайати 10 нафар (панҷнафарӣ аз ду ҷониб) шомил шуда буданд.
Дар ин экспедитсия антропологҳо, археологҳо, рассомон, аккосон, ҳамчунин намояндагони телевизиони ду кишвар ва баъзе шахсиятҳои расмии Сафорати Туркия дар Тоҷикистон дохил шуда буданд. Бар асоси нишондоди сокинони маҳаллӣ 31-уми июли соли 1996 дар наздикии маҳалле бо номи Чагани ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон (пешина вилояти Кӯлоб) экспедитсия се қабри ба ҳам наздикро ошкор кард. Ба як дид метавонистӣ тахмин кард, ки тибқи нишонаҳо қабри мобайнӣ бояд мансуб ба Анварпошшо бошад.
Вақте қабрро кушоданд, дар он ҷасади одам ҳувайдо шуд, косахонаи сар, манаҳ, устухонҳои даст ва пойи ӯ имкон доданд, ки маълумотҳои физикиро дар бораи соҳиби ҷасад дақиқ кунанд.
Бино ба хулосаи тиббӣ ва олимони Туркия Анварпошшо пеш аз он ки аз Олмон ба Русия сафар кунад, аз хизмати дандонпизишк бархӯрдор шуда буд. Маҳз аз муқоясаи ҷоғи поёни косахона, ки дандонҳои плотинӣ дошт, ҳайат ба хулоса омад, ки маҳз ҳамин қабри сарвари дастаи босмачиёни аввали солҳои 20-и қаламрави Ҷумҳурии халқии Шӯравии Бухоро буд. Ғайр аз ин омӯзиши устухонҳои боқимонда қади вай дар Ђ” тасдиқ шуд: 165 см.
Пажуҳишгари марҳуми тоҷик М.Эркаев ҳолати охирин ҷанги гуруҳи Анварпошшо бо қисмҳи Артиши Сурх, ки дар таърихи 4–уми августи соли 1922 ба вуқуъ пайвастааст, чунин ба риштаи тасвир кашидааст:
«4 августи соли 1922 дар деҳаи Обдара (12 км дуртар аз Балҷувон) ҷанги шадиду хунине ба вуқуъ пайваст. Анвар дар баландии рустои Обдара, ки хеле ҷойи муносиб буд, ҷой гирифта, ба муҳориба омодагӣ медид. Полки 15-уми кавалерӣ ноаён аз ақиби неруҳои Анвар мустақар шуд, аммо полки 16 дар рӯ ба рӯйи вай қарор гирифт. Тирандозони афғон, ки дар баландӣ, дар паси харсангҳо ҷой гирифта буданд, чандин тан аз аскарони сурхро ба ҳалокат расонданд. Дар ҳамин ҳол ба Анвар хабар расид, ки гуруҳи вай дар муҳосира мондааст ва роҳи бурунрафт надорад: аз қафо онро ҳамон двизияе, ки чанде пештар Балҷувонро ишғол карда буд, иҳота кардааст. Анвар ва Давлатмандбий бо садҳо савораҳои интихобӣ кӯшиш карданд, ки бо рахна ба сафи полки 16 худро аз муҳосира берун кашанд. Зери фишори савораҳои Анвар эскадрони якум шуруъ ба ақибнишинӣ кард. Онҳо Анварро 5 маротиба захмӣ карданд, ҳамчунин Давлатмандбий, муовини вай, ки ба ёриаш расида буд, низ шадидан захмӣ шуд. Ҳардуи онҳо ба зудӣ вафот карданд. Бо талафоти гарон ва аз даст додани афроди зиёд гуруҳи Анвар бо сарварии Дониёрбек билохира худро аз муҳосира раҳо карданд. Баъди чанд вақти дигар сарнавишти Анвар барои Дониёрбек такрор шуд. Афроди ин гуруҳ, ки зинда боқӣ монда буданд, дар куҳҳои вилояти Кӯлоб пинҳон шуданд”.
М.Эркаев, ки як муҳаққиқи ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳаракати босмачигарӣ дар Тоҷикистон шуморда мешавад, дар ин маврид моро дар ҳайрат мегузорад. Гап дар сари он ки вай охирин ҷанги Анварпошшоро дар таърихи 4–уми август дар рустои Обдара нақл намуда, чун шаҳодат ба гуфтаҳояш ягон истинод ба маводҳои бойгониҳо намекунад, шаҳодати ягон шоҳид ва ё ширкаткунандаи ин муҳорибаро намеорад. Вай дар шакли озод хабарҳои маҷалалву рӯзномаҳоро, ки солҳои 20-уми асри гузашта интишор ёфтаанд, дубора нақл мекунад. Амалан ҳамаи муаллифони ин хабару мақолаҳо (бисёре аз онҳо танҳо сарҳарфи исми худро меоранд) шумори замҳои хӯрдаи Анварро ҳамон 5 меоранд. Ҳеч ягон аз муаллифон (ҳатто Н.Е.Какурин, ки ҷараёни юриши ҳарбӣ ва хурдтарин ҷузъиёти амалиёти неруҳои Артиши Сурх алайҳи Анварпошшоро навиштааст) иттилоъ намедиҳанд, ки кай ва дар кадом ҳолат Анвар захмӣ шуда буд. Танҳо санаи онро нишон медиҳанд: 4 -уми августи соли 1922.

