.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Таърих

Шумо дар Таърих

Иди қурбон, шиори Ислом аст

Сен 02, 2017 Диданд: 719
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Аз ид то ид

Дар ҳаёти башар идҳову ҷашнҳои гуногун ва сершуморе мавҷуданд, ки ҳар миллату давлат онҳоро ба таври густурда таҷлил мекунад ва бузург медорад. Таъкид бояд кард, ки аз ид то ид фарсахҳо ва масофаҳо фарқ вуҷуд дорад ва яке бар дигаре хусусиятҳои хос пайдо мекунад. Як зумра идҳоеро медонем, ки ба давлату давлатдорӣ, ба миллату қавмҳо тааллуқ мегиранд, ки онҳоро метавон ба ибораи “ҷашнҳои миллӣ” таъбир намуд ва як зумра идҳои дигар мавҷуданд, ки ба дини Ислом иртибот мегиранд, ки онҳоро метавон ба ибораи “ҷашнҳои исломӣ” ва ё “маросими динӣ” таъбир кард. Идҳои миллӣ бо кадом муносибати миллӣ, ҳодисаи таърихӣ ва мувофиқ ба таърихи муайян ба вуҷуд омадаанду қонунҳои вазъии инсон онро тасдиқ намуда, ҳамчун ҷашн қабул кардааст. Аммо идҳои диниро на инсон ва на қонуни вазъии ӯ таъсис надодааст, балки ба тамом онҳо ба холиқи кавну мавҷудот, Худои осмону замин ва ба қонуни осмонии Ӯ рабт мегиранд. Иди азҳо, ё қурбон ва иди фитр, ё рамазон аз ҷумлаи он идҳое мебошанд, ки Худованд худ бо илми ғайб ва ояндабинияш онҳоро мувофиқ ба муносибатҳои муайян муқаррар намудааст, ки солу моҳ, ҳафтаву рӯз ва соату дақиқаи баргузории онҳоро қонуни осмонӣ мушаххас баён кардааст, ки касе аз бани башар ҳуқуқи тағйир додани онро надорад ва ин масъала дақиқан муайян гаштааст, ки то қиёми қиёмат чунин идома хоҳад ёфт. Идҳои динӣ дар навбати аввал ибодат ва ё бандагӣ мебошанд. Тасаввур намоед, ки пас аз адои намози ид фарди мусалмон дилхӯшӣ мекунад, мехӯраду менӯшад, бо дӯстону рафиқон ва хешу ақрабо мулоқотҳои тафреҳиву болидахотирӣ анҷом медиҳад ва ин ҳама роҳати нафсӣ ба ибодат табдил меёбад ва бо анҷоми ин аъмол як рукни исломро ба ҷо меорад. Имрӯз дар дунё идҳои қавмию миллӣ ба рӯзҳои исрофкорӣ, лаҳву лаъаб, шаҳватронӣ, кибру ғурур, бузургманишӣ ва бебандуборӣ табдил ёфта истодаанд. Ин дар ҳоле аст, ки Худованд ин ду идро ҳамчун ибодат, наздикӣ ба Худо, тавбаву бозгашт, тафаккуру тааммул ва хушбахтиву саодатмандӣ ба вуҷуд овард. Иди қурбон шиоре аз шиорҳои муҳими дини Ислом ба ҳисоб меравад, ки Худованд онро барои комил намудани доираи накӯкорӣ дар ҷомеаи исломӣ машруъ ва қонунӣ гардонидааст. Онҷо, ки мефармояд: “Ҳар касе шиорҳои Худоро бузург медорад, бешубҳа он кор аз тақво ва парҳези дилҳо аст” (Сураи Ҳаҷ, ояти 32). Мавриди таъкид аст, ки Худованд иди қурбону рамазонро дар ивази идҳои даврони ҷоҳилият ва ҳамчун ҳадя барои мусалмонон арзонӣ доштааст, ки хайру баракаташ аз идҳои дигар садҳову ҳазорҳо маротиба болотар аст. Анас ибни Молик ривоят мекунад, ки “Замоне расули Худо (с) ба Мадинаи Мунаввара ташриф оварданд, мардум ду рӯзе доштанд, ки дар онҳо ба бозиву тафреҳ машғул мегаштанд. Паёмбари Худо (с) гуфтанд: “Ин ду рӯз чӣ рӯзанд? Онҳо дар ҷавоб гуфтанд, мо дар даврони ҷоҳилият дар ин ду рӯз бозӣ мекардем. Паёмбар дар ҷавоб гуфтанд, бешак Худованд дар ивази ин ду рӯз ба шумо ду рӯзи аз онҳо беҳтарро ато намуд, ки он иди азҳо ва иди фитр мебошад” (Ривояти Абудовуд).

