.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Таърих

Шумо дар Таърих

БАҲСҲОИ ХОНАВОДАГӢ

Окт 07, 2017 Диданд: 769
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Дар иртибот ба муносибати 190-солагии зодрӯзи мутафаккири маорифпарвар, ҷомеашинос ва андешаманди садаи нуздаҳум Аҳмади Дониш пешниҳод мешавад

Соли равон бо тасмим ва ибтикори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 190-солагии зодрӯзи донишманд, равшанфикр ва мутафаккири барҷаста Аҳмади Дониш ҷашн гирифта мешавад. Аз ин хотир, осори баргузадаи ин донишманд ва ҷомеашиноси барҷаста аз ҷониби масъулин ва муҳаққиқони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти тағйиру иловаҳо ва таҳияи асарҳояш чун «Наводир-ул-вақоеъ», «Рисола дар назми тамаддун ва таовун», «Рисола ё худ мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития», «Манозирулкавокиб», «Ҷомеаулҳикоёт» ва дигар осори донишманд тибқи нусхаи асл сурат мегиранд.

Дар аҳди Шӯравӣ таҳияи осори мутафаккир чандон саҳеҳ набуд ва имрӯз зарурати аз нав содир кардани ин амал ба вуқуъ омадааст. Дар замони истиқлолият бо кӯшишу ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бархе аз осори ниёгон аз расмулхати аҷдодӣ бар алифбои сирилик баргардонида шуд, ки аз зумраи онҳо рисолаи басо олӣ иншошудаи донишманд таҳти унвони «Мейёруттадайюн» низ мебошад. Дар замони муосир, ки ҳар гуна мазҳабҳои бар мо бегона аз хориҷи мамлакат таҳмил мегарданд, чоп шудани рисолаи мазкур айни муддаост.
Махдуми бузург Аҳмади Носируддин машҳур ба Дониш ва мулаққаб ба Калла аз зумраи он андешамандонест, ки ба зиндагӣ ва дарки ҳодисаҳо назари интиқодӣ дошта, аксар муноқишаҳо ва мушкилиҳои дохилии оилавиро бо назардошти манфиатҳои тарафҳои бо ҳам муқобил баррасӣ менамояд. Афкори ин мутафаккир аз Қуръони карим ва ҳадисҳои паёмбари ислом сарчашма мегиранд ва аммо бар хилофи бештарини бузургони садаҳои пешин номбурда кӯшиш намудааст ба сарчашмаҳо ва манобеи таърихӣ беш аз пешиниён иктифо намояд, чунонки аз гуфтори Абуҳанифа ибни Нуъмон ин иқтибосро тақдим медорад: «Агар қавли маро мухолиф ба ҳадис ёбед, ба девор занед». Дар ҷои дигар мегӯяд: «Қола Абуҳанифа: Бар ману бар Молик ҳеҷ вақт пайравӣ накунед, маводро аз ҷое бигиред, ки мо аз он баҳравар шудаем». Аҳмади Носируддин ин иқтибосро аз имом Абуҳанифа аз ин хотир меорад, ки муосирони ӯ ҷову беҷо сухан карда, бинобар нуфӯзи барҷастаи имоми аъзам дар зеҳни саканаи шаҳри Бухоро каломи хешро ба Абуҳанифа нисбат медоданд ва ҳар гуна хурофотро аз номаш муаррифӣ менамуданд. Аз ин ҷо ибораи «Қола Абуҳанифа», яъне «гуфт Абуҳанифа:» дар замони Махдум мустаъмал гардида, аз омилҳои васеъ паҳн шудани хурофот дар минтақа боис мешавад.
Далелу бурҳон дар ҷиҳати исботи андешаҳои иҷтимоии Аҳмади Дониш ҷӯстуҷӯ дар маънии манобеъ аст, ки аз онҳо донишманди садаи нуздаҳум истифода кардааст. Дарюзагӣ, ки нишонаи нодонию ҷоҳилии уламои тангназар ва зоҳирбин мебошад, аз ҷониби мутафаккир маҳкум гардидааст.