КӮР-МУРОД ҲАМОН КӮРИ ШЕРМАТ НЕСТ?

Ҳамин ҳолат дар иртибот бо соатҳои охири ҳаёти Анварпошшо ва марги фоҷеавии вай моро водор кард, ки ин масъаларо хеле ботаваҷҷуҳтар омӯзем ва натиҷа ғайримунтазира буд. Нуктаи асосӣ шиносоӣ бо достони ноошнои муаллифи тоҷик Кӯр-Мурод “Ҷанги охирин”, буд, ки дар Маскав интишор ёфтаву мутаассифона, соли чопаш нишон дода нашудааст.
Эҳтимолан, муаллифи достон то ин замон зинда набуд ва навиштаи вай арзиши ҳуҷҷати таърихӣ гирифт. Вале аз сабаби он ки повест берун аз қаламрави ҷумҳурӣ ва ба теъдоди хеле кам нашр шуд ва он на асари таърихиву ҳуҷҷатӣ, балки бадеӣ буд, муҳаққиқони таърихи он солҳо ба он камтар таваҷҷуҳ карданд.
Достони Кӯр-Мурод «Ҷанги охирин” аз ҷиҳати ҳаҷм чандон бузург нест, вале мазмунан хеле бой аст. Вай ба сони як муаммои рамзбандишуда аст ва муҳаққиқонро лозим меояд онро гиреҳкушоӣ кунанд. Ҳаҷми асар ҳамагӣ 272 мисраъ аст, вале муаллиф бо он ки як саҳифаи барои мо номаълуми каҳрамониву шуҷоат ва фоҷеавии муосирони мо дар аввали асри ХХ-ро кушодааст, шоистаи эҳтирому қадрдонист.
Нақли муаллифи “Ҷанги охир” мушоҳидакории ӯ, аз рӯйи инсоф тасвир намудани ҳолати он рӯз, номҳои ҷуғрофӣ, возеҳияти маҳал, исми одамон, муносибатҳои инсонӣ ва эҳсос, рафтори қаҳрамонони асосӣ дар охирин лаҳзаҳои ҳаётро ба намоиш мегузорад. Мо ба ин боварем, ки мисли муаллифи ин достон танҳо касе метавонад бинвисад, ки ё шоҳиди бевоситаи рӯйдод буда ва ё шаҳодати дақиқи шоҳидонро дар мавриди ҷанги охирини Анванрпошшо гирдоварӣ кардааст.
Мутолиаи достон нишон медиҳад, ки муаллиф комилан назари мусбат ба қаҳрамони достонаш дорад, ҳарчанд хеле моҳирона мехоҳад онро рӯпӯш созад. Бояд ин нуктаро дақиқ кард, ки оё дар он солҳо ширкаткунандаи фаъоли он муҳорибаҳо, қурбошии пешин Кӯри Шермат магар бо ҳамин ному тахаллус худро пинҳон надошта буд? Шоҳадати ин фарзия тасвири ду ҷароҳати сари синаи Анварпошшо, ҷароҳати сабуки Давлатмандбӣ, миллати фармондеҳи сурхе, ки бо онҳо дар муҳориба буд, теъдоди босмачиҳо ва шумораи аскарони сурх, мавзеъгирии гуруҳҳои даргир, шумори силоҳҳо, пулемётҳо, ки дар ин муҳориба иштирок доштанд, камони ёздаҳкалибраи англисии Анварпошшо, хоби ваҳшатноки Анвар дар мавриди марги худаш ва Давлатмандбий, аз хуни Давлатманд пур шудани мӯзаи амрикоии вай, теъдоди гӯсфандоне, ки (44) дар иди Қурбони қурбонӣ карданд, муҳтавои суҳбат миёни Анварпошшо ва Давлатмандбий, номи миёнараве, ки (Шариф) номаи ӯро ба фармондеҳи рус расонд, сухани пешазмаргии Анвар, эҳтиёти фармондеҳони рус аз хоинон дар гуруҳашон ва ғайра мебошад.
Ҳамаи ин ва тасвири муфассали ҷузъиёти муҳориба шаҳодат аз он медиҳад, ки ин асар бар пояи воқеъият иншо шудааст, на тахаюли бадеӣ. Вале ин фарзия ба санҷишу таҳлилу баррасӣ ниёз дорад.

