.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Таърих

Шумо дар Таърих

Таҷрибаи бесобиқа, дарси рӯзгори ҷавонони имрӯза

Авг 18, 2017 Диданд: 879
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Соли гузашта зери сарлавҳаи «Чаро Таракӣ ва Бабрак Кормал Фидел Кастро нашуданд?» («Миллат», №39 (574), 13 октябри соли 2016) мақолае навишта будам. Командантос ҳам аз олам даргузашт. Он рисола хулосаи андешаҳои дуру дароз буд дар бораи сиёсату мардумсолорӣ дар ҳамон вақт, дар кишвари ҳамсояи Афғонистон. Сафар ба ҳамин кишвар аллакай худаш сиёсат ҳисоб мешуд, зеро мақсади рафтани мо ҷорӣ кардани идеологияи коммунистӣ буд. Фаъолияти Созмони ҷавонон дар он кишвар мисли ВЛКСМ дар Иттифоқи Советӣ ташкилоти сиёсӣ ва зери қаноти ҳизб амал мекард. Мусаллам аст, ки симои шахси аввали кишвар дар ҳаёти ҷавонон ва ташаккули сиёсиву иҷтимоии он нақши аввалиндараҷа дорад. Маълум аст, ки ҷавонон бисёр ташаббусу қадамзаниҳои худро бо ном ё бо супориши ҳамон шахс анҷом медиҳанд. Дар партави ҳамин андешаҳо хоҳ-нохоҳ чеҳраи шахси аввал омӯхта мешавад.

Дар бораи Афғонистон асарҳои зиёде навишта шудаанд. Фикр кардам, ки оё дар рафҳои ҷафс ҷои худро ёфта метавонад? Оё ин навиштаҳо хонандае меёбанд ва ба қавли бисёр мунаққидони имрӯза боз як китоби дигар «барои таърифи худ» навишта намешавад?

Ҳамеша талошам он аст, ки гапи нав бигӯяму бинависам. Ҳоло мақсадам инъикоси масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ин кишвар аст, ки дар зери чодари миллӣ барои бисёриҳо ниҳон амал мекарданд. Охир ман он ҷо мушовир будам. Аз Тоҷикистон дар давоми ҳодисаҳои Афғонистон дар ин симат ҳамагӣ ҳашт нафар ифои вазифа намудаанд (ғайр аз органҳои маъмурӣ). Дидам, ҳамаи онҳое, ки ин вазифаро адо кардаанд, дар фикри навиштани хотираҳояшон нестанд. Халифабобо Ҳомидов, ки мушовири вазири адлия буд, аз олам даргузашт. Ба фикрам ӯ нияти навиштан дошт. Вале насли оянда бояд бидонад, ки аз Тоҷикистон дар ин кишвар натанҳо тарҷумонҳо буданд, ки нақши бориз доштанд, ҳамчунин мушовироне ҳам сафарбар шуда буданд ва софдилона вазифаи худро анҷом додаанд.

Масъулияти ин гуруҳ одамон ниҳоят вазнин буд. Дар кори ҳаррӯзаи сиёсӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ иштирок доштем. Ба кормандони масъул кор ёд медодем, ҳамоҳанг месохтем, агар рӯирост бигӯем, пушти парда «роҳбарӣ» мекардем. Барои ин ҳавсала, таҷриба, дониш лозим буд. Бархӯрду муносибатҳо дар шароити ҷанг аз шароити орому осоишта фарқ мекунад. Ана ҳамин нозукиҳо дар саҳифа аз нӯки қалам чакидаанд. Ман бар он ақидаам, ки таҷрибаи бои мо кормандони комсомол дар ҳамон шароит ба фоидаи мардуми кишвар буд. Кор омӯзондем, шояд худамон ҳам омӯхта бошем, вале фаъолияти мо барабас набуд. Қарзи ватандӯстии худро анҷом додем. Таҷриба нотакрор аст. Баъдиҳо ба он ниёз доранд.