Ид аз араб аст, ё аҷам, ё аз мусалмон?

Ахиран дар баъзе баҳсҳо ва гуфторҳои паси пардагӣ андешаҳое матраҳ мегарданд, ки иди фитр ва азҳоро ба мардум ва сарзамини араб ихтисос медиҳанд, гӯё он моли араб асту ба баъзе кишварҳои дигар тааллуқ надорад. Таъкид бояд кард, ки идҳои мазкур хусусияти оламшумулиро ба худ касб кардаанд, ҳеҷ марзу ҳудудро намешиносанд ва онҳо моли на араб, на аҷам ва на аз як миллати муайян аст, балки моли тамоми мусалмонони рӯи замин мебошанд. Ҷашнҳо дар олам ба худ унвонҳои мухталифу гуногун доранд ва ба касе ва чизе аз ашёи дунё ихтисос меёбанд. Аммо ҷанбаи ихтисоси ин ду иди мазкур ва унвони ягонаи онҳо, “Идулмуслимин” (иди мусалмонҳо) аст. Мардуми мусалмони дилхоҳ кишвари олам ҳуқуқи қонунӣ доранд, то идҳои худро ба таври густурда ва дар чаҳорчӯби шариат таҷлил кунанд. Онҳоро шариат ҳуқуқ додааст, то ба идгоҳ ҳозир шаванду бе мушкилӣ намози идро ба анҷом расонанд. Ҳуқуқи комил доранд, ки дар он рӯз хурсандӣ кунанд, дастурхони идона оро бидиҳанд ва анвоъи шириниҳоро омода созанд. Расули Худо (с) мефармоянд: “Рӯзи арафа, рӯзи наҳр (қурбонӣ), рӯзҳои ташриқ (такбир гуфтан) иди мо аҳли Ислом аст ва бегумон он рӯзҳо рӯзҳои хӯрдану нӯшидан аст” (Ривояти Абудовуд). Мусалмонҳо дар рӯзҳои ид тибқи қонуни шариат ҳуқуқи истироҳат доранд. Ҳар инсони мусалмон дар натиҷаи кулфату машаққати ибодатҳо ва мушкилоти ҳаёти рӯзмарра ҷисману руҳан хаста мегардад ва ба истироҳат эҳтиёҷ пайдо мекунад. Рӯзҳои ид баҳри истироҳати эшон айни муддао ба ҳисоб меравад. Маънии боло дар ҳадиси шарифи дигар низ зикр мегардад, ки паёмбари бузургвор фармудаанд: “Рӯзҳои ташриқ (такбир гуфтан) рӯзҳои хӯрдану нӯшидан ва зикри Худо мебошад” (Ривояти Имом Аҳмад). Яке аз амалҳои воҷиби мусалмон дар ин рӯз ба истилоҳ “узҳия” (қурбонӣ) мебошад. Ин амал суннати ҷадди мо ҳазрати Иброҳим буда, ба вуҷубияту қотеияти он Худованд тавассути Қуръон ва фиристодааш Муҳаммад (с) асос бахшидааст. “...барои парвардигорат намоз гузор ва қурбонӣ намо” (Сураи Кавсар, ояти 2). Ҷои таъкид аст, ки қурбонӣ мақосид ва аҳдофи худро дорад, ки яке аз он мақосид забҳи мол асту рехтани хуни он ва аз ҳама муҳим иҷрои фармони Худо. Ин масъалае аст, ки ба тадриҷ нисбати он эътиқоди мардуми мо коста мегардад. Масалан баъзеҳо дар идҳо ба андозаи маблағи як чорво гӯшт мехаранду барои мардум таом омода месозанд, аммо аз дӯши онҳо қурбонӣ ҳаргиз соқит намегардад. Агар як нафар чорвои хурд харидорӣ намояду аз он 10 килограм гӯшт барояд, бешак қурбониро ба ҷо овардааст ва соҳиби аҷру подош гаштааст. Вобаста ба он, ки кӣ бояд қурбонӣ кунад аз ҷониби уламои Ислом андешаҳои гуногун матраҳ шудааст. Ҷумҳури уламо истилоҳе доранд бо номи “майсурулҳол”, яъне “нафари миёнаҳол”, ки зиндагияшро дар сатҳи миёна пеш мебарад, кӯшиш намояд, то қурбониро иҷро кунад. Ҳар оила барои таҷлили рӯзи ид ҳадди ақал то ду ҳазор сомон масраф менамояд ва он ҳам барои қанду ширинӣ ва меваҷоте ки мардум дар рӯзи ид аз онҳо кам истифода мекунанд ва аксари он ба партовгоҳҳо меравад. Беҳтар мешавад, ки дар ивази он харҷи беҳуда як чорво харидорӣ намоему суди ҳамаҷонибаро ба даст орем.