ПАНҶ ҶАРОҲАТ Ё ДУ?

Омӯзиши муқоясавии баъзе асноди ҳуҷҷатӣ дар бойгониҳо ва ёддоштҳои интишоршуда (аз шаҳодати шоҳидон) дар бораи рӯзҳои охири умр ва марги Анварпошшо хеле нукоти дигари ғайримунтазираро ошкор кард. Аз ҷумла, фактҳои дигаре пайдо шуданд, ки дар фарзияҳои марги қурбошӣ миёни 4-8-уми августи соли 1922 ва муносибати вай бо Иброҳимбек тағйирот ворид мекунанд.
Тибқи маълумоти расман интишордодаи расонаҳои хабарии Русияи Шӯравӣ дар аввали солҳои 20 роҷеъ ба охирин рӯзҳои Анварпошшо дар Осиёи Марказӣ дар ҷасади марҳум 5 ҷароҳати марговар ошкор карда шудааст. Аммо Кӯр-Мурод бо боварӣ ва эътимод мегӯяд, ки Анвар ду ҷароҳати кушанда дар сари сина дошт. Ба кӣ лозим шуд, ки се тири дигар ба тани ҷароҳатдида ва ё дар ҳоли марги Анварпошшо занад? Ин кори кӣ буда метавонад? Ва бо кадом мақсад? Дар охирин дақиқаҳои умраш кӣ сари ҷасади вай ҳозир буд? Кӯр-Мурод беҳуда Анварпошоро “бетолеъ” наномида буд. Охир вай хуб медонист, ки дар ҷанг кушта мешавад ва дар ин бора нақл ҳам карда буд. Ин ва чанд саволи дигари алоқаманд ба марги Анварпошшо посухи дақиқ мехоҳад. Умедворем ин мавзуъро муаррихон ва муҳаққиқони рӯйдодҳои фоҷеабори аввали солҳои 20-и асри ХХ Тоҷикистон мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор хоҳанд дод.
Аскарони сурх ба ҳеч ваҷҳ наметавонистанд ба ин кор даст зананд. Барои онҳо зинда дастгир кардани Анвар аз куштани ӯ беҳтару манфиатовартар буд, ҳаддиақал барои он аз ӯ маълумоти заруриро дарёфт кунанд. Даҳҳо қурбошиён ва садҳо босмачиён он замон худро таслим карда буданд ва онҳо боз зинда монданд. Ба кӣ лозим буд, ки Анварпошшо ба таври ҳамеша хомӯш бимонад? Бино ба суханони Кӯр-Мурод дар охирин нафасҳои ҳаёташ вай ба Давлатмандбий пешниҳод карда буд, ки ҳамроҳаш ба Афғонистон равад. Вай дар бораи “қудрати Иттиҳоди Шӯравӣ” ҳарф мезад ва ҳатто ба номи Худо қасам ёд мекард, ки барои мубориза бо он қувваташон намерасад. Ҳақиқат ин аст, ки Анварпошшо хеле зиёд медонист ва аз ин рӯ хатарнок буд агар ба даст меафтид. Пас маълум мешавад, ки ӯро касе аз худиҳо ба ҳалокат расонд ва барои ин вай фатвои қатли Анварро дар ихтиёр дошт. Пас кӣ метавонист ин фатворо содир кунад?!
Дар ҳисоботҳои хадамоти ҷосусӣ ва хабарҳои разведкаи ҳарбӣ ва шуъбаҳои махсуси Артиши Сурх, ки дар бойгониҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ маҳфузанд ва олимони Шӯравӣ дар адабиётҳои илмии худ дар мавриди ҳаракатҳои босмачигарӣ дар Осиёи Марказӣ истифода кардаанд, роҷеъ ба ҷузъиёти марги Анварпошшо маълумот вуҷуд надорад. Дар бораи 4-уми август низ гапе нест.
Аммо дар хотираҳои шираткунандагони ҷанги ҳамватанӣ дар солҳои 1920-1924 дар Осиёи Марказӣ, ки онро Кӯр-Мурод дар асараш тасвир кардааст, водор мекунад, ки ба ин рӯйдод бо диди нав ва бо ҷиддият назар карда шавад.
Соли 1988 нишондоди ҷосуси шуъбаи махсуси гуруҳи неруҳои Артиши Сурх дар минтақаи Бухоро Турсун Тошпӯлодов, ки он рӯзҳо дар ҳайати артиши ислом ҳамроҳ бо Анварпошшо буд, интишор ёфт. Албатта, фаъолияти ӯ ҳамроҳ бо хатари марг буд, зеро вай маҳз дар атрофи Анвар кор мебурд.