Шунидам, ки ду-се сол пеш «олимон»-и амрикоӣ ба Душанбе омада, бо собиқ тарҷумонҳои тоҷик, ки солҳои тӯлонӣ дар Афғонистон кор кардаанд, мусоҳиб шудаанд. Дар назари аввал гӯё саволҳои оддию рӯзмарра додаанд, вале барои ман рӯшан шуд, ки онҳо дунболи омӯхтани таҷрибаи бойи Ҳизби коммунист, ВЛКСМ, неруҳои ҳарбӣ, амният ва корҳои дохилии Иттифоқи Советӣ дар он кишваранд. Онҳо яқин медонанд, ки тарҷумонҳо дар пиёда кардани ин сиёсатҳо чун филтр иштирок кардаанд. Мағзи андешаҳо, ҳосили иҷрои супоришҳо аз нӯги қалами онҳо чакидааст.

Дар воқеаҳои Венгрия соли 1956, Куба соли 1968, Чехословакия соли 1968 миқдори камтар бошад ҳам сарбозон аз ҳисоби ҷавонони тоҷик иштирок карданд. Дар воқеаҳои Афғонистон шумораи ширкатдоштагон аз ҳисоби тоҷикистониён хеле афзуд. Сарбозон аз ҳисоби тоҷикбачаҳо низ ба маротиб зиёд шуданд. Ҳамзамон аз ҳисоби афсарони эҳтиётӣ, садҳо ҷавонон дар асари ин воқеъаҳо сафарбар гардиданд.

То оғози Инқилоби Афғонистон аз рӯи шунидам 40-45 нафар тоҷиконе буданд, ки дар объектҳои сохтмонӣ, иншоотҳои саноатӣ, идораҳои кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ ба сифати тарҷумон кор мекарданд. Бо оғози воқеаҳои инқилобӣ шумораи онҳо ба ҳазорҳо расид. Сабаби асосӣ стратегияи давлатии ҳарбии вақт, яъне ҳамсарҳади ин кишвар будани Республикаи мо бошад, ҳамзабонӣ сабаби дигар буд. Чӣ афсарони ҳарбӣ, чӣ амният ва политсия барои муошират ба тарҷумон ниёз доштанд.

Дар бораи фаъолияти тарҷумонҳо дар Афғонистон чанд мақолае, аз ҷумла китобе ҳам навишта шудаанд.

Андешаҳо гуногунанд, вале мушоҳидаҳоям нишон медоданд, ки масъулияти тарҷумони тоҷик дучандон буд. Он боварие, ки ба тарҷумони тоҷик изҳор мешуд, ба дигарон, аз ҷумла, русҳо, озариҳо ва арманиҳо ошкор намегашт. Аз рӯи бардошти ман ин падида танҳо дар донистани забон ё якзабонӣ набуд, балки дар самимияти тоҷикон, ки онро дигарон «соддагӣ» меноманд, вале дар асл он эҳсоси дилгармӣ ва софдилӣ аст. Зеро натанҳо тоҷикон, балки намояндагони паштуҳо ва ӯзбекҳо, инчунин, дигар қавму қабилаҳо ҳамин тавр рафтор мекарданд. Кушодадилии мардуми рус низ мардумро ба тарафи худ ҷалб мекард, лекин шунидаҳояшон доир ба инқилоби коммунистӣ даҳшатовар буд, ки дар аввал дурӣ меҷӯстанд. Онҳо дар ҳар як рус намояндаи истихборот (КГБ)-ро медиданд. Барои ба ҳам наздик сохтани ҳамин мусоҳибону ҳамкорон нақши тарҷумон беандоза буд. Хушбахтона дар аксари мавридҳо ин нақш ба хубӣ анҷом меёфт. Чи тавре ки дӯстони мушовири ман мегуфтанд, миёни мушовир ва дӯсти афғон тарҷумон пулеро мемонад. Баъди муддате ин пулро гузашта «ячейкаи ибтидоии дӯстӣ» бо иштироки рус-тоҷик-афғон тавлид меёфт.

Аз ин рӯ, маълумоти амалӣ дар назди тоҷикони тарҷумон зиёдтар буд, ба ӯ бовар мекарданд, ҳатто баъзан дар бораи ҳалли мушкилиҳои оилавии худ ҳам метавонистанд бо ӯ маслиҳат биороянд.

