.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Таърих

Шумо дар Таърих

Олиме дар масири розҳои фалсафа

Нояб 11, 2017 Диданд: 375
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Дар дунёи илм кам касеро муяссар мешавад, ки номи худро битавонад ҷовидонӣ сабт намояд. Ин арсаи паҳновар олимону муҳаққиқони зиёдеро дидааст, аммо танҳо иддаеро бахт даст додааст, ки номбардори кори худ бошанд. Чи тавре ки аз таърихи илми башар маълум аст, дар ҳама давру замон аз миёни табақаҳои мухталифи ҷомеа шахсиятҳое ба арсаи ҳаёт қадам мегузоранд, ки бо хизматҳои софдилона ба халқу ватан ва рафтору гуфтори накӯ дар дилу дидаи хурду калон ҷо мегиранд. Яке аз чунин ашхоси муътабару гиромиқадр олими шинохтаи тоҷик, файласуфи маъруф, муаллими арҷманд, доктори илмҳои фалсафа, академик Мӯсо Диноршоевич Диноршоев мебошад. Ин марди хирад ва олими фозил ҳар лаҳзаи умри пурсамару пурбаракати худро содиқона ба илм ва пешбурди ҳаёти ҷомеа бахшидааст.

Мӯсо Диноршоев соли 1934 дар деҳаи Арзунки ноҳияи Тавилдара (Сангвори имрӯза) чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ соли 1944 ба мактаби миёна рафта, соли 1949 синфи панҷумро бо муваффақият ба итмом мерасонад. Худи ҳамон сол тарбиятгирандагони хонаи бачаҳои собиқ вилояти Ғарм аз сабаби заминларзаи шадиди Ҳоит ба мақсади бехатарӣ ба ноҳияҳои марказии Тоҷикистон интиқол дода шуданд. Дар қатори дигар ҷавонон Мӯсои ҷавонро низ ба хонаи бачаҳои ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат) фиристоданд. Сипас ӯ ба Омӯзишгоҳи педагогӣ дохил гардида, аз соли 1949 то 1953 дар он ҷо таҳсил менамояд ва баъди хатми он чанд муддат дар мактаби миёна ба ҳайси омӯзгори фанни риёзӣ фаъолият кардааст.
Орзуҳои айёми кӯдакию наврасӣ ӯро соли 1954 ба даргоҳи факултети таъриху филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) овард, ки ин боргоҳи илму маърифатро соли 1959 бо баҳои аъло ба поён расонид. Мӯсои ташнаи илму дониш дар баробари таҳсил дар донишгоҳ, таҳти роҳнамоии файласуфи шинохтаи шӯравӣ В.С.Библер барномаи таълимии факултети фалсафаи ДДМ ба номи М.В.Ломоносовро пурра аз худ намуд. Ба эътибори донишу маҳорати баландаш Мӯсо Диноршоевро баъди хатми донишгоҳ бо тавсияи В.С.Библер ва дастгирии президенти вақти Академияи илмҳо С.У.Умаров барои омӯзишу пажуҳиш ва фаъолияти илмӣ ба шуъбаи фалсафаи АИ ҶТ фиристоданд. Дар ин боргоҳи илму маърифат сифатҳои баланди касбӣ, қобилияти кордонию ташкилотчигӣ, ҳисси баланди масъулиятнокӣ, ҳалимию нармгуфторӣ ва поквиҷдонии М. Диноршоевро ба эътибор гирифта, ӯро ба вазифаҳои масъулиятнок – сардори сектори шуъбаи фалсафаи АИ ҶТ (солҳои 1968-1986), сармуҳаррири Энсиклопедияи советии тоҷик (солҳои 1986-1988) ва сарвари шуъбаи фалсафа (солҳои 1988-1991) тайин менамоянд. Маҳз бо кӯшишу талошҳо ва заҳмату машақатҳои шабонарӯзиаш Мӯсо Диноршоев тавонист, ки шуъбаи фалсафаро ба Институти фалсафаи ба номи А.М.Баҳовуддинов табдил дода, аввалин роҳбарии онро (солҳои 1991-2007) худаш бар душ гирифт. Устод М.Диноршоев дар ин вазифа тамоми қувваю нерӯи ҷисмонию ақлонии худро истифода карда, дар пешбурди кори он саҳми арзанда гузошт. Яъне меҳнати пайваста, ҷаҳду талош ва дилбохтагии беандоза ба илму касби худ ӯро чун шиновари моҳир аз миёни амвоҷи пуртӯғёни зиндагӣ ба соҳили мурод расонид. Устоди гиромиқадр М.Диноршоев пайваста пайи пажуҳишу таҳқиқот ва ковишҳои нав ба нави илмӣ буда, дар заминаи чунин ҷустуҷӯҳо соли 1967 рисолаи номзадӣ ва соли 1987 рисолаи докториро бо муваффақият дифоъ менамояд. Китобу рисола ва мақолаҳои сершумори илмию тадқиқотии устодро ба эътибор гирифта, ӯро соли 1991 узви вобаста ва соли 1994 узви пайваста (академик) - и АИ ҶТ интихоб карданд. Донишпажуҳиши маъруф Мӯсо Диноршоев дар давраи дар Академия фаъолият намуданаш, солҳои 1994-1995 иҷрокунандаи вазифаи ноиби президент, солҳои 1996-2000 ва 2005-2010 ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шуъбаи илмҳои ҷомеашиносии АИ ҶТ-ро бар зимма дошт.