МУБОРИЗОНИ ДИЛШИКАСТА Ё..?

Каме пештар аз ҷанги охиринаш Анварпошшо ҷаласае даъват кард, ки дар он Иброҳимбек ва дигар сарварони ҳаракати босмачигарӣ ширкат доштанд. Дар ҷаласа ҳамчунин намояндаи Амир Олимхон низ иштирок дошт. Дар ҳамин ҷаласаи Анварпошшо қарори пароканда кардани Артиши ислом ва гузариш ба ҷанги чирикиро эълон кард. Вай мегуфт, ки ин ҷангҳои чирикиро дар ҳама ҷо то созмон ёфтани як артиши муҷаҳҳазу муназзам роҳандозӣ хоҳанд кард. Вай ба ширкаткунандагон ваъда ҳам дод, ки ин гуна артишро бо мадади англисҳо созмон хоҳанд дод. Аммо вай гуфт, ки барои ин бояд оҷилан ба Афғонистон равад. Иброҳимбек, ки дар ин ҷаласа ҳузур дошт, бадхоҳии худро натавонист пинҳон дорад. Бино ба навиштаи Турсун Тошпӯлодов Иброҳимбек ба одамони наздикаш ошкоро мегуфт: “Билохира ин турки сарбаланд иқрор шуд, ки наметавонад ҷанги муқаддасро сарпарастӣ кунад. Умедворам Амир Олимхон низ инро фаҳмид”.
Баъди ҷаласа Анварпошшо таҳти бадрақаи 800 афғон ва гуруҳи афсарони турк ба самти Афғонистон роҳ пеш гирифта. Бо онҳо корвони шутурон буд, ки гуруҳе аз ҷумлаи сарсупурдагон посбонӣ мекарданд. Яъне, Анварпошшо бо корвони дорои хазинаҳо мерафт, тилло нуқра ва ашёи қиматноки дигар.
Дар роҳ ба самти Афғонистон вай ҳатто талош мекард аз бархӯрд бо кӯчактарин гуруҳи Артиши Сурх худдорӣ варзад. Вай ҳатто аз шоҳидони ҳаракаташ ба самти марз бо Афғонистон бим дошт.
Дар роҳ, каме дуртар аз Балҷувон вай ба амри тасодуфи шум бо Давлатмандбий вохӯрд. Давлатмандбий Анварпошшоро ба пирӯзии осон васваса кард ва хост бо ҳам Балҷувонро, ки дар он гарнизони хурди Артиши Сурх мустақар аст, озод кунанд. Ба назар мерасад ин тарҳ мувофиқ омад ва Анварпошо мехост ба Афғонистон ба назди амир на танҳо бо корвони ҷавоҳирот баргардад, балки пайғоми пирӯзӣ ва ишғоли як нуқтаи стратегиро низ бо худ барад. Ва пешниҳоди Давлатмандбийро пазируфт.
Вале дар ин ҷо ҳарду ноком шуданд. Ҷанговарони гарнизон, ки аҳолии Балҷувон аз онҳо пуштибонӣ мекард, ба ҳамлаи Давлатмандбий ва Анварпошшо тавонистанд муқовимат намоянд. Аммо сардори гарнизон дарк кард, ки онҳо наметавонанд дурудароз истодагарӣ кунанд ва одами худ, деҳқони шастсола С.Давлатовро ба ситоди фармондеҳии Артиши Сурх воқеъ дар шаҳри Душанбе фиристод, то хабари вазъро ба сарварони он расонад. С.Давлатов супоришро иҷро кард ва баъди панҷ рӯз бо неруҳои мададрасон ба Балҷувон баргашт, ки дар ин бора Кӯр-Мурод дар достонаш ҳикоят кардааст. Неруҳои Анварпошшо ва Давлатмандбий ба талафоти гарон мувоҷеҳ шуданд ва ба самти куҳҳо ақиб нишастанд. Охири фоҷеа наздик буд.

