.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Таърих

Шумо дар Таърих

Устоди зиндаёдам - Мӯсо Исоев

Окт 14, 2017 Хонданд: 1619
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Дар бораи ҷавонмардиву далерӣ, ҷасурию майдондорӣ, миллатдӯстиву тоҷикияти Мӯсои Исо дӯстону шогирдон матлабҳои зиёде ба дасти нашр расониданд. Дар рафти таҳияи мавод оид ба сабқатҳои ҷавонпаҳлавонони тоҷик устоди варзиши Тоҷикистон Давлат Раҳимов тасодуфан дар идомаи суҳбати ман дар иртибот ба Мӯсопаҳлавон чанд пора аз хотираҳояшро нақл кард, ки ин порчаҳо барои кушодани чеҳраи аслии устоди шодравонам хеле мадад хоҳанд намуд.

Ишқи духтари озарӣ

«Мо бо акаи Мӯсо дӯсти хеле наздик будем ва дар ҷараёни сафарҳо дар меҳмонхонаҳо аксаран дар як утоқ зиндагӣ мекардем. Худораҳматӣ тақрибан ду метр қад дошту ман яку ним. Ҳар куҷое, ки бо ҳам мерафтем, одамон дар хиёбонҳо аз роҳ истода, ба мо нигоҳ мекарданду ҳатман табассум менамуданд. Шумо тасаввур кунед: як марди қавипайкари думетраро бо як марди хеле қадпаст. Якдигарро хеле эҳтиром мекардем. Аксаран дар сафарҳои берун аз Тоҷикистон якҷо мегаштем. Эҳтимол аз бисёр ҷиҳат хулқу хӯи мо ба ҳам хеле шабеҳ буд. Изофа бар ин, ҳарду дар вазни худ варзишгарони пешсаф ва шинохтаи ҷумҳурӣ будем.
Рӯзе ҳангоми сафар ба Ереван – пойтахти Арманистон ба вагони мо зане бо духтари худ ворид шуд. Хар ду ҳам хеле болобаланд буданд. Бо дидани духтар Мӯсо ба ман гуфт: «Давлат, ман ин духтарро ба занӣ мегирам». Ман бо тааҷҷуб ба ӯ нигоҳ кардаму чизе нагуфтам. Мӯсо ба назди онҳо рафту каме суҳбат карда, ба назди ман баргашт.
Дар Ереван дар ҷараёни сабқат ҳушу ёди ӯ ба духтар банд буд ва бидуни муқовимати ҷиддӣ сабқатро бар ҳарифи худ бохт. Ман як пирӯзӣ доштам ва ба сабқати навбатӣ омодагӣ медидам. Мӯсо маро ба гӯшае бурду гуфт, ки мехоҳад бо ӯ ба Боку биравам ва он духтарро барояш хостгорӣ кунем. Бо тааҷҷуб ба ӯ нигоҳ карда гуфтам, ки сабр кунад, то мусобиқа ба охир бирасад, он вақт ҳамроҳ ба хонаи духтар ба хостгорӣ меравем. «Не, намешавад, агар худи ҳозир наравӣ, худам танҳо меравам!». «Охир, устодон чӣ мегӯянд, мусобиқа чӣ мешавад?», – гуфтам ба Мӯсо. «Ҳарчӣ шавад, шавад, меравам!», – посухдод ӯ. Дидам, ки ҷиддӣ рафтанӣ аст, ноилоҷ либосҳоямро ғундоштаму роҳ сӯи Боку гирифтем.
Суроғаи духтарро аз модараш гирифта будааст. Таксии фурудгоҳ моро дар Боку дар назди ҳавлие фаровард. Садои зангро шунида, марде дарро боз кард, ки хеле тануманд буд. Баъд аз салом маълум шуд, ки соҳиби хона будааст. Мӯсо ба ӯ гуфт, ки ба хостгории духтараш омадааст. Мард моту маҳбут ба мо менигаристу чизе намегуфт. Дар ин вақт писаронаш ба назди дарвоза омаданд, ки дар қаду қомат аз Мӯсо камӣ надоштанд. Баъд аз фаҳмидани мақсад моро ба хона даъват карданд. Дар он ҷо дӯсти ошиқам ба падару бародарони духтар худро муаррифӣ кард. Баъд аз суҳбат бо духтараш соҳиби хона гуфт, ки панҷ писару як духтар дорад. Агар Мӯсо омодааст дар ҳамин ҳавлӣ бо ӯ зиндагӣ кунад, духтарашро ба вай ба занӣ медиҳад. Дӯстам бедиранг розӣ шуд…
Баъд аз тӯй ман ба Душанбе баргаштаму Мӯсо дар Боку монд. Ҳеч боварам намеомад, ки Мӯсо побанди ишқи духтари озарӣ аз баҳри тамрину зиндагӣ дар Ватан гузашта бошад. Аммо ҳақиқат ҳамин буд. Бо як дидан Мӯсо дил аз даст дода буд.
Тақрибан як сол гузашт. Рӯзе садои занги дар баланд шуд. Дарро кушодаму дар рӯ ба рӯям Мӯсоро дидам. «Дилам гирифт, зиқ шудам. Дур аз ватан, бе ёру дӯстон мушкил будааст», – гуфт ӯ ва маро сахт ба оғӯш гирифт.
Дар рафти суҳбат маълум шуд, ки вақте Мӯсо тасмими баргаштан ба ватанро мегирад, падарарӯсаш таъкид мекунад, ки духтарашро намегузорад ба Тоҷикистон ҳамроҳи шавҳараш биравад. «Ин хел бошад, ман рафтам», – мегӯяд ӯ ва танҳо ба Душанбе бармегардад.
Ҳудудан як моҳ гузашта буд ё не, ки ҳамсари Мӯсо ба суроғи ӯ ба Душанбе омад ва онҳо хушбахтона зиндагии худро дар Тоҷикистон идома доданд».