Вазифаи мушовирии мо иборат аз он буд, ки таҷрибаи ВЛКСМ-ро дар Созмони Демократики ҷавонони Афғонистон пиёда кунем. Яъне ҷавонони ин кишварро барои сохтани ҷомеаи иҷтимоии ҳуқуқбунёди дар ҳақиқат демократӣ омода намоем. Ин кор бо роҳҳои гуногун амалӣ мегашт.

Касе ба таърихи инқилобҳо шинос бошад, ҳамон баҳои додаи таҷрибадорон ба ёд меояд. «Инқилобро хаёлпарастон тайёр мекунанд, ҷоннисорон амалӣ месозанд, вале дуздону авбошон фоидаашро мебардоранд». Барои Афғонистон ҳам ин масъала истисно набуд. Аксарияти дуздону авбошон бар асари воқеъаҳои моҳи Саври соли 1979 аз зиндонҳо «озод» шуда ё фирор намуданд. Аз фурсат истифода бурда, ба инқилобиён пайвастанд, ё бо муҷоҳиддин ҳамроҳ гаштанд. Аз ин рӯ одамони тасодуфӣ чи дар ҳизб чи дар созмон кам набуданд. Мушоҳида мекардем, ки ягон-ягон гулударонҳое ҳастанд, ки лофзаниву суханрониашон аз фаъолияташон бештар аст. Истилоҳи «24 соат дар хидмати инқилоб ҳастем»-ро дар сари ҳар қадам шунидан мумкин буд, вале кори зиндаро ба ҷавонон ташкил кардан намехостанд, беҳтараш наметавонистанд.

Ана барои ҳамин дар воқеъаҳои солҳои навадум «таҷрибадорони» хориҷие, ки ба Тоҷикистони мо сар халонда буданд, дар барномаҳояшон фикри беобрӯ сохтани иштирокчиёни воқеъаҳои Афғонистонро доштанд. Ба назар мерасид, ки барои онҳо «ҷанговарони интернатсионалист» аз муллоҳои традитсионӣ хавфноктар ҳисоб мешудаанд. Зеро онҳо медонанд, ки ин даргириҳо беҳудаанд, ғайр аз зарар ба мардум фоидае намеоранд. Ҳатто яке аз пешсафонашон ҷор мезад, ки «Афғонистони ҳақиру фақир Шӯравии абарқудратро бойтар кард, онҳое ки дар Афғонистон хизмат кардаанд, гумоштагони кашфи Русияанд». Мардуми ноогоҳ бовар мекард, ки тоҷикон дар ҳақиқат барои пул кор кардан рафта бошанд.

Вақте ки дар бораи мухолифон ва роҳбарони онҳо фикр мекардам, аз ҷумла Аҳмадшоҳ Масъуд рӯз то рӯз ба андешаҳои наву чуқуртар мерафтам. Дар бораи структураи танзими ӯ дустам Қосимшоҳ Искандаров, ки ба кори илмӣ машғул буд, тавзеҳ дод. Мақсади ӯро дониста албатта пеш аз ҳама симои Шерак дар пеши назарам ҷилвагар мешуд. Қаҳрамонҳое, ки зидди аҷнабиён мисли Искандари Македонӣ ва арабҳо, муғулҳо мубориза бурдаанд-Спитамену Деваштичу Абӯмуслими Хуросонӣ, Темурмалик ва дигарҳо пеши рӯ меомаданд. Хаёлам то ба Восеъ, охирин истиқлолталаби тоҷик ба Дараи Мухтор мерасид. Восеъ як марди ҷувозкашест, ки ба муқобили бек исён мебардорад. Беки аз сулолаи манғитиҳо, ки ҳамагӣ 10-15 сол боз ҳукмронӣ мекарданд. Баъди тасарруфи Хатлон аз тарафи Амир Музаффари манғит ҳамаи озодӣ аз даст рафта буд. Ҳамин гуна образро офаридааст нависандаи машҳури тоҷик Сотим Улуғзода. Нависанда, албатта, ҳини офаридани образ ҳақ дорад, ки аз гардишҳои бадеӣ истифода барад, сюжетро ба идеологияи давраш мувофиқ гардонад. Вагарна як ҷувозкаш метавонад ин қадар мардумро ба по бархезонад, аз қафои худ бибарад? Охир Восеъро сокинони миригариҳои Хатлон, Қаротегину Дарвоз, ҳатто бисёр маҳалҳои Ҳисор ҳам дастгирӣ карда буданд.