Аҳмади Дониш дар интиқоди холисонаи хеш бар фуқаҳо ва уламои муосири хеш бархурд ва мухолифати эшонро бо бузургони садри ислом дарёфта, сабаби ин мухолифатро дар нодонӣ ва тақлиди бемаънӣ аз ҷониби фақеҳи дилмурда мебинад, ки ғолибан пешаи соилӣ доранд ва ҳаммонанди дуздон ба сабаби ҷоҳилӣ ва ғофилӣ «назар ба кисаи ҳар ошною бегона меандозанд ва нобиноёна даст бар шонаи ҳар оқилу девона мегузоранд?!». Имрӯз низ уламои дин бо сӯиистифода аз мақому мартабаашон мардумро ба вартаи гумроҳӣ бурда, буҷаи оилавии ононро бераҳмона тороҷ менамоянд ва боз даъво пеш меоранд, ки омили харҷи шумо дини мубин аст.
Аз бузургтарин таснифоти Аҳмади Носируддин «Наводир-ул-вақоеъ» (Воқеъаҳои нодир) мебошад, ки дар воқеъ аз нодиртарин навиштаҳои беш аз сад соли ахир аст. Бояд иқрор кард, ки пас аз Махдуми Бухорӣ дар манотиқи Мовароуннаҳр касе мисли ӯ ва дар пояи андешаҳои баландпарвозаш асаре таълиф нанамудааст. Агарчи китобҳои бисёре дар ин овон нашр шуда ва теъдоде аз онҳо аз қабили «Мунозира»-и Абдурауфи Фитрат дар пояи баланд қарор доранд, чунки сарманшаи ин таълифот аз «Наводир-ул-вақоеъ» аст. Низ ин нуктаро зарур медонам ёдовар шавам, ки забони таълифоти Махдум осонбаён танҳо дар замони худ будааст, чунки муосирин тарзи баёни андешаҳои Донишро мушкил баррасӣ мекунанд ва дар воқеъ фаҳм кардани осори баргузида аз Аҳмади Носируддин ба ҳар кас муяссар намегардад.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳадафи мо аз набиштани ин сатрҳо фақат шиносномаест, барои ҳаводорони андешаҳои Махдуми Бухорӣ ва чун ғолибан анъана аст, ки аз зиндагиномаву андарзномаҳои бузургон бештар ҳарф мезананд, аммо мо акси ин суннат амал намуда, ин вазифаро ба дӯши хонандагон вомегузорем. Ҳадафи ин лаҳзаи мо танҳо ба танҳо як ҷанбаи андешаҳои донишманд дар ҷиҳати мавқеияти зан маҳсуб мешавад, аммо масъалаи зан аз масоили нодир ва камназир дар андешаҳои Махдум нест. Асоси тафаккур ва тааққул дар осори ӯро масоили кишвардорӣ аз диди сиёсӣ ва истифода аз санъати қиёс таъсис медиҳанд. Ва аммо назари иҷтимоии ӯро дар ҷиҳати мартабаи зан ҷаҳд намудем ин лаҳза ба қалам оварем.
Аҳмади Дониш аз қиссаҳои зоҳиран мафтункунандаи бардурӯғ шадидан инкор мекунад. Яке аз ин ривоёт, ки то имрӯз дар гуфтори мардумон нақши азим дорад, дуои модар аст. Дар воқеъ, агар яке бар дигаре андарз намояд, ночор ин гуфтаро баён месозад, ки «дуои падару модарро бигир, мушкилотат осон мешавад», ё худ «роҳат кушода мешавад». Аммо мусаннифи «Наводир-ул-вақоеъ» ин гуфтаро, ки ҷанбаи хурофотӣ дорад, навъи ҷаҳолат пиндоштааст. Сарнавишти инсон ба дӯши падару модар гузошта нашудааст, ки инсон пешрафту рушду тараққии корашро аз онҳо бинад. Аз ин хотир, ранҷу машаққат аз сахтиву бадбахтӣ «аз шӯмии абавайн (падару модар) бар фарзандон оид мешавад, на аз мухолифати онҳо ва давлату иқтидор ва касбу иқтидор аз касбу тараддуд ба даст меояд, на аз ризоияти онҳо».
Уламои дин дар тафсир намудану шарҳ додани маохиз аз таҳқиқ сарпечӣ намуда, оқибат барои бунёди ақидаи хурофотӣ дар миёни авомуннос замина мегузоранд. Барои исботи ин фикр ба маохиз рӯ меорем, ки он ҷо гуфта мешавад: «Ризои Худо дар ризои падар аст», ва аммо бархе аз муфассирин ҳамаи инсонҳоро, ки фарзанд доранд, падар номидаанд ва барои дар ғафлат нигаҳ доштану аз ҳисоби буҷаи хонаводагии онҳо зистан мусоидат кардаанд, чунонки Ҳаким Фирдавсии Тусӣ дар «Шоҳнома»- и безавол меорад:

Зиёни касон аз паи суди хеш,
Биҷӯянду дин андар оранд пеш».

Аз ин хотир, Аҳмади Носируддин дар «Наводир-ул-вақоеъ» ба чунин тарзи шореҳӣ муқовимат намуда, ба чунин ақида меояд, ки дар ояти раббонӣ ҳадаф аз падар ҳамаи падарону модарон набуда, балки падари солеҳ ва модари солеҳа дар назар аст, яъне ғайри падари солеҳ боз падарон толеҳ низ мешаванд ва Қуръон маҳз ҳамон падари солеҳро дар назар дорад. Агар падарону модарон саропо ба сарнавишти инсон мудохила намуда, аз ҷониби абнои ҷинс мавриди ситоиш қарор бигиранд, пас сутудани волидайн фарзандро аз воқеъияти зиндагӣ барканор сохта, қудратро дар ниҳоди ӯ нобуд месозад ва инсонро водор менамояд, ки ба ғайри худ побанд шавад.
Ба қавли Махдуми Бухорӣ «ҳеҷ неъмат бузургтар аз зани шоиста нест» ва беҳтарини занон «шутурсаворанд». Ин истилоҳ маънои фарох дорад, чӣ шутурсавор ғайри зан низ маҳсуб мешавад. Шутур рамзи нафси аммора аст ва шутурсавор занеро гӯянд, ки бар нафси хеш ҳукумат мекунад.
Махдуми Бухорӣ ҷолибтарин гуфтаро «дар одоби никоҳ ва хусумати модаршӯ» баён доштааст, ки барои ҳар як хонаводаи имрӯз китоби рӯимизист, чунки андешарониҳои Аҳмади Дониш дар самти муаррифӣ намудани мушкилоти иҷтимоӣ ба воқеият пайвастагӣ дошта, роҳҳои рафъи мушкилиҳо дар он ҷустуҷӯ мешаванд. Мутафаккир барои таъмини рушду тараққӣ ва болоравии сатҳи моддиву маънавии инсонҳо тафоввути синну сол ва ҷинсиятро зарур надониста, қобилияти одамонро новобаста аз маҳали зист ва мансубияти иҷтимоӣ иқрор шудааст. Ҳамчунин, мутафаккири маорифпарвар интишор ёфтани мазоҳиб ва маслакҳои мухталифро дар аморати ҳамонвақтаи Бухоро аз авомили зуҳур кардани низо ва муноқишаҳои сиёсиву иҷтимоӣ дониста, ин ақидаро дар рисолаи «Мейёруттадаюн» тазаккур додааст, аммо мо ҳанӯз дар таҳқиқи афкори иҷтимоии донишманд иктифо мекунем ва гуфтори Махдумро барои хонанда тавсия мекунем, ки дар ҷиҳати рисолати мардони соҳибватан фармудааст: «Ва моро овардаанд то ҷаҳон обод дорем ва баҳрҳо ва конҳо бикшоем ва аҷоиботи олами арконро зоҳир намоем. Ва моро аз лавозим аст, ки таҳқиқи миллали дунё кунем ва сара аз сақат фарқ бинмоем».

Машраби Абдуллоҳ,
рӯзноманигор

 

Тағйироти охир Шанбе, 07 Октябр 2017 09:52
Хонданд 769
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.