Рӯзи идро ба рӯзи фисқу фуҷур ва исрофкорӣ табдил надиҳем

Ончи дар боло вобаста ба хӯрдану нӯшидан ва хушҳолӣ дар рӯзи ид гуфта шуд, андоза ва меъёри муайяни худро дорад ва дар ин айём аз ҳад гузаштанҳо ва ба исрофу ифрот роҳ доданро шариат, низ маҳкум мекунад. Аз ин лиҳоз чанде аз мухолифоти шаръӣ, ки дар рӯзи ид аз ҷониби баъзеҳо ба амал меояд зикр хоҳем намуд:

1.Ташкил намудани маҳфилҳои рақсу суруд ва омезиши марду зан дар он. Гарчанде, ки рақсу бозӣ ва хушҳолӣ дар рӯзҳои иди қурбону рамазон барои мардону занони мусалмон ҷоиз аст, аммо набояд аз доираи шариат берун бошад. Масалан лозим аст, ки он дар доираи оила миёни занҳо ва дар макони алоҳидаву дур аз назари номаҳрамон сурат бигирад. Агар дар ин амал зиёдаравӣ шавад, ба он ваҷҳ, ки мусиқиҳои фаҳшомезу бо садои баланд ва дар доираи номаҳрамону бегонагон сурат бигирад, амали ҳаром аст. Расули Худо (с) гуфтаанд: “Дар миёни уммати ман қавмҳое пайдо мешавад, ки зино, ҳарир (либоси абрешим) ва мусиқиро ҳалол мешуморанд”(Ривояти Бухорӣ).
2.Дар кӯчаҳо тӯда-тӯда сайр намудани занону духтарон бидуни риояи иффату покдоманӣ ва бо садои баланд сухан гуфтан, бо мардон омехта ва якҷоя гаштан, яке аз мухолифоти шаръ ба ҳисоб рафта, месазад, ки занону духтарони мусалмон дар рӯзҳои ид аз ин кирдори номатлуб худдорӣ намоянд ва неъмату ибодатро ба гуноҳу маъсият табдил надиҳанд. Аз Абуҳурайра ривоят аст, ки расули Худо (с) фармуданд: “Ду тоифа аз аҳли ҷаҳаннам мебошанд, қавме, ки дар дастон тозиёнаҳои мисли шохҳои гов доранду бо он мардумро шиканҷа мекунанд ва дар ҳаққи мардуми бегуноҳ зулмро раво мебинанд, тоифаи дигар заноне, ки бар тан либоси шаффоф мекунанд ва аъзои бадани онҳо намоён мегардад, аз иффату покдоманӣ рӯй метобанд ва занони дигарро ба ин кирдори бади худ ташвиқу тарғиб мекунанд. Мӯйҳои сарашонро ба мисли сари уштур ба ду фарх мекунанд. Бешубҳа чунин тоифаҳо на дохили ҷаннат мешаванд ва на бӯи он ба машомашон мерасад” (Ривояти Муслим);