ПАС СЕ ТИРИ ДИГАРРО БА СИНАИ АНВАР КӢ ЗАД ВА ЧАРО?

Албатта, Анварпошшо метавонист гуруҳҳои нисбатан камшумори Артиши Сурхро дар иттиҳод бо гуруҳҳои калони Давлатмандбий шикаст диҳад. Вале ба назар мерасад Давлатманд ба “корвони тилло”-и Анвар чашм андохта буд. Миёни онҳо баҳс шуруъ шуд. Ва дар вазъи мураккаб Давлатманд гуруҳи начандон калони Анварро, ки аз афғонҳо иборат буд, ба ҳоли худ гузошт. Анвар танҳо як роҳ дошт: ё пирӯзона аз муҳосира берун мешавад ва ё қаҳрамонона мемирад! Ҳамчуноне Кӯр-Мурод дар достонаш менависад, Давлатмандбий ба назди гуруҳи Анвар танҳо 8-уми август ҳозир шуд, яъне баъди чор шабонарӯзи ҷангҳои шадид, ки Анварпошшо дар он захмҳои марговар хӯрда буд. Аммо замоне, ки савораҳои Давлатмандбий омаданд, то бинанд, ки вазъ чӣ гуна аст, Анвар зинда буд.
Дар достон сареҳан омада, ки сарбозони Давлатманд на ба назди Анвари мурда, балки беҳимоя, ки чор шабонарӯз ба инҷониб хунаш ба замин мерехт, расиданд. Ва хуни каси мурда зарфи чор шабонарӯз ҷорӣ намешавад, балки баъди марг он хушк мегардад. Анвари бетолеъро танҳо онҳое метавонистанд се тири дигар зананд, ки аз асп хам шуда чун анъанаи осиёии “бузкашӣ” аз замин бардоранд.
Дар бахши “Шарҳи кӯтоҳи босамачигарӣ”-и ҳисоботи ҷабҳаи Туркистон, ки аввали моҳи августи соли 1922 ба Маскав ирсол шуда буд, марги Анварпошшо ин гуна шаҳр дода шуда буд (дар ин ҳисобот дар бораи кушта шудани Давлатмандбий ҳарфе дида намешавад): “4-уми август дар Бухорои Шарқӣ Анварошшо, ки бо гуруҳҳояш миёни Балҷувон ва Ховалинг, вилояти Кӯлоб мустақар шуда буд, талош кард аз муҳосираи Аскарони Сурх бо муваффақият барояд. Вай худ бо саворагонаш ба ҳамла гузашт ва бо 5 захми тир дар майдони ҷанг фавтид ва гуруҳ аз воҳима парешон шуд, ҳатто ҷасади ӯро бо худ набурд”.
Ин матлаб тибқи маводҳои ҷаласаи директорони институтҳои кишварҳои ИДМ омода шудааст.

Таҳияи Ф.Муҳаммад 

Тағйироти охир Шанбе, 18 Ноябр 2017 12:07
Хонданд 643
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.