Аз хурдӣ дар маъракаҳо чу писари калони хона дастобгири калонсолон будам, чунки ҳам бобоям ҳам падарам ҳамеша меҳмондор буданд. Чанд тан мӯйсафедоне тез-тез меҳмон мешуданд, ки ҳамон солҳо 80-90 сол умр доштанд ва шоҳиди воқеаҳои исёни Восеъ буданд. Шояд Восеъро баъзеяшон вонахӯрдаанд, вале дар борааш шунида буданд. Бобои Мирзои 90-сола аз Шӯробдара нақл мекард, ки ҳамон рӯзи воқеа мардуми аз бозори Ховалинг баргашта, дар бораи исёни Восеъ нақл карданд ва гуфтанд, ки як тоҷири муваффақ аст ва ба наздикӣ аз тиҷорати Ҳиндустон баргашта будааст.

Барои чӣ исён бардошта буд, ӯ намедонист, вале гуфт, ки ҳамон вақт дар Ховалинг якчанд дӯкони ҳиндуён ва чиниҳо буд. Дар паҳлӯи онҳо Восеъ дӯкони калоне дошт, ки кадом яке аз хешовандонаш савдо мекард. Ӯ яке аз ҷавонмардони обрӯмандони шаҳри Ховалинг будааст ва ӯро дар атроф хуб мешинохтаанд, зеро чун тоҷир муваффақ будааст, махсусан дар бозаргонӣ аз Ҳиндустон.

Кӣ медонад, шояд дар он кишварҳо ба малакаҳои мардумдориву мардумсолорӣ шинос гашт, зеро дар он кишвар мубориза ба муқобили истилогарони инглис оғоз ёфта буд.

Ҷанговарони интернатсионалист, умуман ҳамаи одамони ҷангдида дар ҷомеа шахсони ботаҷриба ҳисоб мешаванд, ба ибораи мардумӣ «гургҳои борондида»-анд.

Иштирокчии воқеаҳои Чехословакия (соли 1968) будам. Ҳис мекардам, ки бо андаке ҷамъбаст кардани хотираҳо, хулосаву андешаҳо, каме мутолиа дар бораи Ҷанги дуюми ҷаҳон маълумотамро дар бораи воқеаҳои Афғонистон пурратар карда метавонам.

Дигар донистаҳоям як тараф, вале якрӯза сайру тамошо дар музеи «Освенцим» аксарияти лаҳзаҳои ҷангиро пеши рӯ меоварданд. Ин муассиса фермаи чорводориро мемонд, танҳо он ҷо бар ивази ҳайвонҳо одамонро мекуштанд, крематорияи он фабрикаи одамкӯши будааст... Ҳамон воқеаҳои дидаам дар Полшаву Чехословакия дар Афғонистон пеши назарам меомаданд. Ҳодисаву рӯйдодҳоро муқоиса кардан бароям осонтар мешуд. Ҳис мекардам, ки нисбат ба онҳое, ки аз воқеаҳои Чехословакия бехабаранд, дарк кардани ҳодисаҳо барои ман осонтаранд. Дар бораи ворид шудани Қувваҳои мусаллаҳи Иттифоқи Советӣ ба хоки Афғонистон андешаҳо гуногун буданд. Баъзеҳо ин амалро хатои Брежневу Бюрои сиёсӣ медонистанд. Дар ин бора бисёр мешунидам. Гоҳ-гоҳе худам ҳам ба сарам ин андешаҳоро роҳ медодам. Вале вақте ки дар бораи муҷоҳидон, пуштибонии онҳо дар Покистон аз тарафи аврупоиёнро шинос шудам, маълумам гашт, ки Амрико дақиқан нияти ба ин хок ворид шуданро дошт. Ба тарзи дигар бигӯем, тақрори воқеъаҳои Чехословакия баъди 10-12 сол. Ин корро англисҳо мехоҳанд. Гумони мо хом аст, ки Русияи подшоҳӣ ва Британияи Кабир дар солҳои ҳафтодуми қарни нуздаҳ Хуросонро бо соҳилҳои Дарёи Ому тақсим карданду ором гаштаанд. Ҳаргиз! Ҳар кадоме мехоҳад дар фурсати аввалин орзуҳои ба хоб рафтаи ҳамонсолаҳояшро амалӣ намояд. Яъне «Бозии бузург» танҳо тайм аут дорад. Муҳим як нооромӣ оғоз гардад, воқеъаҳоро аз нав рӯи об овардан мумкин аст. Бартарии сиёсати Иттифоқи Советӣ дар он аст, ки ин корро бо дастгирии мардум анҷом доданӣ аст.