3.Зиёдаравӣ намудан дар корҳои мубоҳ, аз қабили харидорӣ намудани либоси аз ҳад зиёд, харидорӣ намудани маводи хӯрокаи аз ниёз зиёда, ки ба ҳадди исрофкорӣ мерасад. Чунки Худованд исрофкориро манъ намуда, анҷомдиҳандаи онро мавриди ваъиди хеш қарор додааст: “Бихӯред ва бинӯшед ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳед, чунки Худо исрофкоронро дӯст намедорад” (Сураи Аъроф, ояти 31);
4.Тарки намози ид. Чуноне ба назар мерасад баъзе нафарон нисбат ба адои намози ид бепарвоӣ зоҳир мекунанд ва худро аз аҷру подоши намоз маҳрум месозанд. Хурду бузургро лозим аст, то дар намоз ширкат варзанд ва бе узри шаръӣ тарки намоз накунанд. Бе шубҳа касе бе узр тарки намози ид мекунад, дониста бошад, ки хатои бузургеро анҷом додааст;
5.Пеш аз намоз хӯрдан, ки ин кор мухолифи шариат мебошад. Дар иди қурбон суннат аст, ки фарди мусалмон то намози ид чизе тановул накунад, балки пас аз намоз омада аз қурбонияш тановул кунад, агар албатта қурбонӣ дошта бошад, агар надошта бошад метавонад аз қурбонии нафари дигар тановул намояд. Аз Абдуллоҳ ибни Бурайда ривоят аст, ки мегӯяд: “Расули Худо (с) дар иди фитр таом тановул мекарданд, пасон ба намози ид мерафтанд, аммо дар иди қурбон аввал намозро мехонданду баъд таом мехӯрданд” (Ривояти Тирмизӣ);
6.Гӯш наандохтан ба хутбаи намози ид ва амри маъруф. Чунки дар ин рӯзҳо мардум барои гӯш андохтан ба хитоби имом, ки дину оини мардумро ба онҳо мефаҳмонад, сахт эҳтиёҷ доранд ва ягона маҳфилҳое, ки асолат ва рисолати ҳар мусалмонро ба ӯ таълим медиҳад, ин маҳофили динӣ, масоҷид ва хутбаҳои пурмуҳтавои имомони бо тақвову парҳезгор ба ҳисоб меравад.

Дар лобалои қудуми иди азҳо чанде аз иршодот ва авомири шариати Ислом буд, ки ба хонандаи гиромӣ пешкаш намудем. Амал ва муносибати дуруст бо қавонини тағйирнопазири шаръи шариф ба ҳар фарди мусалмон ҳаёти гуворову ростин ва тариқи мустақимро ба мерос хоҳад гузошт. Ин ҳама аз хонанда ва афроди соҳибҳуқуқи мусалмон вобастагии амиқ дорад, боқӣ ҳидоятро аз Аллоҳи зулҷалол хоҳонем ва ба якояки уммати Ислом ва ҳамватанони азизамон иди азҳоро табрику таҳният мегӯем.

Абдулваҳҳоби АБДУЛМАННОН

Тағйироти охир Шанбе, 02 Сентябр 2017 09:48
Хонданд 719
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.