Устоди гиромӣ М.Диноршоев дар баробари пажуҳишу таҳқиқот, навиштани китобу дастурҳо ва ба уҳда доштани вазифаҳои роҳбарикунанда, инчунин дар тарбияи кадрҳои соҳибунвони фалсафии на танҳо ҷумҳурӣ, балки хориҷи кишвар саҳми арзанда доранд. То имрӯз зери роҳнамоии ӯ наздики сӣ нафар рисолаҳои докторӣ ва қариб 50 нафар рисолаҳои номзадӣ дифоъ кардаанд. Дар байни онҳо ҳам фарзандони Тоҷикистон ва ҳам намояндагони мамолики мухталифи ҷаҳон-Русия, Белоруссия, Қирғизистон, Афғонистон ва Эрон ҳастанд. Масалан, С.А.Бутуров (Русия), А.Бекбоев (Қирғизистон), Али Тулуъӣ (Эрон), С.Гретский (Белоруссия), Ковиш (Афғонистон), К.Олимов, А. Шамолов, Ф.Сироҷов, Б.Бобохонов, Р.Комилов, Х.Идиев, С.Раҳимов, И.Асадуллоев, М.Раҳимов, Н.Арабзода, З.Додобоева, М.Ҳазратқулов, Ҳ.Мӯминҷонов, О.Зоҳидов, А.Муҳаммадхоҷаев, Н.Назариев, М.Ғуломов, Х.Шоихтиёров таҳти роҳнамоии ин олими шаҳир рисолаҳои номзадию доктории хешро дифоъ карданд.
Муаллими олиқадр М.Диноршоев дар баробари таълиму тарбияи мутахассисони оянда ва тайёр кардани олимони соҳибунвони ватанӣ, инчунин, пайваста ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ низ машғул мешавад. Ӯ олим ва таҳқиқотчии пуркору сермаҳсул буда, таҳқиқотҳову корҳои илмии ӯ бештар ба таърихи фалсафаи тоҷику форс, фалсафаи илм, фалсафаи табиатшиносӣ, фалсафаи марксизм ва соҳаҳои мухталифи фалсафаи муосир бахшида шудаанд. Ба қалами устод зиёда аз 300 монография, воситаҳои таълимию методӣ ва мақолаҳои илмӣ тааллуқ доранд, ки аксари онҳо дар хориҷи кишвар ба нашр расидаанд.
Фаъолияти илмию омӯзгории академик Мӯсо Диноршоев бо ин хулоса тамом намешавад. Илова ба масруфиятҳое, ки зикраш рафт, хизматҳои пурсамари ӯ дар ҷодаи илм бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илму техника ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва даҳҳо ифтихорномаву медалҳои ҷашнӣ, соҳавию ҷамъиятӣ, давлатӣ ва байналхалқӣ қадр карда шудаанд.
Имрӯзҳо, чун рӯзгори пешин, устоди азиз М.Диноршоев бо нерӯю ақли созанда дар паи омода намудани олимони ҷавон ва тадқиқоту пажуҳишҳои ҷадиди илмӣ мебошад. Ин марди шариф, инсони оқилу хирадманд, устоди ҳалиму мушфиқ дар айёми камолоти худ аст ва пайваста дониши андӯхтаи худро баҳри ривоҷу равнақ бахшидан ба илму техникаи ватани маҳбубаш беш аз пеш ба кор мебарад.
Устоди гиромиқадру меҳрубонро ба муносибати 81- умин солгарди баҳори умраш табрику муборакбод гуфта, пеш аз ҳама барои ӯ ва аҳли оилааш саломатӣ, умри дароз, хотири ҷамъ, бахту саодат талаб дорем. Орзумандем, ки устоди азизи мо чун пештара ҷавону солим бошад ва таманно мекунем, ки Худованд умри ӯро бияфзояд, то ин инсони донову олими тавоно ҳарчӣ дар умри гузаштаи худ андӯхтааст, дар оянда бештар амалӣ намояд. Ва маротибаи дигар аз пайи тадқиқотҳои илмӣ рафта, ба қуллаҳои фатҳношудаи чӣ илми физика ва чӣ илми кимиё расад. Ба қавли шоир:
Марди ҳунарманди ҳунарпешаро,
Умр ду бояст дар ин рӯзгор.
То ба яке таҷриба андӯхтӣ,
Бо дигаре таҷриба бурдӣ ба кор.

Мо дар амалӣ гаштани ин нияти хайр ба устоди арҷманд, академик Мӯсо Диноршоев тани сиҳату нерӯи дучанд ва рӯзгори ободу бегазанд таманно дорем!

Илҳом ҶУМЪАХОНЗОДА

Тағйироти охир Шанбе, 11 Ноябр 2017 13:02
Хонданд 375
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.