Аз рӯи маълумотҳои доштаи мо гӯё муҷоҳидон баъд аз ворид шудани Армияи Советӣ ҷиҳодӣ шуда, ба куҳ баромаданд.

Вале вақте ки асирони муҷоҳид иқрор мекарданд, ки онҳо ҳанӯз то расидани Таракӣ ба сари қудрат омодагӣ мегирифтанд, бо ҳизбу ҳаракатҳо алоқа доштанд, ба суханҳои фаъолон ва баҳои онҳо дар бораи мавҷудияти хавфи ворид шудани қувваҳои хориҷӣ баръало маълум мегардад. Дар миёни чанд созмону танзимҳои мавҷудаи студентону ҷавонон аллакай нуфузи шабакаҳои иттилоотии Амрикоро собит менамуд. Яъне агар Москва дер мекард, Амрико медаромад. Баъди хориҷ шудани қувваҳои Шӯравӣ ҳамин ҳодиса рух дод.

Ҳамон шабу рӯзе, ки минтақаи нисбатан оромтари Афғонистон қисмати шимолии он, яъне се зона-«Шимол», «Шимолу ғарб» ва «Шимолу шарқ», ё худ 10 вилояти калонтарини Афғонистон буд, Сарвазири ҳамонвақтаи Англия Маргарет Тетчэр сафарашро ба Покистон анҷом дод. Дар қатори дигар мулоқотҳояш ӯ аз лагери ҳарбии командири саҳроӣ Гулбиддин Ҳикматёр дидан дошт. Сари тифлеро сила карда, гӯё дилаш сӯхта бошад, ашк рехт. Ин нуктаро дарҷ кардан бароям муҳим набуд, вале зарурати зикр дар он омад, ки баъди ягон ҳафта дастаҳои Гулбиддини Ҳикматёр чунон фаъол шуданд, ки ҷангҳои чирикиро аз вилоятҳои ҷануб ба шимол оварданд. Дар муддати як моҳ дар тамоми шимоли Афғонистон даргириҳои шадид, шабохунҳо ва амалҳои террористӣ фаъолияти ҳамарӯзаи муҷоҳидин гаштанд. Ҳатто дастаҳои командири ҳамсангари худро ғофилгир карда, «ҷазо медоданд». Баъди якбора тезу тунд шудани вазъияти ҳарбӣ каси бо мардум сару кор дошта ба андеша рафт, аз ҷумла ман низ. Аниқ шуд, ки роҳбарони кишварҳои ғарб шахсан бо муҷоҳидин ва умуман ифротгароён робитаи мустақим доранд. Мададҳои молиявиву ҳарбӣ мекунанд.

Вақте ки андешаҳоямонро ба мушовирини соҳаҳои дигари дар Мазори Шариф буда муҳокима кардем, хулосаҳо наздик буданд. Албатта, то он рӯз ҳамаи мо медонистем, ки муҷоҳидин аз кишварҳои ғарб ёрӣ мегиранд, вале ҳамин гуна мисолҳои конкретӣ камтар буданд. Дигар мунтазири хулосаҳои муассисаҳои кашфиётӣ шудан зарур набуд. Ин ҳодисаро мубаллиғони созмони ҷавонон бисёр сахт маҳкум карданд ва ба тарзи худ тавзеҳ доданд, ки асли онро оварда наметавонам. Ашкрезиҳои Маргаретро «найранги сиёсӣ» хонданд, ки дар ҳаҷви Афғонистон хеле шинам буд.