Ҷанги Мӯсопаҳлавон бо дастаи яккачини гӯштии Арманистон

«Дар Ереван мусобиқаи умумииттифоқӣ мегузашт. Дар вақти гӯштӣ Мӯсо барои раҳо кардан дасташро сахт мекашад ва тасодуфан ба рӯи ҳарифаш мезанад. Довар сабқатро боз медорад. Мӯсо аз ҳарифаш узр мепурсад ва баъд аз чанд дақиқаи дигари сабқат ҳарифашро ба тахтапушт мехобонад.
Ман дар гӯшае барои рӯзи дигар омодагӣ медидам, зеро сабқат дар вазни кам то зуҳр давом карду баъд аз пирӯзӣ бар ҳариф вақтам хуш буд. Ҳамин вақт ҳарифи Мӯсо ба назди ман омаду гуфт, ки вай тасодуфан не, барқасд ба рӯяш задааст. Ба ӯ гуфтам, ки Мӯсоро солҳои зиёд мешиносам. Ҳарифони худро эҳтиром мекунад ва ба ҳеч ваҷҳ чунин кор намекунад. Дар мардиву мардонагӣ ҳамто надорад ва ин кор воқеан тасодуф шуд ва ӯ бояд онро бар дил нагирад. Варзишгари арманӣ ба ҷои ором шудан,оташ гирифту бар сари ман садо баланд кард. Мӯсо ин манзараро дида ба наздамон омад. Вақте ӯ фаҳмид, ки мушкил чист, ба арманӣ гуфт: «Ман барои ин кор аз ту узр пурсидам. Аз дил барор, тасодуф шуд». Варзишгари арманӣ ором намегирифту Мӯсоро дар ин кор гунаҳкор медонист. Чанд лаҳза ба ҳамин минвол гузашту Мӯсо ногаҳон хашмгин шуда гуфт, ки туро ҳам фалон кардааму ҳамаи дастаи яккачинатонро ҳам. Аз касе сари тарс надорам. Омодаам худам танҳо бо ҳамаи шумо ба ҷанг бароям. Арманӣ ба назди ҳамшаҳриҳояш рафта, асли қазияро баён кард. Қарор шуд Мӯсо соати шаши бегоҳ танҳо бо дастаи яккачини Арманистон оид ба гӯштӣ ба ҷанг барояд. Ба ман гуфт: «Давлат, агар ба касе бигӯӣ, ё худат ба маҳалли ҷанг биоӣ, то қиёмат рӯятро нигоҳ намекунам!».
То бегоҳ дар худ мепечидаму чӣ кор карданамро намедонистам. Ниҳоят, бачаҳоро ҷамъ кардаму воқеаро нақл намудам. Беистиҳола, ҳама якҷоя ба маҳалли таъйиншуда шитофтем. Вақте ба он ҷо расидем, манзараи аҷиберо дидем. Варзишгарони арманӣ бо навбат Мӯсоро ба оғӯш гирифта, чизе мегуфтанд. Ба наздашон рафтем. Сардори дастаашон гуфт, ки ҳамшаҳрии мо тани танҳо бар зидди як даста баромадааст, ки зиёда аз 30 нафарро ташкил медиҳад ва ҳама паҳлавонҳои яккачини Арманистон мебошанд. Илова бар ин, нотарсии ӯро бинед, ки дар ватани онҳост ва бояд каме истиҳола мекард. Қурбони чунин дилу гурда ва чунин матонату мардонагӣ гуфт ӯ ва моро ба зиёфат даъват кард. Панҷ рӯзи боқимонда варзишгарони арманӣ ҳар бегоҳ моро зиёфат медоданд». –Ана, чунин хислатҳо дошт Мӯсопаҳлавони мо, -ёдовар мешавад Давлатпаҳлавон.

Эмомалӣ Сайидамирзод, махсус барои «Самак»

P.S. Аз ҳосили зиндагии якҷояи Мӯсопаҳлавон бо духтари озарӣ писаре ба дунё омад, ки исмашро Рустам гузоштанд. Рустам Исоев муддате дар Тоҷикистон зиндагӣ ихтиёр карду ба касби сарояндагӣ шуғл дошт. Алҳол ӯ ҳамроҳи модараш дар Озарбойҷон умр ба сар мебарад.

 

Тағйироти охир Шанбе, 14 Октябр 2017 11:08
Хонданд 1619
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.