- Чи қадаре ки ҳаводораш кишвари абарқудрату доро бошад, ҳамон қадар командир тавонову ғаюр мешавад,-савол медодам ба худ: Масъудро кӣ мадад мекарда бошад? Сайёфро чӣ? Ҳизбҳои коммунистмаоби зидди КПСС-ро кӣ дастгирии молиявиву ҳарбӣ мекарда бошад?

Гоҳо дар бораи чаповули ин ва ё он деҳа овоза мешуд. Ин амалро ба фаъолияти дастаҳои Гулбиддини Ҳикматёр, Аҳмадшоҳи Масъуд, Сайёф ё Абдулалии Мазорӣ нисбат медоданд.

Мо аз таҷрибаву таҳсилоти худ медонистем, ки ҳеҷ гоҳ командири дар сатҳи кишвар машҳур ин гуна рафторро ба навкарони худ муносиб намедонад. Пайдошавии дастаҳои хурди ғоратгар вазъиятро боз ҳам нофаҳмотар мекарданд. Ҳозирҳо фикр мекунам: Шояд ҳамон дастаҳо аллакай «дастаҳои террористӣ» буданд, ки дар ҷанг бо хуни одамон даст шуста, фаъолияташонро совида месохтанд.

Дар бораи Белогвардеетсҳои Русия ҳам хондаам, ки ҳамин гуна рафтор мекарданд, чӣ Деникин, чӣ Врангел ва Юденич. Дар Тоҷикистон низ солҳои 20 ҳамин тавр буд. Аз бисёр куҳансолони ҳамдиёрам шунида будам, ки сардастаҳои босмачиёни калон мисли Давлатманд, Иброҳимбек, Эшони Султон иҷозат намедоданд, ки ҷанговаронашон ба ин корҳо даст бизананд. Дастаҳои ғоратгаре, ки пайдо шуда деҳаҳо, оилаҳои миёнаҳол, баъзан камбағалро ғорат мекарданд, сари роҳи мардуми сафаракӣ ё бозоракиҳоро гирифта, тала мекарданд, сахт ҷазо медоданд, ҳатто мепарронданд, ба дор меовехтанд.

Ҳамин гуна ҳодисаҳои нангинро командирони Армияи Советӣ дар Афғонистон ҳам пешгирӣ мекарданд. Судҳои саҳроӣ доир намуда, ғоратгаронро сахт ҷазо медоданд. Ин ҳолати маъмулӣ аст. Дар ҳодисаҳои охирини Тоҷикистон чанд нафар аз номи «Бобои Сангак» ба таллаву тороҷ ва зӯроварӣ машғул шуданд, ки ӯ бе суду мурофиа чанд тани онҳоро худаш парронда буд.

Ҳамин тариқ, хулоса кардан мумкин аст, ки барои ҳалли ҳама мушкилиҳо истифодаи таҷрибаи мавҷуда зарур ва ба фоидаи кор аст. Вале хондану омӯхтани таҷрибаи дигарон ҳеҷ гоҳ таҷрибаи талх ё ширини худиро иваз карда наметавонад. Яъне «шунидан кай бувад монанди дидан»- гуфтани халқ дуруст аст. Истифодаи таҷриба ва дониши иштирокчиёни бевоситаи воқеъаҳои дирӯз барои имрӯзиён ва имрӯза барои пасиниён бояд мавриди истифода қарор бигирад. Таъкиди устод Рӯдакӣ «омӯхтан аз гузашти рӯзгор» барои дарки ҳамин масъала гуфта шудааст. Истифодаи таҷрибаи ҷанговарони интернатсионалист дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ҳамто надорад.

Саидҷалол Саидов,

мушовири КМ ВЛКСМ дар назди Созмони Демократики Ҷавонони Афғонистон (ДОМА), солҳои 1981-82

Тағйироти охир Ҷумъа, 18 Август 2017 14:51
Хонданд 879
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.